Ба ҳамагон маълум аст, ки вақтҳои охир хатари глобалии терроризм ва экстремизм ҳама аҳли башарро таҳдид кардааст. Аммо аҷиб аст, ки ҳар қадар алайҳи терроризм ва экстремизм мубориза бештар шавад, ҳамон қадар ин ҷиноят рӯ ба афзоиш мениҳад.  Пешрафту мувафаққияти ҳар оила, ҳар  қавм, ҳар  халқ, ҳар миллат ва ҳар давлат ба муттаҳидӣ ва ягонагии он сахт марбут аст. Ин як ҳақиқатесст инкорнопазир. Вале дар марҳилахои гуногуни зиндагӣ бинобар сабабҳо ва омилҳои айнӣ ва зеҳнӣ унсурҳои  таъминкунандаи  ваҳдат  халалдор  шуда, боиси парокандагӣ  ва  ҳатто  нобудии қавмҳо, миллатҳо ва давлатҳо мешаванд.

Гурӯҳҳои муайяне ҳастанд, ки мехоҳанд тавассути фазои динӣ дар муҳити иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мавқеъ пайдо намоянд. Ин рақобат аз доираи он хоҳишҳои эҳё намудани дину оини гузаштаи худ берун рафта, ба худ шакли дағалтар ва ҷудоиандозиро мегирад, ки солҳои 90-уми асри гузашта пайдо шуда буд.

Яке аз онҳо ҳизби наҳзат мебошад, ки ҳадафи онҳо пеш аз ҳама дар эҷоди нифоқу бадбинии байни мусалмонон, барҳам задани ягонагии онҳо медонанд. Имрӯзҳо саркардагони ин ҳизби саркаш хориҷ аз кишвар дунболи хизмати хоҷагони хориҷии худ қарор дошта, бо ҳизбу ҳаракатҳои амсоли «Ихвон-ул-муслимин», «ат-Тақфир в-ал-ҳиҷра», «ал-Ҷиҳод», «Муназзимат-ут-таҳрир ал-исломия». «Ҳизб-ут-таҳрир ал-исломия», «Ал-қоида», «ас-Салафия ал-ҷиҳодия»  ҳамкории зич доранд.  

Агар ҷавонони мо ба ин арзишҳои миллӣ аз назари фаҳмиши наҳзатиён муносибат кунанд, пояҳои ҳуввият, худшиносӣ ва ифтихори миллии мо хароб мегардад. Бинобар ин, вуруди ақидаҳои наҳзатӣ ба ҷомеаи тоҷик дар ибтидо таҳдиди мазҳабӣ-фарҳангиро ба миён оварда, минбаъд аз паи он метавонад таҳдиди сиёсиро низ ба бор орад.

Беҳуда нест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонон санаи 23 маи соли 2013 дар кишвар пайдо шудани равияҳои динии ғайрисуннатӣ, ҳизби сиёсии хусусияти динидошта ва ба онҳо шомилгардии ҷавононро яке аз мушкилиҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсии Тоҷикистон ҳисобида, пешгирии онро яке аз вазифаҳои муҳими мақомоти дахлдори давлатӣ, аҳли зиё ва ашхоси баору номуси миллат ва ниҳоят вазифаи ҳар шаҳрванд донистаанд

Ҷилавгирӣ кардан аз ифроту тафрит яке аз омилҳои муҳими ҳифзи ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва рушди давлати миллӣ мебошад.

 

Р.Зокиров, устоди ДПДТТ унвонҷӯи кафедраи меъморӣ,

М. Бобоҷонова, мудири макаркази тестӣ, унвонҷӯи кафедраи дизайн

З. Домуллоева, устоди кафедраи дизайн ва меъморӣ, унвонҷӯй

 

 

 

 

Мо, устодону шогирдони факултети муҳандисӣ- иқтисодӣ аз он шигифтаем, ки рӯзҳои охир «рақибони сиёси»-и кишварамон бо суръати том бо Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон гӯиё «ҷанги иттилоотӣ» мебаранд. Навиштаҳои онҳо ягон пояи воқеӣ надоранд. Аз ҷумла Муҳаммади Одинабек дар мақолаи худ таҳти унвони «Интиқом шуруъ шуд» ҳар он амали ваҳшиёнае, ки солҳои навадум аз ҷониби домуллотарошони ҲНИ ба вуқуъ омада буд, ба ҳукумати ҳозири нисбат медиҳад, ки дурӯғи маҳз аст. Халқ имрӯз аз гузаштаи таърихи худ огоҳии комил дорад ва медонад, ки майдоннишиниҳои наҳзатиён, инсонбадбинии онҳо буд, ки ҷанги дохилӣ сар зад. Имрӯз онҳо мехоҳанд, ки ҳамингуна бесарусомониҳо боз рух диҳаду онҳо озодона нақшаҳои тарҳрезинамудаашонро дар амал тадбиқ намоянд.

Онҳо гумон мекунанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи онҳоро ҳимоя мекунанд. Ва ҲНИ-ро чун ҳизби комили рақиби сиёсии Тоҷикистон эътироф мекунанд, аммо  воқеъияти ҳол нишон медиҳад, кия гон амали созандаи онҳо барои ояндаи Тоҷикистон манфиатовар нест. 

Шаҳрвандони кишвар дар ҳамаи ҷода, идоракунии мамлакат, истеҳсолот, хоҷагии қишлоқ, варзиш, санъат ва ғайра мақоми пешро ишғол карда омада истодаанд. Онҳо идроки сиёсӣ доранд.  

Ҳеҷ ҳоҷат нест, ки онҳо ба гурӯҳҳои экстремистии ифротгаро рафта ҳамроҳ шаванд ва ҳаёти пурҷӯшу хурӯши худро ба нангу ор омехта созанд. Ҳар як фарди ҷавон  бояд дар мамлакати худ кӯшиш ба харҷ диҳад, ки онро шукуфон гардонад. Насли бунёдкор ва пешбар бошад. Барои таъмини халқи худ аз ҷиҳати модиву маънавӣ саҳмгузор бошад. 

Он шахсоне, ки аз номи дини ислом имрӯз ҷавонони роҳгумкардаро ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ ҷалб намуда истодаанд худ Ватан, дин, мазҳаб, оила надоранд, агар медоштанд ба ин роҳ намерафтанд!

Охир давлати тоҷик яке аз давлатҳои қадимтарини рӯи олам мебошад, он мероси ниёгони мо, ки дар тамоми рӯи ҷаҳон арзиши қиммате дорад ба монанди  Шоҳномаи безаволи Фирдавсӣ, Маснавии маънавии Ҷ.Румӣ, куллиёти Ҳофиз, Саъдӣ, А.И.Сино ва гайраҳо бояд эҳтиром кард ва ҷавонон аз он бохабар бошанд.

Гулнора Юсупова, декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ,

Сулҳия Баҳодурова, мудири кафедра, номзади илмҳои иқтисодӣ

Б. Бакаев, мудири кафедра, номзади илмҳои иқтисодӣ

 Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва паҳн гардидани бӯҳрони иқтисодиву молиявии умумиҷаҳонӣ экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дар тамоми ҷаҳон яке аз падидаҳои хатарноки ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Мубориза бар зидди гурӯҳҳои терро­ристи ва экстремисти (ифротга­роӣ) қисми таркибии таъмини амнияти на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Вазъи бӯҳрони ҷомеа, пеш аз ҳама дар иқтисодиёт, мавҷудияти муноқишаҳои  иҷтимоию сиёсӣ дар муносибатҳои бай­нидавлатӣ ва байнимазҳабӣ , номукаммалии заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, ки проблемаҳои баҳсноки минтақавӣ ва байналмилалиро  танзим  мекунад, ба­рои ба миён омадани чунин ҷиноятҳо ба монанди терро­ризм ва экстремизм мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди терро­ризм ва экстремизм, ки вақтҳои охир хусусияти байналмилалӣ гирифтааст, бояд дар асоси тадбирҳои маҷмӯи умумидавлатии  муқовимат анҷом дода шавад. Ҳар як шаҳрванд аз мақсаду мароми ҲНИ, ки чун ҳизби террористиву экстремистӣ эътироф шудааст, огаҳ бошанд ва ба навиштаҳои онҳо посухӣ воқеӣ диҳанд.

Дар замони ҳозира, дар шароити бархӯрди тамаддунҳо ва вусъатёбии ҷаҳонишавӣ, дар ҷараёни инкишофи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, маҷмӯъи масъалаҳое ба миён меоянд, ки ҳалли онҳо заруриятӣ, аз ҷумла таҳкими соҳибихтиёрӣ, эҳёи анъанаҳои фарҳангӣ-миллӣ, ғояҳои пешқадам ва созандаро маротибаи дигар тақозо мекунанд. Дар арафаи асри XXI, ки Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави инкишофу пешрафт ворид шудааст  ва роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқyқбунёдро бебозгашт пеш  гирифтааст, зарурияти тарғибу ташвиқоти тарзи солимӣ ҳамзистӣ, муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва пешбарӣ кардани ғояҳои пешқадам дар тарбияви маънавии ҷавонон баръало мушоҳида шуда истодаанд.

Амиртемур Ваҳҳобов, декани факултет, номзади илмҳои техникӣ

Диларабо Комилова, мудири кафедраи химия ва теҳнологияи хӯрока,

Толмас Сайфуллоев, номзади илмҳои кишоварзӣ  

 

Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эътирофу эътиқоди шаҳрванд нисбат ба дину мазҳаб садде гузошта намешавад. Давлати дунявӣ ва демократӣ ифодагари манфиату талаботҳои тамоми мардуми кишвар мебошад. Ин аст, ки баъди истиқлолияти Тоҷикитон, аксари мардуми тоҷик ба дини ислом ҳамчун манбаи ростӣ, покизагӣ, накӯкорӣ, меҳнатдӯстӣ, инсондӯстӣ, ҳидоятгари роҳи рост рӯй оварданд. Ҳамаи ин бе дахолати беруна, дар асоси таъмини озодии интихоби эътиқод буд.

Аммо ҲНИ ин шароиту имкониятро бо мақсадҳои ғаразона истифода бурд. Натиҷаи амалҳои хоинонаи онҳо буд, ки имрӯз ҳамчун гуреза дар хориҷи кишвар зиндагӣ доранд ва ҳар лаҳзаву соат мехоҳанд барои амнияти кишвар халал ворид созанд. Роҳбарияти ҲНИ ва умуман, аъзоёни он бо ташкили ҳизби худ мусулмонони кишварро ба ду тақсим намуданд. Яке ҳуҷҷатдору дигар беҳуҷҷат. Бар ақидаи аксари онҳо гӯё шомил шудан ба ҲНИ нишони эҳтиром ва арҷ гузоштан ба дини мубини ислом аст. Ин фикронӣ ғалат аст. Агар дар асл чунин мебуд, даҳҳо нобиғаҳои гузашта чунин равия ва қувваро ташкил намуда, баҳри мустаҳкамии пояи ислом кӯшиш ба харҷ медоданд.

Мақолаҳои баҳсбарагез ва муғризонаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор намуда, умедвории онро доранд, ки халқ бар дифояшон мехезанд. Аммо ҳадафашон пояи воқеият надорад. Зеро халқи яктану якмроми миллати тоҷик бар зидди оинони ғаддори худ якҷоя бо давлат ва Ҳукумати кишвар мубориза мебарад.

Мо тарафдории амну осиш ва Ҳукумати кунунӣ ҳастем ва барои ҳифзу шарафи он омодаем, ки ба ҳар гуна мақолаву хабарҳои бӯҳтонангез посухи воқеӣ дода бошем.

Ғайрат Раҷабов,

Охунбобо Раҳимов,

Хайринисо Темирова,

Абдуқаҳҳор Бӯриев,

собиқадорони меҳнати ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд  

Масъалаи муборизаи дастаҷамъона бо терроризму ифротгароӣ ва ҳамагуна зуҳуроти номатлуб имрӯз дар меҳвари фаъолияти ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ қарор гирифта истодааст. Зеро ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон террорист Ватан миллат ва дину мазҳаб надорад. 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутаассифона иддае аз фарзандони нохалаф ҳузур доранд, ки ба қадри сулҳу субот ва оромӣ нарасида, бар муқобили сохти конститутсионии кишвар садо баланд менамоянд, ки яке аз ин нохалафон роҳбари ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ мебошад. Роҳбари ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ҳамсафони гумроҳаш гумон мебаранд, ки мардуми Тоҷикистон аз корҳои кардаи ин қабил афроди беватан огоҳ нестанд.

 Маҳз наҳзатиҳо чунон ба модар-Ватан рафтори гумроҳона, хиёнат карда истодаанд, ки ҳадду канор надорад. Агар ба фаъолияти ин хоинон мушоҳида намоем, чунин ба назар мерасад, ки кору рафтори инҳо дар заминаи дастуру супоришҳои хоҷагонашон амалӣ гардида, танҳо нияту мақсадҳояшон гумроҳкунии мардум ва бахусус ҷавонон буда, мехоҳанд кишвари демокративу озоду соҳибистиқлоли моро ба кишвари исломии хоҷагонашон мубаддал гардонанд. Зеро бо гирифтани кӯмакҳои хоҷагон қисме аз онро барои тарғибу ташвиқи расму ойин, фарҳангу мазҳаб ва андешаҳои ғаразноки хоҷагонаш ба наҳзатиҳои намакзада тақсим намуда, қисми дигарашро барои ҳаёти шахсии хеш ва қисмати боқимондаро ба фитнагарон барои барангехтани сару садо ва бофтани найрангу буҳтон тақсим менамоянд.

Албатта дар ин кор аллакай Кабирӣ таҷрибаи калон дорад. Бинобар ин Кабирӣ, ки аз хоҷагонаш маблағҳои муфт ва бедардимиёнро ҳамарӯза соҳиб мешавад, намехоҳад аз чанги хоҷагонаш раҳо шавад. Ин хоинон супориш ва дастури хоҷагони хеш ва маблағи муфтро аз дидори гарми волидайн боло гузошта, ҳатто аз онҳо рӯй гардонидаанд. Мо ҷавонони худогоҳу хештаншинос рафтору кордори чунин бешарафонро маҳкум менамоем, намегузорем, ки дигарбора ин нохалафон ҷавонони моро гумроҳ кунанд!

Хушбахтона мо ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватан зери раҳнамоиву пуштибонӣ ва ҳидоятҳои падаронаи Пешвои маҳбубу ғамхор ва Сарвари оқилу дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ таълиму тарбия гирифта, ҳамагуна буҳтон ва туҳматҳои беасоси наҳзатро, ки дар маҷмуъ бар зидди арзишҳои милливу мазҳабии мо равона гардидааст маҳкум менамоем ва намегузорем, ки наҳзатиҳои разил бори дигар мисли солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо хоҷагонашон ҳамсолони моро гумроҳ намуда, онҳоро муқобили сулҳу оромӣ ба камол расонанд.

Рустам Ғуфронов, донишҷӯи курси 3, ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

Талқини фарҳанги бегона, даъват ба дигар мазҳаб аз шевахои асосии корбарии ҳизби экстремистиву терорристии наҳзати ислом маҳсуб ёфта, рӯз то рӯз  бо воситаи шабакҳои иҷтимоӣ «хизматгузорон»-и ин ҳизби мамнӯъ дар ин самт фаъолияти густурда бурда истодаанд.

Тавре маълум аст, дар ҷумҳурӣ ба гирифтани донишҳои динӣ аз тарафи ҳукумат тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Пӯшидани сатру аврат ва мондани ришҳои дарози дилгиркунандаву безеб ба либоси миллию анъанаҳои давлатдории тоҷикон мухолифат менамояд.

Дар натиҷаи дастгирии ҲНИ зиёда аз 500 нафар ҷавонони тоҷик дар сафҳои ҷангиёни ДИИШ ба муқобили Сурия меҷангиданд.

Фаъолияти хоинонаву ғайриқонуни  ин ҳизб бар хилофи Конститутсия ва дигар қонунҳои давлат ба шумор рафта, аз характери экстремистию террористии ҲНИ шаҳодат медиҳад.

Ҷомеаи демократӣ волоияти қонун ва риояи онро аз ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳо талаб менамояд.

Баста шудани фаъолияти ҲНИ бо қорори Суди Олии Тоҷикистон минбаъд барои пешгирӣ кардани фаъолияти ифротгароӣ ва бо сиёсат омезиш додани динро пешгирӣ намуда, ҷомеаро дар руҳияи арзишҳои солими қонунию динӣ тарбия менамояд.

Ҳар шаҳрванди ҷумҳуриро зарур аст, ватандӯсту худогоҳ бошанд, дар ягон ҳолат бетарафӣ набояд кард. Нагузорем, ки нафарони нохалаф майнаи ҷавонони моро бо ғояҳои ифротгароёнаи худ пур намоянд. Ба ҳар як ҳуҷуми ин гуна гурӯҳҳои экстремистӣ аслиҳа дошта бошем ва  зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва дар гирди давлат ва Пешвои миллат муттаҳид гардем . 

 

Хиромон Пӯлодова, донишҷӯи курси 4,

Маърифат Мавлонова, магистранти донишкада,

Мубина Холиқова, донишҷӯи курси 2,

Назокат Ҳомидова, донишҷӯи курси 3

 

Туризм это не только путешествия  и отдых, это важная сфера экономики, это дополнительные финансовые ресурсы, это развития государства. Туризм влияет на экономику государств, влияет на авторитет государств, влияет на развития государств.  В мире существуют разные страны, они получают доходы от разных сфер экономики,  пример к этому Монако.  В Монако экономика развивается в основном за счет туризма и там туризм является важная сфера экономики.

 Основная причина  развития туризма – это туристические ресурсы, специфические свойства природной  среды, исторические социально культурные объекты, красивые и интересные достопримечательности и некоторые другие ресурсы.

Туризм в Таджикистане развивается год за годом.  Спрос к туризму постепенно увеличиваются.  У нас увеличивается число туристов из разных стран.  Их привлекают  живописное сочетание горных хребтов и альпийских лугов Памира, где соседствует истоки могучих рек и необыкновенные красота озер. У нас огромное количество достопримечательности,  природные  парки, исторические музеи, культурные объекты, активный отдых на открытом воздухе, музыкальные представление, зоопарки, ночная жизнь,  и другие достопримечательности.  В нашем стране много красивых мест, где особенно в Душанбе, Сугде и Хороге.

За последние время число прибывших туристов  постепенно возрастает. Туристы прибывают в нашу страну из разных стран мира из Ирана, Российской Федерации, США, Китая, Узбекистана, Турции, Германии, Японии, Франции, Южной Кореи и другие. У нас существует  90 туристических агентств, 60 из них работают с иностранными туристами.  Согласно  данным международных экспертов, каждый турист во время пребывания в нашей стране тратить в день примерно 25$. [1]

Широкое применение интернет-технологий становится одной из актуальнейших задач в индустрии туризма. Создание мощных компьютерных систем бронирования средств размещения и транспорта, экскурсионного и культурно-оздоровительного обслуживания, информация о наличии и доступности тех или иных туров, маршрутов, туристского потенциала стран и регионов — весь комплекс этих вопросов становится актуальным для организации текущей и будущей деятельности туристских предприятий.

Специалисты признают, что на сегодняшний день туризм является одной из ведущих и наиболее динамичных отраслей мировой экономики, за быстрые темпы роста он признан экономическим феноменом столетия и в ближайшие годы станет наиболее важным ее сектором. Туризм играет значительную роль в экономике, так как участвует в формировании валового внутреннего продукта, создании дополнительных рабочих мест и обеспечении занятости населения, активизации внешнеторгового баланса.

 Туризм оказывает огромное влияние на такие ключевые отрасли экономики, как транспорт и связь, строительство, сельское хозяйство, производство товаров народного потребления и другие, т. е. выступает своеобразным катализатором социально-экономического развития. В свою очередь, на развитие туризма воздействуют различные факторы: демографические, природно-географические, социально-экономические, исторические, религиозные и политико-правовые.

Без Интернета невозможно представить деятельность современной туристической фирмы, Интернет используется практически во всех основных бизнес-процессах внутри туристической компании, начиная от поиска и привлечения клиентов в качестве коммуникационного и маркетингового инструмента и заканчивая формированием турпродукта.

 Туристам надо показать красивые места больше и больше, ведь у нас огромное количество таких красивых мест. Там показать самые красивые места в Таджикистане.  Например;  горы, природные ресурсы, длинные реки, красивые водопады, высокие горы для альпинистов, зимнюю и летнюю природу,  и всю эту надо показать ко всему миру.   Развивать рекламу и маркетинг, создать огромную сайт о достопримечательности Таджикистана.

Интернет постепенно занимает все более значимый сегмент туристского рынка. Турфирмы, перевозчики, гостиничные сети и другие компании объединяются в Сети и предлагают возможности онлайн-бронирования. В свою очередь путешественники все чаще не только ищут здесь информацию об отелях и местах отдыха, но и самостоятельно бронируют все необходимые услуги.

За 2015 году количество посетителей сайтов крупнейших агентств Expedia и Thompson выросло на 74% - оба делают ставку на онлайн-бронирование билетов, гостиниц и прочих туристских услуг. Подобная тенденция наблюдается и в Таджикистане, где за первые 8 месяцев 2016 года рост посещаемости туристских сайтов достиг 35-45%. По последним данным, поисковые системы ежемесячно обрабатывают около 200 млн. запросов на туристскую тематику. [2]

В Великобритании например, не менее 19 млн. жителей полностью или частично формируют свои путешествия с помощью интернета. Исследования EyeforTravel за 2015 год также показывают значительный рост интереса к онлайн-бронированию в Центральной и Восточной Европе. Так, в Чехии за последние два года количество забронированных через интернет туристических услуг возросло в два раза. В Словении и Словакии рост составил 62%. Согласно прогнозам Euromonitor International, до 2018 года в странах Евросоюза туристский рынок в интернете вырастет на 30% и достигнет оборота в 47 млрд. фунтов стерлингов.[3]

Последние исследования показывают, что на самостоятельном бронировании авиабилетов можно сэкономить около 9%, а полного комплекса туристских услуг – до 25% относительно стоимости турпакета в турфирме. Эти факты сильно заботят агентов, которые привыкли зарабатывать на перепродажах и теперь вынуждены искать новые пути развития. Более открытыми для интернет-пользователей становятся и крупные корпорации: например, свои блоги уже создали Avis Rent-A-Car и авиакомпания Delta. Обычные пользовательские текстовые блоги также постепенно выходят на новый уровень видеоблогов и подкастов (тематических информационных аудиофайлов).

Заметное развитие происходит в мобильных технологиях. Появляются возможности подкаст-путеводителей в любом доступном месте (например, в туристском офисе или в крупных торговых центрах), все проще забронировать билет или отель в беспроводных системах онлайн-бронирования.

Современные технологии позволяют туристической организации:

-  расширить диапазон услуг, предоставляемых клиенту;

-  повысить оперативность работы и снизить издержки;

-  более эффективно взаимодействовать с партнерами;

-  использовать мультимедийные рекламно-информационные продукты;

-  получить доступ к обширным информационным ресурсам.

Индустрия туризма за последние годы существенно изменилась в связи с развитием и расширением использования компьютерных технологий. Отличительные черты туристского продукта требуют быстрого предоставления необходимых сведений о наличии свободных мест в предприятиях размещения и транспорта, а также их резервирование и бронирование. Это вполне осуществимо при условии широкого применения современных компьютерных технологий обработки и передачи информации.

Интернет способен не только передавать информацию. Благодаря графическим возможностям компании могут получать наглядный материал (фотографии гостиниц, номеров, средств транспорта, туристских мест и объектов), который широко используется для привлечения клиентов. Сеть также предлагает широко доступные поисковые возможности (позволяя задать определенные параметры поиска), которые помогают клиенту оценивать и сравнивать стоимостные параметры предложений, сохранять заинтересовавшую его информацию и т. д.

Главная особенность туристского электронного магазина — детализированное описание каждого тура, отеля, на определенную дату с соответствующими ценами предлагается возможность заказать конкретный туристский пакет. Неразвитая система интернет-платежей еще не позволяет сегодня совершать покупки тура через Интернет, но определиться с туром, с конкретным отелем, произвести предварительный заказ вполне реально.

  Если на  сайте  приведём  такие услуги  для туристов, например; показывая им  какая услуга, какая удовольствия, какая комфортность, какие красивые и интересные места, какие гостинцы,  цена,  еда и все необходимые рекомендации будет, то туристам станет легко узнать о нашей родине.

 

 

  Баротов  Джалолхон  Фархотович, cтудент 4- го курса ,

Политехнический институт Таджикского Технического  

университета имени академика  М.Осими в г. Худжанде

                                                         Факультет инженерно – экономический

Кафедра Мировая экономика

 

Боиси ташвиш аст, ки амалкарди терорризму экстремизм дар кишвари мо тавассути аъзо ва пайравони ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон паҳн мешавад. Мисоли барҷастаи он аз ҷониби  кормандони амнияти кишвар дастгирӣ шудани чанде аз размандагони ин ҳизб мебошад.

Имрӯз кишвари мо новобаста аз дигаргуниҳои муносибатҳои ҷаҳонӣ,  аз чунин амалу кирдори ғайриинсонии бархе аз гурӯҳҳо рӯ ба таррақӣ ниҳодааст, истиқлолият дорад, тинҷию оромӣ ҳукмфармо аст. Ҳамаи ин дастовардҳо ва омилҳо дар он вақт устувор ва абадӣ мегарданд, ки агар аксарият ба он эҳтиром гузоранд, дарк кунанд ва аз ҳар гуна қувваҳои бегона кишварро ҳифз намоянд. Имрӯз падидаҳои шомилшавӣ ва ифротгароӣ, худкушӣ, ҷинояткорӣ, бетарафию фориғболии як гурӯҳ ҷавонон ба мо маълуманд. Аз расонаҳои дохиливу хориҷӣ огаҳӣ дорем, ки ҷавононро  аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ гумроҳ намуда, барои тайёр кардан ҳамчун террорист ба мамлакатҳои хориҷа сафарбар намудаанд. Ҳолатҳои террористӣ, экстремистӣ, ифротгароӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҷинояткорӣ, хариду фурӯши инсон ва ғайра, ҳаёти ҷамъиятиро халалдор карда, ба амнияти миллию давлатӣ таҳдид мекунад. Аз ин лиҳоз, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯтӣ, меҳанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ вазифаи муқаддас аст. Ҷавононро бояд чунин тарбия намуд, ки дар муқобили хавфу хатарҳои террористӣ муттаҳид шуда, бо зиракӣ ва ҳушёрии ватандӯстона барои пойдории давлат, таҳкими сулҳу ваҳдат ва рушди ҷомеъа пайваста кӯшиш намоянд.

Нагузорем, ки ҷонибдорони ҳама гуна ихтилофу тафриқа, ба кадом маънову мазмуну ранг набошад, пешравии босуботи ҷомеъаи осоиштаи маро халалдор гардонанд. Нагузорем, ки дигар гурӯҳи ифротгаре иродаи худро зӯран ба гардани халқи мо бор намуда, мардуми шарифи моро гирифтори балову кулфат намоянд.

Одилхӯҷа Солиев, номзади илмҳои физика ва математика, декани факултет,

Хуршед Худойбердиев, номзади илмҳои физика ва математика, мудири кафедраи барномарезӣ

Раҳимов Соҳибназар, мудири кафедраи физика ва математика, номзади илмҳои физика ва математика

 

Фаъолияти ҳизби террористиву экстремистии наҳзати исломӣ пас аз як амали хоинона моҳи сентябри соли 2015 пурра баста шуд. Аммо то ҳол роҳбарони гурезаи онҳо хориҷ аз кишвар бо истифода аз  расонаҳои иғвоангези дар хориҷа сабтиномшуда мехоҳанд, фазои солими кишварамонро ғуборолуд намуда, дар зеҳну тафаккури шаҳрвандон андешаи ботилро ҷо созанд. Гузашта аз ин як гурӯҳ ба ном рӯзноманигорони «ҳирфаи»-и ин «нерӯи осебпазир» аз созмону ташкилотҳои байналмилалии ҷаҳонӣ даъват ба амал меоранд, ки ба мушкилоти онҳо расидагӣ кунанд. Ин гурӯҳ, ки аз ҷониби хоҷагони беруна маблағгузорӣ мешаванд, бо истифода аз далелу аснодҳои бардурӯғ мехоҳанд фаъолияти кунунии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро маҳкум намоянд. Онҳо камтарин мушкилоти имрӯзаи кишварро баҳона пеш оварда, ҷомеаро ба гумроҳӣ бурдан мехоҳанд. Ба андешаи онҳо мавҷи муҳоҷирони меҳнатие, ки имрӯз дар кишварҳои Русия кору зиндагӣ мекунанд, маҳз аз сатҳи пасти зиндагии онҳо дарак додааст ва онҳо иҷборан ба Русия рафтаанд. Ин далел ва мушоҳида комилан хатост. Зеро муҳоҷирати меҳнатии қувваҳои корӣ дар арсаи байналмилалӣ як ҳодисаи маъмул аст. Дар кишварҳои гуногуни олам он ба мушоҳида мерасад ва дар ҳар ҷо қувваи корӣ баҳри пайдо намудани ҷои кори хубтаре, ки музди меҳнати бештаре дода тавонад, кӯшиш мекунанд. Тибқи иттилои коршиносони олам мамлакатҳои Чину Туркия аз ҳисоби муҳоҷирини меҳнатии худ буҷаи кишварашонро ғанӣ мегардонанд. Ҳоло ҳудуди ду миллион сокинони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, қариб 800 ҳазор мардуми қирғиз, беш аз як миллион қазоқиҳо дар кишвари Русия кору зиндагӣ мекунанд. Пас маълум мешавад, ки муҳоҷирони меҳнатии кишвари мо низ ба хотири боз ҳам хубтар таъмин намудани маишати зиндагии худ озими Русия мешаванд. Агар зиндагии сокинони кишвар воқеан ҳам вазнин мебуд, падару модарон имрӯз аз ҳар вақта дида бештар майл ба маълумоти олӣ гирифтани фарзандони худ саъй намеврзиданд. Имрӯз онҳо ҳатто дар хориҷа истода аз Вазорати маориф ва илми кишвар дархост намуданд, ки маҷлиси падару модарони фарзандонашонро ба таври онлайнӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ пахш намоянд, то онҳо аз ҷараёни таълиму тарбияи фарзандонашон огаҳӣ ёбанд. Сол аз сол зиёд шудани теъдоди донишҷӯён, арзи ҳастӣ намудани 39 муассисаҳои олӣ, шароити хуби таълиму тадрис имкон фароҳам овардааст, ки имрӯз маънавиёти ҷомеа боло равад.

Шахсан мо- ҷавонон аз он шукрона мекунем, ки дар кишвари озоду обод зиндагӣ дорем. Сатҳи зиндагӣ сол то сол беҳтар мешавад. Дар муассисаи мо барои ҳам устодон ва ҳам донишҷӯён шароити мусоиди корӣ ва таълимӣ мавҷуд аст. Маҳз таваҷҷӯҳи давлат ва Хукумати кишвар аст, ки пояи моддиву техникии донишкада торафт мустаҳкам гардида, баръакс шумораи зиёди волидон фарзндҳояшонро бинобар хуб будани вазъи таълим аз донишгоҳҳои хориҷа ин ҷо меоранд.

Ҳар як сокини кишвар ба хубӣ дарк мекунад, ки беҳтарин неъмат ин сулҳу осоиш аст. Дур намеравем, мамлакати ҳамсояи Афғонистонро бинед, то ба ҳол бинобар нофаҳмиҳои қувваҳо сокинони оддӣ зарар мебинанд. Дар ин кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг наздики 35 сол аст, ки ҷанг рафта истодааст. Иқтисодиёти футуррафта, нигоҳҳои хастаи сокинонро мебинему ҳазор маротиба шукрона мекунем, ки ин ҳодисаҳои мудҳишро таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такя ба нерӯи хиради сокинон паси сар намудем. Ҳоло кишвари мо марҳилаи давлатсозиро паси сар намуда, ба давлатдории воқеӣ акнун қадамҳои қатъӣ мегузорад. Дар оростани қасри муҳташами ин давлати бузурги таърихӣ, ки номаш дар фарҳанги ҷаҳонӣ чун миллати қадима муаррифӣ шудааст, мову Шумо бо меҳнати созанда, бо дили соф кӯшиш варзем.  Боварӣ дорем, ки душманони миллати мо дар муқобили мардуми ваҳдатшиор якдилу якмаром маҳв хоҳанд шуд. Зрелые индивидуалки Новосибирска предлагают незабываемое удовольствие и глубокую интимную близость, которую могут подарить лишь опытные и развратные дамы.

Ҳусейнҷон Қаландоров,

номзади илмҳои техникӣ,

мудири кафедраи таъминоти барқ ва автоматика

 

 Мо, мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯзҳо дар фазои тинҷиву осоиштагӣ, сулҳу субот, озодона зиндагӣ намуда, кору фаъолият дорем. Албатта солхои охир дар даврони соҳибистиқлолии  ҷумҳури корҳои ободониву созандагӣ ру ба таназзул оварда аст.

  Халқи тоҷик, дар охири қарни гузашта бисёр ҳам лаҳзаҳои ҳассоси зиндагониро паси сар намуд ва ин рӯзҳои вазнину сангин ҳеҷ аз ёди мардуми кишвар нахоҳад рафт.  Рӯзҳои сахте, ки мардуми кишвар аз сар гузаронид бояд  дар хотири миллатамон боқӣ бимонад, зеро аз ин ҳолати вазнини рӯҳиву ҷонӣ баромадан корнамоиҳои сарвари ҷонфидои миллати мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон басо назаррасу ибратангез аст. Ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва соҳиби ғуруру иродаи қавӣ, ватандусту сулҳпарвари мо аллакай лаззати бесарусомонӣ ва муҳоҷиратро чашидаааст, имрӯз тамоми халки меҳанпарасту қавииродаи  мо аз имтиҳони душвори зиндаги гузаштаем, таълимоти асили диниро аз идеологияҳо ва пешвоёни онҳо, ки дар зери пардаи муқаддасоти инсонӣ-исломӣ одамро аз ҳуқуқу озодиҳо маҳрум карданӣ мешаванд, бо шууру тафаккури инсонияти хеш  ба осонӣ дар тафовут гузошта метавонем. Дар ҷараёни фоҷиае, ки халқи мо аз сар гузаронд, мардум дарк намуд, ки иғвову дасисаҳои байни бародар бо бародар ва кӯшишҳои қувваҳои тафриқаандозони пасипардагӣ, талошҳои тоҷикро ба асил ва ғайриасил, мусулмон ва номусулмон ҷудо кардан чӣ гуна бадбахтиҳо ба бор оварда метавонистанд, хушбахтона барои бахти кишвари мо фарзанди барӯманди халқи тоҷик баҳри наҷоти имрӯзиён худованд фардеро фиристод, ки давлати тоҷиконро аз нав эҳё намуд.   Ба  хотири ба истиқлолият баровардани давлат, кӯшиш намуд, тамоми чораҳоро андешида, маҷбур гардид, ки кулли кору фаъолиятро аз аввал оғоз намояд. Конститутсияи кишвари мо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардумро ҳамҷун давлати соҳибихтиёру комилҳуқуқ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон менамояд. Бо шарофат ва хирадмандиву зиракии Пешвоии миллат имрӯзҳо сатҳи муқаддасоти ахлоқии халқи тоҷик бениҳоят дар арсаи баландтарин қарор дорад.

Он чи ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест гуфтаанд. Мардуми кишвари мо худ гувоҳанд  дар даврони истиқлолият чӣ қадар роҳҳо автомобилгард,  корхонаҳои нав бунёд гардид,   ҷойҳои кории нав пайдо гардид, музди меҳнати кормандони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ баланд гардид. Асосаш он аст, ки сулҳу ваҳдат дар кишвари мо танинандоз аст. Имрӯзҳо агар аз ҳар як сокини кишвар пурсон шавӣ аз тинҷиву оромии кишвар ва тараққиёти он шукргузор ҳастанд.

Абдуқодир Акрамов, декани факултет, номзади илмҳои техникӣ,

Шамшод Алиев, мудири кафедраи нақлиёт, номзади илмҳои техникӣ,

Мазбут Холиқов, муовини декан оид ба тарбия, унвонҷӯ

 

 

 

  Мутафаккири бузурги Юнони қадим Арасту гуфта буд: «Оила - пояи асосии ҷомеа ва давлат аст. Дар давлате, ки устувории оилаҳо зиёд аст, дар он ҷомеаи солим ҳукмфармост». Ин нукта масалан барои хушбахтии оилаҳои ҷавон бисёр муҳим аст. Масъалаҳои муҳими рӯз маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи мушкилаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо меккнад. Мусаллам аст, ки ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад.

Оилаи солим - оилаест, ки бунёдашро меҳру садоқат ва якдигарфаҳмӣ асос мегузорад. Вақте талош барои ободии ҷомеаи солим равона аст, пас оилаи солим бояд дар меҳвари он қарор дошта бошад ва вайронии он боиси нобудии ҷомеа хоҳад гашт.

Мутассифона,  сафи ҷавонони гумроҳи шомили ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро сол то сол зиёд мегарданд. Асоси шомил шудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ин надонистани сарнавишти таърихии миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбати мероси маънавӣ- фарҳангии хеш, бегонапарастию қадр накардани қимати дастовардҳои истиқлолияти миллӣ оварда мерасонад.

Боиси қайд аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.

Сабаби  пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи ноустувори шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан, ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гуруҳи ифротгаро мегардад. Дар филми «Бозгашт аз ҷаҳаннам» Аёмиддин Сатторов, яке аз муассисон ва мубалиғони ҲНИ иқрор мешавад, ки маҳз ҳамин гумроҳӣ, ба қадри кофӣ надоштани дониши диниву сиёсӣ ҷавонони моро ба кӯи навмедӣ бурд ва ин зарфиятро масъулони ҳизби террористии наҳзатӣ оқилона ва мувафаққона ба кор бурданд. Воқеан ҳам, дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии истиқлолияти миллӣ ва осоиштагии ҷомеаи худро аз чунин пайомадҳои манфӣ ва таъсири қувваҳои моҷароҷӯ эмин нигоҳ дорем. Танҳо нафари хирадманд метавонад оилаи солим бунёд намояд, инчунин фарзандони муваффақ самараи оилаи солиманд. Зеро таълиму тарбияи хуби фарзандон ба ҷаҳду талошҳои пайвастаи падару модар вобаста аст. Марду зане, ки соҳиби маърифат, илму ҳунар ҳастанд, ҳар оина муассиси оилаи хуб ва фарзандони намуна гашта метавонанд.

Барои он ки оила солим бошад, аз кӯдакистон, муассисаҳои ибтидоиву миёна, олии касбӣ бояд ба ин масъала таваҷҷуҳи зиёд намоем, ҷараёни машғулиятҳои тарбиявиро дар муассисаҳои таълимӣ самаранок истифода барем.                                      

Муаттара Раҳматова,

номзади илмҳои филологӣ,

устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд