(дар ҳошияи филми ҳуҷҷатии «Бозгашт аз ҷаҳаннам»)

Таърих собитгари он аст, ки миллати тоҷик дар паҳнои арзи ҳастии худ борҳо дучори фитнагарону носипосон гардидааст. Аз ғасби истилогарони Араб то Искандри Мақдуниву Чингизи хунхор давлати мо ба шикаст рӯ ба рӯ гардид. Дар ин набардҳои хунин дар баробари родмардон ҳамзамон буданд нафароне, ки ба хотири ҳифзи ҷон, молу колои худ зуд таслими душман шуданд ва дигаронро низ аз ақиби худ бурданд. Маҳз хиёнат ба миллату Ватан буд, ки мо ба шикаст андар шикаст рӯ ба рӯ гардидем.

Ҳодисаҳои солҳои навадуми асри гузашта низ ҳамон гуна бо дасти худӣ рух дода, дар натиҷа миллат қариб буд, ки ба ҳадди нестӣ мерасид.

Дар он солҳои наҳс  ифротгароёни диннӣ, ки аслан фурӯхташудагони дастгоҳҳои ҷосусии кишварҳои абарқудрат буданд, мардумро бо шиорҳои муқаддаси озодӣ, демократия, бозгашт ба дингароии сарсарӣ, бунёди  Тоҷикистони озоду обод фиребида, талош варзиданд конунеро, ки ҳадафи асосиаш  ҷорӣ кардани шариат ва ба ҷазо гирифтор кардани дигарандешон буд, дар либоси Ҳизби наҳзатии ислом, ба расмият дароваранд.

Бино ба нақли Аёмиддин Сатторов ҳодисаҳои солҳои навадуми асри гузашта аз рӯи сенарияи хоҷагони эронӣ тарҳрезӣ гардида буд. Онҳо мехостанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати соф исломӣ аз рӯи мазҳаби шиапарастӣ бунёд шаваду давлатдориву фармонфармоиро Эрон бар дӯш гиранд. Ба ин кори онҳо фарзандони шуҷою далер монеа гузоштанд. Наҳзатиён ҳаргиз гумон надоштанд, ки бо чунин сади сангин дучор мегарданд. Агар барои пахши ҷанги шаҳрвандӣ пеш аз ҳама руҳи миллӣ, нерӯи хирад, сарҷамъӣ дар атрофии Сарвари давлат асос шуда бошад, пас дар ин ҷода хизматҳои аҳли маънавиёт, зиёиён низ хеле калон буд. Хоҷагони эронӣ ва наҳзатиён дар ҷодаи пиёд кардани ҳадафҳои худ хатои маҳз карданд ва барои ислоҳи вазъӣ ба хотири барангехтани кинаву адоват байни маҳаллҳо ба куштори шахсиятҳои маъруф аз қабили Сафаралӣ Кенҷаев, Минҳоҷ Ғуломов, Муҳаммад Осимӣ, Исҳоқӣ шурӯъ карданд. Ба ин «амали хайр»-и худ ҷавонони гумроҳи тоҷикро, ки дар лаегрҳои террористомодакунии Эрон дар шаҳрҳи Қуму Мозандарон машқу тамрин намуда буданд, ҷалб намуданд. Дар натиҷа ҳисси нобоварии мардум нисбати якдигар зиёд шуд. Аммо роҳбарии оқилонаву дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабаб шуд, ки миллат аз вартаи нобудӣ раҳо ёбад.

Муборизаи наҳзатиён дар солҳои минбаъда дар ҷомаи қонунӣ фаъолият кардан идома ёфт. Онҳо ошкорову ниҳон талаботҳои худро дар ҷомеа пиёда карданӣ мешуданд. Масалан   ифротгароёни исломӣ талош варзидаанд  либоси сатри занонро, ки  хоси арабони биёбонгард аст, расми либоспӯшии тоҷикон гардонанд. Мардонро даъват мекарданд, ки шимҳои кӯтоҳ пӯшанду ришак сабзонанд. Ва онҳое, ки шомили ҳизб намешуданд, ба бединию худобадбинӣ муттаҳам мекарданд. Яъне, исломро ба тафриқа ҷудо менамуданд. Дар сӯҳбати як нафар шахсе, ки воқен ҳам дониши диниаш баланд аст, будам. Ӯ аз диндороне, ки ба ҳизби наҳзати ислом аъзо шуданд, шадидан интиқод кард. Қайд намуд, ки ислом ба ҳизб равия ва ахиран ба таблиғ ниёз надорад. Зеро бунёди дини мубинис ислом таблиғи покизагиву одамдӯстӣ аст. Мутаассифона, имрӯз маҳз ҳамин душманони ислом ҳастанд, ки онро ба фирқаю гурӯҳ  ҷудо намуда, аз номи ислом бар зиди ислом кор мекунанд, ки арҷи онро дар он дунё хоҳанд дид. 

Шукрона, ки имрӯз Тоҷикистони мо Тоҷикистони солҳои 90-уми асри гузашта нест. Воқеоти сангину нангини он айёми хатарзо барои мардуми фарҳангпаноҳу сулҳпарвар сабақи бузург гардид. Албатта, душманону бадхоҳони миллату давлат чун гирдоб ба зудӣ сари хешро мехӯранд ва ба ниятҳои нопокашон намерасанд. Вале метавонанд муддате ба зиндагии орому осоиштаамон халал расонида, дар самти бунёдкорию созандагӣ монеа эҷод намоянд.

     Мо, устодони донишкада рафторҳои хоинона ва ватанфурӯшонаи Муҳиддин Кабирӣ ва пайравону ҳаммаслаконашро сахт маҳкум намуда, чун    тамоми сокинони Ватанамон намегузорем, ки онҳо нақшаву ниятҳои нопокашонро амалӣ созанд. Бо муттаҳидӣ дар атрофи Пешвои муаззами миллат даст ба дасти ҳамдигар дода, аз як гиребон сар бароварда, ба муқобили онҳо муборизаи беамон мебарем, истиқлолияту озодӣ, ваҳдату ҳамдилӣ ва диёри ҳамешабаҳорамонро чун гавҳараки чашм ҳифз менамоем.

 

Искандар Асаттулоев,

муовини директори оид ба масоили иқтисодии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

(дар ҳошияи филми ҳуҷҷатии «Бозгашт аз ҷаҳаннам»)

Ҳамаи мо хуб медонем, ки сатҳи маънавиёти ҷомеа аз чигунагии дониши сиёсиву фарҳангии сокинонаш вобастагии калон дорад. Агар дар зеҳну шуури аҳли ҷомеа андешаи солимро ҷо созем, пас миллат ба сӯи ободиву пешрафт майл мекунад. Роҳбари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини зимоми давлатдориро бар дӯш гирифтанд, маҳз ба хотири беҳдошти маънавиёти сокинони кишвар, баланд бардоштани фарҳанг ва маданияти аҳли ҷомеа саъй варзиданд. Ва меваи ин кӯшишу заҳматҳои Пешвои миллатро имрӯз мо дар рӯзгори худ дида истодаем. Мутаассифона, ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолии кишвар дар баробари пешрафти маънавиёт, ҳисси худшиносии миллӣ буданд гурӯҳҳое, ки ин ҳама пешравиҳоро чашми дидан надоштанд. Онҳо ба ифротисозиву заҳролудшавии маънавиёти мардум тамоми кӯшишҳои худро равона мекарданд. Бадбахтӣ дар он аст, ки афроди зиёде ба хотири таассуб майл ба чунин гурӯҳҳо доштанд. Бояд зикр намуд, ки дар ҳамаи давру замонҳо боздорандаи рушду пешрафти ҷомеа ва омили нооромиҳову гирифториҳо таассуби динӣ мебошад. Таассуб навъе аз ҳолати рӯҳию равонии шахсест, ки бар эҳсосот асос дорад, на ба ақл. Аз ин рӯ, таассуби динӣ заминаи асосии равонии экстремизм ва терроризми динӣ гаштааст. Шомилшавии аксари аъзоёни ҲНИ низ он солҳо аз рӯи пайравиву таассуб буд. Агар таассуб намебуд наҳзатиён шумораи аъзоёни худро беш аз 25 ҳазор нафар намегуфтанд. Дар суҳбати як нафар аъзои собиқи ҲНИ қарор доштам. Номбурда эътироф кард, ки ба масҷид рафтану дар маҷлисҳои ошкорову пинҳонии наҳзатиён иштирок кардан аз рӯи таассуб буд. Чун ҳамсояам ин амалҳоро анҷом медод, ман низ хостгори ин ҳизб шудам. Аслан дар бораи ин ҳизб ягон маълумоти мукаммале надоштам. Ва иқрор мешавам, ки аксари аъзоёни ХНИ худ намедонистанд, ки аъзои ин ҳизбанд.  Маҳз тафаккури танги баъзе аҳли хурофот, махсусан ҳизби террористиву экстремистии наҳзати исломӣ аст, ки бо истифода аз бовариҳои динии мардум бо дастури хоҷагони хориҷиашон кӯшиш мекунанд монеъи рушду пешравӣ гардида, мардуми диндорро ба бозичаи дасташон дар роҳи хиёнату хилофкорӣ табдил диҳанд.

Аёмиддин Сатторов ва Эшони Қиёмиддини Ғозӣ яке аз муассисон ва мубаллиғони ҳизби террористиву экстремистии наҳзати ислом дар баёнияҳои худ дар филмҳои ҳуҷҷатии «Бозгашт аз ҷаҳаннам» ва «Решаҳои ноаён» иқрор шуданд, ки онҳову садҳо нафар ҳанӯз даврони шӯравӣ дар интихоби мавқеъ хатои калон кардаанд. Маҳз ин нафарон, ки аз адабиёти динӣ бохабар буданду хату саводи исломӣ доштанд бо вуҷуди донишмандии худ ба таассуби роҳбарони олии ҳизб гирифтор гаштанд. Аниқтараш қудрат дар дасти онҳо набуд. Бино бар нақли Аёмиддин Сатторов ин ҳизб дар заминаи ҳизби пурнуфузи Ҷумҳурии исломии Эрон бо номи «Ҳизбуллоҳ» созмон ёфта, барои ҷалби мазҳаби шиа, нооромии ҷомеа равона гардидааст.  Аз нақли ин нафарон маълум мегардад, ки ТЭТ ҲНИ ва хоҷагони хориҷиашон, ки мехоҳанд мардуми тоҷик ҳарчи бештар дар чоҳи хурофот ва торикиву ҷаҳолат гирифтор бошад, бо охирин қувваи нопоки худ кӯшиш карда истодаанд дар ҷомеа фитна ангезанд ва тоҷиконро миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун миллати хурофотиву ифротӣ ҷилва диҳанд.

Пас аз ба сари қудрат омадани Муҳиддин Кабирӣ хоҷагони эронӣ аз он табли шодӣ заданд, ки нафаре ба роҳбарияти ҳизби наҳзати исломӣ омад, ки оромони чандинсолаи онҳоро пиёда месозад. Барои тақвияти ҳизб маблағҳои калон фиристода мешуд. Мубаллиғони ҳизб қисме аз ин маблағҳоро барои рушди соҳибкории худ сарф мекарданд. Яке аз чунин соҳибкорони муваффақ Илҳом Ёқубов, сарвари ҲНИ дар шаҳри Хуҷанд буд, ки бо бизнеси мошини худ дар шимоли кишвар ном бароварда буд. Наим Самиев, роҳбари ҲНИ дар вилояти Суғд низ тавассути шогирдони хеш дар мулки Русия низ аз фурӯши меваҳои хушк даромади беш мегирифт. Сарчашмаҳои молиявии ин бизнесменони наҳзатӣ маҳз маблағи хоҷагони эрониашон буд. Бизнес роҳи худро дошту онҳо бо баргузории  ҷаласаву брифингҳо, нашри китобу брошураҳо ва мақолаҳои муғризонаи хеш дар нашрияи «Наҷот» сафи таассубкоронро зиёд мекарданд. Нақши ҲНИ дар хориҷи кишвар, хосса дар мулки Русия низ калон буд. Cайидқиёмиддин Ғозӣ иқрор шудааст, ки дар Федератсияи Русия барои ҷалби аъзо ва фиристодани онҳо ба шаҳрҳои Қуму Мозандарони Ҷумҳурии исломии Эрон барои омодагии ҳарбӣ кӯшишҳои зиёде кардааст. Ин нуктаро Аёмиддин Сатторов низ тасдиқ карда, афзудааст, ки садҳо ҷавонони тоҷик бо дастури Муҳиддин Кабирӣ дар ин шаҳрҳо аз лагери террористомодакунӣ мегузштанд. Ва хоҷагони Эронӣ бо Муҳиддин Кабирӣ нақша доштанд, ки дар Тоҷикистон табадуллоти давлатие анҷом дода, сокинонро маҷбуран ба шиапарастӣ даъват созанд. Худи Муҳиддин Кабирӣ низ дар яке аз муроҷиатҳои худ гуфта буд, ки «Ин бор бо ғалаба хоҳем баргашт». Ин ҷо суоле бармеояд, ки аз куҷост чунин боварию эътимод? Посухи савол он аст, ки Муҳиддин Кабирӣ ба сарварони худ эътимоди зиёд дошт ва дорад.

Аммо ҳар чи қадаре Муҳиддин Кабирӣ «бегуноҳии худ»-ро исбот карданӣ мешавад, ҳамон андоза гуноҳҳои кардааш рӯи об баромада истодааст. Ва мардум имрӯз чеҳраи аслии ин инсони манфурро дида истодаанд. Яъне решаҳои ноаёнии ҳизб аён гардида, нафарони наздикаш ӯро тарк карда истодаанд. Охир ба ки ҷаҳаннам лозим аст. Бозгашт аз ҷаҳаннам ба мулки озоду биҳиштии кишвар онҳоро ба зиндагии ростин ҳидоят мекунад. Пас Кабирӣ ва «ёрони бовафояш»ҳеҷ вақт пирӯз нахоҳанд шуд. Зеро бунёди қасри зулму истибдод зуд мешиканад.

Аз ҳизби террористиву экстремистӣ эълон шудани ҳизби наҳзати ислом камтар аз се сол сипарӣ гардид. Ҳарчанд давлат ва Ҳукумати кишвар аз фаъолияти пасипардагии ин ҳизб огоҳӣ дошт, ба хотири сулҳу салоҳ ва гузашткарданҳо ба умеди рӯзе тавфиқу инсоф ба дили аъзоёну роҳбарияти олии ин ҳизб меомада бошад, барояшон роҳи васеи фаъолиятро боз намуд. Аммо таъбири халқии «Гургзода оқибат гург мешавад» маҳз ба ин носипосон тааллуқ дошта, саркардаҳои ин ҳизб ба ҷое, ки ба пешрафти Тоҷикистон кӯмак намоянд, нақшаи табаддулоти давлатӣ ва бунёди давлати фундтаменталиро дар сар доштанд.

Чанде пеш яке аз мубаллиғони наҳзатӣ Эшони Қиёмиддини Ғозӣ дар филме аз рӯзгори худу фаъолияташ дар ҲНИ нақл намуда буд. Наҳзатиён ин иқрори Эшонро сохтакории давлат донистанд. Аммо шоми гузашта филми дигари мустанад бо номи «Бозгашт аз ҷаҳаннам» рӯи навор омад, ки қаҳрамони ин филм низ яке аз поягузорони ҳизби наҳзати Ислом Сатторов Аёмиддин бо лақаби Мавлона Аёмиддин мебошад. Номбурда дар гуфтаҳояш бори дигар тасдиқ намуд, ки ҳизби наҳзати исломи кишвар бо супориши махсуси Хадамоти ҷосусии Ҷумҳурии исломии Эрон рӯи кор омада, ҳадафаш бунёди ҷомеаи шиапарастӣ дар кишвари мо мебошад. Саркардаи ҳизб Муҳиддин Кабирӣ аввалан чун узви қаторӣ, баъдан яке аз роҳбарони калидии ин ҳизбро бозӣ мекард. Аёмиддин Сатторов ёди рӯзҳои гузаштаро намуда, таъкид медорад, ки ҳизб аз аввал ва то охир як мақсад дошт: Ноором кардани вазъи сиёсӣ ва бо ин васила афкори ҷомеаро ба сӯи худ моил кардан аст. Ӯ иқрор шудааст, ки дар Ҷумҳурии исломи Эрон дар лагерҳои махсуси террористомодакунӣ ҷавонони кишварро гумроҳона бо миёнравии Маҳмуд ном шахс бар зидди кишвари мо омода мекарданд. Ҷавонони манқуртшуда дар шароити бади иҷтимоӣ машқу тамрин намуда, аз мактаби омӯзишии қумандонҳои саҳроии охундҳои Эрон сабақ меомӯхтанд.

Муҳиддин Кабирӣ тайи чандин солҳои охир танҳо супорищшу амрҳои додаи охунҳои эронии худро иҷро мекард ва гоҳ –гоҳ бо ҷосусони Эронии худ гуфтугӯю мулоқотҳо доир менамудааст. Аёмиддин Саттров ҳатто бо гӯши худ шунидааст, ки хоҷагони Эронӣ ба хотири иҷро накардани супоришҳояшон чи тавр Кабириро истинтоқ мекардаанд. Ба ӯ мегуфтаанд, ки ҳар чи бештар ҷавононро ба ҳизб  моил созад, то онҳо шиаро қабул намуда, дар табадуллоти давлатӣ ширкат варзанд.

Номбурда бори дигар иқрор шуд, ки Кабирӣ ва ҷамъи ёрони худ солҳои сол маблағҳои зиёдеро ҷамъ карда, ба рӯзи сиёҳи худ сарф карданиянд. Ақли солим бовар намекунад, ки нафари бешуғл имрӯз дар кишварҳои тараққинамудаи дунё рӯзи дароз бо ҷалби ҷавонони манқуршудаи худ пайи иғвову дасиса рӯз гузаронанд. Маҳз нооромии ҷоемеа, ҷангҳои бемаънии солҳои 90 – уми асри гузашта, ҳаводиси Тавилдара, Хоруғ ва ниҳоятан шаҳри Ваҳдат маҳз кори дастони наҳзатиён аст, ки имрӯз худро мусичаи бегуноҳ мепиндоранд.

Мардуми соҳибназари кишвар ҳатто қабл ааз интихоботи соли 2015 аз моҳият ва рисолати ин ҳизб огоҳ шуда ба ҷонибдориаш овоз надоданд. Маҳз ҳамин нобоварӣ мавқеи онҳоро дар ҷомеа шикаста кард. Кабирӣ гумон мекард, ки паси мизи парлумонӣ андешаву идеяҳои «созгор»-и худро миёни ҷомеа пиёда мекунад, аммо тираш хок хӯрд. Найрангҳои бофтааш кора накардаанд ва имрӯз мо дида истодаем, ки рӯз  то рӯз атрофиёнаш ӯро дар миёни майдони сиёсат танҳо мегузоранд. Зеро онҳо дарк карда истодаанд, ки роҳи тайкардаи ҲНИ ва саркардаҳои онҳо хатост. Танҳо бо меҳру муҳаббат ва садоқат ба мардум метавон дили халқро ба даст овард. Макру ҳиял, нотавонбинӣ нишони заифӣ аст. Кабирӣ ин бор низ дар майдони сиёсат ба шикаст мувоҷеҳ шуд. Ӯ чи фикру идеяе ки дорад, ҳаргиз руҳияи моро шикаста наметавонад. Зеро мо якдилу якмаромем ва таҳти сиёсати ояндабинонаи Сарвари давлат устуворона пеш хоҳем рафт.     

Абдуқаҳҳор Бӯриев,

устоди кафедраи физика ва математикаи

ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд,

номзади илмҳои математика,

собиқадори меҳнат

 

Мо, ҷомеаи устодони факултети  информатика ва энергетика пас аз тамошои филми мустанади  «Бозгашт аз ҷаҳаннам» ба чунин хулоса омадем, ки ҳизби наҳзати ислом дар тӯли беш аз 20 соли фаъолияти худ дар арсаи сиёсии кишвар танҳо мавқеи манфиатҷӯёнаи роҳбарони олии ҳизбу ҳоҷагони эрониашонро пеш гирифта, барои коҳиш додани эътимоду боварии мардум, нооромии ҷомеа, олуда кардани шуури ҷавонон бо мафкураҳои бегона саъю талош варзидааст. Чанд ҳодисаҳое, ки солҳои охир бо айби наҳзатиён доир шуда, бозгӯи он аст, ки онҳо ҳаргиз ҳаёти босуботи сиёсии кишварро намехоҳанд.  Ҳодисаи нангине, ки санаи 29 июли соли равон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ содир гардид ва дар натиҷа чанд нафар сайёҳони хориҷӣ захмӣ шудаву чанд тани дигар ба ҳалокат расиданд, гуфтаҳои моро тасдиқ месозанд.

Ин амали ноҷавонмардона аз ҷониби ҳизби террористиву экс- тремистии наҳзати исломӣ дастур дода шудааст, ки эътирофи ДИИШ оиди ба зиммаи худ гирифтани масъулияти ин амали нангин як найранги худсафедкунии наҳзатиҳо буда, ҳамзамон узви шабакаҳои байналмиллалии террористӣ буда- ни онҳоро собит месозад. Ин амали бадномкунанда, ки аз ҷониби чанд ҷавони фурӯхташуда содир гардид, бе ягон дудилагӣ метавон гуфт, ки на бар зидди давлату ҳукумат, балки бевосита бар зидди миллати сарбаланди тоҷик равона гардида буд. Зеро барои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз азал то ба имрӯз маълум аст, ки тоҷик миллати меҳмондӯсту меҳмоннавоз аст. Маҳз ҳамин хусусияти наҷиби инсондӯстиаш ӯро водор бо ободкорию созандагӣ намуда, соҳибэҳтироми ҷаҳониён гардонидааст. Ин ҳодисаи нангин бори дигар миллати тоҷикро аз азиз будану гиромӣ доштани арзишҳое чун сулҳ, ваҳдат, иттиҳоду ягонагӣ, муттаҳид будан атрофи Пешвои миллат башорат дод. Аз ин рӯ, ҷомеаи меҳнатии факултет минбаъд  тамоми кӯшиши худро ба харҷ медиҳанд, ки дар самти огоҳ сохтани аҳолӣ аз хатари терроризму экстремизм, бахусус, чунин амали таҳрибкоронаи ҳизбу ҳаракатҳои дар кишвар мамнуъ фаъолияти густурдатар дошта бошад ва мардуми сарбаланди вилоятро боз ҳам атрофи сиёсати башардӯстона ва сулҳпарваронаи Пешвои миллат аз ҳарвақта дида муттаҳидтар созанд.

О. Солиев, О. Сайфиддинов, Ғ.Раҷабов, А. Бӯриев

Сард гардидани муносибат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон натанҳо нороҳатии роҳбарони ҳар ду давлат, балки боиси ташвиши ҳар ду тараф гардида истодааст. Мардуми шарифи кишвари мо бояд донанд, ки ҷониби Эрон нафареро пуштибонӣ мекунад, ки барои ноором намудани  вазъи кишвар бо ҳизби ғайриқонуниаш кӯшишҳо намуда истодааст. Бале, хеле гарон аст, вақте ки мо ҳамзабонему ҳамфарҳанг ва решаҳоямон аз як об сарчашма мегирад, бо айби чанде аз мансабнишион имрӯз ба дидори якдигар шарафёб нашавем.

Ҷумҳурии исломии Эрон бо вуҷуди яке аз аввалинҳо шуда, соҳибихтиёрии моро эътироф кардааст, вале баъдан ба хотири ба даст овардани имони мардум охунҳои худро барои ҷангу низоъ нисбати мо бархезонд. Тоҷикистон баъди 25 сол далелҳои шаъйиро рӯи даст овард, ки чи тавр охундҳои эронӣ бо дасти худи тоҷикони наҳзатӣ ба ҷони чандин абармардҳои давр қасд намуда, онҳоро аз ҳаёт маҳрум намуданд. Факти таърихиро мо аз забони яке аз муассисони ҳизб Аёмиддин Сатторов рӯзи гузашта тариқи филми мустанад бо номи «Бозгашт аз ҷаҳаннам» шунидем. Ин марди дар курраи сиёсат обкутобёфтаи 65 – сола беш аз 40 – сол чун аъзо ва мубалиғи ҳизб дониста шуда, худ эътироф мекунад, ки ҳар он амале, ки ӯву ҳизбаш созмон медод, хато буд. Вале ӯ ноилоҷ буд. Ӯ иқрор шудааст, ки Эрон аз аввали фаъолияти ҳизб пуштибон ва маблағгузори асосии ҳизб буд. Долларҳои зиёдеро шахсан ба Муҳиддин Кабирӣ медод, то  шуури сокинони ҷомеаро дигар кунад. Боварию эътимоди сокинони нисбати Ҳукумати Ҷумҳурӣ дигар шавад. Маҳз ба таври рӯкушод дастгирӣ намудани шаҳсан Руҳонӣ аз Кабирӣ ва даъвату суханронии ӯ дар конфронси исломӣ бозгӯи гуфтаҳои болоист.  

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳиистиқлолии худардидани сиёсати дарҳои кушодро эълон намуда, ба хотири талқини  ҳадафҳои сулҳҷўёна, ваҳдатпарварона ҳамеша толиби муносибатҳои некбинона будани кишварамонро нишон медод. Махсусан эҳтирому самимияти Сарвари давлат ва халқи олишони нисбати мардуми Эрон дигр буд. Мо тоҷику эрониро ду шохи як дарахт унвон мекардем.  Мутаассифона, мақсаду ниятҳои иддае аз  дӯстонии эронии мо дигар будааст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки имрўз ҶумҳурииТоҷикистон дар роҳи ободониву созандагӣ, бунёдкорифу офарандагӣ устуворона қадам ниҳода, дар таъмини зиндагии осоиштаи халқи хеш кўшишҳои зиёде ба харҷ дода истодааст. Мо, сокинони мамлакат  сиёсати хирадмандона ва ботадбиронаи сарвари хеш Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо дилу ҷон пазируфта, аз доштани чунин роҳбар ифтихор менамоем. Ободӣ дар кишвар, сохтмонҳои бонуфузи нақбу ГЭС-у роҳову марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, корхонаву муассисаҳо дар дили мо шаҳрвандони Тоҷикистон муҳаббатро ба сарвари хирадманду ҳалими хеш афзун гардонида, эътимодамонро нисбат ба сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат дучанд месозад. Инчунин, ба роҳ мондани муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо аксари мамолики олам, ки барои мо сокинони Тоҷикистон дар густариши соҳаи тиҷорат, санъату фарҳанг, варзишу ҳунармандӣ, тиббу сайёҳӣ, хусусан дар ташаккули таълиму тадрис ва мубодилаи таҷрибаҳо имконияти васеъро фароҳам меоварад, тақвиятгари гуфтаҳои болост. Пас, агар дар Тоҷикистон якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармову ободиву созандагӣ суръатнок вусъатёбанда бошад, чи зарурат ба ивази ҳокимият? Ман низ чун шаҳрванди Тоҷикистон тарғибгари сиёсати давлатӣ буда, нисбати бадхоҳони давлат нафрати зиёд дорам.

Баъди расидан ба 20 солагии Ваҳдати миллӣ, 20 соли созандагиву бунёдкорӣ аз нав ба иғво андохтани мардум, ташкили ҳамоиш бо ба ҳам овардани рақибону бадхоҳону хоинони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвои руйирости ваҳдатшиканонаву ҷангҷўёнаи аъзоёни ҳизби террористии ҲНИро ифода мекунад. Ҳадафҳои хунрезиву харобиовар доштани ҲНИро дастгирӣ кардани як мамлакати бегона бошад, муносибати аслии онҳоро ба як кишвари дўсту бародарашон, ки номаш мебаранд, ифода менамояд. Дарднок ва аламовар аст, ки чунин муносибатро як давлати ҳамзабон ба мо раво мебинад. Доштани чунин назар ва раво дидани ин гуна рафтор ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҷумҳурии исломии Эрон бешак ба даст доштани онҳо дар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ далолат мекунад.

Мақомоти Эрон нерӯҳои хориҷиро дар таҳрик ва барангехтани эътирозҳо айбдор медонанд. Воқеан, солҳои охир таъсири нерўҳои беруна ба амнияти ин ё он давлатҳо беш аз пеш ба назар мерасад. Муносибату равобити Ҷумҳурии исломии Эрон бо ТЭТ-и ҳизби Наҳзати ислом, ки ба амнияти давлатии Тоҷикистон таҳдидҳои нав ба навро пеш меорад, намунаи барҷастаи чунин муносибатҳост. Новобаста  умед бар он мебандем, ки ҳукуматдорони ҳар ду тараф вазъияти бавуҷудомадаро бо чашми ақл ба мизони андеша мегузоранду аз баҳри як гурўҳи хоинону беномусон гузашта, муносибатҳои гарму самимии тўлонӣ хешро барқарор месозанд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда мардум бояд  ҳушёру зирак бошанд ва ба доми хоинону беномусони ватанамон наафтанд. Зеро мо ин макони биҳиштосоро бо арақи ҷабин, якдилона, даст ба даст офаридем ва набояд барои як гурўҳ мансабталошон ҳамаи онҳоро бар бод диҳм.

 

Рустам Ғуфронов,

донишҷӯи курси 3,

ДПДТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

(Дар ҳошияи филми мустанади «Бозгашт аз ҷаҳаннам»)

Роҳбари ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ҳамсафони гумроҳаш гумон мебаранд,  ки мардуми Тоҷикистон аз корҳои кардаи ин қабил афроди беватан огоҳ нестанд. Маҳз наҳзатиҳо бо амалҳои ноҷавонмардонаи хеш ба Ватану миллати хеш хиёнат карда истодаанд. Агар ба фаъолияти ин хоинон мушоҳида намоем, чунин ба назар мерасад, ки кору рафтори инҳо дар заминаи дастуру супоришҳои хоҷагонашон амалӣ гардида, танҳо нияту мақсадҳояшон гумроҳкунии мардум ва бахусус ҷавонон буда, мехоҳанд кишвари демокративу озоду соҳибистиқлоли моро ба кишвари исломии хоҷагонашон мубаддал гардонанд. Мехоҳанд мардуми дар тӯли асрҳо соҳибмазҳабу соҳибтамаддуни моро аз мазҳаби аҷдодиву фарҳангу суннати худ бегона намуда, мазҳабу фарҳанг ва шеваи зиндагии хогаҷонашонро ба сари мардуми мо таҳмил намоянд. Бахусус бо зуҳури ташкилоти экстремистӣ-терористии ҳизби наҳзати исломӣ ва рафту омади бештари аъзоёни ин ташкилоти ифротӣ ба кишвари хоҷагонашон нахуст шеваи либоспӯшии ҳамсару духтарону пайвандони худ ва оҳиста – оҳиста шеваи либоспӯшии бархе аз занону модаронро ба шеваи либоспӯшии зану духтарони хоҷагонашон мутобиқ намуданд. Мусалмонии тӯли асрҳо омадаи бибиву модарону гузаштагони хешро аз паси як порча либоси сиёҳи ҳамсару духтарони хоҷагонашон зери суол бурданд. Мусалмониро бо доштани ришҳои дарозу бетартиб ва шимҳои кутаҳ барои мардон ва доштани сатру ҳиҷоб ва либосҳои сиёҳ барои занон ҳамчун шеваи хоҷагонашон муқаррар намуданд. Нахуст тавре гуфта гузаштем, ин шеваро дар сафҳои наҳзат ҷорӣ намуда, баъдан бо тарғибу ташвиқ ва фитнаандозиву найранг дар байни мардум хостанд ҷорӣ намоянд. Бояд мо мардуми шарифи тоҷик огоҳ бошем, ки ин гумроҳҳон бо дастури хоҷагонашон кор бурда, нахуст ба арзишҳои миллӣ ва суннату фарҳанг ва мазҳаби аҷдодии мо рахна эҷод намуда, баъдан марҳила ба марҳила ба ҳар як омили зиндагии мо эрод гирифта, ҷои ин арзишҳоро бо тамаддун ва фарҳанги хоҷагонашон пурра хоҳанд намуд, ки дар натиҷа ба солимии авзои ҷомеа хатар эҷод хоҳад намуд. Зеро яке аз саркардагони ташкилоти экстремистӣ-терористии ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ танҳо бо супориши хоҷагонаш кор ва зиндагӣ карда, барояшон аз супориши хоҷа дида волотар дигар ҳеҷ чиз арзиш надорад ва барои расидан ба татбиқи ормонҳои деринаи хоҷагонаш ҷаҳду талош менамояд, чунки гарданбанди занҷирии Кабирӣ дар дасти хоҷагонаш мебошад. Ҳамзамон Кабирӣ чунон аз маблағҳои хоҷагонаш муфт истифода намудааст, ки ба модар-Ватан, дину мазҳаб ва миллати хеш кӯрнамакӣ кардааст.

Ин далелро ман не, балки онҳое, ки солиёни зиёд ҳамсафу ёраш буданд, тасдиқ карданд. Мо бо тамошои филмҳои мустанади «Решаҳои ноайён» ва «Бозгашт аз ҷаҳаннам», ки дар ҳар ду филм аз кору фаъолияти муассисони ҳизб Эшони Сайидқиёмиддини Ғозӣ ва Аёмиддин Сатторов нақл мекунад, фамидем, ки ҳизби наҳзати ислом бо кадом мақсад ба арсаи сиёсии кишвар омад ва то куҷо ба «ҳадафҳои сиёсӣ»-ии худ расид.

Аммо ҳаминаш яқин, ки ин ҳизб дар ягон давру замон дарду рози мардумро ҳал намекард. Ин ҳизб ба сифати як ҳизби кисагии хоҷагони эронӣ буду ҳаст. Таърих аёну ноаёнро рӯи об мебарорад ва имрӯз мо аз таърихи солҳои навадум воқеъбинона шинос шуда истодаем. Ва дарк кардем, ки маҳз наҳзатиён барои нооромии ҷомеа он солҳо саъй варзида худро канор гирифтанд. Бо дасти худ бародарони мусулмони худро ба шаҳодат расониданд. Насли имрӯз ин амали зишткоронаи онҳоро ҳеҷ гоҳ нахоҳад бахшид.  

Турсун Холматов,

устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Терроризм чун вабои аср имрӯз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааст ва барои ҷомеа башарӣ таҳдидҳои нав ва сангинро эҷод менамояд. Имрӯз мебояд нисбат ба гурӯҳ ва ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ, ки аз тарафи бархе аз кишварҳои абарқудрат созмондодашуда, сармоягузорӣ мегарданд ва боистифода аз дини мубини Ислом, ки ойини покиву таҳаммулгароист, ба амалҳои террористӣ даст мезананд, хуни ноҳақ мерезанд,оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаи башариро халалдор менамоянд, муборизаи оштинопазир бурд.

Бояд қайд намуд, ки одатан ҷавононе, ки аз лиҳози зеҳнӣ ва ақлонӣ рушд наёфтаанд, осебпазиртар буда, зуд ба ин ҷараёнҳо ҷалб мешаванд. Муҳимтар аз ин онҳо фикр мекунанд, ки дар пешгоҳи Худованд иззат доранд ва бо ин гумон ба ҳар коре, ки хоҷагонашон мефармоянд  дар қолаби ҷиҳоди динӣ мефармоянд, қатъиян иҷро карда, ба «биҳишти ваъдагӣ»мерасанд. Бозӣ кардан бо зеҳни насли ҷавон мутаассибон ва эҳсоси мардуми хурофотӣ аз мушаххасоти кори хадамоти махсус маҳсубмеёбад. Мо инро чанде пеш дар минтақаи Себистони ноҳияи Данғара дидем. Бо ҷурми кӯрдилон наҳзатӣ ҷавонони навхати гумроҳ даст ба амали ваҳшиёна зада, шаъну эътибори миллатро паст заданӣ шуданд.

Мавриди зикр аст, ки терроризм ва экстремизм ба дини мубини Ислом ягон иртиботе надорад. Аз ин рӯ қобили таъкиди хосаст, ки терроризм ягон дину мазҳаби мушаххас, пайдоиши этникӣ, миллат ва ҷойгиршавии доимии ҷуғрофӣ надорад. Онҳое, ки ҷавононро ба чунин дом мекашанд, худ аз арзишҳои Ислом бархурдор нестанд ва ин дини покро ҳамчун парчами фаъолияти харобкоронаи худ истифода мебаранд. Худи ҳамин аз он шаҳодат медиҳад, ки дини Ислом ба зоти худ сулҳпарвар ва инсондӯст мебошад. Пас мо агар заррае ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дошта бошем, байни ину он тафовуте мегузорем.

Бакаев Мирзоҳамид, номзади илмҳои иқтисодӣ,

мудири кафедра,

Авезова М.М, профессори кафедра,

Раупов К.С. устоди кафедра

 

 

 

Барои сокинони кишвар аввали солҳои навадуми қарни гузашта роҳи васеъ барои азхудкунии илми исломшиносӣ муҳайё гардид. Кор то ҷое расид, ки шумораи масҷидҳои панҷвақта аз муассисаҳои таълимӣ зиёд гардид. Ҳар оилае ду ё се фарзанди худро дар назди мулло ё бибиотуни маҳалла медод, то хату савод барорад, одаму одамгариро бишносад. Ба қавле рейтинги муассисаҳои таълимӣ аз таълимоти хонаводагии динӣ поён фаромад. Дар чунин муҳит баъзе аз ҳаракату қувваҳое дар кишвар арзи ҳастӣ карданд, ки мехостанд аз эҳсоси мардум нисбат ба дини мубини ислом хуб истифода баранд. Махсусан ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон огоҳона ба сафҳои худ аъзо ва пайравонашро ҷалб мекард. Ташкилотҳои ибтидоии худро дар шаҳру навоҳии кишвар пурқувват менамуд. Он замон касе гумон намедошт, ки ҲНИ низ мисли дигар ташкилотҳои террористӣ ба монанди “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ал-Қоида”, “Ҳаракати исломи Туркистони шарқӣ”, “Ҳаракати исломии Узбекистон”, “Толибон”-и Афғонистон, “Бародарони мусалмон”-и Миср, “Лашкари Тайиба”-и Покистон, “Ҷомеаи исломии Покистон”, “Ҷамоати таблиғ”, ташкилоти динӣ-миссионерии “Созмони таблиғот”, “Тоҷикистони озод”, “Ҷамоати ансоруллоҳ”, “Салафия”, “Гурӯҳи 24”, “ДОИШ” ва “Ҷабҳат-ан-нусра” нияти ноором кардани авзои сиёсии ҷомеа, сӯистифода аз бовариҳои динӣ, ба вуҷуд овардани тафриқаи иҷтимоӣ, мубориза ба фарҳангу асолати қадимаи миллатҳо, гумроҳсозии ҷавонон ва ба муқобили насли калонсол шӯронидани онҳо, бераҳмӣ, қатлу куштор, даҳшатафканӣ, фиребу фирефта кардани ҷомеа ва ғайра дорад.
ҲНИ пардапӯшона ҳанӯз замони қонуни фаъолият бурданаш бо истифода аз эътимоду боварии халқ ва дастгирии давлат пайи нақшаҳои ғайриинсонаи худ буд. Саркардаҳои ин ҳизб баъди ба сари қудрат омадани Муҳиддин Кабирӣ бо диду назари хосса, барои бунёди як ҷомеаи шиапарастӣ ва фундаменталӣ кӯшиш меварзид. Маҳз ҲНИ сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ аст, ки онро таърихнигорон исбот намуданд. Аммо ҳодисаҳои қатлу куштори наваскарон дар Тавилдара, шӯришу тазоҳурот дар шаҳри Хоруғ, амали ноҷавонмардонаи генерали худозада Ҳоҷиҳалим ва ниҳоятан амали теракте, ки охири моҳи июл нисбати сайёҳони хориҷӣ рухдода маҳз бо супориши махсуси Муҳиддин Кабирӣ сурат гирифтанд. Тавре аз расонаҳо огоҳем ба наздики яке аз саркардагони наҳзатиён бо номи Аёмиддин Сатторов бо лақаби Мавлона Аёмиддин боздошт гардида, ба як қатор гуноҳҳои худу ҳамммаслакони хоинаш иқрор шуд. Дар филми ҳуҷҷатии “Бозгашт аз ҷаҳаннам” номбурда як қатор асрори ифлоси наҳзатиён ва хоҷагони хориҷиашонро фош сохта, қайд намудааст, ки дар пушти ин ҳама дасисаҳо дастгоҳи ҷосусии Ҷумҳурии исломии меистодааст. Аён гардид, ки ҲНИ ягон вақт ҳизби мустақил набудааст, балки он як шохаи созмони мусаллаҳи террористиву экстремистии “Ҳизбуллоҳ” будааст, ки аз тарафи ҶИ Эрон барои анҷом додани амалҳои террористӣ ва таблиғи шиапарастӣ дар хориҷи кишварашон ташкил карда шудааст. Дар филм аз рӯи нақли Аёмиддин Сатторов бармеояд, ки ҲНИ солҳои сол маблағҳои зиёди ҷосусони Эронро гирифта, барои ҷалби ҷавонон ба сафи худ кӯшишҳо мекарданд. Исботи ин гуфтаҳо он аст, ки нашрияи «Наҷот», ки муассисаш Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон буд, бо теъдоди беш аз 30 ҳазор ҳар ҳафта рӯи нашрро дида, он ройгон дар кишвар паҳн мешуд. Дар шароити бозаргонӣ имрӯз на ҳама нашрияҳо товони мунтасил чоп кардани нашрияи худро надоранд. Пас худ маълум, ки пулҳои бедарду миён аз куҷо ба куҷо мерафтааст? Дигар аз супоришҳои махсуси хоҷагони эронӣ ин тарғиби ақидаҳои шиагароӣ ва ба ин васила шӯронидани тақводорон бар зидди ҳамдигар ва барпо кардани фитна миёни ҷомеа буд. Наҳзатиён касеро, ки аъзои ҳизб набуданд, кофару бедин унвон карда, мунтазам ақидаҳои хурофотпарастонро дар мавриди риш мондану бо ҳиҷоб гаштан дар кӯчаҳоро талқин менамуданд.
Мутаассифона, бештари ҷавонони гумроҳ, бедонишу дар чорраҳаи зиндагӣ саргумшуда фирефтаи чунин ақидаҳо мегарданд.Ҳодисаи санаи 29 июл рухдода ҳосили бепарвоии аҳли ҷомеа, хосса волидон аст. Аз нақли яке аз волидони ҷавонони кушташуда аён гардид, ки фарзандаш чанд моҳи охир дар Русия будааст ва ҳатто ба Тоҷикистон омаданашро хабардор накардааст. Фарҷоми ин сабукиҳо ва мағзшӯиҳо қурбони ҷаҳолат шудан аст. Ҳол он ки беҳтарин ҷавонони мо имрӯз дар пешрафтатарин муассисаҳои олии хориҷӣ таҳсили илм карда, муаррифгари кишвари офтобии мостанд. Зимнан, ҷавонон бояд донанд, ки таъсису дастгирии чунин гурӯҳҳо дар хориҷӣ кишвар бо мақсади заиф сохтани пояҳои Истиқлолияти Тоҷикистон равона шудааст ва ҳамчун фарзандони баномуси Ватан ҳеҷ гоҳ ба ин роҳ надиҳанд. Ҷавонони саодатманди тоҷик, ки дар фазои сулҳу оромӣ кору зиндагӣ ва таҳсил карда истодаанд, бояд бо шукргузорӣ дар пайи ватансозӣ бошанд ва ба иғвову дасисаҳои миллаткуши ин хоинону асолатбохтагон дода нашаванд.
Ҷомеаи меҳнатии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техники Тоҷикистон бо шукрона аз тинҷиву амонии кишвар барои баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, эҳсоси худшиносии ҷавонон аз ҳар вақта дида саъй меварзад. Махсусан донишҷӯён дарк карда истодаанд, ки неъмате беҳтар аз сулҳу оромӣ нест. Ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри боз ҳам хубтару беҳтар шудани шароити иҷтимоиву моддии ҷавонон равона гардидааст. Пас ҷавонро мебояд то шоиста таҳсил кунанду ба миллати хеш хизмат намоянд.

Имрӯз мо шоҳиди густариши бесобиқаи фаъолияти ҳаракату равияҳои экстремистӣ ва ифратгароии терроризм мебошем, ки боиси ноором кардани ҳаёти оромонаи мардум мебошад. 

“Мутаассифона, чунин аъмоли ваҳшатнок бо истифода аз номи ислом сурат мегирад, ки боиси бадномии дини ислом ва мардуми мусулмон мегардад”.

Мо медонем, ки дини ислом дини ростин аст. Он рафторҳои ношоистае, ки аз тарафи террористон сар мезанаду ба амри маъруфҳои бардурӯғи худ, баъзеашон гӯё “фиристодаи Худо бошанд” бо суханҳои бофтаю бардурӯғи худ мардуми бечораро роҳгум мезанонад. Ин ифротгароён зиндагии осудаи моро дида наметавонанд, онҳо бахил ҳастанд, онҳо кӯрдил ҳастанд, фиребгару мутаҳҳам ҳастанд. Онҳо бо номи “ислом” худро панаҳ мекунанд, нисбати “ислом” хиёнат мекунанд, мардуми бегуноҳро ба он умре, ки Худо додааст намемонанд, ки зиндагӣ кунад, бо роҳи фиреб, бо роҳи террор ба марг мерасонанд. Онҳо китоби муқаддаси “Қуръон”-ро нахондаанд ё кӯркӯрона хонда қорӣ азёд кардаанд, маънои ин китоби муққадаси мусалмониро намедонанд.

Мусалмонии ҳар як шахс дар қалбаш, худошиносиаш, хирадмандиаш, инсондӯстиаш, худоогоҳиаш аст.

Мардум имрӯз он мардуми солҳои 90-уми  асри гузашта нест. Имрӯз ҳама сафедро аз сиёҳ ҷудо карда метавонад. Суханрониҳои ифродгарон, террористон, экстремистон аллакай қадру манзалати худро гум кардааст, шаҳрвандони Тоҷикистон асли воқеаро медонанд. Чӣ гуна суханбозу суханпардоз ва “бо ниқоб” баромад мекунанд. Ин давлати ободу осоиштаи моро дида наметавонанд.

Ҳайфи ватан, падару модар ва зану фарзанд барои чунин номардоне, ки даст ба чунин амали нангин заданд. Лаънат ба оне, ки ба давлату миллати худ хиёнат мекунад. Дар ҳақиқат онҳо ватан надоранд, онҳо рӯй надоранд, онҳо ору номус надоранд.

Гурӯҳи духтарони фаъоли ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

  Асри 21 асри технологияи пешрафта мебошад. Мо ҳар рӯз тариқи расонаҳои хабарӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ аз навигариҳои олам бархӯрдор гардида, ҷаҳони маънавии худро бой мегардонем. Коршиносон бар онанад, ки ҳар навигариҳое, ки дар олам аз ҷониби рӯзноманигорон паҳн мешавад, ҷанбаҳои мусбату манфӣ дорад.
Яке аз хатарҳои дигари шабакаҳои иҷтимоӣ ин ташвиқ ва таблиғи фарҳанг ва расму оини бегона мебошад. Дар ин замина тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ маводу наворҳои зиёд пахш мегардад, ки метавонад ба тарзи муошират, муносибат, зоҳири инсон ва арзишҳои он таъсир гузорад ва ё дигаронро вобаста ба ин амалкардашон таҳқир намояд. Ҳамаи ин ба ахлоқи инсоният таъсир мегузорад ва боиси сар задани ихтилоф дар худшиносӣ, муносибатҳои хешутаборӣ, урфу одатҳои таърихан асосёфта мегардад. Инчунин, дар фазои интернетӣ бисёр омилҳое ҳастанд, ки ба ташаккули ахлоқии ҷавонон таъсири манфӣ мерасонанд. Мутаассифона, завқи мо муштариён аст, ки бештар ба хабару нигоштаҳои сенсатсионӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунем. То кадом андоза пояи воқеӣ доштани хабарро дар мизони андеша барнамекашем.Дар натиҷа нигоҳи мо ба ин ё он ҳодиса тағйир мехӯрад. Масалан, хабарнигорони Рус Аркадий Дубнов ва Виктор Панфилов, ки ҳамеша ҳодисаҳои рухдодаи Осиёи Марказиро пайгирӣ мекунад, чун ҳамеша ба давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назари бадхоҳона доранд. Агар ин тавр намебуд бо иснод аз чанд шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳодисаҳои куштори сайёҳон даст надоштани «сарсупурдаҳо»-и ҲНИ исбот намуда, гӯиё мақомоти қудратии кишварро мавриди танқид қарор додаанд, ки ба ҷои ДИИШ ҲНИ-ро гунаҳкор мекунанд. Аммо ҷомеаи кишвар, болотар аз ин сокинони сайёра фарҷом фаҳмиданд, ки даст ба амали қатлу кушторро ҷавонони гумроҳшудаи аъзои ТЭТ ҲНИ бо роҳнамоии Муҳиддин Кабирӣ анҷом додаанд. Дар ин амали нангин нафароне даст доранд, ки чун аъзои фаъол солҳои сол дар мактаби террористии Ҷумҳурии исломии Эрон таҳсил намудаанд.
Имрӯз мо бояд ҳушёрию зиракиро аз даст надода, зудбоварона ҳар гуна ақидаҳоро пазируфта ба идеологияи ифротгароёна нагаравем. Бо таасуф ёдрас мешавем, ки имрӯз на ҳама ҷавонон ба қадри ин сарзамини бароямон муқаддас, ин обу хоки пок, ин кишвари биҳиштосо мерасанд. Чӣ тавре, ки аз расонаҳои хабари ва садову симо огаҳ мегардем, бархе аз ҷавонон (аксари онҳое, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд) бо сабаби ноогоҳӣ ва паст будани донишҳои сиёсӣ ба ҷараёну равияҳои тундгаро шомил гашта, ҷавонии худро қурбони сиёсати як гурӯҳ ашхоси бадхоҳ мегардонанд. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эътирофу эътиқоди шаҳрванд нисбат ба дину мазҳаб садде гузошта намешавад. Давлати дунявӣ ва демократӣ ифодагари манфиату талаботҳои тамоми мардуми кишвар мебошад. Ин аст, ки баъди истиқлолияти Тоҷикитон, аксари мардуми тоҷик ба дини ислом ҳамчун манбаи ростӣ, покизагӣ, накӯкорӣ, меҳнатдӯстӣ, инсондӯстӣ, ҳидоятгари роҳи рост рӯй оварданд. Ҳамаи ин бе дахолати беруна, дар асоси таъмини озодии интихоби эътиқод буд. Аммо ҲНИ ин шароиту имкониятро бо мақсадҳои ғаразона истифода бурд. Натиҷаи амалҳои хоинонаи онҳо буд, ки имрӯз ҳамчун гуреза дар хориҷи кишвар зиндагӣ доранд ва ҳар лаҳзаву соат мехоҳанд барои амнияти кишвар халал ворид созанд. Мақолаҳои баҳсбарагез ва муғризонаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор намуда, умедвории онро доранд, ки халқ бар дифояшон мехезанд. Аммо ҳадафашон пояи воқеият надорад. Зеро халқи яктану якмроми миллати тоҷик бар зидди оинони ғаддори худ якҷоя бо давлат ва Ҳукумати кишвар мубориза мебарад. Зеро мо метавонем.


                                                                               Фаррух Аминов,

муовини директор оид ба тарбияи ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд,

номзади илмҳои техникӣ

 

Имрӯз мо шоҳиди густариши бесобиқаи фаъолияти ҳаракату равияҳои экстремистӣ ва ифратгароии терроризм мебошем, ки боиси ноором кардани ҳаёти оромонаи мардум мебошад. 

“Мутаассифона, чунин аъмоли ваҳшатнок бо истифода аз номи ислом сурат мегирад, ки боиси бадномии дини ислом ва мардуми мусулмон мегардад”.

Мо медонем, ки дини ислом дини ростин аст. Он рафторҳои ношоистае, ки аз тарафи террористон сар мезанаду ба амри маъруфҳои бардурӯғи худ, баъзеашон гӯё “фиристодаи Худо бошанд” бо суханҳои бофтаю бардурӯғи худ мардуми бечораро роҳгум мезанонад. Ин ифротгароён зиндагии осудаи моро дида наметавонанд, онҳо бахил ҳастанд, онҳо кӯрдил ҳастанд, фиребгару мутаҳҳам ҳастанд. Онҳо бо номи “ислом” худро панаҳ мекунанд, нисбати “ислом” хиёнат мекунанд, мардуми бегуноҳро ба он умре, ки Худо додааст намемонанд, ки зиндагӣ кунад, бо роҳи фиреб, бо роҳи террор ба марг мерасонанд. Онҳо китоби муқаддаси “Қуръон”-ро нахондаанд ё кӯркӯрона хонда қорӣ азёд кардаанд, маънои ин китоби муққадаси мусалмониро намедонанд.

Мусалмонии ҳар як шахс дар қалбаш, худошиносиаш, хирадмандиаш, инсондӯстиаш, худоогоҳиаш аст.

Мардум имрӯз он мардуми солҳои 90-уми  асри гузашта нест. Имрӯз ҳама сафедро аз сиёҳ ҷудо карда метавонад. Суханрониҳои ифродгарон, террористон, экстремистон аллакай қадру манзалати худро гум кардааст, шаҳрвандони Тоҷикистон асли воқеаро медонанд. Чӣ гуна суханбозу суханпардоз ва “бо ниқоб” баромад мекунанд. Ин давлати ободу осоиштаи моро дида наметавонанд.

Ҳайфи ватан, падару модар ва зану фарзанд барои чунин номардоне, ки даст ба чунин амали нангин заданд. Лаънат ба оне, ки ба давлату миллати худ хиёнат мекунад. Дар ҳақиқат онҳо ватан надоранд, онҳо рӯй надоранд, онҳо ору номус надоранд.

Гурӯҳи духтарони фаъоли ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд