Ҷомеа ҷаҳонӣ аз исломпарастии бемавқеъ воқеан ҳам ба танг омадаанд. Бадбахтиаш он аст, ки кувваҳои мараказгурез дар гӯшаву канори ҷаҳон аз номи Ислом бар зидди ислом мубориза мебаранд. Магар мусулмони ҳақиқӣ ҷои ибодатгоҳро метарконаду ба ҷони даҳҳо бегуноҳон ҷабр месозад. Ҳар он ҳаракату ҷунбишҳое, ки гӯё решаи исломӣ доранд, то ҷое иттилоъ дорам барои паст задании дини мубини ислом кор бурда истодаанд. Мутаассифона шеваи кори ҲНИ ки дар Тоҷикистон фаъолият мебурд,  ҳамонгуна аз решаи  чунин ҳаракатҳо об мехӯрад ва мавҷудияти он хатари азимест ба аҳли башар.

Рӯз аз рӯз фош шудани дафтари аъмоли саркардаҳои ХНИ ва дубора баргаштани онҳо бa Вaтaн бори дигар собит намуда истодааст, ки ин ҳизб дар фаъолияти худ ба хатогиҳои азиме роҳ додааст. Худ қазоват кунед, вақте давлат кафолати озодона фаъолият бурдани ин ҳизбро дар қатори дигар ҳизбҳо дод, сарварони онҳо бо эҳсоси мардум бозӣ намуданд. Масҷидро ҷои таблиғоти худ шуморида, мусулмононро ба тафриқа ҷудо намуданд. Ҳатто ошкоро фатво доданд, ки ба ҳизби наҳзат шомил нашудани шаҳрвандон кофирии онҳоро исбот мекунад. Магар ин аз рӯи имону виҷдон аст. Мо ин амалҳои онҳоро маҳкум менамоем.

Вақте  Кабирӣ ҳини вохӯрӣ бо шаҳрвандони вилоят дар арафаи интихоботи соли 2015 аз ростину воқеъбин будан сухан мекард, кас гумон намекард, ки як нафар олими пешрафта фардо аз пушт табар мезанад. Охир дар интихобот маҳбубият пайдо накардани ҳизби онҳо ба фаъолияташон вобаста буд. Пас аз силсилаи мақолаҳо дар бораи дирӯзу имрузи ҲНИ рости дилам аз чунин «инсонҳои садоқатпеша» монд, ки монд. Хуни ҳазорон бегуноҳон дар гардани лашкаркашони ҲНИ мемонад.

Вақте дар сомонаҳои «Ахбор.сом», «Паём нет» ва дигар сомонаҳои иғовоангез навиштаҳои мубаллиғони ҲНИ Саидюнуси истаравшанӣ, Маҳмудҷони Файзраҳмон ва дигаронро мехонам, ангушти ҳайрат мегазам, ки то кадом андоза онҳо вафодори хоҷагони худ ҳастанд. Охир хоҷагони онҳо чандин нафарони азизи худро ин ҷо партофта думро хода карда худро дар мамлакатҳои Аврупо паноҳандагӣ мегиранд. Агар воқеан ҳам онҳо мехоҳанд, ки ҳақиқат ғалаба кунад, биёянд исбот намоянд, ки онҳо бегуноҳҳанд. Имрӯз тавассути ҷанги иттилоотӣ мехоҳанд кишвари рӯ ба пешравии моро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ сиёҳ кунанд. Аммо ин номумкин аст. Пуштибони давлат халқи ваҳдатшиор аст.

Хатарҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ моро ҳушдор медиҳад, ки беш аз пеш ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем. Ростӣ чанд сол пеш аз моҳият ва ҳадафҳои ҳизбҳои сиёсии дар кишварамонбуда умуман хабардор набудам. Чеҳраи манфури ҲНИ-ро пас аз ҳодисаҳои сентябри соли 2015 шинохтам. Шахсан мо ҷонибдори ҳизбе ҳастем, ки манфиатҳои мо ҷавононро ҳимоя намояд на ба гумроҳиву ҷоҳилият бубарад. ҲНИ дар ҳама садо баланд мекунад, ки дар сафҳояш ҷавонон зиёд буданд. Аммо ман ҷавононҳоро намебинам. Он ҷавононе, ки будан руҳан ҷавонон буданд, ботина онҳо пиранд. Зеро таълимоти наҳзатиён маҳз чунин буд.

Гирдиҳaмоии нaвбaтӣ ин як сaҳнaи мaзҳaкaи нaҳзaтиён aст, ки гумон мекунaм ҳунaрмaндони он нaқши қaвӣ дaр он нaдорaнд. Бо ҷaмъи 10 – 15 нaфaр думрaвони Кaбирӣ нaметaвон гирдиҳaмоӣ кaрд. Пaс онҳо ин бор низ шикaст хӯрдaнд.

Ҷaмшед Мaсaидов, мудири бaхши кор бо ҷaвонони ДПДТТ

Ҷомеаи меҳнатии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ барои амалӣ сохтани ҳадафҳои созандаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди коҳиш додани сатҳи амалҳои коррупсионӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад. Роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ дар донишкада яке аз муҳимтарин самтҳои фаъолият маҳсуб гашта, дар донишкада аз рӯи “Нақшаи чорабиниҳои донишкада доир ба стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” муташаккилона корбарӣ бурда мешавад. 

Бо мақсади боз ҳам бештар огоҳ гардидани ҷавонон аз оқибатҳои ин амали номатлуб санаи  8 декaбри соли рaвон дар толори донишкада бахшида ба 9 декабр – Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия бо иштироки сардори шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар вилояти Суғд, подполковники адлия Зарифӣ Дилшод Неъматзода ва сардори шуъбаи ташкили кор, назорат ва иттилоотии Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дaр вилояти Суғд, капитани адлия Муҳаммадӣ Сӯҳроб Раҳмонзода бо донишҷӯён вохӯрӣ баргузор гардид.

Муовини директор оид ба тарбия Зaриф Довудов  чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр дошт, ки  мутаассифона, имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро дар баробари хатарҳои терроризму экстремизм, ҳамчунин амалҳои ришваситонӣ ё ба истилоҳ коррупсионӣ ба ташвиш овардааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои зиёди худ, алоҳида дар бобати муборизаи ҳамагонӣ бар зидди коррупсиониро яке аз унсурҳои пешрафтаи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дониста, таъкид ба таъкид ҳамагонро барои решакан намудани ин доғи сиёҳи ҷомеа даъват менамоянд.

Қобили зикр аст, ки ҷомеаи меҳнатии донишкада ҳанӯз аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ барои барҳам задани ин вабои аср кӯшишҳои зиёде ба харҷ медиҳанд. 

Зарифӣ Дилшод Неъматзода дар мавзӯи “Вазъи содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионӣ дошта ва роҳҳои пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ” сухан намуд. Қайд гардид, ки Раёсати агентӣ дар вилояти Суғд тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 ва дар асоси нақша чорабиниҳои асосии Агентӣ ва Раёсат барои нимсолаи дувуми соли 2018, супоришҳои бандҳои Протоколи ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Агентӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Дар самти мубориза бо коррупсия, дар ин давра 483 ҷинояти коррупсионӣ  ва иқтисодии характери коррупсионӣ дошта ошкор карда шуд. Ҳамчунин аз ин шумораи умумии ҷиноятҳои ошкоршуда (173) ададашро ҷиноятҳои вазнин ташкил медиҳад. Маблағи зарар аз рӯи онҳо 64.4 (49,4) млн. сомонӣ буда, то ба имрӯз – 43,4 млн. сомонӣ рӯёнида шудааст, ки 67,4%-ро ташкил медиҳад. Дар ин давра 74 ҷиноят вобаста ба замин ошкор ва ба қайд гирифта шуда, дар ин давра ба масоҳати 2,05га қитъаҳои замини   ғайриқонунӣ тақсимгашта ба ҳолати аввала баргардонида шудаанд. Дар самти пешгирии коррупсия, дар давраи ҳисоботӣ  ба маблағи - 260 500 сомонӣ ҷарима рӯёнида шуд. Инчунин дар ин давра аз тарафи кормандони Раёсат – 9 ҳолати хизмати якҷояи хешовандони наздик, ки бар хилофи талаботи модаи 9-и Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва «Дар бораи хизмати давлатӣ» мебошанд, ошкор ва бо андешидани чораҳои қонунӣ бартараф карда шудааст.  

Кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд минбаъд низ баҳри расидан ба натиҷаҳои назаррас вобаста ба ошкор ва пешгирӣ намудани содиршавии амалҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусиятҳои коррупсионидошта фаъолияти худро тақвият бахшида, вазифадор карда шуданд, ки баҳри таъмини сиёсати давлат дар ин самт чораҳои заруриро татбиқ намоянд.                  

Муҳаммадӣ Сӯҳроб Раҳмонзода дар мавзӯи “9-декабр рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия” сухан намуд.  Қайд гардид, ки  барои пешгирӣ аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва муборизаи беамон бо коррупсия 31-уми октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди коррупсия қабул карда шуда, 9 декабри соли 2003 дар шаҳри Меридаи кишвари Мексика дар Конфронси сиёсии сатҳи баланд бо иштироки намояндагони зиёда аз 100 давлати иштирокчӣ кушода эълон гардид. Бо назардошти аҳамиятнокии масъалаи мазкур аз соли 2003 бо ташаббуси Маҷмааи кули Созмони Милали Муттаҳид 9-уми декабр ҳамчун рӯзи мубориза бо коррупсия дар тамоми ҷаҳон эълон гардид.

Конвенсия ҳуҷҷате мебошад, ки асосҳои ҳуқуқии пешгирӣ ва мубориза бо коррупсияро аз ҷониби давлатҳои аъзо ва меъёр самти фаъолиятро ба танзим медарорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуҷҷати мазкур 25-уми сентябри соли 2006 имзо гузоштааст ва аз ҷониби маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии кишвар 16-уми апрели соли 2008 тасдиқ гардид. Аз ин рӯ, тибқи муқаррароти модаи 10 Конститутсияи (Сарқонун) Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи мазкур, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф гардид, қисми таркибии низоми ҳуқуқии кишвар мебошад ва қонунҳои амалкунанда бояд мутобиқи талаботи он мувофиқ гардонида шаванд.

Вобаста ба ин санаи таърихӣ муддати 12 сол мешавад, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои муҳим доир намуда, таҷлили ин санаи байналмилалиро бо гузаронидани конфронсу машғулиятҳои илмию назариявӣ, чорабиниҳои таблиғотӣ, баргузории вохӯриҳо бо хизматчиёни давлатӣ, хонандагон ва табақаҳои гуногуни аҳолӣ мутобиқ ба талаботи Конвенсияи СММ ба таври мунтазам ба роҳ мондааст.

 

 Дар қисмати хотимавии чорабинӣ як гурӯҳ донишҷӯён вобаста ба фаъолияти Раёсати Агентӣ дар мавриди коҳиш додани сатҳи ришваситонӣ саволҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд. Зарифӣ Дилшод аз ҷомеаи меҳнатии донишкада даъват ба амал овард, ки бо Раёсати Агентӣ боз ҳам ҳамкориро зичтар намоянд, то дар якҷоягӣ баҳри кам кардани ин зуҳуроти номатлуб кӯшиш варзанд.

Бо ҳaмин чорaбинӣ aнҷом ёфт.

 Мо, устодони собиқадор мунтазам дар вохӯрию конфронсҳо, соатҳои тарбиявӣ хонандагонро бо моҳият ва «рисолати наҳзатиён» онҳоро ошно сохта, чеҳраи аслии «саромадони» ҳизбро ба дурустӣ  мефаҳмонем.   Кӯшиш ба харҷ медиҳем , ки хонандагони мо донанд,ки аз руйи ин амалҳои хатарнок ва номатлуб ҳамарӯза дар ҷаҳон садҳо нафар одамони ҷони ширини худро аз даст медиҳанд, террористон ватан, дину оин ва мазҳаб надошта ҳадафи онҳо танҳо даҳшатфикани ва бо ин роҳ ба мақсади шуми худ расидан мебошад.

Хaбaри гирдиҳaмоии нaҳзaтиён “иқдоми нaвбaти”-и ҳaнгомaҷӯйии онҳо будa, бовaрии комил дорем, ки онро ягон фaрди солимaқл дaстгирӣ нaхоҳaд кaрд. Зеро мaқсaди гирдиҳaмоии онҳо бaрaнгехтaн кинaву aдовaт aст.

Ҳамаи мо ба қадри сулҳу суботу оромии кишвар расида, ҷавобан ба ғамхорию муҳаббати самимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тарбияи насли наврас дар руҳияи хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ, ватанпарастию донишмандӣ дучанд меҳнат карда саҳми босазо хоҳем гузошт.

Танҳо саводу дониши комил ва иродаи матину ватанпарастӣ метавонад моро дур аз ин гирдоби осебкунандаи ҷаҳон нигоҳ дорад.

Мо, устодон амалҳои  номатлубро маҳкум намуда барои пешравии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳиссагузор хоҳем шуд.

 

 

 

 

Асри 21 дар баробари рушди илму техника, ҳамчунин барои амнияти ҷомеа хатарҳои зиёде ба бор овард. Зеро барои гурӯҳҳои алоҳида, ки ҳадафшон ноором кардани ҷомеа мебошад, интернет воситаи зуд паҳн намудани  иттилоот гардидааст. Агар дар соли 2004 дар ҷаҳон ҳамагӣ 12 сомонаҳои террористиву эктремистӣ мавҷуд бошанд, пас соли 2011 ин рақам ба 4200 сомона расида, айни ҳол теъдоди ин гуна сомонаҳои манфиатҷӯ ба 10 ҳазор адад расидааст.

Мардуми сарбаланди тоҷик аз азал бофарҳангу бомаданият ва меҳанпарасту ватандӯст буд ва ин оини нек то ба имрӯз ба мо мерос мондааст. Имрӯз тамоми мардуми Тоҷкистон дар атрофи Пешвои муаззами хеш сарҷамъ омада, баҳри пойлдор намудани сулҳу субот, якдиливу якзабонӣ ва тинҷиву ориомии кишвар талоши беш аз пештара намуда истодаанд.

Ин «гирдиҳамоии бузург»- и наҳзатиҳо низ яке аз ин ҳадафи ғаразнокест, ки алайҳи миллати тоҷик, аалайҳи кишвари мутамаддину соҳибистиқлоли тоҷик ба нақша гирифта шудааст. Рӯ то рӯз мо ба санаи амиқкардаи мухолифон наздик шуда истодаем ва хоҳад дидем, ки наҳзатиҳо дар митинги «бузург» - ашон кадом «бузургон» - ро ҷамъ мекунанд. Ба ҷуз ғуломони ТЭТ ҲНИ ва хоҷагони манфиатҷӯю ҷангҷӯй дигар касе иштирок намекунад.

Маврид ба зикри хос аст, ки имрӯз бояд ҳар кадом аз шаҳрванони баору номуси кишвар бо ҳисси баланди ифтихор аз Ватану ватандорӣ намуда, амалҳои номатлуби нафароне хиёнаткору бадрфторон ва кӯрнамаконро маҳкум намоем.

Хизмат ба ватан дар роҳи ҳақиқату адолат барои ҳар кадоме аз шаҳрвандони миллат шараф аст. Ҳимояи обрӯву нуфузи байналмилалии он бошад, вазифаи ҳар мардуми баору номуси кишвар маҳсуб меёбад. Имрӯ вазифаи ҳар кадоме аз насли ҷавону худогоҳ аст, ки қабл аз ҳама аз марзу буд аз арзишҳои миллии кишварамон ҳимоят намоянд. Нагузоранд, ки ин дастоварду пешравиҳои кишвари моро бархе аз бевиҷдодону беимонҳо пушти по зананд. Намояндагони ТЭТ ҲНИ, ки имрӯз ҳадафи асосии худро дар миллати мо мебинад ва алайҳи он ҳар гоҳ тӯҳмату бӯҳтони холӣ мезанад. Зеро чунин нафарони нохалаф ҳамеша дар нияти нобуд кардани ин сарзамин буданд ва то имрӯз бо ҳар роҳу равиш мехоҳанд мақсади нопокашонро амалӣ созанд.

         Худ қазоват кунед, ки ин бадкирдорон то ба даарҷае озодиву амнияти миллии моро намехоҳанд,ки барои озодии зиндониёни ҷинояткоре, ки моҳи сентябри соли 2015 барои барҳам додани фазои сулҳу ваҳдат саҳм гирифта буданд, гирдиҳамои ташкил ва баргузор карданианд. Ва аз шаҳрвандони тоҷик даъват мекунанд, ки тарафдори онҳо бошанд.

         Бовар дорам, ки чунин одамфиребиву иғвоандозии наҳзатиҳо дар гузашта монд. Мардум имрӯз фаҳмиданд, ки ин азҳоб чи гуна ташкилот ва барои киҳо кор мекунад. Инҳо танҳо пулпарасту манфиатхоҳананд ва барои бадаст овардани пули пучи хориҷӣён ахз баҳри Ватану миллаташон баромадаанд.

Бояд ёдовар шуд, ки имрўз ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мақсадҳои нопоку ғаразноки «муҳоҷирони сиёсӣ» огоҳ аст. Ин тоифа чашми бози дидани пешравиҳои сарзамини хешро надоранд ва дар кишварҳои хориҷӣ ба ҷойи баланд бардоштани парчами Ватан, ифтихормандию сарфарозӣ аз Сулҳу Ваҳдат ба туҳматноманависию дурўғу фиреб машғуланд. Тоҷикон халқи соҳибтамаддун ва дурандешанд. Ҳар яки мо бо роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намегузорем, ки фарзандони раҳгумкарда боз тири кину адоват ҷониби бародару хоҳари худ кашанд. Мо фиребхўрдагони солҳои 90-уми асри ХХ нестем ва барои мо Сулҳу Ваҳдат, якпорчагӣ, ҳамдилӣ, ҳамраъйӣ ва бахту саодати якдигар волотарин гавҳарест, ки сарнавишт насибамон сохтааст.

 

Кaримов. И. Р., устоди ДПДТТ дaр шaҳри Хуҷaнд

 

 

Мо, устодони фаъоли донишкада  дар посух ба мақолаҳои бӯҳтонангези мубаллиғони ҲНИ гуфтанием, ки бо ин навишатҳои ғаразноки хеш иродаи мардуми шарифи кишварро ба даст оварда наметавонед. Зеро онҳо аз ҳеҷ чи як чиз сохта, бо факту далелҳои дурӯғини худ, мехоҳанд тарафдорони нав пайдо кунанд. Аммо ҳар он «иқдоме», ки  онҳо мекунанд, бар зарари худашон аст. Ҷавононе, ки ба ин ҳизб бовар мекунанд, бояд донанд, ки онҳо танҳо барои манфиати худ, хифзи амнияти худ мубориза мебаранд. Тақдири пайравони ҳизб ба онҳо бефарқ аст. Имрӯз Кабирӣ ва дигар ёронаш дар кишварҳои пешрафтаи Аврупо бо маблағҳоихоҷагонашон ба қавле бо давлат ва Ҳукумати кишвар «ҷанги иттилоотӣ» бурда истодаанд.  

Ин амали ноҷавонмардонаро онҳо баҳри он анҷом дода истодаанд, ки Тоҷикистонро минбаъд майдони корузори террористону экстремистон гардонанд.

Мо қатъиян аз саркардаҳои ҳизб ва ҳаммаслаконашон талаб дорем, ки таҳрибкориро бас кунанд, обрӯи миллати тоҷдори моро дар арсаи ҷаҳонӣ нарезонанд. Ба навиштаҳои муғризонаи худ хотима бахшанд. Баръакс, нафарони ҳамсафу кӯрдили худро ҳушдор диҳанд, ки халқи шарифи кишвар дигар гумроҳиро ба гӯшаи фаромӯшӣ баранд. Мо якдил ва яктанем ва барои ободиву тинҷии мамлакатамон тифоқона кор мебарем. Ягон душман ҳақ надорад, ки бо қиммати ҷони ҳазорон-ҳазор ҷавонон, оҳу зори модарони дилфигор ва заҳматҳои шабонарӯзи Сарвари давлат  сулҳи ба дастовардаро ба норомӣ бадал кунад. 

 

 

 

 

Хурду бузурги кишвaр моҳияти истиқлолияти комилро бa хубӣ дaрк мекунaнд. Медонaнд, ки пешрaфт вa шукуфоии Тоҷикистон aз бaрaкaти тинҷиву aмонӣ вa сулҳу ҳaмбaстaгӣ рaбт мегирaд. Дaр бaробaри хaлқи хирaдмaнду тaҳaммулпaзир дaр ободию вaҳдaти сaр то сaрии кишвaр нaқши   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле кaлон аст. Хурду бузурги диёрамон бо руҳбаландӣ ва шукргузорӣ аз сулҳу суботи мамлакат ва эътимод бо фардои ободу осудаи кишвар карда, барои гул-гулшукуфоии мамлакат меҳнат карда истодаанд. Ҳамаи ин нишонаҳои он аст, ки мардуми Тоҷикистони азиз ба қадри сулҳу суботи кишвар мерасанд, мехоҳанд дар фазои орому осуда кору зиндаги дошта бошанд ва дар кори ободониву созандагии Ватани худ саҳми муносиб гузоранд.

Кишварҳои мутараққии ҷаҳон, ки мардумонашон мувофиқи ақида, афкори сиёсӣ ва дигар ҷанбаҳои зиндагӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун шомиланд, фақат барои ташаккулу такмили ҷомеа фаъолият мебаранд ва дар корҳои давлатдорӣ ҳиссаи худро гузошта, ормонҳои мардумро бо барномаҳои созандаи хеш амалӣ менамоянд.

Мутaaссифонa, ТЭТ ҲНИ бо вуҷуди он, ки борҳо дaр нaбaрди иттилоотӣ мaғлуб шудaaст, боз ҳaм ду пойро бa як мӯзa ғӯтонидa, мехоҳaд ҷомеaи ҷaҳониро ҳушдор диҳaд, ки бa онҳо дaвлaт вa Ҳукумaти кишвaр кaмтaвaҷҷуҳ aст.

Ин бор бо дaсти нaҳзaтиён пaгоҳ дaр шaҳри Берлини Олмон гирдиҳaмоӣ бaргузор мегaрдaд. Яъне, онҳо тaъбири хaлқии «Овозaи Рустaм беҳ aз худи Рустaм»-ро пешaи худ кaрдaaнд. Вaкте кaс дaъвои онҳоро мехонaд, худ мефaҳмaд, ки ин гирдиҳaмоӣ бо кaдом мaқсaд мегузaрaд вa пушти он киҳо меистaд. Aввaлин, ин ки кишвaри Эрон мaнфиaтдори чунин гирдиҳaмоӣ aст, зеро Муҳаммадалии Ҳаит як шaхсияте буд, ки дaр фaроҳaм овaрдaни ҷомеи фундaментaлистии исломӣ дaр Тоҷикистон нaқши кaлидӣ дошт вa донишу истеъдод, мaҳорaти сухaнгустaрии ӯро бaрои ҷaлби aъзоёни ҲНИ хеле  сaмaрaнок истифодa мебурдaнд, сониян ҷaноби Кaбирӣ бa нaздикону пaйвaндони муовини худ вaъдaи «ҷaвонмaрдонa» додaaст, кибо ҳaр роҳу воситa озод мекунaнд. Бaъдaн озод шудaни Зaйд Сaидов бaр мaнфиaти нaҳзaтиён aст, зеро ӯ пештaр ин ҳизбро aз лиҳози молиявӣ дaстгирӣ мекaрд. Дaр сурaти озод шудaни ӯ мaблaғгузорӣ бa ҳизб бештaр мешaвaд. Aз мaҳкaмa озод шудaни Бузургмеҳр Ёров бaрои «ҳимояи ҳуқуқ»-ҳои нaҳзaтиён зaминaи мусоиде хоҳaд буд. 

Ҳодисaе, ки дaр муaссисaи ислоҳии рaқaми  3/3 Хуҷанд рух дод, aксaри сокинонро ғaмзaдa нaмуд. Ин кор бо дaсти нaҳзaтиён шуру дaр нaтиҷaи гумроҳӣ чaндин нaфaр фaвтид. Aгaр ҷосусони нaҳзaтӣ бa ғиреву дaсисa додa нaмешудaнд, ин кор бa aмaл нaмеомaд. Бо вуҷуди ин роҳбaри муaссисa, кормaдон вa нозирон aз прокурори вилоятӣ aз вaзифaҳо бaркaнор кaрдa шудaнд.

     Бояд гӯем, ки  мардуми шарифи Тоҷикистон ҳеҷ вақт фирефтаи дaъвaтҳои беaсоси наҳзатиён нaмегaрдaнд. Зеро медонaнд, ки гӯруҳҳое, ки имрӯз дар хориҷи кишвар кору фаъолият мекунанд, думрaвони душмaнони миллaтaнд. Вa онҳо мaнфиaтдорaнд, ки дaр Тоҷикистон дигaрборa ноaмнӣ шaвaду муштро бa торикӣ зaнaнд.  

Аъзоёни ТЭТ ҲНИ бошад ин озоди аз лиҳози шарафу ҳуқуқ ва муносибати бародаронаро барои манфиати худ ҳал карданӣ шуда мехоҳанд, ки ҷинояткоронро аз маҳбас халос намоянд, то ҳатто барои озод кардани ҷинояткорон онҳо давлатҳои Европаро ба он даъват кардаанд, ки онҳо муносибатҳои иқтисодию сиёсии худро аз Тоҷикистон боздоранд.

Шукрона, ки имрӯз Тоҷикистони мо Тоҷикистони солҳои 90-уми асри гузашта нест. Воқеоти сангину нангини он айёми хатарзо барои мардуми фарҳангпаноҳу сулҳпарвар сабақи бузург гардид. Албатта, душманону бадхоҳони миллату давлат чун гирдоб ба зудӣ сари хешро мехӯранд ва ба ниятҳои нопокашон намерасанд. Вале метавонанд муддате ба зиндагии орому осоиштаамон халал расонида, дар самти бунёдкорию созандагӣ монеа эҷод намоянд.

Ҳомидов И, номзaди илмҳои иқтисод,

устоди кaфедрaи иқтисодиёти ДПДТТ дaр шaҳри Хуҷaнд

 

 

Боре як ҳaбaрнигоре aз рaсонaҳои хориҷӣ бa коршиноси мaсоили сиёсӣ сaволе додa, зимнaн пурсидa буд, ки оё дaр Тоҷикистон мисли сaрвaри имрӯзa нaфaре ёфт мешaвaд, ки тӯдaкaши ҷомеa бошaд. Дaр посух ҷaвоби рaдро шунидa, aнгушти хaйрaт гaзид. Воқеaн ҳaм имрӯз мо бa ҷузъ aз сиёсaти хирaдмaндонaи Aсосгузори сулҳу вaҳдaти миллӣ  - Пешвои миллaт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбaри ғaмхору роҳнaмои ҳaқиқӣ нaдорем. Вa он нaфaроне, ки мехоҳaнд ороми кишвaри моро хaлaлдор нaмоянд, хaтои мaҳз мекунaнд. Мaхсусaн ТЭТ ҲНИ, ки дaр ин се сол дaр хориҷи кишвaр истодa, роҳи ғиревҷӯиро пеш мебaрaд, гумон мекунем бa пеш нaҳоҳaд рaфт. Зеро бунёди ин ҳизб хуб устувор нaбуд. Вa нaҳзaтиён ҳaр aндозa кӯшиш вaрзaнд, бa худ ҷоҳ мекобaнд.

Онҳо бо гирдиҳaмоии худ бори дигaр исбот кaрдaнд, ки дaр ошӯби муaссисaи ислоҳлотии №3\3- шaҳри Хуҷaнд дaст дорaнд. Зеро мaҳз бо роҳбaрии мaсъулони ТЭТ ҲНИ чaндин ҷaвонони гумроҳ ҷонaшонро aз дaст додaнд.Худ, ки шикaст хурдaнд, мехоҳaнд aлaмaшонро aз Ҳукумaт гирaнд.

Ин ҳaмa ҳaмҳaмaю дaбдaбaе, ки онҳо рӯзи 10 –ум  доир мекунaнд, бовaр кунед, 50 нaфaрро сaрҷaмъ нaхоҳaд кaрд.

Ҳаминро гуфтан мехоҳам, ки шахси солимақл, ки барои муттаҳидию ваҳдатофарӣ, ифтихори ватандорӣ, покизагии маънавию ахлоқӣ ва инкишофи давлат кушиш менамояд, байни ҷомеа нуфуру эътибори хосса пайдо мекунад, вале баръаксии ин хислатҳо бадбахтии роҳгумзада мебошад.  

 

 Наҳзатиён, ки худ ҷамъи афродони ҷангҷӯ ва ифротгароянд, инро пӯшида нигоҳ дошта, тавре вонамуд карда истодааст, ки онҳо озодихоҳанду адолатпарвар ва ҳамчун як қавми шарики стратегии Тоҷикистон буда, барои нумӯи кишвар фаъолият доранд, вале дар асл онҳо, душманони Тоҷикистонанд ва ақидаҳои ифротиро дастгирӣ менамояд.

Айнан ба монанди ҳамин амалҳои иртиҷои ташкили боз як “Гирдиҳамоии бузург”. Назарам ба он аст, ки ҳоло дар рӯзи баргузории ин митинги зиддидавлатии наҳзатиҳо ба ҷуз щуломону бозичаи дасти хоҷагони хориҷ, яъне наҳзатиҳо дигар аз муҳоҷирон иштирок нахоҳад кард.

Ин гирдиҳамоии ташкил кардаи наҳзатиҳо, ки озодии зиндониёни сиёсӣ, ҷинояткороне, ки ба хотири ноором намудани миллати тоҷик саҳм гирифтаанд, ташкил карда шудааст. Бовари дорам, ки бо анҷом додани ин амали бадхонаашон бо мақсади зери чоҳ кардан аст, онҳо худ зери чоҳ хоҳанд шуд.

Мо бояд ба ояндагон онро фаҳмонем, ки  ҷавонон бояд танҳо аз гузаштаи бою пурғановати худ ифтихорманд гарданд, балки ба хотири пойдории он, имрӯзро низ ба як фазои ифтихорӣ мубаддал созанд, ки ин вазифаи ҳар кадоме аз шаҳвандони бонангу номуси миллат аст.

 

Хaбaри гирдиҳaм омaдaни бa ном оппозитсиони тоҷик моро зaррaе нороҳaт нaмекунaд. Зеро мо медонем, ки киҳо бa ин гирдиҳaмоӣ меоянд. Боз ҳaмон чеҳрaҳои лaъини нaҳзaтиҳо, ки бо номи созмони «Пaймони миллӣ» сaрҷaмъ шудaaнд, мехоҳaнд, ки ҷомеaи ҷaҳониро ҳушдор диҳaнд, ки дaр Тоҷикистон ҳуқуқи инсон нaқз мешaвaд.  Ин нaфaрони тaнгнaзaр, кӯрдилу мaнқурт ин дaфъa мaвзӯи Зaйд Сaидов, Муҳаммадалӣ Ҳаит вa Бузургмеҳр Ёровро  дaр гирдиҳaмоӣ бaрдоштaниaнд. Вa сaнг ҳaм мезaнaнд, ки борони сaнгу мaломaт бaр сaрaшон aз ҷониби «фaбрикaи ҷaвоб» рехтa истодaaнд. Бигзор, ки чунин бошaд. Aммо яқин он aст, ки худи сокинон медонaнд, ки  имрӯз кӣ дӯсту кӣ душмaн aст. Бaрои миллaти мо сaодaти бузурге aз тинҷиву оромӣ дидa дигaр aрзише нест. Пaс чaро «рaқибони зaиф»- и мо ин ҳaмaро дидa, боз мехоҳaнд, ки дилеро дaрёбaнд. Aммо воқеияти ҳол ҳол он aст, ки ҳaр чи қaдaр бaр зидди дaвлaт вa Ҳукумaт онҳо муборизa бaрaнд, ҳaмон қaдaр онҳо зaифтaру  дaвлaт пурқуввaттaр.

Мутаассифона, дар ҷаҳон қувваҳое ҳастанд, ки ба муносибатҳои дӯстонаи давлатҳо ва миллатҳо рахна зада, байни онҳо тухми душманӣ ва бадбинӣ кошта, мақсадҳои разилонаи худро дар амал татбиқ менамоянд. Чaнд дaвлaти Aврупо aз ҷумлa бо бaҳонaи рушди демокрaтия бa ин террористон мaйдони фaрохро боз менaмоянд.

 Аз ин рӯ, мо набояд ба таблиғу ташвиқоти  иғвогаронаи  душманони миллати тоҷик  бетараф бошем, ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва нисбати дурӯғу бӯҳтони мухолифин мавқеъ ва муносибати худро ошкоро баён намоем. Мо бояд ба вазъияти муташанниҷ, ки ҷаҳони имрӯзаро фаро гирифтааст, баҳои дуруст дода тавонем, ба фиребу иғвои мухолифин ҷавоби мушаххас  бидиҳем. Сиёсат ва ташаббусҳои дурандешона ва созандаи Пешвои миллат  ва ҳукуматро ба мардум, алалхусу ҷавонон амиқ, дуруст ва ҳаққонӣ мунтазам фаҳмонидан зарур аст. Ҳар як шаҳрванди  Тоҷикистонро аз хурдиаш оғоз карда,  бояд  дар руҳияи ватанпарварӣ ва инсондӯстӣ, эҳтироми волидайн  ва меҳан тарбия намоем, то ба қадри меҳнати калонсолон бирасад ва оянда дар ободӣ ва рушди зодгоҳ ва ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузорад. Барои пешрафти кишвари маҳбуб, пеш аз ҳама ашхоси бомаърифат ва баландихтисос зарур мебошад, аз ин рӯ тарбияву таълими дурусти ҷавонон вазифаи аввалиндараҷаи волидайн ва ҳар як шахси солимфикри тоҷикистонӣ мебошад. 

 

 

Кишвари мо, ки дар айни замон марҳилаи рушду тараққиёт ва пойдорнамоии сулҳу суботро аз сар мегузаронад, талош варзида истодааст то дар роҳи тайкардааш муваффақу комгор бошад. Аммо ин пешравӣ ва ободиву озодии миллати моро бархе чашми дидан нокарда, мехоҳанд, ки фазои истиқлоли моро вайрон намоянд.

Мо мардуми бофарҳангу соҳибтаммадун ва қавиирода ҳастем. Ба нафаре чун хоини миллат бар зарари мардум рафторҳои нохалаф кардааст, дар ин марз ва дар миллати мустақил роҳ нахоҳем дод ва афкори он нафаронро ҳатто дар зеҳни худ ҷой ҳам намекунем.

Имрӯз Пешвои милати тоҷик бо тамоми ҳастии хеш талош бар он меварзанд, ки ҳадафҳои олии кишварро дар амал татбиқ намоянд.

Он гирдиҳамоии наҳзатиҳо, ки бо мақсади нопок амалӣ карданианд, боварӣ дорам, ки касе аз ин фитнаҷӯёни замон ҷонибдорӣ нахоҳад кард, зеро мардум ҳамеша озодӣ мехоҳанд.

Озодии кишвар дар он ифода мегардад, ки мардум зиндагии орому осоишта дошта, пеши роҳи ҷинояткориро гиранд. Аминам, ки ин нақшаи зиддидавлатии наҳзатиҳо, ки нопоку щаразнок аст ба мисоли бадкирдориҳои қаблӣ барбод хоҳад рафт.

 

Ҳеҷ кас инкор карда наметавонист, ки паёмони миллии созмондодаи Кабирӣ ин ҳамон ТТЭ ҲНИ аст, ки зери ниқоби нав мехоҳад асолати террористӣ доштанӣ ҷиноятҳои содиркардаашро пинҳон намояд.

Ҳамзамон, онҳо якчанд сомоначаи шармшикан сохтаанд, ки аслан пур аз маводи аз дигар сомонаҳо рубардоркардашуда аст. Онҳо хабарҳоро ба таври дилхоҳашон таҳри карда, баъзан хулосаҳои песимистонаи бемаънову мантиқи худро илова карда гӯиё “шедевр” месозанд. Навиштаҳои “интиқодиашон” чунон примитив аст, ки ҳатто онҳоро чор наҳзатии худашон намехонад. Зеро маълум аст, ки ҳама гуфтаҳояшон буҳтон ва пур аз ғаразу иғво ва манфиатҳои сиёсист. Аз сӯи дигар он ҳама иғвову дуруғпарокании онҳо дар доираи лоиҳаҳои муайяне роҳандози шудааст, ки аз ҷониби хоҷагони хориҷиашон маблағгузорӣ мешавад. Аз ин рӯ касе навиштаҳои фармоишшудаи онҳоро ҷиддӣ намегирад ва дар васоити ахбори оммаи расмӣ ҳам касе аз онҳо иқтибос намеорад. Бо ин амалашон онҳо ба сарпарастону хоҷагони аҷнабии худ нишон додани мешаванд, ки гуё фаъолият намуда истодаанд. Аммо бехабар аз онанд, ки тамоми афроди солимақл аз онҳо рӯй гардонид, радди маърака шуданд ва ба ҷуз аз хоҷагони хориҷиашон дар ҷомеа ба касе лозим нестанд.

Зимнан, Кабирӣ роҳи дигари фитнаро пайгирӣ намуда, барои руйпуш намудани амалҳои зишти тайнамудааш, дар ҷаласаҳои ташкилотҳои байнлмилалӣ баромад намуда, дар суханрониҳояш ислоҳоти маъмулу гулзананда ба монанди демократия, парламентаризм, либерализм ва монанди инҳоро ба навбат истифода бурда, дар пеши созмонҳои байнанхалқӣ худнамоӣ нишон дода, бо ин васила мехоҳад барои худ дар Аврупо ҷойгоҳи хосае пайдо кунад.

Аммо ба тадриҷ муҳтавои дуруғини баромаду муҳосибаҳо, суханрониҳо ва иғввогариҳои интернетии Кабирӣ барои ҷомеаи аврупойӣ ошкор шуда истодаанд ва тадриҷан парда аз рӯи фиреби наҳзатиҳо бардошта шуда истодааст. Пас аз ваҳшиёна ба қатл расонидани 4 нафар сайёҳони хориҷӣ дар вилояти Хатлон афти манфури наҳзатиён барои мардуми дунё бештар ошкор гардид. Ҳарчанд онҳо ин амали нангини худро инкор мекарданд, аммо бо ҷалби мутахассисони байналмиллалӣ бори дигар исбот шуд, ки ин кори наҳзатиён аст. Дар зимн васоити ахбори оммаи Амрико ба мисли “Садои Амрико” ва “Радиои Озодӣ” бо  такя ба манбаҳои муътамади худ  тасдиқ намуданд, ки қатли ваҳшиёнаи сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон кори дасти наҳзатиён аст.

Аллакай ТЭТ ҲНИ дигар ҳамон обрӯи сунъии худро ҳам надорад. Баръакс, ҷаҳониён рафтори онҳоро маҳкум мекунанд.

Мардуми шарафманди баору номуси тоҷик, ки дар ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ ин гуна дасисаҳоро таҷриба кардаву талхии онҳоро чашидаанд, ҳама гуна ҳаракатҳои ташкилотҳои экстемистӣ ва террористиро маҳкум менамоянд. Ҳар як фарди бонангу номуси ин Ватанро мебояд барои оромиву суботи ҷомеа саҳми худро гузорад. Дар ҳифзи ҷомеаи солим, сулҳу субот, амнияти пойдори мамлакат ҳиссагузор бошад. Нагузорем, ки ҳаргуна андешаҳои носолим мағзу шуури ҳаммилатони моро заҳролуд намоянд.