Президенти мамлакат дар ҳамаи мулоқоту паём ва баромадҳояшон иброз менамоянд, ки бояд ҷавонон зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва кӯшиш намоянд, ки ин ватанро аз ҳамаи оризиҳо пок нигоҳ дошта баҳри вусъат бахшидан дар самти тараққиёти он саҳмгузор бошанд. Бадахшон як пораи хоки муқадасси кишвар аст .Ва мо сокинони кишвар ба рушди ин минтақаи кишвар масъулем.  Воқеан ҳам   агар мо имрӯз сиёсати кунунии давлатро ҳимоя кунем, ҳеҷ гоҳ гирифтори ҳолате намегардем, ки моро табоҳ созад. Тавре ба ҳамаи мо маълум аст, ҷаҳони имрӯза паи ҳар гуна сиёсатбозиҳо мегардаду бо баҳонае давлати орому ободро ба харобазор мубаддал намуда, вазъиятро тангтар карда истодаанд. Мутаассифона, вазъияти он нафароне, ки худро имрӯз қурбони хоҷагони хориҷӣ намудааст, дуруст ба мисоли роҳбарият ва намояндагони ТТЭ ҲНИ Кабирӣ ва шогирдони бесаводаш, ки бо ном “Паймони миллӣ ” ба ҳолашон раҳми кас меояд, зеро имрўз онҳо ба он ҳоле гирифтор гардидаан, ки ҳатто аз ин сарзамин аз зодгоҳи худ дидан наметавонанд, чун баъди ин ҳама хиёнаткори ҷасорати ба ин ҷо омаданро надоранд. Имрўз танҳо зўрашон ба он расида истодааст, ки бо ҳар роҳ аз ин амалкарди худ бо роҳи тўҳмат ба ин миллат дифоъ намоянд. Ба ҳамин нафрони хиёнаткор гуфтанием, ки чунин беҳудагуиро бас кунед, домани мавзўеро пайгирӣ намоед, ки заррае ҳақиқат дошта бошад. Агар натавонистед, хомўширо пеша кунед ва ба осудагии дигарон халал низ ворид насозед, дигаронро низ ба мисли худ хиёнаткор накунед. Агар сокинони кишвар дастҷамъона ин корро пеш баранд, мо пируз хохем шуд

 

 a

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ба хотири дубора ноором нагардидани ҳаёти шаҳрвандон дар сафи пеши мубориза бо терроризм ва экстремизм қарор дорад. Ҳамин аст, ки дар байни сарони кишварҳои узви Созмони Миллали Муттаҳид ҷиҳати муборизаи беамон бо ин вабои аср Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин шуда садо баланд карданд ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал оварданд, ки дар мубориза бо ин зуҳурот муттаҳид бошанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ташкилоти террористии наҳзат бо терраризм ва ифротгароӣ решапайванди азалӣ дорад ва аз ин мақсади нопоки худ гаштанӣ нестанд. Роҳбарони фирории ҳизбӣ мамнуъгардидаи терористӣ дар ҳудуди кишварҳои аврупоӣ ҳамеша талош меварзанд, ки аз неруи бузурги ҷавонони тоҷик, чӣ дар ватан ва чӣ дар хориҷи он барои амалӣ намудани мақсадҳои нопоки худ истифода баранд.

Гурӯҳҳои ифротгаро талош доранд, ки ба ақидаҳои фанатикии худ занону духтарон ва ҷавононеро, ки имрӯзҳо аз фарҳанги миллӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва афкори дурусти ислом пурра огоҳӣ надоранд, ба сӯи худ ҷалб намоянд. Бинобар ин дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани насли ҷавон, яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи мо дониста мешавад.

Тамоми шаҳрвандони ҷумҳуриро зарур аст, ки бар зидди нақшаҳои харобкоронаи террористон, хусусан аъзои ташкилоти террористии наҳзат дар ҳамбастагӣ мубориза бурда, иҷозат надиҳанд, ки ин душманони миллат дубора сабабгори ҷангу низоъ дар кишвари биҳиштосоямон гарданд.

Барои решакан кардани ин вабои аср – терраризм ва экстремизм, махсусан ҷавонон, ки неруи қавии ҷомеа мебошанд, бояд дар сафи пеши мубориза қарор дошта бошанд.

 

Дар ҷомеа бештар таъсири манфии ғарбгароӣ хусусан дар байни ҷавонон  ба назар мерасад. Ҷавонони мо ба фарҳанги Ғарб бештар назар менамоянд. Боз як муаммое, ки дар ҷомеа мавчуд аст, ин шомилшавии ҷавонон  ба ҳизбу ҳаракатҳои характери динӣ-экстрамистӣ  дошта мебошад. Таҷриба нишон медиҳад, ки ба чунин ҳизбу ҳаракатҳо бештар ҷавононе, ки дониши кофии динӣ надоранд, шомил мегарданд. Сабабгори шомилшавии ҷавонон ба равияҳои характери динӣ-экстрамистӣ дошта  ин аз назорати  волидайн дур мондани  фарзандон мебошад.

Таълиму тарбияи насли солиму соҳибмаърифат вазифаи муқаддаси падару модарон, инчунин ҷомеа ва давлат мебошад. Аммо мутаассифона таҳлилҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки солҳои оҳир сатҳи тарбияи фарзандон то андозае паст шудаааст, дар натиҷаи бемасъулиятиву хунукназарии баъзе аз падару модарон наврасону ҷавонон  бе тарбия монда, ба корҳои ношоиста даст мезананд, дар кӯчаву хиёбонҳо аз субҳ то шом гаштугузор менамоянд, ба ҳар гуна равияҳои бегона ҳамроҳ шуда, иддае аз онҳо даст ба ҷинояткорӣ мезананд. Ақлу дили ҷавонон  нафис ва нақшпазир мебошад ва ҳар нақше, ки гузорӣ ҷавонон  зуд ба худ мегиранд. Барои ҳамин мо бояд дар таълиму тарбияи фарзанд беэътиноӣ зоҳир нанамоем.

Пеш аз қабул шуданаш Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ” дар муҳокимаи умумиҳалқӣ қарор дошт ва аксаряти аҳолии кишвар аз он тарафдори карданд. Лекин дар ҷомеаи мо имрӯз ҳаст афроде, ки қабули Қонунро напазируфтанд. Албатта аксарияти нафарони норизо шахсоне мебошанд, ки худ барои омухтани илми динӣ машғул ҳастанд, асосан қонун вобаста ба роҳ надодани иштироки фарзандони ноболиғ дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ ва чорабиниҳои дастҷамъонаи динӣ, инчунин   таълим дар мактабу таълимгоҳҳои ғаӣриқонунӣ ва ё дар назди шахсони алоҳидаи беиҷозатнома фаъолияткунанда  баромадҳо карда, меъёрҳои онро бо шариат ва дини Ислом дар муқоиса  гузошта, дар миёни мардум нофаҳмиро ба амал меоранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ буда, дин аз давлат ҷудо мебошад. Мафкураи ҳеч як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба хотираи давлат эътироф шавад. Албатта, таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аз мавзӯъҳои муҳими ҷомеа ба шумор меравад. Азбаски ҷавонон  кувваи созандаи ҷомеа ба шумор мераванд, бинобар ин онҳо бояд солимақлу соҳибмаърифат ба воя расанд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ, хосатан кишварҳои Ховари Миёна, дар ҳоли ҳозир гирифтор ба ҳаводиси нохостаи гурӯҳу созмонҳои мухталифи тундрав, ки таҳти ниқоби дини мубини ислом ошкоро ба мубориза бархостаанд, қарор гирифтаанд. Яке аз масъалаҳои ҷиддитарини инсоният дар қарни XXI, ки бо оқиб атҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ хатари баӣналмиллалиро ба кор овардааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои ҷавонтарин ба ҳисоб рафта, 70 дарсади аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар ҳайати иттиҳоди бузурги ҷавонон соҳибони касбу кори гуногун, аз ҷумла ҳуқуқшиносону иқтисоддонҳои хуб, ҷомеашиносон, равоншиносон, соҳибкорон, ҳунармандон, омӯзгорону духтурон, варзишгарону санъаткорон ва амсоли онҳо дар радифи падарону модарони сарбаланди хеш бо шукргузорӣ аз поӣдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва қувваи тавонои донишу малака ва нерӯи зеҳнии хешро барои рушди ҳаматарафаи иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳанги мамлакат сарф менамоянд. Махсусан дар соли ҷавонон имконияти фаррохе рӯи кор омад, ки ҷавонони соҳибҳунару соҳибистеъдоди тоҷик хешро дар назди ҷомеа муаррифӣ намоянд. Дар ин маврид боварии инсон ба фардои ободи мамлакат афзун мешавад. Аз он, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ояндаи миллат хондаанд, ин раванди ҷамъиятиро ба таври мусбӣ арзёбӣ кардан мутобиқи матлаб хоҳад буд.

Тоҷикистони ободу зеборо ҷавонон нерӯбахшанду ояндаи мусаффояшро низ онҳо муаӣян месозанд. Барҳақ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷавонон даъват ба амал меоварад, ки дар идоракунии тозаистиқлол фаъолона, бо иқдому ташаббусҳои созандагӣ иштирок менамоянд, зеро имрӯзу фардои бақои миллат, давлату давлатдорӣ дар дасти онҳост. Даъватҳои Сарвари давлат аз ҷониби кулли ҷавонон дастгирӣ меёбаду самари ин ҳамкориҳо ободиҳои зиёд, созандагиҳои рангоранги диёри азизамон мебошад, ки бо ифтихор ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунем.

“Пирӯзӣ бар тероризм танҳо бо истифода аз нерӯи низомӣ ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз, омилҳои воқеӣ, моддӣ ва маънавие, терроризм ҳамчун зуҳурот аз онҳо маншаъ мегирад, бояд мӯаӣян ва пурра омӯхта шаванд”, - иброз доштанд Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саммити сарони давлатҳои олами арабу ислом ва Амрико, ки дар давлати Арабистони Саудӣ рӯзи 21 маӣи соли 2017 баргузор гардид.

      Имрӯзҳо баъзе аз нафароне ҳастанд, ки нооромии Тоҷикистони азизи моро ноором ва халалдор кардан мехостанд ва мехоҳанд, ба монанди Алим Шерзамонов, Муҳиддин Кабирӣ, Илҳом Ёқубов, Шарофиддин Гадоев ва дигар ҳаммаслаконашон ки аз хоҷагони хориҷии худ маблағҳои пулӣ гирифта, ватани азизи хешро, ки бо  ҷоннисориҳову мардонагии родмарди некхоҳи миллати тоҷик Пешвои  Миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин рӯзҳои оромӣ расидем, боз халалдор созанд.

      Он воқеаҳое, ки имрӯз дар ВМКБ ба миён омада истодаанд  корбарии бенангонаи афродҳои беватан ки ҷавонони бадахшонӣ силоҳ ба даст гирифта, даст ба куштор зада истодаанд. Шахсоне, ки ин корҳоро дастгирӣ карда истодаанд ватан, миллат ва модар надоранд. Он шахсоне ки худро дар хориҷ истода  ватандӯсти “ҳақиқӣ” мешуморанд ва дар ҳаққи миллат  “дилсӯзӣ” мекунанд  бигзор ин мардонагиро омада дар ҷойҳои зарурии ёриталаб даст дароз кунанд на ин, ки мисли рӯбоҳи пасипардагӣ хоинона амал кунанд.

       Ҳамин тавр терроризм яке аз зуҳротҳое мебошад, ки бар зидди амнияти башарият нигаронида шуда бартараф намудани ин падидаи номатлуб вазифаи ҳар як узви ҷомеаи инсонӣ мебошад...

Норов Исматулло, омӯзгори кафедраи Забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ

Имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон терроризм ва экстремизми қавмию нажодӣ ва милливу байналмиллалӣ, ки ба марги одамони бегуноҳ оварда мерасонаду модаронро бефарзанд, одамиятро бесарпаноҳ, тифлонро беволидайн мегардонад, мавриди танқиди шадид қарор дорад.

Ҳодисаҳои чанде пеш дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Хуҷанд рухдода, ки бо дасти ҳизби террористиву экстремистии наҳзати ислом ба амал омаду боиси марги сайёҳон, зиндонбонҳою маҳбусон гардид,   исботи гуфтаҳои болоист.

         Пеши роҳи ин амали зишт ва ваҳшиёнаро нагирифтан, майдони васеъ кушодан  барои паҳншавии он, ба хусус терроризм ва экстремизми динӣ, ифротгароии мазҳабӣ боиси ҳалокати садҳо нафари бегуноҳ мешавад. Бетарафӣ дар ин масъала баробари бо дасти худ ба марг ҳукм намудани оянда мебошад.

Дар давоми Истиқлолияти давлатӣ фазои Тоҷикистонро борҳо гурӯҳҳои ҷудогона хостанд, ки ноором созанду модаронро ба хуни фарзандҳояшон олуда созанд.

Бояд ёдовар шуд, ки нахустин гурӯҳҳои террористӣ баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон дар солҳои 1992, ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ пайдо шуданду яке аз ҳадафҳои ин гурӯҳҳо ба амал овардани табадуллоти давлатӣ ва таъсиси давлати исломӣ буд.   Дар соли 1994 бошад, бо оғоз шудани гуфтугӯҳо бобати истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ин гурӯҳҳо ба худ нақши ҷудоиандозӣ ва муташанниҷ кардани вазъро гирифтанд.

Маҳз дар ҳамин замина дар қатори садҳо ҳазор қурбоншудагон беҳтарин шахсиятҳои шинохтаи кишвари мо кушта шуданд.

Бо дарки муҳим будани мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм бо тамоми зуҳуроташ, ки фазои орому осудаи кишварро ноорому рушди мунтазами иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистонро боз медорад, давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳоро ба сомон расонид ва ҳоло низ расонида истодааст.

Ин қувваҳое, ки пешравии кишвари мо, фазои ободу озоди моро чашми дидан надоранд, дар хориҷа истода, аз пулҳои бедарду миёни хоҷагонашон истифода мебаранд. Мақсади ташкили созмони «Паймони миллӣ», ки ба он гурезагону мухолифони сохти давлат шомил шудаанд,  танҳо як ҳадаф доранд, кишварамонро боз ба майдони ҷанг табдил дода, бо ин мақсад тарафҳои худро зиёд намоянд.

Мо бояд ба ҷавонон фаҳмонем, ки давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро дар мадди аввал гузоштааст. Барои беҳбудии вазъи таълиму тарбия сол то сол иқдомҳои ҷадиду қатъӣ гузошта шуда истодааст. Баёни гуфтаҳои болоӣ он аст, ки дар кишвар беш аз 39 муассисаҳҳои олӣ барои ҷавонон ба хотири ояндаашон фаъолият мебаранд.

 

 

Мафҳумҳои нораво, зишт, нохуб дар тамоми давру замонҳо ҳамчун ифодагари амалҳои ношоиста ва номатлуб дониста мешуданд. Бадӣ аз ҷоҳилӣ сар мезанад. Ҳеҷ гоҳ инсони оқил бадие содир намекунад. Сарчашмаи бисёр бадиҳо муҳҳабат ба сарват мебошад. Молу сарват инсонро водор месозад, ки ба кори бад даст занад, аз ҷумла фиребу дурӯғ, хиёнату беиффатӣ, кинаҷӯиву тангназарӣ ва беномусӣ.

Фикри хуб, сухани хуб ва амали хуб нишони хубии инсон аст. Таълимоти дини мубини Ислом ҳам тарбияи  нсони хуб, таблиғи амалҳои неку савобу хайрхоҳона аст. Адабиёту фарҳанги ғании миллати мо низ ба он ишораи хоса дорад. Ягон дастоварди хубе, ба мисоли бунёди роҳу боғ, тарбияи фарзанди хуб, таълифоти асари пурарзиш ё ақалан гуфтору рафтори хубе аз худ боқӣ гузорад, мавҷуд нест.

Дар замони муосир падидаҳои номатлубе байни ҷавонон пайдо шуда, чун шомилшавӣ ва гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ аст, ки сарчашмаи ҳамаи бадиҳост. Таввасути ин амалҳои ношоиста, онро зиёни зиёде ба оромии хонадони худи ҷомеа мерасонанд. Даҳшатафканиву ваҳшатгароиро байни аҳолӣ бунёд менамояд. Аз номи дини мубини Ислом гурӯҳҳои манфиатдору ғаразноксуханҳои беасос мегӯянду шаккокӣ мекунанд. Мардумро, ба хусус ҷавононро даъват ба амалҳои ифротгароёна менамоянд. Ин хиёнат ба инсоният аст.

Таърихи тамаддуни башарӣ шаҳодат медиҳад, ки дигаргунандешагӣ дар шакли озодандешӣ, шаку шубҳа ба рукнҳои динӣ давом баъзе давраҳои таърихӣ авҷ мегирад. Солҳои охир дар Ислом давраи авҷ гирифтани дигаргунандешии ифротгароёна бо дастгирии абарқудратҳои беруна шуморидан мумкин аст. Роҳбарони ҲНИ, ки аз аввал мақсади ба сари ҳокимият омаданро доштанд, Исломро ҳамчун ниқоб истифода бурда, сафи муътақидони хешро аз ҳисоби ҷавонони раҳгумзада, ки аз ғояҳои аслии Ислом ғофилинад, афзуда онҳоро ба амалҳои ифротӣ ҳидоят менамоянд. Ин гурӯҳ бесарусомониҳо ва қатлу ғоратро дар саросари кишвар ба вуҷуд овардаанд. Магар амалҳои хунхорона, тундгароиву ифротгароёна, ҷаҳолату бераҳмиҳои чунин ҳаракатҳо, ки зери парчами Ислом амал мекунанд, оё хиёнат ба дин нест? Магар онҳо дини мубини Ислоро бо рафтору кирдори ҷоҳилона нодуруст тавсиф намекунанд? Бесабаб нест, ки фаъолияти чунин равияҳо дар аксари давлатҳои дунё манъ ва ҷонибдорони онҳо маҳкум мешавнд. Каси бадкор, мардумозор ва хиёнаткор ҳамеша ба ҷазо дучор мешавад.

Мо ҷомеаи устодон бояд ҷавонон ва фарзандонаморо дастур диҳем, ки ҳамнишини бадон нагарданд, зеро рафиқи бад ба ҷисме не, ба рӯҳ зарар мерасонад. Мақсади мо, омӯзгорон, он аст, ки ҷавононро ҳидоят намоем, то ҳамниши бадон нашаванд, онҳоро бишиносанд ва аз ҳузуру таъсироти манфиашон дур бошанд.

Дилрабо КОМИЛОВА,

номзади илмҳои техникӣ,

мудири кафедраи технологияи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология 

Имрӯз тамоми мардуми сайёра шоҳиди шаклу намудҳои нангини куштору даҳшатафканиҳои гурӯҳҳои террористӣ дар қаламравӣ кишварҳои мусулмонӣ ва дигар минтақаҳои ҷаҳон шуда истодаанд.

Бадхоҳони миллати тоҷик мардумро мехоҳанд бовар кунонанд, ки суханонашон ҳама аз рӯи адлу адолат аст, аммо дар аслбо роҳи фиреб ҳар гуна камбудиҳои ночизи ҷамъиятро чанд баробар зиёд карда, мехоҳанд, ки ҳукумати ҳозираро, ки поягузори сулҳу ваҳдат аст ва оромии мардумро таъмин мекунанд, ба чашми мардум гунаҳкор нишон диҳанд.

Чунончи, аъзоёни ҲНИ бо ҳар роҳ мехоҳанд, ки ҳаёти орому осоиштаи мардумро халалдор намуда, вазъиятро ба монанди ба ном “Давлати исломӣ” ба хуну халаф кашанд.

Лекин ба ин бозиҳои авомфиребонаи худ халқи ваҳдатофаронаи тоҷикро дигар фиреб дода наметавонанд, зеро халқи мо заҳри ин амалҳои онҳоро дар солҳои навадуми асри гузашта чашида буданд.

Дар ҳар давру замон шахсиятҳое пайдо мешаванд, ки ба тақдиру ояндаи миллат саҳмгузор мешаванд. Бо бахти баланди халқи тоҷик шахсияте бо номи Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат ворид гардида, ин миллати парокандаро сарҷамъ намудааст.

Фаъолияти густурдаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи иттиҳоди тоҷикон, ки яке аз аслҳои умдаи ҳадафҳои олӣ буд, шахсияти ӯро аз маснади пешвои ормонии халқ то ба ҳадди Пешвои миллат оварда расонид, ки воқеан арзанда аст.

 

 

 

Баҳри баланд бардоштани ҳисси хештаншиносии ҷавонон, пешгирии падидаҳои номатлуб дар байни ҷавонону наврасон, шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбҳои экстремистиву-террористӣ Ҳукумати Ҷумҳурӣ бахусус дар байни ҷомеа чораҳои махсус андешида ва барои пешгири аз шомилшавии ҷавонон ба роҳ монда истодааст.

Ба ҳама маълум, ки бо вуҷуди мақоми ҷаҳонӣ пайдо кардану соҳиби озодиву ободӣ будани мамлакатамон, вазъи сиёсии кишварамон  вақтҳои охир як дараҷа бинобар тухми нифоқро барангехтани ТЭТ ҲНИИ  нигаронкунанда гардид. Зеро дар остонаи баистифодадиҳии агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» чанде аз маҳбусони ифротии аъзои ин ҳизб миёни маҳбусон ошӯббарпо намуданд, ки натиҷа хуни чандин нафар бегуноҳон рехта шуд.  Ташиклоти террористии ҲНИ ба ҳар роҳу усул азҳоби ифротии худро миёниии мардум тарғибу ташфиқ намуда истодаанд, то ки ба обрӯи кишварамон латма зананд.  Дар раванди тарғиботи ҳизбҳои терористӣ, шабакаҳои интернетӣ воситаи аввалиндараҷаи наҳзатиҳо, махсусан таҳти раёсати наҳзатиҳо қарор дошта гаштааст.

Кишвари мо имрӯз соҳиби Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва сулҳу ягонагист. Инчунин барои беҳтар намудани некуаҳволиии мардум Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю талош варзида истодаанд, то мардуми кишвар зиндагии шоиста дошта бошанд. Исботи гуфтаҳои болост, ки Истиқлолияти давлатӣ, сулҳ ва ризоияти миллӣ маҳз бо хизматҳои фарзандаи фарзонаи миллат, Пешвои муаззами халқ ба даст омадааст. Рӯйдоди муҳими таърихие, ки чанде пеш дар кишвари мо ба вуқӯъ пайваст, ба истифода додани аввалин чархаи нерӯгоҳи азими аср, НБО – и «Роғун» худ далели гуфтаҳои болост. Дар умум Сарвари давлат бо ба кор даровардани ин нерӯгоҳи азим ба афсонаи панҷоҳсолаи маллати тоҷик хотима бахшида, онро ба ҳақиқат мубаддал сохт. Аммо бадбахтона, ки инро баъзе аз нобиноёну кӯрдилон намебинанд ва аниқтараш чашми дидан надоранд. Зеро ҳар як пешравии миллати мо барои ин мухолифону хиёнаткорони Ватан мотамеро мемонад, ки ботинашонро сиёҳ сохтааст. Вале ин бадбиниву сиёҳдили рӯзе ин наҳзатиҳоро бо роҳбарии Кабирии нотавон аз имрӯза беш дарбадару ғариб месозад. Он вақт мефаҳманд, ки нону намаки Ватани озоду ободи зодгоҳашро пушти по зада, имрӯз бечораву ғариб гаштаанд.

Замоне ба мисоли ҳамин исломгароёни роҳи адоват вазъияти миллати моро муташанниҷ сохта, кишварро ба харобазор мубаддал карданд. Аз ин нобасомони миллати тоҷик даҳсоли пешравии худро бохт. Аз тарафи дигар назар андозем, ин таҷрибае буд, ки мардум ҳар чи масъулиятдору ватандӯст бошанд. Ҳоло бошад, имрӯз низ чунин ақидаҳоро наҳзатиҳо миёни мардум паҳн карда, вазъиятро ногувор карданӣ шуданд ва аз чунин ҳолат ин ташкилоти экстремистӣ ва террористӣ  хостанд, ки ба фоидаи худ истифода баранд.  Барои ин намояндаҳои онҳо дар маҳалҳо зери ниқоби дини мубини ислом (гарчанде, ки аз ислом онҳо хеле дуранд), мардумро ба ҳар гуна амалҳои зидди инсонӣ даъват мекунанд.  Афсӯс,  ки  нафароне ёфт мешаванд, ки ба доми чунин ҳизбҳо ё ин ки шахсони алоҳида меафтанд. Ба вадаъҳои бардурӯғи онҳо оиди он, ки гӯё дар давлати исломӣ  зиндагии «афсонавӣ» онҳоро интизор аст,  бовар мекунанд. Онҳо ҳаракат мекунанд,  бо ҳар роҳ,  шомили ин давлат шаванд, ё ин ки дар маҳалли зисти худ фармонҳои онҳоро иҷро кунанд. Оё онҳо намефаҳманд, ки ҷони онҳо барои эмисарҳои ин ҷунбишҳои террористӣ  бо як пули пуч кадрдонӣ намешаванд. Онҳо дар ҷангҳои беадолатона беному нишон шуда мераванд.

Ҳамин тариқ моро мебояд, ки баҳри ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллии хеш содиқ бошем, як порчаи хоки Ватанро баробари ҷони худ ҳифозат намоем. Дар атрофи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид шуда, дар пайравии ақидаҳои созандаи Пешвои миллат, якҷоя бо ин вабои асри XXI  мубориза барем. Мардумро, хоссатан ҷавононро даъват кунем, ки ба донишомӯзи машғул шуда, соҳиби касбу ҳунарҳои гуногун шаванд ва дар ободонии ватани азизамон ҳиссаи худро гузоранд. Дар Тоҷикистон, миқдори ҷавонон дар ҷамъи аҳолӣ,  аз 50% зиёд мебошад ва агар  ин нерӯи пурқувватро  ба самти дуруст истифода барем, бадин васила, ояндаи Тоҷикистон  хеле дурахшон аст. Ҳар як фард бояд аз Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  фахр кунад. Мо бовари дорем,  ки ягон қувваи ифротгароёна тинҷию оромии кишвари азизамонро  вайрон карда наметавонад.

 

Аминов Ф.А. – устоди ДПДТТ ба номи академик М.Осими

Ҳар як ҳизб ва ё гурӯҳи сиёсӣ ба худ ҳадафҳои муайяни сиёсӣ ва роҳи муайян барои расидан ба мақсадҳои олии худро дорад. Ташкилоти террористиву экстремистии наҳзати исломӣ бошад аз бунёдаш дурӯя буд ва ду ниқобро барои фирефта кардани мардум истифода мебурд.

Хатари ин ташкилот пеш аз ҳама дар он аст, ки наҳзатиён бо ташкилотҳои хеле даҳшатноки имрӯзаи ҷаҳонӣ ба монанди ДИИШ ҳамкорӣ дорад. Ҳам ДИИШ ва ҳам наҳзатиён дар кишварҳои ғарбӣ пуштбонҳо дошта аз ҷониби онҳо барои ноором кардани авзои сиёсии давлатҳои мавриди ҳадаф маблағгузорӣ мегарданд. Яке аз вазифаҳое, ки хоҷагони хориҷиашон дар назди ин гурӯҳҳо гузоштаанд, дар баробари қатлу куштор ин террори фикрӣ намудани ҷомеа мебошад. Яъне мардуми солимфикрро ба як тудаи мутаассиби манқуртшуда табдил додану давлатро дигарбора ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашидан.

Роҳбари фирории наҳзатиён Муҳиддин Кабирӣ бо мақсади ба хоҷагони хориҷии худ нишон додани қудрату фаъолияташ дар Аврупо чор гумроҳи пайравашро, ки ҳамагӣ наҳзатӣ буданд, ба чор гуруҳи дигар тақсим карда, бо онҳо (яъне худ ба худ) як паймони шармандавор бастанд. Чи хеле, ки аз расонаҳо огоҳ шудем чор созмони бо қавле мухолифин - ташкилоти терористиву экстремистии наҳзати исломӣ ва се ташкилоти худи наҳзатиҳои хоин бо номҳои назарфиребона ва аз ҷониби худи онҳо номгузоришуда масхараомезона байни худ “созишнома” имзо карданд ва иттиҳодеро бо номи “Паймони милли Тоҷикистон” таъсис доданд ва Кабирӣ худро роҳбари ин паймон интихоб намуд.

Бо ҳамин гӯиё нишон дод, ки “гурӯҳҳои сиёсии мухолифини дар хориҷи кишвар бударо муттаҳид сохт”. Ин масхарабозии бемантиқро ҳатто хоҷагони масхарабози хориҷиашон ҳам, аз шарм, эътироф карда натавонистанд.

Пас аз ваҳшиёна ба қатл расонидани 4 нафар сайёҳони хориҷӣ дар вилояти Хатлон афти манфури наҳзатиён барои мардуми дунё бештар ошкор гардид. Ҳарчанд онҳо ин амали нангини худро инкор мекарданд, аммо бо ҷалби мутахассисони байналмиллалӣ бори дигар исбот шуд, ки ин кори наҳзатиён аст.

Ҳар як фарди бонангу номуси ин Ватанро мебояд барои оромиву суботи ҷомеа саҳми худро гузорад. Дар ҳифзи ҷомеаи солим, сулҳу субот, амнияти пойдори мамлакат ҳиссагузор бошад. Нагузорем, ки ҳаргуна андешаҳои носолим мағзу шуури ҳаммилатони моро заҳролуд намоянд.

 

Яке аз ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Тоҷикистон, махсусан Сарвари давлат дар он аст, ки Тоҷикистон ба давлати мутараққии ҷаҳон табдил ёфта, мақоми байналмималиро аз имрӯза бештар касб намояд. Аз ин ҷост, ки Ҳукумати кишвар якчанд Стратегияҳои милли рушдро қабул намуда, барои амалишавии он талош дорад. Яке аз ин Стратегияҳо баромадан аз бумбасти комуникатсионист. Ҷомеаи Тоҷикон ва Тоҷикистон, то ба он дараҷае мутаҳид ва ҳамфикр аст, ки ҳар гурӯҳе, шахси манфиатпарасте, ба хотири манфиатҳои худ нисбати давлати мо тӯҳмат мезанад, онро рад карда ба ҳақиқат  рӯ меоваранд. Мусаллам аст, ки гурӯҳҳи ғаразпешаро, халқ ва давлати Тоҷикистон дар сарҳад ва дохил, намегузорад, ки ободсозӣ, пешравӣ ва афзоиши ғурури миллии ин халқу давлатро халалдор созад. Тоҷикистони мо  давлати озоду осоишта аст. Дар якчояги ин давлатро зеботару пурқудрат сохтан, қарзи ҳар як шаҳрванди баору номус ва ватандораст. Имрӯз мардум ба қадри сулҳу субот расида, кирдори он ҷинояткоронеро, ки худ бо ҷиноятҳои махсусан вазнин зиндони гаштаанд маҳкум меанмоянд. Гузаштагони боақли мо беҳуда нагуфтаанд, ки «Кори одатшуда, балои ҷон». Бо ин гуфтаҳо ошӯб дар зиндони шаҳри Хуҷандро дар назар дорам, ки ҷинояткор тоқат карда натавониста боз ба ҷиноят даст зад. 

Масъалаи ба дӯш гирифтани сар задани ошӯби мазкур аз ҷониби «Давлати исломӣ» танҳо баёноти наҳзатиҳост. Ин ҳодисаро айнан ба мисоли ҳодисаи куштори сайёҳон метавон ташбеҳ намуда, ки наҳзатиҳо онро низ ба гардани «Давлати исломӣ» бор карда буданд. Мутмаинам, ки ин бор низ ин «имондорон» - и беимон ин исёнро миёни маҳбусон барангехта, аз худ тамошобин сохтаанд. Дар ҳақиқат оиди ин масоил комиссияи махсус ташкил ва кор карда истодаанд. Уммедворам, ки ба наздикӣ асли матлаб рӯи об мебарояд ва ба мисоли он, ки фармони амалиёт алайҳи сайёҳонро наҳзатиҳо нақша кардаанд. Ин ҳодиса низ маълум хоҳад гашт, ки дар паи он кадом нобакор даст дорад.

 

 

 

Воқеан, пойдоршавии сулҳу субот дар мамлакат имконият медиҳад, ки захмҳои қаблӣ оҳиста оҳиста шифо ёбанд ва ҳаёт ба маҷрои муътадил ворид шавад. Бесабаб нест, кипешниҳоди ибораҳои “зиракии сиёсиро аз даст надодан” ва “ба муқобили бегонапарастӣ мубориза бурданро ба сармашқи кори зиндагӣ табдил додан” – вазифаи меҳвари ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад.

Аз ин лиҳоз, мардуми моро лозим меояд, ки аз пушти ҳавои ҳавас даст ба ҳар гуна таълимоти бо номи исломӣ нарафта, исломро дар маънои аслиаш дарк намоянд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки ҳамкории доимии аҳли ҷомеа бо мақомоти давлатӣ ва намояндагони ҳокимият маънии зиндагии имрӯза ва ояндаро муайян месозад.

Имрӯзҳо фаъолияти ҳизби ҲНИ дар ҷомеа мавқеи сиёсии худро пайдо карда натавонист ва зуд ҳокимиятро соҳиб шудан хосту мақсадҳои тактикӣ ва стратегии худро муайян карда натавонист. Маблағи зиёд пайдо кард ва онро хоҷагони хориҷияшон барояшон медоданд. Аз мавқеи иқтисодӣ аз ҳама ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон бештар бартарӣ дошт. Аммо бунёдаш, ки ҷаҳолату ғараз буд, ба мақсадаш нарасид.

Мо ба таври возеҳ метавонем аз панҷ унсур ё аркони ислом истифода намоем ва онро давлати имрӯзаи Тоҷикистон тавассути Конститутсия ба мо арздонӣ доштааст. Бояд ба қадри ин арзиши  конститутсионӣ бирасем ва моҳяити ҳамин арзишро барои насли ҷавон ва мардум дар зери таъсири ҳуруфотнома фаҳмонем. Ҷомеаи озоди имрӯзаи мо ба андешаҳо ва таълимоти фундаменталии ба ислом бегона эҳтиёҷот надорад.

Мақсадҳои нопоки саркардагони ҲНИТ ва пуштибонии онҳо аз ҷониби давлатҳои бузург ҳушдор медиҳад, ки аз хатогиҳои содирнамудаи онҳо хулоса бардошта, барои ба як миллати воҳид табдил додани миллати тоҷик ва муттаҳид намудани сокинони Тоҷикистон ба як қувваи бузург корҳои зиёд анҷом дода шавад. Бояд тавассути телевизион ва радио силсиласӯҳбатҳо бо иштироки олимон, сиёсатмадорон ва ходимони дин гузаронида шуда, нисбат ба амал, фаъолияти анҷомдода ва мавқеи ин террористон бори дигар андешагузорӣ карда шавад, то ин ки тамоми мардум огоҳ бошанд ва донанд.

Инчунин, нисбат ба донишҷӯён ва хатмкардагоне, ки дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд ё баргаштаанд корҳои фаҳмондадиҳнӣ низ бояд гузаронида шавад.

Имрӯз миллати тоҷик дар фазои сулҳу осоишта ба меҳнати босуботу созанда ва бунёдкорона машғул аст ва хуб мефаҳмад, ки танҳо сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон мамлакатро ба сӯи ояндаи дурахшону босаодат раҳнамун месозад. Маҳз хизмати хиради созандаву бунёдкоронаи Сарвари кишвар буд, ки имрӯз дар мамлакати мо сулҳу субот пойдор аст.

Аз ин рӯ мо шаҳрвандон ба қадри сулҳу суботу оромии кишвар расида, дар тарбияи дурусти насли наврас ва ҷавонон дучанд меҳнат намоем. Танҳо саводу дониши комил ва иродаи матину ватанпарастӣ метавонад моро аз ин гирдоби хатарафзо нигоҳ дорад, зеро ягон ҳаракатҳои ғайриқонунӣ барои пешравии миллат хизмат накардааст.

  

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Мо, устодону шогирдони факултети информатика ва энергетика хуб медонем, ки пояи адлу инсоф бақои давлату миллат мебошад. Сиёсати маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат боис шуда, ки имрӯз дар ҳама соҳаҳои пешравиҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд. Ин моҳ барои мо моҳи хотирмону таърихӣ буд. Зеро мо аз дигарон дида хубтар дарк мекунем, ки оғози фаъолияти НБО «Роғун» чи манфиате ба иқтисодиёти кишвар меорад. Ҳамаи сокинони ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар иқрор шуд, ки мо миллати пояндаем ва роҳбари одилу ғамхор дорем. Аммо кӯрдилону бадсиголон ба монанди ҳизби террористиву экстремистии ҳизби наҳзати ислом ва «ёрони бовафои онҳо» аъзоёни созмони «Паймони миллӣ» ин ҳама пешравиҳоро чашми дидан нахоста, нақшаи ошӯбро дар маҳбусхонаи шаҳри Хуҷанд кайҳо тарҳрезӣ намуда, мехостанд бо ин амалашон ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор диҳанд, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон нақзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба инобат гирифта намешавад. Аммо воқеияти ҳол нишон дод, ки сараҷоми  ҳама ниятҳои бад бадӣ меорад.

Мо аз аҳолии осоишта даъват ба амал меорем, ки ба ин гунна иғвоҳо дода нашаванд. Ҳаёт бо маҷрои тоза идома дорад. Он кас, ки ғуломи қонун аст, зиндагии осудаву осоишта дорад.