Истиқлолият неъмати бебаҳо ва ниҳоят ҳам пурарзиш аст, ки миллати тоҷикро соҳиб ба сарнавишту тақдири ояндаи хеш намуд ва ҷомеаи моро ба ҷаҳони мутамаддин ҳамчун давлати демократӣ шинохта гардонд.  

Истиқлолият рамзи давлатдории миллии тоҷикон буда, он решаи қадимаву устувори маънавӣ дорад. Ва бо гузашти ҳазорсолаҳо бо шарофати Истиқлолияти давлатии кишварамон миллати куҳанбунёди тоҷик ҳамчун давлати суҳибтамаддун дар харитаи сиёсии ҷаҳон, давлати миллие бо номи мубораки Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи ҳастӣ намуд. 

Ба ифтихори ин ҷашни фархундаву муқаддас санаи 06- уми сентябри соли равон дар толори донишкада бо иштироки бевоситаи директори донишкада номзади илмҳои техникӣ, дотсент Саидӣ Дилафрӯз Раббизода конфронси илмӣ амалӣ бахшида ба 28- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. 

Дар оғози чорабинии идона Суруди милии Ҷумҳурии Тоҷикстон садо дода, таҳти оҳанги он Парчами миллии кишвар ба толор ворид карда шуд.  

 

Сипас конфронс ба кори худ оғоз намуда, роҳбарияти донишкада ба ин муносибат ҳозиринро табрик намуда, Истиқлолиятро ҳамчун неъмати дунё ва сарчашмаи ҳамаи дастовардҳои таърихи номиданд. Мавсуф дар идомаи суханронии хеш қайд намуданд, ки дар ҳақиқат Истиқлолият волотарин дастоварди миллати мост, ки зиндагонии мардуми тоҷикро нур бахшидаву саодату нусрат додааст. Ояндаи миллатро дурахшону пояҳои давлати тоҷиконро устувор гардонидааст. Дар дилу дидаҳои мардуми саодатманди кишварамон шӯълаи уммед пошида, умри миллатамонро бақо бахшидааст. 

Баъдан муовини директор оид ба илм ва инаватсияи донишкада, номзади илмҳои иқтисодӣ Ахмедов Усмонҷон доир ба масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ баромад намуда, иброз карданд, ки дар ҳақиқат мо ба шарофати Истиқлолияти давлатиамон барои ноил шудан ба се ҳадафи асосии мамлакат дар пайравии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талоши зиёд хоҳем кард.  

Ҳоҷиев Анвар Абдуллоевич номзади илмҳои техникӣ, дотсенти кафедраи таъминоти барқ ва автоматика зимни маърузаи худ қайд доштанд, ки миллат рӯз то рӯз шароити беҳтарро касб намудда, кам мондааст, ки ба истиқлолияти комили энергетика мушарраф гардад. Ва ин сана се рӯз пас фаро расида, бо ба истифода додани чархаи дуюми агрегати НОБ и Роғун хонадони миллати тоҷик беш аз пеш дурахшону равшантар хоҳад гардид. 

Комилова Дилрабо Абдувалиевна деканаи факултети муҳандисӣ технологӣ ба сухан баромада афзуданд, ки имрӯз дар пешорӯи мо масъалаи кишварро аз мамлакати аграрӣ саноатӣ мубаддал намудан ба мамлакати саноатӣ аграрӣ меистад ва саҳми ҳар кадоми мо шаҳрвандон, зиёиёни мамлакат дар татбиқи ин ҳадафҳои давлату Ҳукумати кишвар басо бориз аст. Мо бояд донем, ки Истиқлолият миллати тоҷикро аз вартаи таназзул наҷот бахшида, дар хонадони мардуми саодатманду соҳибфарҳанги тоҷик файзу нусрат овардааст. 

Дар идомаи конфронс аз ҷониби донишҷӯёни фаъоли донишкада, чорабинии тантанавӣ бахшида ба ин ҷашни муқаддас, яъне Истиқлолияти давлатӣ доир шуд.  

Дар оғози ин чорабинии бошукӯҳ аз ҷониби директори донишкада ба якчанд устодон барои меҳнати софдилона ва хизматҳои бенуқсон дар таълиму тарбияи насли ҷавон бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд. Лозим ба ёдоварист, ки маҳз дар ҳамин рӯзҳои ҳумоюни яке аз устоди фаъоли донишкада сардори маркази фасилавӣ Бобоҷонова Назира ба унвони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофоонида шуданд, ки ин боиси ифтихори ҳар яки мост. 

 

Бахши фарҳангии чорабини иборат аз композитсияҳои адабӣ, шеърҳо дар васфи Истиқлолу Ватан, рақси мавзуну сурудҳои дилнишин аз ҷониби донишҷӯён намоиш дода шуд, ки ин хотири иштирокдоронро боз ҳам болидатар гардонд. 

 

  

Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Донишкадаи политехникиии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуд. Дар толори маҷлисгоҳи донишкада, факултетҳои информатика ва энергетика, сохтмон ва нақлиёт, муҳандисӣ – технологӣ ва муҳандисӣ – иқтисодӣ устодон ва донишҷӯён дастҷамъона гузориши мустақими ҷараёни ошноии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо руҳияи болидаву ифтихор аз ватану ватандорӣ тамошо карданд.

Директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон, устодон ва донишҷӯёнро бо фароррасии соли нави хониш ва Дарси сулҳ табрик намуд. Мавсуф дар идомаи паёми шодбошии худ зикр дошт, ки таваҷҷуҳи рӯзафзуни Пешвои муаззами миллат нисбати мактабу маориф имкон медиҳад, ки сатҳ ва сифати таълим баланд, пояи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ пурқувват гардад. Нишонаи чунин ғамхорӣ он аст, ки ҳамасола оғози соли нави таҳсил ва Дарси сулҳ бо иштироки бевоситаи Роҳбари давлат ва дастуру ҳидоятҳояшон оғоз мегардад. Ҳоло тантанаҳои асосии Рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Пешвои муаззами миллат оғоз меёбад. Сарвари давлат дар баробари ошноӣ бо вазъи таълиму тарбия самтҳои асосии фаъолияти муассисаҳои олии кишварро муайяну мушаххас менамояд.  

Паёми шодбошии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ аз ҷониби  мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии МИҲД-и вилоят Равшан Раҳимзода, номаи муборакбодии раиси шаҳр муовини раиси шаҳри Хуҷанд Аюбҷон Раҳматзода ва табрикоти кумитаи иҷоияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро Уғулой Умаралиева ба самъи ҳозирин расониданд.

Баъдан суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи дониш, ки дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақиман ҷараён дошт,  ҷомеаи донишкада бо диққати том тариқи шабакаҳои телевизионӣ тамошо намуданд.

Зимни суханронӣ Пешвои муаззами миллат аз раванди ҷаҳонишавии тамаддунҳо, бархӯрди манфиатҳои сиёсии давлатҳои абарқудрат ҳарф зада, роҳҳои бартарафкунии хурофоту ифротгароӣ, тақвияти дониши сиёсии ҷавонон, дур будан аз гумроҳиву таассубгароиро бо мисолҳои возеҳ фаҳмониданд. Таъкид шуд, ки беҳтарин василаи муаррифии шоистаи миллат ин азхуд кардани донишҳои замонавӣ, рӯ овардан ба асолати миллӣ, сатҳи баланди  забондонӣ ва эҳтиром доштан ба забони модарии худ аст. Дар ин росто Сарвари давлат аз ҷумла, зикр карданд, ки “Дар ин даврони орому осоишта ва пешрафти бесобиқаи кишварамон мо ҳамаи шароиту заминаҳоро барои таҳсилу омӯзиш ва зиндагии шоистаи ҷавонон фароҳам овардаем ва ният дорем, ки дар оянда барои насли ояндасоз заминаҳои боз ҳам беҳтарро муҳайё кунем. Дар оғози соли нави таҳсил, яъне дар рӯзе, ки мо ба донишу маърифат ҳамчун калиди худогоҳиву бедорӣ ва ибтикору созандагӣ арҷ мегузорем, бори дигар таъкид менамоям, ки нерӯи ақлу хирад, донишу маърифат ва иродаву садоқат роҳи шуморо дар идома додани корномаи бузургони гузаштаи миллати тоҷик равшан хоҳад кард”.

Баъдан директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода зимни ҷамъбасти чорабинӣ зикр дошт, ки дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат  ҷиҳати ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи донишҷӯён ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ, таҳкими забономӯзӣ, донистани ду се забони хориҷӣ, хондани асарҳои бадеиро аз вазифаҳои муҳимтарини ҷомеаи меҳнатӣ арзёбӣ намуда, афзуд, ки лоиҳаи рушди стратегӣ таҳия ва дар солҳои наздик ба амалишавии он ҷомеаи аҳлу тифоқи донишкада кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.

 

Санаи 28 июни соли равон дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии "Ихтироъкорон ва навоварони беҳтарини Тоҷикистон" ҷамъбаст гардид. Дар озмун ихтироъкорон ва навоварон аз аксари муассисаҳои илмии кишвар ширкат намуда,  дастовардҳои илмию инноватсионии  хешро муаррифӣ намуданд. 

Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ зимни ифтитоҳи чорабинии мазкур кайд намуд, ки ҳадаф аз баргузории ҳамасолаи озмуни мазкур он аст, ки мо бояд дастовардҳои илмиро ҳамвора дар истеҳсолот амалан татбиқ намоем. Зеро пешрафт ва нумӯи кишвар аз иқтидори истеҳсолӣ вобастагии калон дорад. Вокеан ҳам эълон шудани саноатикунонии босуръати мамлакат дар назди роҳбарони муассисаҳои таълимии кишвар вазифаи масъулро мегузорад, то онҳо бо омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳа саъй варзанд.  

 Лутфия Абдуқодирзода, роҳбари Раёсати илму маърифати  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муаррифӣ шудани дастовардҳои илмии ихтироъкорону навоварон ибрози андеша намуд. 

Тибқи баҳогузории ҳайати доварон аз рӯйи номинатсияи “Зиёдтарин миқдори навовариҳо ва санадҳои тасдиқкунанда оид ба татбиқи онҳо дар истеҳсолот”  миёни 60 нафар олимони ҷавон Парвиз Солиев, сардори Маркази технологияи иттилоотии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуд.  

Парвиз Солиев ҳамчун устоди ҷӯяндаву навовар аз ин қабл ҳам дар озмунҳои ихтироъкориву навоварӣ ширкати фаъолона дошта, соли 2017 беҳтарини ихтироъкори ҷавони шаҳри Хуҷанд дониста шуд.

Ҷомеаи меҳнатии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба номи Муҳаммад Осимӣ ин дастоварди омӯзгори ҷавони донишкадаро шарафи хуб ҳисобида, ба ӯ дар ҷодаи таҳқиқу пажӯҳиш комёбиҳо таманно доранд.  

 

 

Бузургони фарҳангдӯсти мо беҳуда донишро чароғи ақл, қуввати дил ва сарвати азим нагуфтаанд. Зеро шахси донишманд ва соҳиби касбу ҳунар дар ҳама давру замон сазовори обрӯю эътибори хосса буда, илму дониши азбаркарда ва касбу ҳунари азхуднамудааш дар тӯли ҳаёт кафолати зиндагии шоистаи ӯ мебошад.

Дар баробари ин, ба шумо, хонандагони азиз, таъкид менамоям, ки ба қадри ғамхориҳои давлату Ҳукумат, заҳмати устодон ва падару модарони худ расед, давраи таҳсилро самаранок истифода баред, илму дониш омӯзед ва соҳиби касбу ихтисосҳои муосир гардед, то ки дар оянда ба давлати соҳибистиқлоли худ, ҷомеа ва падару модари хеш хизмати шоиста карда тавонед.

 

Эмомалӣ РАҲМОН,
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Тайи ду рӯз  дар асоси дастуру нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии шаҳри Хуҷанд семинари омӯзишӣ оид ба аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштани муассисаҳои таҳсилоти олӣ доир шуда истодааст.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқшавӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ санаи 29 июни соли равон дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд  рӯзи дуюми семинари омӯзишӣ оид ба аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштани муассисаҳои таҳсилоти олӣ баргузор гардид. Дар семинари омӯзишӣ намояндагони беш аз 30 муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Сараввал директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода ташрифи меҳмонони олиқадрро ба донишкадаи хайрамақдам гуфтанд. Ва қайд намуданд, ки “Тадбири мазкур барои ивази таҷриба, андӯхтани ҷанбаҳои пешрафти таълиму тарбия, самаранок истифода бурдани озмоишгоҳҳои таълимӣ мусоидат хоҳад кард. Итминони комил дорам, ки семинарии мазкур, ки имрӯз дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон баргузор мегардад, дар амалишавии дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат заминаи мусоид мегузорад.  Ва мо аз таҷрибаву малака ва маслиҳатҳои манфиатбахши Шумоён устодони гиромиқадр истифода бурда, барои фаъолияти минбаъда онро чун дастури раҳнамоӣ истифода мебарем.”

 Баъдан дотсенти Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Сангинов Аъзам дар мавзӯи “Аккредитатсияи байналмиллалӣ - омили асосии интегратсия дар бозори ҷаҳонии хизматрасонии таълимӣ” баромад намуд. Зимни маърузаи худ оид ба аккредитатсияи байналмималлӣ, актуалнокӣ ва зарурияти он дар фаъолияти имрӯзаи муассисаҳои таҳсилотии олии кишвар, механизми таъминоти сифат суханронӣ намуд. Ҳамзамон оид ба раванди гузаштани аккредитатсияи давлатӣ, мавҷудияти он дар кишварҳои дигар маълумот дод. Баъди анҷоми маъруза саволу ҷавоби мутаххасисисон оид ба мавзуъ оғоз ёфт.

Баъди анҷоми семинар иштирокдорон аз дастовардҳои донишкада дидан намуданд. Устодон бо фаъолияти беш аз 15 лабораторияҳои замонавии донишкада, аз ҷумла, маҷмааи озмоишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ки аз 9 озмоишгоҳ иборат аст, озмоишгоҳҳои факултетҳои муҳандисӣ – технологӣ, информатика ва энергетика, факултети сохтмон ва нақлиёт аз наздик шинос шуданд. Зимни шиносоӣ бо дастоварду ихтироот ва озмоишгоҳоо ба пояи моддиву техникии донишкада баҳои баланд доданд. 

 

Устодони гиромӣ, донишҷӯёни муҳтарам!

Имрӯз шукуҳу шаҳомат ва эътибори Рӯзи Дониш – оғози соли таҳсили нав бо икдоми шоиста ва маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле ва хеле боло рафт. Тавре ҳар яки Шумо шоҳид гардидед, чанд лаҳза қабл Сарвари давлат туфайли ширкат ва суханронӣ дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ғамхории падарона ва сарпарастии хешро ба соҳаи маориф ифода карданд.

Бояд тазаккур дод, ки маҳз пешниҳоди Сарвари давлатамон дар бораи самти асосӣ ва стратегии сиёсати давлат донистани соҳаи маориф боиси равнақи соҳа гардид. Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникиро вазифаи муҳимтарини арзёбӣ намуда, баён дошта буданд. «Пешрафти ҷомеа, тараққиёти илму техника ва технология тақозо мекунад, ки барои баланд бардоштани сатҳи касбият ҳам устодон ва ҳам шогирдон кӯшиш кунанд».

Имруз бошад, Пешвои муаззами миллат ба шарофати иштироку суханронӣ дар дарси умумиҷумҳуриявии сулҳ диққати масъулинро ба он равона намуданд, ки ҷавонон ба омӯзиши касбҳои нави мутобиқи талаби замон машғул гарданд ва мактаб ҷавобгӯи меъёрҳои имрузаи ҷаҳонӣ шавад. Сарвари давлатамон моро вазифадор мекунанд, ки ҳамқадами замон бошем, бояд насли ҷавонро дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намуда, онҳоро бештар ба донишандӯзӣ, омӯзиши фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва илму техникаи муосир раҳнамоӣ намоем.

Бояд гуфт, ки Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсилро мо дар қайди таассуротҳои наҷиби ташрифи хотирмони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд истиқбол мегирем. Боиси хушбахтии мост, ки ҳар як сафари Сарвари давлат ба вилояти Суғд аз худ паёмадҳои неку хуб боқӣ мемонад. Мо инро дар сафари навбатиашон ба хуби эҳсос намудем, ки чи тавр мардум бо руҳбаландии бузург Пешвои муаззами миллатро истиқбол ва ҷараёни ободкориву созандагиҳо ба ин васила вусъат гирифтанд.

Мо дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хуҷандро эҳсос менамоем. Ташрифи Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода зимни ифтитоҳи бинои нави озмоишгоҳи донишкада боиси руҳбаландии мо гардида, моро ба меҳнати садоқатмандона роҳнамоӣ мекунад. Рӯзи гузашта дар остонаи соли нави хониш мулоқотии самими Раиси вилоят  ва маросими ҷоизасупориҳо ба нафарони хизматнишондода доир гардид, ки устоди донишкадаи мо Одилхӯҷа Солиев ба гирифтани Ифтихорномаи Раиси вилоят сарфароз гардид.      

Пас аз чанд рӯз агрегати дуюми нерӯгоҳи барқии обии «Роғун», ки сарчашмаи нуру иқтидори истеҳсолии кишвар маҳсуб меёбад, мавриди истифода қарор мегирад  ва ин рӯйдоди  муҳим боиси боз ҳам дар атрофии Сарвари давлат муттаҳид шудани халқи азизи кишвар мегардад.

Иҷозат диҳед, ин рӯйдодҳои муҳимро ба кулли устодон ва донишҷӯён, хосса онҳое, ки имрӯз қадамҳои аввалини донишҷӯиро гузошта истодаанд, сидқан муборакбод гӯям. Боварии комил дорам, ки анъанаҳои хуби мактаби устоду шогирдро донишҷӯёни соли аввал муваффақона идома хоҳанд дод. Зеро дар қиёс ба солҳои пешин шумораи ғолибони олимпидадаи байналмилаливу ҷумҳурӣ аз ҳисоби донишҷӯёни соли аввал ба маротиб зиёд аст. Миёни шумо донишҷӯёне низ ҳастанд, ки бо холи баланд сазовори номи донишҷӯи гардидед. Ба Шумо – донишҷӯёни азиз аз ин минбари баланд гуфтаниам, ки дар интихоби касб ва донишкада хато накардед. Зеро Шумо давоми 4 сол аз устодони соҳибтахассус бо истифода аз шароити хуби таълимӣ донишатонро тақвият дода, ба хоҷагии халқи кишвар хизмати шоиста анҷом хоҳед дод.

Соли таҳсили наве, ки имрӯз оғозашро тантана мекунем, барои ҳар як узви ҷомеаи меҳнатии донишкада бояд соли татбиқи дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошад .

Барои ин бояд  танҳо таҳсили аълою интизоми намунавиро ба роҳ монем, ҳар як донишҷӯ  барои фатҳи қуллаҳои баланди дониш беш аз пеш ҷадал варзад.   

Бо зикри ин нуктаҳо изҳори умеду боварӣ менамоям, ки дар соли таҳсили нав барои боз ҳам афзунтар намудани комёбиҳо ва ба яке аз муассисаҳои беҳтарини таҳсилоти олии кишвар табдил додани Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон тамоми ҷидду ҷаҳдатонро равона менамоед.

Бо ҳамин орзу ва ниятҳои нек иҷозат фармоед, ҳар яки Шумо, дар шахси Шумо наздикону пайвандонатонро бо фаро расидани иди саид – Рӯзи дониш ва оғози соли таҳсили нав аз номи раёсат ва шахсан аз номи худам сидқан табрику таҳният гуфта дар кору таҳсил ва фаъолияти илмию омӯзгориатон равнақу барорҳо таманно намоям.

 Ҷашн муборак, дӯстони азиз!

      

27-уми июни соли 1997 дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун яке аз санаҳои муборак ва тақдирсоз, яъне рӯзи баҳамоиву оштӣ ва эълони иттиҳоди ҷовидонаи миллати куҳанбунёди тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Мардуми сарбаланди тоҷик ҳамасола ин ҷашни бузургро бо шукуҳу шаҳомати хоса ҳамчун рамзи эҳёи тоҷикон ҷашн мегиранд.

Ҷомеаи меҳнатии донишкада бо азму иродаи қавӣ ва бо шодиву фараҳ ба мавсими нави хониш  оғоз намуданд. Чун анъана дар рӯзи аввали корӣ дар толори донишкада ҷаласаи умумии ҷомеаи меҳнатӣ доир гардид. Сарвари донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода устодону кормандони донишкадаро бо фарорасии соли нави хониш ва ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуд. Номбурда меҳнати аҳлона ва масъулияти баланди устодонро боиси баланд рафтани эътибори донишкада унвон кард. Натиҷаи боло рафтани мақоми донишкада дар он зуҳур меёбад, ки теъдоди донишҷӯёни дохилшуда тариқи Маркази миллии тестӣ нисбат ба соли гузашта афзуда, то санаи 26 август 1106 нафар ҳуҷҷатҳояшонро сабти ном карданд. Дар идомаи мулоқот сарвари донишкада аз корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори 30- солагии Истиқлоияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зада, баён дошт, ки бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ин санаи таърихӣ корҳои таъмириву тармими дар факултети информатика ва энергетика анҷом ёфта, ҳамчунин бинои кафедраи молия ва қарз низ аз таъмири куллӣ бароварда шуд.

Дар идомаи ҷаласа муовини директор оид ба таълим Хуршед Мақсудов дар бораи рушди стратегии донишкада дар соли хониши 2019 – 2020 ҳарф зада, самтҳои фаъолиятро муайян намуд. Зикр шуд, ки мутобиқ ба нақшаи корӣ бояд фаъолият тарҳрезӣ гардида, ҳар як ихтисос мутобиқ ба самтҳои рушди стратегии донишкада барои аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштан кӯшиш ба харҷ диҳад.

Директори донишкада дар фуроварди чорабинӣ барои устодон ва кормандони донишкада дар идомаи соли нави таҳсил барору комёбӣ ва муваффақиятҳои беназирро таманно кард.

 

Ҳамасола бо мақсади дарёфти донишҷӯёни болаёқат ва истеъдодҳо, ихтироотҳои нав дар донишкада озмуни “Лоиҳаи инноватсионӣ” гузаронида мешавад. Чун анъана дар соли таҳсили 2018-2019 низ озмуни мазкур бо иштироки донишҷӯёни фаъолу соҳибистеъдод гузаронида шуд.

Дар озмуни “Лоиҳаи инноватсионӣ” 12 нафар донишҷӯён бо лоиҳа ва наворвариҳои худ ширкат варзиданд. Аъзоёни ҳакамон муовини директор оид ба таълим Мақсудов Х.Т., муовини директор оид ба илм ва инноватсия Ахмедов У.А., декани факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ Юсупова Г.А., декани факултети информатика ва энергетика Солиев О.М., декани факултети сохтмон ва нақлиёт Акрамов А.А. ва декани факултети муҳандисӣ-технологӣ Ваҳобов А. ба ихтирооти донишҷӯён аз рӯи меъёрҳои муқарраршуда баҳогузорӣ намуданд.

Дар озмуни мазкур лоиҳаҳои зерин муаррифӣ карда шуданд: “Лампаи каммасрафи кӯчагӣ”, “Радиои рақамии локалӣ дар мактабҳои таҳсилоти олӣ”, “Стенд барои тафтиши генератори автомобил”, “Генератори хурди бо энергияи шамол ва об коркунанда”, “Хонаи боақл”, “Коркарди таҷҳизот оид ба истеҳсоли хишт аз масолеҳҳои маҳаллӣ”, “Йогурти нӯшокаи функсионалӣ”, “Лоиҳасозии либос барои занҳои ҳомиладор то ва пас аз таваллуд”, “Шаҳрак барои 5000 нафар бо номи “Шаҳраки ҳамешасабз”, “Баланд бардоштани эътимодияти кори плуги ПОН-3-З0”, “Солнечная батарея для зарядки”, “Чат-боти ДПДТТХ дар вайбер барои донишҷӯён”.

Бо ба даст овардани  81,1 хол бо лоиҳаи “Генератори хурди бо энергияи шамол ва об коркунанда” донишҷӯи курси 2_370107та Холназаров Н., донишҷӯи курси 4_370107тб  бо лоиҳаи “Стенд барои тафтиши генератори автомобил” бо 79,6 хол Ашӯров Ҳ. ва донишҷӯи курси 2_740206mta Додоҷонов Н. бо лоиҳаи “Баланд бардоштани эътимодияти кори плуги ПОН-3-З0” бо холи 74,3 соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Ҳамаи лоиҳаҳои  иштирокчиён аз ҷониби ҳакамон баланд баҳогузорӣ карда шуда, барои коркарди ояндаи онҳо маслиҳатҳои зарурӣ дода шуд. Ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Раёсати донишкада супорида шуд.

 

 

Мутобиқ ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 15 сентябри соли 2011,  таҳти рақами АП – 1729, дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли равон дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд нишасти матбуотӣ бо доираи васеи кормандони васоити ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ доир гардид.

Нахуст оид ба нишондиҳандаҳои асосии  фаъолияти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба номи академик М. С. Осимӣ директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода маълумоти муфассал дод. Зикр шуд, ки ҷомеаи устодону шогирдони донишкада дар партави дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишу вазифагузориҳои Вазорати маориф ва илми кишвар фаъолияти худро барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳама зинаҳо таҳким бахшидани заминаҳои моддиву техникӣ ва таъмини самарабахши фаъолияти онҳо ташкилу сафарбар намуда, ба як қатор дастовардҳо соҳиб шуданд. Дар давраи ҳисоботӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави озмоишгоҳи иборат аз 9 лабораторияҳо барои ихтисосҳои технологияҳои нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти хӯрока, экологияи саноат ва истифодабарии оқилонаи захираҳои табиӣ, меъморӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки дар расми ифтитоҳи он муовини аввали сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Вазири маориф ва илми кишвар Латофат Назирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ширкат варзиданд. Маврид ба зикр аст, ки дар умум дар донишкада 37 озмоишгоҳҳо фаъолият доранд, ки барои тақвияти дониши амалии донишҷӯён мусоидат мекунад.

Мусаллам аст, ки пешрафти фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба робитаи хориҷӣ ва иштирок дар лоиҳаҳои байналхалқӣ вобастагии калон дорад. Ҳоло донишкада бо ду барномаҳои Эрасмус+-и Иттиҳоди Аврупо (лоиҳаи “Таҳсилоти олӣ барои низоми озуқаворӣ ва стандартҳо дар Осиёи Марказӣ”), Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ – GIZ (лоиҳаи “Таҳсилоти касбӣ ва такмили ихтисос дар Осиёи Марказӣ”) ҳамкорӣ дошта, ҳамчунин робитаро бо Донишгоҳи технологии шаҳри Гуилини Ҷумҳурии Халқии Чин вусъат бахшидааст.  Дар доираи ин лоиҳаҳо ҳам устодон ва ҳам шогирдон дар пешрафтатарин муассисаҳои олии касбии кишварҳои Ҷумҳурии мардумии Чин, Латвия, Литвия, Полша, Қазоқистон, Қирғизистон табодули таҷриба намуданд.  Самараи ҳамкориҳо таҷҳизонидани лабораторияҳо бо муосиртарин ташхису таҷҳизотҳо ва ба фаъолият оғоз бахшидани коргоҳи нонпазӣ дар донишкада мебошад. Минбаъд устодони Донишгоҳи бонуфузи Гуилини Чин ба донишкадаи мо ташриф оварда, ба донишҷӯён дар омӯхтани забони чинӣ мусоидат мекунанд. Ҳамчунин дар назар аст, ки       устодони мо дар ин донишгоҳ табодули таҷриба менамоянд.

Дар гузориш ҳамчунин зикр шуд, ки дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми  26 декабри соли 2018 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ироа гардид, дар донишкада аттестатсияи омӯзгорону кормандон гузаронида шуд. Ин тадбир барои баланд бардоштани масъулият ва салоҳияти устодону кормандон заминаи воқеӣ гузошт. 

Устодону донишҷӯёни донишкада дар озмунҳои байналмилалӣ ва олимпиадаҳо ширкати фаъолона дошта,  олими ҷавон Парвиз Солиев, сардори Маркази технологияи иттилоотии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар озмуни ҷумҳуриявии "Ихтироъкорон ва навоварони беҳтарини Тоҷикистон" тибқи баҳогузории ҳайати доварон аз рӯйи номинатсияи “Зиёдтарин миқдори навовариҳо ва санадҳои тасдиқкунанда оид ба татбиқи онҳо дар истеҳсолот” бо Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуд. Донишҷӯёни донишкада дар олимпиадаи байналхалқии технологӣ, ки дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон  доир гардид, дар ҳисоби даставӣ мақоми дуюмро касб намуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ устодон донишкада соҳиби 38 шаҳодатномаҳои зеҳнӣ гардиданд. Шаҳодатномаҳои зеҳнӣ асосан дар самти системаи иттилоотии идоракунӣ, таҳсилоти фосилавӣ, анкетаронӣ ба даст оварда шуд, ки он барои татбиқи ҳадафи ҳукумати электронӣ  заминаи мустаҳкам гузошт.

Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар дар соли 2019 зери унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ…» озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор шуда истодааст. Вобаста дар сатҳи баланд доир шудани ин чорабинӣ 21 нафар донишҷӯёни ғолибони факултетҳо дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ», аз рӯи номинатсияҳои аз ёд кардану хондани осори адибони классику муосир ва адабиёти ҷаҳон, қироати ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқӣ байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Ғолибон бо Ифтихорномаву тӯҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.

Дар соли 2019 низ ярмаркаи «Интихоби мутахассисони арзанда” гузаронида шуда, дар бо ҷои кор таъминкунии хатмкунандагон нақши назаррас гузошт. Барои дарёфти мутахассисони арзанда зиёда аз  70 коргоҳу ширкатҳо, аз ҷумла, ширкатҳои сохтмонии «Тиниал», «Равзана пласт», «Старпласт», бонкҳои «Спитаменбонк», «Бонки Эсхата» «Бонки байналмилалӣ», «Имон Интернешнл», коргоҳҳои истеҳсолии «Дӯсти Амирхон», «Зода», «Яхмоси 33», «Ҷавонӣ», Ҷаъмияти саҳомии «Сорбон», «Барқи тоҷик», ширкати манбаҳои энергияи азнавбарқароршавӣ, ширкати таҷрибаи пешқадам дар бизнес ва молия дар ярмарка ширкат доштанд. 9 филиали кафедраҳо дар назди корхонаву ташкилотҳо ва ширкатҳои «Тиниал», «Арванд», «АБАТ», «Эсхата», «Ҷавонӣ», “САТН”, “Шаҳрофар”, “АРЗ” ва Иттиҳодияи боғпарварии ба номи Мичурин амал мекунад, ки илмро ба амалия мепайвандад.

Давоми нимсолаи якум 250 мақолаҳо чоп гардидаанд, ки аз онҳо 98 мақола дар маҷаллаҳои аз тарафи КОА эътирофгардида, 76 мақола дар маҷмӯаҳои конференсияҳои байналмилалӣ чопшуда ва  94 мақола дар сатҳи маҷмӯаҳои ҷумҳуриявӣ, инчунин 6 монография чоп гардидаанд

Номбурда дар идомаи гузориш аз вазъи пояи моддиву техникӣ, раванди таълим, фаъолияти парки технологӣ,  робитаҳои байналмилалӣ, чараёни бундёкориву ободонӣ бахшида ба истиқболи 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ ба намояндагони васоити ахбори омма маълумот дод.

Афзал Босолиев, муҳаррири ширкати телевизион ва радиои “Азия”, Нӯъмони Раҷабзода, намояндаи нашрияи “Омӯзгор” дар вилояти Суғд, Қамари Аҳрор, намояндаи расонаи хабарии “Спутник”, Саидҷон Сулаймонов, намояндаи расонаи хабарии “Согднюс”, Суҳайлӣ Шарифов, муҳаррири телевизион ва радиои вилояти Суғд, Озод Мелибоев, намояндаи нашрияи “Маънавият”  дар бораи амалишавии лоиҳаҳои инноватсионии устодон ва донишҷӯён, ҷараёни қабул ба зинаи магистратура, аз аккредитсияи байналмилалӣ гузаштани донишкада, раванди ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дар риштаи техникӣ, вазъи фаъолияти Маркази таҳсилоти фосилавӣ ва минбаъд гузаронидани машғулиятҳо бо забони русӣ тариқи ин усули таълим, шароиту имконоти хобгоҳи донишкада, вазъи буду боши донишҷӯёни хориҷӣ, усули сиклии машғулиятҳо дар донишкада саволҳо дода, аз ҷониби директори донишкада посухҳои мушаххас гирифтанд.    

Дар фарҷоми кори нишаст директори донишкада ба нақши рӯзноманигорон дар инъикоси воқеияти рӯз баҳои баланд дода, зикр сохт, ки минбаъд низ ҷомеаи устодони донишкада мекӯшанд, то дар омода сохтани кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои техникаву технология  саъю талош варзида, дар иҷрои яке аз ҳадафҳои асосӣ  – саноатикунонии босуръати мамлакат саҳм гузоранд.  

 

14-15 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Барои иштирок дар саммити Душанбе роҳбарони 11 кишвар – Руссия, Тоҷикистон, Чин, Эрон, Озорбойҷон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Туркия, Бангладеш ва Шри-Ланка тайи ду рӯз меҳмони Тоҷикистон гардиданд. Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) – ин анҷумани байналмилалии муттаҳидкунандаи давлатҳои қитъаи Осиё аст, ки ҳадафаш таҳкими ҳамкориҳо барои таъмини амнияту субот дар Осиё мебошад. 

Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) анҷумани байнидавлатӣ ва созмони минтақавиест, ки соли 1992 бо дастгирии СММ таъсис ёфтааст. Ба МҲТБО 27 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, Русия Чин, Эрон, Озорбойҷон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Миср ва ғ. шомил мебошанд.

Аъзои олии МҲТБО ин Саммити роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳо мебошад, ки дар чор сол як маротиба баргузор мегардад. Имсол ин анҷуман дар Душанбе рӯзҳои 14-15 июни соли ҷорӣ баргузор гардид. Мавзуи саммити Душанбе ин “Нигоҳи ягона ба амният ва рушд дар минтақа” буд. Дар кори ҳамоиш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор кишварҳои иштирокчӣ мулоқотҳо оид ба баррасии вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, баргузор карданд. Ҳамчунин Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар шаҳри Душанбе имкони мусоидеро барои баргузории вохурии дуҷонибаи сарони давлатҳои иштирокчӣ ва нозир фароҳам овард.

Мавриди зикр аст, ки бо талошҳои арзанда ва пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли мушкилоти глобалии сайёра дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе якчанд маротиба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалию минтақавӣ гардид. Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ доир кардани ҳамоиши навбатии сатҳи байналмилалӣ пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе идона ороста шуда, шиору овезаҳо бо матни истиқболи самимии сарони давлатҳои иштирокчӣ ва нозир, рамзи ҳамоиш дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр омода ва насб гардида буд. 

Аз тарафи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тамоми кӯчаву хиёбонҳои пойтахт гулрезу гулбез карда шуда, қабои тозаву идона ба бар карда буд. Гулу буттаҳои зебои ороишӣ, фаввораҳо ва чароғҳои ранга ба симои шаҳр ҳусни тозае бахшида буданд, ки аз тарафи меҳмонон хуб пазируфта шуд. Имрӯзҳо аҳли сайёра ба шаҳри Душанбе макони асосии баргузории Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таваҷҷуҳ доранд ва онро аз суханварии сарони давлатҳо ва дигар иштирокчиёни саммит бо воситаи ахбори омма дидан кардем.

Миллати тамаддунофари тоҷик бори дигар бо расму оини қадимаи меҳмоннавозии анъанавӣ меҳмонони ҳамоишро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Саммити Душанбе идомаи талошҳои давлатҳои аъзои МҲТБО, ки аз соли 2002, аз рӯзи баргузории аввалин Саммит ба харҷ дода истодаанд, мебошад. Дар ин нишаст ҳайатҳои баландпоя қабули эъломияи фарогири тамоми масоили ҳамкорӣ дар доираи МҲТБО ҷамъ омаданд ва онро пазируфтанд.

Саммити мазкур ҳамчунин барои муҳокима ва ҳалли мушкилоти мавҷуда ва бавуҷудоянда дар Осиё, инчунин барои пешбурди ташаббусҳо ва дарёфти механизмҳои самаранок дар сатҳи баланд майдони муфид буд.

Ёдовар мешавем, ки сентябри соли 2018 дар ҳошияи Иҷлоси 73-юми Маҷмаи Умумии СММ ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии МҲТБО баргузор гардид, ки дар он раёсат дар Машварат барои солҳои 2018-2020 аз Чин ба Тоҷикистон гузашт. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои аъзои МҲТБО на танҳо дар сатҳи сиёсӣ, балки дар дигар сатҳҳо низ бо мақсади ҳамгироии минтақавии батадриҷ ҳамдигарфаҳмии умумӣ дорад.

Бо дарназардошти иштироки давлатҳои аъзо дар сатҳи олӣ, аз ҷумла муносибатҳои дӯстона ва боэътимоди байни онҳо, Тоҷикистон аз Саммит натиҷаҳои хуб, ки барои иҷрои муваффақонаи уҳдадориҳои умумӣ дар доираи МҲТБО давоми ду соли раёсати Тоҷикистон роҳнамо гардиданд.

Саммит барои расидан ба ҳадафҳои нав ва дарёфти роҳҳои ҳалли масоили мавҷуда ва бавуҷудояндаи мавриди таваҷҷуҳи дастаҷамъонаи давлатҳои аъзо, пешбурди минбаъдаи раванди МҲТБО, идомаи татбиқи тадбирҳои боварӣ ва табдил додани Осиё ба минтақаи дорои сулҳу субот ва шукуфоии устувор дар асоси муколамаи фарогир ва амиқ таккони сиёсӣ бахшид. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ тазаккур доданд, «Осиё хонаи умумии мост. Ҳамаи мо хоҳони онем, ки дар хонаи умумии мо сулҳу субот ҳукмфармо бошаду тафовути сатҳи рушди иқтисодиро ҳаракат бар сӯи пешрафти умумӣ ба тартиб дарорад».

Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсат дар МҲТБО-ро дар лаҳзаи барои Осиё муҳим бар уҳда гирифт: минтақаи васеъ, ки дар он сарнавиштҳои таърихии халқу давлатҳо зич пайвастаанд, дар манзари чолишҳои нав рушди боварибахши иқтисодӣ ва саъю кӯшиш баҳри тараққию пешрафти устувори муштаракро нишон дод.

Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, халқҳои Осиё, ки бо таърихи ғанитарини умумӣ ва гуногунии фарҳангҳои ба худ хос байни худ алоқаи канданашаванда доранд, пурра дарк менамоянд, ки роҳи сӯи сулҳу шукуфоӣ аз фароҳам овардани муҳити бехатару суботе мегузарад, ки онро дар масоҳати васеи байни се уқёнус фақат бо саъю кӯшишҳои якҷоя метавон таъмин кард. Бояд гуфт, ки МҲТБО барои мубодилаи васеъ ва ошкорои афкор оид ба роҳҳои таҳкими ҳамкории амалӣ бо мақсади таъмини сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ майдони муҳим буд. «Мо бояд иқтидори Машваратамонро пурра истифода намоем, то ки дар заминаи муколамаи васеъ, саъю кӯшиши умумӣ баҳри рушди устувори иқтисодӣ ва амнияти муштарак ҷомеаи босуботу шукуфони халқҳои Осиёро барпо намоем. Вақт ва саъю кӯшишҳое, ки барои расидан ба ин мақсади олӣ лозиманд, набояд моро ба изтироб оранд», — зикр намуда буданд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Саммити МҲТБО.

Барои иштирок дар кори ҳамоиши мазкур сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои узв, аз қабили Тоҷикистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Бангладеш, Ветнам, Миср, Исроил, Ҳиндустон, Урдун,  Ироқ, Эрон, Қазоқистон, Қатар, Камбоҷа, Чин, Корея,  Қирғизистон, Муғулистон, Аморатҳои Муттаҳидаи Арабӣ, Покистон, Фаластин, Россия, Таиланд, Туркия, Ӯзбекистон, Шри-Ланка ва кишварҳои нозир, аз ҷумла Беларус, Индонезия, Филиппин, Малайзия, Украина, Америка, Япония, роҳбарон ва намояндагони ташкилотҳои байналамилалии нозир, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони байналмилалии муҳоҷират, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Анҷумани парламентии кишварҳои туркзабон, созмони шарик — Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва меҳмони ҳамоиш — Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тоҷикистон ҷамъ омада буданд.

Ҷараёни кори Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистонро 650 нафар намояндагони ВАО-и дохил ва хориҷ,  рӯзномаву маҷаллаҳо, радио, телевизион ва бунгоҳҳои хабарӣ аз кишварҳои Тоҷикистон, ИМА,Чин, Канада, Баҳрайн, АМА, Афғонистон, Эрон, Камбоҷа, Туркия, Ҳиндустон, Беларус, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Ветнам, Покистон, Бангладеш, Лубнон, Шри-Ланка, Қирғизистон, Русия, Ироқ Иттиҳоди Аврупо ва ғайра инъикос намуданд.

дар таҳияи Ҳ.Ҳофизов., 

     омӯзгори фанни мудофиаи шаҳрвандии

   ДПДТТХ  ба номи М.Осимӣ