Донишкадаи политехеникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ дар татбиқи амалии ҳадафи чоруми миллӣ  - Саноатикунонии босуръати мамлакат ва эълони солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат» нақши муассир дорад. Танҳо дар давоми даҳ соли охир зиёда аз 1000 нафар мутахассисони соҳаҳои агротехнология дар асоси Барномаҳои таълимии мутобиқи талаботи ҷаҳонии соҳаи технологияи озуқаворӣ ва агротехнология бо истифода аз 22 озмоишгоҳҳои бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонидашуда ба камол расиданд.

Дар донишкада баробари омода намудани кадрҳои босалоҳияти соҳа корҳои илмию тадқиқотӣ вобаста ба амалисозии ҳадафҳои стратегӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ корҳои зиёде бурда мешавад. Масалан, аз тарафи олимони донишкада коркарди технологияи истеҳсоли маҳсулоти нонӣ ва қаннодӣ бо арзиши биологии баланд, усули истеҳсол ва истифодаи хока аз хучи маҳаллӣ барои истеҳсоли шириниҳои шарқӣ, технологияи истеҳсоли маҳсулоти миллии ярмавӣ (истеҳсоли консентрат аз мош), усулҳои нигаҳдории ангур дар муҳити газӣ бо истифода аз мембранаҳои трекӣ, нигоҳдории ангур бо усули яхкунонӣ вобаста ба намуди обёрӣ  ба анҷом расонида шудаанд ва натиҷаҳои тадқиқот барои ҷорӣ намудан ба истеҳсолот пешниҳод шудааст. Дар самти боғпарварӣ хусусиятҳои парвариши ангурҳои баландтанаи нақшаи шинониданашон ҷуфтӣ ва парвариши зардолу аз рӯйи технологияи интенсивӣ дар шароити шимоли Тоҷикистон омӯхта шуда, тавсияҳо доир ба парвариши онҳо дар хоҷагиҳои деҳқонии  вилояти Суғд пешниҳод шудаанд. 

Дар самти рушди чорводорӣ, ки бевосита бо амнияти озуқаворӣ вобаста мебошад, хусусиятҳои синнусолӣ ва тағйирёбии морфо-физикӣ-кимиёвии пӯсти қутосҳои экотипи помирӣ, ки дар минтақаҳои шимоли Тоҷикистон парвариш меёбанд, тадқиқ карда шуда, барои рушди саноати коркарди пӯст тавсияҳо пешниҳод карда шудаанд. 

  Дар доираи барномаҳои давлатӣ доир ба рушди зироаткорӣ ва растанипарварӣ, аз ҷумла соҳаи пахтакорӣ тадқиқот доир ба баланд бардоштани эътимоднокии истифодаи техника ва модернизатсияи равандҳои истеҳсолӣ, хусусияти парвариши зироат бо истифодаи усули обёрии қатрагӣ ва самаранокии он гузаронида шуда, тавсияҳо барои хоҷагиҳои деҳқонӣ пешниҳод шудааст.

Дар давоми 5 соли охир зиёда аз 20 нафар  омӯзгорони кафедраи технологияи маҳсулоти хӯрока, агротехнология ва экологияи саноатӣ дар доираи барномаҳои байналхалқии HECAFS - “Таҳсилоти олӣ барои низоми озуқаворӣ ва стандартҳо дар Осиёи Марказӣ” ва  PECA- "Таҳсилоти касбӣ барои бахшҳои рушди иқтисодии Осиёи Марказӣ"  дар донишгоҳҳои мамлакатҳои хориҷӣ ба монанди Полша, Литва, Латвия,  Қирғизистон, Қазоқистон таҷрибаомӯзӣ карданд.

Натиҷаҳои тадқиқотҳои омӯзгорон бо зиёда аз 10 нахустпатентҳои ватанӣ ва байналхалқӣ тасдиқ карда шудаанд. Ҳамаи ин дастовардҳо зимни баргузории конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Муаммоҳои саноатикунонии комплекси агросаноатӣ дар шароити муосир”  дар баромади муовини директори донишкада оид ба илм ва инноватсия Усмонҷон Ахмедов зикр ёфт.

 

Маърифат Раҷабова, намояндаи Сарраёсати кишоварзии вилоят аз зиёд шудани ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ  ба андозаи 14,5 миллиард сомонӣ дар вилоят, Анвариддин Муҳиддинов, доктори илмҳои билогӣ, устоди ДПДТТ дар кишвар фаъолият бурдани 1193 корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ,   Д. Бобоев,  номзади илмҳои кишоварзӣ, директори Стансияи таҷрибавии хокшиносиию мелиоратививии Суғдии Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ – Мелиоратсияи хокҳои хокистаранги бӯрии санглохи Тоҷикистони шимолӣ роҳҳои афзун намудани маҳсулоти кишоварзӣ, Наим Рашидов, доктори илмҳои кишоварзӣ, устоди ДПДТТ ҷиҳати рушди коплекси агросаноатӣ роҳандозӣ шудани 13 барномаҳои давлатӣ ва докторанти Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Умедҷон Шарипов аз афзалиятҳои обёрии қатрагӣ нисбати обёри муқаррарӣ сухан ронданд.

Таъкид шуд, ки дар ҷаҳон беш аз 1,5 миллиард гектар замини кишт мавҷуд буда, танҳо 275 миллион гектар обёрӣ мешавад ва аз ин шумор ҳамагӣ 6 миллион гектар тавассути обёрии қатрагӣ ба роҳ монда шудааст, ки ин хеле кам аст. Дар ҳоле, ки чунин нави обёрӣ ба буҷаи оила ва кишвар аз ҳисоби сарфа шудани об, нерӯи барқ миллионҳо сомонӣ даромад меорад ва боздеҳи замин низ хуб мешавд. Зеро обёрии қатрагӣ нуриҳои фоидаоварӣ заминро шуста намеравад.

Дар зербахшҳо, ки нимаи дуюми рӯз идома кард, баромадҳои 27 нафар устодони муассисаҳои олӣ, доктарантон ва коршиносони соҳа шунида шуд.

 

Дар доираи эълони солҳои 2020 -2040 – “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо корбарии кафедраҳои барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ, иқтисодиёти рақамӣ конференсияи сеюми ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Системаҳои иттилоотии амалӣ: масъалаҳои моделиронӣ, коркард ва истифодаи он дар мамлакатҳои тараққикардаистода” доир гардид.

Дар конференсия устодони муассисаҳои таҳсилотии олии вилоят, коршиносон, кормандони соҳаи бонк, телеконммуникатсия, ва донишҷӯён ширкат варзиданд.

Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии муовини директор оид ба илм ва инноватсияи донишкада  Усмонҷон Ахмедов оғоз ёфт. Мавсуф салому паёми сарвари донишкадаро ба аҳли ҳозирин расонида, таъкид дошт, ки дар замони ҳозира рақамикунонӣ ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодиро фаро гирифтааст, аз ҷумла зинаҳои таҳсилотро. Дар шароити имрӯза ҳамчун заминаи рушди устувори Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ин табодули рақамии он (яъне трансформатсияи рақамӣ)  ба ҳисоб меравад. Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд дар самтҳои асосии табодули рақамӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил шудааст. Чунончи системаи иттилоотии идоракунии донишкада аз давраи ташкили донишкада кор карда омада, дар 5 соли охир боз бештар ташаккул ёфт. Аз соли 2013 дар донишкада системаи интернетии таҳсилоти фосилавӣ сохта шуда, то ҳол мукаммал фаъолият дорад. Инфрасохтори IT – и донишкадаро шабакаи компютерии донишкада бо 1300 компютеру ноотбукҳои ба он бо нахҳои оптикӣ ва Wifi пайваст ташкил мекунад, ки дар он системаи иттилоотии идоракунии донишкада кор мекунад ва дар ин системаи ҳамаи кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯён интерфейси худро доранд. Ба инфрасохтори IT – и донишкада 134 синфхонаҳо ва озмоишгоҳҳои дорои проектору тахтаҳои электронӣ ҳамроҳ буда, озмоишгоҳҳои виртуалӣ ва онлайн – конференсияҳо истифода мешаванд.  Ҳамаи омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандон сатҳи ба талаботи ҳозираи раванди таълим кофии саводнокии рақамӣ доранд ва он мунтазам ташаккул ёфта истодааст. Бо дарназардошти истифодаи технологияҳои бо зеҳни сунъӣ вобаста дар зинаи бакалавриат ва магистратура ихтисосҳои ба он марбут кушода шудааст ва докторантон оиди истифодаи имконоти технологияҳо ва алгоритмҳои омӯзиши мошинӣ дар раванди кории МТОК тадқиқот бурда истодаанд.Бояд қайд намуд, ки дар табодули рақамии Донишкада саҳми устодони кафедраҳои барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ  хеле калон аст. Маврид ба зикр аст, ки системаи иттилоотии идоракунии Донишкада маҳз бо иштироки бевоситаи устодон ва шогирдони кафедра бе ҷалби мутахассисон аз берун сохта ба истифода дода шудааст, ки он яке аз ситемаҳои уникалӣ ба ҳисоб меравад ва бо зиёда аз 50 шаҳодатномаҳои зеҳнӣ тасдиқ карда шудааст. Аз тарафи кафедра то ҳол зиёда аз 2500 ҳазор мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ омода карда шудаанд, ки онҳо дар рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ саҳми худро гузошта истодаанд.

Аз соли 2012 то инҷониб кормандони кафедра бо ҳамкорӣ бо ташкилоти умумиҷаҳонии MicroSoft, Google, Oracle, SUN, OpenOfficeOrg шартномаҳои дуҷониба ташкил дода, шумораи зиёди таъминоти барномавиро дар соҳаҳои гуногун коркард карданд ва барои истифодабарӣ дар дохили кишвар пешниҳод намудаанд.  Дар давоми фаъолият, аз тарафи устодони кафедраҳо зиёда аз 32 китоби дарсӣ (14 номгӯй бо тавсияи Мушовараи Вазорати илм ва маорифи ҶТ) ба чоп расонида шудааст. Инчунин, зиёда аз 146 мақолаҳои илмӣ сатҳи байналмилалӣ ва ҷумҳурӣ дар маҷаллаҳои намоён ба чоп расонида шудааст. Илова бар ин устодони кафедра соҳиби 45 шаҳодатномаи (ҳуқуқи муаллифӣ) маҳсулоти зеҳнӣ мебошанд. Натиҷаҳои корҳои тадқиқотӣ дар истеҳсолот ва раванди таълим ба истифодаи амалӣ дода шудаанд, ки рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳуриро таъмин менамоянд.

Бояд қайд намуд, ки устодон ва шогирдони кафедра дар озмун ва олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ фаъолона иштирок намуда, бо дастовардҳои худ шаъну шарафи донишкадаро боло мебардоранд. Боиси хурсандист, ки дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” ки санаҳои 21-25 ноябри соли ҷорӣ баргузор гашт, дастпарвари кафедра Додохонов Мирзомуин дар номинатсияи Технологияи иттилоотӣ ҷойи 2-юмро ишғол намуда, соҳиби мукофоти пулӣ ба маблағи 25 000 сомонӣ гашт.

Сипас номзадҳои илмҳои физика ва математика, дотсентон Хуршед Мақсудов дар мавзӯи  “Масъалаҳои таҳия ва татбиқи барномаҳои таҳсилот дар соҳаи ТИК барои МТОК”, Хуршед Худойбердиев дар мавзӯи  “Академик Зафар Усмонов ва лингвистикаи компютерии тоҷик”, доктор PHD Аҳлиддин Низоматдинов  дар мавзӯи “ Нақши ширкати “zypl.ai” дар амалигардонии нақшаҳои Стратегияи миллии “зени сунъӣ” ва Баҳриддинов Б.С.   дар мавзӯи “Таҷрибаи татбиқи технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърузаҳои илмӣ намуданд.

Сипас дар бахшҳои “Информатизатсияи забони тоҷикӣ”, “Системашҳои иттилоотии амалӣ”, “Зеҳни сунъӣ”, “Масъалаҳои мубрами ҳамкории МТОК ва истеҳсолот дар омодасозии кадрҳо дар оҳаи ТИК барои МТОК”, “ Проблемаҳои усулҳои таълими технологияҳои  иттилоотӣ ва рушди салоҳиятҳои рақамӣ”  беш аз 50 мақолаҳои устодон шунида шуданд.  

Бо иқдоми кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ - адабӣ таҳти унвони “Рисолати забон ва ҳуввияти миллӣ” баргузор гардид. Устоди кафедраи мазкур Шафоат Файзиева бо лаҳни ширину равон бо қироати чанд шеър вобаста ба бузургдошти забон чорабиниро ҳусни оғоз бахшид.

Муовини директор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои иқтисодӣ Усмонҷон Ахмедов салому паёми директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизодаро ба аҳли иштирокдорони конференсия расонида, зикр намуд, ки  шуруъ аз соли 2009, санаи 5 октябр чун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қатори ҷашнҳои кишварамон ворид гардида, ҳамасола ҳамчун ҷашни умумиллӣ дар  саросари мамлакат таҷлил карда мешавад.

Таъкид гардтид, ки миллати тоҷик, ки аз умқи таърихи беш аз 5 ҳазорсола об мехӯрад бо фарҳангу тамаддуни қадимаи худ ифтихор дорад. Яке аз василаҳои ифтихори миллат ин забони нобу гуворои тоҷикист, ки мо тавассути он баёни фикр мекунем ва аз осори пурғановати гузаштагонамон огаҳӣ меёбем.   Барои поку бегазанд нигаҳ доштани забони давлатӣ, ки ҳамчун рукни муҳимтарини ҳастии миллат, пойдевори асосии давлатдорӣ ва фарҳангу маънавиёти халқамон маҳсуб меёбад, саҳми Пешвои фарҳангсолори миллат, оне, ки аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ бо ифтихор ва самимияти афзун бо ин забон, ки забони шеъру тарона низ унвон гирифтааст, суханронӣ мекунад, хеле калон аст. Таълифи китоби арзишманд “Забони миллат – ҳастии миллат”, гиромидошти шахсиятҳои бузурги миллӣ, ки забони тоҷикиро ба оламиёни муаррифӣ намуданд, аз таваҷҷуҳу муҳаббати самимии Сарвари давлат нисбати халқу забони миллат аст. Ба шарофати сиёсати дурбинонаи Роҳбари муаззам, мо забонро мисли истиқлолият, Ватан, Модар ва фарҳанг аз ҷумлаи муқаддасоти миллии худ мешуморем ва онро азизу гиромӣ медорем. Дар донишкадаи мо низ ҷиҳати эҳтироми ба забони тоҷикӣ корҳои муайяне анҷом дода шудааст. Аз ҷумла, устодони кафедраи барномасозии донишкада таҳти роҳнамоии равоншод Академик Зафар Ҷӯраевич Усмонов барномаи таҳриргари матни тоҷикӣ, луғати электронии сезабонаи тоҷикӣ-русӣ-англисӣ, тарҷумонҳои компютерӣ ва тафтишоти орофографии электрониро дар амал ҷорӣ намуданд. Ҳамчунин бо заҳмати ин олимон ҳуруфоти тоҷикӣ дар забони Майкрософт Виндовс роҳандозӣ карда шудааст.

Шоири халқии Тоҷикистон устод Фарзона дар бораи фасоҳату нафосати забони ширини тоҷикӣ чанд ҳарфи муҳаббат зада, таъкид дошт, ки мо миллати соҳибсарфарозем, ки забони Рӯдакиву Ҳофиз, Саъдиву Бедил, Ҳофизу Мавлои Румро бе тарҷумон мефаҳмем. Ин нобиғаҳои олами сухан барои миллати тоҷик бо осори ғановатманди хеш хидматҳои мондагор гузоштанд. Аврупоиён ва дигар аҳолии сайёра аз шеъри ноби тоҷикӣ, ки устодони сухан мисли Рӯдакиву Фирдавсӣ ва Мавлои Рум гуфтаанд, кайфияти беш мегиранд. Аз он хушҳолам, ки шогирдони фареҳрехтаи Донишкадаи политехникӣ бо вуҷуди андӯхтани илмҳои муосири техникӣ ба сухану соҳиби он арҷ мегузоранд. Зеро инсон ба маънои томаш аз сатҳи забондонии  худ сарчашма мегирад. Мавсуф аз шогирдон даъват ба амал овард, ки ҳамеша китобро аниси худ донанд. Руҳияи баланди миллӣ дошта бошанд. Рӯ овардан ба маънавиёт ҳаргиз инсонро дар чорсӯи зиндагӣ танҳо намемонад.

Дар идома шогирдони донишкада аз эҷоди шоирон Рӯдакӣ, Ҷалоллидини Румӣ, Лоиқ ва Фарзона шеърҳо қироат карда, хотири  аҳли нишастро шод намуданд. 

 

 

 

 

 

 

Бо иқдоми маърифатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии "Илм фурӯғи  маърифат" дар баробари озмунҳои " Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст" ва " Тоҷикистон Ватани азизи ман" дар сатҳи баланд доир мегардад.  Ҳадафи аслии баргузории озмуни мазкур, пеш аз ҳама, кашф ва дарёфти истеъдодҳои нав, бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб намудани наварасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорон ба шумор меравад. Аз нигоҳи дигар, озмун яке аз муҳимтарин рукнҳои таблиғи «Бистсолаи омӯзиши илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ» мебошад

Мояи ифтихор ва сарфарозист, ки имсол низ устодон ва шогирдони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҳам дар даври вилоятӣ ва ҳам дар даври ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзида, ба дастовардҳои баланд ноил мегарданд. Чунончи дар даври ҷумҳуриявии озмун шогирдони донишкада Мирзомуин Дадохонов, донишҷӯи курси 2, гурӯҳи 40 0101 аз номинатсияи технологияи иттилоотӣ ба гирифтани мақоми дуюм, Меҳрангез Зоҳирова, донишҷӯи курси 3, гурӯҳи 25 0104  аз номинатсияи химия сазовори ҷои 3, Қудусова Мафтуна, устоди  кафедраи математикаи олӣ ва физика аз номинатсияи физика  соҳиби ҷои 3 - юм гардиданд. Ҳамчунин донишҷӯён Эргашбоев Мирҷалол аз номинатсияи  математика, Файзиев Амонҷон аз номинтсияи физика, Абдураупов Манучеҳр аз номинатсияи технология иттилоотӣ мақомҳои ифтихориро ба даст оварданд. Ғолибияти донишҷӯен  ва устодон самараи масъулияти баланди омӯзгорони соҳибкасби донишкада маҳсуб меёбад.

 Боварии комил дорем, ки ташаббуси созандаю дурнигари Сарвари давлат дар байни ҷомеаи меҳнатии донишкада минбаъд низ пайравони зиёди худро хоҳад ёфт. Пирӯзӣ муборак шогирдони азиз!

Ба ифтихори ҷашни касбии омӯзгорон дар маҷлисгоҳи асосии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд чорабинии тантанавӣ бо иштироки собиқадорони соҳа, устодон ва шогирдон доир гардид.

Нахуст директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода аҳли ҷомеаи меҳнатии боргоҳи илму маърифатро бо ҷашни касбӣ муборакбод намуда, зикр дошт: “Ҷашни касбии омӯзгорон, ки  ҳар сол дар айёми фасли заррини тирамоҳ - якшанбеи якуми моҳи октябр таҷлил карда мешавад, аз таваҷҷуҳу ғамхории давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати  аҳли илму зиё, омӯзгорон ва дигар алоқамандони соҳаи маориф далолат медиҳад. Қобили зикр аст, ки иди касбии имсола ба яке аз ҷашнҳои азизу мӯътабар - 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст ва дар остонаи ин ҷашни бузург Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба бо намояндагони соҳаи маорифи кишвар дар расми ифтитоҳи биноҳои навбунёди Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон мулоқоти гарму самимӣ ороста, бо фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ аз омӯзгорон даъват ба амал оварданд, ки бо дониши қавию навоварона ба шогирдон дарс гӯянд”.

Дар идомаи суханронии хеш номбуда зикр намуд, ки таваҷҷуҳу рӯзафзуну маорифпарваронаи Пешвои муазззами миллат аз мо – омӯзгорон тақозо дорад, то барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани таълиму тарбия, ҷалби ҷавонон ба илмҳои муосир ва забономӯзӣ бештару беҳтар саъй варзем.  Дар  ин росто эълон гардидани солҳои 2020 – 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”,  роҳандозӣ шудани озмунҳои ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фуруғи маърифат” ,  “Тоҷикистон Ватани азизи ман”, “Тоҷикон оинаи таърихи миллат” ки бо иқдоми бевоситаи Сарвари давлат амалӣ шуда истодааст, барои боз ҳам баланд гардидани шавқ ва завқи наврасону ҷавонон нисбати адабиёт, таърих, фарҳанг, илмҳои муосир, техникаву технология роҳи васеъ боз менамояд. Қобили зикр аст, ки пас аз эълони озмунҳои зикргардида устодону донишҷӯёни донишкада бо ҳавасмандӣ дар озмунҳо ширкат варзида, дар даври ҷумҳуриявии “Илм фуруғи маърифат” 6 нафар устодону донишҷӯён соҳиби мақомҳои ифтихории ҷойҳои дуюм сеюм ва чорум гардиданд. Ҳамчунин тайи ду соли охир се нафар устодони донишкада Хуршед Худойбердиев, Бобоҷонов Ҷӯрабой ва Иброҳимов Муъминҷон барои дарёфти Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илмҳои дақиқ ва риёзӣ ноил гардиданд, ки ин дастоварди камназир аст. Алҳол барои боз ҳам бештар ҷалб намудани донишҷӯён ба омӯзиши чуқури фанҳои дақиқ ва дигар фанҳо дар донишкада 52 мафҳил 18 маҳфили инноватсионӣ, 20 маҳфили илмӣ, 8 маҳфили эҷодӣ ва 15 маҳфили варзишӣ амал мекунад, ки ба он беҳтарин устодон ҷалб гардида истодаанд.

 

Директори донишкада дар идомаи чорабинӣ ба як қатор устодони собиқадор, навовару пешсаф дар вазъияти тантанавӣ ифтихорномаю тӯҳфаҳои хотиравиро тақдим намуд.

Дар идомаи бо иштироки аҳли санъат ва донишҷӯёни ҳунарманди донишкада шеъру суруд ва рақсҳои дилангез пешкаши аҳли толор карда шуд.

Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи асосии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд чорабинии тантанавӣ таҳти унвони “Парчами мо шукӯҳи озодист” баргузор гардид.

Директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Саидӣ Дилафрӯз Раббизода аз номи роҳбарияти донишкада устодону шогирдонро бо ин ҷашни шукӯҳманд табрику муборакбод гуфта, зикр дошт, ки ҳамагӣ чанд рӯз қабл мардуми соҳибназари кишвар бо руҳияи баланди идона 30 – юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд, ки дар тантанаҳои ҷашнӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзиданд ва шодишарики кулли мардуми мамлакат гардиданд.   Ин арзишҳо ва дастоварди нотакрор, ки бо талош ва хизматҳои содиқонаи Пешвои муаззами миллаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омаданд, моро ба пешравию муваффақиятҳо раҳнамоӣ намуданд. Дар ин Иҷлосияи таърихӣ дар қатори интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз як рӯйдоди таърихӣ - парчами кишварамон қабул гардид, ки бешубҳа оғози роҳи босаодат,  манбаи ифтихору самимият барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ гардид. Барои мо ифтихор аст, ки дар таҳия ва пешниҳоди нусхаи асли аввалин Парчам саҳми олими зиндаёд, Академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ, ки номи Донишкадаро дорад,  калон аст. Вақте парчамро Сарвари давлат бӯсида, таъкид доштанд, ки барои миллат сулҳ меоранд, шодию нишоти халқро поён набуд. 

Мавсуф дар идомаи суханронии табрикии худ аз дастовардҳои шоёни ҷомеаи меҳнатӣ сухан намуда, қайд сохт, ки татбиқи босамари тарбияи кадрҳо, мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонибинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ дошта, яке аз самтҳои асосии сиёсати дурбинонаву хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат маҳсуб ёфта, ин тадбири муҳим дар донишкадаи мо тибқи нишондодҳои Ҳукумати Ҷумҳурии  пайваста амалӣ карда мешавад. Ширкати фаъолонаи донишҷӯёни донишкада дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат”, олимпиадаву Ҷоми Академияи миллии илмҳо, ба наздик 25 маҳфилҳои илмиву техникӣ  ҷалб шудани донишҷӯён далели пешрафти донишкада дар ҳама самтҳо ҳаст. Мо хуб медонем, ки нерӯи таҳсилоти миллӣ, бешубҳа, ба пешрафти ҷомеа, аз ҷумла ба иқтисодиёту фарҳанги он иртиботи ногусастанӣ дошта, ба устувор гардидани мавқеи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ ва ҳалли проблемаҳои дохилӣ мусоидат мекунад. Вазифаи  мо –омӯзгорон дар алоқамандӣ ба фазои басо мураккаб, печида ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, вазъи геополитикии сайёра ва минтақа афзудани хатарҳои терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳо аз он иборат аст, ки баҳри таҳкими истиқлолияти давлатӣ, суботу амнияти миллӣ, ваҳдати миллӣ, ягонагии халқи Тоҷикистон ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамеша талош намоем.

         Сипас барномаи рангини фарҳангӣ, ки саршор аз меҳр нисбати Ватан, Президент ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ба аҳли нишаст пешкаш гардид.

         Бо ҳамин чорабинӣ хотима пазируфт. 

 

 
Миллати тоҷик дар масири дуру дарози ватандории хеш борҳо ҷабри таърихро кашида, чун миллати соҳифарҳанг ва соҳибхирад будани хешро бо аламу қалам собит намудааст. Миллати тоҷвари моро имрӯз боз як имтиҳони таъриху тақдир дар пеш аст. Аҳримансифатону манқуртони давр, ки тинҷиву осоиштагӣ барояшон мусибат ҳасту ҷангу нооромӣ мояи шодмонӣ, имрӯз табли шодӣ мезананд ки ба мақсадҳояшон расиданд. Аммо онҳо заррае андеша надоранд, ки тадбири роҳандозӣ кардаашон моро боз ҳам дар атрофи идеяи миллӣ, ғояҳои давлатдории навини тоҷикон таҳти роҳбарии Сарвари давлатамон муттаҳидтар мекунад. Худ бубинед имрӯз ҳазорон - ҳазор родмардони Ватан, онҳое ки ҳар ваҷаб хоки меҳанро марзи номус медонанд омода ҳастанд паҳлӯи афсарону аскарон бошанд. Миллати мо аз азал танҳо тинҷиву оромиро мехост, аммо агар зарурат пеш ояд ҳазорҳо Рустаму Сӯҳроб, Исфандиёри руитанро барои дифои Ватан таваллуд мекунанд. Ҳоло фурсате даррасида ки мо ақлу заковат ва некбинии худро нишон диҳем. Онҳое ки ба сӯи сокинони осоишта, дабистон тир холӣ кардан, аз табори одам нестанд. Чеҳраи маҳзуни модарон, садои гиряи кӯдакони бегуноҳ, ки паи таълим ҳастанд, пешорӯи мақсадҳои нопоки манфиатхоҳон ҳеҷ аст. Магар ҳамсоягони мо, ки тӯли садсолаҳо аз мо маданияти заминдорӣ, рузгордорӣ омӯхтан бо чунин шева бароямон ҷавоб мегӯянд. Куҷост қадри ҳамсоягӣ, куҷост қадри одамӣ. Ҷанг дар ҳама давру замон фарҷоми хуб надорад. Ба ҷузъ аз чанд "қаҳрамон". Пас аз оқсақолони рузгордидаи ҳамсоякишвар даъват ба амал меорем, ки вақти сари оши оштӣ менишинанд, ба қадри нону обу якҷояхурда расанд. Вагарна қаҳри Худованд низ меояд. Мо миллати воҳидем ва ҷабри таърихро бисёр дидаем. Нон хӯрда ба нондон туф намекунем.
Зиҳӣ бахту зиҳӣ даврони тоҷик,
Ба кайҳон мерасад айвони тоҷик.
Агарчи ҳалқаи куҳош танг аст,
Ҷаҳон ғунҷад ба даври хони тоҷик.

Устодони азиз, шогирдони гиромӣ!

Дар роҳи таърихи беш аз 1000 солаи давлатдории тоҷикон чандин чеҳраҳои олами сиёсат ва адаб дурахшидаанд, ки номи ин миллатро бо ҳама дастовардҳояш  пойдору устувор ва дар арсаи ҷаҳонӣ шоиста муаррифӣ намудаанд.

Аз миёни чунин шахсиятҳои таърихӣ ва баркамол номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаи таърих бо хатти зарин навишта хоҳад шуд.

Зеро ин абармарди ҳадяи яздонӣ вақте ба майдони сиёсат ворид шуданд, ки миллати тоҷик дар ҳоли парешон ва кишвар дар вартаи ҳалокат қарор дошт. 

Паёми  нахустини  Сарвари давлат аз Иҷлосияи тақдирсози 16 - уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки  дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд садо дод: “Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард…” шуълае дар дили мардуми азиятдида барафрохт.

Суханони самимӣ ва пурэҳсос, даъват ба ҳамдилӣ, ҳамраъйӣ ва дилсӯзиву ҷонфидоии Пешвои муаззами миллат дар рӯзҳои нахустини Иҷлосия ба руҳи мардум тавон, дар дили вакилон умеду бовариро ба фардои неки ин миллат аз нав эҳё намуд.

 Воқеан, агар мо аз дидгоҳи имрӯз ба рӯйдоду ҳодисаҳои рӯзҳои аввали истиқлоли Ватанамон назар афканем, мебинем, ки маҳз Иҷлосияи таърихии 16 - ум сароғози таърихи навини тоҷикон ба шумор меравад.

Имрӯз бо гузашти беш аз 30 соли Иҷлосияи таърихӣ, нақш ва мақоми он боз ҳам возеҳу равшан падидор мегардад.

Бояд гуфт, ки то замони Иҷлосияи таърихӣ яке аз фаъолтарин вакилон маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешуданд ва дар такя бо далелу аснодҳои ҷолиб барои пешрафти кишвар пешниҳодҳои ҳадафмандона медоданд. Суханҳои боҳарорат, масъулиятнокиашон куллан аз дигарон фарқ мекард. Аз ҳар баромадҳояшон дар ҷаласаҳо эҳсос мешуд, ки бештар аз дигарон барои ин миллату халқ месӯзанд.

Имрӯз аз равзанаи давлатдории навини тоҷикон метавон панҷ амали таърихии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мисол овард, ки ба бунёди давлати муосири тоҷикон асос гузошт.

Ин пеш аз ҳама таъсиси ҳокимияти давлатӣ, ташкили низоми дурусти идораи давлатӣ, таъсиси мақомоти марказӣ ва маҳаллии низоми идора, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳимоякунандаи шаҳрвандон ва таҳияи низоми судӣ мебошад. 

Аз панҷ гурӯҳи асноди меъёрии ҳуқуқие, ки Шӯрои Олӣ қабул кард, ду гурӯҳи аввал ба барқарорсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, сеюм барои хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ, чорум барои ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва гурӯҳи панҷум ба самти муносибатҳои байналмилалӣ бахшида шуда буданд.

Дигар аз ташаббусҳои наҷиб, далерона ва қотеъонаи Сарвари давлати тоҷикон  - фароҳам овардани шароит барои боз ҳам бештар ҷалб кардани ҷавонон ва занон ба сафи кадрҳои роҳбарикунанда мебошад.

Маҳз роҳандозии силсилаи барномаву стратегияҳои давлатӣ боис шуданд, ки дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат кадрҳои болаёқати ҳамаи соҳаҳо дар пешрафт ва умури давлатдорӣ ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардиданд.

Соҳаи маориф чун соҳаи калидӣ пайваста дар мадди назари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати фароҳамоварии шароити зарурӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар саросари кишвар тадбирҳои муассир амалӣ мегарданд. Татбиқи амалии Барномаҳои соҳа, диду назари хосса ба пешрафти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дар ин замина муҷаҳҳаз гардидани муассисаҳо бо муосиртарин тенологияҳо, таҷдиди паркҳои технологӣ, густариши равобити хориҷӣ ва ниҳоятан аз 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ  то ба 42 адад расонидан аз хирадсолори ва маорифпарвар будани Сарвари давлат далолат медиҳад.

Ин ҳама муваффақиятҳо натиҷаи заҳмату талошҳои  Сарвари давлат аст. Зеро ҳамагон пеш аз ҳама маҳз аз мактаби бузурги инсоншиносии Пешвои муаззами миллат гузашта, садоқат ба Ватан, обу хоки замин, садоқат ба касбро аз кору пайкори ин марди шариф омӯхтаанд.

Таҷрибаи давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар тарбияи наслҳои ояндасози миллат, балки дар пешрафт ва шукуфоии дигар қавму миллатҳо дар садсолаҳои оянда хизмат хоҳад кард.

Ҷашни Рӯзи Президент ва 30 – юмин Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!

 

 

Ба ифтихори 31 – умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи асосии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Соҳибистиқлолӣ саодати мост ”доир гардид.

Конфренсияи бо сухани муқаддимавии директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода оғоз ёфта, мавсуф зимни суханронӣ таъкид дошт, ки Истиқлол шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад. Маҳз ба шарофати соҳибдавлатии тоҷикон имрӯз кишвари мо бо 195 давлатҳои хориҷӣ робитаи дипломатӣ дошта, сол аз сол кишвари моро чун миллати қадима, тамаддунофар ва аз лиҳози зебогӣ беҳтарин мешиносанд.

Дар баромади раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов зикр шуд, ки 31 соли истиқлоли давлатӣ барои мо як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳилаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими созандагӣ ва бунёдкориҳое гардид, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда вобастаанд.

Доктори илмҳои таърих, профессор Ваҳҳоб Набиев дар мавзӯи “"Истиқлолият ва татбиқи сиёсасти ҷавонон дар Тоҷикистон"Истиқлолият ва татбиқи сиёсасти ҷавонон дар Тоҷикистон" мулоҳизаронӣ намуда, баён дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолии давлат дар самти баланд бардоштани мақоми ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, фароҳам сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияи муоисири иттилоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардида, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст. Бо мақсади боз ҳам фаъол гардидани ҷавонон зиёда аз даҳҳо қонуну қарорҳо ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул карда шуд, ки он барои муттаҳид намудани ҷавонон, ҳимояи марзу буми Тоҷикистон, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ ва корҳои созандагию бунёдкории онҳо роҳи боз ҳам васеъ кушод.

Номзади илмҳои техникӣ, декани факултети сохтмон ва нақлиёт Ҳусейнҷон Қаландаров дар бораи рушди энергетикаи кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ маърӯзаи илмӣ намуда,  аз ҷумла афзуд, ки мо дар ёд дорем, ки баҳри таъмини аҳолии куҳандиёри тоҷик бо неруи арзону аз лиҳози экологӣ тозаи барқ, афзоиши иқтидорҳо ва ноил гардидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ давоми 31 соли соҳибистиқлолӣ сохтмону ба истифодадиҳии як қатор иншооти бузурги тавлидотии   нерӯи барқ  ба роҳ монда шуд, ки дар сархати ин феҳраст номи неругоҳи барқи обии “Роғун” қарор дорад. Истиқлоли давлатӣ муваффақияти бузург ва дар навбати худ ифтихори ҳар яки мо шаҳрвандони  Тоҷикистон  мебошад. Маҳз дар ҳамин давра  мо ҳамзамон  бо ташаккули ҷомеаи демокративу  ҳуқуқбунёд ба  муваффақиятҳои  бузург дар соҳаҳои  иқтисод, аз он ҷумла электроэнергетика ноил гардидем. Дар соҳаи электроэнергетикаи ҷумҳурӣ 20 лоиҳаи сармоягузорӣ бо ҷалби зиёда аз 1,9 млрд.доллари ИМА татбиқ гардиданд, ки нишонаи возеҳи пешрафти соҳа аст.

Саидӣ Дилафрӯз Раббизода дар интиҳои қисмати расмии чорабинӣ аз нақшаҳои минбаъдаи ҷомеаи меҳнатии донишкада ҷиҳати омодакунии мутахассисони варзида, саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат сухан ронда, таъкид дошт: “Имрӯз вақте фаро расидааст, ки мо бори дигар садоқатамонро ба сиёсати ояндабинонаи Пешвои миллат ва роҳи интихобкардаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастовезҳои азими меҳнатӣ ва мавқеи устувор нишон диҳем.”

Ба якчанд нафар фаъолони ҳизб дар вазъияти тантанавӣ Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд тақдим гардид.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ шогирдони донишкада дар васфи истиқлолу озодӣ шеъру таронаҳо сароиданд.

Дар доираи таҷлили 30 – солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми Раёсати Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд чорабинии Рӯзи донишҷӯ  доир шуда истодааст.

Чунончи дирӯз донишҷӯёни соли аввали факултети муҳандисӣ – иқтисодӣ дониш ва малакаи худ, таассуроти бардоштаашонро аз таҳсил дар донишкада пешкаши аҳли нишаст намуданд.

 

Дар паёми шодбошии худ директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода донишҷӯёнро бо ҷашнҳои муқаддаси кишвар табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки имрӯз мову Шумо дар рӯзҳои таҷлили 30 – солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷашнҳои фараҳбахшу нодири мамлакати азизамон маҳсуб ёфта, инак чанд сол инҷониб дар фазои шоиста ва арзанда таҷлил мегардад, қарор дорем. Эълон шудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус дар санаи 16 ноябр ҳодисаи тасодуфӣ набуда, ин рӯйдоди фараҳафзо рамзи нек дорад. Маҳз дар рӯзи баргузории Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар омадани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи нодир аст, ки рӯзҳои таърихиву муҳими давлатдории моро ба ҳам пайваст месозад. Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан иҷлосияи тақдирсоз аст, ки дар таърихи давлатдории навини тоҷикон саҳифаи тоза ва умедбахшеро ифтитоҳ бахшид. Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, Иҷлосия тақдири халқи тоҷикро муайян намуд. Зеро дар доираи кори он масъалаҳои муҳиму таърихие баррасӣ ва қарорҳое қабул гардиданд, ки роҳи давлатдори миллиро мунаввар бахшиданд.

 

 

Аз ин лиҳоз, дар як рӯз таҷлил намудани ду рӯзи муҳим аз рӯйдоди нишотбахши миллати мост.

Декани факултет Илёс Исломов  аз дастгириҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омодакунии мутахассисони соҳа ибрози назар намуда, бо истифода аз шароити мавҷудаи хуби корӣ барои андӯхтани дониш ба дониҳҷӯён барор хост. Дар идомаи чорабинӣ маросими савгандёдкунӣ сурат гирифт.

Дар қисмати фарҳангӣ донишҷӯёни аввал бо шеър тарона ва рақс, намоиши саҳначаҳои ҳаҷвӣ аз рӯзгори донишҷӯӣ хотири аҳли нишастро шод намуданд.

 

 

 
Дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд роҷеъ ба фаъолияти муассисаи таълимӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ бо иштироки васеи рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дилафрӯз Саидӣ, директори донишкада нишастро ҳусни оғоз бахшида, иттилоъ дод, ки дар чор факултети донишкадаи донишкада – информатика ва энергетика, сохтмон ва нақлиёт, муҳандисӣ – технологӣ ва муҳандисӣ - иқтисодӣ аз рӯи 29 ихтисоси зинаи бакалавриат, 5 ихтисоси шакли таҳсилашон фосилавӣ ва аз рӯйи 18 ихтисоси бакалавриатура таҳсилоти олии дуюм тариқи фосилавӣ, 18 ихтисоси зинаи магистратура, 9 ихтисоси зинаи докторантура (PhD), инчунин 13 курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ аз ҷумла омӯзиши забонҳои хориҷӣ 178 нафар устодон ба 4121 нафар донишҷӯ дарс мегӯянд.Аз миқдори умумии донишҷӯён 6 нафар шаҳрванди хориҷӣ мебошанд, ки аз руйи ихтисосҳои гуногун дар донишкада таҳсил карда истодаанд. Таъкид шуд, ки дар Донишкада низоми дохилидонишгоҳии таъминоти сифат мавҷуд аст, ки аз рӯйи он омилҳои баландбардоштани сифати таълим назорат карда мешавад.
Зикр шуд, ки сол ба сол бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои нақшаи дурнамои донишкада он сатҳи сифатан рушд расида истодааст. Масалан соли 2014 миқдори донишҷӯён 3651 нафар бошад, имрӯз ба 4121 нафар расидааст, ки ҳамаи онҳо баъди хатми донишкада соҳиби ҷойҳои кории муносиб ва арзанда мегарданд. Сифати таҳсил низ дар ин давра зиёд гардида, миқдори хатмкунандагони дипломи аъло 4 маротиба афзудааст.
Дар давраи аз соли 2015 то 2021 - 30 нафар рисолаи номзадӣ ва 2 нафар рисолаи докториро ҳимоя намуданд, 173 нафар омӯзгорон курсҳои такмили ихтисосро дар Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гузашта, соҳиби диплом гардиданд. Ҳиссаи омузгорони унвони илмидошта дар Донишкада 45,5%-ро ташкил медиҳад, ки меъёр ба донишкадаҳо 35,0 % муайян шудааст. Агар ин нишондиҳанда дар соли 2010 ба 33,5% баробар бошад, пас дар соли 2022 ба сатҳи 45,5% расидааст. 20 нафар устодони унвони илмидоштаи то синни 35 дар донишкада фаъолияти меҳнатӣ доранд, ки ин 25,5%-ро ташкил мекунад.
 
Иттилоъ дода шуд, ки дар 7 соли охир зиёда аз 80 патент ва шаҳодатномаи зеҳнӣ, аз ҷумла 19 нахустпатент ва 64 шаҳодатномаҳои зеҳнӣ ба даст омадааст. Бояд қайд намуд, ки соли 2019 дар ин самт хеле пурбарор буд, зеро 40 адад шаҳодатномаи зеҳнӣ ва 5 нахустпатент ба даст оварда шуд, аз он ҷумла 36 шаҳодатномаи зеҳнӣ доир ба сохтани модулҳои системаи иттилоотии идоракунии донишкада ба даст оварда шудааст.
Дар соли ҷорӣ донишҷӯёни Донишкада дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни МТОК фаъолона иштирок намуда, 3 нафар (технологияи иттилоотӣ, назарияи иқтисодӣ ва забони давлатӣ) сазовори 2-ҷойи дуюм ва 1-ҷойи сеюм гаштанд.
211 дарсҳои ба навор гирифта шуда маводҳои дарсӣ ба намуди тайёр дар сомонаи ВМИҶТ ва ҳамчунин дар канали youtube-и омӯзишии Вазорат паҳн карда шудааст.
Агар соли 2010 миқдори умумии озмоишгоҳҳо 20 адад бошад, имрӯз ба 43 адад расонида шудааст, ки барои сифатан беҳтар тайёр намудани кадрҳо мусоидат менамояд. Танҳо дар соли 2021-2022 дар донишкада 5 озмоишгоҳҳои нав ва 1 маркази таълимӣ ташкил карда шудаанд: 3- озмоишгоҳ дар самти зеҳни сунъиӣ , 1 озмоишгоҳи технологияи молиявӣ, озмоишгоҳи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, як маркази таълимӣ, ки аз озмоишгоҳи дузандагӣ ва синфхонаи компютерӣ оид ба лоиҳакашии автоматикунонидашудаи либос иборат мебошад.
Дилафрӯз Саидӣ ҳамзамон доир ба дигар паҳлуҳои фаъолияти донишкада ба рӯзноманигорон иттилои бештар дод.
Дар қисмати саволу ҷавоб рӯзноманигорон доир ба ҷараёни таълиму тарбия ва инноватсия аз директори донишкада пурсон шуда, ҷавобҳои мушаххас ба даст оварданд.