Тоҷикистон ватани ободу озод ва соҳибистиқлоли ҳар як фарди бонангу номус аст. Зеро дар миллати мо демократия ҳукмронӣ мекунад. Давлату ҳукумат барои беҳтаргардони вазъи мамлакат ҳамаҷониба талош менамояд, то мардуми кишвар зиндагии осудаҳолона доштабошанд. Мо ҷавонон бояд донем,  ки имрӯз дар баробари саҳми калони мо  дар раванди ташаккули ҷомеа, ҳамзамон дигар нафароне ҳастанд, ки ба номи ин миллат иснод меоранд.

Он паёмади ошӯбгаронае, ки дар Тоҷикистон ба амал омад ин бевосита ба фикрҳои ғаразноки наҳзатиҳо тааллуқ дошт, агар не пас чаро имрӯз аз роҳбарият то зердастонаш сар карда, худро зери таҳхонаи олмониҳову дигар ғарбиҳо пинҳон намудаанд. Ва ҳатто ивази номи ташкилот кардаанд. Боз даъвои онро доранд, ки ҳамаи ин ҳодисаҳо бо айби макомотҳои қудратӣ мебошанд, охир як дафъа казоват намоед, ки ин низомиҳо барои таъминоти амнияти мардуми халқ шабонрӯз саъю талош меварзанд то ягон хатар ба онҳо таҳдид накунад боз чаро нисбати меҳнату заҳмати хеш нохаққӣ менамоянд.

Ҳоло, ки Паймони милли Тоҷикистон озодии зиндонии сиёсӣ М. Ҳаитро талаб менамояд, гуфтаниам, ки шояд инқилоби Гадоев низ ҳамин маъно бошад, ки сафсатаҳо хондааст, ман агар инқилоб карданӣ бошад, ман шӯриш кардаму вазъ беҳтар мешавад ва дигар манманиҳоро вирди забон оварда бошад, мусааллам аст, ки аз нотавони ва дурӯғу тӯҳматҳо алайҳи миллат аст. Дигари тарафдорони наҳзати гуфтааст, ки Ҳаит тамоми умру фаъолияти ҳизбаишро ба хотири озоди бахшида буд. Дар ботини шумо, ки фасод ҷой дорад, фаромӯшхотир кардаст. Ошӯби соли 2015 маълум, ки фаромӯш шудааст, ки чи гуна бо озодиву истиқлолияти миллат дасисабозӣ кардед. Оғоз аз Кабирӣ то муовинони ӯ Назарзодаву ҳамин М. Ҳаити “ватанпараст”. Албатта мухолифони миллат хоҳони онанд, ки худ сари қудрат биёянд. Ин ҳама ҳангомаҳои шумо бобати вазъи миллат, шароити зиндоҳои кишвар ва хосатан аҳволи зиндониёни сиёсӣ дар он аст, ки ягона ҳадафи шумо талоши ҷойу мансаб аст. Вагарна масъалаи шиканҷаву озору дигар муаммо ба шумо ҳеҷ аҳамияте надорад. Охир наҳзатиҳо носипос бо ношукри аз фазои ороми кишвар дар ба ҷиноятҳои нангин заданд, дар миллат ошӯб барангехтанд. Ҷони ҳазорҳоро андеша накарданду, андешаи Як ҷони мекунанд. Ҳаргиз ба ин бовар намекунанд ҳамон мардумони тоҷике, ки аз онҳо хоҳиш карда истодаед, то аз мақомот талаби зиндониёни сиёсӣ кунанд. Дар ҳақиқат ин муаммоҳо танҳо як василаи расонаи кардани изҳороти бӯҳтонангези шумост. Гузашта аз ин дар кадом як баёнияи наҳзатиҳо оид ба мавҷи шиканҷаи зиндониёни сиёси гуфтушунид баргузор шуда буд, ки мақомот ҳеҷ гоҳ барои додани баёноти бардурӯғ ва таҳриккунанда роҳ надодааст ва нахоҳад дод. Гуфтан зарур аст, ки ҳар зиндоние, ки баёноти бардурӯғ медиҳад, баръакс ҷинояташ сангинтар хоҳад шуд. Ҳеҷ гоҳ масъулин бо дарки ин маъно ба чуннин ҷиноят даст намезанад.

М. Ҳаитро бо ҷурми даст доштан дар амалиётҳои характери терористӣ дошта, боздошт ва зиндонӣ кардаанд. Он ситоишкунииҳои ҷонибдоронаш дар васфи ӯ танҳо афсона асту бас. Зеро ҳеҷ гоҳ мардуми озодихоҳу ватандӯсти мо ҷонибдори инқилобу ошӯб набуд ва нахоҳад шуд. Медонем, ки инқилобҳои наҳзатиҳо паси пардагист, ба хотири он, ки онҳо аз зумраи “дилсузони миллат” ҳастанд. Ва ба хотири озодии мардум “инқалоб” мекунанд, то дар гирдбоди инқилоби ин “озодихоҳон” аз озодӣ маҳрум гарданд. Ва як тарафи рафтори номардонаи наҳзатиҳоро низ хуб медонем, ки дар инқилоб бо мардумон “як саф истода” боз аз пушти онҳо корди марговар мезанед. Яъне оташро аланга дода сӯхторро аз дур тамошо мекунед.

Мо мардуми сарбаланд ва соҳибирода ҳастем ва намегузорем, ки ин миллати куҳанбунёд ва мардумони ориёинаҷодашро касе дуюмбора бар чоҳи ғаму кулфат андозад. Итминонам комил аст, ки мардуми ватанпарасти мо нерўҳои солимро ба майдон оварда, албатта, ба умқи ҳақиқат мерасанд ва ба худсафедкуниҳои наҳзатиҳо эътимод нахоҳанд кард.

Нусратхон Ахмедова,

устоди кафедраи забонҳои хориҷии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

Тавре дар баромаду паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мегардад, сарвари давлат мардумро ба роҳи рости зиндагӣ ҳидоят намуда, хосатан ба насли ҷавон даъват ба амал овардаанд, ки: «Шаҳрвандони  кишвар  бояд  ба  қадри  давлати  соҳибистиқлол  ва зиндагии  орому  осуда  расанд  ва  ҳеҷ  гоҳ  зиракии  сиёсиро  аз  даст надода, фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашаванд».

Имрӯз тамоми мамолики дунё рӯ ба тараққӣ ниҳода истодаву миллати мо низ аз ин дар канор нест, зеро ҷаҳон дигаргун мешавад ва мо низ бояд ҳамқадами замон бошем. Миллате, ки аз замона ақиб мемонад, аз таҳаввулоти равандҳои ҷаҳоннишавӣ низ бехабар мемонад, ҳамеша дар ҷаҳлу ҷаҳолат ғӯтавар гашта, ба пешрафту комёбиҳои назаррас ноил намегардад. Ҳамин аст, ки бо мақсади аз байн бурдани амалҳои бебунёди мухолифон давлату ҳукумати кишвар талоши ӣбеш аз пеш мекунад, то амнияти миллииву мардумӣ таъмин бошанд. Мутаасифона мухолифони миллат аз ҷумлаи кӯрдилону носипосони наҳзатӣ таҳти роҳбарии Кабирӣ ва дигар намояндагони ифротиаш бо амалҳои ваҳшиёнаи худ амнияти мардумро вайрон кардани шуданд. Хушбахтона масъулияти баланди кордонии мақомотҳои давлатибуд, ки пеши роҳи чунин ифротиёнро гирифтанд, то мардуми диёр ҳамеша дар фазои озод умр басар бурда бошад. Алббата ба низоми муайя даровардани тартиоти ҷомеаи шаҳрванди дар дасти мост. Мо бояд донем, ки ватани моро агар худ обод накунем, дигарон вайрон мекунанд, на бунёд. Ана маҳз барои ҳамин ба хотириободии диёри азизамон тамоми ҷомеа муваззаф аст.

Наҳзатиҳои хиёнаткору терорист, дар миллати худ бо фармонҳои хоҷагони беруна мехоҳанд, ки ҳар лаҳза ба ин арзишҳои олии милати мо зарба зананд. Ҳамарӯза тариқи шабакаҳои иҷтимоии гуногун изҳороту баёнияҳои бардурӯғро расонаи намуда мардумро зидди якдигар мешӯронанд. Ва даъвои онро доранд, ки бояд маҳбусони сиёсӣ озод гарданд. Мо барои манфаитҳои милли худ бояд талоош варзем то он пойдору устувор бошанд, на ин ки хиёнат бар ватан карда, гурезаву дар ба дари мамлакатҳои бегона шавем. Бояд ҳар як фард шахсияти худро донад, ҷой ва мақоми худро дарк намояд. Вагарна ҳамин тавр бечораву бенаво мегардад, зеро кӯрнамаки кардааст. Боре худ қазоват намоед, ки мо чи тавр метавонем, онҳоеро, ки миллати моро баҷангу ҷидол ва дисисаҳо рӯ ба рӯ сохтанд озод кунем. Охир маънои озод кардани онҳо дар он аст, ки мо хоҳони он ҳастем, ки гӯё боз дар кишвар оташи ҷанг аланга гирад. Мо якбор оташи ҷангро дидаем ва дигар намехоҳем, ки он афрӯзаду ҳазорон нафар дилшикаставу маъюс монанд. Муаммои озод намудани Муҳаммадд Ҳаит бошад айнан он ҳодисаи дар боло қайд кардаро ба миён меоварад.  Ӯ як хиёнаткор ва ватанфурӯшу мухолифи миллат аст. Ӯ дар пайравии Кабирӣ як ҳадаф дорад, ки мардумонро алайҳи якдигар шуронида таҳрик намоянд ва нияти мансаб аз худкунӣро доранд. Бояд зикр намуда, ки ин ҳама баёнияву изҳоротҳои бекора бо он хотир аст, ки мақсад беҳтаркунии вазъ нест ин баҳона аст. Мақсад ҳасуд аз ба сари ҳокимият омадани мухолифон аст.

         Мо бояд ба нафъи халқу Ватан ва ояндаи нек пурмаҳсул меҳнат намуда, ҳамагонро ба таҳкими сулҳу ваҳдат, истиқлолият ва давлатдории миллӣ даъват намоем. Моро зарур аст, ки дар пешрафту шукуфоии кишвар саҳмгузор бошем ва баҳри ҳифзи якпорчагии Ватани азиз сина сипар созем.

Бакаев Мирзохамид Хабибович, номзади илмҳои техникӣ,дотсент,

 

Дар шароити кунунии ҷаҳон, ки аз ҳар гӯшаву канори олам хабарҳои амалҳои террористӣ ба гӯш мерасад, ҷамъият ва аҳолии тамоми ҷаҳонро ба ташвиш андохтааст. Боиси афсӯс аст, ки ҲНИ низ чунин кирдори разилонаро пешаи худ намуда, худро бо дин сафед карданист. Аммо дин ба ҲНИ ҳеҷ муносибате надошту надорад. Тайи солҳои фаъолият касе гумон надошт, ки кинаву адоват ба пешравӣ дар худи Тоҷикистон аланга зада истодааст. Хушбахтона, амалҳои нопоки онҳо гарчанде баъди муддати тӯлонӣ бошад ҳам, ошкор гашту Тоҷикистонро боз аз як вартаи бало наҷот дод.

Шукронаи нафаси осудаву кишвари пойдори сулҳ намуда, баҳри пешравиаш бояд кӯшиш намуд. Худро аз ҳар гуна равияву гурӯҳҳои ифротгароӣ дур намуда, барои пешгирии амалҳои номатлуб ҷидду ҷаҳд намуд. Ояндаи халқу Ватани мо – тоҷикон дар дасти худи мост. Ҳама бояд сарҷамъона бар муқобили бадхоҳони Ватан мубориза бурд,

Миллати куҳантамаддуни тоҷик аввали солҳои навадуми қарни гузашта бар асари ҷанги бародаркуш азият мекашид ба фано мерафт, қувваҳое буданд, ки моро ба вартаи нестӣ мебурданд. Махсусан, бархе аз “исломдӯстон” барои пош додани мардуми сарҷамъу муташшаккил камар бастанд. Чи қадар рӯзҳои сахту сангин ва фаромӯшношуданӣ. Чи қадар ваҳшоният ва шармандагиҳо, ки бародар сӯи бародари худ тир мекушояд. Ҳазорон қалби модарон шикаставу кӯдакпони бегуноҳ ятим монда.

Хушбахтона, ки бар сари фарзандони қавми тоҷик сарваре омад, ки ба дилу дидаҳо бо нури раҳмониаш шӯълаи уммед пошидаву оташи ҷанги хонумонсӯзро хомӯш сохт. Ҳамин тариқ дар муддати кутоҳ миллати тоҷик ба Истиқлолият, Ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу амонӣ шарафёб гашт. Барои тамоми мардуми сарбаланди тоҷик озодӣ аз ҳама чиз авлотар аст, зеро ин неъмати бебаҳоро ба мушкилӣ ба даст овардаву ба ягон неъмати дунё иваз нахоҳем кард.

Тоҷику Тоҷикистониён худ мардуми босаводу бофарҳанганд ва медонанд, ки кадом роҳ барои зиндагии шоистаи мардум ҷоиз аст. Аз ин рӯ ягон ҳоҷате вуҷуд надорад, ки мардумро бо чунин суханони фитнаангез ва дурӯғини наҳзатиҳо, ки эшонро алайҳи якдигар шӯронида, вазъи оромиро муташанниҷ гардонанд.

Шумо мехоҳед ё намехоҳед, аллакай маррдуми имрӯза сабақи қтаърихии асри гузаштаро дар зеҳнаш хуб сабт кардааст ва онро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард, зеро фарҳанги миллати тоҷик фарҳанги озодихоҳу сулҳҷуй аст, ҳамон ахлоқу, ки онро дини ислом тарбият мекунад.

Мардуми азизи мо имрӯз бояд донанд ин Сулҳу Ваҳдате, ки болои сари мо парафшон аст бо заҳмату талошҳои хело зиёд ба даст омадааст ва ҳар як шаҳрванди кишвар аз он вазъи сулҳу амоние, ки дар кишварамон ҳаст, фахр бояд кунад, зеро ки кишвари мо бо қадамҳои устуворона пеш рафта истодааст.

Мо мардуми бофарҳангу соҳибтаммадун ва қавиирода ҳастем. Ба нафаре чун хоини миллат бар зарари мардум рафторҳои нохалаф кардааст, дар ин марз ва дар миллати мустақил роҳ нахоҳем дод ва афкори он нафаронро ҳатто дар зеҳни худ ҷой ҳам намекунем. Зеро мо тоҷикем, вориси арзандаи Сомониву ибни Сино ва Фирдавсии бузургвор ҳастем. Ному насаби мо тоҷикист, оҳанги шеъру сухану лафзи модариамон тоҷикист. Ва шумо наҳзатиҳо бояд донед, ки ақидаҳои бегона, урфу одатҳои бегона ва арзишҳои бегонаро дар миллати мо ҷой карда наметавонед. Чунки мо ба ин иҷозат нахоҳем дод. Мо медонем ва дида истодаем, ки оқибати ба афкороти бегона майл намудани наҳзатиҳо садҳоро бадбахту сарсон кард. Ва ҳатто худи роҳбарони наҳзатиҳоро низ ва акнун ин дасисабозиҳои шумо танҳо василаест барои худсафедкунии худатон. Ба мисоли Мирзои Салимпур, ки ба ҳадде дар сомонаи “Ахбор.ком.” худро ситоиш намудааст. Яқин медонам, ки сомонаи худашро минбари озоди худ дониста, аз худ “мусичаи бегуноҳ” тарошидааст. Ин наҳзатиҳо оғоз аз роҳбар ҳамаашон ҳамингунаанд.

Бисёр кам мондааст, ки хоҷагонатон низ аз истифодаи шумо дилбазан гашта, шуморо ба холи худ хоҳанд гузошт. Он вақт дарк хоҳед кард, ки ВАТАН чи қадар муқаддас аст. Ва хоки он барои ҳар як шахс бисёр азиз аст.

Раҳимов А.А., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

 

 

Тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро кафили сулҳу оромӣ дар кишвар медонанд ва ба ӯ боварӣ доранд. Маҳз заҳмату талошҳои бевоситаи ин шахсият буд, ки миллатро аз вартаи ҷангу хунрезӣ наҷот дод. Дар ҳамон лаҳзаҳои мудҳиштарини давлат нерӯҳои ба мисоли Гадоев “озодихоҳ”  хостанд, “обро лой карда аз он моҳӣ доранд”.

Гурўҳҳои терористӣ аз ҳаракатҳои мудҳиши худ дар вуҷуди ҷомеаи ҷаҳонӣ ваҳму тарсро бедор намуда, бо ин роҳ заминае барои амалӣ намудани ҳадафҳояшон муҳайё карда истодаанд. Бояд таъкид намуд, ки ҳадафе, ки дар паи он ғаризаҳои ғайриинсонӣ истодааст, ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳад шуд. Хосатан ба Шарофиддин Гадоев, ки худро ҳамчун нерӯи озодихоҳ ситоиш намуда, кадом як “инқилобу дигар корнамоӣ кардаам”- гӯён ҳарф задааст, таъкид менамоям, ки баргашти ту ба Ҳоланд ин бурди ту нест, балки бохтат аст. Вагарна онҳо туро маҷбурӣ боз ба доми худ кашиданд. Ту ноилоҷ ҳастӣ, зеро ту мадюну миннатдорӣ онҳо ҳастӣ. Агар барнамегашти туро ба таври бояду шояд, несту нобуд мекарданд. Малум аст, ки аҳдофи ғаразноки хоҷагонӣ ҳоландиат бо ту тамом нашудааст ва дар амали сохтани он туро ҳамчун силоҳ истифода мебаранд. Ҳамин тавр чун бозича даст ба дасти фармондеҳонатон мегардӣ. Албатта то он даме, ки туро мақсаднок истифода бурда мешаванд.

 Бояд таъкид намуд, ки дар замони муосир сафи низомиёну ҷангиёни гурўҳҳои терористӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод афзуда истодааст ва ба назармерасад, ки дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна наврасони ба доми фиреб афтода кам нестанд ва онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми эшон қурбон намуда истодаанд.

Зишткороне ҳастанд, ки инсониятро хушбахт, сарҷамъ, бародару баробар ва орому осуда дидан намехоҳанд. Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо тахти сарварии Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самти асосии фаъолиятро на танҳо баҳри сулҳу осоиштагии кишвар, балки оромии ҷаҳон равона кардааст. Ҷаҳониён аз сиёсати ваҳдатгароёнаи хориҷии Сарвари давлат воқифанд. Дастоварду пешравиҳои солхои соҳибистиқлолиро нодидагирифтан кори оқилон нест, балки ҷоҳилони наҳзатӣ чунин рафтор каранд.  

Аз ин кишвари ободу озод шукргузорӣ мебояд, ба нороҳат гардидани баъзе кӯтоҳназарони фитнаангез ва инқилобгарон ҳамфикрӣ нашояд, то он ҳодисаҳои мудҳиш бар сари мардуми мо наояд.

Мо бояд донем ва дарки амиқ дошта бошем, ки Ваҳдату якдилӣ моро боҳам овард. Ва он сарҷамъи файзу баракати ҳар як хонадонро фузуда мегардонад. Имрӯз барои кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ ваҳдати миллии тоҷикон дарси ибрат ба шумор рафта, аз ҷониби сиёсатмадорону сиёсатшиносони ҷаҳонӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.

Мароми ҳар инсони худогоҳ бояд зидди ифротгарой ва терроризм бояд буд, то ин падидаи номатлуб ҳанӯз аз аввали сабзишаш решакан гардад.

Хатамова Сабоҳат Мирзоазамовна,

омӯзгори калони кафедраи сохтмони ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 Тоҷикистон мулки соҳибихтиёр, демократи комилҳуқуқ ва ягона мебошад. Сулҳи он пойдор ва ваҳдату ягонагиаш бо талошу заҳматҳои мардуми башардӯсташ устувору ҷовидон хоҳад монд. Зеро ин сарзамину мулки соҳибдилону равшанзамирон аст, мулки озоду обод аст, мулке аст, ки бар ивази ҷони ҷасурмардону ватандӯстон ба мустақилияти воқеи шарафёб гардадааст.

Таърих исбот намудааст, ки яке аз омилҳои пешравии ҷомеа Ваҳдати миллӣ ба шумор меравад. Ваҳдати миллӣ пояи боэътимоди тавоноӣ ва шикастнопазирии давлат мебошад. Зеро, ба шарофати сулҳу ваҳдат асоси зиндагии хурамму ободи ҳар як сокинони ин сарзамини биҳишосост. Дар ҳамин радиф мо мардуми саодатманди диёр низ уммед бар он мебандем, ки ҳукумати Тоҷикистон, пеш аз ҳама ва нерӯҳои шикастнопазири давлатамон, баъдан тамоми мардуми кишвар бо ҳисси воло масъулияти хешро дар баробари ниҳодҳои қудратии давлатии кишвар ва насли ояндаи он эҳсос намоянд ва нагзоранд пояҳои давлатдории Ватани  азизу маҳбубамон заиф шаванд.

Имрӯз дар шароити ҷаҳонишавии масоили гуногун ифротгарону тундравон низ дар канор набуда, дини исломро яроқи асосии амаалиёти хеш истифода бурда истодаанд. Ин аст, ки ба шарофати чунин “исломгароён” қариб дар тамоми олам пдидаҳои номатлуб, зиёдшавии гурӯҳҳои терористӣ афзуда истодааст. Он ғояҳову идеяҳое ки ин гурӯҳҳо ба таффакури ҷавонон ҷорӣ кардаанд, дар асл ғояҳои ба дини мубини ислом  ягон умумияте надорад. Ба хама маълум, ки  дини мубини ислом идеяҳои сулҳ, маърифатпарварӣ, инсондӯстӣ, иззату ҳурмати волидайн ва монанди инҳоро мепарастад. Агар мушоҳида  кунем, аксарияти ҷавононе ки ба ин ҳизбҳои экстремистӣ шомил мегарданд, бо ин идеяҳои ифлос ва ғаразнок  тариқи интернет ва адабиётҳои ғайриқонунӣ чоп карда шуда шинос гаштаанд.  Мо аъзоёни фаъоли ҷамъият, аз ҷумла, аъзоёни ҲХДТ,  зиёиён  ва ғайра бояд тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то  ки он фазои холигие,  ки дар ҳаёти  ҷавонон ҳаст, бо корҳои фоиданоки ҷамъияӣ  пур кунем.

Боиси ифтихор аст, ки ваҳдат боиси боз ҳам тақвият ёфтани сиёсати байналхалқии Тоҷикистон ва устувор гардидани мавқеи кишварамон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ гардида истодааст. Мутаасифона бархе кӯрдилону номсипосон аз ношукриву кинаву адоват ваҳдату ягонагии моро дарк карда натавонистанд.

Мусаллам аст, ки ҷаҳони мирӯза паи ҳар гуна сиёсатбозии нохалафону терористон гардидааст. Аз ин ҷост, ки дар такя ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба ҳамаи шаҳрвандони баору номус ва меҳанпарасти миллат даъват ба амал меоварам, ки қабл аз ҳама зиракии сиёсии хешро аз даст надода, барои муҳофизати якпорчагии ватан хизмат намоянд.

Ин, ки фаъолияти ҳизби сиёсии наҳзатӣ қатъ гардид, тамоми мардуми кишвар нафаси озод гирифтанд, зеро фаъолияти таҳрибкоронаи онҳо кам монда буд, ки дар кишвар оташи ҷанг фурӯзон гардад. Аз ин ҳамнишинони бад, беҳтар аст, ки танҳо нишаста бошем.

Файзиева Шафоат, устоди кафедраи забонҳои давлатӣ ва ҷомеашиносӣ

Тоҷикистон аз рӯзе, ки соҳиби мустақилият шуд, мардумонашро дар атрофи худ ҷамъ намуда, то имрӯз орому осоишта зиндагонии оромро паси сар менамояд, аммо  чунин зиндагонии мардуми мо ба рои бархе аз тарафҳои муқобил хуш намеояд, зеро тафаккури онҳоро танҳо амалҳои ғайриинсонӣ ғасб намудааст.  Ва ё ба маъное, чашми ҳасуд бар ин миллати комилҳуқуқ мебанданд.  Айнан ба мисоли Кабириву Гадоеву дигар пайравони Паймони миллии Тоҷикистон, ки аз рӯи мансабталошиву ҳисси адвати хеш дастоварди миллати моро нодида мегиранд.

Мардуми сарбаланди тоҷик тақдири сарнавишти худро аниқу мушаххас дарк намуда, ба сохтмони давлатӣ ҳуқуқбунёд тамоми ҳастиашро равона карда истодааст. Дар замони ҳозира халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимият баромад карда, онро бевосита ва ё бавосита  амалӣ мегардонад. Гадоевро зарур аст, ки суханони гуфтаи хешро дуруст андеша намояд, баъд мефаҳмад, ки то чи андоза дурӯғ гуфта истодааст. Гадоев ин таҳдидҳои инқилоби ва афкороти хешро рафта ба хоҷагони ҳоландиҳо гӯяд, зеро аз ин “ҳайбати сохта” и шумо онҳо шояд тарсанд. Хушбахтона азми қави ва иродаи мустаҳками мардумони тоҷик намегузорад, ки аз суханони пучи бемаънои Гадоеву дигар ҳаммаслаконаш мо дар ҳаррос бошем. Шарофиддин аз ин “дилсӯзиву пуштибонӣ” карданҳои ҳукумати Ҳоланд инқадар мабол, зеро то он даме манманӣ мекунӣ, ки онҳо қудрат доранд. Бидон, ки агар ба по рост истода бошӣ, ин қувва аз они ту нест. Зеро ту муттакову фармонбардорӣ. Ҳар гоҳ, ки хатари аз байн рафтани қувва наздик ояд аввал ту меафтӣ, ба хотире, ки қувваи ту сохта аст, албатта имрӯз ҳаст, аммо фардо ҳаст ё нест дар гумон аст. Мардум аз он режиме,ки имрӯз давлату ҳукумат кор мебарад, ба ҳамин шарофат ҳаёти осуда дорад ва ин барои ҳар кадоми мо хушоянд аст. Васвасаҳои хондаи шумо бошад, танҳо як афсонаеро мемонад, ки ҳатто барои мутолиаи он рағбат пайдо намекунӣ.

Хушбахтона, имрўз сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар ташаккули ҳуқуқу озодиҳои афкорӣ, фарҳангӣ  ҳуқуқҳои инсон диққати хоса дода, дар ин раванд барои фаъолияти ташкилотҳои гуногун низ шароит фароҳам оварда, ҳаматарафа мусоидат менамояд.

Маҳз пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ва соҳибистиқлолии миллӣ густариши бештари озодиҳои демократӣ ва ба арсаи вуҷуд қадам гузоштани аввалин ниҳоду сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ имконпазир гашт. Ва дар иддаои Гадоев омадааст, ки инқилоби ӯ озодбаёниро ҳукмрон месозад. Баръакс танҳо эълони калимаи инқилоб бароят ҳазорон лаънатро овард.

 

Бояд аз суханони ҳикматрезӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон таҷрибаи ватандориву меҳанпарстӣ гирифт, зеро ҳар бор дар  маврид зикр менамоянд: «Хушбахтона, мо дар кишвари худ барои сулҳи пойдор ва ҳаёти осоиштаи ҷомеа заминаи боэътимод гузошта тавонистем, вале агар хоҳем, ки мамлакатамон ҳамвора тараққӣ карда, ба сафи давлатҳои пешқадами дунё ворид гардад, наслҳои ояндаамон зиндагии сазовор дошта бошанд ва аз падару модарони худ ба некӣ ёд кунанд, бояд ҳаргиз ба халалдор шудани сулҳу суббот роҳ надиҳем ва бақову пойдории давлатии миллиро пайваста таъмин намоем. Ин пеш аз ҳама аз дилу нияти нек, азму талоши гарм, меҳнати фидокоронаи тамоми шаҳрвандони Тоҷикистони азизамон вобаста аст

Ин бовариҳои Пешвои миллат бояд тоҷи сари ҷумла ҷавонони тоҷики тамоми ҷаҳон бошад, зеро дар ҳақиқат давлату ҳукумат ба нерӯи созандаи ҷавонон ниёзи беш аз пеш дорад.

Абдуназар Дадобоев, омӯзгори калони кафедраи сохтмони ДПДТТ 

 

Бахшида ба эълон гардидании солҳои 2019- 2021 Солҳои рушди деҳот, саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар ҳамдастии Федератсияи миллии муҳорибаи ҷанги дастӣ ва каратэи анъанавии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаҳои 10 ва 11 март дар Кохи варзишии ба номи 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи вилояти Суғд оид ба муҳорибаи ҷанги дастӣ байни наврасон, ҷавонон ва калонсолон доир гардид. Мусобиқа хеле тезу тунд баргузор гардид.

Боиси сарфарозист, ки донишҷӯи курси 2, ихтисоси 74.02.06 тб Раҳматов Иқбол дар ин мусобиқаи бонуфуз ширкати фаъолона дошта миёни 16 нафар довталабони вазни 80 килограмм мақоми дуюмро касб кард. Ӯ муваффақиятҳояшро аз пайваста машқу тамрин намудан таҳти роҳбарии мураббии худ Махкамҷон Орипов медонад. Ҳамзамон зикр дошт, ки шароити хуби варзишии донишкада имкон дод, ки дар чунин мусобиқаҳо пирӯз гардад. Мо аз чунин варзишгарони худ ифтихор намуда, умед бар он мебандем, ки минбаъд низ шараф ва обрӯи донишкадаро дар арсаи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ боло мебардоранд.

Ғолибият муборак!

Дар фосилаи таърихи чандинҳазорсолаи тоҷикон ин миллат аз ҳуҷумҳои ногаҳонии «фарзандони худ» ҷабри зиёд дидааст. Ба ёд орем қаҳрамониву бебокии Темурмаликро вале  кӯрдилону носипосон дар ҳамон давра низ ба хотири манфиатҳои хеш мулкро ба дасти чингизиён доданд. Ин насли буздилу риёкор имрӯз низ дар хуни Кабириву Шарофиддин Гадоев ва Илҳом Ёқубовҳо барин хоинони миллат шарён дорад.

Исботашро мо тайи чанд рӯзи охир дидем. Шарофиддин Гадоев ба қавле дар ин чанд рӯз «ситора» шуд. Худро Зоя Космодянская шояд унвон карда бошад. Аммо яқин, ки ӯ ба хотири манфиатҳои хешу дӯстонаш миллати худро фурӯхт. Наход нафаре, ки чунин модари ғамхор дораду 6 сол ин ҷониб ӯро чашминтизор буд, барои ғояҳои зиддимиллаташ фурӯшад. Магар имрӯз чунин шеваи муносибатро фардоиён чун доғи миллат баҳогузорӣ намекунад. Агар Шарофиддин заррае ҳам нангу номус медошт, агар Ваташро бо дил дӯст медошт, чунин амалро намекард. Худ тасаввур кунед, нафаре, ки тайи чанд соли охир ба ҷониби Тоҷикистон санг мепартофту дастовардҳои ин миллатро нодида мегирифт, аз ҷониби мақомоти қудратӣ чӣ гуна қабул шуд. То ҷое иттилоъ дорем, ҳам Стив Свердлов ва ҳам Шарофиддин Гадоев дар мавриди шиканҷаву озор шуданаш дурӯғи маҳз аст.  Ӯ ба хотири баланд бардоштани имиҷи хоҷаи худ Муҳиддин Кабирӣ чанд афсонаҳои навро низ бофтааст, ки гӯё ҳадафи мақомоти қудратии Русияву Тоҷикистон дастгир кардани Кабирӣ буд ва ӯ ҳамчун « қурбон шудан» худро  ба Русия овардааст. Аммо аслан сенарияи кор дигар буд. Ӯ бо супориши хоҷагонаш мехост риёкорона дидаву дониста таслим шавад ва бо ин васила ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор диҳад, ки бо вуҷуди паноҳандагӣ дар Нидерландия ӯро «мачбуран»  боздошт кардаанд. Ӯ бо ин амалаш назди Кабириву ҷамъи ёронаш «қаҳрамонӣ» кард, аммо назди миллат шояд бадбахтарин, нокастарин нафари лаъин ӯ бошад.  Дар сӯҳбати онлайни ӯ худро ба қавле назди миллат «ширин» карда, ошкоро мақомоти қудратии Тоҷикистонро тӯҳмат кардааст, ки барои гузаштан ба ҷониби давлат ба ӯ 2 миллион доллар маблағ пешниҳод карданд. Охир ин аз афсонае беш нест. Ӯ кист, ки ба ӯ 2 миллион доллар маблағ пешниҳод мекунанд. Ин як навъ имиҷсозии Кабириву Шарофиддин ҳасту бас. Агар не чунин гуфтори аҳмақонаро намегуфт. Дигар ин ки Шарофиддин «боздошт»-и худро ба Кремель нисбат медиҳад ва дар кори ӯ даст доштани нафари наздики Владимир Путинро низ ёдрас кардааст. Охир давлати Русия дигар кор надорад, ки аз пушти ту сакалту равад.

Шарофиддин Гадоев воқеан ҳам насаби гадогии худро исбот кард. Агар не ӯ бозичаи дасти наҳзатиҳо намешуд. Ӯро Кабирӣ чун презратив истифода бурду яқин, ки бо аввалин имконият ӯро низ мисли дигар ёронаш мефурӯшад. Наҳзатиҳо гумон карданд, ки бо ин амалашон ҷониби Тоҷикистонро 1 бар 0 буриданд. Аммо наандешиданд, ки обрӯи миллат поён не, балки боло рафт. Зеро агар ба гуфтаи онҳо мо тазйиқу фишорро раво медидем, Шарофиддинро дар ин фосилаи кӯтоҳ ҷавоб намедодем. Ӯ мисли дигарон паси панҷара мерафт. Ин ҳама овозаҳо дурӯғ аст, ки имрӯз дар кишвар фишории равониву ҷисмонӣ аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ раво дида мешавад.

Давлат ба  ӯ эътимод карда гуноҳҳашро бахшид. Аммо ӯ ба аҳдаш вафо накард. Ҳеҷ гап не дар муқобили Шарофиддин Гадоев мо садҳо ҷавонони дӯстдори миллат дорем. Мо якдилу яктанем, руҳи шикастнопазир дорем. Миллати моро шикаст доданд амрест маҳол, зеро беху бунаи онро халқи азиз махқам доштаст. Ин сагони лаин, парвардаи  наҳзатиҳои террористӣ ягон вақт пирӯз наҳоҳанд шуд. Баръкс ҳамон қадаре, ки моро сиёҳ мекунанд, ҳамон андоза мо пурқуввату нерӯманд мешавем. Имрӯз миллат соҳиб дорад. Соҳиби он халқи ваҳдатшиору заковатпеша. Барои мо беҳтарин неъмат сулҳу осоиш ва дур будан аз риёкорист. Зеро риёкору ватанфурӯшро Худо низ нахоҳад бахшиду миллат низ.

Абдусабури Абдуваҳҳоб,

устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Тарбияи фарзанд, мафкураҳои диниву ахлоқии вай аз оила сарчашма гирифта, минбаъд дар мактабу ҷомеа рушду нумӯъ меёбад. Дар ниҳоди фарзанд ҷой додани ғояҳои ахлоқӣ – маънавӣ, хештаншиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву инсонгароӣ ба оила вобаста аст ва ҳар як оила, ҳар як иштирокчии раванди тарбия метавонад дар ин ҷода роҳу равиши хос, низоми махсуси худро дошта бошад.

Оилаи имрӯзаи ҷомеаи демократии мо табиатан аз нигоҳи диду фаросат, тафаккуру маънавиёт фарқ мекунад. Тавассути болоравии босуръати илму техника тибқи матбуоти даврӣ, садо ва симо сатҳи тарбияи оилавӣ хеле боло рафта истодааст. Волидайн имрӯз на танҳо масъулияти таълиму тарбияи фарзандро ба зима доранд, балки ҳидоят намудани фарзанд ба роҳи нек, интихоби касби мувофиқ, пешгирӣ ва ҳифз намудани фарзанд   аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун яке аз вазифаҳои муҳиму  аввалиндараҷаи волидон ба шумор меравад.

Падару модарон, умуман, аҳли ҷамъият бояд хуб донанд, ки пешгирии терроризм ва экстремизм вазифаи танҳо давлат набуда, он вазифаи аввалиндараҷаи ҷамъияти инсонист.     

  Сиёсати кунунии давлатро имрӯз ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ошкоркунӣ, пешгирӣ ва роҳ надодан ба амалҳои террористиву экстремистӣ ташкил медиҳад. Дар ин радиф мо ҷавонон набояд, ки нисбати ҳамагуна ҳамлаҳои мафкуравию пасипардагӣ бетараф бошем, балки барои равнақу ривоҷи тамоми соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, илму фарҳанг, адабу маърифат чун табақаи нерӯманди ҷомеа, баҳри ободиву шукуфоии миллати абарқудрати  тоҷик  ҷонбозию талош варзем.

Имрӯз, ки Тоҷикистони азизамон дар айни шукуфоист, нагузорем, ки зиндагии тинҷу осудаи мардумро амалҳои ношоистаи террористону экстремистон вайрон созаду, ояндаи фарзандонамон зери хатар бимонад.

 

Аз расонаҳои хабарӣ бармеояд, ки ТЭТ ҲНИ то ҳол амалҳои зишти худро идома дода, ҳадафҳои нопоки худро амалӣ карданист. Ин ҳизби ноком то ҳол дарк накардааст, ки Тоҷикистон соҳиб дораду ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки тири адӯ ба сӯяш ояд. Мақсаду мароми Кабириву ҳаммаслаконаш то ҳол ҳамаро ба ҳайрат меораду тухми нафратро дар дили ҳамагон кишт мекунад. Ба кирдору рафтори наҳзатиёни бенангу  беномус назар афканда, сад бор тавба карда, аз чунин тоифа худро дар канор бояд гирифт. Шукронаи обу хоки Ватани обод намуда, баҳри ободиаш кӯшиш намуд. На ба монанди Кабирӣ аз ким-кадом гӯшаву канори олам истода, бар зидди  Тоҷикистон мубориза намуд. Охир ӯ зодаи модари тоҷик аст? Нону намаки тоҷики заҳматкашро хӯрда ба воя расидааст? Пас, чаро ин қадар бемеҳрӣ нисбати халқу Ватани худ? Магар ҳамааш аз паси молу сарвати хоҷагони хориҷа аст?

Имрӯз бояд ҳар фарди ин сарзамин дарк кунад, хеле хуб дарк кунад, ки дар кишвари озод зиндагӣ дорем. Озодона ба сайри кӯчаҳо мебароем, озодона дар гулгашту хиёбонҳо сайр мекунем, озодона таҳсил намуда, фаъолият мебарем. Ин ҳам бошад, ба шарофати Истиқлол, ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Тоҷикистон аст. Пас, месазад, ки фикру ақидаи хешро ба ҷо карда, аз пайи касбу кори хуб ва донишандӯзӣ гардида, баҳри фардои дурахшони халқу миллат камари ҳиммат бандем.