ҲНИ ҳизбест, ки хусуматҳои зиёди сиёсӣ, динӣ буда, мухолифи оромию суботи ҷомеа мебошад. Ин ҳолатро воқеаҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон нишон дод. Новобаста аз он, ки бо Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҷиноятҳои вазнини аъзоёни он бахшида шуданд, аммо онҳо хулосаи зарурӣ набароварда, то ҳол мухолиф ба ҳукумату давлат ва сулҳи байни тоҷикион боқӣ мондаанд. Далели ин гуфтаҳо баёнияи навбатии Шӯрои сиёсии ҲНИ мебошад, ки чун ҳарвақта пур аз фитнаву бадбиниҳо нисбати ҳукумат ва давлат рӯи  қоғаз оварда шудааст. Дар баёния қайд карда шудааст «гӯё мақомоти давлатӣ ҳадафи ғайриқонунӣ заиф ва аз саҳнаберун кардани ҳамаи неруҳо, аз ҷумла ҲНИ мебошад», ки ин туҳмати соф нисбат ба давлат мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғайр аз ҲНИ  боз ҳафт ҳизби сиёсӣ ва якчанд иттиҳодияҳои ҷамъияти озодона амал менамоянд ва ягонтои онҳо мисли раёсат ва баъзе аз аъзоёни  ҲНИ кӯрнамакӣ ва бе шармуҳаёӣ накардаанд. Бояд таъкид намуд, ки раёсат ва шӯрои ин ҳизб аз дасткашии оммавии аъзоёнаш ба қаҳр омада, алами худро намедонанд аз ки бигиранд ва бо ин амалҳои номатлуби худ ҳамаи ҳадду ҳудуди меъёрҳои қонунгузориро гузаштанд.

Ба мазмуни баёния назар афканед, баралло ҳис мекунед, ки аз он бӯи ифрот ва ифротгароӣ меояд. Онҳо таҳдиди рӯирост ба асосҳои сохтори конститутсионӣ, суботу оромии давлату ҷамъият ва даъвати оммавӣ барои бетартибиҳо карда истодаанд, ки бояд дар назди қонун ҷавоби зарурӣ диҳанд.

Муаллифони баёния фикр мекунанд, ки оромию суботи ҷомеа дар дасти гурӯҳи кӯчаки аъзои ҲНИТ мебошад ва хабар надоранд, ки бархе аъзони пешинаи он дигар пайравӣ ба онҳо надоранд.

Интихоботи соли 2015 ғалберро аз об бардошт ва баъд ба раёсати олии он аён гардид, ки тарафдоронашон кам мондааст ва бад ба навиштани баёния ва эътирозҳои ғайриқонунӣ пардоха истодааст.

Боварӣ дорем, ин дасисабозиҳои раёсати ҲНИТ –ро дигар созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ ва Ҷумҳурии Исломии Эрон минбаъд дастгирӣ намекунад

Хуршед Худойбердиев,

Одилхӯҷа Солиев,

Парвиз Мақсудов,

устодони кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ

 

 

Мо,  ҷавонони хушбахти даврони соҳибистиқлол бояд донем, ки имрӯз дар баробари саҳми калони мо дар раванди ташаккули ҷомеа, ҳамзамон дигар нафароне ҳастанд, ки ба номи ин миллат иснод меоранд. Динро аз таассуб ҷудо карда натавониста, шомили ин ё он гурӯҳе мегарданд, ки мақсадҳои нопок дорад. Вазифаи ҷонии донишҷӯён, ки аз қишрҳои фаъоли ҷомеа маҳсуб мешаванд, гирифтани пеши роҳи чунин ҷавонон мебошад. Ҳамзамон таъкид мешавад, ки танҳо огоҳ будан аз илмҳои замонавӣ, хониши аъло, рафтори намунавӣ онҳоро аз ҷаҳолат берун  намесозад ва соҳибобрӯ намегардонад. Бояд мо пеш аз ҳама Ватани худро дӯст дорем. Побанди ҳар банду макру ҳиял нагардем.

Мақсад ва ҳадафҳо, ки гурӯҳҳои иртиҷоӣ ба мисоли ҳизби террористиву экстремистии ҲНИ дар ниҳоди худ мепарваранд, онҳоро бо мисолҳои возеҳ метавон баён намуд, ки ягона мақсади онҳо дар вайрон намудани сохтори конститутсионии давлат мебошад. Бояд мо рӯирост гӯем, ки иштироки ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ягон маънои ҷиҳодро надорад. Танҳо дар зеҳну мафкураи онҳо бадбинӣ ва нотавонбиниро талқин месозанд. Исломро ба сиёсат омезиш медиҳанд, ин ки куллан хатост!

Дар асл аъзоёни он мусулмонҳоро даъват менамоянд, ки Худоро ҳамеша ёд кунанд ва аҳкоми шариатро василаи асосии кору зиндагии худ донанд. Аммо асли мақсади онҳо барпо намудани хилофат аст. Сухану амали аъзоёни ин ҳизбҳо ба ҳамдигар рост намеояд, зеро дар фармудаҳои Худованд инсон ҳаргиз сабабгори канда шудани риштаи умри дигарон набояд бошад. Вале чун мебинем, «сарбозони роҳи ислом», ки худро ҳамчунин унвон мекунанд, ба таври ҷаҳолат сари инсонҳоро мегиранд ва онро тариқи навор ба оламиён нишон медиҳанд. Магар ин амалро ислом дастгирӣ мекунад?, ҳаргиз на!

Маҳз ҳамин  мафкураю шуури сиёсӣ дар солҳои ҷанги бародаркуш ғояи ташкил кардани давлати исломӣ дар ҷумҳурӣ аз тарафи ҲНИ тарғиб карда мешуд ва он аз тарафи аъзоёни ҳизб ва ҷонибдорони онҳо дастгирӣ  меёфт.

Фаъолияти хоинонаву ғайриқонуни  ин ҳизб бар хилофи Конститутсия ва дигар қонунҳои давлат ба шумор рафта, аз характери экстремистию террористии ҲНИ шаҳодат медиҳад.

Ҷомеаи демократӣ волоияти қонун ва риояи онро аз ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳо талаб менамояд.

Бояд ҳар як шахси баорият ба қадри тинҷиву ормии ҷомеа расад ва шукрона кунад, ки имрӯз мо хоби орому осуда дорем. Барои фардои фарзандонамон фикр мекунем.  Фардои хуррами фарзандонамонро давлат кафолат додааст, пас моро мебояд, ки барои тин миллати саодатовар бо ҷону дил хизмат намоем.  

 

Гурӯҳе аз ҷавонони фаъоли донишкада

 Амну осоиштагӣ, фазои ободу озод беҳтарин неъматест, ки Тоҷикстони мо тайи беш аз ду даҳсола онро соҳиб аст. Бо вуҷуди мушкилиҳои андаки иқтисодиву иҷтимоӣ сокинон бо шукрона барои пешрафти рӯзгори худ собитқадамона фаъолият мебаранд.

Албатта ин ҳама тифоқию ободӣ, солориву фурӯтании Роҳбари давлат на ба ҳар кас хуш меояд. Нерӯҳои опозитсионии кишвар, ки худро донову оқил метарошанд, имрӯз дар хориҷи кишвар бо кӯшиши ба даст овардани иродаи халқ бо амри хоҷагони худ кӯшиши ғайрат намуда истодаанд. Ин нафарон, ки роҳбариашонро Муҳиддин Кабирӣ бар дӯш дорад, бехабар аз онанд, ки ҳарчи қадар афкори мардумро зидди Ҳукумати кунунӣ метезонанд, ҳамон андоза халқ дар  симои давлат ва Ҳукумат такябон ва нерӯмандии худро мебинанд.

Мутаассифона, дар ин миён чанде аз равшанфикрон, хосса журналистон низ пойбанди идеологияи дӯрӯғини онҳо гардида, имрӯз ин нерӯи бузург бар зидди давлат нигаронида шудааст. Дар як моҳи охир наҳзатиён бо ҳамдастии чанде аз созмонҳо дар Берлин ҳамоиш барпо намуда, масъалаҳои имзои Созишномаи истиқрори сулҳро баррасӣ намуда, гӯиё қарор бароварданд, ки сулҳ сулҳи тоҷикон нест. Дертар қазияи тифлаки маъсум Ҳамзаи бемор дар расонаҳо паҳн шуда, душманони миллат  бо як маҳорати хосса бемори Ҳамзаро бархӯрди давлат ва ҲНИ муаррифӣ намуданд, ки ин хатои маҳз буд.

Чун Ҳамза бо модараш барои муолиҷа ба хориҷ фиристода шуд, онҳо «парчами пирӯзи»-ро боло бароштанд. Ҳол он ки худи мақомоти қудрати хостгори раҳо шудани Ҳамза аз ин бемори буд.

Баъдан куштори бераҳмонаи сайёҳони хориҷӣ аз ҷониби зархаридони Кабирӣ  кинаву адовати мардумро нисбати наҳзатиён болотар намуд. Наҳзатиён дар расонаҳои хориҷӣ  ҷор заданд, ки дар ин амал даст надоранд, аммо сари кафида зери тоқӣ намемонад. Маълум гардид, ки маҳз наҳзатиён бо сарварии Кабирӣ чанд моҳҳои охир тарҳи ин терактро кашида, бо анҷом додани амалашон хостанд ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва имиҷи Сарвари давлат зарбае зананд. Аммо меҳнати шабонарӯзии мақомотҳои интизомии кишвар ҳақиқатро рӯи об баровард. Бо вуҷуди гунаҳкорӣ Кабирӣ ба журналистони зархариди худ амсоли Аркадий Дубнов ва Олег Панфилов, ки бо нағораи Кабирӣ ҷавлон мезананд, рӯирост ҷониби Тоҷикистонро муттаҳам бар он карда истодаанд, ки ноҳақ амали террористиро бар гардани ТЭТ ҲНИ бор мекунанд. Аммо офтобро бо доман магар пӯшида мешавад.   

ТЭТ ҲНИ барои расидан ба мақсадҳои нопоки сиёсии худ ба амалҳои бешарафона даст зада, аз қатли инсонҳои бегуноҳ  рӯй намегардонанд. Дар зери шиорҳои «ҷиҳоду ғазоват» мехоҳанд ин «бемории бедаво»-ро бо кишварҳои дуру ҳамсоя таҳмил созанд. Бо ин кирдорҳои носолим, дунёро дар гирдоби тарсу даҳшатҳои тасаввурнопазир мехоҳанд нигоҳ доранд ва бо ин васила мавқеи сиёсии худро мустаҳкам намуда, соҳиби иқтидори иқтисодӣ гарданд. Муҳимтар аз ҳама иродаву афкори мардумро мехоҳанд ба даст оранд.  Ислом динест барои осудагиву амният ва ҳар як амале, ки дар аснои ибодат сурат мегирад, қалби инсонро ба шафқату муҳаббат ва раҳму адолат водор месозад. Тавре аз сарчашмаҳои аслӣ бармеояд, дар он дуруштиву ситам, таҷовузу ифрот ва дигар аъмоли зиддиинсонӣ вуҷуд надорад.

Муҳаррама Темурова,

мудири шуъбаи тарбияи ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Вазъияти ҳассоси сиёсии ҷаҳонӣ тақозо дорад, ки ҳар як миллат ба хотири дифоъ аз марзу бум ва сокинонаш барои ангезиш наёфтани ҷараёнҳои зиддидавлатӣ мубориза барад. Махсусан он кишварҳое, ки чунин рӯзи сиёҳ ва наҳсро паси сар намудаанд, дар ин росто бояд ҳушёру зирак бошанд. Тоҷикистон оғози истиқлолияти хешро бо ҷурми чанде аз мансбхоҳони ҷоҳталабон бо ҷанги бародаркуш оғоз намуд, ки ин ҳодисаи нангин дар хотираи таърих хохад монд. Аммо корнамоҳою ҷоннисориҳои фарзандонаи фарзонаи миллат дар такя ба нерӯи боэътимоди халқ низ ҷовидона хоҳад монд. Мо имрӯз бо корномаҳои шахсиятҳои варзидаи ҳукумати муосир, ки дар саргаҳи он   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистанд, ифтихор дорем.   

Мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯзаи кишвар шахсиятҳое  пайдо шуда истодаанд, ки  боистифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба хотири манфиатҳои шахсони беруна оташи ҷангу ҳусуматро дубора аланга додан мехоҳанд.  Яке аз рақибони заифи Ҳукумати имрӯза  Ҳизби мамнуъи наҳзати исломии мебошад, ки пас аз шикасти худ дар интихоби охирон мехоҳад бо дасисаву иғво тарафдорони худро дар дохил ва хориҷи кишвар зиёд намояд.  Аксарияти нафарони бедору ҳушёр, ки бо барномарезиҳои ин ҳизб ошно аст, медонад,  ки ин ҳизб тӯли 40 соли арзи мавҷудияташ танҳо инсонҳоро ба тафриқа андохтаву оташи бадбиниро байни ҳамдигар меафрӯхт. Мардуми шарафманди тоҷик сидқан боварӣ ҳосил намуд, ки ин ҳама бозиҳои ҳизбӣ танҳо ба хотири ба даст овардани қудрати сиёсӣ ва ҷоҳу мансаб будааст. Ин гурӯҳ то ба имрӯз аз мақсаду нақшаҳои иғвогаронаи худ даст накашидаву таҳти роҳбарии саркардагонашон дар ба дари ташкилотҳои байналхалқӣ ҳукумату миллати тоҷикро санги туҳмату маломат мезананд. Пас аз он, ки мардум дигар ба суханони «намакин»-и онҳо бовар намекардагӣ шуд, ба хотири эътимоду боварии мардум бо ҷалби як зумра «равшанфикрон» гурӯҳи наверо бо номи «Озодандешагон» таъсис дод.  Ва ин гурӯҳии «босаводон» имрӯз бо истифода аз расонаҳои электронии олам мехоҳанд бо дурӯғу бӯҳтон ба сари давлати тоҷикон санг заданӣ мешаванд. Онҳо як рисолат доранд, ин ҳам бошад ноооромии кишвари мо ва табадуллоти давлатӣ. Аммо ин нафарон ва хоҷагони онҳо бехабаранд, ки имрӯз мардуми маърифтпарвар ба қадри сулҳу оштӣ, ваҳдату ягонагӣ мерасад. Ва намегузорад, ки нохалафе ба хотири мнфиатҳои худ ҷомеаро ноором созад.

Воқеан ҳам сол то сол сатҳи зиндагӣ ва ҷаҳонбинии шаҳрвандонамон боло меравад. Имрӯз дар қиёс ба даҳ соли пешин шумораи ҷавонони рӯ ба мактабҳои олии кишвар ва хориҷа ниҳода ба маротиб зиёд гардидааст. Ҳатто он волидоне, ки имрӯз дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, аз Вазорати маориф ва илми кишвар дархост намуда истодаанд, ки дарсҳои мустақим,  маҷлиси падару модаронро тариқи интернет ташкил намоянд, то онҳо аз рафти дарсгузарии фарзандон аз наздик огоҳии комил дошта бошанд. Ин нишонаи он аст, ки имрӯз мафкураи мардум баланд шудааст. Дигар шаҳрвандон аз вазъи пасти зиндагӣ шиква намекунанд, балки ғами ояндаи фарзандонашонро фикр мекунанд.

Мо бар ин боварем,  ки халқи тоҷик, дастовардҳои меҳнатиро боз ҳам афзунтар намуда, барои пойдории ҷовидонаи сулҳу субот ва оромии кишвари соҳибистиқлоламон аз пештар бештар саҳм хоҳанд гузошт. Ва ба чунин носипосон ҷавоби саривақти ва сареъ хоҳанд дод.

 Дилрабо Комилова,

Руслан Бобохоҷаев, устодони кафедраи технологияи хӯрока

 

 

 

Рӯз то рӯз вазнин шудани вазъи сиёсии олам, бархӯрди тамаддунҳо, пурқувват шудани ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, гароиши ҷавонон ба ҷараёнҳои тундгароӣ аз ҳар шаҳрванди соҳибназар донишу матонати волоро тақозо дорад. Махсусан барои сокинони кишвари мо, ки аз лиҳози геополитикӣ дар мавқеи ҳассос қарор дорад, огоҳ будан аз оқибатҳои ҳузнанегези амалҳои террористӣ бар фоидаи кор мебуд. Мо медонем, ки нақши васоити ахбори омма дар расонидани иттилооти воқеиву дуруст хеле калон аст. Аммо миёни рӯзноманигорон шахсияҳое низ мавҷуданд, ки ба хотири манфиатҳои шахсии худ касби муқаддаси худро пушти по мезананд. Солҳои кабл аксари рӯзномнигорони Рус ба вазъи сиёсии кишвари мо баҳои манфӣ медоданд, аммо воқеияти ҳолро дида, чандин нафарон фикри худро комилан нисбати кишвари мо дигар карданд. Яке аз чеҳраҳои саршиноси журналистикаи Рус Владимир Соловлёв борҳо аз ҳуқуқу манофеи тоҷикон ҳимоя кард. Чунин рӯзномнигорон ва шарқшиносони зиёде ҳастанд, ки моро дар ҳама ҷода чун меросбарони фарҳангӣ муаррифӣ мекунанд. Аммо теъдоди ҳасудхурону ҷоҳилон низ аз миёни рӯзноманигорон низ кам нестанд. Масалан Бахтиёр Раҳимов дар мақолаи хеш «Коршиносони ғайриҳирфаии Рус воқеиятро дидан намехоҳанд» исми Аркадий Дубнов ва Олег Панфилов,  А.Серенко, А.Грозин ва А.Князев барин рӯзноманигоронро овардааст, ки воқеаи даҳшатбори амали террористии санаи 29 июлро яктарафа баҳогузорӣ кардаанд. Ин шахсиятҳо рӯзноманигорони зархариди ТЭТ ҲНИ буда, онҳо бо ин амалашон мардуми Рус ва умуман ҷаҳониёнро алайҳи кишвари мо хезонанд. Аммо тирашон хок хӯрд. Имрӯз гунаҳкорони ин теракт дастгир шуданд ва дар назди қонун посух хоҳанд гуфт. Ин сиёсати духӯраи коршиносони Рус моро тақозо дорад, ки якдилу якҷо ва муҳимтар аз ҳама дар мавқеи худ устувор бошем.

Абдушукур Назаров,

Анваридин Муҳиддинов,

Азизулло Авезов, 

профессорони ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд.

 

 

 

Дар шароити шиддатёбии ҷаҳонишавӣ ва паҳн гаштани бӯҳрони иқтисодиву молиявии умумиҷаҳонӣ экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дар тамоми ҷаҳон яке аз падидаҳои хатарнок ба ҳисоб меравад.

Мубориза бар зидди терро­ризм ва экстремизм (ифротга­роӣ) қисми таркибии таъмини амнияти на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Вазъи бӯҳрони ҷомеа, пеш аз ҳама дар иқтисодиёт, мавҷудияти муноқишаҳои  иҷтимоию сиёсӣ дар муносибатҳои бай­нидавлатӣ ва байнимазҳабӣ , номукаммалии заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, ки проблемаҳои баҳсноки минтақавӣ ва байналмилалиро  танзим  менамояд, ба­рои ба миён омадани чунин ҷиноятҳо ба монанди терро­ризм ва экстремизм мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди терро­ризм ва экстремизм, ки вақтҳои охир хусусияти байналмилалӣ гирифтааст, бояд дар асоси тадбирҳои маҷмӯи умумидавлатии  муқовимат анҷом дода шавад. Хоссатан, ҳар як шаҳрванд аз мақсаду мароми ҲНИ, ки чун ҳизби террористиву экстремистӣ эътироф шудааст, огаҳ бошанд ва ба навиштаҳои онҳо посухӣ воқеӣ диҳанд.

Дар замони ҳозира, дар шароити бархӯрди тамаддунҳо ва вусъатёбии ҷаҳонишавӣ, дар ҷараёни инкишофи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, маҷмӯъи масъалаҳое ба миён меоянд, ки ҳалли онҳо заруриятӣ, аз ҷумла таҳкими соҳибихтиёрӣ, эҳёи анъанаҳои фарҳангӣ-миллӣ, ғояҳои пешқадам ва созандаро маротибаи дигар тақозо мекунанд. Дар арафаи асри XXI, ки Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави инкишофу пешрафт ворид шудааст  ва роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқyқбунёдро бебозгашт пеш  гирифтааст, зарурияти тарғибу ташвиқоти тарзи солимӣ ҳамзистӣ, муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва пешбарӣ кардани ғояҳои пешқадам дар тарбияви маънавии ҷавонон баръало мушоҳида шуда истодаанд.

Мо устодонро мебояд, ки ба шогирдон ба дурустӣ фаҳмонем, ки ин ҷараёну қувваҳо танҳо барои ҳифзи манфиатҳои шахсони алоҳида нигаронида шудааст ва оқибатҳои нанговар дорад.

 

Назира Бобоҷонова,

Нигора Домуллоева, Р.Зокиров,

устодони кафедраи дизайн ва меъмории ДПДТТ 

Ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар дар қатори дигар соҳаҳо соҳаи энергетика сол то сол рушд мекунад.Сафари кори дирӯзаи Сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Роғун ва аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо ҷараёни сохтмон дар иншооти бузурги аср сокинони кишварро руҳбаланд намуд. Ин ҳама ободгариҳо моро ба ҳаёти хуррамона раҳнамун мекунад. Лекин рақибон сиёсии моро мебояд, ки аз раҳи мардиву садоқатмандӣ кора гиранд. Махсусан вақтҳои охир ТЭТ ҲНИ садо баланд мекунанд, ки дар кишвар волоияти қонун ва адолати иҷтимоӣ ба инобат гирифта намешавад. Аммо онҳо суханрон дигар хел мезананду дар амал кори дигар. Ҳодисаи чанд рӯз пеш ба вуқуъ омада ҷомеаи кишварро ҳушёр медиҳад, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, сарҷамъона бар зиддин чунин зуҳороти номатлуб мубориза барем.

Махсусан дар замоне, ки сухан аз шаъну эътибори давлат меравад, мо кӯшиг бояд кунем, ки барои баланд бардоштани дониши сиёсиву динии мардум кӯшиш варзем. Зеро миллати босаодат ва шоиста он миллатест, ки аз сидқи дил механашро дӯст дорад, роҳбарашро эъзозу эҷоз намояд. Ҳодисаи мазкур моро дигарбора дар атрофии идеяҳои созандаи Сарвари давлат муттаҳид месозад. Мо аз ҳар вақта пирӯз хоҳем шуд, агар муттаҳтиду тифоқ бошем.

Охунбобо Сайфиддинов, номзади илмҳои техникӣ, дотсент

Дадохон Ҷӯраев, номзади илмҳои техникӣ.

Ҳусейн Қаландаров,  номзади илмҳои техникӣ

Таҷрибаи таърихи навини Тоҷикистон исбот намуд, ки ҳама гуна кӯшишҳои бо роҳи зӯри бунёд намудани  давлати исломӣ сабаби  аз байн рафтани  Тоҷикистон шуда метавонад.

Дар солҳои 90–ум  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкоро ба фаъолияти  пардохтани ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби демократӣ, созмони “Растохез” ва даҳҳо созмонҳо, бӯҳрони ҳамагониро дар ҷумҳурӣ қадре ҳам паст накардааанд, балки боиси хурӯҷӣ он гардидаанд. Онҳо дар раҳна гардидани пояи давлатдорӣ, аланга додани ҷанги бародаркушӣ, гаравгонгириҳо басе фаъол буданд.

ҲНИ ҳамчун як ҳаракати ҷавонони мусулмон 20 –уми апрели соли 1973 ба таври пинҳонӣ тасис ёфта, то соли 90 бо ҳамон услуби пинҳонкорӣ амал кард.

Аҳзоби сиёсӣ ва ҷунбишҳое, ки ливои демократӣ баромад мекарданд, ҷавонони аз ҷиҳати сиёсӣ нопухтаро ба арсаи муҳорибаҳои муссалаҳона зидди сохтори конститутсинонӣ кашидаанд. Аз ҳамин сабаб Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи июни соли 1993 ба ҳукми худ ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби демократии Тоҷикистон, ва ҷабҳаҳои халқии «Растохез», созмони «Лаъли Бадахшон» – ро  бо назардошти ҳамаи ҷинояту хиёнаташон хилофи қунун эълон намуда, фаъолияти онҳоро боздоштанд.

Дар ибтидои солҳои 90 – уми асри ХХ таи ду сол пажуҳишгоҳи тадқиқотӣ иҷтимоии Маскав ҳамроҳи сотсиологҳои ҷумҳурӣ оиди масъалаи тарафдорони ҲНИ дар ҷумҳури тадқиқот гузаронидаанд. Маълум шуд, ки ҷонибдорони ҲНИ дар Тоҷикистон дар марҳилаи  аз июни соли 1991 то ноябри 1992 аз ду то панҷ фисадро ташкил медоданд. 75 ‒ 95  фисади шаҳрвандони ҷумҳурӣ роҳи тараққиёти демократии дунявиро тарафдорӣ мекунанд.

Роҳбарони ҲНИ чанд фоиз будани ҷонибдоронашонро хеле хуб медонанд, вале мехоҳанд ба сари ҳокимият оянд. Дар ҳамаи ҳолатҳо мақсади ниҳоии наҳзатиён барпо намудани давлати исломист.

Давлати исломӣ бошад хоҳ – нохоҳ маҳдуд кардани озодиҳои  намояндагони дигар  маҳзабҳо ва ашхоси ба ягон мазҳаб нагаравидаро ба бар меофарад.

Лозим ба қайд аст, ки  ақидаҳои  бунёдгарона, ки наҳзатиён ҷонибдори онҳо ҳастанд, ҳеҷ гоҳ мардумро ба мақсад намерасонад, баръакс  ба нокомиҳо рӯ ба рӯ мекунад. Дур намеравем, ду давлати ҳамсояро мисол меорем: Соли 1979 инқилобӣ исломӣ дар Эрон ғалаба карда, режими шоҳиро сарнагун сохт. Аммо  то имрӯз ҳадафҳои эълом доштаи рӯҳониён  ҷомаи амал напӯшидаанд. Дар ин бобат бетартибию ҳамоишҳои мардуми Эрон зидди фасорзадагии ҳукумтдорон ва боло рафтани  нархи навои, моҳи охир Эронро фаро гирифтааст, шаҳодат медиҳад. Ё гирем, Афғонистону Покистонро. Ҳаракати толибон, ки мисли наҳзатиёни Тоҷикистон ҷонибдори исломи бунёдгаро ҳастанд, на танҳо бехатарии давлатро, балки тамоми минтақаҳоро зери суол гузоштаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аксари аҳолиаш мусулмон ҳаст, роҳи бунёди давлати дунявиро пеша кардааст. Дар баробари ин арзишҳои исломӣ дар рушди маънавиёти кишвар, пешрафти иҷтимоию иқтисодӣ макоми шоистаро ишғол менамоянд.

 

Темур Мирхолиқов,

устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Пас аз нашри видеонамоиши «Манқурт» ва хондани мақолаи Самиев Холмаҳмад таҳти унвони «ТЭТ ҲНИ ҲАМОНО АЗ РОҲИ ТЕРРОР КОРА МЕГИРАД» хотироти ман ба амали террористии чанд сол пеш  санаи якуми сентябр дар шаҳри Хуҷанд рухдода рафт. Дар ин амали ваҳшиёна ҷавонони истаравшанӣ даст доштанд, ки гӯиё барои қасос ин корро карданд. Бо ҳамин хотирҷамъ гардида шукронаи тинҷиву аммонии кишварамро мекардам. Чун медидам, ки дар гӯшаву ақсои олам ҳодисаи даҳшатбори худро дар бозору масҷид тарконидани одамонро медидаму ангушти ҳайрат мегазидам, ки то куҷо насли одамӣ бераҳму золим ва кундзеҳн шудааст, ки дидаву дониста ҷони худрову дигаронро ба ҳақ месупорад. Чун хондаму иттилоъ ёфтам гурӯҳҳои зиёде бо номи исломӣ миёни омма, хосса ҷавонон ташвиқоти зиддиинсонгароёна мебаранд. Гӯиё исломи пок бояд дар хилофат ва тибқи амрҳои он зиндагӣ кунад. Ҳодисаи даҳшатбори куштори сайёҳон санаи 29 июл дар ноҳияи Данғара дар қатори дигарон маро низ ошуфтахотир намуд. Зеро миллати фарҳангпаноҳи маро чун минтақаи амалкарди террористӣ васоити ахбори омма муаррифӣ намуданд.

 Аслан решаи ин ҳодиса аз куҷост ман пас мутоилаи маводи Холмаҳмад Самиев, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дарёфтам. Пушти ин ҳодисаи нангин Абу усомаи Норакӣ яке аз парвардагони мактаби террористии ҲНИ меистад.  Ӯ ки Назаров Тоҷиддин ном дорад,   ҳанӯз айми ҷавонӣ чун узви фаъоли  ҲНИ бо тавсияи Манонов Шералӣ ба Русия рафта, дар ҷалби ҷавонон ба сафи ҲНИ кӯшишҳо кардааст. Чун қудрати ҲНИ то боре кам гардид, ҷавононро ба ДИИШ даъват мекардагӣ шуд. Ӯ шаҳри Хоши Ҷумҳурии Исломии Эронро макони зиндагии худ қарор дода, аз ин мактаби терористии Эрон сабақҳои террористӣ гирифтааст. Ва вазифаи ӯ бар ивази маблағҳои ҳангуфти хоҷагони Эронӣ ва Кабирӣ ташкил намудани амалҳои террористӣ дар ҳудуди Тоҷикистон мебошад.

Чӣ бояд кард, ки ҷавонони мо ба чунин роҳ нараванд. Тарбияро аз оила бояд шуруъ кард. Ин мисраҳоро навишта хотироти даврони ҷавониам пеши назарам омад. Раҳмати модари меҳрубонам мегуфтанд, ки «Вақте, ки ба падарат дар муошират мешавӣ, чашматро ба замин нигоҳ карда гапзанон кун», ки ин эҳтиром нисбат ба падар аст. Боз таъкид мекарданд, ки дар «вақти суханронӣ бо падарат калимаҳои дағалонаро истифода набар!». Ин суханҳо як ҷаҳон маънии калон дорад, ки дар амал ҷорӣ кардан ин гуфтор барои баодоб шудани фарзанд саҳми арзандаро мегузорад.

Дар ҷавониам, раҳматӣ падари бузургворам моро ба инсондӯстиву хоксорӣ ва меҳнатдӯстию гирифтани савоб аз хизмати калонсолон тарбия мекарданд. Он кас мегуфтанд, ки «Вақте, ки калонсолон ягон бор мебардоранд ва дар роҳравӣ азият мекашанд, ба онҳо дасти ёри дароз намо, яъне даррав рафта бори онҳоро то ҷои лозимӣ бурда деҳ ё зери дасташон қаппида то хонаашон бурда мон». Ин сухану маслиҳатомезӣ калонсолон, албатта ҷоизи қайд аст ва имруз ин хел маслиҳатҳо бояд ҳамчун қоида дар майнаи ҷавонон ҷой гирад.

Абдушукур Назаров, доктори илмҳои иқтисод,

профессор, устоди кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонии ДПДТТ,

шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд

Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳо робита ба ин  масъала таъкид намудаанд: «Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад.

Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст».

Ҳуқуқшиноси машҳури рус Л.А.Маджорян мегӯяд: «Терроризм амале мебошад, ки аз ҷониби шахсони алоҳида, ташкилот ва ё гурӯҳи одамон барои ба ҳадафҳояшон расидан равона карда мешавад». Вале бархе ҷавонони аз ҳадафҳои ғаразонаи чунин бадхоҳон ноогоҳ худ бехабар ба доми фиреби онҳо меафтанд ва оқибат аз амалҳои худ пушаймон мешаванду назди халқу Ватан бадному ҷинояткор мегарданд.

Дар доираи масъалаи ҷалби ҷавонон ба созмонҳои тундрав аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар соли 2014 алайҳи 110 нафар барои ифротгароӣ ва терроризм ва нисбати 74 нафар ҳам барои ширкат дар ҷангҳои Сурияву Ироқ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ҳамчунин, зикр гардид, 30 ҷавони тоҷик дар ин ҷангҳо кушта шудаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузорӣ фаъолияти чунин созмонҳои экстремистӣ мисли «Ал-Қоида», «Толибон», «Бародарони мусалмон», «Ҳаракати исломии Узбекистон», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Салафия», «Ҷамоати таблиғ», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҷабҳат Ан– Нусра», «Гурӯҳи-24»  ва ҲНИ ғайриқонунӣ эълон карда шуда, фаъолияти онҳо дар қаламрави кишвар манъ карда шудааст. Аммо новобаста аз ин, бинобар маълумоти солҳои гузаштаи  Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта, то имрӯз аз сӯйи ин ниҳод 85 нафар барои узвият бо Ҳизби Исломии Узбакистон, 64 нафар узви Ҷамоати Ансоруллоҳ, 3 нафар узви Толибон, 4 нафар узви Ҷабҳат Ан-Нусра, 10 нафар – Давлат-ул-Ислом, 7 нафар – Мусалмонони Солеҳ, 11 нафар – Ҳизб-ут-Таҳрир, 35 нафар Салафия, 2 нафар – Гурӯҳи 24, 14 нафар барои ҳамкорӣ бо Ҷамоати Таблиғ боздошт шудаанд.

Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки бештар ҷавонон, ки яке аз қишри осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд ҳадафи асосии гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегарданд.

Аз ин лиҳоз, имрӯз, дар чунин айёми ҳассоси ҷаҳонишавии зуҳуроти номатлуб ҳар як шаҳрванди кишварро зиракии сиёсӣ мебояд, мо, соҳибватанонро лозим аст, ба арзишҳои олии ин Ватани азизамон арҷ гузорем, шукри даврони сулҳу субот, осоиштагӣ кунем.

Хиромон Пӯлодзода,

донишҷӯи курси 3,

ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Одами солимақл ҳам медонад, ки зиндагӣ дар Аврупо бе меҳнати машаққати сангин амрест маҳол. Муҳиддин Кабирӣ ва ҷамъи ёронаш натанҳо он ҷо кор мекунанд, балки фаъолияташон барангехтани кинаву адоват, паҳн кардани фитнаву надомат ва ниҳоят бар гардани кишвар бор кардани тӯҳмату бӯҳтонҳо мебошад.  Худ маълум, ки ӯву ҳизбаш чун зулук молу сарвати хоҷагонашро макида, бар ивази ин “подошҳояшон” ба роҳбарияти олии шиамазҳабон ҳамарӯза гузориш медиҳанд.   Албатта дар ин кор аллакай Кабирӣ таҷрибаи калон дорад. Зеро бо гирифтани кӯмакҳои хоҷагон қисме аз онро барои тарғибу ташвиқи расму ойин, фарҳангу мазҳаб ва андешаҳои ғаразноки хоҷагонаш ба наҳзатиҳои намакзада тақсим намуда, қисми дигарашро барои ҳаёти шахсиаш ва қисмати боқимондаро ба фитнагарон барои барангехтани сару садо ва бофтани найрангу буҳтон тақсим менамояд. Бинобар ин Кабирӣ, ки аз хоҷагонаш маблағҳои муфт ва бедардимиёнро ҳамарӯза соҳиб мешавад, намехоҳад аз чанги хоҷагонаш раҳо шавад. 

Тавре мардуми шарафманди тоҷик бахубӣ огаҳӣ дорем, дар кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол бо талош ва кӯшишҳои пайвастаи фарзанди фарзонаи миллат, Сарвари оқилу маҳбуб, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри расидан ба орзуву омоли наҷиб ва фароҳам намудани шароити мусоиди зисту зиндагии тамоми сокинон шароитҳои мусоид фароҳам гардида истодааст.  Аз ҷумла вобаста ба масъалаи вусъати корҳои ободониву созандагиҳо ва анҷоми амалҳои неку савоб бо риоя ва суннатҳои писандидаи дини мубини ислом мулоқоти бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷамоатчигии кишвар баргузор гардид. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар симои аҳли ҷамоатчигии мамлакат аз кулли ҳамвататон ҷиҳати расидан ба қадри сулҳу субот, оромиву тинҷӣ, осудагиву якдилӣ, якмаромиву иттиҳод, ҳамзистиву ҳаморомӣ ва ваҳдати ҷовидонӣ, дасти кӯмак ба ятимону бенавоён, пирону барҷомондагон ва дар маҷмуъ амалҳои хайру саховат ва созандагиву бунёдкорӣ, ки ҷавҳари дини мубини исломро ташкил дода, бахусус яке аз фазлатҳои хуби инсони маҳсуб меёбад даъват намуданд. Махсусан бунёди Донишгоҳи калонтарини исломӣ ва масҷиди калонтарин дар Осиёи Миёна худ далолати онро дорад, ки таваҷҷӯҳи давлат нисбати намозгузорон хеле калон аст. Давлат ва шахсан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҳони парастиши исломи воқеӣ ҳастанд. Чун мебнем, ки наздики 100 гурӯҳу созмон ва ҳаракатҳо бо истифода аз вожаи ислом даст ба қатлу куштор мезаннд, ҳаргиз дар тинати инсоният исломи ҳақиқиро ҷо карда намешавад.  Аммо фарзандони нохалафи миллат, ки бо роҳбарии террорист Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷ зери паноҳандагиву пуштибонии хоҷагонашон ҳамчун зархарид умр ба сар мебаранду аз асли воқеа ва рӯзгори мардум огоҳ нестанд, баҳри барангехтани фитнаву найранг ва гумроҳкунии мардум ҳар гуна сару садо ва тафриқаандозиҳо карда истодаанд, ки боиси нафрат ва наълати мардум гардида истодааст. Фошофош эълон кардан оиди даст надоштан ба амали террористӣ, ки санаи 29 июл дар минтақаи Себистони ноҳияи Данғара ин чеҳраи машғуши душмани миллатро боз ҳам хиратар намуд. Зеро тафтишот маълум намуд, ки маҳз бо пуштибонии Кабирӣ қори Носир ва Абу усомаи Норакӣ амали террористӣ сурат гирифта, дар натиҷа 4 сайёҳи хориҷӣ фавтиданд. Ва ин амали нангину сангин барои обрӯ ва манзалати кишвари мо дар миқёси ҷаҳон зарбаи ҷонкоҳе зад.  

Хушбахтона мо ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватан зери раҳнамоиву пуштибонӣ ва ҳидоятҳои падаронаи Пешвои маҳбубу ғамхор ва Сарвари оқилу дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ таълиму тарбия гирифта, ҳамагуна буҳтон ва туҳматҳои беасоси наҳзатро, ки дар маҷмуъ бар зидди арзишҳои милливу мазҳабии мо равона гардидааст маҳкум менамоем ва намегузорем, ки наҳзатиҳои разил бори дигар мисли солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо хоҷагонашон ҳамсолони моро гумроҳ намуда, онҳоро муқобили сулҳу оромӣ ба камол расонанд.

                                                      Рустам Ғуфронов,

донишҷӯи курси 3-и ДПДТТ

дар шаҳри Хуҷанд