Мудири кафедра

Раҳимов Соҳибназар Шарифович

номзади илмҳои физикӣ

Телефон: (+99293) 7757095;   

 e-mail Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

Кафедраи физика ва химия дар факултети информатика ва энергетика   бо қарори Шӯрои олимони донишкада № 1 аз моҳи  январи соли 2018 таъсис ёфтааст.

То имрӯз дар кафедра омӯзгорони пуртаҷриба  кор  ва фаъолият бурда,  бо ифтихорномаҳои  Вазорати  маорифи ҶТ ва роҳбари  донишкадаву  ҲХДТ мукофотонида шудаанд.

Мудири кафедраи физика ва химия омӯзгори  дараҷаи баланди таҷрибадоштаи тахассусӣ ба ҳисоб рафта, соҳиби ифтихорномаҳои шаҳру вилоят мебошанд.

Дар кафедра 10 нафар омӯзгорон фаъолият мебаранд:

-5 нафар  дотсентон, ки  дорои унвони  номзадҳои илмӣ мебошанд;

- 2 нафар  омӯзгорони калони  унвони илмӣ надошта;

-1 нафар муаллим - коромӯз;

-1 нафар сарлаборант;

-1 нафар котиб-ҳуҷҷатгузор.

Фанҳои ба блоки кафедраи физика ва химия тааллуқ дошта:

Номи фан ё машғулият

Забони таълим

1.

Физика

тоҷикӣ, русӣ

2

Химия

тоҷикӣ, русӣ

3

Экология

тоҷикӣ, русӣ

4.

Консепсияи табиатшиносии муосир

тоҷикӣ, русӣ

5.

Мудофиаи шаҳрвандӣ

тоҷикӣ, русӣ

 

Самтҳои асосии кори  кафедра:

- Коркарди дастурҳои методӣ барои таъмини фанҳо бо мувофиқати талаботи шуъбаи таълим ва шуъбаи банақшагирии стратегӣ;

- Дар раванди таълим истифода бурда тавонистани технологияҳои муосир барои баланд бардоштани савияи таълим

Озмоишгоҳҳои таълимии кафедра

Машғулиятҳои лабораторӣ аз фанни физика яке аз ҷузъҳои асосии раванди таълим буда, барои мустаҳкам намудани донишҳои назариявии  донишҷӯён пешбинӣ шудаанд.

Озмоишгоҳҳои таълимии кафедра бо таҷҳизоту лавозимотҳои лозима ва дастурҳои лабораторӣ  пурра таъмин мебошанд.

Озмоишгоҳҳои кафедра солҳои 1983 - 1985 ба вуҷуд оварда шуда, имрӯз 2 озмоишгоҳҳои физикӣ амал мекунанд, ки озмоишгоҳҳои "Механика, физикаи молекулавӣ ва термодинамика, оптика, физикаи атом ва ядро" ва "Электродинамика" мебошанд. Ин озмоишгоҳҳо барои баландбардории савияи дониши донишҷӯён, баландбардории маҳорату малакаи дарсазхудкунии онҳо мусоидат менамояд. 

  

Механика, физикаи молекулавӣ ва термодинамика, оптика, физикаи атом ва ядро (Э301)

 

Озмоишгоҳи электродинамика (302)

 

Аъзоёни кафедра:

 

Раҳимов Соҳибназар Шарифович

Мудири кафедра,

Дотсент, н.и.ф.-м.

Омӯзгори фанни физика

Осимов Акмал Зайниддинович

Дотсент, н.и.ф.-м.

Омӯзгори фанни физика

Ҷалилов Файзулло

Дотсент, н.и.ф.-м.

Омӯзгори фанни физика

Раҳимова Алия Раҳимовна

Дотсент, н.и.х.

Омӯзгори фанни химия

Раҳимова Маҳбуба

Омӯзгори калон

 Омӯзгори фанни экология

Тошхӯҷаев Насимҷон Азимович

Дотсент, н.и.х.

Омӯзгори фанни химия

 

Бобоҷонов Хуршед

 

Муаллим - коромӯз

 Омӯзгори фанни физика

Ҳофизов Ҳофиз

Омӯзгори калон

Омӯзгори фанни мудофиаи шаҳрвандӣ

Мирзоев Дабир Назирович

Муаллим-коромӯз

Сарлаборант

Омӯзгори фанни физика

 

Суроғаи ҷойгиршавии кафедра: ш. Хуҷанд, кӯчаи Ленин  228, бинои таълимии Э.