Санаи 21 декабри 2021 Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш роҷеъ ба зарурат ва аҳамияти забонҳои хориҷӣ, хоса забонҳои русӣ ва англисӣ таъкид намуданд, ки «таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан, русиву англисӣ дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад». Билхоса, чандин далелу аснод аз ҷумла қайд намуданд, ки «Тоҷикистон ҳоло бо 180 давлат робитаи дипломатӣ ва бо 130 кишвар муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ дорад». Пас равшан мегардад, ки бо мурури замон Тоҷикистон робитаҳои хориҷиро тавсеа бахшида, ҳамасола ба мутахассисони баландихтисос ва донандаи забонҳои хориҷӣ эҳтиёҷ дорад. Бинобар ин, омода намудани кадрҳои забондони баландихтисос дар соҳаҳои мухталиф, ҳадафи ягонаи ҳар муассисаи таҳсилоти олӣ ба шумор меравад.

Бояд қайд намуд, ки раванди омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисӣ тӯлонӣ буда, таълими бевосита ва васеи он ҳанӯз аз таҳсилоти миёна, яъне синфҳои ибтидоӣ ба роҳ гузошта шавад.

Чунончи аз натиҷаҳои олимпиадаҳои ҳамасола маълум аст, сатҳи дониши хонандагони макотиби миёна нисбат ба баъзе гимназияву литсей ва мактабҳои хусусӣ пасттар аст. Соатҳое, ки ҷиҳати омӯзиши забони англисӣ дар мактабҳои миёна пешниҳод мегардад, кифоя нест, зеро агар аз рӯи забони тоҷикӣ иншо ё диктанте гирифта шавад, шояд аксарият аз супоридани он ноком гарданд. Ҳоло он ки соатҳои забони модарӣ дар муқоиса ба забонҳои русӣ ва англисӣ бамаротиб зиёд аст ва илова бар ин, тамоми дарсҳо бо забони адабии ҳозираи тоҷикӣ гузаронида мешавад. Аммо забони хориҷӣ дар 1 ҳафта ҳамагӣ 2-3 ё зиёдтар соат гузошта шудааст, ки он ҷиҳати омӯзиши забон кифоя нест ва ҷиҳати ҳалли ин мушкилӣ чандин ҷораҳоро пешниҳод намудан мумкин аст. Масалан, дар давоми соли хониш, ҳар моҳ ҳафтаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, афзун бар ин курсҳои факултативӣ, ташкили дарсҳои иловагӣ аз ҷониби раёсати муассисаҳои таълимӣ, маҳфилҳои забономӯзӣ ва дигар машғулиятҳо ташкил кардан мумкин аст. Ҳамзамон, ташкил ва таъсиси мактабҳои махсуси типи забономӯзӣ ё ҷомеашиносӣ низ барои омодаи кадрҳои баландихтисос мавриди таваҷҷуҳ аст.

Пешвои миллат дар идомаи Паёми хеш қайд намуданд, ки «Дар даврони истиқлолият барои муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ зиёда аз 315 ҳазор мутахассисони равияи омӯзгорӣ, аз ҷумла 115 ҳазор нафар дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ тайёр карда шудааст», пас равшан мегардад, ки дар миқёси ҷумҳурӣ кадрҳои ҷавони омӯзгорӣ кифоя буда, ба назари мо бояд таълиму тадриси забони англисӣ ба таври дуруст гузошта мешуд.

Ба илова, мувофиқи қайдҳои Сарвари кишвар, «ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 129 ҳазор нафар омӯзгорон дарс мегӯянд ва таъминнокии муассисаҳои таълимии кишвар бо кадрҳои омӯзгорӣ, дар маҷмӯъ, 98,7 фоизро ташкил медиҳад», ки барои омода намудани кадрҳои баландихтисос пояи устувор дорад.

Чунончи Пешвои миллат дар идомаи Паём таъкид намуданд, «бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад», мо низ устодони муассисаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бечунучаро ин гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро комилан сармашқи кории хеш қарор дода, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ҷиҳати омодаи кадрҳои баландихтисос саҳми омӯзгории худро гузошта бошем.

Дар мавриди ҷараёни таълим таъкид гардид, ки «Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад», воқеан суханҳои охирин таваҷҷуҳи моро ба худ ҷалб намуда, бояд таконе дар омодаи мутахассисони ояндаи наздик хоҳад буд.

Дар идомаи Паём чандин супоришу вазифаҳои мушаххас гузошта шуд: «Бо ин мақсад, роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд». Ҳамчунин, ба Вазорати маориф ва илм супориш дода шуд, ки «барои омода кардани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ кушодани шуъбаҳои алоҳидаро пешбинӣ намояд».

Хулоса, Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан, русиву англисӣ дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад».

Умедҷон Мақсудов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд 

 

 

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста қайд мекунанд, ки «Терроризм ватан, забон, наҷод ва дин надорад. Ин бадбахти оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст».

Ҳаёти осоишта - неъмати бебаҳо аст, зеро он шарт ва тақозои асосии ҳаёти инсон ба ҳисоб меравад. Ҳар нафари соҳибақлу зиндадил кӯшиш ба зиндагии осуда мекунад, зеро тинҷиву оромӣ гарави ҷомаи амал гардидани тамоми орзуву мақсадҳои башарӣ аст. Аммо зиндагӣ собит мекунад, ки дар бештари кишварҳои мутараққӣ ва қафомондаи олам, ин шарти ҳаётан муҳими зиндагӣ ҳанӯз ба таври ҳукмфармо ҷомаи амал нагаштааст. Баҳри пешгирӣ ва рахнаи амалиёти террористӣ ва экстромистӣ олимон, мутахассисони соҳа, сиёсатмадорону тадбирандешон якҷоя дар пайвастагӣ фаъолият мебаранд, то ки ин пешаи номатлубро решакан кунанд. Аз ин ҷиҳат, сарчашмаи ҳамаи нооромиву нокомиҳои миллатро ҳар нафари соҳибақл аз падидаҳои хатрзо ва зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстромизм медонад.

Боиси таассуф аст, ки имрӯз ифротгароӣ ва террористӣ дар тамоми гӯшаву канори олам доман паҳн намудааст.

Аз ин ҷиҳат, ҳар фарде, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад, бояд зиракӣ ва ҳушёрии сиёсиву халоқиро аз даст надода, нисбати чунин зуҳуроти номатлуб ва падидаҳои хатарзо бетараф набошад. Хусусан, мақомот ва ходимони давлатие, ки амният ва осудагии миллат бар ӯҳдаи эшон мебошад, бояд омода ва ҳушёр бошанд.

Ҳамасола, дар қаламрави ҷумҳурӣ аз тарафи мақомотҳои давлатӣ, Вазорати мудофиа ва раёсатҳои амнияти миллӣ чораву тадбирҳои муҳим андешида мешавад.

Боиси тазаккур аст, ки ҳанӯз аз макотиби таҳсилоти миёна ва махсус, ҳамчунин касбиву олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таълимоти дурусти динӣ бояд ба роҳ монда шавад, зеро таълимоти нодуруст, ашхоси зиёдро ба кучаҳои террористиву экстромистӣ ҳидоят хоҳад кард.

Дар баробари ин, бояд қайд намуд, ки дини мубини ислом орӣ аз ҳамаи ин падидаҳои хонумонсӯзу зуҳуроти хатарзо мебошад. Он инсониятро 1400 сол инҷониб ба сӯи сулҳу ваҳдат, инсондӯстиву ҳубби ватан, хештаншиносиву худогоҳӣ даъват ва ҳидоят мекунад. Ҳамчунин, ислом ба терроризм ва экстромизм ягона робита надорад.

Дар робита ба саҳмгузори дар рушду инкишофи давлат, сарвари муаззами давлати тоҷикон, Эмомалӣ Раҳмон дар китоби «Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» (Душанбе: Контраст, 2017, 464 саҳ.), аз ҷумла ба чунин нукоти омӯзанда  дучор омадам:

«Дар тӯли асрҳои зиёд аҷдоди хирадманди мо дар қаламрави зисти худ ва ҳатто берун аз он, дар саргаҳи инқилобҳои бузурги зеҳниву ақлӣ қарор доштаанд ва эҷодгарони фарҳанги пешрафта, бунёдгузорони давлатҳои соҳибқудрат ва муназзам, муаллифони осори ҷовидонаи илмҳои фалсафа, ҳуқуқ, тиб ва табиатшиносӣ будаанд, ки ин осор садсолаҳои дароз хизмати инсониятро ба ҷо оварда ва имрӯз низ аҳамияти худро аз даст надодааст».

«Тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд».

«Мо - наслҳои имрӯзаи тоҷикон, ки масъулияти тақдири давлат ва миллатро ба дӯши хеш гирифтаем, бояд халқамонро ҳамеша дар муттаҳидӣ нигоҳ дорем ва ба бунёдкориву созандагӣ раҳнамун созем».

Ҳамчунин, соли равон ба ифтихори Рӯзи дониш ва сулҳ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханони зеринро қайд карда буданд: «Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дастоварди таърихии халқи тоҷик мебошад, зеро ба шарофати ин неъматҳо мардуми мо аҳлона заҳмат кашида, то имрӯз садҳо иншооти хурду бузургро бунёд намуданд, фаъолияти корхонаҳои саноатиро аз нав барқарор карданд, ба кишоварзӣ такони ҷиддӣ бахшиданд, роҳу пулҳо бунёд карда, кишварро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшиданд ва Тоҷикистони сепорчаро ба қаламрави воҳид табдил доданд, барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ шабонарӯзӣ кор карданд ва дар натиҷа ба пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ муваффақ шуданд.

Бо вуҷуди дастовардҳои то имрӯз ноилшудаамон, мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем, то ки камбудиву мушкилоти ҷойдоштаро бартараф созем, Ватани худро обод гардонем ва бо истифодаи самараноки тамоми захираву имкониятҳо рушди босуръати иқтисодиёти Тоҷикистони азизамонро таъмин намоем».

Хулоса, имрўз зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ вабои аср бар амнияти ҷомеаи башарӣ гашта, он хатари на камтар аз яроқи ядроӣ ба миён овардааст. Чунончи дар ин маврид, асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст”.

Ҳамин гуна, аз ҷавонони ҳушманду соҳибақл хоҳиш карда мешавад, ки ҳидоятҳои Сарвари давлатро сардафтари хеш гардонида, ҳамзамон аз падидаҳои нангину номатлуб ва хонумонсӯз худдорӣ карда, аҳли ҷомеаро зери хатар нагузоранд.

Умедҷон Мақсудов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 Сӣ сол аст, ки аз обу ҳавои Истиқлолият нафас мегирему ифтихорманд аз он ҳастем, ки  кишварамон рӯз аз рӯз ободу зебо мешавад. Мардуми ваҳдатшиори кишвар бо шукргузорӣ аз ин мулки озоду обод паи меҳнати созанда ҳастанд. Аммо миёни гул хор ҳам гуфтагӣ барин солҳои охир ба ин ободиву озодӣ, нашъунамои кишвари афсонавии мо хатари ҷаҳонӣ таҳдид менамояд. Терроризм, экстремизм бегонапарастӣ,  ифротгароӣ, гурӯҳҳои тундрав, қочоқи маводи мухаддир, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, ҷудоиандозӣ, гумроҳшавӣ амалҳое ҳастанд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишвари моро ба таҳлука овардааст. Аз нав зуҳур кардани «Ҷанги сард» миёни абрқудратон  боиси нигаронӣ аст. Ин ноамниҳоро истифода бурда, қувваҳои иртиҷои мекӯшанд, фазоро истифода баранд.

Аҳли башар бояд сайёраи Заминро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд. Мо танҳо як Замин, як маъвои ҳастӣ ва як гаҳвораи ҳаёт дорем. Яке аз омилҳои асосие ки кафолати бехатарии шахсии одамон ҳуқуқу озодиҳоии онҳо,  тартиботу оромии ҷомеа ва амнияти давлатро халалдор месозад афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ аз ҷумла ҷиноятҳои терроризми байналхалқӣ ва эстремизм мебошад. Аслан сарчашмаи терроризм ифротгароӣ аст. Эстремистон, яъне моҷароҷӯён бо ягон кас муросо кардан намехоҳанд, ақидаи дигарро таҳаммул намекунанд ва барои ба мақсад расидан терроро кор мебаранд.

Мо, устодон аз ҳарвақта дида масъулу ҳушёр ва зирак бояд бошем, то ки пеши роҳи ҷавонони гумроҳро гирем, онҳоро ба роҳи рост ва бунёдкорӣ ҳидоят намоем. Бояд тамоми воситаҳоро барои фаҳмонидани хатогиҳои онҳо истифода барем. Вазифаи аввалиндараҷаи омӯзгори имрӯза доимо зери назорат нигоҳ доштани шогирдони хеш мебошад. Бояд бо ҳаёти ҳар шогирди худ муносибати ҷиддӣ дошта бошад.

    Устодони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд нисбати ин масъалаи доғи рӯз бетараф набуда, мунтазам дар муассиса оиди ин мавзӯъ соатҳои тарбиявӣ, вохӯриҳо бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ сӯҳбатҳо гузаронида, донишҷӯёнро дар руҳияи ватандӯстӣ, инсонпарварӣ, муттаҳидӣ, тарбия менамоянд. Ҳамаи моро дозим аст, ки дастаҷамъона ба муқобили ин «вабои аср» мубориза барем ва нагузорем, то даст нопоки бадхоҳон ба кишвари биҳиштосои мо низ дароз шавад, зеро бадхоҳон ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасанд.

 

Тоҷибой Бойматов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромади худ қайд карда буданд: «Ба ҳар як фарди бонангу номус, аҳли ҷомеа, аз ҷумла ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳоддияҳои ҷамъиятӣ зарур аст, ки манфиатҳои миллат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро аз манфиатҳои ҳизбиву гурӯҳи ва диниву мазҳаби болотар гузошта, аҳамияти ҳаётӣ ва зарурати таърихии ваҳдати миллиро барои рушди давлату давлатдорӣ, рӯзгори осоиштаи халқ ва ободии Ватани азизамон амиқан дарк намоянд». Моро мебояд, ки арзиши давлатро ба мисоли дилу дидаҳоямон ҳифз намоем.

Оре, ваҳдати миллати мо Истиқлоияти давлатии мо хело душвор ба даст омад. Агар бархе давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон Истиқлолитяту озодии худро ҳамчун ивазкунии системаи давлатдорӣ қабул карда бошанд, ҳам ин неъмат ба осонӣ ба даст наомад барои миллати тоҷик. Дар ҳамон лаҳзаҳое, ки ҷасоратмандону ҷавонмардони ҳақиқӣ барои ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллӣ ба майдон озодҳоҳона баромада мардумро ба сулҳу субот таъкид карда бошанд ҳам, аз ҷониби баъзе кўрдилон натиҷаи ин ҳама заҳматҳо барбод дода шуд.

Шояд то ҳол он нохалафҳо аз кирдорҳои нангину ватанфурўшонаи худ ҳаловат мебурданд ва имрўз низ чунин эҳсос дошта бошанд ҳам, бояд онҳо бидонанд, ки ин нақшаву амали онҳо пеш аз ҳама ба наздикони онҳо ба модари зорашон таъсир расонидааст. Аммо то кунун инро худи онҳо намедонанд, ки чи кореро ба офарандаи худ раво дидаанд. Ба модари худ, ба падару авлоди худ хиёнат карда, ватанфурўшӣ кардаанд.

Албатта бояд як нуктаро мавриди зикр намоям, ки аслан хиёнаткорро авф нашояд ва ўро ҷазои сахт мебояд. Маълум аст, ки имрўз он хиёнаткорон дур аз Ватани худ чӣ қадар ҷазои сахти равониро паси сар мекунанд. Аммо ҳаволаи чунин бадкирдорон, ки хостанд Ватани моро, Ваҳдати моро, Истиқолияту озодиамонро барбод додани буданд, бар Худо, ки худаш имрўз нишон дода истодааст.

Ҳар шаҳрванди кишвар ҳояд ҳамеша кӯшиш намояд, ки барои худшиносӣ, худогоҳӣ, ватанпарастӣ, раъиятпарастӣ, пойдории миллату фарҳанг, эҳтироми муқадассоти миллӣ ва тозагиву шевогии забони милли худ сазовор бошад, эҳтиром кунад ва дӯст дорад.

         Тоҷикистон ҳамон вақт уствору пойдор  мемонад, ки агар тамоми халқ пиру барно барои ояндаи дурахшони он амалҳои созанда ва бунёдкоронаро ба анҷом расонида, хизмати мардонаворашонро ба ҷо меоваранд.

Агар дар миллати мо озодию демократия ҳукмфармо гардад, донед, ки маҳз ана ҳамон вақт зиндагонии хубу хуррам ва сарбаландона насиби мо хоҳад буд. Пас барои ободии диёр, фардои миллатамон меҳнатҳоямонро дареғ надорем.

Моҳира Оқилова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд 

Сулҳу оромӣ яке аз неъматҳои бузурги инсонӣ мебошад. Ҳаёти осуда, рушди ҷомеа ҳама ба ин неъмати бузург вобаста аст. Ҷиҳати ба даст овардан ва пойдор нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо қаҳрамонфарзандони ин сарзамин ҷони худро сипар кардаанд. Танҳо месазад, шукронаи ин рӯзгори ободро намоему ба Ватани азизу маҳбуб дар хидмат бошем.

Мусаллам аст, ки мо дар асри техналогияи муосир зиндагӣ дорем. Нафаре нест, ки аз интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ истифода набурда бошанд. Ҷавононе ҳастанд бо ёрии истифодаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ тиҷоратро ба роҳ мондаанд, таҳсил мегиранд ва таҷриба омӯхта барои пешрафти халқу Ватан ҳиссагузор шуда истодаанд. Мутассифона нафароне ҳам ҳастанд, ки аз ин имкониятҳо дуруст истифода бурда наметавонем.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҳар гуна андешаҳои ботилу ғаразнок аз ҷумла ақидаҳои поки дини исломро ниқоб карда осоиштагии Ватани маҳбубамонро халалдор месозанд. Ин қабил ифротгарон аз ҷумлаи шайотин ҳастанд, ки бо истифодаи найрангҳои пасипардагии худ манфиатҳои худро ба даст меоранд, ҳамчунин ҷавонони ноогоҳро ба доми худ мекашанд. Боиси нигаронист, ки аз зумраи гумроҳшудагон ҷавондухтарон низ зиёд мебошанд. Имрӯз интернетро ба дарвозаи бозе шабоҳат додан мумкин аст, ки инсонро ба ҷаҳони пуртаззод мебарад. Кас метавонад бо воситаи интернет ба андешаҳо, фарҳангҳо, расму оинҳо бархурди ақидаҳо дучор шавад. Ин раванд инсони ноогоҳро ба мағзшуӣ, оварда расонида, аз фарҳангу тамаддуни аслии хеш ҷудо созад.

Ҷаҳон дар муборизаи иттилоотию идеологӣ қарор дошта, аз ҳар инсони огаҳ зиракии сиёсӣ, фарҳанги баланди истифодаи шабакаҳо ва мавқеъгири устуворро ба манфиати халку миллат тақозо менамояд.

Ҳар як ҷавони бонанги кишварро ки аз шароити беҳтарини кори зиндагӣ бархурдор аст месазад то андешаю фаъолияти худро дар роҳи манфиат овардан ба миллати азиз ва халқи шарифи Тоҷикистон масраф намояд. Дӯстори Ватан ва пайрави арзандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошад.

Бузурги насли имрӯзи давлати соҳибистиқлол-Тоҷикистони азизро зарур аст, дар ҳама аъмол намуда буда, зиракии сиёсӣ аз ҷумлаи истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро зери назорати мафкуравии худ қарор бидиҳад, зеро ҳифзи сулҳу осоиштагии кишвар рисолати бузург маҳсуб меёбад.

 

Тоҷибой Бойматов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Ифротгарию ҷангҷўи дар кадом намуде, ки набошад кирдори ношоиста буда, миёни мардум иғвою дасисаҳои беасосро паҳн мекунад. Ва ин таъсирҳо нисбат ба марудми бегуноҳ танҳо ҷабр мекунад. Имрўз мардумони сулҳпарвар ҳама гуна ҷангу низоъҳое, ки аз ҷониби наҳзатиҳо сар зада буд, ба онҲо нафрат дошта амалҳои нангину хунину онҳоро маҳкум менамояд. Зеро милати тоҷик аз азал дар тамоми олам тарафдори сулҳи боамон буд ва хоҳад монд.

Мо мардуми ваҳдатшиори тоҷик фахр аз он дорем, ки дар чунин як Ватани биҳиштосо ва рӯз то рӯз пешрафта зисту зиндагонӣ дорем. Аммо таассуфовар он аст, ки бо ин ҳама озодию побарҷоии миллатамон хоиноне мехоҳанд, кишварро нотинҷ гардонанд. Зеро пешравиҳои миллати моро чашми дидан надоранд.

Миллати тоҷик ба хотири ҳифзи манфиатҳои милливу маънавии хеш ҳамеша талош мекард ва хоҳад кард. Натиҷаи ҳамин талошҳо, дури аз тафриту ҷанг ва нооромӣ буд, ки барои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ солҳо мубориза бурд ва мушарраф ҳам шуд. Агар мо барои ободии диёри азизамон талош накунем, бовар кунед бегонае омада хону макони моро обод нахоҳад кард. Маҳз ба ҳамин хотир вазифаи ҷоноҷони мост, ки як порчаи онро аз дасти наҳзатиҳое, ки хоки миллати тоҷикро пош додани шуданд эмин дорем.

Агар наҳзатиҳо бо роҳбарии Кабирӣ барои мустаҳкамии миллати тоҷик талош мекард имрӯз миллат боз ҳам мешукуфт. Хушбахтона бо набудани наҳзатиҳо мо ба шукуфтанҳову сабзишҳои ҷадид муяссар гашта истодааем.

Агар имруз мо соҳибистиқлолу соҳибиқбол гашта бошем, пас ин ба шарофати Пешвои миллати тоҷикон ба даст омадааст. Зеро сарвари фархундасози мо ҳамеша паи ободгариву созандагӣ ҳастанд.

Маълум аст, ки вазъи иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавии ҷомеаи ҳар як мамлакат ба раванди таъмини дастовардҳои миллӣ ва амнияти сартосарии он таъсири амиқ дорад.

Оромиву суботи ҷомеа, амният ва осудагии шаҳрвандон беҳтарин дастовардҳои  Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб ёфта пойдориаш ба ҳар як фарди бонангу ораш тавъам аст. Лек хело афсўсовар аст, вақте пайдо мешаванд шахсони алоҳидае, ки суботи  ҷомеаро бо амалҳои  худ  доғдор намуда,  оқибати аъмоли  касеву  худро  намеандешанд.

Бояд тазаккур дод, ки хоҳу нохоҳ ояндаи ҳар як қавму миллат аз ҷавонон вобастагии калон доррад. Ва агар инро ба таври вазифагузорӣ баён намоем, метавон гуфт, ки ояндаи моро танҳо ҷавонони соҳибкасбу бомаданият метавонад, дурахшон созад, ҷамъияти инсониро аз ҳар гуна олудагиҳои нопок ҳифзу ҳимоя созад. Танҳо барои аз ҷиҳати илму техника, фарҳангу маданият ва иктисодиёту иҷтимоиёт ҷавонон беш аз пеш талош намоянд, то дар густариши ин ҳадаф саҳми сазовору амиқ дошта бошанд.

Бо вуҷуди ин, ки муаммои пешравии ҷомеаро ба ҷавонони ояндасоз нисбат дода, дурахшонии ояндаро бо ин қишри ҷомеа бовар мекунанд, заминаи асосиро мо устодону донишварон мегузорем ва рисолати асосии ҷавононро бар онҳо талқин менамоем, ки ба ин эътимоду бовариҳо сазовор гардида, ба хотири пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ, чун як гурӯҳи ҷавонони ояндасоз саҳм гиранд.

Моҳира Оқилова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Сарвари давлат, Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ, ҳатман ба масъалаи ҷавонон истода гузашта, пайваста онҳоро ба огоҳиву ватандӯстӣ раҳнамун месозанд. Соли равон хуб медонем, ки мулоқоти Пешвои миллат бо намояндагони ҷомеаи кишвар доир гардид. Дар он зикр намуданд: «Яке аз омилҳои торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти терроризм ва ифродгарӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ мебошад».

Фоизи зиёди истифодакунандагони технологияҳои навтаринро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳар гоҳе ки тариқи расонаҳо ва ахбори умум дар бораи рафтори ношоями баъзе фардҳои ҷомеа мешунавему мушоҳида менамоем нафратамон зиёд мегардаду аз сарамон андешае мегузарад, ки чаро мардум ба қадри Ватан-модар, обуз амин ва неъматҳои бу ӯ додашуда намерасад. Ватани зебову обод, оромиву осоиштагӣ, серию пурӣ ва истиқлолияту озодӣ ба халқу кишвар муяссар намегардад. Ҳанӯз дар замони оини зардуштӣ инонҳо дар асоси шиори «Рафтори нек, пиндори нек, гуфтори нек» зиндагонии худро пеш мебурданд. Рафтори нек, нияти нек, андешаи нек, гуфтори нек ҳама вақт бартарияти худро дошту дорад. Бузурге дар як байте гуфтааст:

Сурати зебои зоҳирро чӣ суд?

Эй бародар, сирати зебо биёр.

Имрӯз аксар падару модарон тарбияи фарзандро дар хӯронидану пӯшонидан ва ба мактаб супоридан медонанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар сафи бачагони душвортарбия зиёд гардида истодаанд. Барои душвортарбия нагаштани наврасон ба таълиму тарбияаш диққати ҷиддӣ дод. Падару модарон, омӯзгорон, шахсони мутасаддиро зарур аст, ки барои баланд бардоштани самаранокии таълиму тарбияи насли наврас ва барои пешгирии мубориза ба алайҳи ҷиноятҳои терроризм ва экстромизм кӯшиш ба харљ диҳем, то ки дар ватани мо сулҳу ваҳдат ҳамешагӣ ҳукмфармо гардад. Гарчанде ки мубориза бо терроризм ва экстрамизм вазифаи асосии Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҷамъиятӣ аст, аммо мусоидат кардан ва дастгирӣ кардани ҳар фарди ҷомеа барои пешгирии ҷиноятҳои террористиву экстромистӣ вазифаи ҷонии ҳар як фар даст. Барои аз байн бардоштани шомилгардии ҷавонон ба ҳар гунна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ бояд масъалаҳои таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ хубтару беҳтар ба роҳ монда шавад. Ҳар фарди равшанзамиру бедордил ҳисси нафрат ва бадбиниро нисбат ба терроризму эстромизм талқин намояд. Халқи тоҷик аз азал ҳиммати мардиву мардонагии қавиеро дар худ мепарварад. Имрӯз Тоҷикистонро тамоми дунё ҳамчун кишвари сулҳпарвар, озоду демократӣ мешиносад. Моро зарур аст, ки ҳама як ҷо муттаҳид шуда, ба миллату давлатамон софдилона хизмат намоем. Ин маскани ҷаннатсоро аз чашми баду дасти нохадафон нигоҳ дошта, онро ба наслҳои оянда бенуқсон расонем.

 

Абдуҳаббиб Охунҷонов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Имсол аз расидан ба ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони азизамон 25 сол пур мешавад. Агар мо соли 1991 истиқлолият ба даст оварда бошем локин ваҳдати миллиро ба осонӣ ба даст наовардаем. Барои расидан ба он то соли 1997 Пешвои муаззами миллат чи қадар ҷонбозиҳо кардаанд.

Ҳама давру замонро барои рушду пешрафти ҳар миллат фарзандони барӯманду фарзонааш нақши мондагоре аз хеш боқӣ мегузоранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун шахсияти барҷаста вақте ба майдони сиёсат ворид шуданд, ки миллати тоҷик парешон ва кишвар дар вартаи ҳалокат қарор дошт.

Мардуми кишварамон суханони таърихи Эмомалӣ Раҳмонро, ки гуфта буданд: “То вақте ки як фарди миллат дур аз Ватан ва дар ғурбат қарор дорад, ман худро орому хотирҷамъ намеҳисобам”, хуб дар хотир доранд.

Пешвои миллат бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулодда кишварро аз вартаи фалокат ва ҳалокат берун оварданд, мардуми парешонро сарҷамъ намуданд ва садҳо ҳазор ғурбатзадагонро ба ватан баргардониданд.

Бо иродаи Сардори давлат дар як муддати кӯтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншооти азим ба вуҷуд омаданд, барои ба ҳам пайвастани тамоми гӯшаву канори мамлакат шоҳроҳи ваҳдат ва барои мустақиман баромадан ба уқёнус ва робита ёфтан ба кишварҳои дуру наздики хориҷӣ роҳҳои бузурги мошингард сохта шуданд.

Муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвар натиҷаи меҳнати фидокоронаи халқи Тоҷикистон ва иқдомҳои қаҳрамононаи Эмомалӣ Раҳмон ва кормандони содиқашон мебошад.

Подоши ин ҳама корнамоиҳо маҳбубият ва маъруфиятест, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар миёни халқи мамлакат ва ҳазорон ҳазор ҳамватанони бурунмарзӣ пайдо кардаанд. Мукофоти ин ҳама заҳматҳо ҳамчунин ҳусни таваҷҷӯҳ ва эҳтироми бузурги ҷомеаи ҷаҳон мебошад, ки мунтазам нисбат ба Сардори донову тавонои Тоҷикистон, сиёсатмадори варзида ва ифодагари марому ормонҳои умумибашарӣ иброз мегардад.

Бузургтарин дастоварди Пешвои миллат, бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Таҷрибаи талхи ҷангҳои дохилӣ дар ҷаҳон шаҳодат медиҳад, ки ягон давлат рақиби сиёсӣ ва ҳарифони қудратталабашро аз сангарҳои ҷанг берун оварда, бо силоҳи ҷангию лавозимоти ҳарбӣ ва сарбозони ҷангозмудааш дар сари дастгоҳи давлатию сохторҳои идоракунӣ ва мақомоти низомӣ нашинондааст.

Сардори давлат тавассути таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ҳамчунин барои гузаштан ба марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи боэътимод гузоштанд.

27 июни соли 1997 ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ заминаҳои ҳуқуқиву сиёсиро фароҳам сохтанд, сулҳи тоҷиконро ба даст оварданд, ки ин барои ҷаҳониён таҷрибаи беназир аст. Заминаҳои эҳёи миллиро фароҳам сохтанд, ба корҳои азими созандагӣ ифтитоҳ бахшиданд, аҳволи иҷтимоӣ ва иқтисодии мардумро ба куллӣ беҳтар карда, хатари гуруснагиро аз байн бурданд, эътибори сиёсии давлатро дар арсаи байналмилалӣ афзуданд.

Хотиррасон кардан лозим аст, ки Тоҷикистон бо ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуда, аз империяи бузурги собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мероси ночизе гирифт, зарари ҷанг беш аз сад миллион долларро ташкил дод, бештар аз 120 ҳазор одамон ҷонҳои хешро аз даст дода, иқтисод ва буҷети мамлакат ба сифр баробар шуда буд.

Пешвои миллат Эмомали Раҳмон тавассути сиёсати сулҳофару созанда ва дарҳои кушод таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба Тоҷикистон ҷалб сохтанд. Эълони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси кишвари демократӣ , дунявӣ ва ягона имкон дод, ки сиёсати дохилию берунии мамлакатро таҳти раҳнамоии Эмомалӣ Раҳмон аксар кишварҳои абарқудрату нерӯманд ќабул ва ҷонибдорӣ намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон ба ивази саҳми хеле арзишманди худ дар таъмини сулҳи Тоҷикистон ва таҳкими амнияти минтақа ва дигар хидматҳои шарофатмандонаашон дар вусъати муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории байни мардумон бо унвону нишонҳои олии давлатҳо ва созмонҳои гуногуни ҷаҳон сарфароз гардидаанд.

Хизматҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он эътироф гардидаанд. Барои саҳми бебаҳо дар густариши ҷомеаи умумибашарӣ Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гирифтани Ситораи тиллоии Алберт Швейтсер ва унвони фахрии Профессори Академияи умумиҷаҳонии тиб дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ сазовор дониста шудаанд.

Соли 2005 дар арафаи ҷашни Ваҳдат боз як ҷоизаи олӣ – медали тиллоии «Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо» – и Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият насиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Эмомалӣ Раҳмон дар байни роҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аввалин касе мебошанд, ки ба гирифтани ин ҷоиза ноил гардидаанд.

Сарвари мамлакатамон ҳамчун бунёдкори сулҳу ваҳдат халқу миллат ва ватанашонро чун фарзандонашон аз дилу ҷон дӯст медоранд. Баҳри беҳбудии некӯаҳволии халқ ва ободии Ватани азизашон ҷонашонро фидо мекунанд. Ҳамеша дастгири бечорагону бенавоён, камбизоатону ятимон ва дармондагон мебошанд. Аз ин ҷост халқ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дӯст медорад ва чун Роҳбари давлат эътироф ва эъзоз мекунад.

Ба сарвари мамлакатамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳазорон ҳазор ташаккур мегӯем, имрӯзҳо Тоҷикистони ҳамчун давлати соҳибистиқлол ба сатҳи баланди рушду инкишоф расида истодааст. Дар мамлакатамон тинҷиву оромӣ ҳукмрон мебошад, ки ин маҳз натиҷаи ташаббус ва меҳнати пурсамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дабир Мирзоев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Муддатҳои тӯлонист, ки дар бораи шомилгардии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ сухан менамоем ва барои пешгирии ин падидаи номатлуб шахсони масъулинро вазифадор месозем. Ҳимоятгари нахустини шахс ин худи ӯ мебошад. Ҷавонон худ, ки имрӯз роҳҳои хуби истифодаи шабакаҳои интернетиву алоқаҳои мобилиро медонанд танҳо огоҳиро аз даст надиҳанд. Ибтидо, ҳеҷ гоҳ ба ваъдаву суханҳои шахсони бегона бовар накунанд. Худ мустақил шаванд жарфтар андеша намоянд. Ояндаи дурахшони худро худ созанд. Баъдан, ҳеч гоҳ бо шахсони ношинос тариқи шабакаҳои интернетӣ дар бораи ақидаҳои динӣ суҳбат накунанд (мутаассифона ҳоло зиёд гаштаанд), зеро аз тарафи экстромистон ҷалб карда мешаванд, худ надониста.

Огоҳии дигар ба ҷавонон ин аст, ки ҳеҷ гоҳ бе иҷозати падару модар ба хориҷи кишвар сафар накунанд ва дар давлатҳои хориҷӣ аз муллоҳои салафӣ ва љавонони кафказӣ эҳтиёт шаванд. Зеро «салом»-и дӯстон беминнат аст. То имкон ҳаст дар хориҷи кишвар як ҷоя бо хешу табор ё ҳамдеҳагони худ кор карда, фирефтаи ваъдаи маблағҳои калони ношиносон нагардад.

Воқеан, душвор аст ба як кишвари бегона барои пайдо кардани маблағ рафтану меҳнати сангини тоқатфарсоро аз сар гузаронидан. Маблағи ҳалол бе меҳнат муяссар намегардад. Баъзе афрод наметавонад ба он меҳнат тоқат намояд, аз ин рӯ роҳи осон ба даст овардани маблағро ҷӯё мешаванд. Аз шахсони пулдор қарз мепурсанд, ки ин худ бе ресмон худро ба каси дигар бастан аст. Ё аз ҳисоби шахсони дигар муаммои худро ҳал мекунанд, ки ин низ паёмади хуб надорад. Шахсони мазкур бо кӯмаки ғаразонаи худ ҷавонони раҳгумзадаро ба худ тобеъ сохта, ба ҳар роҳ, ки хоҳанд ба ҳамон самт равона мекунанд.

Ҷавонон! Шуморо зарур аст, ки ин ба қадри ин ҳаёт бирасед, шукронаи ин Ватан намоед. Камбуди онро нодида гирифта, баҳри таъмин ва ваҳдати абадии он ҳиссагузор бошед. Ин умри азизи ҷавони худро дар пайи саодатмандии худ ва дигарон сарфа созед.

 

Шарифҷон Сатторов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Ваҳдати миллӣ барои халқи тоҷик яке аз санаи бузурги таърихӣ мебошад. Чунки ваҳдат неъмати бебаҳои миллат мебошад.

Дар заминаи шарофати хиради ахами тоҷикон 27 июн соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Ҷанги таҳмили шаҳрвандӣ, боиси ба ҳалокат расидани беш аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон гардид.

Бояд, қайд кард, ки сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон дар натиҷаи саъю талошҳои фарзандони бедордили миллат ва музокироти бисёр мушкилу тӯлонӣ ба даст оварда шуд.

Рисолати таърихии ваҳдати миллӣ аз он иборат аст, ки ва давлатро аз нобудшавӣ ва миллатро аз парокандашавӣ наҷот бахшид.

Ба ҳамагон маълум аст, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба осонӣ ба имзо нарасидааст. То расидан ба Ваҳдати миллӣ 9 давр музокирот, ва муллоқоти бевоситаи Пешвои миллат бо роҳбарияти иттиҳоди мухолифин ва 21 музокироти ҳайатҳо сурат гирифта, 40 санад ба имзо расид, ки тақдири ояндаи давлати тоҷикон ва таъмини сулҳу салоҳро дар Тоҷикистон ҳал намуд.

Барқарор гардидани сулҳу ваҳдат дар таърихи давлатдории тоҷикон марҳилаи сифатан навро оғоз намуд. Сулҳу ваҳдат барои ташкили пояҳои устувори давлатдории навини миллӣ ва таъсиси ниҳодҳои давлатӣ, муҳайё намудани заминаи рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар шароити мусоид ба миён овард.

Соли 1999 ба туфайли сулҳу субот дар ҷумҳурӣ парламенти касбии иборат аз Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ таъсис дода шуд.

Яке аз рӯйдоди сиёсие, ки дар натиҷаи сулҳу ваҳдат дар ҳаёти ҷумҳурӣ ба амал омад, яъне баргузор гардидани раъйпурсии умумихалқӣ оиди ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи мамлакат ба шумор меравад.

Яке аз дастоварди беназири ваҳдат ин оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ дар саросари мамлакат мебошад. Кушода шудани роҳи мошингарди Кӯлоб – Хоруғ – Кулма – Қайроқкум, роҳи Душанбе – Қурғонтеппа – Кӯлоб, азнавсозии роҳи Душанбе – Хуҷанд – Мастчоҳ, Айнӣ – Панҷакент, бунёди нақбҳои Истиқлол ва Шаҳристон самараи файзбори сулҳу ваҳдат ба шумор мераванд.

Сулҳу ваҳдат барои оғози корҳои сохтмонӣ дар Нерӯгоҳҳои барқии обии Сангтӯда – 1, Сангтӯда – 2 ва Роғун мусоидат намуд, ки онҳо дар кори таъмини Истиқлолияти энергетикии мамлакат аҳамияти муҳим доранд.

Дар баробари рушди бонизоми сиёсати дохилӣ, сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар сатҳи баланд пешрафта дар байни давлатҳои ҷаҳони муосир мавқеи арзандаро ишғол менамояд.

Ба туфайли сиёсати пайгирона барои ҳалли яке аз муаммоҳои мубрами ҳаёт – об Тоҷикистон дар байни давлатҳои ҷаҳон ҳамчун давлати ташаббускор машҳур гардид.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд намуданд: “Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси кишвари пешбар дар ҳалли масоили мубрами амниятӣ, обу экология ва тағйирёбии иқлим эътироф гардидааст”.

Дар натиҷаи Ваҳдати миллӣ имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 178 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарор карда, узви фаъоли зиёда аз 80 созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба ҳисоб меравад.

Бояд қайд кард, ки имрӯз ҷаҳониён таҷрибаи нодири сулҳи тоҷиконро, ки бо ҷаҳду талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, ҳамчун мактаби таҷрибаи беназир меомӯзанд ва аз он истифода намуданро баҳри ҳалли қазияи Афғонистон ва Шарқи Наздик зарур меҳисобанд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии худ бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ чунин қайд намуданд: “Масъалаи ваҳдати миллӣ ба яке аз арзишҳои волои ҷомеаи мо табдил ёфта, барои мардуми шарифи Тоҷикистон қадру қимати баланд дорад”.

Итминони комил дорем, ки мардуми азизи кишварамон бо дарки муҳиммияти сулҳу субот, ваҳдату ҳамзистӣ пайгирона ҷаҳду талош намуда бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам баланд гардидани нуфузи ҷумҳурии азизамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми босазо хоҳанд гузошт.

Дабир Мирзоев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ-бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардида, баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил дар кишвар тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаёти давлативу ҷамъиятиро сафарбар менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти масъалаҳои муҳими сол ва дурнамои соли минбаъда суханронӣ менамоянд, ки дар оғози ҳар Паём пеш аз баррасии вазъи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, вазъи мавҷудаи байналмилалӣ ба таври мухтасар баён мегардад. Зеро вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла давлатҳои исломӣ аз нигоҳи амният хеле муташанниҷ буда, таъсири он ба тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла давлати мо истисно намебошад.

Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама минтақаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, терроризм ва экстремизм мебошад, ки боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст. Ҳарчанд падидаҳои ҷойдошта мавҷуди ин аср нестанд, вале дар баробари асри нав симои навро ба худ гирифта, моҳияти онҳо шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кардааст. Имрӯз ва дар оянда низ терроризм ва экстремизм ҳамчун хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд намуда истодааст, тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб мекунад. Барои мисол, дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ ва экстремистӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шуданд. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоиштаи сайёра, алалхусус қисми осебпазири ҷомеа занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мегардад.

Экстремизм аз вожаи фаронсавии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои луғавиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштанро дорад. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Терроризм худ падидаи номатлуби ҷомеаи навин буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори инсон, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои гуногуни истеҳсолӣ ва маишиву фароғатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни нақлиётӣ ва амсоли инҳо дониста мешавад. Экстремизм бошад, хислати ҷӯдоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро доро буда, бо терроризм алоқаи ногусастанӣ дорад. Бо тарзи дигар, мақсад ва оқибати экстремизм ин терроризм аст. Вале дар умум чунин баҳогузорӣ мебояд намуд, ки ҳарду ба истилоҳ комилан хатари калони парокандагиву бесарусомониро доро буда, оқибати басо нанговар доранд.

То имрӯз аз ҷониби донишмандони соҳаҳои мухталифи илмӣ як қатор сабабҳо ва омилҳои таъсирпазири пайдоиш ва зуҳӯри ин падидаҳои номатлуб (терроризм ва экстремизм) дар кишварҳои ҷаҳон мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор гирифта истодааст. Қисме аз олимон пайдоиш ва нузули чунин амалҳои манфии ҷомеаи ҷаҳониро, пеш аз ҳама ба ҷанбаҳои иҷтимоии фаъолияти аҳолӣ дар кишварҳо вобаста медонанд. Қисми дигар бошад, зуҳури чунин падидаҳоро ба ихтилофоти сиёсии байнидавлатӣ алоқаманд мешуморанд.

Чуноне ки сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пайваста иброз медоранд, “терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест, яъне террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”, гувоҳӣ он аст, ки ин амалҳои номатлуб рабте ба ягон дин ва аҳкоми он надоранд.

Аз ин рӯ, ҳар як фарди соҳибшуур ва бомаърифати ҷомеа, махсусан ҷавононро, ки қисми асосии ҷамъиятро ташкил медиҳанд месазад ба ин афкори барғалати чеҳраҳои сиёсии ноаён фирефта нашаванд, дар ҷустуҷӯи омӯзиш, аз барнамоӣ ва ғанигардонии маърифати ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии хеш бошанд, то дар таҳкими суботи комили сиёсии Тоҷикистони азиз поягузор бошанд. Чунки суботу амнияти Тоҷикистон, устувории ҷойгоҳи Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ва амнияту осудагии марзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар яки мо арзиши муҳим ва калидӣ дорад.

Ҳамин тариқ, дар баробари муқаррароти танзимкунандаи фаъолияти давлатӣ ва баҳри амалинамоии онҳо дар самти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм фаъолияти якҷояи қишрҳои гуногуни ҷомеа талаб карда мешавад. Яъне имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин омилҳои манфӣ гирифта шавад, то ки суботу оромӣ таъмин ва ҳар як фард дар ватани азизи хеш Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагии ободу осоишта ба сар барад. Инчунин, мо ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз бо ҳисси баланди миллӣ пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамчун гавҳари ноёб эҳтирому нигоҳ медорем, ҳамчун нерӯи бузурги созанда ва сипари боэътимоди давлатамон бар зидди ҳама гуна хатари терроризму экстремизм бо роҳҳои пешбини намудаи қонунгузорӣ мубориза мебарем.

 

Олимҷон Расулов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд