Тоҷикистон ҳанӯз аз аввали соҳиби истиқлолият гардиданаш, дар баробари дигар мамолики мутараққии олам дар ҳоли рушду тарақӣёт қарор дорад. Халқи ваҳдатшиори кишвар ҳама дар атрофи давлату ҳукумат ва Пешвои миллат, сарҷамъ омада, бар зидди ҳамаи зуҳуроти номатлуби ҷомеа, падидаҳои сиёсии ба ислом олудакардаи ташкилотҳои терористиву экстремистӣ муборизаи беамон бурда истодаанд. Ва ҳамаи ин барои миллати мо имкон дод, то дар тамоми миқёси олам номи тоҷику тоҷикистонӣ шинохта гардад.

Иғвоангезон ва ҷудоиандозони вилояти Бадахшон аз қабили Алим Шерзамонов, ки намояндаи фаъоли ТЭТ ҲНИ ва ёвари роҳбарияти он Кабирӣ байни мардумони як миллат худ аз чи тавр будани кори муҳассилини ин ҳизби мамнӯъ гаштаи Тоҷикистон, дарак медиҳад. Яъне ТЭТ ҲНИ, ки имрӯз дар кадом маконе, ҷамъ омадаву Паймони миллӣ созмон додаанд, аз сӯҳбатҳои худхоҳонаи Алим Шерзамонов далел дод. Ва он ҳар паёмади дар кишвари мо ба вуқӯъ пайваста бевосита ба онҳо тааллуқ дорад, агар не пас чаро як як нафари ин Паймони миллӣ, ки замоне худро ифтихорманд аз аъзои наҳзатиҳо мегирифтанд. Имрӯз бошад, аз ин бологириҳо кадом осоре намондааст. Куҷо шуд он ғурури «воло»-и наҳзатиҳо, ки манманиҳо менамуданд. Ё худатон ҳам донистед, ки фаъолияти азҳобатон бефоида аст. Ҳатто онро вирди забон намеоред ва имрӯз бо ташкили созмони Паймони миллии худ чиро ба намоиш гузоштан хостед. Шерзамонови «муҳтарам» ин қадар таърихи миллати моро ба маънои «том»- аш медонистаед, ки Сарвари давлат чӣ корҳо кардааст.

Тибқи дастурҳое, ки мусодираи маводи мухаддир бо мақсади солим нигоҳ доштани ҷомеа, бо мақсади мубориза бурдан бо ин вабои аср, яъне нашъамандӣ Пешвои миллат ҳамеша мекӯшад, ки воридоти ин мавод дар дохили кишвар ба роҳ монда нашавад, бар зидди ин амалҳо мубориза намуда истодааст.

Вале аз чи бошад, ки тарафҳои мухолифин бо мутаҳҳам намудани давлат ва Ҳукумат иброз доштаанд, ки дар воридоти он гӯё мақомот даст дорад. Ин девонагист ё ягон аҳмақии дигар, ки ҳам мубориза мебаранд ва ҳам ин ҷиноятро содир менамоянд. Ба фикрам мардуми моро аз Сарвари давлат оғоз намуда, то дигар намояндагони ватанпарвараш ба мисоли худ гумон намудед, ки гумони шумо нохалафон ботил аст. Ин рафтори шумост, ки худро алайҳи худ таҳрик менамоед. Кадом кӯмакеро, ки барои мубориза ба зидди қочоқи маводи мухаддир ба давлати мо ворид гардидааст, беҳтар аз он сарвари давлат кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки ин омил аз байн равад. Ҳол он, ки бештари чунин ҷиноятҳои қочоқчиёни маводи мухаддир амалиёти хешро тавассути сарҳади вилояти Бадахшон анҷом медиҳад ва ин морҳои заҳрдор, шогирдони наҳзатиҳоянд. Ҳини боздошти якчанд нафари ин силоҳбадастону қочоқчиён маълум гардид, ки фармонбардорони Кабирӣ мебошанд.

Дар маҷмӯъ агар сарвари оқилу доно ва дурандеши мо ин вазъияти кунунии вилояти Бадахшонро пайгирӣ намекарданд, дар муддати хело кӯтоҳ ҳоли мардумон табоҳ мешуд. Ҳар қадар, ки арғамчини ин ҷинояткоронро маҳкам кӯтоҳ намоянд, итминон дорам, ки ҳар чи зудтар решаи онҳо хушк мешавад ва миёни аҳолии минтақаҳои кишвар амнияти миллиии мардумон таъмин хоҳад гашт.

Тадбирҳои судманде, ки имрӯз аз ҷониби Пешвои миллат ва ҳукумати давлат, баҳри пешгири аз ҳаводисоти номатлуб, муборизаи беамон алайҳи ҷинояткорону мухолифон саривақти ва раднопазир буда, ин қарорҳо ба хотири беҳдошти вазъи зиндагонии орому осудаи мардумони кишвар заминаи мусоид хоҳад буд.

Анвар Ҳоҷиев,

номзади илмҳои техникӣ,

устоди кафедраи таъминоти барқ ва автоматика

 

Ду моҳи охир мавзӯи меҳварии «сиёсатмадорони»-и  бурунмарзии мо,  пас аз шикаст дар нишасти Варшава ин мавзӯи Бадахшон буд. Чаро? Аввал ин ки гурезагон, хоинони давлат ва миллати тоҷикон  пиндоштанд,  ки  мардуми Бадахшон, хосса, гурӯҳҳои муташаккил пуштибони онҳо хоҳад шуд ва худи мардум низ ба ҷониби онҳо майл мекунанд. Аммо тирашон ин дафъа низ хок хӯрд. Зеро ягон амали ғаразнок подоши хубе ба бор намеорад. Хуб онҳо киро тӯдакаши худ меҳисобиданд, онҳоеро ки чанд даҳсола бедодгарӣ мекарданд, ҳамонҳоро. Пас ба ин «равшанзамирон» ва дилсӯзони миллат гуфтанием, ки замони нишон додани «қудрат ва тавоноӣ» гузашт.

Воқеан ҳам ҷинояткорӣ, падидаи  номатлуби  ҷомеа мебошад. Ин амали манфур  аз ҷониби  гурӯҳҳои  манфиатҷӯю қудратталаби вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар солҳои охир реша давонда, аз худ оқибатҳои  даҳшатангез ва фоҷеабор  боқӣ гузошта, ба амният ва иттиҳоду оромии ҷомеаи мо таъсири манфӣ  расонида истодааст.

Имрӯз  моро зарур аст, ки  зиракии  сиёсиро  аз даст надода бар зидди  ин гуна гурӯҳҳо мубориза барем. Дар дарсҳои худ омӯзгоронро лозим аст, ки ба шогирдонашон таъкид намоянд, ки ҷавонони мо ватандӯст, инсондӯст, раҳмдил ва накӯкор ҳастанд, аз осори бузурги ниёгон, ки моро ба ҳаёти хушбахтона ҳидоят мекунад, омӯзанд. Зеро бамаврид аст бигӯем, ки Фирдавсии бузургвор фармудаст:

 

Биё, то ҷаҳонро ба бад наспорем,

Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.

 

Имрӯз душманону хоинони миллат аз хориҷи кишвар истода тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна андешаҳоро паҳн намуда, тадбирҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ҷамъоварии силоҳ, пешгирӣ аз гардиши мошинҳои берақам, интиқоли маводи мухаддир ва дигар иқдомотро як навъ амалиёти давлат нисбати мардуми Бадахшон  маънидод мекунанд. Тамоми мардуми соҳибхиради кишвари азизамон аз ҷумла аҳли омӯзгорони ноҳияи Зафаробод ва  сокинони бонангу номуси Бадахшон  ба хубӣ дарк мекунанд, ки ҳаргиз чунин набудаву нахоҳад буд, зеро таҳлилҳои анҷомёфта нишон медиҳанд, ки давоми чанд соли охир чанд гурӯҳҳои ҷиноятпеша, на танҳо хилофи қонунҳои амалкунанда рафтор намуда истодааст, балки онҳо дар баробари бадном намудани мардум, боиси ранҷу озори  халқи шарифи Бадахшон гардонида истодаанд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон  оқибатҳои  даҳшатнок  ва  зарбаҳои ҷонкоҳи ҷанги шаҳрвандиро  хуб дар  ёд доранд. Ҷанги  дохилӣ аз  ҷониби  гурӯҳҳои ҷиноятпеша оғоз  шуда, боиси  ба ҳалокат  расидани даҳҳо  ҳазор  нафар  шаҳрвандони  мамлакат  ва  ҳисорати  азими  иқтисодӣ  гардид.

Ба мо маълум аст, ки яке аз аъзои гурӯҳҳои ҷиноятпеша – Алим Шерзамонов, ки ҳоло дар Аврупо ба сар бурда, ғуломвор ба хоҷагони хеш хидмат мекунад, дар асл бо сабаби аз бонкҳои давлатӣ қарздор будан, фирор кардааст ва шарм надошта, барои пӯшонидани ҷиноятҳо ва хиёнатҳои хеш даст ба бадном кардани давлат мезанад. Ҳатто тадбирҳои созанда ва талошҳои мақомоти давлатӣ барои таъмини оромиш ва ҳаёти осоишта дар Бадахшонро  муқобилият ба мардум унвон мекунад. Инсоф куҷост? Вақте солҳо ту ва ҳамроҳони нашъаҷаллобу ва ҷинояткоратон бар сари мардуми Бадахшон чӣ қадар бадбахтиҳо овардеду имрӯз аз кишвар фирор кардед, чаро бешармона мардумро ба муқобили давлат мехоҳед бархезонед. Мо боварии комил дорем, ки халқи Бадахшон ҳаргиз ба дасисаҳои Шумо дигар бовар нахоҳад кард, чун имрӯз аллакай мӯйро аз хамир ҷудо кардааст.

Мо вазифадорем, ки  симои  аслии ин хоинони миллатро  нишон  диҳем.  Дар посухи ин амалҳои хоинона ба созандагиву бунёдкорӣ  машғул  шуда, фарзандони худро  дар руҳияи  худшиносиву  хештаншиносӣ тарбия  намоем. Сулҳу  ваҳдатро  чун  бузургтарин  неъмати илоҳӣ  эҳтиром  гузошта таҳти  роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ободкориву  созандагӣ  ҳамраҳӣ  ва ҳамкорӣ онҳо бошем.

Наим Рашидов,

номзади илмҳои кишоварзӣ,

устоди кафедраи химия ва агротехнология

 

Насли калонсоли имрӯз бо ҳамаи камбудиву мушкилоте, ки дошт, давлатро аз нестиву миллатро аз парокандагӣ наҷот дод, дар кишвар сулҳу суботи пойдор ва ваҳдати миллиро таъмин намуд ва пояҳои давлатдории миллиро устувор гардонид.

Акнун насли калонсол, яъне падару модарон фақат як орзу доранд, ки фардои Тоҷикистонро боз ҳам ободу пешрафта, марзу буми ин давлатро орому осуда ва ҳар фарди миллатро хушбахт бинанд. Шумо таҷрибаи дӯст доштани Ватан, обод намудани он ва ҳифзи манфиатҳои миллиро аз насли калонсол омӯзед.

Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.

Аммо, мутаассифона, ҳанӯз ҳам дар ҷомеаи мо ҳастанд қувваҳое, ки пешрафти мамлакатамонро нодида мегиранд. Мехоҳанд бо ҳар баҳона камбудиҳои ҷузъии ҷомеаро бузург нишон дода, ҷомеаро ба гирдоби нобасомониҳо кашанд. Инро мо дар мисоли Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебинем.

Тоҷикистони азизи мо дар арсаи байналмилалӣ бояд мақом ва мавқеи устувор дошта бошад. Аммо фаъолияти бархе аз гурӯҳҳову ҳизбҳои фаъолияташон мамнӯъ дар кишвар боиси коста гаштани обрӯи кишвар мегардад. ҲНИ аз ҷумлаи чунин ҳизбу гурӯҳҳои ифротгаро ба ҳисоб рафта, имрӯзҳо дар арсаи сиёсиву байналмилалӣ на танҳо мақому манзали худро аз даст дод, балки пайваста ба номи халқу миллат ва давлати Тоҷикистон тӯҳмату бӯҳтонҳои беасос изҳор менамояд.

Мо, устодони донишкада  амалҳои номатлуб ва иғвоангезонаи ҲНИ-ро ва “Паймони милли”-ро сахт маҳкум намуда, ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва оромиву суботи Тоҷикистони азиз мебошем.

 

 

Тоҷикистон давлати демократӣ ва хуқуқбунёд аст, инро Конститутсияи кишвар кафолат додааст, вале ин маънои онро надорад, ки мо чи коре хоҳем, ҳамонро кунем ва исломро ниқоб карда, теша бар решаи давлат занем.

Мо, тоҷикҳо, аз ноогоҳии  худ солҳои  навадум сарро ба санг зада гирифтем, ки то ҳол аз ҷароҳати он хун меравад. Дигар ба ваъдаҳои хангомадори исломиёне ба монанди наҳзатиҳои террорист набояд бовар кунем. Сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами давлатамон Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ  намоем ва дар атрофи давлату ҳукумат муттаҳид шуда, ба паҳн шудани ҳар гуна ғояҳои бегонапарастӣ, иғвоандозӣ ва бесуббот намудани кишвар роҳ надиҳем.

Тавре мо огаҳем, намояндагони созмони «Паймони миллӣ», махсусан роҳбарияти ТЭТ ҲНИ бо вуҷуди ин қадар амалҳои нопоки иҷрокардаашон нисбати  Тоҷикистон ором нанишаста, баракси ҳолат, ки бо ҳар роҳе мехоҳанд, миёни мардум иғво ангезанд. Ин аст, ки вақтҳои охир чунин амалҳои нобакоронаи Кабирӣ ва чанде аз тарафдорони ин азҳоб бо далелҳои дурӯғин алайҳи миллату давлати мо, махсусан атрофии вазъи сиёсии Бадахшон бештар шуда истодааст.   Асоси гап дар он аст, ки бо чунин идоракунии як роҳбари ҳизб чи тавр мутаҳиддиву мустақилиро таъмин намудан имкон дорад?. Аҷибаш он аст, ки боз Кабирӣ аз нигоҳи бесаводии худ аз давлату ҳукумат ва Сарвари давлат даъват ба амал овардааст, ки «истиқлолияти воқеӣ» - ро ҳукмрон мекардааст. Ин суханҳо барои «ҷаноби» Кабирӣ, ки агар «истиқлолияти воқеи» - и гуфтаи нахзатиҳо ҳамин бошад, пас аз бедодгариашон ҳазар.

Барои сафари кории Пешвои миллати тоҷик, сарвари давлат, муҳтарам Эмомали Раҳмон ба дохили кишвар дар вилояти Бадахшон ва хориҷи кишвар ба Ҷопонро қариб як моҳ «ситоиш» кардед. Ҳатто аз журналистон ҳам «чуқуртар» бо суханони муҳоботию бӯҳтонӣ. Аслан дигар ҳадаф надоред дар зиндаги ба ҷуз чашми ҳасуд раво дидан ба миллти тоҷик.

Ин замини муқаддас ҳамаи шуморо хӯронд ва пӯшонд. Баҳри осудаҳолии мардум сарвари давлат фазои озодиро муҳайё сохт. Барои соҳиби ҷои кори доими таъмин шудани халқ ҳамаи ораҳои зарури андешида амали карда бошад. Пас боз кадом озодии аз бешро мехоҳӣ. Ба назари ман кӯрнамакиву ношукри аз ин беш нест. Ба ҷои иғвою дасисабози кардан, боре бо чашми ақл нигаред, ки дар миллати мо то чи андоза адолату ҳуқуқи кас, озодии баён миёни мардум сар то сари кишвар ҳукмфармост.

Тоҷикистон мулки соҳибихтиёр, демократи комилҳуқуқ ва ягона мебошад. Сулҳи он пойдор ва ваҳдату ягонагиаш бо талошу заҳматҳои мардуми башардӯсташ устувору ҷовидон хоҳад монд. Зеро ин сарзамину мулки соҳибдилону равшанзамирон аст, мулки озоду обод аст, мулке аст, ки бар ивази ҷони ҷасурмардону ватандӯстон ба мустақилияти воқеи шарафёб гардадааст.

Мардуми азизи мо имрӯз бояд донанд ин Сулҳу Ваҳдате, ки болои сари мо парафшон аст бо заҳмату талошҳои хело зиёд ба даст омадааст ва ҳар як шаҳрванди кишвар аз он вазъи сулҳу амоние, ки дар кишварамон ҳаст, фахр бояд кунад, зеро ки кишвари мо бо қадамҳои устуворона пеш рафта истодааст. Ҳамватанони азиз ҳар кадоми Шумо бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва худогоҳии милли бояд барои пешравии миллатамон саҳмгузор бошед, зеро ин омил боиси пайваста нусрат ёфтани миллати тоҷдори тоҷик, пойдор мондани истиқлолият  хоҳад шуд, дар ҳамин замина тамоми мардуми миллатамон бо сарфарози аз дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешравии сиёсати кунунии ҷумҳуриамон саҳми сазовореро гузоранд.

 

Дилафрӯз Мирхолиқова,

устоди кафедраи таъминоти барқ ва автоматика,

омӯзгори калон

 

 

 Таърих исбот намудааст, ки яке аз омилҳои пешравии ҷомеа Ваҳдати миллӣ ба шумор меравад. Ваҳдати миллӣ пояи боэътимоди тавоноӣ ва шикастнопазирии давлат мебошад. Зеро, ба сулҳу ваҳдат асоси зиндагии хурамму ободи ҳар як сокинони ин сарзамини биҳишосост. Дар ҳамин радиф мо, мардуми саодатманди диёр низ умед бар он мебеандем, ки Ҳукумати Тоҷикистон, пеш аз ҳама ва нерӯҳои шикастнопазири давлатамон, баъдан тамоми мардуми кишвар бо ҳисси воло масъулияти хешро дар баробари миллати мақомоти давлатии Тоҷикистон ва насли ояндаи он эҳсос намоянд ва нагузоранд пояҳои давлатдории Тоҷикистон заиф шаванд. Набояд фаромўш кард, ки дар Тоҷикистон барои ташаккули ваҳдати устувори миллӣ монеаҳои зиёде дар гузашта ҷой доштанд, ки он миллатро дар охир ба ҷанги бародаркуш оварда расонид.

Гуфтан ҷоиз аст, ки чи гуна бо вуҷуд доштани чунин гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткорон сулҳу ваҳдат пойдор мемонад. Санаи 22 – октябри соли ҷори саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткорон аз ҷумлаи Аёмбеков Толиб Абдураҳмонович, Мамадбоқиров Мамадбоқир Крамалишоевич, Мамадасламов Ёдгоршо Шомусалмонович, Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович, Шанбиев Мунавар Наврӯзбекович ва дигар сокинони алоҳидаи ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар бинои Прокуратураи вилоят савганд ёд кардаанд, ки қатъиян ба чунин амалҳои характери ҷинояткоридошта даст намезананд ва дар ҳамин ҷо ба санади меъёрӣ – ҳуқуқии қотеъият имзои хешро гузоштанд, ки минбаъд барои ислоҳи ҷинояҳои хеш мекӯшанд ва тартибу низомро барои ҳамеша риоя менамояд.

Ба Шумо ҷавонони саодатманди диёр давлату миллат имрӯз пурра такя намуда, боварӣ дорад, ки барои решакан намудани амалиётҳои ҷинояти дар мамлакат ҳамеша талош варзед, нагузоред, ки сулҳу ваҳдати миллати моро касе нодида гирад ва амнияти мардумони ватанпарвари кишварро дар хатар гузорад.

 

Ба ҳамагон мусаллам аст, дар ҳудуди Тоҷикистони соҳибистиқлол 8 ҳизби сиёсӣ ба қайд гирифта шуда, амал мекард. Яке аз ин ташкилот ин ҳизби наҳзат мебошад. Намедонам, ки замоне чи сабаб шуду ин ҳизбро ҳамчун ҳизби сиёси расман ба кайд гирифтанд, ё ин ки дар аввал мардуми тоҷик ба таври кофӣ аз моҳияти он бархурдор набуд, ки имрӯз яқинан мардуми тоҷик фаъолияти ҲНИ-ро дар ҳудуди кишвар намехоҳанд. Зеро имрӯз мо дар асри 21 қарор дорем. Асре, ки мардуми соҳибмаърифату донишманд ба пешрафтҳои нанотехнологӣ расиданду ҳамон қабатҳои замину осмонро, ки мо дар бораашон афсонахонӣ дорем, илман мекушоянду фатҳ кардан доранд. Муллоҳои мазҳабию ҳизбию лоҳизбии мо бошад, ҳамоно сари баҳси ришу ҷелаку сатру ангушти ишора ва фосила пойҳо аснои намоз муноқиша доранду мунозира. Ва мехоҳанд, ки наврасону ҷавонон низ идомадиҳандаи ин «амали солеҳ»-и онҳо бошанд. Шогирдонашон аллакай ҳосили боғи «мурид»-иро дар «размгоҳ»-ҳои Сурия чида истодаанд. Аз ин ҷост, ки пайдо кардани «раҳбаре мутааллиқ ба ҳамаи мусулмонҳо» орзуест, ки ҳаргиз ҷомаи амал ба бар нахоҳад кард. Бори дигар ва такроран гуфтаниам, ки вақте дар асри 21 моро бо ғояҳои давраи тавлиди Ислом пеш бурданӣ мешаванд, дигар чӣ метавон гуфт? Ин роҳ танҳо сӯйи ҷаҳолат асту торикӣ. Тамом, вассалом.

Агар Муҳиддин Кабирӣ дар симои худаш чунин раҳбареро мебинад, барномаҳояшро пешниҳод созад. Шояд мардумро (ва пайравони тамоми шохаҳои исломро, ки аз ниҳояти ҷаҳлу бесаводӣ ба наздики сад шоха расидаанд) қонеъ карда тавонад ва он гаҳ ману дигарон низ аз пасаш равона хоҳем шуд. Дар ҳоли ҳозир бошад, дар даврае, ки ҷаҳон торафт дар торҳои партофтаи нақшаҳои глобалии абарқудратҳо печидан дорад, қарзи ҳар як фарди миллатпарасту ватандӯст яктост: роҳ надодани ғояҳо ва андешаҳои бегона ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мо ва махкум намудани терроризму экстремизм.

Мо хуб медонем, ки дар шароити имрӯза дар Ватани азизи мо- Тоҷикистони ғайр аз ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин гурӯҳу ҳаракатҳои ифротгарое низ ҳастанд, ки фаъолияташон тавассути баъзе аз ин ҳизбҳо ба роҳ монда шуда, худ паси парда назорат мекунанд. Баъзе ҳизбҳои сиёсӣ бошанд, дар навбати худ фирефтаи ваъдаҳои пучу бемаънии ва маблағи муфти ин гуна ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ гардида, дар бораи мақсаду мароми ҳизбиашон, манфиатҳои миллӣ, арзишҳои халқ, аз ҳама муҳимаш тинҷу амони ва хаёти ширини мардуми азияткашидаи диёр фаромӯш месозанд.

ҲНИ мисоли гуфтаҳои болост. Агар дар аввали фаъолияташ ин ҳизб диққати мардумро бо рафтору кирдорҳои номатлубаш наонқадар ҷалб карда бошад, алҳол роҳбарияти он бо мақсади амалӣ намудани мақсадҳои нопокаш аллакай ба таври ошкоро фаъолияти зиддидавлатӣ намуда, дар миллати мо хостад, оташи ҷангро барангезанд. Чуноне ки мо худ мушоҳида мекунем, вақтҳои охир бо шарофати расонаҳои алтернативие чун интернет, баъзе паҳлуҳои фаъолияти сиёҳи намояндагони ТЭТ ҲНИ ва роҳбари он ошкор мегардад. Барои ҲНИ ва ҳамсангаронаш муҳим нест, ки бо инқилобхоҳӣ ва босмачигиашон мардумро ба чӣ вазъи ногувор гирифтор мекунанд. Муҳим он аст, ки қудрати сиёсиро ба даст оранд. Оё онҳо як бор аз худ мепурсанд, ки бо чунин роҳ ба ҳукумат расидан чӣ паёмадҳое дар пай хоҳад дошт? Боқӣ, ин тоифаро инсоф диҳад, бигзор як хулосаи даркории худро дар мавриди аз даст кашидан аз ҳизб ва ё умуман пош додани он бароранд. Онҳо бояд ҳис намоянд, ки дар ҳақиқат ин ҷой ягон гап ҳаст, яъне мардум ҳамин тавр ба рафти фаъолияти ТЭТ ҲНИ беҳуда таваҷҷӯҳ зохир намуда, натиҷабардорӣ накард ва фаъолияти ин ташкилоти терористиро мамнӯъ эълон накардааст. Ин ақидаде буд, ки замони манъи ин ҳизб миёни мардум гап гап шуда буд, аммо ин ақидаҳо ба ҳакқиқат мубаддал гаштааст, ки рӯз то рӯз ин нохалафон аз ҳар манотиқи дунё истода, ҳадафҳои нопоки худро амалӣ сохта истодаанд. Яъне, ҳамон “зери коса нимкоса ҳаст”, гуфтани мардумон имрӯз дар амали ин террористон инъикос ёфтааст.

Нодира Домуллоҷонова,

устоди кафедраи дизайн ва меъмории ДПДТТ

дар шаҳри Хуҷанд

 

        

Анқариб якуним моҳ мешавад, ки мавзӯи меҳварии шабакаҳои иҷтимоӣ ин авзои сиёсии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маҳсуб меёбад. Зеро пас аз дастури қатъии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  вобаста ба таъмини амнияти минтақа, пешгирии ҷинояткории гурӯҳҳои мутташакил чанде аз нохалафон ба ин тадбири хайрхоҳонаи Роҳбари давлат ҷомаи дасисаву бӯҳтонҳо пӯшонда, мехоҳанд бо ҳар роҳ вазъияти орому осударо ба нооромӣ табдил диҳанд.

Махсусан дар ин кори «хайр» дастандаркорони созмони «Паймони миллӣ», ки ҳамагӣ думравони Кабириву ҳизбаш ҳастанд, фаъол буданд. Ин нафарони мубаллиғи афкор ва андешаи бегона  дар нигоштаашон як навъ маҳалгароӣ намуда, бо ин амалашон умедвор буданд, ки халқи шарифи вилоят онҳоро дастгирӣ мекунанд. Онҳо ҳамзамон ба як гурӯҳ шахсони маълуму машҳури вилоят, ки ба истилоҳ тӯдакаш буданду солҳои сол гапҳояшонро гап мекарданд, амосоли Ғозибек Айёмбеков, Хурсанд Мазоров, Ёдгоршо Мамадасламов, Мунаввар Шанбеев, Амриддин Аловатшоев, Зоир Раҷабов эътимоди қавӣ доштанд. Аммо нафарони болозикр бо маросими савгандёдкунӣ  дар назди қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ вазифадор шуданд, ки хилофи қонунҳо амал намекунанд.

Бояд гӯем, ки оҳи мардуми ранҷдида ва оҳқшидаи Бадахшон боло шуд. Зеро солҳои сол аст, ки ин гурӯҳҳои муташаккила бо зиёдрвию зӯргӯии худ ба қавле сокинони орому осудаи вилоятро ба таҳлука оварданд. Бино бар иттилои Раиси Кумитаи Амнияти Миллии кишвар Саймуъмин Ятимов аз ҷониби 6 гурӯҳи муташакила солҳои сол бисёр ҳолатҳои поймол шудани ҳуқуқи инсон ба қайд гирифта шуда буд. Тавре аз рақамҳои оморӣ бармеояд танҳо дар давоми 9 моҳ 456 ҷиноят аз ҷониби 342 нафар ба қайд гирифта шуд, ки аз ин шумор 26 ҷинояти вазнин, 153 ҳолати зӯроварӣ мебошад. Мутаассифона, давоми чанд соли охир 1282 ҷиноят нокушода монда, ҳамагӣ 31 ҷиноят гунаҳкорони худро пайдо намуд.

Президент борҳо дар баромадҳояшон зикр медоранд, ки то охири силоҳ аз дасти мардум гирифта нашавад хатари нооромӣ вуҷуд дорад. Аз рақамҳои оморӣ бармеояд, ки солҳои 2013- 2015 наздики 800 яроқу аслиҳа аз мардум гирифта шуда, ин рақам танҳо дар 9 мохи соли равон ба 300 адад мерасад. Умуман дар 25 соли охир наздики 1500 силоҳ гирифта шуданд, ки ҳоло низ ин кам аст. Ситоди байниидоравии мақомоти амниятӣ маълумотҳои кофии дар хонаи кӣ маҳфуз будани яроқро медонанд, танҳо аз сокинони баору номуси вилоят ситод хоҳиш дорад, ки силоҳро силоҳбадастон бо хохиши худ супоранд. Он гоҳ нисбати онҳо  парвандаи ҷиноятӣ боз нахоҳад шуд.

Мо аминем, ки гурӯҳҳои муташаккил ҳоло низ яроқу аслиҳаҳои зиёдеро бо худ доранд. Онҳо бояд дарк кунанд, ки ҷомеаи имрӯза ҷомеаи пештара нест. Низоми давлатдорӣ низ таҳким ёфтааст. Онҳоро мебояд, ки бо давлат муросо кунанд. Зеро имрӯз ягон нерӯи хориҷа қудрати баТоҷикистон ворид шуда, муқобилият нишон доданро надорад. Зеро, ки аввал халқ дар атрофи Сарвари давлат муттаҳид аст, сониян нерӯҳои давлатӣ метавононанд, халқу миллатро дар ҳама ҳолат дифоъ намоянд.

Мо  вазифадор ҳастем , ки баҳри  пешгирии ҷинояткорӣ  ҷидду ҷаҳд  намоем. Симои  аслии ин хоинони миллатро  нишон  диҳем.  Ҳар яки  мо  вазифадор  ҳастем, ки ба созандагиву бунёдкорӣ  машғул  шуда, фарзандони худро  дар руҳияи  худшиносиву  хештаншиносӣ тарбия  намоем. Сулҳу  ваҳдатро  чун  бузургтарин  неъмати илоҳӣ  эҳтиром  гузошта таҳти  роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ободкориву  созандагӣ  ҳамраҳӣ  ва ҳамкорӣ онҳо бошем.

Абдусабури Абдуваҳҳоб,

сармуҳаррири нашрияи “Меҳвари дониш”-и

ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

(Ҷавоби дандоншикан бо такя ба иттилооти дақиқ ба падарсолори дурӯғпардозони дохилӣ ва Ҷумҳурии Чех- AKHBOR.COM-и Мирзои Салимпур)

 Соати 14:59-и дақиқаи санаи 27-уми октябри соли равон, дар саҳифаи ёвасарой, обишхӯри манфиати оппозитсияи абадӣ фирорӣ-Ахбор.ком, ки мутааллиқи фарди берешаву бун-Мирзодукаки Салимпур мебошад, дурӯғи навбатӣ бо истинод ба манбаъҳои шаккок ва шубҳаангез таҳти унвони «Чор лидери Бадахшон ба Душанбе ба мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон рафтанд) нашр шуд.

Ахбор.сом, ки рейтингаш дар чоплусиву, пулкоркуниву хиёнат ба касбу қалам дар ҷойи аввал меистад ва машҳури дунё шудааст,   ин гапи дурӯғро аз Кӣ? Кай? Аз куҷо? гирифта аст, номаълум аст. Яъне меъёри баҳогузории ин маълумоти М.Салимпур ба сирф баробар аст ва дурӯги маҳз аст. Журналисти каззоб ва беусул. 

Ботилии ин иттилооти Салимпурро, ки водии Ҳисорро се даҳсолаи охир ба гарави дурӯг гирфитаст, шармсор кардааст, як ба як қотеъона рад мекунем:

 

  1. Сараввал, ин чор нафарак ба ном «лидер» нею, саркардаи гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткори шаҳри Хоруғ мебошанд. Ана ҳамин, термини устувор нисбат ба онҳо, яъне ГМҶ-и шаҳри Хоруғ бар пешонии ҳар яки онҳо насб шудааст. Қонунгузор ҳам масъулияти ҷиноятии онҳоро таърихи 22.10.2018с. барои таърих сабт намудааст. Инҳо лидер нестанд, роҳбарони ГМҶ мебошанд, ки дар таърихи зикршуда, ба онҳо ОГОҲИИ РАСМӢ дар маърази ом ва дар назди қонун дар бинои Прокуратураи вилоят эълон карда шуда буд;
  2. Дуюм каззобиву дурӯғгуӯйи Ахбор.сом дар он ифода меёбад, ки манбаъҳои иттилоотии ҳилагари он, ёфтаву бофтаҳои худро ҳақиқати мутлақ пиндошта, мардумро ба гумроҳӣ мебаранд, фиреб мекунанд.
  3. Ҳилаи шаръии Ахбор.сом дар васвасаҳои шайтонӣ ва ҳангомапардозии давомдор баён шудааст. Сарвари муаззами давлат ба ҳеч сурат мунтазири ин гурӯҳаки бо тафакури олами ҷиноӣ олуда нест, ба шаъни мубораки худ раво намебинанд, ки бо ҷинояткорон мулоқот таъин кунанд.
  4. Ҷинояткор-ҷинояткор аст, вақте ки 22.10.2018с. ба гуноҳи кабираи худ иқрор шуданд, чор тарафашон қибла, куҷое раванд, «марҳабо». Дар куҷое набошанд, Қонун пайгири онҳост.
  5. 7 саркардаи ГМҶ: – Толиб Аёмбеков, Ёдгор Мамадасламов, Мунаввар Шанбиев, Зоир Раҷабов, Мамадбоқир Мамадбоқиров, Хурсанд Мазоров ва Амриддин Аловатшоев тавбаи мардона ва аҳёнан занона ҳам карданд, ки аз ҷиноят даст мекашанд ва худро дигар шарики бетартибиҳо намедонанд.

 

Аслам Мазабов, коршиноси масоили иҷтимоӣ,

зодаи ш.Хоруғ ва сокини ш.Бохтар   

Муҳимтарин вазифаи шаҳрванди ва қарзи фарзандии ҳар як сокини баору номуси мллат, бахусус наврасону ҷавонон дар он аст, ки Тоҷикистони азизамонро сидқидилона дӯст дорад, хизмат дар онро пешаи асосии хеш шуморад ва онро чун гавҳараки чашм аз ҳамаи оризаҳои нопок эмин дорад. Рисолати имрӯзаи ҳар як насли ҷавону худогоҳ низ маҳз ҳамин аст, ки барои ояндаи миллати соҳибистиқлоли мо беаҳамияти ззоҳир накунанд.

Мо, насли ҷавон, ояндагони дурахшони Тоҷикистон бояд аз гузаштаи пурифтихору ибратомӯзи ин миллати фарҳангиву сулҳпарвар, соҳибмаърифату тамаддунсоз ва бобоёни ободгару созандагони имрӯзи босаодати худ, сабақи мардонагӣ гирем. Ва ба Ватани биҳиштосоямон, миллати куҳанбунёд, ба хотири гузаштагони куҳанҷасорат хидматҳои хешро дареғ надорем. Танҳо ҳамин тадбир метавонад, ба миллати тоҷик хушбахтиҳои беш аз имрӯзаро муҳайё созад.

Барои роҳандозӣ намудани тадбирҳои пешгирӣ аз ҳар гуна хатару таҳдидҳое, ки аз ҷониби ҷиноятпешагон нисбати амнияти мардум ба кор меояд, қабл аз ҳама саҳми кормандони амният, Вазорату раёсатҳои корҳои дохилӣ ва дигар мақомотҳо аз ҳама болотар аст. Вале бояд зикр кард, ки агар дар қатори намояндагони ин мақомотҳо, шаҳрвандони кишвар низ ба ин амалҳои ҷиноятпешагон таъсир нарасонанд, танҳо бо қувваи кормандони мақомот рафъи ин гуна амалиётҳо мушкилтар аст.

Масаллам аст, ки моҳе пеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафари корӣ анҷом дода буданд. Бояд зикр кард, ки дар вилояти мазкур таи солҳои охир сафи ҷиноятпешагон меафзояд. Инро ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳатто тавассути оинаи нилгун низ мебинем, ки ин ҷинояткорон дар хонаҳои истиқоматии хеш ба корҳои ғайриқонунӣ машғуланд.  Ин амали онҳо таҳдиди рӯи рост нисбати амнияти миллии мардумони кишвар буда, аз ин вазъият кайҳост, ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Сарвари дурандешаш изҳори нигаронӣ дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо фаъолони вилояти мазкур аз ҷумла кормандони Кумитҳаи амнияти миллӣ, Раёсати корҳои дохилӣ, Прокуратура ва дигар намояндагони мақомотҳои ҳокимияти давлатии вилояти Бадахшон бори дигар ин вазъияти нигаронкунанда ва камбудиҳои дар он вилоят ҷойдоштаро матраҳ сохтанд. Пешвои миллат иброз намуданд, ки теъдоди зиёди гурӯҳҳои муташаккили ҷинояпешагонро мардумони минтақаи Хоруғ, Роштқалъ ва Рӯшон ташкил медиҳанд ва дар фарҷоми мулоқот ба мақомотҳои дахлдор ва мардумони баору номуси вилоят дастуру супориш доданд, ки ҳар чи бештар дар бартараф намудлани ин ҷиноятҳо нуқтаи ҳамешагӣ гузоранд. Зеро беаҳамияти нисбати ин афродони ҷинояткор ба амнияти мардумон ва ваҳдати миллии мо хатари ҷиддиро ба бор меорад.

Ҳамин тариқ, фаъолияти якмоҳаи дастургирифтагон натиҷагири карда шуд, ки эшон бо маҳорати баланди кордонӣ ва масъулияти беш барои бартараф намудани ин камбудиҳо камар баста, ба нишондиҳандаи назарраси ноил гаштанд. Эшон дар натиҷаи амалиётҳои оперативӣ- ҷустуҷӯи ҷиноятпешагон ва саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Аёмбеков Толиб Абдураҳмонович, Мамадбоқиров Мамадбоқир Крамалишоевич, Мамадасламов Ёдгоршо Шомусалмонович, Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович, Шанбиев Мунавар Наврӯзбекович ва дигар сокинони алоҳидаи ноҳияҳои вилоятро бо ҷинояти ташкил ва ба ин тариқ муташанниҷ гардонии миллат бо воситаи тайёри ба ҷангу ҷидол, пинҳон намудани силоҳҳои гуногун ва маводи тарканда, дар умум 201 адад силоҳи оташфишон ва 960 грамм маводи тарканда дастгир намуда, ин лавозимотҳои ҷангиро мусодира сохтанд.

Санаи 22 – октябри соли ҷорӣ ҳамаи ин саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткоронро ба Прокуратура даъват намудаанд ва ба эшон низоми қотеиятро шинос намуданд, ки ин ҷинояткорон ба ин санади меъёри ҳуқуқи имзои хешро гузаштанд ва савганд ёд намуданд, ки дар асоси ҳамин санади қотеият қатъиян ба ҷиноят даст намезананд. Ва минбаъд барои ислоҳ намудани ҷиноятҳои хеш саҳм гирифта, ҳамаи қонуни қоидаҳои кишварро сари вақт ва бечинну чаро риоя месозанд.

Дар фарҷом умед бар он мебандам, ки рафтору кирдори ношоистаи чунин нафарон барои мардуми кишвар як сабақе мегардад, ки худ ва миллати азизи хешро аз ин ҷинояткорон эмин доранд. Аз ин савгандёдкардагон низ даъват ба амал меорам, ки сари ҳар лафзи додаи худ ҳамеша истодагарӣ намоед, зеро нишони мардонагӣ аз ҳамин иборат аст.

Косимова Малика,

устоди кафедраи иқтисолиёти соҳавии ДПДТТ,

омӯзгори калон

 

 

 

 

Ҷомеаи меҳнатии кафедраи молия ва қарзи ДПДТТ сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ   намуда баҳри  созандагию бунёдкорӣ ва муҳити  солимии ҷомеа тамоми ғайрати  худро равона менамоем.

Ҷинояткорӣ, падидаи  номатлуби  ҷомеа мебошад, ки  мо  омӯзгоронро бетараф намегузорад. Ин амали манфур  аз ҷониби  гурӯҳҳои  манфиатҷӯю қудратталаби вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар солҳои охир реша давонда, аз худ оқибатҳои  даҳшатангез ва фожиабор  боқӣ гузошта, ба амният ва иттиҳоду оромии ҷомеаи мо таъсири манфӣ  расонида истодааст.

Имрӯз душманону хоинони миллат аз хориҷи кишвар истода тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна андешаҳоро паҳн намуда, тадбирҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ҷамъоварии силоҳ, пешгирӣ аз гардиши мошинҳои берақам, интиқоли маводи мухаддир ва дигар иқдомотро як навъ амалиёти давлат нисбати мардуми Бадахшон  маънидод мекунанд. Тамоми мардуми соҳибхиради кишвари азизамон аз ҷумла аҳли омӯзгорони ноҳияи Зафаробод ва  сокинони бонангу номуси Бадахшон  ба хубӣ дарк мекунанд, ки ҳаргиз чунин набудаву нахоҳад буд, зеро таҳлилҳои анҷомёфта нишон медиҳанд, ки давоми чанд соли охир чанд гурӯҳҳои ҷиноятпеша, на танҳо хилофи қонунҳои амалкунанда рафтор намуда истодааст, балки онҳо дар баробари бадном намудани мардум, боиси ранҷу озори  халқи шарифи Бадахшон гардонида истодаанд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон  оқибатҳои  даҳшатнок  ва  зарбаҳои ҷонкоҳи ҷанги шаҳрвандиро  хуб дар  ёд доранд. Ҷанги  дохилӣ аз  ҷониби  гурӯҳҳои ҷиноятпеша оғоз  шуда, боиси  ба ҳалокат  расидани даҳҳо  ҳазор  нафар  шаҳрвандони  мамлакат  ва  ҳисорати  азими  иқтисодӣ  гардид.

Ба мо маълум аст, ки яке аз аъзои гурӯҳҳои ҷиноятпеша – Алим Шерзамонов, ки ҳоло дар Аврупо ба сар бурда, ғуломвор ба хоҷагони хеш хидмат мекунад, дар асл бо сабаби аз бонкҳои давлатӣ қарздор будан, фирор кардааст ва шарм надошта, барои пӯшонидани ҷиноятҳо ва хиёнатҳои хеш даст ба бадном кардани давлат мезанад. Ҳатто тадбирҳои созанда ва талошҳои мақомоти давлатӣ барои таъмини оромиш ва ҳаёти осоишта дар Бадахшонро  муқобилият ба мардум унвон мекунад..

Мо аз он шукргузорӣ мекунем, ки имрӯз бо шарофати тантанаи Истиқлолияти кишвари азизамон таҳти роҳбарии Пешвои миллат  муҳтарам   Эмомалӣ  Раҳмон  дар тамоми  таърихи миллати куҳанбунёдомон   беназир  аст. Дар  тӯли  ин солҳои  тақдирсоз  чӣ қадар  заводу фабрикаҳо, корхонаву  ташкилотҳои  нав   мактабҳо, муассисаҳои фарҳангӣ бунёду таъмир  гардидаанд.

Бо истифода аз ин фурсат мо ба аҳли мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муроҷиат менамоем, ки  дар ин фурсатҳои ҳассос ҳушёрии сиёсӣ ва зиракиро аз даст надода, баръакс барои дастгир ва ба ихтиёри давлат супоридани гурӯҳҳои ҷиноятӣ, пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир, барқарор намудани тартиботи ҷамъиятӣ дар қаламрави вилоят якдилона ташаббус зоҳир намоед.

 

Ҷалби донишҷӯён ба варзиш ва бурдани тарзи ҳаёти солим яке аз сиёсатҳои пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аз ин лиҳоз, дар шаҳри Конибодом мусобиқаи кушоди  шаҳрӣ оид ба самбои муҳорибавӣ, ки соли равон 80-солагии ин намуди варзишро ҷашн мегиранд, баргузор гардид.

Хушбахтона, дар мусобиқаи варзишии мазкур, дар шаҳри Конибодом донишҷӯёни донишкадаи мо низ иштирок намуданд. Донишҷӯи курси 2-уми ихтисоси 37.01.07тБ Давлатов Муҳамадисо дар вазни 74 кг қувваозмоӣ намуда, соҳиби медали тилло гардид. Ин комёбӣ роҳхате барои иштирок дар Спартакиадаи дар пешистодаи байни донишҷӯёни вилояти Суғд мебошад.

Аз номи кулли донишкада, махсусан, факултети сохтмон ва нақлиёт ба Муҳамадисо офарин мегӯем ва комёбиву музаффариятҳои  баландро дар ҷодаи варзишу таҳсил таманно дорем.