Бо мақсади бошукӯҳу хотирмон ва дар сатҳи баланди ташкиливу фарҳангӣ таҷлил намудани Соли нави милодии 2020, ташкили истироҳату фароғати шаҳрвандон, дар руҳияи ватандӯстӣ, зебоиписандӣ ва маънавиёти баланд тарбия намудани наврасон ва ҷавонони эҷодкор шурӯъ аз санаи 23 декабри соли 2019 дар пояи Арчаи солинавии шаҳри Хуҷанд, дар хиёбони Камоли Хуҷандӣ Фестивал-озмуни солинавӣ баргузор гардида истодааст.

Санаи 24 декабри соли 2019 аз рӯи талабот ва шартҳои Фестивал-озмун байни муассисаҳои таҳсилоти олии шаҳри Хуҷанд донишҷӯёни бомаҳорати донишкада истеъдоди баланди худро пешкаши мухлисони Хуҷандшаҳр гардониданд. 

Ровиёни хушбаён бо таманниёти солинавии директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода ҳозиринро шодбош гуфтанд. Сипас донишҷӯёни ҳунарманд дар иҷрои суруди якка, рақси якка,  бадеҳасароӣ, суруд бо забони хориҷӣ, бозиҳои ҷолиби саҳнавӣ, баромади дастаи зарифону ҳозирҷавобон, сюитаи рақсию овозӣ хотири аҳли нишастро шод намуданд. Мавзӯи барномаҳои фарҳангӣ бо истифода аз анъанаҳои ҷашни солинавӣ ва расму оинҳои миллӣ мураттаб гардида, дар сатҳи баланди ташкилию фароғатӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ то дер дар лавҳи хотири иштирокчиёни чорабинии гирди арча хоҳад монд.

Дар Кохи фарҳангии ба номи «Рӯдакӣ»-и шаҳри Хуҷанд беш аз 650 нафар устодону донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, меҳанпарварӣ Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро тариқи оинаи нилгун дастҷамъона тамошо намуданд.
Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз барои пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила ва рушди варзиш корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст.Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд. Соли ҷорӣ ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида шуд. Аз ин шумора 32 муассиса бо қариб 10 ҳазор ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандони саховатпешаи кишвар ба маблағи беш аз 122 миллион сомонӣ бунёд шуда, ҳиссаи онҳо дар сохтмон ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои соҳаи маориф ва дигар бахшҳо рӯз ба рӯз афзуда истодааст. Соли 2020 сохтмони 181 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар ҳаҷми 900 миллион сомонӣ бо муҳайё намудани 54 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. То ҷашни 30 - солагии истиқлолияти давлатӣ 128 муассисаи томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд гардида, дар маҷмӯъ, 1332 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ тармиму таҷдид карда мешавад.


Президенти мамлакат роҳбарону кормандони соҳаи маорифро вазифадор карданд, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд. Инчунин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Вобаста ба ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд.
Зикр гардид, ки забон ойинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем. “Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем” - изҳор доштанд Пешвои миллат.
Таъкид шуд, ки аз ин рӯ, ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” - ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд.
Ҷомеаи бисёрҳазорнафараи устодону донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ баъди тамошои Паёми Роҳбари давлат тасмим гирифтанд,ки нуктаҳои муҳими онро дар ҷамъомаду соатҳои тарбиявӣ мавриди омӯзиш қарор хоҳанд дод.

Санаи 12.11.2019 дар толори донишкада бо иштироки сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, полковники милитсия Саидзода Баҳром Раҷабалӣ бо омӯзгорону  донишҷӯён вохӯрӣ доир гардид.

Саидзода Б.Р. доир ба мавқеи Тоҷикистон дар пешгирии паҳншавии  терроризм ва экстремизм, пешгирии гаравидани ҷавонон ба гуррӯҳҳои ифротӣ, ҳодисаҳои охири дар Аврупо рухдода ибрози ақида намуд. Мавсуф қайд намуд, ки терроризм яке аз роҳҳои ба амалбарорӣ ва тарзу усули бурдани муборизаи сиёсӣ бо истифодаи афкори даҳшатзо ва тарсафканӣ бо роҳи таҳдиду таҷовуз ва зӯроварӣ ҷиҳати бедор кардани тарсу ҳарос, ваҳмангезӣ дар вуҷуди инсонҳо мебошад.

Ҳадаф аз ин кирдори бераҳмона - расидан ба мақсади ниҳоии худ, ноором сохтани вазъи сиёсӣ, ангехтани зиддият дар миёни қишрҳои ҷомеа, коста намудани обрӯи давлат, эҷоди бесарусомониҳо, ҳамзамон ноҷӯрӣ ворид кардан дар муносибатҳои дипломатии миёни дигар кишварҳо мебошад.

Имрӯз ва дар оянда низ терроризм яке аз хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир тарзу усули нави истифодабариро касб мекунад.

Чорабинии имрӯзае, ки аз тарафи сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, полковники милитсия Саидзода Баҳром Раҷабалӣ дар толори донишкада гузаронида шуд, хоссатан барои донишҷӯён амри маҳол буд. Донишҷӯёни донишкада аз баромадҳои Саидзода Б.Р. ва аз филми “Марди роҳ” як ҷаҳон таассуротҳои наҷиб пайдо карда, ҳамеша зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри шукуфоии давлатамон саъю кӯшиш менамоянд.

Дар охири вохӯрӣ филми “Марди роҳ” ба маърази тамошо гузошта шуд.

 

 

 

Дар факултети муҳандисӣ-технологии ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва ҷиҳати дарёфт ва рушди истеъдодҳои нодир аз миёни донишҷӯёни ихтисосҳои технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ ва меъморӣ озмуни “Дизайнери беҳтарин” гузаронида шуд.
Озмуни мазкур аз рӯйи чор номинатсия : “Либоси беҳтарин”, “Корҳои дастии беҳтарин”, “Мусаввараи беҳтарин” ва “Армуғони сайёҳии беҳтарин” ташкил ва гузаронида шуд. Озмун бо омӯзиш аз ҷониби ҳайати бонуфузи ҳакамот, аз ҷумла директори Корхонаи воҳидии давлатии “Маркази таълимӣ”- и шаҳри Хуҷанд Мунаввара Дадобоева, муовини директор оид ба таълими маркази таълимии номбурда Муҳаббат Хоҷаева, мушовири маркази таҳсилоти иловагии №6-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, роҳбари маҳфили бофандагӣ Баҳорхон Охунова, Узви иттифоқи мусаввирони Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи Камоли Хуҷандӣ Восид Абдураҳмонов, рассом-санъатшинос Наимҷон Бобоев ва директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ оғоз гардид.
Дар озмуни “Дизайнери беҳтарин”, дар номинатсияи “Либоси беҳтарин” зиёда аз 36 амсилаҳои донишҷӯён дар доираи маҳфилҳои гуногуни кафедра омодашуда буданд, ба намоиш гузошта шуда, аз тарафи аъзоёни ҳакамон баҳогузорӣ гардид. Дар номинатсияи “ Либоси беҳтарин” дипломи дараҷаи якум бо ишғоли ҷойи якум, ба донишҷӯи соли аввал якум Сатторова Қурбоной, дипломи дараҷаи 2 бо ишғоли ҷойи дуюм ба донишҷӯи курси 2 Рухшона Қосимова, дипломи дараҷаи 3 бо ишғоли ҷойи сеюм, ба донишҷӯи ихтисоси курси 3 Шоҳина Абдусамадзода дода шуд.
Дар номинатсияи “Корҳои дастии беҳтарин” зиёда аз 150 навъи корҳои дастии донишҷӯён ба намоиш гузошта шуда, аз тарафи аъзоёни ҳакамон баҳогузорӣ карда шуд. Дар номинатсияи “ Корҳои дастии беҳтарин” дипломи дараҷаи якум 1 бо ишғоли ҷойи якум, ба донишҷӯи курси 3 Маҳинахон Ахмедова, дипломи дараҷаи дуюм бо ишғоли ҷойи дуюм ба донишҷӯи курси 3 Муқаддам Ҷалилова, дипломи дараҷаи сеюм бо ишғоли ҷойи сеюм, ба донишҷӯи курси 1 Фаррух Ғафуров дода шуд.
Дар номинатсияи “Мусаввараи беҳтарин” зиёда аз 100 адад мусаввараҳои донишҷӯён дар мавзӯи “Тоҷикистон – кишвари зебои ман”, “Рушди сайёҳӣ”, тасвири симои шахсони шинохта, нақшу нигори миллӣ, интерери хонаҳои истиқоматӣ ва монанди инҳо ба намоиш гузошта шуда, аз тарафи аъзоёни ҳакамон баҳогузорӣ карда шуд. Дар ин номинатсия дипломи дараҷаи якум бо ишғоли ҷойи якум насиби донишҷӯи курси 4 Далер Машарипов, дипломи дараҷаи дуюм бо ишғоли ҷойи дуюм ба донишҷӯи курси 4 Далер Қурбонов, дипломи дараҷаи 3 бо ишғоли ҷойи сеюм, ба донишҷӯи, курси 1 Манижа Пӯлотова гардид.
Дар номинатсияи “ Армуғони сайёҳии беҳтарин” зиёда аз 120 адад армуғонҳои сайёҳии аз тарафи донишҷӯён омодашуда ба намоиш гузошта шуда, аз тарафи аъзоёни ҳакамон баҳогузорӣ карда шуд. Дар ин номинатсия дипломи дараҷаи якумро бо ишғоли ҷойи якум, ба донишҷӯи курси 4 Далер Машарипов, дипломи дараҷаи дуюм бо ишғоли ҷойи дуюм ба донишҷӯи курси 3 Фирдавс Абдуназаров, дипломи дараҷаи сеюм бо ишғоли ҷойи сеюм, ба донишҷӯи курси 2 Манижа Бойматова дода шуд.


Ҳамаи иштирокчиёни фаъоли озмуни “Дизайнери беҳтарин” бо сипоснома аз тарафи директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ сарфароз гардонида шуданд.
Таъкид гардид, ки мақсад аз ташкил ва гузаронидани озмуни “Дизайнери беҳтарин” ин эҳё намудан ва рушди ҳунарҳо ва анъанаҳои гузаштагон, ҳавасмандкунии донишҷӯён-мутахассисони ояндаи соҳа, коркарди ғояҳои нав ба нав оиди истеҳсоли ягон маҳсулоти нав, конструиронии бадеӣ, тарроҳии маҳсули ҳунарҳои мардумӣ дар равзанаи имрӯзу оянда аз нигоҳи донишҷӯ мебошад.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Имрон Ҳайдар дар доираи сафари кориаш ба шаҳри Хуҷанд ба Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ташриф оварда, бо раванди таълиму тарбия ва устодону донишҷӯёни ин боргоҳи маърифат ошноӣ пайдо намуд.
Сафир зимни ошноӣ дар факултети муҳандисӣ-технологии ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ба фаъолияти озмоишгоҳҳо мароқ зоҳир карда шуд.
Дилафрӯз Саидӣ, директори ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ гуфт, ки раёсати донишкада бо истифодаи оқилонаи буҷаи худ ва ҷалби грантҳо бинои нави таълимиро, ки дар он маҷмааи озмоишгоҳҳои таълимӣ ва илмӣ – тадқиқотӣ ҷойгир мешаванд, бунёд намуд. Истифодаи ин бино имконият медиҳад, ки дар он 9 озмоишгоҳи нав барои донишҷӯёни ихтисосҳои технологияҳои нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти хӯрока, экологияи саноат ва истифодабарии оқилонаи захираҳои табиӣ, меъморӣ амал кунад. Таҷҳизоти озмоишгоҳҳо дар натиҷаи ҳамкорӣ бо барномаи Эрасмус+-и Иттиҳоди Аврупо (лоиҳаи “Таҳсилоти олӣ барои низоми озуқаворӣ ва стандартҳо дар Осиёи Марказӣ”), барномаи Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ – GIZ (лоиҳаи “Таҳсилоти касбӣ ва такмили ихтисос дар Осиёи Марказӣ”), Донишгоҳи технологии шаҳри Гуилини Ҷумҳурии Халқии Чин дар давоми 3 соли охир ва инчунин бевосита аз ҳисоби буҷети донишкада таъмин шуда истодааст. Дар доираи ин лоиҳаҳои ҳамкорӣ омӯзгорону кормандони донишкада бевосита корро бо ин таҷҳизот азхуд кардаанд ва инчунин дар донишгоҳу корхонаҳои Олмон, Латвия, Литва, Полша, Хитой, Қазоқистон, Қирғистон 54 нафар такмили ихтисос гузаштанд. Ибтикори донишкада оид ба ҷалби маблағҳои грантӣ барои пурра ва мустаҳкам кардани пояи озмоишгоҳӣ боиси ибрату омӯзиш аст.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Имрон Ҳайдар ҳамзамон аз озмоишгоҳи технологияи дӯзандагӣ ошноӣ пайдо намуд.
Таваҷҷуҳи сафирро маҳсулоти дастии истеҳсолнамудаи донишҷӯён дар маҳфилҳо ҷалб намуд. Имрон Ҳайдар пешниҳод намуд, ки дар ярмаркаҳои бо ҷалби кишвари Покистон баргузормешуда чунин маҳсулотҳо бештар муаррифӣ гарданд.


Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Имрон Ҳайдар дар ҷараёни мулоқоташ директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ аз имконият ва зарфиятҳои ояндаи ҳамкорӣ ҳарф зада, аз ҷумла таъкид дошт, ки бори дуюм аст, ки ба шаҳри Хуҷанд ташриф меорад. Вале ин сафар бо ҷаззобият ва маълумоти афзунаш ӯро дарҳайрат гузошт.
Сафир зимни мулоқот ҳавасмандии худро барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои донишкадаҳои Покистону Тоҷикистон, бахусус Донишкадаи политехнии шаҳри Хуҷанд изҳор дошт. Ғайричашмдошти сафир донишкада хеле фаъол ва ҳамқадами замон буда, дар риштаҳои мухталиф аз ҷумла технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ, энергетика, айтитехнология ва ғайраҳоро пешсаф мебошад ва метавонад заминаи муҳими ҳамкориҳои минбаъда гардад.


Дилафрӯз Саидӣ аз раванди таълим ва фановарӣ дар донишкада иттилоъ дода, ҳавасмандии хешро ҷиҳати қабули олимони варзидаи донишгоҳҳои бузурги Покистон баҳри донишомӯзии донишҷӯён ва мубодилаи таҷриба бо устодон изҳор дошт. Таъкид шуд, ки аксари донишҷӯёну устодон бо забони англисӣ хуб ҳарф мезананд ва ҳамасола дар озмунҳои байналмилалӣ шарафи Тоҷикистонро боло мебаранд.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Имрон Ҳайдар гуфт, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари Покистон бозори васеъ аст ва ҳар як тоҷикистонӣ метавонад дар ин бозор тиҷорати хешро тавсеа бахшад. Тоҷикистону Покистонро ҳамагӣ 14 километр масофа аз ҳама ҷудо мекунад, ғайр аз ин ба ҳамагон маълум аст, ки дар гузаштаи начандон дур ҳамкории фарҳангиву илмӣ ду халқияти бо ҳам хеле наздик буданд. Шоирону адибони Тоҷикистон дар Покистон фаъолияти густурда доштанд ва баръакс аҳли адаби Покистон дар Тоҷикистон маъруфият пайдо намудаанд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориро дар мубодилаи таҷрибаи донишгоҳҳо, иштирок дар ярмаркаҳои истеҳсолӣ, таҳқиқоту фановарӣ ва ғайраҳоро баррасӣ карданд.


Ҷоиз ба зикр аст, ки Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Имрон Ҳайдар дар доира сафари кориаш ба шаҳри Хуҷанд ҳамзамон аз ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд боздид намуд.
Сафирро дар ин боздидҳо мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ ҳамроҳӣ намуд.

Дар толори ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ вохўрӣ бо академик Носирҷон Салимӣ, узви Комиссияи марказии интихобот ва райпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани руҳияи худогоҳию хештаншиносӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва фаъолона ширкат варзидан дар маъракаҳои интихоботӣ баргузор гардид.
Темур Тӯйчизода, мудири шуъбаи ҳуқуқӣ-маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд чорабиниро ифтитоҳ намуда, ҳадафи онро шарҳ дод.
Сипас, академик Носирҷон Салимӣ, узви Комиссияи марказии интихобот ва райпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки мулоқоти имрўза тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иҷрои Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани руҳияи худогоҳияю хештаншиносӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва фаъолона ширкат варзидан дар маъракаҳои интихоботӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, террористӣ ва экстремистӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, сафарбарии дружиначиёни ихтиёрӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар давраи интихобот, фаъолгардонии ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Пайравони Пешвои миллат дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо иштироки ҳайати гурўҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи марказии интихобот ва райпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида истодааст.


Ҳадаф аз мулоқоти имрӯза пеш аз ҳама баланд бардоштани фарҳанги сиёсӣ байни ҷавонон ва пешгирии шомилшавии ин қишри ҷомеа ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мебошад. Ҳамзамон доир дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаҳо сиёсии дар пешистода, аз ҷумла, интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаҳо ва мубодилаи афкор сурат хоҳад гирифт.
Мулоқот дар фазои озоду ошкоро анҷом пазируфт.

Санаи 05.11.2019 ба ифтихори 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори донишкада озмуни “Беҳтарин донандагони Конститутсия” байни донишҷӯёни донишкада баргузор гардид. Дар озмун намояндагони факултетҳои донишкада дар ду даста – дастаи Ваҳдат ва Ватандӯст байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Аз ҷониби доварон оид ба ин санади таърихиву муқаддасест, ки тамоми муносибатҳои муҳимтарини ҷомеаро ба танзим медарорад, саволҳо дода шуд. Дастаҳо бо ҷавобҳои мушаххаси худ исбот намуданд, ки бояд ҳар як калима ва сатри Конститутсияро азизу муқаддас дониста, бо истифода аз он дар пойдории давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона, иҷтимоӣ ва соҳибистиқлоли Тоҷикистон  ҳиссагузор бошем. 

Бояд қайд намуд, ки аз тарафи доварон дастаҳо ба саволҳои додашуда дар мӯҳлати муқарраршудаи вақт ҷавоб дода, баҳогузорӣ гардиданд. Дар натиҷа ғолибият насиби дастаи Ваҳдат гардид. Ғолибон аз тарафи раёсати донишкада бо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд. 

Донишҷӯён бори дигар эҳсос намуданд, ки вазифаи шаҳрвандии ҳар як сокини Тоҷикистон он аст, ки онро дақиқ биомӯзанд, эҳтиром намоянд ва аз он ифтихор бикунанд. Баргузор намудани чунин озмунҳо бо мақсади омӯзиши таърих ва аҳамияти ин китоби сарнавиштсоз ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллии донишҷӯён муассир аст.


 

Дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо иштироки намояндаи ШММЗҶМ дар вилояти Суғди РМЗҶМ ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия Абдуллозода А. вохӯрӣ доир гардид.
Директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ вохӯриро оғоз намуда, оид ба мавқеи Тоҷикистон дар пешгирии паҳншавии терроризм ва экстремизм, пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ андешаронӣ намуда, аз ҷумла қайд намуд, терроризм дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанӯз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош дошта, даст ба зӯрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки масъалаи “мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии муассисаҳои илмӣ ва сохтори марбутаи давлати дунявӣ дониста мешавад”.
Таъкид шуд, ки имрӯз дар ҷаҳони ислом як қатор ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ дар заминаи эътиқодоти динӣ амалкунанда арзи ҳастӣ доранд, ки аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ бо мақсади амалӣ сохтани манофеи геополитикиашон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистони тозаистиқлол интиқол ёфта, имконияти дар оянда вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва суботу амнияти ҷомеаро доранд.
Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Сардори ШПБҶХЭ ШММЗҶМ дар вилояти Суғди РМЗҶМ ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия А. Абдуллозода дар баромади худ қайд намуд, ки терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра мавзӯи асосӣ ба пайвастани шаҳрвандон ба гурӯхҳои тундрав равона шудааст, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад. Яке аз омилҳои асосии гумроҳии ҷавонон ва пайваст шуданашон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ паст будани дониши сиёсӣ, бетарафсозии аҳли ҷомеа, огоҳ набудан аз шароити иқтисодиву ҳолати равона ҷавонон мебошад. Бояд донишҷӯёне, ки қишри саводнокии ҷомеа ҳастанд, ба ҳамсафони худ оқибатҳои маргбори ин амалҳои номатлубро фаҳмонанд.
Алҳол бояд амалиётро зидди терроризм ва экстремизм мушаххас ва амиқ ба роҳ монда, муборизаро пурқувваттар намоем. Зеро ки ҳизбу ҳаракат ва равияҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқонунӣ эълоншуда низ, тавассути ҳомиёни худ фаъолияташонро афзуда, таъсирашон ба ҷавонон меафзоянд. Имрӯз ва дар оянда низ терроризм яке аз хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир тарзу усули нави истифодабариро касб мекунад.
Қимматарин неъмате, ки Сарвари муаззами миллат ба Тоҷикистон оварданд ин сулҳ ва тинҷию оромӣ мебошад. Барои ҳамин ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд онро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дорад ва ҳифз намояд.
Мавсуф аз ҷавонон даъват ба амал овард, то ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, барои бунёди давлати азизамон саҳмгузоранд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ қайд намуд, ки ҳар як шахси баорият ба қадри тинҷиву оромии ҷомеа расад ва шукрона кунад, ки имрӯз мо орому осудаҳолона зиндагонӣ дорем. Барои имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз фикр кунем. Бояд барои тинҷии миллати саодатовар бо ҷону дил хизмат намоем.

Воқеан ҳам, бисту панҷ сол муқаддам – 6 ноябри соли 1994 дар кишвари мо тавассути раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, яъне бахтномаи халқамон қабул гардид, ки он истиқлолияти давлатии моро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонид ва чун шиносномаи миллату давлати тоҷикон онро бо номи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона расман ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.

Конститутсия маҳсули эҷоди Иҷлосияи тақдирсози миллат буда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон зикр намуданд, ки «Иҷлосия дар инкишофи ислоҳоти конститутсионии мамлакат саҳифаи нав кушод ва барои таҳия ва қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузошт. Зеро акнун роҳ ба сўйи сохтмони давлати демократӣ, ягона, ҳуқуқбунёду дунявӣ муайян гардида, барои таъмини пурраи кафолатҳо ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон шароити мусоид муҳайё гардида буд».

Воқеан, Конститутсия ҳамчун санади олии сиёсӣ барои амалӣ гардидани ҳокимият аз ҷониби халқ ва иштироки ҳар як шаҳрванд дар идоракунии ҷамъиятиву давлатӣ замина гузошта, баробарии ҳамаро дар назди қонун, таҷзияи ҳокимият, гуногунандешии сиёсиву мафкуравӣ, бисёрҳизбӣ ва фаъолияти озоди соҳибкориро дар кишвар кафолат медиҳад. Дар заминаи татбиқи бомароми меъёрҳои конститутсионӣ дар кишвари мо волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, инчунин ифтихори милливу худшиносӣ ба сатҳи арзиши ҳамешагии ҷомеа бардошта шуд.

Натиҷаи ҳамин дастовардҳои конститутсионист, ки имрӯз дар мамлакат сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор мебошад ва халқи Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба ободиву созандагии сарзамини соҳибистиқлоли худ машғул аст.

Ҷашни  25-умин солгарди санади тақдирсози миллат-Конститутсия муборак бошад!

Санаи 10 декабри соли 2019 дар толори донишкада вохӯрии директори донишкада бо донишҷӯёни фаъоли факултети информатика ва энергетика баргузор гардид. Дар рафти мулоқот директори донишкада бо донишҷӯёни донишкада оид ба дастовардҳои даврони истиқлолият, дастовардҳо ва пешравиҳои донишкада тайи 1 соли охир, оид ба фаъолияти паркҳои технологии донишкада ва дастгирии донишҷӯёни фаъолу аълохон суханронӣ намуд. Инчунин дар бораи масъалаи мубрами замони муосир ин шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ибрози ақида намуда қайд кард, ки ҳар як ҷавонони соҳибиродаву ватандӯст бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, барои пешравии Ватани азизамон саъю кӯшиш намоянд ва барои баланд бардоштани ҳисси ватанпарастиву масъулиятшиносӣ ва хештаншиносиву худогоҳии миллӣ дар талош бошанд.    

Донишҷӯён ба директори донишкада саволҳои худро пешниҳод намуда, ба онҳо ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Аз тарафи донишҷӯён масъалаҳои дар донишкада мавҷуд буда, арзёбӣ гардида  ҳалли худро ёфтанд.

Донишҷӯён дар охир аз ин мулоқоти судманд ба директори донишкада арзи сипос намуда, ваъда доданд, ки аз паи омӯзиши илму дониш  гардида, ҳамарӯза онро такмил диҳанд.

 

 

Дар ҳунар кӯш, ки зар чизе нест,

Ганҷу зар пеши ҳунар чизе нест.

Ҳунаре неҳ, ки диҳад симу зарат,

Ҳунари аз дилу ҷон ранҷбарат.

 

Чӣ хеле ки ҳамагон огаҳӣ дорем, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2019 — 2021– Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шуд. 

Заҳмату кору ҳунар касро намоянд номдор,

Олиҳиммат кас зи ҳастии ҳунар мумтоз шуд.

 

Воқеан, ҳунар сармояи гаронест, ки онро бо ягон дороӣ, сарват, симу зар иваз кардану харидан номумкин аст. Ҳунар ба инсон бузургию шаҳомат бахшида, ӯро болидарӯҳ мегардонад. Ҳунар зиндагиро зебоӣ мебахшад. Шахси боҳунар дарёеро мемонад, ки онро ҳар замон обест зулолу ошомиданӣ.

Санаи 29.10.2019 бо мақсади эҳё намудани анъана ва расму оинҳои миллӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, санҷидан ва сайқал додани малакаи ҳаётии ҷавонон, инчунин ҳавасмандгардонии ҷавонони бомаҳорат даври якуми озмуни вилоятии “Дастони моҳир”-ро дар хобгоҳи донишкада  баргузор гардид. Озмуни мазкур тайи ду соли охир баргузор гардида, хушбахтона тайи ду сол дар даври вилоятии озмун иштирокчиёни мо муваффақият ба даст оварда, соҳиби ҷойи дуюм ва бо Диплом ва тӯҳфаҳои хотиравии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сарфароз гардидаанд.

Тибқи Низомномаи озмун, ки бо тасдиқи сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд аз 16 октябри соли 2019 тасдиқ гардидааст,  шартҳои даври аввали озмун чунин аст:

Шарти озмун барои ҷавондухтарон:

1. Иштирокчӣ барои омода намудани таом бояд либоси муносиб дошта бошад;

2. Тарзи тайёр намудани хамири чак-чакро нишон диҳад.

3. Боз (рост) кардан ва дуруст буридани чак-чак

4. Пухтан ва пешниҳод намудани чак-чак.

Шарти озмун барои ҷавонписарон:

1. Тарзи дуруст дарзмол кардани сару либос (шим ва курта)

2. Тарзи дуруст бастани гарданбанд (кӣ зудтар)

Ҳар як иштирокчиён бо тайёрии пухта баромад намуда, аъзоии ҳакамон  дар ҳайати муовини директор оид ба тарбия, намояндагони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ва масъулини хобгоҳ ба иштирокчиёни озмун чунин баҳогузорӣ намуданд:

Ҷавондухтарон

ҷойи 1

Эмомова Манижа Сафоловна

4_69.01.01та

ҷойи 2

Хонкелова Зилола Нематҷоновна

3_50.01.02та

ҷойи 3

Мирзокалонова Фирӯза Аловадиновна

1_69.01.01тв

ҷойи 4

Турдиматова Таҳмина Абдувалиевна

3_25.01.03ра

Ҷавонписарон

ҷойи 1

Юлдошев Лоиқ Нӯъмониддинович

3_43.01.03тв

ҷойи 2

Қодиров Асадҷон Аброрович

1_69.01.01та

ҷойи 3

Содиқзода Муллосодиқи Фирузи

3_43.01.03та

 

 Ғолибонро аз номи раёсати донишкада муборакбод намуда, барои иштирок дар даври вилоятӣ муваффақияту барор хоҳонем!