ТАНГЧАШМОНИ ТАНГНИГАР

Марди жӯлидамӯ, кӯҳанпӯш, ки дар пойҳояш  ҳатто пойафзол надошт, дар канори саҳрои тасфони домони деҳаи Чилгазӣ малулхотир нишаста буд. Аз куҷое марди болоқад савори аспи саманд наздаш пайдо шуд ва чанд дақиқа болояш сукут кард ва аз ҳоли мард пурсон шуд. Ӯ канда - канда бо забони қирғизиву ӯзбекӣ вазъияташро фаҳмонд. Айён шуд, ки муҳоҷир асту аз шаҳри дур омадааст, то қути лоямуте ёбад ва худрову фарзандонашро, ки дар маҳаллаи Равот муваққатан  сукунат дорад, аз марг наҷот диҳад. Ҳиси раҳм боло гирифт ва мард ӯро ба хонааш даъват кард, меҳмондорӣ намуд ва таклиф кард, ки ҳамроҳаш ба боғдориву чорводорӣ машғул шавад. Мард ваъда ҳам  дод, ки дар саргаҳи замин хона ҳам бунёд карда медиҳад. Ҷавонмарди қирғиз, ки Юлдош ном дошт, аз ин таклиф  хушҳол шуда, бо андаке савғои  дӯсти ғамхори тоҷикаш сӯи наздиконаш  рафт ва чанде нагузашта бо оилааш ба назди хонаи марди маҳаллӣ кӯчид.  Фарзандонашро ба мактаби деҳа дод, ҳамсараш корҳои рӯзгордоиро аз бонуи хонадони дӯсти тоҷикаш ёд гирифт. Худаш ба кори деҳқониву чорводорӣ паҳлӯ дар паҳлӯи фарзандони тоҷикаш софдилона саъй варзид. Аз байн солҳо гузаштанд, чанд сад қирғизоне, ки бо нияти чорводорию деҳқонӣ  барои кор ба заминҳои оилаҳои тоҷикон омада буданд, ҳамагӣ аз қитъаи Равот, ки заминҳои меросии мардуми тоҷик буд, соҳиби замину хонаву дар шуданд. Азбаски давлати шӯравӣ ҳукмрон буд, касе ҳатто фикр ҳам намекард, ки рӯзе ин пораи замин ва дигар заминҳои дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Рашт, Ҷиргатол буда ба Ҷумҳурии Қирғизистони ҳамсоя мегузарад.  “Юлдоши қирғизи тоҷикшудаи мо” ҳамин тавр мегуфтанд, хонадони амаки Абдунабӣ – саркор пас аз ду сол мисли дигар қирғизони соҳибиқбол соҳиби хонаву дар гардиданд.  Пайвандии хонадон ба ҳадде мустаҳкам гардид, ки онҳо бе якдигар обе ҳам наменӯшиданд. Фарзандони Юлдош дар беҳтарин муассисаҳои олии касбии шаҳри Фрунзе ҳозира (Бишкек) савод ва касб омӯхт. Дар ин миён ҳам Юлош ва ҳам дӯсти тоҷикаш, саркори номии хоҷагии “Боғистон”  Абунабӣ саркор бо амри тақдир ин дунёро тарк гуфтан. Бо рафтани онҳо риштаҳои дӯстии пайвадони тоҷику қирғиз ҳам оҳиста канда шуд.

Азбаски аксари заминҳои ҷамоати деҳоти Чилгазӣ корам асту дар гардиши кишоварзӣ қарор дорад, роҳбарияти шаҳр 15 сол пеш аз сарҳади байни тоҷикону қирғизон барои мардум қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо намуданд. Наздики сад хоҷагӣ манзил бунёд карда он ҷо кӯчиданд.  Аммо дар тӯли ин солҳо ҳоли онҳо хеле ва хеле табоҳ аст. Зеро мардуми “таҳҷоӣ”, онҳое, ки замоне подабон буданду ҷои зист надоштанд, бо гузашти анқариб панҷоҳ сол имрӯз даъво мекунанд, ки ин ҷо макони онҳост. Тавре Сайфуллоҷон фарзанди Абдунабӣ саркор мегӯяд мо худи забонкӯтаҳ барин бо онҳо муомила мекунем. Сари чанд вақт аз пушти об, ҳезум, чаронидани мол бо ҳам вориди баҳс мешудем.  Чархи гардонро бубинед – мегӯяд Сайфуллоҷон- қирғизоне, ки замони аз лӯлӣ бадтар зиндагӣ мекарданд, соҳиби заминҳои калони обию чарогоҳӣ ҳастанд ва баъзе аз модарону хоҳарони мо, ки имрӯз ба мардикорӣ шуғл меварзанд бар ивази 60 – 70 сомонии кори рӯзбайъ хонаю дари онҳо мерӯбанд, ҳатто ҷомашӯи мекунад. Косаи сабри сокинон лабрез буд, ки шаби 15 сентябр як гурӯҳ аз аскарон бо ҳамроҳии сокинон ба маҳалла шабехун зада, хонаҳои моро оташ заданд ва бо танку тӯп онҳоро ба замин яксон карданд, ки миёни онҳо набераи Юлдошамаки қирғизи тоҷикушуда ҳам буд. Охир чӣ тавр алам накунад, дар як вақти кӯтоҳ се нафар аз ҳаммалаҳоро, ки риштаи дӯстӣ доштан аз даст додем, ман ва аҳли оилаам бо ҷумлаи наздик ба 16 нафар бесарпаноҳ мондем. Ҳатто ҳуҷҷатҳо ва як миқдор пуле, ки ба нияти тӯй захира карда будам, дар оташ сӯхта нобуд шуд. Ҳоло ҳайронам корро аз чӣ шурӯъ намоям. Ҳамаи аҳли хонадон дилмонда, дубора хоҳиши баргаштан ба мавзеи “Дӯстӣ” надоранд. Аз амали ноҷавонмардонаи аскарону сокинони қирғиз чунин хулоса баровардан мумкин:  Ба нафаре, ки рӯзе некӣ кардем, имрӯз моро аз поямон меқапад. Магар аз ин ноодамӣ бадтар чизе ҳаст.

ДИЛИ ОДАТ КАРДА БАЛОИ ҶОН

Ба назар чунин менамояд, ки қирғизон хӯйи хунхуриашон, ки омад зуд монанди саг арғамчини дар гарданашонро бударо бо дандон хойида новобаста ба фармони соҳибонашон сӯи издиҳоми бегуноҳ бо нияти газидан медаванд. Ҳодисае, ки санаи 14 сенябр дар минтақаи КЕХ-и ҷамоати деҳоти Ворух рух дода, айнан чунин ҳолро мемонад. Вақте онҳо ба сӯи сарҳадбонони мо тир мекушоянду ду нафарро ба марг расонида 5 нафарро ярадор месозанд, дар посух ҷавоби сазовор мегиранд. Аз ин ҳолат қумандоҳои бадхашми қабилаи манқуртон лашкари зиёдеро, ки қаблан тарҳрезӣ карда буданд зиди мо мешӯронанд. Онҳо гумон доштанд, ки сарбозони далеру шуҷои мо дар ғафлат мемонанд, аммо тирашон хок хӯрд.  Бо иродаю қувваи сарҳадбонони мо истодагарӣ накарданд. Аҷибаш он аст, ки худ ҷангро оғоз бахшида, аз тамоми воситаҳои ахбори оммаи кишвар ва ҳатто тавассути минбари расонаҳои Русияву Қазоқистон Тоҷикистонро ба шурӯи низоъ муттаҳам намуда, даҳонашонро пур карда се нафар қирғиз ярадор шуд гуфтанд. Ҳол он ки ҷониби Қирғизистон чанд ҳафта пештар ба ин ҷанг омодагӣ дида, сокинони осоиштаро ба ҷои бехавф кӯчонида буданд. Мувофиқи нақша онҳо ҳамларо дар ҳамаи нуқтаҳои сарҳади якбора шуруъ намуданд. Низоъ дар шаҳру ноҳияҳои Исфара Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов бештар шуд. Аз ин ҷанги хонумонсӯз бештар аҳолии осоиштаи мо, ки ҳаргиз ба бераҳмии қирғизон бовар надоштанд, бештар шуд.

Маҳмудҷон Акрамов, сокинони деҳаи Хизтеварз зимни суҳбат иброз дошт, ки ба миллати қирғиз дӯстӣ нашояд. То нисфирӯзӣ бо ту дӯстӣ мекунад ва аз аҳду вафо сухан мекунад, пас аз нисфирӯзӣ бо ту душманӣ. Ҳоло соле ҳам сипарӣ нашудааст, ки бо роҳнамоии Раиси вилоят дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ширкати раисони шаҳру ноҳияҳо маъракаи оши оштӣ доир карда шуд. Хурду бузурги қирғиз, ки пешопешашон оқсақолон низ зиёд буданд, даст ба оғӯш гирифта гузаштаро саловот гуфта, аз сулҳу салоҳ, одаму одамгарӣ сухан карданд, аммо ба аҳдашон наистоданд.

                   ИФТИХОР АЗ “БАЙРАҚДОР”- И ТОҶИККУШ

Дар яке аз сомонаҳои бонуфузи мусалмонии ҷаҳонӣ Сарвари давлати Туркия Раҷаб Тайиб Эрдоганро дар қатори 10 мусалмони беҳтарини олам гузоштаанд. Сабаб он ки ӯ ва аҳли хонаводааш 5 вақт намозро тарк намекунанд ва либосҳои фохираи аврупоӣ намепӯшанд. Ӯ корро аз дуои модар оғоз карда, дар як худи шаҳри Истанбул бо қувваи давлат ва Ҳукумати Туркия зиёда аз 100 масҷидҳо азнавсозӣ карда шуданд. Аммо ин рақам хушҳолкунанда аст ва кас аз ин амали Президент васф мекунад. Аммо Раҷаб Тайиб Эрдоган дидаву дониста, ки баҳсҳои марзӣ байни тоҷикону қирғизон сол аз сол авҷ мегирад, ба хотири тоҷиккушӣ ду самолоёти бесарнишини қиркунандаро ба Қирғизистон дод. Дурӯғ аст, ки онро ба арзиши 60 миллион доллар фурӯхта бошад.

Аз ин силоҳи муосири қиркунанда ҳарбиёни қирғиз истифода бурда, пас аз сулҳи оташбас ба сӯи намозгузорони сокинони Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача оташ кушоданд. Ҳосили ин  ҳодисаи гӯшношунид, бераҳмии махсуси бедилу бединон марги 10 намозгузоранда гардид.  

Як рӯз пеш аз ин фоҷеа пас аз сулҳи оташбас  5 узви як хонадони Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз зарби снаряди қирғизони лаъин ҷароҳати вазин бардошта, ҳини интиқол ёфтан ба беморхонаи марказии шаҳри Исфара дар канори деҳаи Чорқишлоқ ҳадафи снаряди қирғизон гашт. Дар натиҷа 5 узви як хонадон, ки миёни онҳо ду навраси 5 ва 7 сола, модари ҳомиладор ҳам буданд, ҳамроҳи духтур ва ронанда ҷон ба ҳақ супориданд.

Раиси Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Ҷаппаров бошад, дирӯз аз минбари баланди Созмони Миллаи Муттаҳид шарм надошта, қайд намуд, ки мардуми қирғиз ба ҳеҷ ваҷҳ ҷониби Тоҷикистон оташ намекушоянд ва саркардаҳои ҷанг тоҷиконанд.  Магар чунин баҳогузории роҳбари як давлат, ки дар сӯҳбати хос ба тоҷикон “эҳтиром” меварзаду аз чунин як минбари баланд тоҷикро қотил, душмани ғаддор мешуморад, метавон дӯстӣ варзид. Ҳаргиз.

НОН МЕХУРЕМУ БА НОН ТУФ НАХОҲЕМ КАРД

Миллати тоҷик дар масири дуру дарози ватандории хеш борҳо ҷабри таърихро кашида,  чун миллати соҳифарҳанг ва соҳибхирад будани хешро бо аламу қалам собит намудааст. Миллати тоҷвари моро имрӯз боз як имтиҳони таъриху тақдир дар пеш аст. Аҳримансифатону манқуртони давр, ки тинҷиву осоиштагӣ барояшон мусибат ҳасту ҷангу нооромӣ мояи шодмонӣ, имрӯз табли шодӣ мезананд ки ба мақсадҳояшон расиданд. Аммо онҳо заррае андеша надоранд, ки тадбири роҳандозӣ кардаашон   моро боз ҳам дар атрофи идеяи миллӣ, ғояҳои давлатдории навини тоҷикон таҳти роҳбарии Сарвари давлатамон муттаҳидтар мекунад. Худ бубинед имрӯз ҳазорон - ҳазор родмардони Ватан, онҳое ки ҳар ваҷаб хоки меҳанро марзи номус медонанд омода ҳастанд паҳлӯи афсарону аскарон бошанд. Миллати мо аз азал танҳо тинҷиву оромиро мехост, аммо агар зарурат пеш ояд ҳазорҳо Рустаму Сӯҳроб, Исфандиёри руитанро барои дифои Ватан таваллуд мекунанд. Ҳоло фурсате даррасида ки мо ақлу заковат ва некбинии худро нишон диҳем. Онҳое ки ба сӯи сокинони осоишта, дабистон тир холӣ кардан, аз табори одам нестанд. Чеҳраи маҳзуни модарон, садои гиряи кӯдакони бегуноҳ, ки паи таълим ҳастанд, пешорӯи мақсадҳои нопоки манфиатхоҳон ҳеҷ аст. Магар ҳамсоягони мо, ки тӯли садсолаҳо аз мо маданияти заминдорӣ, рузгордорӣ омӯхтан бо чунин шева бароямон ҷавоб мегӯянд. Куҷост қадри ҳамсоягӣ, куҷост қадри одамӣ. Ҷанг дар ҳама давру замон фарҷоми хуб надорад. Ба ҷузъ аз чанд "қаҳрамон". Пас аз оқсақолони рузгордидаи ҳамсоякишвар даъват ба амал меорем, ки вақти сари оши оштӣ менишинанд, ба қадри нону обу якҷояхурда расанд. Вагарна қаҳри  Худованд низ меояд. Мо миллати воҳидем ва ҷабри таърихро бисёр дидаем. Нон хӯрда ба нондон туф намекунем.

 Абдусабури Абдуваҳҳоб, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд 

 

Ин навбат қаҳрамони саҳифаи “Созандагони Ватан”-и нашрияи мо  ҷавони ватандӯсту меҳанпараст, яке аз мутахассисони пешсафи Суғдзамин  Исфандиёр Рофиев аст. Гуфтан ба маврид аст, ки маҷмӯи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ҳаёти ҷомеа пеш аз ҳама  инъикоси равшан ва воқеии худро дар фаъолияти ҷавонони кишвар пайдо мекунад. Зеро ҷавонон қувваи таъсиргузори ҷомеа маҳсуб меёбанд.  Дар ҳама давру замон ҷавонони тоҷик парчамбардори давлату миллати хеш буда, чун нерӯи ояндасоз дар фазои сиёсии кишвар мавқеи сазовор доранд.

Дар радифи чунин ҷавонони парчамбардору меҳанпараст метавон Исфандиёр Рофиев ном бурд.  Мавсуф  16 феврали соли 1999 дар ноҳияи Деваштич дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Хатмкардаи мактаби №53-и “Истиқлол”-и шаҳраки Деваштич мебошад. Идомаи таҳсилашро дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд дохил шуда, онро бо тахассуси муҳандис-механик аз рӯи ихтисоси “Хизматрасонии автомобилӣ” хатм кардааст. Аз рӯи барномаи ERASMUS+    ба Ҷумҳурии Латвия ҳамчун донишҷӯи мобилӣ ба мӯҳлати 5 моҳ сафар кардааст. Ба зиёда аз 11 давлати Аврупо сафар намуда, донишу малакаи худро такмил додааст. Донандаи забонҳои русӣ, англисӣ ва ӯзбекӣ мебошад. Ҳоло ба ҳайси мутахассиси шуъбаи “Робитаҳои хориҷӣ ва идораи лоиҳаҳо” дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд  фаъолият бурда истодааст.

Доир ба фаъолияту нақшаҳои минбаъдаи Исфандиёр Рофиев як сӯҳбате доштем, ки фишурдаи онро манзури хонандагони “Сухани халқ”  мегардонем:

-Дар аввал мехостам, нуқтаи назари Шуморо доири эълон шудани солҳои 2020-2040 оиди рушди фанҳои техникӣ фаҳмида бошам?

Пешвои муаззами миллат дар вохӯрии хеш бо зиёиёну кормандони соҳаи илму маориф таъкид намуда буданд, ки: «Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад». Замона замонаи техника мебошад. Қариб ҳамарӯза ҳаёти мо аз техника иборат мебошад. Хуб мешуд, ба ин самт аҳамияти ҷиддӣ диҳем. Зеро техникаю технология меҳнатнокии моро камтар намуда барои босамар истифода бурдани вақтамон мусоидат менамояд. Ҷавони асри 21 бояд пеш аз ҳама, соҳибилм, бомаърифат ва бо донишу маърифати технологӣ мусаллаҳ бошад. Эълон шудани солҳои 2020-2040 оиди рушди фанҳои техникӣ аз тарафи Пешвои миллат саривақти буда, барои мо ҷавонон шароит фароҳам меорад, то донишу малакаи худро боз ҳам такмил дода аз ин имкониятҳои фароҳамоварда самаранок истифода барем.

-Хабар ёфтем, ки ба наздики аз сафар баргаштем, таассуроти шумо аз ин сафар чӣ гуна аст?

Ҳамаи ин муваффақиятҳову дастгириҳо албатта аз тарафи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд мебошад. Аз рӯи барномаи   ERASMUS+    ба Латвия сафар доштам. Бо маданияти Аврупо, самти нақлиёту роҳсозӣ ва системаҳои хизматрасонии давлати Аврупо аз наздик шинос шудам.  Таассуроти бисёр хубе аз ин сафар дорам. Зеро маҳз ин барнома сабаб шуд, ки аз 11 давлати Аврупо дидан кунаму ҷаҳонбинии худро васеъ намоям. Дӯстони зиёде аз хориҷӣ кишвар пайдо намудам.

- Ҷавонони имрӯза чӣ гуна дидан мехоҳед?

Ватандӯст. Аз ҷавонон ва ҳамсолонам даъват менамудам, ки  дар  аввал Ватани худро  дӯст доранд. Ҳеҷ гоҳ ба ин марзу бум хиёнатро раво набинанд. Забонҳои хориҷиро аз худ намуда донишу малакаи худро баланд бардоранд. Зеро маҳз донистани забон барои мо тамоми дарҳои ояндаи зиндагиамонро мекушояд.

-Нақшаҳои минбаъдаи Шумо?

Нақшаҳои минбаъдаи ман бисёранд. Дар аввал мехоҳам он донишу малакае, ки аз Аврупо омӯхтам дар донишкада истифода барам. Тоҷикистони азизамро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намудану парчами Тоҷикистонро баланд бардоштан мақсади асосии ман маҳсуб меёбад.

-Дурнамои Тоҷикистонро чӣ гуна дидан мехоҳед?

Давлати пешрафтатарин дидан мехоҳам. Барои ин бояд мо ҷавонон муттаҳид бошем, аз як гиребон сар баровада баҳри пешрафти Ватани азизамон саъю кӯшиш намоем. Ояндаи миллатро ба мо ҷавонон бовар намудаанд.  Аз ин лиҳоз барои насли оянда  Ватани ободу зеборо ва сулҳу суботи сиёсии пойдорро бояд ба мерос гузорем.

 

 

Амалхои нашачаллоби ва нашъаманди ба гайр аз марг ва интихои хаёти инсон дигар чизе буда наметавонад. Ин бо максади ба даст овардани маблаги  зиёди бемехнат ва бедарди миён мебошд. Барои ана хамин арзишхои ночиз саркардагони ин амалхои номатлуб чони бисёр нафаронро зери тахдит мегузоранд. Агар ин як чихати фалокати кори нашъачалобон бошад аз назари дигар кайд  намоем гуруххои мутташакии мухоифин барои он маводхои мухаддир бамуомиот мебароранд, ки маблаг ба даст оваранду барои таъмини асехахои чанги ва дигар сарпарастиро бо воситаи маводи мухаддир ва кочоки таъмин менамоянд. Аз кадом чихате ки нанигари ин амал оянда надорад.

Амалхои интикол содирот ва воридоти маводи мухаддир асосан дар минтакаи Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ичро мегардад. Зеро ин минтака хамсархадии кишвари хамсоя Авгонистон мебошад. Маводи мухаддир дар ин минтакахо хео зиёд аст. Аксари мардуми дар минтака зиндаги дошта   ба нашъамандию нашъачаллоби машгуланд. Бисёри аз чинояткорони  нашъачаллоб дар ин минтака дастгир карда мешаванд.дар давоми мохи чори ва рузхои охир доири хамин чиноят якчанд нафарон дастгир ва ба микдори зиёд маводи мухаддире ки бо максади гаразона онхо нигох медоштанд мусодира карда шуд. Бо шарофати мехнати шабонарузии кормандони амнияти ва чустучуи  ба микдори махсусан зиёди маводи мухаддири мусодирашуда ки ба чандин нафарони истифодабарандагон тахдид мекард безарар гардонида шуд ва чони хар яки онхо начот дода шуд.

Хаёт барои хар як нафар албатта ширин аст. Вале бо дахолати ин афкори ба чамъият зарарнок метавонад шахсият ин ширинии хаёти худро ба бадбахтиву сарсони табдил медиханд. Ба гайр аз зарар расонидан ба хаёти дигарон онхо худашонро низ ба каллобию кочоки маводи мхаддир машгул шуда хаёти худро низ месузонанд. Баъди бо ин гуна чиноят дасгир шудан чаззо ин марг аст. Зиндагии ороми худро бо суханони  ин нафарон  ноором сохта хаёти худро барбод надиханд. Ва дар нихоят охири началоб марг мебошад. Агар хоханд ки  ба рои ояндагон сухани забон нашаванд ба ин гуна кирдорхои ношоям даст назананд.

А. Атобоев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Неругоҳи барқии обии “Роғун” яке аз бузургтарин иншооти энергетикии Тоҷикистон мебошад, ки баробари ба фаъолият оғоз кардан дар кишварамон истиқлолияти энергетикиро таъмин менамояд.

Ниҳояти дурандешӣ ва оқилии Пешвои муаззами миллат аст, ки тавонистанд, собит намоянд, бунёди неругоҳи барқии обии “Роғун” на  танҳо аҳамияти ҷумҳуриявӣ, балки аҳамияти минтақавӣ низ дорад.

Аз ин лиҳоз, як чанд паҳлӯҳои  қудрати НБО– и “Роғун” –  ро тасдиқ  менамоем:

1.НБО– и “Роғун”  Тоҷикистонро ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ расонида, онро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ мебахшад.

2.Зарфияти пурраи ин нерӯгоҳ 11,8 ва фоиданокиаш 8,6 мукааб километр буда, дар он об сарфакорона ҷамъ гардида, безарар ба турбинаҳои неругоҳ ба поён ҷорӣ мегардад. Яъне, дар ин неругоҳ об ҳамчун манбаи таҷдиди энергия хизмат менамояд, вале худ сарф намегардад. Аз ин лиҳоз, барқи тавлиднамудаи он аз ҷиҳати экологӣ тоза ва безарар мебошад.

  1. Бунёди ин неругоҳ имкон медиҳад, ки новобаста аз фасли сол, ҳама силсиланеругоҳҳои дарёи Вахш бо иқтидори пурра фаъолият намоянд. Ба туфайли бунёди ин неругоҳ самаранокии фаъолияти силсиланеругоҳҳои рӯди Вахш ҳамасола дар маҷмӯъ аз 0,7 то 1,1 млрд.кВт* соат энергия меафзояд.
  2. НБО– и “Роғун” дар баробари таъмин намудани истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон, инчунин, барои густаришёбии самтҳои дигари иқтисодиёти минтақа заминаи мусоид фароҳам меоварад. Ба туфайли бунёди он 320 ҳазор гектар заминҳои кишварҳои поёноб (аз ҷумла, Ӯзбекистону Туркманистон) шодоб шуда, ҳолати мелиоративии зиёда аз 4 млн. гектар заминҳои кишварҳои поёноб дар маҷмӯъ беҳтар мегардад.
  3. Бунёди ин неругоҳ дар минтақаи Осиёи Марказӣ талаботро ба энергияи ҳароратӣ як дараҷа коҳиш медиҳад.
  4. Неругоҳ натанҳо дар ҳудуди Тоҷикистон, балки дар минтақа зарурати сохтани неругоҳҳои хурдро аз байн мебарад.
  5. Ин неругоҳ ҳадди ақали талаботро ба неруи барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ таъмин менамояд.
  6. Неругоҳи мазкур на танҳо ширкати “Алюминийи тоҷик” –ро ба барқ пурра таъмин менамояд, инчунин, барои ташкили комплекси агросаноатии қисмати ҷанубии Тоҷикистон имкониятҳои мусоид фароҳам меорад.
  7. Таҳлилҳои илмӣ собит менамоянд, ки обанборҳои дар кӯҳсор бунёдшаванда назар ба обанборҳои дар ҳамвориҳо бунёдшаванда 5 – 10 маротиба камтар заминҳои корамро фаро гирифта, қимати баланди иқтисодӣ доранд.
  8. Натиҷагирии корҳои илмӣ аз он башорат медиҳанд, ки ин неругоҳ як дараҷа барои пешгирӣ намудани офатҳои табиӣ, бахусус обхезиҳо, дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва берун аз он тарҳрезӣ гардидааст.
  9. Тибқи андешаҳои олимон ҳар гуна олудаҳои обовард дар ин обанбор такшин мешавад, ин омил боиси таъмини фаъолияти дуру дарози дигар силсиланеругоҳҳои ин рӯд мегардад.
  10. Ин неругоҳ дар баробари хусусияти ирригатсионӣ– энергетикӣ ва энергетикӣ – ирригатсионӣ доштан, инчунин қимати баланди иқтисодӣ дар самти рушди туризм дорад.
  11. Ба туфайли бунёди неругоҳи мазкур 75% –и заминҳои вилоятҳои Хатлону Суғд ба таври худҷоришаванда обёри мегарданд.
  12. Батанзимдарории муназзами маҷрои об дар ин неругоҳ имкон медиҳад, ки 6,7 км куб оби захирашаванда на танҳо барои истеҳсоли неруи барқ, инчунин, дар мавриди зарурӣ барои қонеъ намудани талаботи кишварҳои поёноб низ истифода гардад.
  13. Ин неругоҳ имкон медиҳад, ки маҷрои об дар ҳавзаи Амударё ба таври самараноку оқилона идора ва истифода бурда шавад.

Агар бо чунин далелу андешаҳо қимати ин неругоҳро натиҷагирӣ намоем, он гоҳ маълум мегардад, ки дар ҳақиқат, арзиши об аз нафт, газ, ангишт ва дигар навъҳои сӯзишворӣ камтар нест. Аз ин рӯ, НБО– и “Роғун”  иншооти ҳаётан муҳими стратегии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

                          

                                              Ҳоҷиев А.А., дотсенти ДПДТТХ

Сарзамини мо сохибистиколол демкратӣ  ва ҳуқуқбунёд аст. Дар ҳар як минтакааш ороми асту хар вачаб заминаш ободу зебо ва гул гул шукуфон аст. Бояд ба ободиву озоди ва оромии диёр шукургузор бошем. Барои пойдории ин сулху суботи кишвар ва сарсабзиву хуррамии он сахмгузор бошем. Чи кадаре ки метавонем барои пешравӣ ва сулху суботи Ватани азизамон сахмгузор бошем.

Дар сарзамине ки мардумаш тинчу ором ва саросари кишварро сулху субот фарогир аст бидуни шак гуфтан бар меояд, ки ин кишвари орому осоишта аст. Барои ин оромии кишвари мо хеч ягон кувва ё душманони беруна пеш омада наметавонанд. Мо мардуми точик аз аввали ташаккулёби ба дараччае иттифок ва даст ба дастем, ки кувваи душманон ба пируз омада наметавонад баоромии кишвари мо даст зада наметавонад. Албатта ин оромии бардавоми кишвар дар дасти худи  мост. Аз оне ки инсоният да вахму вохима ва тарс зиндаги намояд бехтар аст, ки оромии зиндаги намояду умр ба сар барад.

Имруз муаммои асосии глобалӣ ин нооромиҳои мамлакатхо ва бетартибихои қисми сархадии хар яки кишвар мебошад, ки чомеъаи чахони сайёраи заминро ба ташвиши бузург ру ба ру намудааст. Бояд кайд намуд ки хар як мунокишахои байни давлатхо бе талафоти чони ва талафоти иктисодию ичтимои  сурат намегирад. Бар асари ин мунокишахо чандин нафар халок ва садхо хазорон нафарон захмиву азияткашида ва худи давлат кафомонда мегардад. Чи чои зарурият дорад ки бачои орому осоишта зиндаги намудану умр ба сар бурда зери вахму вохима зииндаги намои. Хар як мардуми ин минтаки ташнаи рузгори тинчу осоишта ва ором аст.

Мо бояд шукургузори аз тинчиву осоиштагии ватани хеш намоем ки чунин ватани азизу махбуб дорем. Давлату хукумати кишвари мо оромии ва зиндагии  осоиштаи мардуми худро б очи киммате, ки набошад таъмин менамояд. Хеч вакт барои ноором шудани мардум хеш ва зарар расонидани думанони беруни ичозат намедихад. Ин ороми кишвари ва сарсабзиву хуррами бигузор барои хандаи кудакон хотири чамъи модарон ва ором будани мардуми кишвар поянда бод. Мехохе доим дар кишвари кухансоли мо суху субот пойдор бошаду хеч вакт ягон рузи бадеро мардум сипари намояд. Поянда бод оромии кишвар. Сулху субот хукмфармо бод. Мардумон тинҷу осоишта бошанд.

А. Атобоев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Оре, дар заминаи ин сухан шоири шаҳир қаҳрамон, сарояндаи сулҳу дӯстӣ, вассофи меҳнат Турсунзодаро ёдовар шудан ҷоиз аст. Ҷонфидои меҳнатдӯстиву ватанпарасти буд- устод Турсунзода. Дар эҷодиёти ин шоири бузург ҷашни бузурги таърихӣ- Рӯзи якдилии меҳнаткашонро ёдовар шудан айни муддаост. Ба гуфтаи Бозор Собир:

.. Ҳар куҷое буд Турсунзода Мирзо халқ буд,

Ҳар куҷое халқ буд Мирзои Турсунзода буд...

Маҳз зодрӯзи ин шоири зиндаёд дар ҳамин моҳ дуруст омадааст, яъне санаи 2-юми май. Якуми май дар замони пешин бо номҳои “Иди меҳнаткашон” ва “Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон” машҳур шуда дар 142 мамлакатҳои рӯйи ҷаҳон ҷашн гирифта мешуд, аз соли 1886 инҷониб роҳпаймоиҳо доир мешуд. Аз тарафи ташкилотҳои сотсиалистӣ, коммунистӣ ва анархистии ИМА дар ин рӯз намоиши Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС ва раҳпаймоиҳои коллективҳои меҳнатӣ баргузор мегардид.

Санаи 1-уми майи соли 1886 аз тарафи ташкилотҳои сотсиалистӣ, коммунистӣ ва анархистии ИМА ва Канада дар шаҳри Чикаго якчанд намоишҳои меҳнаткашонро ташкил намуданд. Дар арафаи хотимаёбии намоиш ҷанҷол бархоста, қисми зиёди коргарон кушта ва захмӣ гардиданд. Ба хотираи қатлшудагон Конгресси интернатсионали II моҳи июли соли 1889 дар Париж “Рӯзи якдилии меҳнаткашон” эълон намуда, пешниҳод намудааст, ки дар ҳамин рӯз намоишҳои оммавиашонро бо талаботҳои иҷтимоиашон дар мамлакатҳояшон гузаронанд.

Меҳнатдӯстӣ нишонаи ватанпарастист. Софдилона меҳнат кардан ва ба боварии халқ сазовор шуданро шоир ба қалам овардааст:

Касе к-ӯ боварии халқро арзанда мегардад,

Ба ҳар кас дӯстрӯ ҳар хонаро зебанда мегардад.

“Меҳат шараф аст”, чунки инсонро обутоб мебахшад. Боигариву сарват ва ободӣ низ аз меҳнат сарчашма мегирад.

Имрӯзҳо дар ҷараёни суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин нуқтаи назар, яъне меҳнатдӯст будан ишора мегардад. Борҳо таъкид менамоянд ва халқи тоҷикро талаб менамоянд, ки бештар дар замин бо дилгармӣ ва якдиливу ягонагӣ меҳнат намоянд, чунки ояндаи Ватани азиз дурахшон бошад. Ба ин маъни Турсунзода фармудааст:

Мамлакат аз ҳиммати меҳнаткашон гул мекунад...

Воситов Равшан, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон аз зеботарин ва калонтарин минтақаи кишвар маҳсуб мешавад. Аз сабабе, ки ин минтакаи сарзамини мо дар хамсархадии мамлакати хамсоякишвар Афгонистон карор дорад масъалаи нигаронкунанда ва чидди аст. Кишвари хамсоя, Афгонистон ки тинчии ва оромиии худро танзим карда наметавонад дар иннавбат ба кишвари мо низ ин нооромиро мехохад бо воситаи маруми худи давати мо чори намояд.

Чи тавре ки дар боло кайд намудем ин минтака ки кисми сархади мебошад ва бар замми ин сархад танхо як дарёчаи обчоришаванда аст осон амали намудани  интиколи маводхои мухаддир, силоху аслеха, кочок ва ба монанди ин гуна амалхо ва кирдорхои ношоям оварда расонид ба сар задани кирдорхои номатубу амахои чиноии гуруххои тереристию экстромисти. Гарчанде ки ин гуна мушкиотхои дар боо зкршуда туи солхои зиёд вучуд дошт начандо вохиманок ваташвишпазир буд. Имруз ки дар  ин гуна амалхо мардумони худи хамин минтака даст доранду саркарагони амалхои гурухи мухолифин хастанд моро ба ташвиш меорад ки ин гуна вазъияти бенихояд вазнин вамуташаннич ояндаи Бадахшон ба кадом сатх мерасонида бошад.

Гуруххои мухолифин дар ин минтакаи кигвар бенихояд вазъиятро дар давоми соли чори вазнин намуда ахли башарро ба ташвиш оварданд. Оромии чомеъаро халалдор намуданд. Бетартибихои солхои пешинаро даххо маротиба барзиёд амали намуданд. Ба монанди тарконидани бинои Хукумати вилоят, ба катл расонидани баъзе аз вазифадорони сарони хукумат оташзадани дигар корхонахои макомоти мукобиияти шадид нишон додан ба дастахои таъиноти махсус ин хама кирдорхои мухолифонаи худро ки алайхи ватани хеш амали намуданад ба сарзамини хеш хиёнат намуданд ва хоини ватан шуморида шуданд.

Холо бошад давату хукумати кишвар бо чидду чахд талоши зиёд харакат мекунад ки ин бетартибихоо бор охи оромии хал намояд ва тинчиву осоиштагии мардуми ин минакаро таъмин намояд. Сохторхои макомоти ичозат намедихад, ки дар ягон гушаву канори кишвар ноороми сар занад, намехохад ягон нафари мардумаш азоб бубинад.бо чи киммате ки набошад ояндаи ин Бадахшонро нек  мегардона ва тинчу ором нигох медорад.

А. Атобоев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Ҳоло Тоҷикистони азизи мо дар фазои сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ ба сӯи фардои боз ҳам ободу осуда қадамҳои устувор мегузорад. Нақшаву барномаҳои қабулгардидаи маҳбуби мо доир ба рушди миллӣ, ки имрӯзу фардои миллату давлатро ба ҳам пайванд медиҳанд, бо заҳмати аҳлонаву созандаи мардуми Тоҷикистон пайгирона амалӣ шуда истодаанд. Қобили зикр аст, ки сокинони мамлакат, хусусан ба хотири истиқболи арзандаи Ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон-сисолагии Истиқлоли давлатӣ, содиқонаву софдилона заҳмат кашиданд ва ба натиҷаҳои назаррас мушарраф гардиданд.

Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «тамоми мардуми кишвар, махсусан ҷавонон бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки ваҳдати миллӣ баробари истиқлолият арзиши муқаддасу бебаҳои ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва пешрафти ҳамаҷонибаи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлол ва давлатдории миллиамон бевосита ба ваҳдату ягонагии халқи Тоҷикистон ва сулҳу субот вобаста мебошад».

Дар ҳақиқат, сулҳу ваҳдат ва таҳаммулпазирӣ дар табиату хислати мардуми тоҷик ба арзишҳои  муқаддасе табдил ёфта, дар ташаккули  ахлоқу зиндагии маънавии ҷомеаи имрўзаи мо қадру қиммати баланд пайдо кардааст.

Соли 2022 дар Ватани азизамон ҷашнҳои 30 – солагии Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Ваҳдати миллиро ботантана таҷлил хоҳад шуд.

Гарчанде 30-сол дар назди таърих начандон муддатест, дар ин фурсат дар назди миллати ҷафокашидаи тоҷик оид ба сарҷамъ намудани беш аз як миллион фирориён, қабули Конститутсия, рамзҳои давлатӣ ва дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ беҳдошти вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии мамлакат корҳои назаррасро ба анҷом расонид.

Вале, новобаста ба ин дар ҷомеа ҳастанд афроди гумроҳзада, ки дастовардҳои кишварро нодида мегиранд. Худбохтагону нохудогоҳон, лошахӯрони хориҷиҳо ва душманони миллату меҳани тоҷик, ки бо суханони бемантиқонаю беасосу пӯч ҳамеша бар сари мардуми мо, тоҷикони тоҷдор санги маломат мезананду бо ҳар роҳу воситаҳои шум иттилооти бардурӯғ ва сафасатаҳо номуайян паҳн карда, худро мӯсичаи бегуноҳ нишон медиҳанд. Лекин онҳо худ намедонанд, ки шағоле ҳастану лошахурӣ хориҷиҳо мебошанд. Онҳо ҳамон душманоне ҳастанд, ки ба ҷуз наҳсию касофат ва бадбахтию хушунат чизи дигаре ба миллату меҳан наовардаанд. Онҳо ба монанди ҷуғзе ҳастанд, ки аз пайи вайронакориҳо ҳастанд ва мақсади онҳо танҳо ғорат ва нест кардани давлату миллат аст. Имрӯз ин хоинон шаъну шарафи дар арсаи байналхалқӣ ба даст овардаи мамлакатро бо андешаҳои хиёнаткорона ва фосиқонаашон паст мезананд, вале боз нашармида худро канор мегиранду бегуноҳ меҳисобанд.

Вобаста ба ин, моро мебояд то аз як гиребон сар барорем, ба фитнаву дурӯғи бегонагон дода нашуда, дар пайи ободиву осудагии кишварамон камари ҳиммат бандем. Бояд донист, ки барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар кишвар, пеш аз ҳама, зарур аст, ки оромию осоиштагиро риоя намоем. Иттиҳоду сарҷамъиро пеш бигирему барои наслҳоямон чун созандаву бунёдкор шинохта шавем. Якдилӣ ва ҳамрайъии мардуми Тоҷикистон қувваи бузургест, ки ободию озодӣ ва ягонагии миллати тоҷикро ҳифз мекунад.

Зеро, ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин буда, он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт. Ваҳдати миллӣ самараи талошҳои хурду бузурги Ватани азизамон ба ҳисоб меравад, аз ин лиҳоз ҳар яки мо вазифадорем, ки онро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдорӣ намоем.   

Воситов Равшан, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

                                                                                             

 

 

Ороми ва тинчиву осоиштагии диёр барои бархе аз нафарон ва мрадуми кишвар хотири чамъ ва хушбахти набуди баракси он ором ива тинчиъю хурсандиро ба рузи баду калту куштор табди медиханд. Давоми мохи чори дар кисмати Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон  бетартибихо ва нооромихо сар зада истодааст. Ин хама дасти бахзе бадхохони миат мебошад. Барои манфиатхои шахси ва ё барои амаи намудани фармонхои хочагони худ ба сарзамини ачдодии худ хиёнат ва зарари чинни расонида истодаанд.

Дар пайи корхои кофтукови чинояти дар нохияхои минтакаи Бадахшон ки имруз басо ташвишовар аст боз якчанд нафарони чинояткори нохалоф дастгир шуданд. Зимни ин тафтишот ва гузарони амалиёти чинои кормандони макомотхои дахлдор аз макони истикоматии ин шахсони ба чомеъа зараррасон ба миндори зиёди маводи мухаддир бо навъхои гуногун, сангхои кимматбахо, минкдори зиёди сиоху аслеха племиёту грантамиёт, норинчакхо, тирру туфанг ва умуман асбобхои чанги дарёфт ва мусодира карда шуд. Иловатан ба ин нафароне ки дастгир карда шуданд вакте ки буданашонро аник кардани шуданд малум шуд ки хар яки онхо дар гузашта амалхо ва кирдорхои терористию экстромистии ичрошударо дастгири ва амали менамуданд.  Хар кадоми онхо аз хасб баромадаву азчаззохо махсусан вазнин гузашта мебошанд. Бар ин нигох накарда боз ба хон амахои бад даст заданд. Ва дар ин навбат хаммаи амалхои ношоям ва чинояти вазнини онхо ба монанди тероризм куштор кочок интикодихандаи маводи мухаддир  иштирок дар минтингхои солхои 2014 -2018 даст доштанашон ифшо карда шуд. Тибки кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон ва моддхои конунии амалкунанда ба хабси якумра кашида шуданд.

Ин гуна ашхосони ба чомеъа зарарнок бояд ба чаззои сангини хеш сазовор ва махкум бошанд. Гар чанде ки хар кадоми онхо хазор тавбаву касам барои ичро накардани дигарбора ин амалхои худро карданд вале набояд ба онхо боварива эътимод кард. Хар кору амали одаткора хеч ват партофта ва фаромуш намешавад. Онхо бори дуюм бо ин гуна амахо дастгир шудаистодаанд. Катъиян дар наздин конун ва мардуми кишвар хоин шуморида мешаванд. Хеч вакт онхо бахшида ва ё авф карда намешаванд. Хоин хоин мемонад. Маълум  аст, ки ба онхо хаёти осоинтаву тинчу ором писанд нест. Агар ки давлату хукумати кишвари худ ин гуна бадхохиро сазовор донистану амали намудад, пасба чаззо сангин сазоворанд. Ягон хоин набояд бечаззо монад. 

А. Атобоев, устоди ДПДТТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар даврони истиқлол на танҳо равобити судманд бо ҷаҳони хориҷ барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили глобалӣ шинохта шудааст. Яке аз натиҷаҳои он Тоҷикистон бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллифи чор ташаббуси бузургест, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шудан доранд: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» мебошад.

4.Эътимод бахшидан ба халқ

 Масъалаи дигаре, ки метавон ба хосияти чорум пайванд дод, ин мардумӣ будани Сарвари халқпарвар Эмомалӣ Раҳмон аст. Халқро пояи давлатдории хеш донистан, эътибор ба хурду бузурги кишвар, суҳбати самимӣ бо мардум, ташриф ба нуктаҳои дурдасти Ватани азиз-Тоҷикистон нишонаи инсондӯстии ин марди шариф аст ва ин ҳадди эътибор бояд афзоиш ёбад.

Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз замони  масъулияти давлатдориро ба ӯҳда доштанашон некбин буданду ҳастанд ва бар иҷрои ҳадафҳои ояндасозу ободкоронаашон  камари ҳиммат баста, имрӯз бар хурду бузурги кишвар муҳтарамтар ва маҳбубтар гаштаанд.

Муҳим аз ҳама, Пешвои миллат дар давраи фаъолияти хеш ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонистанд барои таъмини амнияти миллӣ, сулҳу суббот, муттаҳидии миллат, рушду инкишофи анъанаву суннатҳои нек ва фарҳанги миллӣ камари ҳиммат банданд ва имрӯз ин арзишҳо дар кишварамон ҳукмфармо ҳастанд. Метавон қайд кард, ки рушди ҳамаҷонибаи тамоми соҳаҳо ва зиндагии шоистаи мардум дар сурати мавҷудияти арзишҳои номбаршуда ба миён меояд. Яъне авваллан ва умдатарин масоили ҳаёт оромӣ ва суббот аст.

Бояд қайд кард, ки  дар шароити кунунӣ зимоми давлатро бар ӯҳда доштан, дар имрӯза шароити бисёр мушкил, ки дар саросари кураи Замин бархӯрдҳои манфиатҷӯёна ва нақшаҳои пасипардагӣ мавҷуд ҳастанд  танҳо таҷриба, малакаи кордонӣ, сиёсати  дурбинона, оқилона ва хирадмандонаи Пешвои миллат дар ин миён ҳамчун намунаи олии давлатдорӣ зарурист ва эътимод ба ояндаи дурахшони кишвар ба фаъолияти созгори ин фарзанди фарзонаи халқ пайванди ногусастанӣ дорад.

Воситов Равшан, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Фанду фиреб  ин амалҳоест ки  паси он ягон фалокат ва бадбахтии калон меистад. Афкори  нотавону  заиф аз боиси аклашон коста буданаш ба хар гуна амахои ношояму ба ахи чомеъаи атрофашон зараррасон даст мезананд. Хам ба хаёти худ ва хам ба хаёти чомеа зарари худро мерасонанд. Ба чое ки як нафарро аз рохи бад бар гардонанд бар акс бо хар гуна фанду фиребхо доираи инсонхои миси худро зиёд менамоянд ва хаёти ширини онхоро низ саропо оташ мезананд. Охир худи онхо падар ё модари як фарзонанд хастанд вае инро зарре фикр накарда фарзанди дигар падару модарро чону чигари як модарро ба коми азоби нашъачаобию амахои ифроди ва ба тероризм хавола медиханд.

  Имруз баъзе  аз чавонан аз сабаби надоштани фахмиши кофи ва надоштани саводи акли барт доми баъзе аз бадкирдорону  бадрохон меафтанду хаёти ширину чавони худро зери хатари бузург мемонанд. Ин хело ташвишовар аст ки махз чавононро ба ин рох мебаранд. Охир чавонон ояндасоз имруз ва фардои кишваранд. Нохалафон чавононро ояндадорро бо хар гуна ваъдахои дуруг ба монанди додани маблагхои зиёди пуи ё ин ки сохиби автомошинаи шахси шудан  фиреб намуда  ба нашъачалоби тероризм экстромизм чалб менамоянд  ва ба амалхову кирдорхои ношоям даст мезанонанд. Дар натича хаёту чавонии ин чавонон бо хамин сарсониву бадбахти сипари мегардад.

Хамон нафароне ки мардумро ба ин рохи бади зиндаги мебаранд имруз дар чомеъа кам нестанд. Бо доштани мабаги ночизи дар дастдоштаашон ё ки ягон моликиятхои диккатчалбкунанда аку хушу иродаи чавононро ба худ банд намуда онхоро чунон омода ва равона месозад ки шахсони ичрокунандаи фармонхои ингуна палидон бехабар аз кори ичрокардаи худ мемонд. Баъзе аз ин ба домафтидагон  падари фарзандон мебошад ки дар мухочирати мехнати бошад ки  хонааш кудаконаш интизор  мебошад ва дигаре фарзанди падару модар аст ки гуё  донишчу мебошанд. Ин хама  бадбахтии хонадони мардум ва сарсонии кудакон махз махсуи дасти ин нафарони бадкирдору нохааф мебошад. Ба суханон ва ваъдахони бардуруги ба ин монанд ашхосон   бадкирдор бовар накарда хубаш хаёти осоишта ва орому тинчи худ ба пеш барем. Зеро хамрох шудан ба ин гуна фарди номтуб танхо бадбахти ва бади меорад. Ба камтар маблаги ночиз ва молу амволи бе махнат хаёти ширини худро иваз нанамоед.

А. Атобоев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд