Ҳамоиши тоҷикони бурунмарзӣ бахшида ба 21- солагии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” чунин унвон дошт саҳнаи мазҳакавие, ки Муҳиддин Кабирӣ бо “дӯстону наздиконаш” доир намуд.  Муҳиддин Кабирӣ худ дар оғози сухан иқрор мешавад, ки ҳама аз суханонони ночаспони ӯ монда шудаанд ва кӯшиш мекунад, ки камтар сухан намояд, аммо ҳамоно булбулакаш хону беш аз 47 дақиқа суханҳои по дар ҳаво гуфт. Ҷолибтарин гуфтораш он буд, ки ҳамаи ин ҷо нишастагон танҳо бо пули худ то ба ҳамоиш расида омаданд. Суоле ба миён меояд, ки аксари ба қавле “гурезагони иҷбории сиёсӣ” дар ҷое шуғл надоранд, пас чи гуна онҳо метавонанд дар дили Афрупо бисёр фохираву шинам ва зебо сайру сайёҳат намоянд. Худи Кабирӣ дар посух ба нашри видеоии Эшони Сайидқиёмиддин Ғозӣ ҳарфе нагуфт. Пас он ҳама далелку фактҳое, ки дар навори видеоӣ омадааст ҳақиқат аст.

Эътироф бояд кард, ки ҳизби наҳзати ислом яке аз намуди ҳизбҳое аст, ки ҷомеаро аз давлат дур намуда, шахсони бегуноҳро гумроҳ менамояд ва тӯъмаи доми худ мекунад. Ин ҳизб мисли дигар ҳизбҳо солҳои пеш дар таҳти назорати давлат буд ва кору фаъолияти хешро ба пеш мебурд. Аммо шахсони нохалафе пайдо гаштанд, ки ба номи пуршарафи ҳизб хатҳои сиёҳро ворид карда, аз давлат онро ҷудо намуданд. Маҳз иштирокчиёни ҳамоиш аз ҷумалаи он ғафлатзадагонанд.

Ин носипосон дар посух ба таваҷҷуҳи хоссаи давлат ва Ҳукумати кишвар, ки тамоми шароитҳоро барои халқи кишвар муҳайё намудаанд, ҳатто тамоми масҷиду мадрасаҳоро барои халқ фаровон намудаанд, бо амалҳои хиёнаткоронаи хеш посух гуфтанд.

Маҳз ҳамин ҳизб буд, ки тамоми мардумони гумроҳу нодони кишвар ва дигар миллату давлатҳоро тӯъмаи худ намуда, луқмаи ҳаромро баҳри онҳо арзонӣ донист, ки аз дасти нохалафи онҳо ҷомеаи тинҷу ором ва ватандӯстро аз падару модар, ёру бародар ва фарзандони хеш ҷудо намуд.

Маҳз ҳамин ҳизб аст, ки нооромии давлат аз он сар зада, баъзе аз ҷомеаи тинҷу ороми он дунболи он равон гаштааст. Тамоми мамлакатҳо кушиш карда истодаанд, ки аз чунин нохалафон даст кашида, баҳри тинҷиву оромии кишвари хеш то ҳастанд мубориза бурда, чораҳои гуногун андешида истодаанд. Мардуми ба ору номуси кишвар мехоҳанд, чунин ашхосҳоро аз бари худ дур карда, барои гул – гул шукуфтани кишвар ва миллати хеш кӯшишу фаъолият намоянд. Мо ҷавонон аз чунин ободкориву тинҷгардониҳо миннатдор буда, то ҷон дар тан дорем бояд хизмати хешро барои давлату миллати хеш ба ҷо оварда бошем.

Акнун, барои рушду равнақи минбаъдаи Ватани маҳбубамон ва саҳмгузории ҷавонон дар ин кори пурифтихор тамоми шарту шароитҳо мавҷуданд. Аз мо танҳо тақозо мешавад, ки бо азхудсозии илмҳои замона, касбу ҳунарҳои зарурӣ ва решакан намудани зуҳуроти номатлубу нангини ифротгароии динӣ, ба амалигардонии азму ниятҳои неки созандагиву бунёдкорӣ камари ҳиммат бандем.

Мо ҷавонони даврони истиқлол ҷавобан ба ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш менамоем,  ки ба боварии сарвари давлат сазовор боқӣ монда, ҳамеша пайи ободии ватан қувваю нерӯи хешро сарфа намуда, меросбардори насли ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бошем.

 

Ҳусейҷон Қаландоров, мудири кафедраи таъмини барқ ва автоматика

 

 

Хабари дар  шаҳри Дортмунди Ҷумҳурии Федоролии Олмон баргузор шудани ҳамоиш бо иштироки   як гуруҳ аз мухолифин тоҷик бо сарварии ТЭТ ҲНИ-ро шунида, тавассути шабакаи байналмилалӣ аз рафти он бохабар шудам. Рости пас аз суханронии беш аз 47 дақиқаи роҳбари ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ як чиз айён шуд, ки ӯву ҷамъи ёронаш худ намедонанд, ки аз ҷониби давлат ва Ҳукумати кишвар чӣ мехоҳанд. Ин нафарон ҳамоиши худро бахшида ба 21- солагии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ унвон карда, ҳудуди беш аз 3 соат фақат ғайбату бӯҳтонро бар сари давлат бор намуданд.  Гӯё бо ин маҷлиси худ онҳо исбот карданӣ шуданд, ки  дар сулҳи тоҷикон онҳо саҳми беандоза доштанд.

Аммо чашми воқеъбини мардум ва таърих исбот намудааст, ки дар ҳамбастагии гурӯҳи мухолифин нақши комиссияи оштии миллӣ бо сарварии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон калон аст. Маҳз ин фарзонафарзанд буд, ки давлату миллатро аз вартаи маҳвшавӣ наҷот дод. Ваҳдат моро якҷову дӯсту бародар кард. Ваҳдат ба мо сулҳу оромиш овард. Бе ваҳдату якдилӣ, бе якдигарфаҳмию бе дӯстию рафоқат чизе поянда нахоҳад монд. Имрӯз мо истиқлолу ваҳдат дорем. Имрӯз моро мешиносанду эътирофамон мекунанд.

Пас, баъди ин ҳама Кабирӣ боз мехоҳад мисли солҳои 90 – ум ИНОТ-ро таъсис диҳаду худро роҳбари мухолифин вонамуд кунад. Лек ба ӯ ин дафъ ҳам муяссар намешавад. Зеро ҳама мухолифин ва шахсони ҷудогона нисбати ҳизби наҳзат ва роҳбарияти он фаҳмиш доранд. Онҳо пеш аз ба ягон иттиҳоду созиш омадан, каме фикр мекунанд ва баъд ҷавоб мегардонанд.

Аслан ТЭТ ҲНИ аз замони таъсис ва пайдошавиаш дар саҳна ва фазои сиёсии кишвар чун ҳизби моҷароҷӯ, тақрибкор, ниқорталаб, фитнаангез, ҷудоиандоз, ҳизби мансабталошону вакилшавандагон, ҳизби бегонапарастон, маҳалгароёну миллатгароён ва дур аз манфиатҳо ва арзишҳои миллии мо «шӯҳрат» пайдо намуд.

 Дар муддати начандон тӯлонии даврони Истиқлолият мардуми тоҷик баробари дастовардҳои чашмрас бо азияту кулфат, афтоданҳо, шикастанҳо, сӯхтану нобуд кардан, қатлу ғорат, ғаму ғусса ва фироқу ҷудоиҳо рӯ ба рӯ шуд.

Гарчанде мо дар аксар маврид ҷанги бародаркушро дар Точикистон (1992-1997) ҷанги таҳмилӣ мегӯем, айбро ба гардани дигарон бор кардан мехоҳем, вале ташкилкунандагону оташдиҳандагон, душманони дохилии миллати моро зуд бахшидем ва фаромӯш кардем.

Муттассифона баъзе тоифаҳо ва шахсон таърихро зуд фаромӯш мекунанд, панду ҳушдори таърихро нодида мегиранд.

  ҲНИ  аз замоне ки таъсис ёфт ва ба фаъолият шурӯъ намуд, ба ҷузъ ташкил намоишу майдоннишинӣ, моҷароҷӯӣ, ниқорталабӣ, қонуншиканӣ, фишороварӣ, таҳдиду зӯроварӣ дигар кори хайру савобе накардааст. Оқибати майдоннишинӣ, қонуншиканӣ, муқовимати сиёсӣ ба чи овард, ҳама медонанд. Вале муассисону сарварон, аъзои ин ҳизб, фаъолони он таърихро зуд фаромӯш намуда худро мусичаи бегуноҳ, ҳатто «ҷабрдида», «бечораву»  «оҷиз» мешуморанд.

Абдушукур Назаров, профессори ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Солиёни зиёд аст, ки дар фазои ободу озод зиндагӣ ба сар мебарем. Барои мо, духтарон дар қатори дигар қишрҳои ҷомеа давлат таваҷҷуҳи хосса дорад. Баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъсиси квота барои таҳсил дар бонуфузтарин муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва дар ин замина дарёфти ҷойи корӣ ва муҳим рӯзгори ободу осуда аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои давлат ва ҳукумат маҳсуб меёбад.  Аммо дар ҷомеаи кунуни ҳастанд қувваҳое, ки мехоҳанд бо истифода аз заифии иродаи ҷавонон онҳоро ба сӯи худ кашанд. Ҳадафи ҲНИ, гурӯҳи 24, «Озодандешон» маҳз чуни наст. Мо навори видеоии «фаълони гурӯҳи 24»-ро шадидан маҳкум мекунем ва гуфтанием, ҳар он чи ки онҳо иброз доштаанд, дурӯғи маҳз аст.

Мо,  духтарони фаъол аз ҳар вақта дида масъулу ҳушёр ва зирак бояд бошем, то ки пеши роҳи ҷавонони гумроҳро гирем, онҳоро ба роҳи рост ва бунёдкорӣ ҳидоят намоем. Бояд тамоми воситаҳоро барои фаҳмонидани хатогиҳои онҳо истифода барем. Вазифаи аввалиндараҷаи мо бо ҳамсолон будан ва дархри розу ниёзи онҳо шудан аст.

 Ҷомеаи меҳнатии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд нисбати ин масъалаи доғи рӯз бетараф набуда, мунтазам дар муассиса оиди ин мавзӯъ соатҳои тарбиявӣ, вохӯриҳо бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ сӯҳбатҳо гузаронида, донишҷӯёнро дар руҳияи ватандӯстӣ, инсонпарварӣ, муттаҳидӣ, тарбия менамоянд. Ҳамаи моро дозим аст, ки дастаҷамъона ба муқобили ҳар гуна ангезахои иғвоҷӯёна мубориза барем ва нагузорем, то даст нопоки бадхоҳон ба кишвари биҳиштосои мо низ дароз шавад, зеро бадхоҳон ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасанд.

 

 

 Аз таҷлили 21-умин солгарди Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ пас аз чанд рӯз як моҳ сипарӣ мешавад. Сокинони кишвар бо шукрона аз тинҷиву амонии ва фазои ободу озод ин ҷашни муҳими таърихиро таҷлил намуданд. Дар ҳар гӯшаву канори мамлакат садои созу суруд ва суханони меҳрбор танинандоз буд. Эҳсос мешуд, ки вуҷуди ҳар як соҳибватанро ифтихори миллӣ фарогир буд. Махсусан суханронии пур аз меҳру садоқати Сарвари давлатро сокинон бо вуҷуди том гӯш кардаву дар ботини ҳар як сокини меҳандӯст ҳисси боварӣ барои фардои дурахшони кишвар боз ҳам қавитар менамуд.

Вале, ин санаи муборак барои онҳое, ки умуман пешравии кишвари моро дидан намехоҳанд ҳамчун намак барои ҷароҳат пошидан буд. Махсусан саркардаҳои ҲНИ, гурӯҳи 24, анҷумани «Озодандешон» дар чеҳраи Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Сайидюнуси Истаравшанӣ, Алим Шерзамонов, Илҳом Ёқубов ва даҳҳои тани дигар ин ҷашнҳоро дида, сухтану бирён шуданд ва қарор доданд, ки бо як ҳамоиш дар шаҳри Дормунди Олмон боз ба ивову дасиса оғоз бахшанд. Чун сенарияи қаблӣ Муҳиддин Кабирӣ чун «лидер»  аз худ қаҳрамон тарошида дар шабакаи иҷтимоӣ эълон доштааст, ки ҳар қадамашро мақомоти амниятии кишвар назорат мебарад ва гӯиё якчанд кормандони ин ниҳод онҳоро то ба ҳамоиш расидан таъқиб кардаанд, ки ин дурӯғи маҳз аст ва аз худ «ситоратарошӣ»-ро мемонад, сониян Кабирӣ дар суханронии худ таъкид доштааст, ки сулҳи побарҷои кишвар натиҷаи заҳмати ҲНИ ҳам ҳаст.  Вале номбурда иқрор намешавад, ки ангезаи ҷанг маҳз аз ҷониби наҳзатиён оғоз шудааст. Инро Эшони Қиёмиддин бори дигар исбот намуд.

Муҳиддин Кабирӣ дар назди 300 нафар (воҳима кардаанд аз 50 нафар беш набуд) иштирокчиёни ҳамоиш қайд кардааст, ки бояд мо якҷо сарҷамъ бошем. Аммо алакай ин чеҳраи «саршинос» миёни худи низ соҳиби эътибор нест. Зеро гурӯҳи 24 аз ҳамкорӣ бо ин ҳизб даст кашида, дигар гурӯҳҳо низ намехоҳанд, ки ҲНИ роҳбари онҳо бошад. Маълум, ки дар ин ҳамоиш ҳамон чеҳраҳои «шинос», ки мубаллиғони асоси хоҷагони берунӣ ҳастанд, мисли Алим Шерзамонов, Сайидюнуси Истаравшанӣ, Илҳом Ёқубов бо суханрониҳои по дар ҳавои худ мехоҳанд, ки ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор диҳанд, ки самараи ваҳдати миллӣ яктарафа баҳогузорӣ мешавад. Аммо ягон нафари онҳо дар баромадҳои хеш намегӯянд, ки ҳамин Созишнома бо иқдми кӣ оғоз шуду, накши кадомин шахсият дар фароҳамоварии нишастҳо зиёд аст. Дар бораи хизмати таърихии Эмомалӣ Раҳмон дар сулҳу ҳамбастагӣ сухане гуфта нашуд. Балки онҳо мехоҳанд худро ҳизбашонро «қаҳрамон тарошанд», ки ин хатои маҳз аст.

Хайринисо Темирова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд           

Як зумра шахсиятхои манфиатҷӯ ва дурӯя, ки аз ин пештар симои аслии худро бо иғвову дасисаҳо нишон дода буданд, бо нишон додани як навори пур аз тӯҳмату иғво ба ҳамаҷо «фикрҳои бикр»-и худро паҳну парешон кардаанд.  

Ин нафарон дар муроҷиатномаи хеш гӯиё таҳаввулотеро медароварда бошанд, аз тоҷику тоҷикистонӣ даъват ба амал овардаанд, ки бо онҳо ҳамфикр шуда пайи носозгориҳои ҷамъият бошанд. Аммо воқеияти ҳол он аст, ки Истиқлолият ва ваҳдат неъматест гарон барои мардуми тоҷик, ки бо ҷаҳду талошҳои софдилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, ормонҳои деринаи мардуми кишварро амалӣ намуд. Ғамхориҳои доимии Пешвои миллат, хусусан, нисбат ба ҷавонон боиси ифтихор аст. Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд ин ғамхориҳоро дарк намуда, ҳисси баланди миллӣ доранд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор менамоянд. Мо ҷавонон, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ дорем, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад. Мо ҷавонон шукрона аз он дорем, ки дар як кишваре зиндагӣ дорем – ободу осуда ва ин кишвар бо Ваҳдату субот асос ёфтааст. Шароити хуби зиндагие, ки мо дорем, байни бештари мамлакатҳои ҷаҳон бо фазои оромии худ фарқкунанда аст ва ин фазои оромро мо ҷавонон намегузорем, ки касе халалдор созад ва барои ҳимояи он ҳамеша омода ҳастем.

 

Аз азал мардумони олам мавқеи худро нисбат ба хиёнаткорону бадандешон мустаҳкаму устувор муайяну мушаххас намуда, кирдору рафтори разилонаи онҳоро маҳкум менамуданд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳадаф ва ниятҳои нопоки ҳамагуна хоинон бар зидди арзишҳои миллӣ, ин ё он раванди рушди ҷомеа, шахсиятҳои пешсаф ва барӯманд равона гардида, онҳо мехоҳанд бо рафтори хиёнаткоронаи хеш ба ҷомеа таъсири манфии хешро расонанд. Мутаассифона, дар Тоҷикистони азиз низ бо вуҷуди фаъолияти шахсиятҳои бузурги илму адаб, донишмандон, олимону мутафаккирон, нобиғаҳои айём боз иддае аз фарзандони нохалаф ва хиёнатпеша мавҷуданд, ки бо супориш ва сарпарастиву роҳнамоии хоҷагонашон мехоҳанд бар зидди сулҳу суботи кишвар, оромиву якдилӣ ва ваҳдати ҷовидонӣ садо баланд кунанд. Бахусус дар замони соҳибистиқлолӣ пасипардагӣ амал намудани ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломӣ хоинони миллати тоҷик Муҳиддин Кабирӣ, Саидумар Ҳусайнӣ, Муҳаммадалӣ Ҳаит ва дигар гумроҳони наҳзатӣ, тарҳрезии нақшаҳои тахрибкоронаву хиёнаткорона бар зидди сулҳу суботи кишвар, барангехтани кинаву адовати милливу динӣ дар қалби ҳамватанон аз амалҳое буд, ки Тоҷикистони тозаистиқлолро ба арсаи ҷанги шаҳрвандӣ кашонид. Он замон саркардагони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон роҳбари иттиҳоди нерӯҳои оппозитсияи Тоҷикистон Саид Абдуллои Нурӣ ва дигар гумроҳон дар Тоҷикистон оташу алангаи ҷангро барафрӯхта ба кишварҳои хориҷ паноҳ бурда, аз дур бо дастгирии хоҷагонашон низоъҳои дохиликишварро сармоягузорӣ менамуданд. Ин гумроҳон бо истифода аз фазои холигии динӣ мардумро рӯйрост барои мубориза бар зидди сохтори конститутсионӣ ва ҳукумати қонунӣ даъват намуда, хостори таназзули давлат буданд. Чун дар Тоҷикистон амалҳои разилонаву манфури хоинони миллати тоҷик ошкорову ҳизби касифашон террористӣ эълон гардид, ин разилон дар хориҷ аз кишвар бо гумроҳкунии ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ амал намуда, анҷуман ва ҷунбишро таъсис дода, мехоҳанд сафҳояшонро мустаҳкам гардонида, амалҳои разилонаашонро идома диҳанд.

Аслан агар ба фаъолияти роҳбарони ин ташкилотҳои ифротӣ назар афканем маълум мегардад, ки инҳоро пайравӣ кардан на ба тарозуи ақл рост мегираду на ба тарозуи одамигарӣ. Зеро кореро, ки роҳбарони ин сохторҳои тахрибкор анҷом додаан боиси нафрат аст. Масалан агар ба таври мухтасар назар кунем, Сайидабдуллои Нурӣ хоини миллати тоҷик ва яке аз саркардагони ҷанги шаҳрвандӣ. Хисороти ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳамагон маълум. Муҳиддин Кабирӣ яке аз гумроҳон ва хиёнаткорон, саркардаи амалиёти Абдуҳалим Назарзода, касест, ки дидаю дониста дар ҷанозаи волидонаш иштирок накардааст. Сайидюнуси Истаравшанӣ яке аз таҷовузкорони духтари ноболиғ, ҳамсари ҳозирааш ва фурӯшандаи мазҳаби аҷдодӣ. Шарофиддин Гадоев шогирди хоини миллат Умаралӣ Қувватов, ки дар куштори устодаш даст дошта, дар ҷанозаи падараш мисли Муҳиддин Кабирӣ иштирок накардааст. Нуриддин Ризоӣ низ мисли Шарофиддин Гадоев нохалаф буда, дар куштори устодаш Умаралӣ Қувватов даст дошта, пас аз ҷанозаи устодаш духтари ноболиғашро таҷовуз кардааст. Хулоса, ин нохалафонро дар кирдору рафторашон ҳатто як омили пайравикунанда дида намешавад ва паси ҳар амалу рафтори онҳо хоҷаяке нуҳуфтааст.
Аз ин рӯ ҷавонони азизи моро зарур аст, ки аз ин нохалафон худ ва ҳамсолони худро эмин ва ҳифз нигоҳ дорем. 

Рустам Ғуфронов, донишҷӯи ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Хабари нашри видеоии душманони миллат мо, ҷавонони факултетро, ки дар таътили тобистона қарор дорем, бетараф гузошта натавонист. Зеро имрӯз мо медонем, ки дигар миллату халқиятҳо дастоврдҳои моро дида наметавонанд ва зарфиятҳои моро ошокоро низ намегӯянд. Аммо иддае аз кундзеҳнон ба хотири ризоатмандии хоҷагони серпули худ мехоҳанд обрӯи миллати моро дар арсаи байналмилалӣ резонанд. Ин шахсиятҳое ҳастанд, ки дар гузашта ва имрӯз низ чун кӯрнамоакони давлат барои аз пой афкандани низоми давлатдорӣ кӯшиш менамоянд. Аммо ҷаҳдашон барабас меравад.

Имрӯзҳо мардуми сарбаланди тоҷик аз боду ҳавои Истиқлолият баҳра бурда, сиёҳро аз сафед, хубро аз бад, ҳақро аз ноҳақ,  дӯстро аз душман фарқ карда метавонад. Мо намехоҳем дар арсаи ҷаҳолат монем. Ин озодӣ, ин тинҷию амоние, ки ба мо муяссар гардидааст, шукрона мекунем. Шукрона аз он мекунем, ки мо давлат дорем, шукрона аз он мекунем, ки миллатамон  истиқлолияти комил ба даст овардааст.

Мо намегузорем, ки нохалафе ҷавонони кишвари азизи моро ба доми худ кашида, сарзамини биҳиштосо ва вазъи орому осудаи моро ноором созад.

Имрӯз мо сулҳу субот ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ва сарвати бебаҳо ҳифз намоем, ба қадру манзалати истиқлолият ва давлатдории мустақилона расем, худро ҳамтақдир ва ҳаммароми  миллати хеш донем ва аз неъмати  бузурги Ватану ватандорӣ  ифтихор  намоем.

 

 

Бешак рафтору кирдор ва амалкарди хоинони миллати тоҷик террористони наҳзатӣ, анҷумани бо ном озодандешон, гуруҳи 24, ҷунбиши ислоҳотгарон ва амсоли инҳоро мушоҳида намуда, ба хулосае омадан мумкин аст, ки ин хиёнаткорони лаъин ҳатто мавридҳое расида истодааст, ки аз ҳайвон низ ягон фарқ надоранд. Балки танҳо сураташон аз ҳайвон фарқ мекунаду сираташон маҷмӯи амалҳои ҳайвонигариро дарбар мегирад. Бузургони илму адаби тоҷик ҳанӯз зикр намуда буданд, ки инсон агар дорои ақлу тамиз ва ирдоку ҳуш намебуд аз ҳайвон ягон тафовуте надошд. Бахусус ба бар намудани либоси зебову худро бо он андармон кардан, бандаи ҳавову ҳавас ва нафс шудан инсонро ба сӯи ҳайвонӣ мекашад.

Дар баробари ин бояд хоинони миллати тоҷик дониста бошанд, ки танҳо сурати зебо нишонаву бақои инсон набуда, балки сирати зебо, доштани ақлу тамиз ва ба роҳ мондани хислати неку ҳамидаи инсонӣ муаррифгари инсон аст.

Сурати зебо мабин, бар сирати зебо нигар, 

Ақл дар сурати зебо нест, андар сират аст.

Бояд ин ноҷавонмардон, ки бар муқобили амнияту субот, оромиву якдилӣ ва ваҳдати миллӣ садо баланд мекунанд дарк ва эҳсос намоянд, ки сулҳу ваҳдат ва тинҷиву осудагӣ бо кӯшиш ва талошҳои фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради азалии мардуми азияткашидаи тоҷик ба даст омада, дигарбора мардум намегузорад, ки нохалафони наҳзатӣ ва хоҷагонашон ба кишвари мо осебе расонад. Маҳз сабабгори асосии ҷанги шаҳрвандӣ ва тамоми бесарусомониҳои он замон аъво ва пайравони ташкилоти экстремистӣ-террористии наҳзатӣ ва иддае аз ноҷавонмардони тоҷик буданд. Мардум дарк мекунад, ки маҳз бо пайдо шудани ҳизби наҳзати ислом ва ҷудокунии мусалмонон бо мусалмони ҳуҷҷатдор ва беҳуҷҷат, коштани тухми тафриқаву адоват байни мусалмонон, гузоштани ришҳои бенизом ва ба бар намудани либосҳои сиёҳу кутоҳ, тақликдорӣ ба фарҳанги бегона аз ҷониби наҳзатиҳо ва занону духтарони онҳо буд, ки мардумро ба сӯи бефарҳангиву ҷаҳолат кашида, боиси хонавайронии чандин оилаҳои солим гардид. Бо дарки ин маънӣ, бояд хоинони миллати тоҷик, наҳзатиҳое, ки худро ҳомии дини мубини ислом мепиндоранд, онҳое, ки худро озодашдеш ва онҳое, ки худро ислоҳотгар мешуморанд бояд барои дарки маънӣ, омӯзиши илму дониш камар банданду, даст аз хиёнаткорӣ бардоранд. Зеро дар ягон давур замон хиёнаткорро Ватан, миллат, ҳамватан, падару модар ва ҳатто дину маҳзаб низ намебахшад.

Дар баробари ин ба ҷавонони саодатманди Ватани маҳбуб муроҷиат менамоем, ки бояд аз пайравӣ ба ин гумроҳон, инсонсуратони ҳайвонсират канораҷӯӣ намоем, зеро инҳо на ба модар, на ба падар, на ба Ватан, на ба миллат, на ба мазҳаб, на ба зан, на ба фарзанд раҳму шафқат надоранд, ба ҷуз хоҷа. Аз ин рӯ, дар сурати ба домашон афтодан, онҳо моро ҳамчун моли муфт соҳибӣ намуда, ҳаёти ояндаи босаодаттамонро хоҳанд сӯзонид.

Рустам Ғуфронов, донишҷӯи ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Таърихи сиёсии мамолики гуногун борҳо собит сохтааст, ки раванди бунёди давлату давлатдорӣ мушкил ва хеле пуртаззод буда, ҳар як марҳалаи инкишофи он хусусиятҳо дорад. Ин марҳилаҳо метавонанд орому сокит ва ё баръакс, муташанниҷу ноором ҷараён гирифта, хатарҳои бузургро дар роҳи мавҷудияти минбаъдаи давлат эҷод намоянд.

Маҳз аз ҳамин сабаб бисёр миллатҳо аз давлатдории миллии худ бенасиб гашта, фарҳангу забони худро ба нестӣ дода, дар маҷрои пурталотуми таърих симои миллиашонро гум кардаанд. Зеро натавонистаанд имконияти таърихиеро, ки баҳри пойдории онҳо фароҳам омада буд, мақсаднок истифода баранд, имконияте, ки на ҳама вақт муяссар гаштанаш мумкин аст.

Аммо миллати бузурги мо аз ин имтиҳони сахту сангин гузашта имрӯз қадамҳои устувор ба фардо мегузорад. Новобаста аз мушклиҳо садҳо шахсиятҳои маъруф дастоварду пешравиҳои миллатро дида, акидаҳои худро дигар намуданд. Аммо имрӯз берун аз Тоҷикистон чанде аз аҳримансифатон, бадтинтон, онҳое, ки дар сарзамини худ имконият барои қонунвайронкунӣ надоштанд, имрӯз бо ҳар баҳона оддитарин мушкилии ҷомеаро ба давлатдории кунунии рабт медиҳанд. Наход дигар давлатҳо ягон камбудӣ надошта бошад. Муҳоҷирати меҳнатӣ, хатари офати табиӣ ин ҳодисаҳои мъмуле ҳастанд, ки дар ҳама ҷо вомехӯранд ин омилҳоро асос кардани душманони миллат аз ҷумла гурӯҳи 24 чандон мувофиқи матлаб нест. Бо истифода аз минбари розу ниёз гуфтанием мо руҳи шикастнопазир дорем ва барои бедории шуури миллат таҳти роҳнамоии Пешвои миллат гоми устувор мегузорем.

 

Мо, ҷавонони фаъоли Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техники Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд  аз пахши видеоии «фаъолони гурӯҳи 24» вобаста ба тӯҳмату буҳтонҳо  бисёр нороҳат шудем. Зеро ин ҷавонони беҳушу побанди хоҷагони бегона дар сар фикри ҷунунӣ дошта, пешравиҳои давлат ва Ҳукумати кишварро нодида мегиранд. Гӯиё бо ин суханони «подарҳавояшон» ҷомеаи кишварро ба худ ҷалб мекарда бошанд. Аз навори видеоӣ бармеояд, ки онҳо ба ин иқдоми худ бисёр ноӯҳдабароёна рафтор кардаанд. Зеро ягон далели муътамад барои сиёҳ кардани давлат мавҷуд нест. Маълум, ки пешрафти давлат ва роҳбарияти кишварро онҳо чашми дидан надоранд. Агар чунин намебуд ин қадар Нуриддин Ризоӣ мисли мурғи паршикаста доду фарёд намекард. Аз чеҳраҳояшон маълум буд, ки сахт эҳсосиянд ва маҷбуранд, ки чунин гӯянд.  Ин ҷавонон воқеан ҳам дар ғарибӣ ғуломанд. Ва ғуломдорон аз онҳо талаб доранд, ки бар муқобили душманонашон муборизаи беамон баранд.  Агар имрӯз мо насли наврасро  хислатҳои нек наомӯзонем, мо дар рӯи замин некиро намебинем. Беҳуда нагуфтаанд, ки одамони нек, ҷавонмардон хайрхоҳу ҳимматбаланд буда, дар рӯи замин ғайр аз ҷангҳои бародаркушӣ чизеро намегирем. «Ҷаҳонро гир на бо камону шамшер гуфтаанд, балки бо панду ҳикмат, бо ақлу заковат, бо илму дониши воло»

Имрӯз дар аксар кишварҳои ҷаҳон аз ин нерӯ, ҷавонони ҳушёру огоҳ баъзан ба манфиат, гоҳе бар зарари миллатҳову давлатҳо истифода мебаранд. Бар зарари мардум истифода шудани ин нерӯи хасос танҳо ба шарофати ҷавонони «ноогоҳ» ва «бехабар» аст. Бояд афкори ҷавонон тавре тағийр дода шавад, ки онҳо дар ҷомеа қудрату нерӯ ва тавонмандиҳои худро бештар ҳис кунанд.

 

Инсони нексиришту фидокор ва поквиҷдону поктинат метавонад дар ниҳоди хеш бисёр нақшаҳои некро бипарварад.

Ҳамон афроде, ки қабл аз ҳама ба ҳурмати модарони меҳрубон, шири сафеди эшон ва дуои неки фардосози он мерасад, дигар ягон монеа нест, ки садди роҳи пешравиҳои ў гардад.

Пешвои миллат будану сарвари давлат шудан ин ҳама самараи фаъолияти фидокороне аст, ки ин аз ҷониби роҳнамои миллати мо Президенти мардумӣ, инсони покизасиришту қавиирода Асосгузори сулху вахдати милли Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалии Раҳмон дида шуда, ин хусусиятҳои нек дар ниҳоди ин афроди барнодил пурра ба мушоҳида мерасад.

Президенти мардумӣ унвон доданд мардумони босаодати миллат, зеро сарвари мо арзандаи беҳтарин ҷоизаву унвонҳоянд, ба хотире ки як нафар шахси ғамхору меҳрубон ва ятимпарвару ростқавл ҳастанд. Дар ҳамон маконе, ки қудуми Ҷаноби олӣ мерасад, ободу шукуфон мегардад, ки ин боиси сарфарозиҳои тамоми мардумон мегардад.

Пас кӯрдилони гурӯҳи 24 дар мавриди баҳои воқеии додан ба роҳнамои миллат хатои маҳз карданд. Онҳо гумон доранд, ки аз паси худ тӯдаеро хоҳанд кашид. Магар афсари ноӯҳдабаро метавонад аз пасаш лашкари беҳудудро барад не. Пас ношудтарин бемуваффақтарин ҷавонон маҳз гурӯҳи 24 мебошанд