“Паймони миллӣ” бо саркардаи худ аз тарафи оппозитсия ин қадар ноодамед, монед халқи азияткашида акнун як бурда нонашро ёфта хӯрда истодааст, дар давлати сулҳофарин таҳти роҳбарии Ҳукумати имрӯза, давлати осоишта дорад.

Мардум кайҳо фаҳмиданд, ки мақсади оппозитсия чӣ асту чӣ мехоҳад.

Магар, аз ёдат баромад сентябри соли 2015, худат ҷонатро халос кардӣ, ҳаммаслаконат бо нафрат аз ту барин хоин ҷон супориданд, фарзандон хешу табори онҳоро ҳукумати имрӯза пуштибон аст. Ту намур, умри дароз бин, аз дастовардҳои мо азоби руҳи каш, ҳар соату ҳар дақиқа худро мурда ҳисоб кун,  бонг зан, лекин сухани ту ба миллати меҳанпарсти тоҷик таъсир надорад. Ту ва лошахӯронат ҳоло ҳам умед доред, не халқи ман, миллати ман дигар роҳгум намешавад, ту бо муллоҳову пасмондахӯронат наход ҳоло ҳам умеди ислоҳи сохторӣ дошта бошӣ.

Фикру хаёли хаёли ту барин роҳбарони аксар нерӯҳои мухолифини хориҷ ҳоло ҳам корҳои ҷиноятиро ба роҳ монданмӣ?

Кадом давлат муҳоҷир надорад, ба муҳоҷирон чӣ кор дорӣ, дар давлати озоду демократии сулҳофарин  дар куҷо бошад кору фаъолият мекунад ин миллати меҳнатдӯст.

Заҳмату талошҳои шабонарӯзии Сарвари давлат буд, ки садҳо ҷавонони роҳгумзадаи кишвар, ки дар муассисаҳои ғайриқонунии динии давлатҳои  хориҷа таҳсил мекарданд, ба ташкилоти ту барин хоин нафаҳмида шомил буданд хатогиҳои худро фаҳмиданд ба Ватан баргардонида шуданд.

Шукр мекунем, “ягон нафар фаъолро дар дохили кишвар озод намебинам гуфтӣ”, чӣ фаъол, чӣ коргар, чӣ номдор озод дар зери Парчами Тоҷикистон зиндагии осуда дорад, медонем, ҳоло ба он дараҷаи давлатҳои мутараққӣ зиндагии шоиста надорем, лекин осмони софу беғубор, сулҳу ваҳдат дорем, меҳнат мекунем, ба ту барин лаққиҳои тарсу гӯш намекунем.

Темурова Х., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Имрӯзҳо симои аслии Муҳиддин Кабирӣ маълум ва мардуми Тоҷикистон ӯро ҳамчун як нафари хоин. Ватанфурӯш, беимон ва нокас мешиносанд. Муҳиддин Кабирӣ аз вақте ки аъзои собиқ Ҳизби Наҳзати ислом айни замон ТЭТ ҲНИ шуданаш ба халқу ватани худ хиёнат карданро сар кард. Муҳиддин Кабирӣ муддати якчанд сол аст, ки мардуми Тоҷикистонро осуда зиндагӣ кардан намемонад. Ҷаҳони муосир саршор аз рӯйдодҳои мухталиф ва зиддияту мухолифатҳост.

Ҳар рӯз дар арсаи олам ҳодисаҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки нисбат ба онҳо бепарвову бетараф будан ҳаргиз раво нест.
Тавре, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки яке аз сиёсатмадорони варзидаи ҷаҳони муосир ва муборизи арсаи сулҳу осоиштагӣ эътироф шудаанд, терроризму экстремизмро пайваста маҳкум мекунанд ва бар зидди ин падидаҳои номатлуб аз минбарҳои баланд бо қатъият садо баланд менамоянд.
Инчунин суҳбати Муҳиддин Кабирӣ бо радиои Озодӣ таҳти мавзӯи “Ҷиноҳи низомӣ”. Кабирӣ баёнияи баҳсбарангезашро шарҳ дод, ки дар он Муҳиддин Кабирӣ гуфтааст: “Манзури мо ин аст, ки миллати тоҷик дар тӯли ин солҳо муборизаи сиёсии худ, ҳадди ақал баъд аз имзои созишномаи сулҳ, тамоми талоши худро кард, ки миллат бори дигар ба силоҳ барнагардад; муборизаи сиёсӣ дар чаҳорчӯби қонун ва роҳҳои мусолиматомез идома пайдо кунад... Ман фикр мекунам, тарафдорони мо зери фишор қарор нагирад, пас, ҳеҷ гоҳ миллати тоҷик ба озодӣ нахлҳад расид...”
Ин худ иқтибосе маънои онро медиҳад, ки Муҳиддин Кабирӣ ҷанги миллати тоҷикро мехоҳад, чи хеле ки дар Украина ин қадар харобиҳо, ҷанги бародарӣ рафта истодааст ва ин хел шахсони беватан, беимон мехоҳад, ки ҳалки тоҷик силоҳ ба даст гирад? Ин чӣ беақлист?
Ҳой Кабирӣ, ҳоло халқи тоҷик ақл дорад, ту наметавонӣ онро гумроҳ кунӣ? То кай ин хел ноинсофҳо ва беватанҳо аз дигар давлат истода ба миллати тоҷик суханҳои қабеҳро мегӯяд. Нақшаҳои баде, ки Муҳиддин Кабирӣ кашида буд, оқибат худ шармандаю берун аз кишвар фирор шуд. Имрӯз Кабирӣ аз иғвою дасисаҳои худ, ки нисбати халқи тоҷик дошт пушаймон гаштааст. Имрӯзҳо ин хоини миллат дар Аврупо зиндагии муҳоҷирона дорад ва ӯ инсони дарбадар дур аз Ватан гаштааст . Чунин аст ҷазои ту, эй Муҳиддин Кабирӣ ки беватану бемиллат ҳастӣ.

Муаттар Раҳматова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Дар факултети информатика ва энергетикаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо иқдоми кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ конференсияи илмӣ – амалӣ дар мавзӯи “Ёдкарди шоир Муъмин Қаноат” доир гардид.

Конференсияро мудири кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Ҷӯраева Дилбар ҳусни оғоз бахшида, таъкид дошт, ки миллати тоҷик бо шоирони бузурги классикиву муосир ифтихор менамояд. Маҳз чунин шахсиятҳои варзида тавонистанд дар фосилаи беш аз 1000 соли таърихи давлатдории тоҷикон фарҳанг, адабиёти ин миллатро шоиста ба ҷаҳониён муаррифӣ созанд.

Ба шарофати соҳибистиқлолии мамлакат бо иқдом ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳангу адабиёти оламшумули тоҷикон дубора шуҳрати пешинаи худро дарёфта, таҷлили солгарди онҳо баҳри худшиносиву хулогоҳии миллӣ таккони бузург бахшид. Номи Мӯъмин Қаноат чун тавонотарин шоири натанҳо миллати тоҷик, балки миллатҳои маскуни даврони шӯравӣ дар хотираи таърих ва адабиёт боқи хоҳад монд, ки соли равон 90 – солагии ин шоири шаҳир таҷлил карда мешавад.

Муовини директор оид ба илм ва ииноватсияи ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд Усмонҷон Ахмедов салому паёми роҳбарияти донишкадаро расонида, баргузории чорабинии мазкурро қадаме дар роҳи худшиносии ҷавонон арзёбӣ кард.

Доктори илмҳои филологӣ, профессор,  устоди МД “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд” Замира Ӯлмасова зимни баромади хеш зикр дошт, ки  Мӯъмин Қаноат соли 1932 дар деҳаи Курговади ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуд шуда, соли 1956 факултети филологияи УДТ ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм кардааст. Чанд сол дар ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Садои Шарқ» кор кард ва дар нашриёти давлатии «Ирфон» низ масъулиятро бар зимма дошт.

Ӯ соли 1968 муовини аввали раис ва аз соли 1978 то соли 1991 раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Солҳои баъдӣ Кумитаи сулҳ ва Пажӯҳишгоҳи осори хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистонро раҳбарӣ менамуд. Солҳои 1996-2000 муовини раиси Ҳаракати «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон», солҳои 2001 — 2011 муовини раиси Кумитаи ҷоизаҳои давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ буд.

Риштаи умри ӯ 18 майи соли 2018 дар синни 86 канда шуд.

Нахустин маҷмӯи шеъраш бо номи «Шарора» соли 1960 нашр шудааст. Соли 1977 барои достонҳои «Сурӯши Сталинград» ва «Модарнома» барандаи ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ гардид. Зиёда аз 12 маҷмӯаи ашъораш нашр шудааст. Достонҳои «Сурӯши Сталинград», «Мавҷҳои Днепр», «Тоҷикистон – исми ман», «Гаҳвораи Сино», «Масъуднома» ва силсилаи «Созҳои Шероз» аз маъруфтарин осори ӯ дониста мешаванд.

Достони «Мавҷҳои Днепр»- ситоишномаи рӯҳи баланди ватандӯстӣ, инсонпарварӣ ва дӯстии байни миллатҳост, ки он Мӯъмин Қаноатро дар доираи 15 кишвари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ шӯҳрат бахшид. Достони машҳури «Сурӯши Сталинград»-садои қаҳрамонони зиндаву ҳалокшудаи муҳорибаи Сталинград, навҳаи падару модарони фарзандгумкарда мебошад.

Мӯъмин Қаноат узви вобастаи АУ ҶТ ва чанд дафъа вакили мардумӣ дар Шӯрои олии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Шӯрои олии Тоҷикистон буд.

Дар идома номзади илмҳои филологӣ, устоди МД “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд” Файзулло Баҳриев, устодони Донишкадаи политехникии Донигоҳи техникии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ  Хайринисо Темирова ва номзади илмҳои филологӣ Зафар Раҳмонов оид ба зиндагӣ ва эҷоди шоир маърузаҳо намуданд.

Донишҷӯёни донишкада низ аз эҷодиёти шоир шеърҳо қироат карданд.

Бо ҳамин конференсия бо кори худ анҷом пазируфт.

 

  

Вилояти мухтори Бадахшони Кӯҳӣ чун дарвозаи тиллоии кишвари мо маҳсуб шуда, бо табиати афсонавӣ ва мардуми даредилу фарҳангдусташ дар саросари олам машҳур аст. Бесабаб нест, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ин минтақа аз ҷумлаи беҳтарин сатҳи забондонии русӣ дар ин кишвари паҳновар дониста имешуд. Куҳҳои сар ба афлок кашидааш номи Боми ҷаҳонро гирифтааст. Бо вуҷуди чунин маъруфият доштан, Бадахшон дар 70 соли давлатдории Шӯравӣ дур аз пешрафт ва тамаддуни муосир монда буд. Бо талош ва маҳсули хиради Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ин минтақа рушд кард. Дар ҳама фаслҳои сол робитаи заминӣ барқарор шуд. Роҳҳои аҳамияти ҷаҳонӣ бунёд шуданд. Сатҳи зиндагии сокинон боло рафт. Таъмин бо нерӯи барқ боис шуд ки сатҳи иқтисодиёт низ боло равад. Аммо ин ҳама пешравиҳо дар пеши чашми нотавонбинон ҳеҷ аст. Имрӯз бо айби иддае аз равшанфикрони дар хориҷа сукунат дошта гуиё ҳуқуқҳои шаҳрвандони ин минтақа нақз мешавад. Ҳоло ҳам ба истилоҳ рекетҳову бандитизм дар минтақа реша давонидааст ва исми Муҳаммадбоқир Боқиров,  Толиб Айёмбеков, Алим Шерзамонов барин зургуен вирди забони ҷавонон аст. Ҳосили ин таассубу имконият додан ба чунин нафарон буд, ки дар ду соли охир чанд гирдиҳамоии бемақсуд доир шуда, дар натиҷа ҳаети осоиштаи мардум халалдор мешавад. Ҳодисае ки санаи 14 май ва 18 май рух дода идомаи ҳамин нақшаҳои беасоси онҳост, ки талаботи ҷонӣ ба бор овард. Ин нафарон ки бо роҳнамоии хоҷагонашон мехостанд мардумро ба гирудор андохта нооромиро ба миён оранд худ ба мақсадашон нарасиданд. Ба нафарони болозикр сулҳу субот монанди хорест ки ба ҳар узви баданашон мехалад. Ба ин нафарон шодию сурури мардуми Бадахшон мотам, баръакс рӯзи тираи онҳо туй аст.

Мо, устодони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон аз мардуми вологуҳари Бадахшон даъват ба амал меорем, ки ба игвову дасисаҳо дода нашаванд. Ватанашонро дӯст доранд. Зеро ба ҷузъ ҳамин Ватан ва ҳамин Сарвари давлат касе ба онҳо ғамхор нест.

Олимҷон Расулов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 Солҳои  охир   садҳо  аъзои  гурӯҳҳои  террористиву  экстремисти  ошкору  муайян ва  даҳҳо  нафари  дигар  бо  гуноҳи  содир  кардани  ҷиноят дастгир  шуд. Хеле  риққатовар  аст, ки  солҳои  охир  баъзе  аз  шаҳрвандони  Тоҷикистон  ба  доми  фиреби  гурӯҳҳои  ҷиноятпеша  афтода  бо  баҳонаи  ҷиҳод  кардану  соҳиби  сарвату  мол  гардидан,  рӯзгори  осудаву  ором, Ватани  ободу  зебо, волидайн  ва  ҳамсару  фарзандони  худро  тарк  намуда, ба  кишварҳои  бегона  рафта  дар  шароити  вазнину  ғайриинсонӣ   ва  хорию  зорӣ   алайҳи  дигарон  меҷанганд   Қайд  кардан  бамаврид  аст, ки  оид  ба  терроризми  байналхалқӣ   ва  экстремизми  динӣ   ин  нуктаро  Рамазон  Раҳимзода  вазири  корҳои  дохилии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон , генерал –лейтенанти  милитсия  дар  семинари  илмӣ  - амалӣ   «Ҳамкории  ҷавонон бо мақомоти  корҳои  дохилӣ   дар  мубориза  бар  зидди  ифротгароӣ » дар  Муассисаи  давлатии    «Китобхонаи  миллии  Тоҷикистон» баргузор  гардид, ироа  намудаастю

Мавсуф   доир  ба  арҷгузорӣ   ба  арзишҳои  миллӣ   сухан  ронда  , зикр  кардааст, ки  сабабҳои бегонапарастӣ   ва  шомилшавии  баъзе  ҷавонон  ба  ҳизбу  ҳарактҳои  ифротгаро  аз  наддонистани  илмҳои  дунявӣ   ва  исломӣ   аст.

 Бо  ташаббуси  Президенти  кишвар муҳтарм  Эмомалӣ   Раҳмон   китоби  муқаддаси  «Қуръон» бо  хатти  кирилӣ   ва  ба  забони  тоҷикӣ   тарҷума  шуда  дастраси  ҳамагон  гардидаст. Хоҳишмандон  метавонанд  ин  китоби  муқаддасро  хонда, худ  боварӣ    ҳосил  намоянд, ки  оид  ба  қатлу  куштори  мусулмон   аз  ҷониби  мусулмон  дар  ягон  ояти  он  ҳарфе  гуфта  нашудааст.

Аз  ин  рӯ   алайҳи  чунин  падидаҳои  номатлуб  мубориза  бурда, танҳо  дар  якҷоягӣ , ҳамдилӣ , ҳамбастагӣ   метавонем  кишварамонро  боз ҳам  ободу  хуррам  гардонида, дар  арсаи  ҷаҳонӣ   мусбат  муаррифӣ   намоем.».

Бояд  ёдовар  шавем,  ки  ҷаҳони  имрӯза  ҷаҳонест, ки  сияҳкорон  ба  таблиғи  ҳама гуна  идеологияҳои  тахрифкорона  ва  хурофотии  худ  миёни  инсоният  ҳисси  бадбинӣ , нафрат, миллатгароӣ  ва  қадр  накардани  арзишҳоро  ба  вуҷуд  оварда, ҷомеаи  инсониро  носолим  мегардонад   ва  ҳуқуқҳоямонро  поймол  мекунанд. Ва  барои  амалӣ   кардани  барномаҳои  сиёсӣ   ва  ҳадафҳои  нопоки  худ  ҷӯёи  он  роҳҳо   мешаванд, ки  тавонанд  тавассути  истифода  аз  онҳо  ба  мақсадҳои  ниҳоии  худ  расанд. Дар  ин  маврид  дар  мадди  аввал  ташкилотҳое, ки  ҳадафашон  тамоюли  террористӣ   ва  ифротгароидошта , фаъолияташон  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон пурра  маъмнӯъ  аст, ба  мисли  «Ал- Қойида», «Ҳаракати  Толибон», «Бародарони  мусулмон», «Ҳизби  исломии  Туркистон (Собиқ Ҳаракати исломии  ӯзбекистон»), «Ҷамоати  таблиғ», «Ҷамоати  Ансоруллоҳ»  ва  ғайра,  ки  теъдодашон  аз  даҳ  зиёд аст , мебошанд…

   Ҳадфҳои   нопок  ва  ғаразноки  ин  ҷамоатро  моҳи  майи  соли  2012   Прократураи  генералии  ҶТ  бо  ташкилотҳои  тунгарои  динӣ  – экстремистӣ   ва  террористии  «Ҳизби  таҳрир », «Салафия», «Ҷамоати  Таблиғ»  ва  «Ҳизби  исломии  ӯзбекистон»- ро  як  маром  ҳисобид .

  Имрӯз мо  бояд  ҳушёрию  зиракиро  аз  даст  надода, зудбоварона  ҳар  гуна  ақидаҳоро  пазируфта  ба  идеологияи  ифротгароёна  нагаравем.

Бо  таасуф ёдрас  мешавем,  ки  имрӯз на  ҳама  ҷавонон  ба  қадри  ин  сарзамини  бароямон  муқаддас,  ин  обу  хоки  пок, ин  кишвари  биҳиштосо  мерасанд.

Чӣ   тавре, ки  аз  расонаҳои  хабари  ва  садову  симо  огаҳ  мегардем,  бархе  аз  ҷавонон (аксари  онҳое, ки  дар  муҳоҷирати  меҳнатӣ   қарор  доранд) бо сабаби  ноогоҳӣ   ва  паст  будани  донишҳои  сиёсӣ   ба  ҷараёну  равияҳои  тундгаро шомил  гашта,  ҷавонии  худро  қурбони  сиёсати  як  гурӯҳ  ашхоси  бадхоҳ  мегардонанд.

Мафҳуми  ифрот  ва  ифротгароӣ   , ки  истилоҳи  байналмилалии  экстремист  ва  ё  экстремизм  мебошад, ҳамчунин  ифротгароӣ   як  навъи  амалест, ки  тариқи  зӯроварӣ   ишғол  кардани Ҳокимият, ворид  намудани  халал  ба  фаъолияти  муназзами  сохторҳои  давлатӣ , таҳдид  карда  ба  амнияти ҷомеа  ва  ғайраро  дарбар  мегирад.

Мо  бояд  аз  сабабҳои  ҷанги  таҳмиллии  бо  истилоҳ бародаркуш   сабақ  гирифта, хулоса намуда, ҷавононро  ба  роҳи  дуруст ҳидоят  намоем.

Имрӯз  вақти  он  расидааст, ки  ба  дарки  амиқи  ин  арзишҳои  маънавӣ, маънову  мақсад  ва  аҳамияти  он  бештар  маълумот  дошта,  чун  шахсони  сарбаланд  огоҳонаву  масулиятшиносона  ба  дастовардҳои  беназири  Тоҷикистони  соҳибистиқлол  дастоврадҳои  нав  ба  нав  зам  намоем.

Олимҷон Расулов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

                   

Дар сарнавишти ҳар як миллат рӯзҳои босаодат ва ҳамчунин ҳодисаҳои нобаҳангом зиёд сабт ёфтаанд. Барои миллати соҳибтамаддуни мо оғози солҳои навадум чун марҳилаи имтиҳони тақдир аз соҳибистиқлолӣ маҳсуб мешавад. Зеро ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ барои миллати мо хисороти зиёди моливу ҷонӣ овард. Агар хиради волои халқ, иродатмандии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат намебуд, кӣ медонист Тоҷикистон ба кадом варта меафтид. Аз эҳтимол дур набуд, ки чун кишвари ҷангзадаи Афғонистон тақдири миллат дар дасти хоҷагони бегона меафтод. Имрӯз сулҳи сар то сари, ваҳдату ҳамдилӣ ҳамраъйи мардум аст. Аммо ҳанӯз ҳам ҳастанд ношукрон, носипосоне ки мехоҳанд ин мулки оромро ба гирдоби ҷанг кашанд. Дар ин амали ноҷавонмардона муттаассифона, шабакаҳои иҷтимоӣ бештар фаъолноки зоҳир мекунанд, ки дур аз воқеият аст. Сомонаҳои зиндониён. Ком, бомдод .ком  ҳаводиси сиёсии вилояти Бадахшони куҳиро, ки чанд рӯз охир вазъияти номуташанниҷ дорад, яктарафа баҳогузорӣ мекунанд. Ҳол он ки бонуфузтарин шабакаҳои телевизиони Фаронса, Англия, Евронюс ва даҳҳои дигар онро воқеаи террористӣ арзёбӣ намуданд. Сухан дар бораи он меравад, ки дар шаҳри Хоруғ мувофиқи нақшаҳои қаблан тарҳрезишуда аз ҷониби шаҳрвандони вилоят бо роҳнамоии Муҳаммадбоқир Боқиров гирдиҳамоӣ рух дода онҳо талаби раҳоии зиндониён карда, ҳамзамон истеъфои Раиси вилоят, раиси шаҳри  Хоруғ, раиси ноҳияи Шуғнон ва прокурори вилоятро карданд. Чун муродашон ҳосил нашуд, бо нақшаи дигари худ дар шоҳроҳи Душанбе Кулма дар минтақаи Рӯшон роҳи байналмтлалиро баста, даст ба амали террористӣ заданӣ шуданд. Ба онҳо хоҷагони беруна яроқу силоҳи оташфишонро таъмин намуданд.дар натиҷаи задухӯрд аз ҷониби террористон 7 кушта ба ҷой гузошта шуд. Аммо пойгоҳи хабарии Бомдод ва Зиндониён онро 21 нафар эълон кард, ки хатои маҳз аст. Суоле ин ҷо бармеояд чаро Бадахшон ноамн аст? Магар сокинони ваҳдатшиори ин диёр ҳаққи ҳаёти хушу хуррамонаро надоранд? Ин суолест ки бояд "нафарони дилсуз" бояд ҷавоб гӯянд. Дар ҳеҷ давру замон ҷанг паемади хуб надорад. Ҳоло волидоне ки фарзандонашон гумроҳона ба ин амал даст заданду имруз дар хоки сард нуҳуфтаанд, чӣ ҳол доранд.Бояд ҳар амалро санҷида бад ба он иқдом кард.

Олимҷон Расулов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 Солҳои  охир   садҳо  аъзои  гурӯҳҳои  террористиву  экстремисти  ошкору  муайян ва  даҳҳо  нафари  дигар  бо  гуноҳи  содир  кардани  ҷиноят дастгир  шуд. Хеле  риққатовар  аст, ки  солҳои  охир  баъзе  аз  шаҳрвандони  Тоҷикистон  ба  доми  фиреби  гурӯҳҳои  ҷиноятпеша  афтода  бо  баҳонаи  ҷиҳод  кардану  соҳиби  сарвату  мол  гардидан,  рӯзгори  осудаву  ором, Ватани  ободу  зебо, волидайн  ва  ҳамсару  фарзандони  худро  тарк  намуда, ба  кишварҳои  бегона  рафта  дар  шароити  вазнину  ғайриинсонӣ   ва  хорию  зорӣ   алайҳи  дигарон  меҷанганд   Қайд  кардан  бамаврид  аст, ки  оид  ба  терроризми  байналхалқӣ   ва  экстремизми  динӣ   ин  нуктаро  Рамазон  Раҳимзода  вазири  корҳои  дохилии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон , генерал –лейтенанти  милитсия  дар  семинари  илмӣ  - амалӣ   «Ҳамкории  ҷавонон бо мақомоти  корҳои  дохилӣ   дар  мубориза  бар  зидди  ифротгароӣ » дар  Муассисаи  давлатии    «Китобхонаи  миллии  Тоҷикистон» баргузор  гардид, ироа  намудаастю

Мавсуф   доир  ба  арҷгузорӣ   ба  арзишҳои  миллӣ   сухан  ронда  , зикр  кардааст, ки  сабабҳои бегонапарастӣ   ва  шомилшавии  баъзе  ҷавонон  ба  ҳизбу  ҳарактҳои  ифротгаро  аз  наддонистани  илмҳои  дунявӣ   ва  исломӣ   аст.

 Бо  ташаббуси  Президенти  кишвар муҳтарм  Эмомалӣ   Раҳмон   китоби  муқаддаси  «Қуръон» бо  хатти  кирилӣ   ва  ба  забони  тоҷикӣ   тарҷума  шуда  дастраси  ҳамагон  гардидаст. Хоҳишмандон  метавонанд  ин  китоби  муқаддасро  хонда, худ  боварӣ    ҳосил  намоянд, ки  оид  ба  қатлу  куштори  мусулмон   аз  ҷониби  мусулмон  дар  ягон  ояти  он  ҳарфе  гуфта  нашудааст.

Аз  ин  рӯ   алайҳи  чунин  падидаҳои  номатлуб  мубориза  бурда, танҳо  дар  якҷоягӣ , ҳамдилӣ , ҳамбастагӣ   метавонем  кишварамонро  боз ҳам  ободу  хуррам  гардонида, дар  арсаи  ҷаҳонӣ   мусбат  муаррифӣ   намоем.».

Бояд  ёдовар  шавем,  ки  ҷаҳони  имрӯза  ҷаҳонест, ки  сияҳкорон  ба  таблиғи  ҳама гуна  идеологияҳои  тахрифкорона  ва  хурофотии  худ  миёни  инсоният  ҳисси  бадбинӣ , нафрат, миллатгароӣ  ва  қадр  накардани  арзишҳоро  ба  вуҷуд  оварда, ҷомеаи  инсониро  носолим  мегардонад   ва  ҳуқуқҳоямонро  поймол  мекунанд. Ва  барои  амалӣ   кардани  барномаҳои  сиёсӣ   ва  ҳадафҳои  нопоки  худ  ҷӯёи  он  роҳҳо   мешаванд, ки  тавонанд  тавассути  истифода  аз  онҳо  ба  мақсадҳои  ниҳоии  худ  расанд. Дар  ин  маврид  дар  мадди  аввал  ташкилотҳое, ки  ҳадафашон  тамоюли  террористӣ   ва  ифротгароидошта , фаъолияташон  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон пурра  маъмнӯъ  аст, ба  мисли  «Ал- Қойида», «Ҳаракати  Толибон», «Бародарони  мусулмон», «Ҳизби  исломии  Туркистон (Собиқ Ҳаракати исломии  ӯзбекистон»), «Ҷамоати  таблиғ», «Ҷамоати  Ансоруллоҳ»  ва  ғайра,  ки  теъдодашон  аз  даҳ  зиёд аст , мебошанд…

   Ҳадфҳои   нопок  ва  ғаразноки  ин  ҷамоатро  моҳи  майи  соли  2012   Прократураи  генералии  ҶТ  бо  ташкилотҳои  тунгарои  динӣ  – экстремистӣ   ва  террористии  «Ҳизби  таҳрир », «Салафия», «Ҷамоати  Таблиғ»  ва  «Ҳизби  исломии  ӯзбекистон»- ро  як  маром  ҳисобид .

  Имрӯз мо  бояд  ҳушёрию  зиракиро  аз  даст  надода, зудбоварона  ҳар  гуна  ақидаҳоро  пазируфта  ба  идеологияи  ифротгароёна  нагаравем.

Бо  таасуф ёдрас  мешавем,  ки  имрӯз на  ҳама  ҷавонон  ба  қадри  ин  сарзамини  бароямон  муқаддас,  ин  обу  хоки  пок, ин  кишвари  биҳиштосо  мерасанд.

Чӣ   тавре, ки  аз  расонаҳои  хабари  ва  садову  симо  огаҳ  мегардем,  бархе  аз  ҷавонон (аксари  онҳое, ки  дар  муҳоҷирати  меҳнатӣ   қарор  доранд) бо сабаби  ноогоҳӣ   ва  паст  будани  донишҳои  сиёсӣ   ба  ҷараёну  равияҳои  тундгаро шомил  гашта,  ҷавонии  худро  қурбони  сиёсати  як  гурӯҳ  ашхоси  бадхоҳ  мегардонанд.

Мафҳуми  ифрот  ва  ифротгароӣ   , ки  истилоҳи  байналмилалии  экстремист  ва  ё  экстремизм  мебошад, ҳамчунин  ифротгароӣ   як  навъи  амалест, ки  тариқи  зӯроварӣ   ишғол  кардани Ҳокимият, ворид  намудани  халал  ба  фаъолияти  муназзами  сохторҳои  давлатӣ , таҳдид  карда  ба  амнияти ҷомеа  ва  ғайраро  дарбар  мегирад.

Мо  бояд  аз  сабабҳои  ҷанги  таҳмиллии  бо  истилоҳ бародаркуш   сабақ  гирифта, хулоса намуда, ҷавононро  ба  роҳи  дуруст ҳидоят  намоем.

Имрӯз  вақти  он  расидааст, ки  ба  дарки  амиқи  ин  арзишҳои  маънавӣ, маънову  мақсад  ва  аҳамияти  он  бештар  маълумот  дошта,  чун  шахсони  сарбаланд  огоҳонаву  масулиятшиносона  ба  дастовардҳои  беназири  Тоҷикистони  соҳибистиқлол  дастоврадҳои  нав  ба  нав  зам  намоем.

Олимҷон Расулов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

                   

 
 
 
 
Рӯзҳои 12-13 майи соли 2022 дар Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал-Форобии шаҳри Алмаатои ҷумҳурии Қазоқистон нахустин Форуми байналмилалии ректорони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он вазирон ва ректорони донишгоҳҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла роҳбарони донишгоҳҳои Тоҷикистон ширкат доштанд.
 
Дар форум аз муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ва филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар шахри Душанбе иштирок намуданд.
Дар доираи ҷаласаи Форум маърӯзаҳо ироа гардида, мавзуъҳои рузмаррраи таҳсилоти олӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар ҷараёни Форум байни донишгоҳҳои гуногуни кишварҳои Осиёи Марказӣшартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Дар анҷоми Форум тавсияҳо оид ба таҳияи нақшаи кории Иттифоқи донишгоҳҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2022-2023 қабул гардиданд.
 
 
 

Аз баимзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ соли рафта 25- сол пур шуд. Ва тавре ҳолдонон мегӯянд, ҳамон қадаре, ки мо аз ин рӯзи босаодат дур шавем, ҳамон  андоза муҳимияту арзишмандии онро эҳсос менамоем. Расидан ба ин рӯзи саодат самараи талошу ҷонбозиҳои шахсиятҳои алоҳида ба мисоли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки имрӯз сокинони ваҳдатшиори кишварамон ин қаҳрамониҳои Сарвари давлатро арҷ мегузоранд.

Мусаллам аст, ки фаъолони мухолифи сиёсии кишварамон бо баргузор намудани  мусоҳибаҳои онлайнӣ дар бораи нақши нерӯҳои мухолифини тоҷик дар Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳарф зада баён медоранднд, ки ҳукумати кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон заҳматҳои ин нерӯро нодида гирифта, онро соф ҷашни ҳукуматӣ унвон кардаанд. Ба ин навиштаҳои сомонаҳо мо розӣ шуда наметавонам. Зеро чанд наворҳои видеоӣ, ки тариқи телевизионҳои давлатӣ манзури бинандагон гардид, далолат бар он медиҳад, ки сулҳ маҳсули баҳамойии ҳар ду тараф аст. Аммо муҳим танҳо бастани сулҳи оташбас нест. Муҳим он аст, ки бандҳои ин Созишнома то куҷо мавриди амал қарор гирифтанд. Баъдан тарафи дигар масъала он аст, ки иқдоми музокироти сулҳ аз ҷониби кӣ сар зад. Ва нақши кадомин тараф бештар буд. Агар давлат ва Ҳукумати кишвар он вақт аз давлатҳои ҳамсоя ба монанди Қирғизистон, Афғонистон, Русия, Эрон даъват ба амал намеовард, ки дар музокирот саҳм  гиранд, ягон нафар аз ҷониби нерӯҳои мухолифин ба ин кор даст намезаданд.Сониян нерӯҳои мухолифин дар панҷ соли охири фаъолияти худ эҳсос карданд, ки мардуми тоҷик дигар ҳадафҳои онҳоро дастгирӣ намекунанд ва онҳо маҷбур шуданд, ки сари мизи оштӣ нишинанд. Имрӯз мухолифин даъво доранд, ки нақши онҳоро давлат дар музокироти сулҳ хира арзёбӣ мекунанд.

Биёед ин масъаларо равшан намоем. Мувофиқи шартномаи сулҳ ҷониби мухолифин 30 дар сади мансабҳои давлатиро соҳиб мешуданд. Ва давлат ин имкониятро ба онҳо дод. Аммо оқибат ин намояндаҳо ба давлату ҳукумат хиёнат карданд, ки намунаашро мо дар амалҳои ҷинояткоронаи Зайд Саидов ва Ҳоҷи Ҳалим Назаров дидем.

Пешвои  руҳонии вақти кишвар Ҳоҷиакбар Тӯраҷонзода низ ба ҳайси муовини Сарвазир натавонист хостаҳои сокинонро бароварда бошад.

Равоншод  Саид Абдуллоҳи Нурӣ то дами марг аз ташаббусу ҷасоратмандии роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ёд мекард. Зеро роҳнамои миллат борҳо ҷони худро ба каф гирифта, ба хотири музокироти бо мухолифин ба минтақаҳои ҷангзадаи Афғон амсоли Хосдеҳ рафта буданд. Чунин ҷасоратмандӣ ва нерӯмандиро кам касон ёд доранд.

Имрӯз   нерӯҳои мухолифин, ки дар хориҷа ҳастанд, барои мо хатарзо буда наметавонанд ва ҷойи холӣ дар сиёсати мо мебошанд, зеро онҳо заминаи иҷтимоӣ дар дохили кишвар надоранд. Ин ҳама нодидагириҳои пешрафти кишвар хоси нерӯҳои опозитсионӣ маҳсуб меёбад. Муҳим он аст, ки шаҳрвандон имрӯз аз сиёсати давлат ва Ҳукумат қаноатманданд ва фардои ободи кишварро натиҷаи якдигарфаҳмию ваҳдатшиории кишварамон медонанд. Мо дар роҳи дурусти зиндагӣ қарор дорем ва ба касе имкон нахоҳем дод, ки амнияти кишвари ободу озодамонро халалдор кунад.

Олимҷон Расулов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Ҷавонӣ давраи шукуфоии умр, аёми азхудкунии донишу малака, ҳунару ҳунармандӣ маҳсуб шуда, ба шарофти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ба ин қишри ояндасози миллат таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда мешавад. Эълон гардидани соли 2017 – Соли ҷавонон, арзӣ ҳастӣ намудани чандин ҷоизаҳои давлатӣ барои ҷавонон далолати гуфтаҳои болиянд.

Ба ифтихори 25 – солагии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва 30 - солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи моҳвораи ҷавонон дар асоси нақша – чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд шоми гузашта дар боғи фароғатию фарҳангии ба номи Камоли Хуҷандӣ дастаи ҳаваскорони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо шеъру таронаҳои саршор аз Ватану ватандӯстӣ ва рақси милливу аврупоӣ хотири аҳли нишастро шод намуданд.  

Аз чеҳраҳои сокинони шаҳр ва меҳмонон аён буд, ки онҳо бо хушнудии том ин шоми пурфараҳро интизор буданд ва ба маҳорати суханварӣ, сарояндагҳ ва раққосагии донишҷӯён баҳои баланд доданд.

Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва мутобиқи ҳадафҳои дарозмуҳлат ва афзалиятҳои рушди кишвар, ки дар Паёмҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2014 ва 2015 баён шудаанд, таҳия гардидааст.

Тоҷикистон дар соли 2030 кишвари дорои рушди устувор ва рақобатпазир аст, ки аҳолии он аз сатҳу сифати арзандаи зиндагӣ бо имкониятҳои баробар барои татбиқи неруи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиромгузорӣ ба шаъну шарафи инсон баҳра мебаранд.

Ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ маҳсуб меёбад. Барои ноилшавӣ ба ин ҳадафи олӣ ҳадафҳои зерини стратегии рушд барои 15 соли оянда муайян шудаанд:

  1. таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ;
  2. раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ва табдил ба кишвари транзитӣ;
  3. таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат;
  4. вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ, ки санаи 26 декабри соли 2018 баргузор гардид, ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карданд: “Дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат дар се соли охир ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 15,2 то 17,3 фоиз афзоиш ёфт. Дар робита ба ин ва бо дарназардошти аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод менамоям, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад.” Бо ин Пешвои миллат қайд карданд, ки ҳадафи чоруим стратегияи миллӣ, яъне вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул ба саноатикунонии босуръати кишвар иваз карда шавад. Дар айни замон миқдори зиёди молу маҳсулоти ниёзи мардум аз кишварҳои берун воридот (импорт) карда мешаванд ва дар ҳолати амали намудани ҳадафи чоруми стратегӣ, яъне саноатикунонии босуръати кишвар, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамаи молу маҳсулот аҳолии худашро таъмин карда метавонад ва ин пешниҳоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат айни муддаост.

Сатторов Шарифҷон, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд