Рӯзи гузашта дар маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии Раиси федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшоҳ Неъматзода, муовини Раиси федератсияи Иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзизода Исмоили Нарзӣ,  раиси Шӯрои иттифоқи касабаи вилоят Абдуллозода Шарифулло ва раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд Мусобек Мироватов вохӯрӣ бо собиқадорони соҳаи маориф ва ятимони кулл доир гардид.

Дар суханронии Маликшоҳ Неъматзода зикр шуд, ки Паёми  навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки санаи 26 январи соли равон тариқи расонаҳои ахбори умум ироа гардид, сокинони ваҳдатшиори мамлакат бо ифтихори бузург ва шукргузории афзун аз давлату давлатдории миллӣ истиқбол намуданд. Пешвои муаззами миллат дар баробари таҳлилу баррасии масъалаҳои мубрами соҳаи хоҷаги халқи мамлакат ба соҳаи маориф ба ҳайси самти афзалиятнок дар сиёсати маърифатпарваронаашон дар Паёми навбатӣ таваҷҷуҳ ва эътибори хосса зоҳир намуданд. Ҳамзамон дастгирии ятимону бесаробмондагон, шахсони имконияташон маҳдуд дар меҳвари фаъолияти Савари давлат қарор дорад. Ба андозаи 50 фисад баланд намудани ҳаҷми нафақаи маъюбони гурӯҳи якум бозгӯи гуфтаҳои болоӣ мебошад.

Дар фуроварди чорабинӣ ба 100 нафар ятимони кулл ва бепарастор аз ҷониби федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд, ки аз миёни онҳо 14 нафарро донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мебошанд.

Санаи 30 январи соли 2021 дар донишкада ҷашни Сада дар сатҳи баланд таҷлил гардид. Қайд гардид, ки пойдорию нуфузи ҳар як миллат беш аз ҳама ба маҳфуз доштани забону фарҳанг ва расму оинҳояш марбут аст. Ба шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз ва маҳз зери сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашну маросимҳои суннатии мардуми мо, ки мероси пурғановате аз ниёгонанд, умри дубора пайдо намуд. Сарвари муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Дар замони истиқлолият Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо, аз ҷумла Наврӯзу Меҳргон умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва дар радифи ҷашнҳои миллиамон ба қонунгузории мамлакат ворид гардид».

Моҳияти ҷашни Садаро пирўзии рўшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, мардум онро бо афрўхтани гулханҳои бузург таҷлил мекарданд.

Дар табрикоти директори донишкада оварда шуд, ки эҳёву таҷлили ҷашни Сада ҳамчун рамзи истиқболи фасли нуру гармӣ, некиву саховатмандӣ, сарҷамъӣ ва ваҳдати кулли шаҳрвандон дар густариши корҳои ободониву созандагӣ ва хуррамиву пешрафти Тоҷикистон нақши муассир гузошта, дар оғози сол чун паёмовари Наврӯзи оламафрӯз ба зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон муждаи хуррамиву хушбахтӣ хоҳад овард.

Навор оид ба таърихи ҷашни Сада, шеъру суруд, рақсҳои ҷолиб, бадеҳасароӣ аз ҷониби донишҷӯёни боистеъдод пешкаши ҳозирин гардида, табъи ҳозиринро болида намуд. 

 

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи “Спартак” мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба футбол байни муассисаҳои олӣ ва миёна махсус ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян шуданд.
Қабл аз қадршиносии ғолибон Фируза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ҳамагонро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда , иттилоъ дод, ки ба хотири тарғиби тарзи ҳаёти солим дар пайравӣ ба иқдомҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд майдончаҳои варзишӣ бунёд ва ба ҷавонону наврасон барои тамрини ҷисмониашон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст ва имконоти мазкурро самаранок истифода баранд ва вақтҳои холигии худро бештар бо машқу тамрин сипарӣ намуда истодаанд, зеро варзиш омили муҳимтарини солимист. Дар давраи соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон торафт мақоми ҷавонон дар ҷомеа боло бардошта шуда, онҳо вобаста ба имконоту шароити мавҷуда дар рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа саҳми муносиб мегузоранд. Ҷавонон махсусан дар соҳаи варзиш ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд, ки бо ин роҳ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон Тоҷикистонро ба таври шоиста муаррифӣ намуданд. Эътибори Роҳбарияти давлату Ҳукумат ба рушди илму фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа ба пешрафти соҳаҳои илму маориф, таълиму тарбия ва тайёр намудани мутахассисони соҳиби донишу малакаҳои баланди касбӣ дар заминаи муассисаҳои олӣ мусоидат намудааст.
Бозии ниҳоӣ ғолибонро муайян намуд. Ҳамин тавр, дастаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мақоми аввал, тими ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ҷойи дуюм ва гуруҳҳои Коллеҷи тиббӣ ва Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд сазовори ҷои сеюм гардиданд.
Ғолибон ва ҷоизадорон қадршиносӣ карда шуданд

Имрӯз устодону донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо арзи муҳаббат ва самимият Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар  ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум ироа гардид, тариқи оинаи нилгун тамошо намуданд.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, таъмини рушди иқтисодӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, алоқа, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илм, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро муайян намуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Вобаста ба соҳаи маориф Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки : “То замони истиқлол дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69000 донишҷӯ фаъолият мекард. Имрӯз шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 41, донишҷӯён ба 245 ҳазор ва бо иловаи донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, ба 285 ҳазор нафар расидааст. Бо вуҷуди ин, таъкид месозам, ки аз ҷониби роҳбарони Вазорати маориф ва илм, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар масъалаи қабули довталабон ва тарбияи кадрҳо, пеш аз ҳама, ба сифат эътибори аввалиндараҷа дода шавад. Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин, вазифадор карда мешавад, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот – аз муассисаҳои томактабӣ сар карда, то гимназияву литсейҳо ва зинаҳои дигари таҳсилот ба таври ҳатмӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ ва технологияҳои иттилоотиро ташкил карда, назорати қатъии сифати таълимро дар ин самт ба роҳ монад”.

Таъкид гардид, ки таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ яке аз ибтикороти муҳимми Ҳукумати мамлакат дар самти рушди илму маориф маҳсуб меёбад. Ҳоло дар хориҷи кишвар зиёда аз 40000 нафар донишҷӯ, магистр ва аспирантҳои мо ба таълим фаро гирифта шудаанд. Мо бояд тавассути стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон», барномаҳои байналмилалӣ ва дигар имконоти мавҷуда таҳсили ҷавонони боистеъдодро дар хориҷи мамлакат вусъат бахшем. Ба хотири ҳавасмандгардонии донишҷӯён ва муҳаққиқони ҷавон мо соли гузашта маблағ ва шумораи гирандагони стипендияи президентиро хеле зиёд кардем. Ҳамчунин, охири соли гузашта барои олимону омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ҷоизаи махсуси давлатӣ таъсис дода шуд, ки ҳар сол 15 нафар беҳтаринҳо метавонанд соҳиби он гарданд.

Супориш дода шуд, ки бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо стипендияи онҳо аз 1–уми сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад.

Тибқи маълумот ҳар сол аз институтҳои Академияи миллии илмҳо, академияҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар то 500 нафар омӯзгорон ва олимону муҳаққиқон барои табодули таҷриба, бозомӯзӣ, таҳсил дар зинаҳои магистратура, аспирантура ва докторантура сафарбар карда мешаванд, вале ин ҳоло ҳам кам аст. Академияи миллии илмҳо, академияҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро зарур аст, ки ба ин масъала дар оянда низ диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Вобаста ба ин, ба Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш дода шуд, ки ҷиҳати ҳарчи бештар ба хориҷи кишвар фиристодани ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд аз рӯи равияи илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ «Барномаи тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ барои солҳои 2021 – 2030»–ро таҳия карда, дар муддати се моҳ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Зикр гардид, ки мо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар пояҳои моддиву техникӣ, озмоишгоҳӣ ва кадрии муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳоро пайваста таҳким бахшида истодаем. Масалан, агар соли 1991 дар зинаи аспирантураи Академияи миллии илмҳо ҳамагӣ 148 нафар ҷавонон таҳсил карда бошанд, соли 2020 шумораи онҳо ба 1200 нафар расида, қариб 8 баробар зиёд шудааст. Шумораи аъзои Академияи миллии илмҳо низ ду баробар зиёд гардидааст. Олимонро зарур аст, ки корҳои илмиву таҳқиқотиро дар доираи самтҳое, ки Ҳукумати мамлакат муайян кардааст, вусъат бахшида, дар рушди иқтисоди миллии кишвар фаъолона саҳм гузоранд.

Баъди тамошои Паёми Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ  роҳбарияти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд тасмим гирифт, ки ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои ироагардида нақша-чорабиниҳо таҳия намуда, дар соли ҷорӣ онро сармашқи фаъолият қарор медиҳанд.

Дар толори ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд чорабинии илмӣ-маърифатӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Нахуст номаи табрикотии директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ ба самъи ҳозирин расонида шуд. Таъкид гардид, ки соли ҷорӣ Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазое ҷашн гирифта мешавад, ки маъракаи муҳиму тақдирсози кишвар-Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-ифодагари сарҷамъиву муттаҳидӣ ва якдиливу якмаромии тамоми сокинони кишвар ҷамъбаст гардида, халқи хирдаманду дурандеш ва заҳматпешаи кишвари маҳбубамон бо умеду боварии комил барои фардои неку шукуфоии Ватан ва зиндагии босаодату шоиста қадами устувору созанда мегузорад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳафт соли оянда ба маснади арзандаи хеш аз нав интихоб гардиданд ва баргузории маросими бошукуҳи савгандёдкунии Президенти навинтихоби халқ бори дигар аз сулҳу ваҳдати комил, ки дар Тоҷикистон пойдору устувор аст, дар арсаи ҷаҳони башорат дод.
Иттилоъ дода шуд, ки таърихи бистунуҳсолаи кишвари соҳибистиқлоламон пур аз тазоду мушкилот, бурду бохт ва пастиву баландиҳо буд. Мо аз солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат ислоҳоти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат ва ташаккули муносибатҳои нави иқтисодиро вазифаи асосӣ эълон намуда, тавонистем, ки ба шарофати дастгирии самимона ва кӯшишу заҳмати мардуми ватандӯсту қавииродаамон рушди пайваставу устувори иқтисодии мамлакатро таъмин намоем.
Зикр гардид, ки дар ҳама давру замон нақши ҷомеасозиро шахсиятҳое бозидаанд, ки дар лаҳзаҳои вазнину сарнавиштсоз тақдири давлату миллати хешро бар дӯши худ гирифта, ононро ба масири ободиву созандагӣ баргардондаанд. Воқеан, ҳамин гуна хидматро барои миллати мо дар даврони пасошӯравӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом додаанд. Ин гуна шахсиятҳои давлатсозу сиёсатмадор иддае аз қобилиятҳо ва сифотеро дороанд, ки дар муваффақ будани онҳо ҳамин гуна сифатҳо метавонанд нақши калидӣ дошта бошанд. Дар замири шахсияти Роҳбари Давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қобилияту сифатҳои зиёде вуҷуд доранд, аммо умдатарин ва бунёдитарини онҳо сифатҳои фаросат, ҷасорат, устуворӣ ва мардумият ба ҳисоб мераванд, ки дар тамоми даврони фаъолияти ин бузургмарди миллӣ ифода гардидаанд.
Бидуни шубҳа корномаҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи барҷастаи давлатдорӣ ва ватандўстӣ дар минтақаву арсаи ҷаҳон арзёбӣ гардидааст, зеро наҷотбахши миллати тоҷик ба саҳнаи сиёсат баҳодурона қадам ниҳода, тавассути Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаҳои хоинонро решакан ва барбод доданд.
Сипас барномаи фарҳангии фарогирии шеъру таронаҳои ватандӯстона ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.

Дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Шӯрои ректорони муасссиаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки ба 10-солагии таъсисёбии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд иттифоқ афтод.
Нахуст меҳмонон аз дастовардҳои донишкада боздид намуда, бо ихтироот ва ташкили инфрасохтори муосири ин муассисаи таълимӣ аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.
Директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Дилафрӯз Саидӣ чорабиниро оғоз бахшида, аз ҷумла таъкид намуд, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушди соҳаи маориф ҳамчун самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати давлат қабул гашта, дар соҳа марҳила ба марҳила якқатор ислоҳоти муҳимми аҳамияти стратегидошта амалӣ шуда истодаанд. Иқдоми Пешвои муаззами миллат доир ба эълон намудани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф” аз зумраи чунин ислоҳот ба шумор рафта, ба татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат ва омодасозии кадрҳои соҳибтахассус барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ нигаронида шудааст. Дар вохӯрии хеш бо зиёиёну кормандони соҳаи илму маориф санаи 18 марти соли 2020 Президенти мамлакат таъкид намуданд «Мо дар доираи рушди илмҳои муосир саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон намудем. Дар ин раванд, мақсад дорем, ки истифодаи технологияҳои муосирро дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал, ҷавононро тақвият бахшем, барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварем». Дар амалӣ намудани ин ислоҳот, дар қатори дигар зинаҳои таҳсилот, МТОК мамлакат, аз ҷумла муассисаҳои олии касбии равияҳои муҳандисию техникӣ мавқеи хеле муҳимро касб менамояд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо назардошти рушди соҳаҳои иқтисодиёти кишвар ва таъмини онҳо бо муҳандисони соҳибкасб ҳануз дар соли 2010 бо Қарори Ҳукумати ҶТ №58 Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд таъсис дода шуда буд. Таъсисёбии донишкада яке аз дастовардҳои даврони истиқлолият дар соҳаи маорифи кишвар маҳсуб ёфта, ҳадафи асосии он таъмини бозори меҳнат бо кадрҳои ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ арзёбӣ карда шудааст. Раёсат ва ҳайати омӯзгорони донишкада баҳри амалӣ намудани ин ҳадаф тавассути баланд бардоштани сифати таълим, тарбияи ахлоқӣ, азхудкунонии технологияҳои муосири иттилоотиву муҳандисӣ, такмили сатҳи забондонии донишҷӯён мудом кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Дар амалӣ гаштани ҳадаф ва вазифаҳои донишкада дастгирии Вазорати маориф ва илми ҶТ мудом эҳсос карда мешавад.
Сипас, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Қудрат Давлатзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фируза Нуруллозода баромад намуда, номаи табрикотии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Хуҷандро ба самъи ҳозирин расонида, ҳамзамон аз роҳи тайкардаи донишкада ва дастовардҳои он андешаронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки воқеан, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар руши иқтисодиёти вилояти Суғд ҳиссагузор буда, корхонаҳои истеҳсолӣ ва муассисаҳоро бо мутахассисони соҳаи энергетика ва нақлиёт, саноати сабук ва хӯрока, сохтмон ва меъморӣ, барномарезӣ таъмин менамояд. Дар донишкада дар тӯли 10 соли охир зиёда аз 9000 мутахассисони соҳибкасб омода карда шуда, онҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят ва берун аз он фаъолият мебаранд.
Иттилоъ дода шуд, ки Бешубҳа, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар тӯли беш аз 10 соли фаъолияти хеш дар омодасозии кадрҳои соҳибтахассуси риштаҳои барномарезӣ, телекоммуникатсия, энергетика, нақлиёт, сохтмон, меъморӣ, агротехнология, технологияи маҳсулоти хӯрока, иқтисодиёт ва молия ба мувафаққиятҳои беназир соҳиб гардида, чун донишкадаи навовар ва пешоҳанг дар ҷомеаи навини соҳибистиқлол шинохта шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рушди илмҳои техникӣ, тақвияти навоварию ҷорӣ кардани технология дар раванди таълим таъкид дошта буданд: “Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад”.
Сарвари давлат зимни ифтитоҳи Маркази байналмилалии тиҷоратии “Сомон-Плаза” дар шаҳри Хуҷанд ҳангоми муарррифии Стратегияи рушди иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2020-2030 аз натиҷаҳои дастуру ҳидоятҳои худ вобаста ба рушди илмҳои техникӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар коргоҳҳо пурсон гардида, ба дастовардҳои илмиву техникии Донишкадаи политехникиии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баҳои баланд доданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҳошияи дастуру вазифагузориҳои Пешвои муаззами миллат бо мақсади таҳрик бахшидан ба раванди беҳсозии таълиму тарбия Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ду сол қабл дар доираи таҷлили моҳвораи ҷавонон бо устодону шогирдони ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии вилоят мулоқоти озоду самимӣ ороста, аз вазъи пойгоҳҳои озмоишгоҳҳо ва марказҳо, дастовардҳои илму техника аз наздик ошноӣ пайдо карда, илова, бар ин дар кохи муҳташами ба номи Рӯдакӣ бо роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ вохӯрда, дастовардҳои илмиву истеҳсолии муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро мавриди таҳлил қарор дода буданд. Дар ин вохӯриҳо ба раванди таълиму тарбия, дастовардҳои донишкада дар ҷодаи ихтироот ва навоварӣ, ташаккули тафаккури техникӣ ба донишкада баҳои баланд дода, ҳамзамон дастур дода буданд, ки илмро пайваста дар амалия татбиқ намоянд.
Барои иҷрои ин ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ва Раиси вилоят роҳбарияти донишкада кӯшишҳои зиёд ба самар медиҳанд. Махсусан дастовардҳои донишкада дар ҷодаи тарбияи кадрҳои соҳаи барномарезӣ шоистаи зикр аст. Устодон ва шогирдони донишкада бо ташкилоту муассисаҳои вилоят дар ин ҷода алоқаи зич доранд. Ба ғайр аз таъсиси сомонаҳо ва татбиқи ҳукумати электронӣ онҳо дар амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” дар шабакаи байналмилалии интернет саҳми калон дорад ва бо ширкати бонуфузи Майкрософт ҳамкории зич доранд. Натиҷаи тадқиқоти илмии олимони ҷавони донишкада дар истеҳсолот ва ҳаёти рӯзмарраи шаҳрвандон васеъ истифода мешавад. Масалан, системаи қабули пардохтҳо тавассути терминали худхизматрасон (Express Pay), системаҳои автоматишудаи хизматрасониҳои коммуналӣ ва пардохти ғайринақдӣ дар нақлиёти мусофиркашони шаҳри Душанбе ҳосили заҳматҳои барномасозони донишкада мебошад. Илова бар ин устодон ва донишҷӯёни донишкада роҳҳои нави истеҳсоли нерӯи барқро ихтироъ кардаанд, ки айни ҳол ин навовариҳо дар ҳоли коркард қарор доранд. Умуман дар ду соли охир донишкада соҳиби 50 патент ва шаҳодатномаи зеҳнӣ гардида, зиёда аз 350 мақолаи сатҳи байналхалқӣ, аз ҷумла 12 мақола дар нашрияҳои бонуфуз ба нашр расидаанд.
Дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимии касбии пешрафтаи хориҷӣ ба ғайр аз 27 лабораторияҳои амалмекарда ҳамзамон 9 лабораторияҳои махсуси соҳаи технологияи хӯрока бунёд шуда, сехи маҳсулоти омодасозии маҳсулоти хамирӣ ба фаъолият шурӯъ кард, ки бешубҳа дар татбиқи амалии яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат таъмини амнияти озуқаворӣ ин омил саҳмгир аст.
Боиси хушнудист, ки дар донишкада солҳои охир дар баробари пурқувват гардидани базаи моддиву техникӣ, пурра аз таъмири кулли баромадани ҳамаи биноҳои таълимӣ, хобгоҳ ва китобхонаҳои донишкада ҳамзамон сатҳ ва сифати таълим боло меравад. Гувоҳи гуфтаҳои болоӣ он аст, ки новобаста завқи ҷавонон ба илмҳои дақиқ ва техникӣ дар қиёс ба илмҳои гуманитарӣ камтар аст, дохилшавӣ ба ин муассисаи таълимӣ ҳамасола пурра иҷро мешавад. Маҳз эҷодкорию навоварӣ, аз худ қаноатманд набудани устодон, татбиқи амалии системаи идоракунии электронӣ, таҷрибаи мувафаққонаи Марказҳои тестӣ, бақайдгирӣ ва мартаба мақоми донишкадаро боз ҳам боло бардошт. Бесабаб нест, ки ҳамасола аз рӯи хулосабарории рейтингии Вазорати маориф ва илми кишвар донишкада миёни муассисаҳои олии кишвар ҷойҳои баландро соҳиб мешавад.
Сипас аз ҷониби муовини вазири маориф ва илми ҶТ Диловар Қодирзода ба роҳбарият ва устодони донишкада Сипоснома, Ифтихорнома ва унвонҳои “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро тақдим намуд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ донишҷӯён бо барномаи рангин табъи ҳозиринро болида намуданд.

Дар идомаи боздид аз муассисаҳои олии шаҳри Хуҷанд Раиси вилояти Суғд, Раиси Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» Маъруф Муҳаммадзода аз яке аз тадрисгоҳҳои маъруфи кишвар-Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд боздид намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷараёни таълиму тадрис дар факултети информатика ва энергетикаи ин муассисаи олӣ шинос гардид. Маълум шуд, ки дар синфхонаҳо тамоми қоидаҳои беҳдоштӣ риоя шудааст ва тибқи тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарсҳо ҷараён дорад.
Раҷаббой Аҳмадзода ҳамчунин аз лабараторияи манбаъҳои барқароршавии энергия ошноӣ пайдо намуда, бо донишҷўён суҳбати озоду самимӣ намуд.
Зимни иштирок дар машғулияти назариявии барномасозони оянда Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз эҷоди барномаҳои ҷавобгў ба талаботи замони муосир дар донишкада тавсиф намуда, зикр дошт, ки маҳсули эҷоди устодону донишҷўёни ин муассисаи олӣ якчанд сол инҷониб дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат васеъ истифода мешавад. Аз барномасозони оянда даъват ба амал оварда шуд, ки мутобиқ ба талаботи ҷомеа, бахусус барои корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои таълимӣ барномаҳо ихтироъ ва он дар истеҳсолот ба кор бурда шавад. Таъкид шуд, ки барои ин амал иқтидори зеҳнии устодону донишҷўёни донишкада мерасад, зеро ин муассисаи олӣ яке аз пешрафтатарин боргоҳи илму маърифат дар мамлакат арзёбӣ мегардад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмазода аз фаъолияти сехи нонпазии назди Парки технологии донишкада шиносоӣ пайдо намуд. Иттилоъ дода шуд, ки сехи нонпазӣ дар заминаи таҷҳизоти муосири истеҳсоли кишвари Олмон роҳандозӣ гардида, он бо маблағи 40 ҳазор доллари амрикоӣ тибқи барномаҳои лоиҳавии устодон вориди донишкада карда шудааст.
Донишҷўён дар маҳфилҳои ҳунаромўзӣ маҳорати нонпазиро дар ин ҷо омўхта анвои гуногуни маҳсулоти нониро дар сехи мазкур истеҳсол мекунанд. Дар баробари таъминоти устодону донишҷўёни донишгоҳҳо маҳсулоти ин сехи нопазӣ ба мағозаҳои шаҳр низ барои фурўш дастрас карда мешавад.
Раҷаббой Аҳмадзода ба маҳорати нонпазӣ ва анвои гуногуни маҳсулоти нонӣ аз ҷониби донишҷўён, бахусус писарон баҳои баланд дода, онро ибратомўз хонд. Таъкид шуд, ки ҷиҳати рушди чунин маҳфилҳои ҳунаромўзӣ тадбирҳо андешида шавад.

Дар маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо ташаббуси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд конференсияи илмӣ таҳти унвони ““Нақш ва мақоми ҲХДТ дар таъмини зиндагии шоистаи мардум” доир гардид.
Раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Саидбой Зокиров номаи муборакбодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ифтихори ин санаи муборак ба самъи ҳозирин расонид.
Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ зимни баромади худ зикр дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки зодаи даврони Истиқлолият аст, дар давоми мавҷудияташ ҳамеша барои муттаҳидию ҳамбастагии мардум кӯшиш ба харҷ дода, дар ин самт ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Ин ҳизби воқеaн мардумӣ бо тaлош вa ҳидоятҳои созaндaи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон aрзи ҳaстӣ нaмудa, тaвонист чун ҳизби нуфузпайдокарда ва татбиқкунандаи идеяи миллӣ бaрои пешрaфт вa шукуфоии кишвaри aзизaмон хизмaти шоиста кунaд. Мақому манзалат ва шуҳрати намоёни ҲХДТ қаблан аз барномаҳои созанда, тадбирҳои судманди кулли аъзо ва ибтикороти роҳбарияти он маншаъ гирифта, беҳбудии сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакатро рисолати худ донист.
Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд зимни баромади худ изҳор дошт, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд яке аз калонтарин ташкилоти ҳизбӣ дар миқёси кишвар маҳсуб шуда, дар баланд бардоштани маънавиёт, эҳсоси худшиносии миллӣ, нақш ва мақоми бонувон ва ҷавонон дар ҷомеа, тарғиби тарзи ҳаёти солим саҳми шоиста дорад. Ин қувваи бузург, ки сиёсати давлатии кишвар ва Барномаи амалии ҳизбро дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ муаррифӣ мекунад, дар ҳама чорабиниҳои шаҳр фаъол аст. Махсусан, аёдати собиқадорони меҳнат, шахсони яккаву барҷомонда, ятимону бесаробмондагон дар якҷоягӣ хуб ба роҳ монда шуда, ҳамчунин ҳамагуна ҷашну маросимҳо дар ҳамбастагӣ доир карда мешавад.
Раиси шӯрои собиқадорони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Абдуҳаким Шарипов ва устоди ДДҲБСТ профессор Мубина Хоҷаева дар баромадҳояшон баён доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ дар ҷомеа нуфузи махсусро соҳиб гардида, аз оғози таъсисёбии худ то имрӯз дар рушди кишвари азизамон нақши сазовор гузошта истодааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо рисолати созандаву бунёдкорона ва ватандӯстонаву ватанпарварона миёни мардум ба таври шоиста муаррифӣ гардида, аз як гурӯҳи хурд ба ҳизби муосири зиёда аз 494 – ҳазорнафара, ба нерӯи пешсаф, ташаббускору созанда табдил ёфтааст.
Дар идомаи кори конфронс озмуни иншои беҳтарин байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии таълимии таҳти унвони «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол – Ватани маҳбуби ҳамаи мо!» , ки ба ифтихори Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ роҳандозӣ гардида буд, ҷамъбаст гардида, ғолибон бо диплом ва тӯҳфаҳои арзанда сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамчунин фаъолони ҳизб бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва кумиҷроияи шаҳрии ҳизб қадрдонӣ гардиданд.
Ба якчанд нафар ҷавонони фаъол дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

 

Дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон конференсияи 24 - уми ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндаи КИМ ҲХДТ Муъмин Шарифзода, муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода ва вакилони конференсия доир гардид.
Чорабиниро раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Наим Маликисломӣ ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Вакилон пас аз тасдиқи ҳайати Раёсатии кории конференсия, рӯзномаи кори конференсия, ҳайати комиссияи мандатӣ, ҳайати котибот, ҳайати таҳририя, регламенти кории конференсия, тасдиқи ваколати вакилони конференсия ба баррасии масъалаи якуми рӯзномаи кори конференсия шурӯъ намуданд.

Наим Маликисломӣ дар бораи омодагии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, зикр дошт, ки интихобот марҳилаи тақдирсоз барои ҳар як миллат маҳсуб меёбад. Маҳз пешрафт ва шукуфоии миллат аз чигунагии натиҷаҳои интихобот вобастагии калон дорад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун ҳизби пешрав ва мавқеи устувор дар ҷомеа дошта аз он ифтихор дорад, ки номзади пешбарикардаи худ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи он нуктаҳои Барномаи пешазинтихоботии худро сарбаландона иҷро намуданд. Ва ҳамаи мо хуб медонем, ки зимни ироаи Паёми навбатии хеш Сарвари давлат дар баробари таҳлили вазъи иқтисодӣ, сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангу маънавиёт, мактабу маориф, бахшҳои кишоварзиву соҳибкорӣ ҳамзамон аз нуктаҳои Барномаи амали хеш ёдовар шуданд. Президенти мо ташаббускори иқдомҳои башардӯстонаву хайрхоҳона дар мавриди истифодаи оқилонаи об буда, се пешниҳоди аҳамияти байналмилалӣ доштаашон шурӯъ аз соли 2003 аз ҷониби бонуфузтарин ташкилотҳои байналмилалӣ ва мамлакатҳои пешрав дастгирии ҳамҷониба ёфт. Маҳз бо иқдоми сулҳпаваронаи Пешвои муаззами миллат дӯстии тоҷикону ӯзбекон баъд аз 24 соли ҷудоӣ дар арафаи баҳори соли 2019 дубора барқарор шуд.

Раиси шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Абдуҳаким Шарипов, раиси кумиҷроияи ибтидоии ба номи Муҳаммад Осимӣ Дилафрӯз Саидӣ зимни музокира баён доштанд, ки марҳилаи муҳими сиёсӣ фаро расидааст ва ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дар доираи идрок ва фаҳмиши худ ояндаи худро интихоб намояд. Онҳо ҳушёр буданду мусаллаҳ будан бо дониши сиёсиро бурди ҳар як шаҳрванд донистанд.
Аъзои кумиҷроияи марказии ҳизб Муъмин Шарифзода таассуроти худро аз ҷаласаи Кумиҷроияи Марказии ҳизб ироа дошта, баён дошт, ки роҳбарияти олии ҳизб вазифаҳои ҳизбиёнро пешорӯи интихобот муайян карда, аз фаъолон даъват ба амал оварданд, ки бештар рӯ ба мардум ниҳанд ва аз мушкиливу муаммоҳои онҳо огоҳ бошанд.
Фирӯза Нуруллозода дар баромадаш аз омодагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба маъракаи сиёсӣ ва ҳамкории мақомоти иҷроия бо кумиҷроияи шаҳрии ҳизб сухан ронда, зикр намуд, ки мақомот дар баргузории ҳамагуна чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ пеш аз ҳама ба ин ташкилоти муқтадир такя мекунад ва боварии комил дорем, ки мо дар ҳамҷоягӣ ин маъракаро дар сатҳи баланд доир менамоем.

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Парчам - рамзи сарбаландӣ ва саодати халқ” бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Нахуст Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода ҳамагонро ба Рўзи Парчами миллӣ табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки барои мардуми сарбаланди кишвари мо, аз ҷумла, аъзову ҷонибдорони ҲХДТ соли фаромӯшнопазир маҳсуб меёбад. Зеро, дар маъракаи муҳиму тақдирсоз – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пирӯзӣ расидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин солро барои кулли ҳамватанон соли накӯву хотирмон гардонид. Боиси ифтихор аст, ки тамоми чорабиниву ҷашнҳо зери парафшонии Парчами давлатӣ бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдат, амну осоиштагии Ватан ва ободкориву бунёдкориҳо доир гардиданд. Бояд қайд намуд, ки Парчам барои мардуми тоҷик рамзи ватандорӣ, сарбаландӣ ва шуҷоату мардонагӣ буда, халқи мо аз замонҳои қадим ба он ҳамчун василаи муттаҳидкунанда арҷ мегузорад. Воқеан, аз ибтидои ҳастӣ муаррификунандаи давлату миллат дар арсаи ҷаҳонӣ Парчами миллӣ буда, барои болафшон будани он дар тӯли таърих миллатҳои рӯйи олам ҷонбозиҳои зиёд намудаанд.
Сипас директори ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Дилафрўз Саидӣ баромад намуда, аз ҷумла таъкид, ки таҷлили Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун нишони садоқати имрўзиён ба анъанаҳои қаҳрамононаи авлоду аҷдоди сарбаланд, арҷгузорӣ ба арзишҳои умумимиллӣ арзёбӣ мешавад ва он барҳақ, таҷассумгари мақсаду мароми мо дар роҳи эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёду дунявӣ мебошад. Парчами давлатӣ нишони ифтихор ва сарбаландии миллат аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати соҳибистиқлол дорои муқаддасоти миллӣ: Нишон, Суруди миллӣ, Парчам, Конститутсия, Забони давлатӣ ва пойтахти худ – шаҳри Душанбе аст, ки гиромидошту эҳтироми он қарзи ҳар як сокини ватандори кишвар аст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ қайд намудаанд: «Қарзи шаҳрвандии мост, ки эҳтироми рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчамро ба ҷо орем, ҳамеша ва дар ҳама ҷой онро гиромӣ дорем, барои ҳимояи он ва поку муқаддас доштани он бо тамоми ҳастӣ омода бошем, зеро пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ бо ҳифзи Ватан, падару модар, аҳли хонавода ва пос доштани суннатҳои халқи худ баробар аст».
Дилафрўз Саидӣ афзуд, ки миллати соҳибфарҳанги мо соҳиби Парчами давлатӣ гардид, то имрўз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавии кишвари азизамон дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд. Қабули Парчам ба болоравии ҳисси миллӣ ва сатҳи худшиносии мардуми Тоҷикистон мусоидат намуд. Дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ Парчами давлати тозаистиқлоламон барои шинохти асолати миллӣ, эҳёи суннатҳои давлатдорӣ ва сарҷамъу муттаҳид намудани кулли сокинони мамлакат нақши арзишманд бозид. Парчам ҳамчун рамзи нангу номуси ватандорӣ дар он шабу рўзҳои тақдирсоз тавонист, ки эҳсоси гарми ватандориро дар қалби ҳар як фарди кишвар бедор созад ва таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами мо миллатамонро ба сўи фардои ободу осуда раҳнамоӣ кунад. Боиси шарафмандии мост, ки имрўз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пештоқи биноҳои бонуфузтарин созмонҳои байналмилалию умумиҷаҳонӣ, ки кишвари мо ба онҳо узвият дорад, парафшонӣ мекунад. Ин амал шаҳодати он аст, кишвари мо рўз аз рўз дар миқёси ҷаҳон нуфузи бештар ёфта истодааст, ки боиси ифтихору рўҳбаландии тоҷикони дунё мебошад.
Дар ҷараёни кори конфронс ҳамзамон мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода, дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Шавкат Шарипов аз таърихи парчамдории тоҷикон ва шукуҳи имрўзаи Парчами давлатӣ маърўзаҳои илмӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки имрўз шукронаи давлати соҳибистиқлоламон аст, ки Парчам тавассути амалҳои созандаву ободгаронаи фарзандони ватандўсту бонанги мо дар қалби ҳар фарди ҷомеа ба вожаи воқеан муқаддас табдил ёфтааст.
Дар анҷоми конфронси илмӣ маросими супоридани сипоснома ва шаҳодатномаи шунавандагони мактаби захираи кадрҳо ва қадршиносии ғолибони озмуни “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд” баргузор гардид

Дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд конференсияи навбатии кумитаи иҷроияи ибтидоии «Муҳаммад Осимӣ» дар назди кумитаи маҳаллаи «Бофанда» бо иштироки аъзоёни фаъоли ҳизб баргузор гардид.
Дар кори Конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ ширкат варзида, суханронӣ намуд.
Дар ҷараёни кори Конференсия масъалаҳо вобаста ба рафти обуна ба рӯзномаҳои ҳизбӣ, дар бораи муқоисакунии аъзои ҳизб, идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус ва интихоби вакилон ба Конференсияи XXIV ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ҷамъбаст якчанд фаъолон бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои кумиҷроияи шаҳрӣ қадршиносӣ гардиданд.

Дар баромади Аминҷон Шарифзода таъкид шуд, ки интихоботи навбатӣ аз ҳар як узви ҳизб масъулиятнокиву дониши баланди сиёсиро тақозо мекунад. Бояд ки зимни ташвиқу тарғибот ахборотчиён аз татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб, ки тавъаманд бо стратегияҳои давлатанд сухан ронанд. Ба сифати аъзои узви пешрав ва ҳимоякунандаи манфиатҳои миллӣ бояд мавқеи мустаҳкам дошта бошанд.
Аз рӯи масъалаи дуюми кори рӯзномаи конференсия иштирокчиёни конференсия 54 нафар вакилонро ба конференсияи 14- уми Кумитаи иҷроияи вилоятӣ, ки санаи 21 август доир мешаванд, пешбарӣ намуданд.