То ҷое ки мо медонем, имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ҳар гуна амалҳои ваҳшиёнаи гурӯҳҳои терористиву ифротгароӣ ба таҳлука овардааст, албатта барои пешгирӣ намудани чунин амалҳои ношоиста моро мебояд, ки тамоми кӯшиши хешро ба харҷ диҳем, то ин беморӣ ба дигарон низ сироят накунад. Бо мақсади нуқта гузоштан ба ин масъалаҳои мубрами рӯз, дар донишкада бо иштироки кормандони Раёсати корҳи дохилии вилоят силсилачорабиниҳо доир шуда истодааст. Чунончи дирӯз бо иштироки муовини сардори Хадамоти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғони Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, подполковники милитсия Нозим Турсунов ва сармутахассиси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Ахмедов Шаҳбоз мулоқот доир шуд.

Чорабинро муовини директор оид ба тарбия  Фаррух Аминов ҳусни ифтитоҳ бхшид.

Дар баромади Турсунов Нозимҷон зикр шуд, ки давоми 10 моҳ дар байни донишҷӯён 11 ҷиноят содир шуда, ҳамзамон 12 далели бо мошинҳои шахсӣ ба машғулият омадани донишҷӯён ба қайд гирифта шуд. Инчунин 14 ҳолати бо истеъмоли тамоку ва нос дар ҳудуди донишгоҳҳо ба назар расида, нисбати қоидавайронкунандагон ҷазои маъмурӣ раво дида шуд. Номбурда аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки бештар ба хондани китобу рӯзномаҳо машғул шаванд. Рӯзгори талхи нафарони гумроҳшуда барояшон дарси ибрат бояд бошад.

Ҳамин нукта зимни баромади Ахмедов Шаҳбоз низ қайд шуда, номбурда афзуд, ки  давоми нӯҳ моҳи соли равон дар қаламрави вилоят аз ҷониби масъулини Раёсат 2 адад семинар – машварат бо фарогирии 180 нафар ҷавонон, 24 мулоқотҳо дар мавзӯҳои «Ҷавонон – ифротгариро маҳкум месозанд», «Ҷавонон – зидди терроризм», «Пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ байни ҷавонон ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, тартиби одоби ҳамидаи инсонӣ» ва «Ҷавонон бар зидди терроризм ва экстремизм» бо иштироки беш аз зиёда аз 6  ҳазор нафар ҷавонон баргузор карда шуданд.

Фаррух Аминов дар ҷамъбасти чорабинӣ зикр сохт, ки роҳбарияти донишкада барои хубтар ба таълиму тарбия фаро гирифтани донишҷӯён кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад. Баргузории чорабиниҳои мухталифи фарҳангиву сиёсӣ барои баланд бардоштани сатҳи дониши сиёсии донишҷӯён мусоидат мекунад. 

 

 

Дар   воқеъ,  имрӯзҳо  миллати  тоҷик  баъ  аз  ба  даст  овардани  Истиқлолияти  давлатӣ  ва  Ваҳдати  миллӣ  тавонистааст  ба  дастовардҳои  назаррас  ва  намоён  ноил  гардад.

Самараи  Ваҳдати  миллӣ  пеш  аз  ҳама  дар  кишвари  мо  ин  оромӣ, сулҳу  субот  ва  зиндагии  шоистаи  мардум  мебошад.

Бо  кӯшишу   талошҳои  фарзандони  фарзонаи  ин  миллат ,  хусусан  талошҳои  шабонарӯзии  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати   миллӣ , Пешвои  миллат , Президенти  маҳбуби  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  таи  солҳои  соҳибистиқлолӣ  дар  кишвари  мо  сулҳ  пойдор  гардид

Аммо  имрӯзҳо  ҳастанд  нафароне, ки  аз  сарҷамъ  гардидани  миллати  тоҷик, сулҳу  субот  ва  оромии  ин  кишвар  ва  ба  пешравиҳои  иқтисодиву  иҷтимоии  он  кинаву  бадбинӣ  дошта , миёни  аҳолии  сулҳпарвар  ва  меҳнатдӯсти  тоҷик  бо  ҳар  роҳу  восита  тафриқаандозӣ  менамоянд.

Яке  аз  чунин  курнамакон  гурӯҳи  наҳзатиёни  хоин  мебошанд  , ки  куфри  неъмати  озодиву  истиқлол  намуда, ғуломи  бегонаҳо  гаштаанд.

Бештар  ин  тафриқаандозиҳоро  тариқи  шабакаҳои  иҷтимоӣ  он  хоиноне  анҷом  медиҳанд , ки  дар  давлатҳои  хориҷ ,  хусусан   Аврупо  сукунат  дошта,  зархариди  хоҷагони  бадхоҳӣ   миллатамон  гаштаанд.

Наҳзатиён  нангу  номусашонро  фурӯхта,  имрӯзҳо  дар  пайи  гумроҳ  кардани  дигар  ҷавонони  бетаҷриба  мебошанд.

Аммо  имрӯз  миллати   тоҷик  бо  роҳбарии  Пешвои  миллат  ва  фарзандони  боору  номусаш  тавонистааст , ки  дар  таърихи  наонқадар  дарози  соҳибистиқлолӣ  як  зиндагии  шоистаро  барои  худ  аз  ҷиҳати  иқтисодиву  иҷтимоӣ  ва  фарҳангӣ  барпо   намояд.

Таърих   ба  ҳама  суолҳо  ҷавоб  дорад.

Бо  гузашти  ду  даҳсола  аз  итмоми  ҷанги  шаҳрвандӣ  вокеиятӣ  он  рӯзҳо  ба  ҳамагон  аён  аст , ки  аз  сӯйи  собиқ  масъулони  ташкилоти  террористӣ – экстремистии  ҳиби  наҳзат  боз  ба  сари  мардуми  тоҷик  нооромиҳоро  мехоҳанд  ташкил  кунанд.

Пайваста  тавассути  маводи  иғвоангезон  бар  сари  миллати  тоҷик  ва  намояндагони  давлату  Ҳукумат  борони  тӯҳматҳо   мерезанд ,  баҳсу  мунозираҳо  карда, баромадҳои  бемаврид  ва  бемазмунро  баён  менамоянд.

Махсусан  ҳамин  паймонсозиҳои  маҳзакавиашон  нишон  дод, ки  дигар  дар  хориҷи  кишвар  ҳам  обруву  эътиборашонро  аз  даст   доданд.

Ин  наҳзатиён, хусусан  ифротгароён  дар  тасаввуроти  ҷавонони  мо  тамаддуни  исломиро  нодуруст  шарҳ  дода, дар  маҷмӯъ  дар  назди  кулли  мусулмонон  беэътибор  гардидаанд.

Ба  афроде , ки  миёни  мардум  тафриқаандозӣ  менамоянд , бояд  расонем , ки

« Бори  каҷ  ҳеҷ  гоҳ  ба  манзил   намерасад »  ва  барои  ҳамватанони  азиз  чӣ   гунае  , ки  Роҳбари  давлатамон  мӯҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ҳамеша  қайд  менамоянд , аз  даст  надодани  зиракии  сиёсиро  лозим  мешуморем.

Онҳо  бо  ҳар  роҳе  набошад  мекӯшанд , ки  садди  роҳи  зиндагии  хушбахтонаи  мардум  гарданд.

Вале  ҳама  кӯшишҳои  онҳо  барбод  рафт  ва  тирашон  хок  хӯрд.

Наҳзатиёни   лаънаткардаи  халқ  чун  ҳар  ташкилоти  дигари  террористӣ – экстремистӣ   ҳадафи  дар  Тоҷикистон  ноором  сохтани  вазъи  сиёсиро  доранд , ки  мардуми  бофарҳангу  қавииродаи  мо  инро  хуб  медонанду  бар  зидди  ин  хоинони  миллат  ҳамеша  мебаранду  хоҳанд  бурд.

Аҷиб    ин  аст, ки  ҳамин  наҳзатиён  мехоҳанд  ҳамеша  ваҳму  тарсро  ба  сари  миллати  мо  гузоранд.

Аммо   сулҳу  ваҳдат  орзуву  омоли  кулли  мардуми  кишвар  аст , мо  ҷавонмардон  намегузорем , ки  чунин  нохалафон  боз  дубора  ба  сари  халқи  мо  мақсадҳои  ғаразноку  душманонаи  худро  амалӣ  созанд.

Мо  ояндаи  неки  давлату  миллатро  дар  суботу  оромӣ  мебинем  ва  Тоҷикистони  биҳиштосои  худро  ҳамчун  гавҳараки  чашм  аз  нохалафони  беватан  ҳифз  менамоем.

Мирзо Соҳибназаров,

устоди ДПДТТ,

унвонҷӯйи кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ

Мо аз саҳифаҳои таърих медонем, ки заволи пояи  давлатдорӣ маҳз аз хиёнаткориҳо ба вуқӯъ омадааст.  Ҷаҳолате, ки имрӯз ҷаҳони муосирро зери ниқоби терроризу экстремизм ва гуррӯҳҳои мафиатҷӯ фаро гирифтааст, дилхоҳ давлат кушиш менамояд, ки дар кишвари ӯ осоиштагию субот пойдор ва мардумаш тинҷу ором бошад.

Тамоми мардуми сайёра тавассути телевизиону шабакаҳои интернетӣ шоҳиди он гардидаанд, ки пеш аз ҷангу нобасомони сар задан Ироқу Сурия, Яману Либия дар кадом вазъият қарор доштанд ва ҳоло дар кадом ҳолат қарор доранд. Дар ин мулкҳои нозанин ягон ҷойи обод намодааст. Ҳазорҳо мардумонашон об дар бари рӯ гуреза шуда, ба гӯшаву канори дунё дар ҷустуҷӯи осудаҳолӣ мебошанд. Иштибоҳи ин давлатҳо аз он буд, ки дар як гӯшаи мамлакати онҳо нооромиҳо ба миён омад ва он домани васеъ паҳн кард, ки аз ин вазъият душманони давлату миллаташон истифода намуда, ба ин ҳол онҳоро имрӯз оварда расонданд.

Аз ин рӯ инсоният хуб дарк кардааст, ки ҷангу куштор, ғорату роҳзанӣ, силоҳу гардиши маводи мухаддир, ки аз ҷониби ашхоси алоҳида ва ё гурӯҳҳое роҳандозӣ мегарданд, ки ба ҷузъ аз худи онҳо ба касе манфиату хушбахтӣ наовардааст ва намеорад.

Вақтҳои охир дар ҳудуди ВМКБ риоя нагардидани талаботи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ, даст задани қисмати муайяни ҷавонону наврасон ба ҷинояткориҳо, аз қабили нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ, даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳо аз мушкилоти асосӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо роҳбарон ва аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ба тарбияи насли ҷавон таъсиргузор буда, онҳоро ба гумроҳӣ мебаранд. Маҳз бо тавсия ва дастгирии ин гурӯҳҳо ҷавонон даст ба амалҳои ғайриқонунӣ мезананд.

Бо назардошти ин зимни ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолон ва роҳбарони ВМКБ аз 15 сентябри соли 2018 дар шаҳри Хоруғ Ситоди доимоамалкунандаи байниидоравии мақомоти таъминоти амният дар вилоят таъсис дода шуд, ки барои бартараф кардани мушкилотҳои ҷойдошта равона карда шудааст.

 

Ан ин нуқтаи назар метавон гуфт, ки ноором будани як гӯшаи Тоҷикистони азиз боиси ноором гардидани авзои сиёсии тамоми кишвар, зери суол рафтани сулҳу салоҳ ва якпорчагии он хоҳад гашт.

Дар давоми як моҳи фаъолият аз ҷониби аъзоёни гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ихтиёран ба Ситод байниидоравии мақомоти таъмини амният дар вилоят тақрибан 200 силоҳи оташфишон, аз ҷумла беш аз 70 автомати "Калашников", даҳҳо норинҷак, тақрибан як кило маводи тарканда ва ҳудуди 5 ҳазор лавозимоти дигари ҷангӣ супорида шуд.

Аммо бо камоли таассуф, бархе нафарони пайдо шуданд, ки моҳияти ин фаъолияти сохторҳои қудратиро, ки барои пешгирӣ ва ошкорсозии ҷиноятҳо сафабар шудааст, дуруст сарфаҳм нарафта, сару садоҳҳои бардуруғро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда, ҳатто ин иқдомро “лашкаркашӣ” унвон намуданд.

Ба он натиҷае, ки Ситод байниидоравии мақомоти таъмини амният дар вилоят дар муддафи фаъолияти як моҳаи худ ноил гашт, метавон дилпурона гуфт, ки ситоди мазкур танҳо бораи таъмини амнияти аҳолии осоишта дар ин минтақаи дурдастӣ мамлакат ташкил гардидааст, на чизе дигар.

Ҷинояткор шахсе мебошад, ки рафтори ӯ ба ҷамъият хафнок аст ба истилоҳи дигар ҷинояткор Ватану маҳал надорад ва чи дар вилояти Хатлон, Суғд, ВМКБ ва ё дилхоҳ гӯшаи дунё ҷойгир набошад, бо пайдо кардани имконият ҳатман, ки ба корҳои ношоиста даст мезанад. Дур намеравем шоҳиди он ҳастем, ки баъди хомӯш шудани ҷанги шаҳрвандӣ то қариби солҳои 2000-ум баъзе аз гурӯҳҳои ҷиноятпеша дар шаҳри Душанбе, Кӯлоб ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ буданд, ки рӯирост ба тартиботи ҷамъиятӣ  ва осоиштагии мардум халалдор месохтанд, ки хушбахтона, бо устувор гардидани мавқеи давлату Ҳукумат ин мушкилотҳо бартараф гардиданд. Ҷиҳати таъмини волоияти қонун ва таъмини амнияту осоиштагӣ дар мамлакат он нафароне, ки ба амалҳои ҷинояткорона даст мезананд, дар доираи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷинояти содирнамудаашон ҳатман ҷавоб хоҳанд гуфт. Дар ин миён наҳзатиҳои лаънатӣ низ кӯшиш доранд бо дахолати худ вазъро муташаниҷ кунанд ва ҳатто рӯирост аз ором шудани вазъ дар Бадахшон нигаронӣ кардаанд, ки ин дигарбора аз ғулому зархарид будани ҳамаи наҳзатиён шаҳодат медиҳад.

 

Бояд ёдовар шуд, ки ҳангоми сафари Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳои вилоят Бадахшон дар соли ҷорӣ дар маҷмуъ 20 адад иншооти таъиноти гуногун бо маблағи зиёда аз 890 миллион сомонӣ аз манбаъҳои гуногуни маблағузорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд ва ё ташаббуси навбатии Пешвои муаззами миллат ҷиҳати таҷлили 28-уми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази вилоят шаҳри Хоруғ, ки боз як намунаи қадршиносии Сарвари давлат нисбати сокинони ин минтақаи баландкӯҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад.

Ҳамчунин, ба хотири истиқболи арзанда аз 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон дар вилоят бунёду азнавсозии 90 иншооти таъиноти гуногун бо маблағи зиёда аз 2 миллиард сомонӣ дар назар аст, ки дар ин росто барои истиқболи сазовор аз ин ҷашни таърихӣ ва рушду пешрафти шаҳру ноҳияҳои вилоят Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, вусъати корҳои созандагӣ, таъмини волоияти қонун, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд, ки аз таваҷҷӯҳи хоси Пешвои муаззами миллат ба рушду ободонии ин гӯшаи дурдасти кишвари соҳибистиқлоламон гувоҳӣ медиҳад.

Дар охир гуфтаниам, ки моро беш аз пеш зарур аст ҳамчун соҳибватанони асил барои устувор нигоҳ доштани пояҳои давлатдорӣ ва ҳифзи ваҳдату субот дар ҷомеа атрофи сиёсати хирадммандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зичтар муттаҳид гардида, ҳаргиз фирефтаи таблиғу ақидаҳои бардуруғ нашавем ва бо нишон додани амалҳои созанда дилу дидаи ҷаҳониёнро тасхир созем.

Фарзонаи Эраҷ,

унвонҷӯи қафедраи барномерезӣ ва низомҳои иттилоотӣ

 

 

Аз мусоҳабаи охирини роҳбарияти ТЭТ ҲНИ, М. Кабирӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимомӣ паҳн гардидааст, ошно гаштам. Ва бо тамоми он маълумотҳо ва донистаҳои хеш бобати фаъолияти ин намояндаҳои наҳзатиҳо, ҳамаи гуфтаҳои Кабириро маҳкум менамоям. Дар асл Кабирӣ бо кадом ақлу заковаташ гуфтааст, ки: «Агар бихоҳем ин мавзӯъро дар як ҷумла хулоса кунем, бояд решаҳои ҳодисаи сентябри соли 2015-ро дар рафторҳо ва тасмимоти Раҳмон байни солҳои 2010 то 2015 ҷустуҷӯ кард. Танҳо омили таҳриккунандаи Раҳмон барои ин рафтору тасмимот тарс буд ва ҳанӯз ҳам ин омил рафторҳои вайро таъйин мекунад». Ва боз дар идомааш номи кадом як «бошахситон» - ро номбар карда гуфтааст, ки: «Аммо Яъқуб Салимов, Ғаффор Мирзоев ва Назарзода женеролҳои бошахсият буданд. Барзу Абдурраззоқов сиёсатмадор нест, руҳонӣ ҳам нест ва пуле ҳам надорад. Як коргардони бе саҳна, бе теотр ва саргардон аст. Аммо Раҳмон аз ӯ метарсад».

«Ҷаноб» - и Кабириро лозим меояд, ки бори дигар аз ҳама ҷанба то чи андоза бошахсияту бо ҳуввият будани Пешвои муаззами кишварро омӯзад. Тавре, ки дар боло номи он «бошахсиятон» -хоину бародаркушро номбар кардам, на танҳо Эмомалӣ Раҳмон балки ягон шаҳрванди баору номуси миллат, бо чунин нохалафону афомфиребон дар як саф истодан намехоҳанд. Аз ҳамин лиҳоз барои Пешвои миллати чи зарурату ҳоҷат аст, ки ба мисоли генерали хоину ватанфурӯш Абдуҳалим Назарзода ва чанди дигар хоинон тарсад. Кабирӣ суханонро бояд гӯи, ки касе ба он бовар кунад. Охир ту кӯдак нестӣ – ку? То бигуӣ, ки аз ину аз он ӯ метарсад.

Дар кадом ҳамин номбурдаҳоят дараҷаи бошахсияти дидаӣ? Дар асл ҳатто дида ҳам наметавонӣ чун ту худ ягон ҳисси мардигарию бошахсияти нодорӣ. Агар ин хислатҳоро медоштӣ, имрӯз алайҳи ватани худ намебаромадӣ. Гузашта аз ин ҳазорон нафари дигарро муқобили давлату миллат намесохтӣ. Айнан мисли ҳамин изҳороти додаат.

Пешвои миллат, зумрае аз онҳо нест, ки ту фикр кардаӣ. Дар масъалаи тӯдаи одамон бошад, бояд ҳушдор диҳам, ки ҳар ташрифи Пешвои миллат ба ҳар минтақа як рӯзи ид аст. Иде, ки фаромӯш намешавад. Ин суханони ту ҳамаи аз кинаву ҳасодат аст, чун туро дар ягон ҷое чунин пазироӣ накардаанд, шояд дар анҷумани оилаат низ ба чунин пазируфтагӣ ноил нагардидаӣ.

Холиқов М.М.

омӯзгори калони кафедраи А ВА ИН

Маводи навбати наҳзатиён вобаста ба авзои сиёсии Бадахшон интишоршуда бозгӯи он аст, ки дастандаркорони ин «паймон» дар либоси дӯст ва ғаразҳои сиёсӣ мехоҳанд бо ҳар роҳу восита мардуми ин минтақаи Тоҷикистонро ба гирдоби балоҳои солҳои 90-уми асри пор баранд. Яъне заҳри ҷонкоҳи худро мехоҳанд ба бадани миллат ворид карда, кишварро дубора мисли солҳои навадум фалаҷ созанд.

Ба ибораи дигар чун диданд, ки рӯи рост мардуми Бадахшон даъвати оммавии онҳоро барои ноором кардани вазъ қабул надоштанд, роҳи дигарро пешаи худ карданд. Яъне, бо роҳи хушомадгӯӣ худро ватандӯсту  мардумсолор нишон дода, мехоҳанд ҳадафҳои ҳангомасозу разилонаашонро дар Бадахшон пиёда созанд.

Ҳатто ин хоинон руйдодҳои солҳои 90-умро бо мавқеъгирии хоси сиёсӣ истифода бурдан хоста, ба ақидаи онҳо «хомӯш ва бетараф истодан»-ро дар баробари рӯйдодҳо ва тадбирандешии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «хиёнат» арзёбӣ менамоянд.

Нодида гирифтани ҳуқуқу манфиатҳои кулли мардуми осоиштаи Бадахшон  ба хотири 5-6 дузду авбоши мисоли худашон бозгӯи хиёнаткорию манфиатҷӯии ин тоифа фарзандони фурӯхташудаи миллатанд.

Аз мутолиаи маводи сар то по ғаразнок як ақидаи носолиму муғризонаро  нодида гирифтан ҳеҷ имкон надорад. Зеро ин хоинон бо истифодаи  ибораҳои «ветеранҳои ҷанги шаҳрвандӣ»-ю «фронти халқӣ» таваҷҷуҳи хонандаро ба қисматҳо ҷудосозии минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон равона сохта, бо роҳи тафриқаандозӣ дар ҷомеа мардуми Хатлону Бадахшон, Рашту Суғдро ба ҳам шӯр андоҳтан мехоҳанд.

Онҳо дар ин баёния ҷор мезананд, ки дар сурати густариши тадобири амниятӣ дар Бадахшон роҳпаймоиҳоро дар калонтарин  шаҳрҳои Аврупо роҳандозӣ менамоянд. Вале, як  чизро нодида мегиранд, ки ба 10-15 нафар аъзои Паймони Миллии Тоҷикистон наметавонанд миллат сохт. Мазмуни миллат шумораи 10-15 нафар шаҳрванди асолатбохта нест.

Нодида гирифтани талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди волоияти қонун дар Бадахшон ва бо роҳи осоишта ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ дар ин ҷузъи ҷудонашавандаи Тоҷикистон бори дигар баёнгари аъмоли манфуронаи ин «паймон» боқӣ мемонад.

Умуман вокунишу баёнияи Шумо хоинон дар ҷомеаи мардумсолории Тоҷикистон дигар мақому мартаба надорад. Зеро мардуми Тоҷикистон аллакай роҳи худро интихоб кардаанд. Роҳи рушду  инкишофи  ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат бо меҳнати аҳлона ва бе мавҷудияти ягон «паймон».

 

 

Дар   воқеъ,  имрӯзҳо  миллати  тоҷик  баъ  аз  ба  даст  овардани  Истиқлолияти  давлатӣ  ва  Ваҳдати  миллӣ  тавонистааст  ба  дастовардҳои  назаррас  ва  намоён  ноил  гардад.

Самараи  Ваҳдати  миллӣ  пеш  аз  ҳама  дар  кишвари  мо  ин  оромӣ, сулҳу  субот  ва  зиндагии  шоистаи  мардум  мебошад.

Бо  кӯшишу   талошҳои  фарзандони  фарзонаи  ин  миллат ,  хусусан  талошҳои  шабонарӯзии  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати   миллӣ , Пешвои  миллат , Президенти  маҳбуби  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  таи  солҳои  соҳибистиқлолӣ  дар  кишвари  мо  сулҳ  пойдор  гардид

Аммо  имрӯзҳо  ҳастанд  нафароне, ки  аз  сарҷамъ  гардидани  миллати  тоҷик, сулҳу  субот  ва  оромии  ин  кишвар  ва  ба  пешравиҳои  иқтисодиву  иҷтимоии  он  кинаву  бадбинӣ  дошта , миёни  аҳолии  сулҳпарвар  ва  меҳнатдӯсти  тоҷик  бо  ҳар  роҳу  восита  тафриқаандозӣ  менамоянд.

Яке  аз  чунин  курнамакон  гурӯҳи  наҳзатиёни  хоин  мебошанд  , ки  куфри  неъмати  озодиву  истиқлол  намуда, ғуломи  бегонаҳо  гаштаанд.

Бештар  ин  тафриқаандозиҳоро  тариқи  шабакаҳои  иҷтимоӣ  он  хоиноне  анҷом  медиҳанд , ки  дар  давлатҳои  хориҷ ,  хусусан   Аврупо  сукунат  дошта,  зархариди  хоҷагони  бадхоҳӣ   миллатамон  гаштаанд.

Наҳзатиён  нангу  номусашонро  фурӯхта,  имрӯзҳо  дар  пайи  гумроҳ  кардани  дигар  ҷавонони  бетаҷриба  мебошанд.

Аммо  имрӯз  миллати   тоҷик  бо  роҳбарии  Пешвои  миллат  ва  фарзандони  боору  номусаш  тавонистааст , ки  дар  таърихи  наонқадар  дарози  соҳибистиқлолӣ  як  зиндагии  шоистаро  барои  худ  аз  ҷиҳати  иқтисодиву  иҷтимоӣ  ва  фарҳангӣ  барпо   намояд.

Таърих   ба  ҳама  суолҳо  ҷавоб  дорад.

Бо  гузашти  ду  даҳсола  аз  итмоми  ҷанги  шаҳрвандӣ  вокеиятӣ  он  рӯзҳо  ба  ҳамагон  аён  аст , ки  аз  сӯйи  собиқ  масъулони  ташкилоти  террористӣ – экстремистии  ҳиби  наҳзат  боз  ба  сари  мардуми  тоҷик  нооромиҳоро  мехоҳанд  ташкил  кунанд.

Пайваста  тавассути  маводи  иғвоангезон  бар  сари  миллати  тоҷик  ва  намояндагони  давлату  Ҳукумат  борони  тӯҳматҳо   мерезанд ,  баҳсу  мунозираҳо  карда, баромадҳои  бемаврид  ва  бемазмунро  баён  менамоянд.

Махсусан  ҳамин  паймонсозиҳои  маҳзакавиашон  нишон  дод, ки  дигар  дар  хориҷи  кишвар  ҳам  обруву  эътиборашонро  аз  даст   доданд.

Ин  наҳзатиён, хусусан  ифротгароён  дар  тасаввуроти  ҷавонони  мо  тамаддуни  исломиро  нодуруст  шарҳ  дода, дар  маҷмӯъ  дар  назди  кулли  мусулмонон  беэътибор  гардидаанд.

Ба  афроде , ки  миёни  мардум  тафриқаандозӣ  менамоянд , бояд  расонем , ки

« Бори  каҷ  ҳеҷ  гоҳ  ба  манзил   намерасад »  ва  барои  ҳамватанони  азиз  чӣ   гунае  , ки  Роҳбари  давлатамон  мӯҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ҳамеша  қайд  менамоянд , аз  даст  надодани  зиракии  сиёсиро  лозим  мешуморем.

Онҳо  бо  ҳар  роҳе  набошад  мекӯшанд , ки  садди  роҳи  зиндагии  хушбахтонаи  мардум  гарданд.

Вале  ҳама  кӯшишҳои  онҳо  барбод  рафт  ва  тирашон  хок  хӯрд.

Наҳзатиёни   лаънаткардаи  халқ  чун  ҳар  ташкилоти  дигари  террористӣ – экстремистӣ   ҳадафи  дар  Тоҷикистон  ноором  сохтани  вазъи  сиёсиро  доранд , ки  мардуми  бофарҳангу  қавииродаи  мо  инро  хуб  медонанду  бар  зидди  ин  хоинони  миллат  ҳамеша  мебаранду  хоҳанд  бурд.

Аҷиб    ин  аст, ки  ҳамин  наҳзатиён  мехоҳанд  ҳамеша  ваҳму  тарсро  ба  сари  миллати  мо  гузоранд.

Аммо   сулҳу  ваҳдат  орзуву  омоли  кулли  мардуми  кишвар  аст , мо  ҷавонмардон  намегузорем , ки  чунин  нохалафон  боз  дубора  ба  сари  халқи  мо  мақсадҳои  ғаразноку  душманонаи  худро  амалӣ  созанд.

Мо  ояндаи  неки  давлату  миллатро  дар  суботу  оромӣ  мебинем  ва  Тоҷикистони  биҳиштосои  худро  ҳамчун  гавҳараки  чашм  аз  нохалафони  беватан  ҳифз  менамоем.

Мирзо Соҳибназаров,

устоди ДПДТТ,

унвонҷӯйи кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ

Моҳҳои охир мавзӯи асосии наҳзатиён ин ба авзли сиёсии Бадахшон равыона карда шудааст. Наҳзатиён  ё бо номи дигар узви созмони «Паймони миллӣ» бо ин амали худ мехоҳанд ба обрӯи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ латма ворид созанд. Бо ин вуҷуд бозиҳои сиёсиро роҳандозӣ карда фаромӯш намудаанд, ки халқи тоҷик сабақи хуби таърихиеро аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба худ гирифта, дар фарқ аз чор наҳзатии хоину ватанфурӯш,  бар ватани худ содиқанд.

Бо дарназардошти чунин натиҷагириҳо, ки аз таҳлилҳо ва амалҳои худхоҳонаи гурӯҳҳои манфиатҷӯ бармеоянд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ кушиш намуданд ба ғаразҳои нопоки худ расанд, аммо иродаи матини халқи ватандӯсту ватанпарвар, дорои ҳуввият ва шуҷоати миллӣ таҳти сарварии фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нагузошт, ки амалҳои бадхоҳонаи худро дар ин сарзамин пиёда намоянд. Замоне расидааст, ки гурӯҳҳои бадхоҳи миллат даст боло бардошта иқрор шаванд, ки ин халқу миллат ҳеҷ гоҳ сар хам намекунад ва иҷозат намедиҳад, ки пойи нохалафе ба хоки ин сарзамини аҷдодӣ ва соҳибтамаддун гузошта шавад. Аз дур истодану санги маломат партофтан ба давлату миллат ва роҳандози намудани баҳсҳои иттилоотӣ ба ҳеҷ ваҷҳ ба онҳо дигар манфиатеро намеорад, зеро халқи Тоҷикистон акнун чеҳраи аслии онҳоро медонад ва фирефта ба амалҳои онҳо намегардад, баръакс ҳар қадаре, ки онҳо тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳо санги маломат мезананд, эҳсоси ватандӯстии халқи Тоҷикистон ҳамон қадар боло меравад ва нафраташон ба онҳо зиёда мегардад. 

 

Нынешним летом мы собрались как-то посидеть с друзьями. Как обычно, разговор зашёл о политике, и все, как заправские политики, начали комментировать те или иные события. Один из наших товарищей выдал неожиданную для нас новость. По его словам, недавно он был в Хороге и наблюдал полнейшее безвластие: машины ездили без номеров, с затемнёнными окнами, все проблемы с ДТП решали не работники ГАИ, а криминальные авторитеты. Мы были чрезвычайно удивлены, но подумали, что это розыгрыш, и не придали услышанному значение. Но, к сожалению, информация была правильной. Об  этом стало известно позже после поездки Лидера нации, ПрезидентаТаджикистана Эмомали Рахмона в Хорог.

Выступая перед областным активом, Эмомали Рахмон выразил недовольство работой местных властей и поинтересовался у председателя, почему они не могут справиться с организованной преступностью, наркотрафиком и изъять незаконно хранящееся оружие.

Подвергнув резкой критике ситуацию с правопорядком в ГБАО, в частности, в Хороге, глава государства заявил, что лично будет контролировать выполнение распоряжений по борьбе с криминалом в Хороге. «Хватит! Если будет необходимо, для борьбы с преступными группами используйте вооружённые силы», поручил он.

После критики президента в ГБАО были сменены руководители силовых и правоохранительных органов. Тогда же в Хороге были установлены несколько дополнительных постов силовиков.

Как отмечает Нурулло Курбанов, автор ряда статей о современном Памире, жители этого региона исповедуют исмаилизм и имеют довольно высокий уровень этнического самосознания. По словам научного сотрудника Института востоковедения РАН Азиза Ниязи, «исмаилиты Памира – самая сплочённая часть населения Таджикистана».

Подумалось, почему бы, имея такую сплочённость, не направить её на поддержание правопорядка, честной и спокойной жизни!? «...Сильное чувство общинной солидарности базируется на традиционной структуре исмаилитской организации и на широко разветвлённых родственных связях жителей разных районов ГБАО». Но почему же население, имея в наличии такие ценности, не выступило против беззакония в области, не стало устраивать массовые митинги против организованной преступности, наркотрафика, незаконно хранящегося оружия!? Напротив, под руководством криминальных структур оно выходит на организованные митинги против законной власти, участвует в различных провокационных действиях. Неужто не понятно, что мы живём в одном правовом государстве, и никому не позволено переступать закон!?

У нас и ранее бывали попытки, когда криминальные структуры незаконным путем пытались встать у власти. Но это, к счастью, не увенчивалось успехом.

Считаю, что наше правительство обязано выполнить задачу, возложенную на него главой государства. Для этого, на мой взгляд, оно выбрало оптимальный вариант решения проблемы. Спокойно и уверенно, без нажима и окрика наводится порядок в своём отечестве. Поэтому не нужно впадать в истерику честным и законопослушным гражданам ГБАО, а следует выполнять законные требования законных властей. Этого требует народ нашей республики, за этим внимательно следят и наши друзья и соратники из ОДКБ, ШОС.

В заключение я приведу фрагмент комментария в оригинале на таджикском языке, написаннымодним из читателей статьи о событиях в ГБАО на сайте «Фергана»: «... Конун барои хама конун аст, дар Помир конун дига дар Душанбе дигар нест. Дар хар як кунчи ватанамон давлат хак дорад пост монад то конуни конститутсионии Точикистон риоя карда шавад» (Закон для всех закон, не может быть на Памиреодин закон, а в Душанбе другой. Государство имеет право поставить пост в любом месте нашей родины, чтобы соблюдали конституционные законы Таджикистана). Добавить нечего!

Солиев З.Т,

доцент кафедры иностранных языков

Худжандского политехнического института

Дар зиндагии инсоният низ шахсонеро вохурдан мумкин аст, ки аз нооромиҳо истифода бурда ба қавле худашон шоҳ ва таъбашон вазир ҳисобида даст ба амоли бад зада андеша намекунанд, ки ин амалҳои зишти онҳо рӯзе саволу ҷавоби худро дорад. Дар шабакаҳои интернети маводе бо номи «Лидерони Бадахшон хостори мулоқот бо Президент шудаанд» паҳн гардид, ки гӯё чаҳор нафар аз лидерон ё раҳбарони ғайрирасмии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Толиб Айёмбеков, Ёдгор Мамадасламов, Мунаввар Шанбиев ва Зоир Раҷабов – бо дархости мулоқот бо президенти Тоҷикистон аз Хоруғ ба Душанбе омадаанд ва гӯё ҳадафи онҳо мулоқоти боз ва рӯ ба рӯ бо раиси ҷумҳур дар бораи вазъи кунунии Хоруғ аст. Дар мулоқот бо мардуми Хоруғ нисбат ба лидерон ҳарфҳои ноҷо рафта ва номашон "сиёҳ" карда шудааст. Инҳо мехоҳанд, собит кунанд, ки дар асл чунин нест." Кас дар ҳайрат мемонад, ки ин шахсон паҳн кардани чунин хабарҳои бардурӯғ ба манфиати кист. Маводҳое, нисбати саркардагони роҳбарони ғайрирасмии Бадахшон аз тарафи сохторҳои қудратии мамалакатамон чамъ оварда шудааст, бас нест, ки боз агар ба шарте, ки ин гап рост бошад, ин ашхосон барои худсафедкунӣ ба Душанбе омада бошанд. Қаблан мақомоти интизомии Тоҷикистон раҳбарони ғайрирасмии вилояти мухтори куҳистони Бадахшонро ҳафт нафар ва “саркардаҳои гуруҳҳои ҷиноӣ” дар Хоруғ эълон карда буданд.

Рӯзи 22-юми октябр расман ба онҳо огоҳинома супурда шудааст, ки аз авбошиву таҳқири намояндаи ҳукумат, “сходка” ва қочоқи силоҳу маводи мухаддир даст кашанд, “вагарна нисбат ба онҳо аз чораҳои ҳуқуқӣ кор гирифта хоҳад шуд”. Ва онҳо хуб медонанд, ки дар ҳолати даст задан ба амалҳои номатлуб онҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Лекин ба фикри банда ин дурӯғи маҳз аз тарафи душманони миллати миллат боз як найрангии навбатии онҳо мебошад ва бо ин роҳ боз мехоҳанд, ки вазъи ороми кишварро халалдор намоянд. Ба душманони миллати гуфтани ҳастем, ки аз пашша фил насозанд.Онҳо фикр намекунанд, ки халқи тоҷик як роҳбар ё як  лидер дорад, ки барои пешравию гулгулшукуфии Ватани азиз мо шабу рӯз заҳмату меҳнати зиёд намудаасту самари онро мо ҳамарӯза мебинем ва ин ҳам бошад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

 

Ноором будани як гӯшаи Тоҷикистони азиз боиси ноором гардидани авзои сиёсии тамоми кишвар, зери суол рафтани сулҳу салоҳ ва якпорчагии он хоҳад гашт. Ба хотири таъмини амнияти кишвар имрӯзҳо дар Бадахшон ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният фаъолият дорад. 

Аммо бо камоли таассуф, бархе нафарони пайдо шуданд, ки моҳияти ин фаъолияти сохторҳои қудратиро, ки барои пешгирӣ ва ошкорсозии ҷиноятҳо сафабар шудааст, дуруст сарфаҳм нарафта, сару садоҳҳои бардуруғро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда, ҳатто ин иқдомро “лашкаркашӣ” унвон намуданд.

Ба он натиҷае, ки Ситод байниидоравии мақомоти таъмини амният дар вилоят дар муддафи фаъолияти як моҳаи худ ноил гашт, метавон дилпурона гуфт, ки ситоди мазкур танҳо бораи таъмини амнияти аҳолии осоишта дар ин минтақаи дурдастӣ мамлакат ташкил гардидааст, на чизе дигар.

Бояд ёдовар шуд, ки ҳангоми сафари Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳои вилоят Бадахшон дар соли ҷорӣ дар маҷмуъ 20 адад иншооти таъиноти гуногун бо маблағи зиёда аз 890 миллион сомонӣ аз манбаъҳои гуногуни маблағузорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд ва ё ташаббуси навбатии Пешвои муаззами миллат ҷиҳати таҷлили 28-уми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази вилоят шаҳри Хоруғ, ки боз як намунаи қадршиносии Сарвари давлат нисбати сокинони ин минтақаи баландкӯҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад.

Дар охир гуфтаниам, ки моро беш аз пеш зарур аст ҳамчун соҳибватанони асил барои устувор нигоҳ доштани пояҳои давлатдорӣ ва ҳифзи ваҳдату субот дар ҷомеа атрофи сиёсати хирадммандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зичтар муттаҳид гардида, ҳаргиз фирефтаи таблиғу ақидаҳои бардуруғ нашавем ва бо нишон додани амалҳои созанда дилу дидаи ҷаҳониёнро тасхир созем.

 

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ташкилоти террористии наҳзат бо терраризм ва ифротгароӣ решапайванди азалӣ дорад ва аз ин мақсади нопоки худ гаштанӣ нестанд. Роҳбарони фирории ҳизбӣ мамнуъгардидаи терористӣ дар ҳудуди кишварҳои аврупоӣ ҳамеша талош меварзанд, ки аз неруи бузурги ҷавонони тоҷик, чӣ дар ватан ва чӣ дар хориҷи он барои амалӣ намудани мақсадҳои нопоки худ истифода баранд.

Гурӯҳҳои ифротгаро талош доранд, ки ба ақидаҳои фанатикии худ занону духтарон ва ҷавононеро, ки имрӯзҳо аз фарҳанги миллӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва афкори дурусти ислом пурра огоҳӣ надоранд, ба сӯи худ ҷалб намоянд. Бинобар ин дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани насли ҷавон, яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи мо дониста мешавад.

Тамоми шаҳрвандони ҷумҳуриро зарур аст, ки бар зидди нақшаҳои харобкоронаи террористон, хусусан аъзои ташкилоти террористии наҳзат дар ҳамбастагӣ мубориза бурда, иҷозат надиҳанд, ки ин душманони миллат дубора сабабгори ҷангу низоъ дар кишвари биҳиштосоямон гарданд.

Барои решакан кардани ин вабои аср – терраризм ва экстремизм, махсусан ҷавонон, ки неруи қавии ҷомеа мебошанд, бояд дар сафи пеши мубориза қарор дошта бошанд.