Имрӯз, бо мақсади пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи худогоҳиву худшиносӣ, пешгирии хурофотпарастӣ, таҳкими ваҳдат ва сулҳу субот аз ҷониби роҳбарон ва масъулини мақомотҳои дахлдори ҳифзи ҳуқуқ ва илму фарҳанги ҷумҳуриамон дар байни ҷомеа, махсусан ҷавонон ва муассисаҳои илмиву таълими вохӯриҳои зиёде гузаронида мешавад.

Дар баргузории вохуриҳо хусусан дар байни ҷавонон борҳо оид ба устуворӣ ва садоқати ҷавонон барои давлати навбунёд, маҳфум ва моҳият, омилҳо ва оқибатҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористиву экстремистӣ сухан гуфта, кайд карда мешавад, ки яке аз сабабҳои шомилшавӣ ба ин гурӯҳҳо истифодаи телефонҳои мобилӣ ва интернет мебошад. Вале, то ҳол шомил шудани бархе аз ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав ва даст доштани онҳо дар ҷиноятҳо аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст.

Дар сиёсати худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзалияти бештарро ба рушди соҳаи маориф ва тарбияи ҷавонон равона менамояд. «Ҷавонон ояндаи Тоҷикистонанд» - доимо дар баромадҳои худ таъкид менамоянд.

Пешвои муаззами миллат борҳо таъкид намудаанд, ки давлати мо Тоҷикистон соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва ягона аст. Дар баробари ин аксарияти мардуми Тоҷикистон пайрави дини мубини ислом буда, дорои фарҳанги бой ва урфу одатҳои миллӣ мебошанд. Ҷавонони кишвари мо бояд муқаддасоти ин хоку оби сарзамини биҳиштосоро донанд ва ҳаргиз нагузоранд, ки миллати ҳазорҳо сол ранҷдида аз ин музафарияҳое, ки имрӯзҳо ба даст овардааст, маҳрум гардад.

Имрӯз мо падару модарон бояд ба ин гуна зуҳуроти нангин мубориза барем ва фарзандони худро дар руҳияи худогоҳии миллӣ ва худшиносӣ тарбия намоем. Ба қадри Ватан - Модар бирасем ва арзишҳои миллии мардуми тоҷикро ҳифз намоем.

Ҳар як падару модар бояд бохабар бошанд, ки он фарзандоне, ки имрӯз дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷӣ кишвар ҳастанд, чи гуна шароити буду бош доранд ва аз онҳо зиёд талаби пулу мол накунанд, зеро ин омил ҷавононро маҷбур месозад, ки даст ба кирдорҳои ношоиста бизананд.

Мо аҳли ҷомеа ин зуҳуроти нангинро агар маҳкум накунем фардо теъдоди ҷавонони гумроҳ ба ин ҳизбу ҳаракатҳо зиёд хоҳад шуд. Ва аз аҳли нишаст даъват ба амал овард, ки ҳамкориро бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ пурзур намоянд, то роҳи ин гуна амалҳо гирифта шаванд.

Аз ин лиҳоз, бояд қайд намуд, ки имрӯз бархе аз ҷавонписарони тоҷикро аз ҷиҳати паст будани маърифат зархаридони хориҷӣ ба доми худ фирефтаанд ва ин доғи ҷудоиву нангро падару модарон, хешу ақрабои онҳо бар дӯш доранд, ки ин ба шаъну шарафи ҷавонмарди асил намезебад.

 

 

 

Камолов Н.Ш., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақили тозаистиқлол дар марҳалаи аввали ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона қарор дорад. Рушди минбаъдаи он ба тарбияи шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқӣ, дунёи пурғановати маънавӣ, фикру ҷисми солим, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ дошта, риоягари қонунҳо, ҳуқуқҳо, озодиҳо, заҳматписанду зебопараст, сарфаю сариштакор, ботаҳаммулу тоқатпазир, масъулиятшиносу фаъол ва созандаю эҷодкор вобаста аст. Тарбияи чунин шаҳрвандон вазифаи давлат, ҷомеа ва оила аст.

Мавзӯъи интихобшуда ҷамбаъҳои мухталифи марҳилаҳои тарбияи ҷавононро фарогир аст. Чунки имрӯзҳо падару модарон марҳилаҳои тарбияи ҷовонро мувофиқи талаботҳои гузариши синусолӣ ба роҳ намемонанд. Ҷовонӣ навбаҳори умр аст ва онро метавон ба се бахш ҷудо намуд: даврони нахустини ҷавонӣ, даврони миёнаи ҷавонӣ ва даврони вопасини ҷавонӣ, ки ҳар бахш аз тарбиятгар роҳҳои мухталифи тарбиятро талаб менамояд.

Чавонӣ давраи хӯрӯҷи ҳам нерӯи ҷисмонӣ ва ҳам нерӯи ақлонист; аз ин рӯ, ҷавон ба хештангарои мекӯшад ва оне ки ҷаҳд ба хештангароӣ дорад, наметавонад хушзеҳн бошад.

Аз ин лиҳоз падару модарон хатои бузург мекунанд, ҳангоме, ки дар тарбияи ҷавон аз ҳамон роҳи дар тарбияи кӯдак истифодашуда кор мегиранд. Чунки вақти шудгору вақти кишту вақти дарав дигар аст.

Кӯдаке ки дар хурдсолӣ ҳарфи падару модарро ду намекард, дар ҷавонӣ метавонад ба онҳо боварнакунаду фармон набарад. Падару модарон бояд инро дарк кунанд ва фарзандро дар ҷавонӣ ислоҳ созанд. Агар падару модар бар сари ҷавон назари худро боркунанд, вай нахуст вонамуд месозад, ки бо онҳо мувофиқ аст, оммо дар давраи дуюм аз онҳо канора мегирад, дар давраи сеюм ба баҳсу мунозира меоғозад, онҳоро рад месозад.

Ҳангоме, ки ҷавон ба давраи вопасин мерасад, дигар мустақил аст ва ба раҳбарии падару модар наметавонад умед баст. Ин ҷо онҳо ноилоҷ ҳастанд бигзоранд ӯ роҳашро, дуруст аст ё нодуруст, худ интихоб кунад.

Шояд аз сад як ҷавон тавонад роҳи дуруст интихоб кунад ва аз сад панҷ тан дар торики роҳи худро ёбад, аммо наваду панҷи дигар бо сабаби набудани раҳнамо раҳгум мезанад. Аз ин рӯ «қонуни масъулия падару модар дар тарбияи фарзанд» сари вақти аст. Чуноне, ки зиндаги баҳрест, ки шино кардан дар он душвор аст ва он гуна ки ҳангоми саёҳат дар баҳр раҳнамо даркор аст, ҳамчунин ҳангоми ҷавонӣ бе раҳбар ба мақсад намерасем.

Ҳангоми раҳнамоӣ ба ҷавон тавсиф додани чи гуна андеша  кардану андеша рондан ниҳоят муҳим аст, то ки ӯ тавонад аз он дунболагирӣ кунад ва пайрави он бошад. Аммо набояд фаромӯш кард, ки рӯҳияи озоде, ки дар беадаби ҷилва мекунад, дур аз зебоӣ сат. Хуб аст агар ҷавон пиндори нек, рафтори нек, гуфтори нек дошта бошад, зеро озоди бидуни эҳтиром зебо нест.

Аммо ин гуфтаҳоро дар ҷамъияти имрӯза ҷори намудан то ҷойе мушкилҳо пеш меорад. Мушкилотҳое, ки барои пиёда гардонидани равандҳои тарбияи ҷавонон ин пеш аз ҳама нокифояги маърифати фарҳангӣ, омӯзишӣ ва сиёсии тарбиятгарон мебошад.

Чунки дар тани ҷавон нерӯи зиёде зода мешавад, ки дар ҷомаи эҳсос ва шавқу ҳавад ҷилва мекунад. Агар падару модар чи гуна истифода аз онро надонанд, ҷавон метавонад аз он сӯистифода кунад. Сӯистифода аз нерӯ ҳадду ҳудуд надорад, он гуна ки имрӯз дар ҷаҳон мушоҳида мешавад ва ҳеҷ гуна кӯшише наметавонад пеши роҳи онро бигирад (ишора, шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбҳои ифротӣ). Васвасаҳое, ки ҷавонро ба сӯи худ мекашад, бешуморанд. Бинобар ин, бахши муҳими омӯзиши ҷавон он аст, ки чизҳоеро ба сӯрати садо бояд фаҳмонд ва ӯро аз афзалият ва камбудии манфиатҳои мухталифи зиндагӣ огоҳ кард.

Волотарин ахлоқ, ки ба ҷавон бояд дод, дарки масъулият дар назди дигарон аст, то тавонад дар сохтори зиндагӣ ҷойи сазовор бигирад. Ба ҷавон бояд омӯхт, ки бошарафиро накӯкории хушк надонад, нерӯи бузурги шарафу виҷдонро дарк кунад. Ҷавонро бояд чунон омӯхт,ки тавонад худ барои худ идеал созад ва бо он зиндагӣ кунад. Ба ҷавон додани идеал кори беҳуда аст, зеро идеали кас наметавонад аз дигаре бошад. Рушди маънави танҳо ёфтани идеалу доштани одоб нест, ҳамчунин тавонои, бурдборӣ дар пешорӯи носозгориҳои ҳаррӯзаи зиндагӣ низ ҳаст. Ҷавоне, ки шарафу виҷдон ва дили дардошно дорад, вазифашинос аст ва андешаи ғамхориву дастгирии дигаронро дар сар мепарварад, барои насли имрӯз ва ташаккули шахсият воқеан намунаи ибрат аст.

Аз ин рӯ тарбият кунандагон бояд пеш аз ҳама мутолеа кардаи китобҳои панду ахлоқи бошанд чун, ки ба ҷавон андешаи олӣ бояд омӯхт, то вай тавонад аз идеали олӣ андешад, ба сӯи ғояи олӣ равад, дар зиндаги бо рӯҳбаланди аз онҳо кор гирад Барои расидан ба маънавият шарт нест ба ҷавон фариштахӯи омӯхт, ба ӯ нисбати ҷамъият ва пешравии он хуббин ва одам буданро бояд омӯх, ин аст нишонаи шахси бомаърифат.

Ҳомидова М., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд 

 

Имрӯзҳо масъалаи шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро аз қабили терроризм ва экстремизм тамоми аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст, ки ин сатҳи пасти тарбияи баъзе ҷавонони имрӯзро нишон  медиҳад. Сабабҳои шомилшавии ҷавонон агар аз як тараф қонеъ набудан аз шароити иқтисодии оила бошад, аз тарафи дигар, беэътибории падару модарон дар таълиму тарбияи онҳо маҳсуб меёбад.

         Зуҳур ёфтани гурӯҳҳои ифротгарои имрӯз мардуми сулҳхоҳи дунё, аз ҷумла ҷомеаи моро ба ташвиш овардааст.

        Мутаассифона, ҳамарӯза шоҳиди нооромиҳо ва даргириҳои зиёде дар як қатор кишварҳои дунё ҳастем. Садҳо фарзандони фирефта қурбони досисаҳои ин гурӯҳҳо гаштаанд. бинобар ин ба шумо хонандагон гуфтаниам, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, барои амалӣ гардонидани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат ва Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат баста, Ватани азизамонро обод ва ором нигоҳ дорем.

Терроризм ин содир намудани таркиш, сӯхтор, кушторҳои бемаънӣ ва халадор кардани амнияти сиёсӣ мебошад. Дар олами муосир терроризм ба яке аз масъалаи ҷаҳонӣ ва таҳдидкунанда ба бехатариву оромӣ табдил ёфтааст. Дар ҷаҳони имрӯза зиддиятҳои динӣ, этникӣ ва иҷтимоӣ, ки асоси ҷоннокшавии терроризм гардидаанд, то рафт авҷ  гирифта истодааст. Дар сарҳадҳои Афғонистон ва Покистон базаҳои тайёркунии террористони байналхалқӣ, ки ба онҳо ташкилоти террористии "Ал-қоида", "Толибон" "Ҳаракати исломии Ӯзбекистон" якҷоя амал мекунанд, мавҷуданд. Онҳо аз паст будани маърифати исломии аҳолӣ ва аз муамоҳои иҷтимоии онҳо хеле моҳирона истифода бурда, ин табақаи ҷамъиятро бештар ба тарафи худ мекашанд.

        Экстремизм-зидди ҳукумати қонунӣ баромадани гурӯҳҳое мебошанд, ки мамлакатро ноором гардонида, мехоҳанд ба ҳокимият соҳиб шаванд. Аз рӯйи маълумотҳо ҳоло дар дунё қариб 500 гурӯҳҳои гуногуни самти диннӣ-экстремистӣ дошта амал намуда истодааст. Дар солҳои охир аз тарафи онҳо қариб 10ҳ. ҳаракати террористӣ, ки дар натиҷаи он ҳазорҳо одамон фавтидаанд, амалӣ шуда истодааст.

          Бо баробари ин пурзӯршавии фаъолияти ҳизбӣ динӣ ва экстремистии "Ҳизб-ут -таҳрир", ки фаъолияти зиддиконститутсионӣ дошта, бо роҳи осоишта мақсади барпо кардани "Хилофат"-и исломиро касб менамояд, мушоҳида мегардад. Чунин ҳизбу ҳаракатҳо аз муаммоҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва каммаърифатии як қисми аҳолӣ хусусан ҷавонон хеле моҳирона истифода бурда, онҳоро ба сӯи худ мекашанд. Дар чунин вазъият ҷавононро ҳушёрии сиёсӣ, маърифатнокии баланд, худшиносии миллӣ лозим аст.

         Ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ : Салафия, Ансоруллоҳ, Ҳизб-ут-таҳрир, Ал-Қоида, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, Ваҳобиён ва ғайра мебошанд, ки мақсади онҳо барпо кардани давлати исломӣ мебошад.

         Салафиён ва Ваҳҳобиён ташкилотҳои диние мебошанд, ки аз тарафи ходими динии араб Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб таъсис карда шудаанд. Асосҳои назариявии ин таълимотро олими соҳаи дин Ибни Таймӣ дар асри XIV пешниҳод намудааст. Асоси ғоявии Салафияро муборизаи яроқнок бар зидди “кофирон” ташкил медиҳад.

        “Ҳизб-ут-таҳрир” фаъолияти зидди қонунӣ дошта, бо ҳар роҳ тавонистааст бисёр ҷавононро ба тарафи худ ҷалб намояд.Набояд Мо ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ шомил гардем ва нагузорем, ки ҳамсолони мо низ фирефтаи чунин ҳаракатҳои номатлуб гарданд.

        Имрӯзҳо дар Осиёи Миёна гурӯҳу ташкилотҳои гуногуни террористӣ ба монанди Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, Ҳаракати исломии Туркистон ва ғайра, ки ба ташкилоти байналмиллалии террористии “Ал-Қоида” ҳамкорӣ доранд, бештар фаъол мебошанд. Чӣ хеле, ки аз гуфтаҳои дар боло зикр шуда маълум гашт ташкилоти террористии “Ал-Қоида” бо “Толибон”, “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон” якҷоя амал мекунанд ва пешвоёни онҳо барои тайёр намудани ҷанговаронаш аз таълимоти Ибни Таймӣ истифода мебаранд.  

         Аксарияти ҷавонони имрӯза бештар бо роҳи осон зиндагӣ карданро фикр мекунанд. Меҳнат кардан намехоҳанд, бо ҳар роҳе мехоҳанд соҳиби маблағи зиёд гарданд ва онро аз каммаърифатӣ, саводу дониш пасти динӣ доштан ва надоштани ягон касбу ҳунар ба ҳар гуна кору амалҳои нозарур даст мезананд. Шахсе, ки соҳибмаърифат аст метавонад мустақилона амал намуда, роҳи дурусти зиндагиро интихоб намояд. Инчунин барои ислоҳи камбудиҳои худ кӯшиш намуда, худро тарбия намояд.

Ҷамбасти фикрм хонандагон аз тарафи муаллим.

         Оре, шахсе, ки соҳибмаърифат аст, метавонад мустақилона амал намуда, роҳи дурусти зиндагиро интихоб намояд. Роҳи дурусти ҳаётро бояд ҳар як шахс аз даври мактабӣ интихоб намояд. Дар интихоби дурусти роҳи зиндагӣ ба фарзанд аксар падару модар бетараф набошанд. Бетарафи ва бепарвоии аксар падару модар нисбати таълиму тарбияи фарзанд аст, ки бисёр ҷавонон ба ҷинояткорӣ даст мезананд ва баъзе аз онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои бегона шомил мешаванд. Чунин кирдорҳои номатлуби чунин ҷавонон боиси нигаронии аҳли ҷомеа гаштааст.

         Бинобар ҳар яки шумоён бояд дониши баланди илмӣ дошта бошед ва  аз паи касби интихобкардаи худ гашта, меҳнатдӯстиро пешаи худ гардонед. Чӣ хеле, ки президенти кишвар Э. Раҳмон дар баромади худ гуфтаанд:"Ҳамаи мо вазифадорем, ки бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва сулҳу оромии кишвар, бо хотири фардои неку ободии Ватанамон ҳарчи бештар заҳмат кашида, Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонем." Дар ҳақиқат суханони Президенти кишвар дурустанд. Биёед ҳама барои ободу зебо гардонидани Ватани маҳбуби худ ва поку беолоиш нигоҳ доштани он кӯшиш ба харҷ диҳем. Дар ин бора Мавлавии бузург гуфтаанд:

         Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад,

         Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад.

 

Дилшод Набиев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Дипломатические отношения между Республикой Таджикистан и Кыргызской Республикой установлены 14 января 1993 года.

Отношения между Таджикистаном и Кыргызстаном основаны на многолетних узах дружбы и добрососедства.

Осуществляются политические контакты на высшем и высоком уровнях. Президенты двух стран неоднократно обменивались официальными и рабочими визитами.

Развивается политический диалог, для интенсификации которого у стран имеются необходимые механизмы.

Межгосударственный Координационный Совет, Межправительственная комиссия по комплексному рассмотрению вопросов двустороннего сотрудничества, Межправительственная комиссия по делимитации и демаркации таджикско-кыргызской Государственной границы и Совет министров иностранных дел.

На регулярной основе проводятся консультации между руководством и структурными подразделениями внешнеполитических ведомств, Стороны подписали Программу межмидовского сотрудничества на 2021-2022 годы.

Основополагающими документами, регулирующими главные направления сотрудничества, и в которых определены основные принципы двусторонних отношений Республики Таджикистан и Кыргызской Республики, являются подписанные в городе Душанбе Договор об основных межгосударственных отношениях между Республикой Таджикистан и Кыргызской Республикой от 12 июля 1996 года и Договор между Республикой Таджикистан и Кыргызской Республикой о добрососедских и партнерских отношениях от 26 мая 2004 года.

В настоящее время продолжается процесс рассмотрения пограничных вопросов между двумя странами, в том числе вопросов делимитации и демаркации государственной границы, решение которых может придать импульс всестороннему расширению и углублению таджикско-кыргызских отношений.

Страны традиционно тесно взаимодействуют на площадках ООН, СНГ, ШОС, ОБСЕ и СВМДА, активно используют практику взаимной поддержки международных инициатив.

В 2018 году Кыргызстан среди 190 государств-членов ОНН поддержал инициированную Таджикистаном резолюцию ООН под названием «Среднесрочный всеобъемлющий обзор хода проведения Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития», 2018—2028 годы».

Таджикистан поддержал проект резолюции кыргызской стороны «Природа не знает границ: трансграничное сотрудничество— ключевой фактор в сохранении и устойчивом использовании биоразнообразия», принятый в рамках 75-й сессии Генеральной Ассамблеи ООН.

Следует отметить, что по приглашению Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмона 28-29 июня 2021 года состоялся официальный визит Президента Кыргызской Республики Садыра Жапарова в Республику Таджикистан, в ходе которого были приняты ряд двусторонних документов.

Таджикистан исходит из того, что принципы таджикско-кыргызской дружбы и добрососедства, на основе которых народы двух стран издревле жили и созидали, будут и далее способствовать поступательному развитию всего комплекса двусторонних отношений.

Хамидова Н.Ш. – старший преподаватель кафедры иностранных языков

 

 Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолият, муттасил бо хатарҳои ифротию террористӣ рў ба рўст ва бо он муваффақиятона мубориза мебарад. Ибтидои қарни XXI дар ҳудуди Аврупо ва Осиё якқатор амалҳои террористии даҳшатнок гузаронида шуданд, ки боиси марги одамони бегуноҳ гашта. Амалҳои террористии Лондону Париж, нимҷазираи Синай ба қатори мудҳиштарин амалҳои террористӣ дохил мешаванд, ки ба авзои бехатарии тамоми кишварҳо таъсир расонидааст.

Тамоми амалҳои террористии бо ташкил ва роҳбарии гурўҳи ифротӣ ва террористии «ДИИШ» аз Сурия ва Ироқ роҳандозӣ шуда буданд. Боиси ёдоварист, ки як қатор шаҳрвандони ҷавони Тоҷикистон низ фирефтаи гурўҳи ифротию террористии «ДИИШ» шуда, баъди ҳамроҳшавӣ барои ғояҳои дурўғу бофтаи ин ҳаракати террористӣ ҷонҳои худро аз даст додаанд. Давлат ва ҳукумати Тоҷикистон барои пешгирию мубориза бо терроризм чораҳои гуногуни иҷтимоиву – иқтисодӣва сиёсиро роҳандозӣ мекунад.

Таҳлилҳои иттилооти далели он аст, ки синни миёнаи аъзоёни гурўҳҳои экстремистию террористӣто 30 сола мебошад. Ба ақидаи муҳаққиқон, маҳз ҷавонон объекти тарғиботу ташвиқоти гурўҳҳои экстремистию террористӣқарор мегиранд, чунки ҷаҳонбинии илмию дунявии онҳо ташаккул наёфта, таҷрибаи кофии зиндагӣ надоранд. Ҷавонон бо сабаби камтаҷрибагию номуккамал будани дониши илмию дунявиашон дар муқобил бар зидди ин тарғиботҳо хеле оҷиз мебошанд.

Гурўҳҳои экстремистӣ– террористие, ки дар Тоҷикистон амал менамоянд, барои ҷалбкунии ҷавонони мо ба сафи худ аз Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ фаровон истифода менамоянд.

Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бо идеологияи экстремистӣ ва шаклҳои гуногуни терроризм диққати махсус дода, барои амали шудани чорабиниҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ воситаҳои пулию молии зарурӣ ҷудоменамояд.

Дар баробари бурдани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ байни ҷавонон зарур аст, ки корҳо дар самти пешгирии заминаҳои ташаккулёбии шуури экстремистӣ пурқувват карда шавад. Мактаб ва Донишгоҳ яке аз Институтҳо ва воситаи муҳими тарбия ва иҷтимоишавии ҷавонон мебошад ва пешгирии шуури экстремистӣ бояд, ки аз мактаб оғоз гардад.

Ҳар яки мо дар баробари мақомотҳои давлатӣ вазифадор ҳастем, ки дар масъалаи ҳимояи фазои иттилоотӣ ва вазъияти динии ҷомеа нақши худро гўзорем. Шабакаҳои иттилоотии давлатӣ, вилоятӣ ва мақомотҳои ноҳиявӣ, барои пешгирии экстремизм ва терроризм самаранок ва мақсаднок истифода карда шаванд ва ба ин восита муҳити иттилоотии ҷомеа солим гардонида шавад.

Ҷавонон бояд дин, мазҳаб ва низоми илмҳои диншиносиро нағз омўзанд, то ки фирефтаи тарғибчиёни гурўҳҳои экстремистӣ нашаванд.

Аз ин хотир, мо, волидайн омӯзгорон, бояд дар сиришти ҷавонон ҳисси масъулиятшиносӣ, таҳаммулпазирӣ, андешаи солим, маърифати ҳуқуқӣ ва зиракии сиёсиро ташаккул диҳем.

Ҷавонони банангу номус, ки имрӯз дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ доранд, мебояд дастовардҳои дар тӯли чоряк аср бадастовардаи кишвар, Ватану миллати хешро аз ихтилофангезиву дасисабозиҳои душманони миллат ҳифз намоянд.

Мо - аҳли ҷомеа қувваи бузургем, дӯстдори Ватану миллати хеш ҳастем, намегузорем, ки ТТЭ ҲНИ бо дасисабозиҳои худ мардумро фирефтаи худ кунанд.

Ба ҷавонон гуфтаниям, ки фардои дурахшони ин Ватани маҳбуб дар дасти шумост, зиракиро аз даст надихед!

Аюбова Фарида, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 Вода – это то, что всем жизнь нам дает.

Что силы и бодрости нам придает.

Кристально чиста или очень грязна.

В любом состоянье полезна она.

Вода является важнейшим ресурсом для живых существ на земле и от воды зависит жизнь и здоровье всего живого, как человека, так и растений и животных. Вода всегда и везде важна.

Всем известна, что вода – это один из самых важных источников жизни на земле. Эта удивительная жидкость является незаменимым веществом, которое входит в состав всех живых организмов.

Инициативы Президента Республики Таджикистан Лидера нации Эмомали Рахмон внесли ценный вклад в углубление нашего понимания  незаменимой роли воды для жизни на нашей планете.

В своём выступлении Президент Республики Таджикистан Лидер нации  Эмомали Рахмон на международной конференции высокого уровня по Международному десятилетию действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028 годы» отметил важность чистой пресной воды на земле.

На международной конференции, проводимой в сотрудничестве с ООН и другими партнерами, будут разработаны действенные практические шаги по реализации согласованных на международном уровне целей и задач в области водных ресурсов.

22 марта 2018 года, во Всемирный день водных ресурсов, по инициативе Председателя Генеральной Ассамблеи ООН совместно запустили процесс реализации новой Международной декады по воде.

«Мы приступаем к продвижению нового Десятилетия с накопленным в ходе осуществления предыдущих глобальных водных инициатив весьма полезным опытом.

За последние пятнадцать лет в этом направлении мы всесторонне наращивали совместные усилия в рамках реализации таких глобальных инициатив, как «Международный год пресной воды, 2003», Международное десятилетие действий «Вода для жизни, 2005-2015 годы» и «Международный год водного сотрудничества, 2013».

Все это указывает на то, что мы все еще значительно отстаем в практическом осуществлении поставленных задач и целей в области обеспечения доступа к безопасной питьевой воде и санитарии.»

Кроме того, ситуация в достижении устойчивого управления водными ресурсами осложняется из-за негативного влияния изменения климата.

Известно, что глобальное изменение климата отрицательно сказывается на объемах пресноводных ресурсов и их качестве, подвергая, тем самым, различные страны и регионы мира еще большему экологическому стрессу.

Сегодня более двух миллиардов человек в мире испытывают водный стресс.

По расчетам экспертов, к 2050 году эта цифра может вырасти до пяти миллиардов, т.е. составит около половины населения планеты.

В этом контексте тенденции роста населения и потребностей в водных ресурсах ставят перед нами новые комплексные задачи.

Спрос на водные ресурсы в мире растёт ускоренными темпами, что, в свою очередь, вызывает напряженные отношения между отраслями экономики.

Рациональное использование уникальных запасов только высокогорного озера Сарез, которое содержит семнадцать кубических километров воды, даёт возможность долгосрочного и устойчивого обеспечения качественной питьевой водой населения нашего региона.

 

Давайте же воду все будем беречь,

От трат неразумных ее все стеречь.

Иначе может быть закончится вода,

И жизнь на планете затихнит тогда.

 

Хамидова Н.Ш. – старший преподаватель кафедры иностранных языков

 

 

Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Айни замон экстримизм ва терроризми зӯроварӣ ба рушди устувор ва ваҳдати байни миллатҳо дар ҷаҳон таҳдид мекунад. Ин талаб мекунад, ки якчоя кор карда, роҳҳои бартараф кардани онҳоро пайдо кунем.

Экстремизм - (аз калимаи франсузии «extremisme» ва лотинии «extremus») гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст.

Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «terror») маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.

Экстремизм бо дарназардошти характери глобалиаш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бетаъсир намонд. Афзоиши ҳаводиси ифротгароӣ боиси он шуд, ки Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» (аз 8 декабри соли 2003) қабул гардид. Баъдан дар асоси Фармони Президенти ҶТ аз 12 ноябри соли 2016 Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016- 2020 тасдиқ гардид, ки дар он роҳҳои афзалиятноки мубориза ба муқобили ин хатари манфии иҷтимоӣ мушаххас карда шуданд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябр, 8 декабри соли 2014 ва 14 апрели соли 2015 фаъолияти чунин созмонҳои экстремистй мисли «Ал-Қоида», «Ҳаракати Туркистони шарқӣ», «Ҳизби Исломии Туркистон» (собиқ ҳаракати Исломии Узбекистон), «Ҳаракати Толибон», «Бародарони мусулмон», «Лашкари Тойиба», «Гурӯҳи исломӣ», «Ҷамъияти Исломии Покистон», «Ҷамоати таблиғ», ташкилоти динй-миссионерии «Созмони таблиғот» ва «Тоҷикистони озод», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Салафия», «Ҷамоати таблиғ», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҷабҳат Ан- Нусра», «Гурӯҳи-24», Ҳизби назҳати исломи Тоҷикистон ғайриқонунй эълон карда шуда, фаъолияти онҳо дар қаламрави кишвар манъ карда шудааст.

Сабақи ҷанги шаҳрвандии кишварамон бори дигар ҳамаи моро тақозо менамояд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон минбаъд зиракии сиёсиро аз даст надода, дар атрофи Пешвои миллат, сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гарданд ва баҳри ободию шукуфоии Ватани маҳбубамон талош варзанд.

Тоҷикистони зи ҷон ширинтарам,

Тоҷикистони ҷавону дилбарам.

Мисли тифле дӯст медорам туро,

Аз ту ояд бӯйи шири модарам.

Аюбова Фарида, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

После распада Советского Союза Таджикистан наряду с другими странами обрел независимость, но противодействие сторон, рост преступности, борьба эгоистичных политиков за власть, регионализм втянули нашу страну в войну. Объясняя основные причины гражданской войны, Президент страны Эмомали Рахмон отметил, что «открытая борьба за власть, попытки добиться ее посредством беззакония, насилия и антидемократии, разделили общество и привели к бессмысленной братоубийственной войне».

В результате боевых действий и беспорядков мы понесли огромные потери жизней и имущества. Материальный ущерб от братоубийственной войны составил более 10 миллиардов долларов США, а непоправимая потеря людских ресурсов - 150 тыс. мирных жителей. В результате 55 тыс. детей стали сиротами, и 25 тыс. женщин остались без кормильцев.

Война на долгие годы замедлила темпы роста экономики нашей страны и привела к увеличению числа таджикских беженцев за рубежом. Кроме того, из страны выехали ведущие специалисты в области медицины, экономики, права и других сфер деятельности.

В то время Правительство не могло выполнять свои задачи, что привело к росту преступности и бедности. Бывшая Кулябская область находилась в экономической и транспортной блокаде, остро испытывая нехватку хлеба, продуктов питания, транспорта и топлива. В городе Душанбе люди ждали в очереди с утра до вечера, чтобы приобрести хлеб. Им выдавалось определенное количество хлеба. СМИ в то время освещали только траурные процессии по погибшим, что привело к постоянному чувству паники и страха у населения.

Политическая ситуация в стране была тревожной: иностранные наемники за вознаграждение вместе с некоторыми из наших заблудших граждан сражались против таджикского народа. Ситуация на таджикско-афганской границе стала напряженной. Через границу переправлялись террористические и религиозные экстремистские группировки.

В этой ситуации с целью стабилизации общественно-политической и социальной ситуации в стране 16 ноября 1992 года во Дворце Арбоб в Худжанде состоялась XVI сессия Верховного Совета Республики Таджикистан. С самого начала новоизбранный Председатель Верховного Совета Эмомали Рахмон на данной сессии провозгласил политику мира: «Национальное примирение так же важно для страны, как вода и воздух. Только благодаря единству и взаимопониманию мы можем защищать и поддерживать независимость страны и укреплять единство народа республики. Конец всех войн - это примирение. Подстрекательства со стороны враждебных сил приводят к вспышкам гнева, недопонимания между братьями. Сегодня Таджикистан вступает в новый этап. Каждый его гражданин, имеющий честь и достоинство, должен заботиться о будущем своих детей, государства и нации в этом сложном мире».

Такими планами, намерениями и, самое главное, поддержкой интересов народа Председатель Верховного Совета Эмомали Рахмон завоевал любовь и доверие общества.

Активные и плодотворные действия Главы государства по мирным переговорам, возвращению беженцев, прекращению военных действий и кровопролития, восстановлению армии и других правоохранительных структур, разоружению незаконных вооруженных формирований, обеспечению населения продовольствием, разъяснению идей о заключении мира и национальном согласии вселили веру в мирное и счастливое будущее.

В 1996 году, накануне подписания Общего соглашения об установлении мира и национального согласия в Таджикистане, Президент Эмомали Рахмон отправился в Афганистан, где гражданская война продолжается уже много лет, чтобы встретиться с бывшим лидером вооруженной оппозиции.

Благодаря приложенным усилиям Президент смог репатриировать таджикских беженцев. В целях стабилизации политической ситуации освободил от уголовной, дисциплинарной и административной ответственности лиц, совершивших преступления и незаконные действия в период с 27 марта по 25 ноября 1992 года. В то же время Глава государства Эмомали Рахмон предложил бывшей оппозиции интегрироваться в государственные структуры, решив тем самым проблемы путем примирения и восстановления мира в нашей любимой стране.

Фактически, именно высокая предусмотрительность нашего Президента Эмомали Рахмона и бывшего лидера оппозиции Сайида Абдулло Нури привели к подписанию 27 июня 1997 года в Москве исторически важного мирного Соглашения, что заслуживает высокой оценки. Это мудрое и благородное дело, которое привело к миру и счастливой жизни сегодня, вписано золотыми буквами в историю таджикского народа.

Дата - 27 июня 1997 года - вошла в историю как новая эра в становлении государственности Таджикистана. Данное мирное Соглашение Таджикистана было признано Организацией Объединенных Наций уникальным опытом. Завершение войны за короткий промежуток времени вновь свидетельствует о настойчивости и преданности Родине, высоком менталитете и культуре таджиков, патриотизме и ответственности нашего Президента Эмомали Рахмона.

После достижения национального единства была восстановлена конституционная структура государства. Созданы Маджлиси Оли Республики Таджикистан и Маджлиси намояндагон, национальная армия и пограничные войска. Увеличилось число женщин-лидеров в стране. Завершено строительство новых внутренних и внешних дорог и грандиозных электростанций, современных учебных заведений. Таджикистан неуклонно продвигается по пути светского и демократического развития государства. Совместные предприятия, современные здания, развитие энергетики, существование различных политических партий и неправительственных организаций являются признаком того, что мир и единство в стране создали благоприятные условия для развития всех секторов экономики.

Нам необходимо свято чтить великое дарование быть суверенным государством и беречь мир и спокойствие в нашей стране. Пусть весь мир узнает об уникальных достижениях нашего миротворца. Потому что хорошо известно, что все еще есть народы и нации, которые не имеют независимого национального государства, несмотря на то, что у них есть великие дети - борцы. Вот почему национально-освободительная борьба в современном мире продолжается, и тысячи людей погибли на этом пути.

Мы гордимся тем, что Указом Президента Таджикистана 27 июня был объявлен национальным праздником. Этот праздник символизирует мир, взаимопонимание и благосостояние общества и способствует духовному и экономическому возрождению страны, нашей общей ответственности за настоящее и будущее Таджикистана.

Хамидова Н.Ш. – старший преподаватель кафедры иностранных языков

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Сулҳу оромӣ яке аз неъматҳои бузурги инсонӣ мебошад. Ҳаёти осуда, рушди ҷомеа ҳама ба ин неъмати бузург вобаста аст. Ҷиҳати ба даст овардан ва пойдор нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо қаҳрамонфарзандони ин сарзамин ҷони худро сипар кардаанд. Танҳо месазад, шукронаи ин рӯзгори ободро намоему ба Ватани азизу маҳбуб дар хидмат бошем.
Мусаллам аст, ки мо дар асри техналогияи муосир зиндагӣ дорем. Нафаре нест, ки аз интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ истифода набурда бошанд. Ҷавононе ҳастанд бо ёрии истифодаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ тиҷоратро ба роҳ мондаанд, таҳсил мегиранд ва таҷриба омӯхта барои пешрафти халқу Ватан ҳиссагузор шуда истодаанд. Мутассифона нафароне ҳам ҳастанд, ки аз ин имкониятҳо дуруст истифода бурда наметавонем.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҳар гуна андешаҳои ботилу ғаразнок аз ҷумла ақидаҳои поки дини исломро ниқоб карда осоиштагии Ватани маҳбубамонро халалдор месозанд. Ин қабил ифротгарон аз ҷумлаи шайотин ҳастанд, ки бо истифодаи найрангҳои пасипардагии худ манфиатҳои худро ба даст меоранд, ҳамчунин ҷавонони ноогоҳро ба доми худ мекашанд. Боиси нигаронист, ки аз зумраи гумроҳшудагон ҷавондухтарон низ зиёд мебошанд. Имрӯз интернетро ба дарвозаи бозе шабоҳат додан мумкин аст, ки инсонро ба ҷаҳони пуртаззод мебарад. Кас метавонад бо воситаи интернет ба андешаҳо, фарҳангҳо, расму оинҳо бархурди ақидаҳо дучор шавад. Ин раванд инсони ноогоҳро ба мағзшуӣ, оварда расонида, аз фарҳангу тамаддуни аслии хеш ҷудо созад.
Ҷаҳон дар муборизаи иттилоотию идеологӣ қарор дошта, аз ҳар инсони огаҳ зиракии сиёсӣ, фарҳанги баланди истифодаи шабакаҳо ва мавқеъгири устуворро ба манфиати халку миллат тақозо менамояд.
Ҳар як ҷавони бонанги кишварро ки аз шароити беҳтарини кори зиндагӣ бархурдор аст месазад то андешаю фаъолияти худро дар роҳи манфиат овардан ба миллати азиз ва халқи шарифи Тоҷикистон масраф намояд. Дӯстори Ватан ва пайрави арзандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошад.
Бузурги насли имрӯзи давлати соҳибистиқлол-Тоҷикистони азизро зарур аст, дар ҳама аъмол намуда буда, зиракии сиёсӣ аз ҷумлаи истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро зери назорати мафкуравии худ қарор бидиҳад, зеро ҳифзи сулҳу осоиштагии кишвар рисолати бузург маҳсуб меёбад.
Тоҷибой Бойматов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд 

Оромиву суботи ҷомеа, амният ва осудагии шаҳрвандон беҳтарин дастовардҳои  Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб ёфта пойдориаш ба ҳар як фарди бонангу ораш тавъам аст. Лек хело афсўсовар аст, вақте пайдо мешаванд шахсони алоҳидае, ки суботи  ҷомеаро бо амалҳои  худ  доғдор намуда,  оқибати аъмоли  касеву  худро  намеандешанд.

Мутаассифона,  дар тўли солҳову  қарнҳо зуҳуроти манфиатҷўи ва мансабталошии афроди  ҷоҳилу бехирад ва сангдилу  бераҳм, яъне ноҷавонмардонаю разилонаю ваҳшиёна куштани  одамону ғорату арзишҳои  илмию фарҳангии инсоният кам нагардида, баръакс шаклу намудҳои наву  разилонатаре  ба худ мегирад.

Дар давлатҳое, ки ҳизбу гурӯҳҳои исломӣ фаъолият мекунанд, гирдоби шадиди мухолифату парокандагӣ, адовату душманӣ вуҷуд дорад. Дар ҳоли ҳозир мухолифати байниҳамии равандҳои исломгаро зиёд шуда, эътироз бар зидди аъмоли ба амнияти ҳар миллату давлат таҳдиддошта рӯз ба рӯз афзун мегардад

Дар кишварҳои исломӣ ҷанг то ҳадде маскан карда, ки орзуву умеди халқро барбод дода, дар дили мардум яъсу ноумедӣ меорад. Ҷанг дар кишварҳои исломӣ то рафт зиёд шавад ҳам, ҳаракатҳои исломӣ байни худ муттаҳид нестанд, ҳамдигарро чашми дидан надоранд. Яке аз сабабҳои асосӣ дар он аст, ки гурӯҳҳову созмонҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ вазъиятро ноором мекунанд ва байни худ мухолифат доранд. Онҳо на барои пок нигоҳ доштани ислом, балки исломи покро танҳо барои мақсаду мароми худ истифода мебаранд ва аз ислом суистифода мекунанд.

Имрўз шукр аз он дорем, ки Ватани азизамон Тоҷикистон ободу зебо гардида, мардумаш хушу хуррам ва осуда зиндагӣ доранд. Бо иқдомҳои пайгирона ва сиёсати хирадмандонаи сарвари давлат дар кишварамон як қатор иншооти стратегӣ, аз қабили шоҳроҳҳо, нақбҳо, роҳҳо, нерӯгоҳҳои барқии обии хурду миёна, қасрҳои фарҳангӣ, боғу гулгаштҳо таъмиру тармим гаштаву сохта ба истифода дода шуда, ба тамоми минтақаи  Тоҷикистони азиз ҳусни тоза зам намудааст.  Ин шаҳодати он аст, ки ватандӯстону хештаншиносон бо тамоми ҳастӣ барои ободии ин мамлакат талош доранд. Аммо бархе мухолифон миллати мо талош доранд, ки барои манфиати худу дигар носипосон ин дастовардҳоро тороҷ намоянд.

Таасуфовар он аст, ки имрӯз бархе аз ҷавонони моро бо роҳи фиреби иғво ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротию иртиҷои гаравида истодаанд ва афкори эшонро бо ҳар гуна беҳудагӯиҳо бо исми дини мубини Ислом вайрон намудаанд.  ҷавонони гумроҳшуда намедонад, ки шахси солимақл, соҳибистеъдод ифтихори оила ва саодатмандии кишвар, баръаксии ин, яъне шахси ифротгаро доғи дили падару мадарон, дарди ҷомеа, омили низоъ ва фитнаҳои навбатӣ мебошанд.

  Мутаассифона, онҳо бо чунин ҳаракати бемаънояшон  қурбони бозингарони бузург ва душманони Тоҷикистон мегарданд. Сабаби дигари ҳамроҳшавии онҳо дар он аст, ки сатҳи пасти саводи динӣ доштан дар оила,  дар бисёр мавридҳо миёни оддитарин масъалаҳои байни хурофоту дин, ақидаҳои ботилу ҳақ фарқ гузошта надоштани ўнатавонистани онҳо мебошад.

Мо ҳамеша огоҳ бошем, ба ҷавонон ва шахсони гумроҳ таъкид намоем, ки ба хотири ваъдаи ночизи бегонагон амал карда, ҷони худу наздиконатонро ба гирдбоди ғаму андӯҳ напартоед ва дар байни халқ худро шарманда насозед.

Дилшод Набиев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти масъалаҳои муҳими сол ва дурнамои соли минбаъда суханронӣ менамоянд, ки дар оғози ҳар Паём пеш аз баррасии вазъи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, вазъи мавҷудаи байналмилалӣ ба таври мухтасар баён мегардад. Зеро вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла давлатҳои исломӣ аз нигоҳи амният хеле муташанниҷ буда, таъсири он ба тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла давлати мо истисно намебошад.

Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама минтақаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, терроризм ва экстремизм мебошад, ки боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст. Ҳарчанд падидаҳои ҷойдошта мавҷуди ин аср нестанд, вале дар баробари асри нав симои навро ба худ гирифта, моҳияти онҳо шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кардааст.                   Имрӯз ва дар оянда низ терроризм ва экстремизм ҳамчун хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд намуда истодааст, тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб мекунад. Барои мисол, дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ ва экстремистӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шуданд. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоиштаи сайёра, алалхусус қисми осебпазири ҷомеа занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мегардад.

Терроризм худ падидаи номатлуби ҷомеаи навин буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори инсон, ба гаравгон                         гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои гуногуни истеҳсолӣ ва маишиву фароғатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни нақлиётӣ ва амсоли инҳо дониста мешавад. Экстремизм бошад, хислати ҷӯдоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро доро буда, бо терроризм алоқаи ногусастанӣ дорад. Бо тарзи дигар, мақсад ва оқибати экстремизм ин терроризм аст. Вале дар умум чунин баҳогузорӣ мебояд намуд, ки ҳарду ба истилоҳ комилан хатари калони парокандагиву бесарусомониро доро буда, оқибати басо нанговар доранд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳаракатҳои террористӣ дар миқёси олам гуногун буда, онҳоро асосан ду унсури умумӣ бо ҳам муттаҳид мекунад: аввалан, онҳо барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва суст намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ равона гардида ва дигар ин, ки ин ҳаракатҳо дар байни аҳолӣ ҳиссиёти тарс, оҷизиро ба вуҷуд меоваранд. Тибқи Фасли 8, Боби 21 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноятҳо ба муқобли амнияти ҷамъитӣ аз моддаҳои 179 то 180  пешбинӣ менамояд. Тибқи моддаи 179 Кодекси мазкур мафҳуми “терроризм”-яъне содир намудани таркиш, сӯхтор, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон ё дигар кидор, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад,агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, фаъолияти мақомоти ҳокимияти далатӣ ва сохторҳои низомӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо фаҳмида мешавад.

Дар тафсири Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, мақсадҳои терроризм чунин шарҳ додашудааст: “Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидаи одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ буда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист. Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткоронро дар маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ мебошад, ки ба манфиати онҳост ва ё бо мақсади резонидани обрӯ ва манзалати мақомоти давлатист”.

Мутаассифона дар натиҷаи чунин амалиёти террористии бо номи исломиён шумораи зиёди аҳолии бегуноҳ ба ҳалокат расида, нисбат ба дини мубини ислом ҳисси бадбинии мардуми ғайримусулмонро ба вуҷуд оварда, барои пешрафти давлатҳои мусулмонӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод намуда истодааст. Паёмадҳои амалҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва террористӣ бешубҳа на ба манфиати башарият ва на ба манфиати халқҳои мусулмони дунё мебошад. Хисороти моддию маънавӣ дар натиҷаи содир намудани амалҳои террористӣ низ беҳисоб аст.

Дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон ва дар замири ҳар як шахси ба ин гурӯҳҳо ва ҳаракатҳо пайвастшаванда ақидаи гурӯҳи аввали олимони ҷомеашинос мувофиқ меояд, чунки маҳз ҷанбаҳои иҷтимоӣ дар зиндагӣ ва сатҳи нопурраи тафаккури маънавӣ ба ин роҳ шахсро водор месозад.

Ҳамзамон, муҳаққиқон зимни муайян намудани сабабу омилҳои таъсирпазири падидаҳои зикргардида, навъҳои гуногуни терроризм ва экстремизм, аз қабили терроризми сиёсӣ, динӣ, зидди ҷаҳонишавӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, миллатгароӣ, ҷиноӣ, биологӣ, кибернетикӣ ва ғайраро муайян намудаанд, ки терроризму экстремизми диниро дар замони муосир аз ҳама беш хавфнок ва мушкилофар барои аҳли башар маънидод намудаанд. Ба ақидаи аксар олимон низ экстремизм дар дин бештар хусусияти ҷалбнамоиро созгор мебошад ва он дар тамоми гӯшаву канори олам ба мушоҳида мерасад.

Зеро дар бисёр мавридҳо ба назар мерасад, ки ифротгароён дар зери шиорҳои динӣ баромад намуда, аз номи дин ҳарф мезананд ва амалҳову аъмоли худро аҳкоми динӣ мешуморанд, ки ин пеш аз ҳама, ба хотири сӯистифода аз шуури динии мардум равона гардида, ҳеҷ рабте ба арзишҳои динӣ ва аҳкоми он надорад. Яъне, ин амалкард ва рафтори барғалат боз ҳам аз бединию хоинӣ ва ақоиди пасти чунин гурӯҳҳо дарак медиҳад.

Чуноне ки сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пайваста иброз медоранд, “терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест, яъне террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”, гувоҳӣ он аст, ки ин амалҳои номатлуб рабте ба ягон дин ва аҳкоми он надоранд.

Аз ин рӯ, ҳар як фарди соҳибшуур ва бомаърифати ҷомеа, махсусан ҷавононро, ки қисми асосии ҷамъиятро ташкил медиҳанд месазад ба ин афкори барғалати чеҳраҳои сиёсии ноаён фирефта нашаванд, дар ҷустуҷӯи омӯзиш, аз барнамоӣ ва ғанигардонии маърифати ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии хеш бошанд, то дар таҳкими суботи комили сиёсии Тоҷикистони азиз поягузор бошанд. Чунки суботу амнияти Тоҷикистон, устувории ҷойгоҳи Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ва амнияту осудагии марзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар яки мо арзиши муҳим ва калидӣ дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои ҷаҳон бо ин зуҳуроти номатлуб мубориза бурда, талош менамояд, то ки аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо ҷилавгирӣ намояд. Вобаста ба ин ва баҳри тадбиқи сиёсати давлатӣ дар ин самт, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва зерқонунӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд, ки бо мақсади таъмини ҳифзи амният, шаҳрвандони он ва дигар шахсони дар қаламрави он қарордошта, аз таҳдиди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), тадбиқи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, барҳам додани таҳдиди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) дар қаламрави кишвар, ошкор намудан, аз байн бурдан ва пешгирии сабаб ва шароитҳое, ки боиси ба миён омадан ва паҳн шудани терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) мегарданд, инчунин рафъи оқибатҳои ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, равона гардидаанд.

Шарипова Мадинахон, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд