Фаъолияти кафедраи молия ва қарз дар соҳаи илмҳои иқтисодӣ ба муаммоҳои таъмини рушди устувори иқтисодиёти миллӣ ва минтақаҳои он,  аз он ҷумла рушди низоми молиявӣ ва муносибатҳои иқтисодии бурунмарзӣ  бахшида шудааст.

 

Кафедра мувофиқи зинаҳои таҳсилот мутахассисонро аз рӯи ихтисосҳои зерин тайёр мекунад:

 

Бакалавриат

1-25 01 03 Иқтисодиёти ҷаҳонӣ

1-25 01 04 Молия ва қарз

 

Магистратура

1-25 01 03 Иқтисодиёти ҷаҳонӣ

1-25 01 04 Молия ва қарз

 

Ҳайати устодони кафедра

Раупов Комилҷон Самиевич - мудири кафедра, н.и.и.

Бобоев Мирзохаёт Усмонович – н.и.и., омӯзгори калон

Юсупова Гулнора Абдуманоновна – н.и.и., омӯзгори калон

Ҳасанов Фаррух Алишерович – н.и.и., омӯзгори калон

Исоев Диловарҷон Талисович - омӯзгори калон

Қаюмова Сурайё Абдуазимовна - омӯзгори калон

Исломова Муҳайё Муҳамедовна - омӯзгори калон

Ахмедов Фазлиддинхон Валиевич - омӯзгори калон

Ғайбуллоева ДилфузаҷонАбдуғаффоровна - ассистент

Юсупова Манижа Равшановна - ассистент

Аюбова Фарида Азимҷоновна Равшановна - ассистент

Файзиева Парвина Усмоновна – ассистент

 

Дастовардҳои кафедра

Корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи илмҳои иқтисодӣ ба муаммоҳои таъмини рушди устувори иқтисодиёти миллӣ ва минтақаҳои он,  аз он ҷумла рушди низоми молиявӣ ва муносибатҳои иқтисодии бурунмарзӣ  бахшида шудааст.

Дар ин соҳаи илм конференсияҳои байналхалқӣ дар мавзуҳои “Масоили муҳими менеҷменти молия, баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит дар шароити рушди инноватсионии иқтисодиёт”(соли 2013) ва “Рушди низоми молия дар шароити ҷаҳонишавӣ”(соли 2013) гузаронида шудааст.

Аз ҷониби устодони кафедра Бобоев М.У., Раупов К.С., Ҳасанов Ф.А., 3 монография ва китобҳои дарсӣ таҳия ва нашр шудаанд.

Дар ин соҳаи илм олимони варзида д.и.и., профессор Назаров А.А., д.и.и., профессор Авезов А.Ҳ., д.и.и., профессор Авезова М.М., д.и.и., профессор Урунов А.А., н.и.и.дотсент Султонова М.М., н.и.и. дотсент Султонова Р.М., н.и.и. Баҳодурова С.А., н.и.и.Акрамова З.Б., н.и.и. Мӯминова Ш.Н., н.и.и.Ахмедова М.М., н.и.и. Аминҷонова М.М., н.и.и. Рахими Ш., н.и.и.Бобоев М.У., н.и.и.Раупов К.С., н.и.и.Юсупова Г.А., н.и.и.Хасанов Ф.А. фаъолият мебаранд. 

Шарикони рушд

- ҶСП Бонки “Арванд” (филиали кафедра)

- ҶСП ТАҚХ “Имон Интернешнл” (филиали кафедра)

- ҶСК “Бонки Эсхата” (филиали кафедра)

- ҶДММ “Роҳи сомон”

 

Таҷрибаомӯзӣ

- Ҳамаи бонкҳои давлатӣ ва ғайридавлатии шаҳру ноҳияҳо

 

Лаборатория (Пояи методӣ-техникӣ)

 

(ФОТО)

 

Хатмкунандаи зинаи бакалавриат дар кадом вазифа кор ва фаъолият бурда метавонад

 

1-25 01 03 Иқтисодиёти ҷаҳонӣ

Хатмкунанда метавонад дар ширкатҳои истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, асъорӣ-молиявӣ, иҷтимоӣ, илмӣ-техникӣ, экологӣ фаъолият барад.

Ҷиҳатҳои дигари ҷараёнҳои хоҷагии ҷаҳонӣ ва қисмҳои ин ҷараёнҳо – ширкатҳои фаромилалӣ, сафоратхонаҳою намояндагиҳои онҳо, биржаҳо ва бонкҳо,  ташкилоти давлатӣ ва ғайридавлатие, ки фаъолияти иқтисодиёти ҷаҳониро дар системаи умумӣ таъмин менамояд, дар бар мегирад.

 

1-25 01 04 Молия ва қарз

Хатмкардаи ихтисоси мазкур дар шуъбаҳои молия, баҳисобгирӣ, таҳлил ва иқтисодии корхонаҳои саноатӣ ва хизматрасонӣ, бонкҳои тиҷоратӣ, ташкилоти молиявии қарзӣ, мақомоти молия ва андоз метавонад кор ва фаъолият барад.