Сомонаи нави китобхонаи электронии донишкада моҳи январи соли 2019 ба истифода дода шуд.  Интерфейси сода ва  истифодабарии осон барои китобдор ва истифодабарандагони китобхона сохта шудааст, ки он имконияти сарфа намудани вақти китобдор, таъмин намудани бехатарии китоб ва паст кардани сатҳи гумшавии китобро  таъмин мекунад. Ҳангоми воридшавӣ истифодабаранда метавонад китобҳои заруриро ба худ гирад, фармоиш диҳад ё ҷустуҷӯ намояд. 

Web- интерфейс барои додугирифти китоб барои истифодабаранда бо воситаи компютер ва сабти он дар манбаи маълумот тартиб дода шудааст. Барои ҳамаи китобҳо ва истифодабарандагони китобхона штрих-коди индивидуалӣ сохта шудааст, ки ин барои иҷрои ҳамаи корҳо сарчашма мебошад. Барои истифодабаранда имконияти қулайи фармоиши китоб ва инъикоси ин фармоиш дар интерфейси китобдор барои тайёр намудан ва супоридани китобҳои фармудашуда  сохта шудааст.

Китобхонаи рақамии ДПДТТ аввалин китобхонаи рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар он зиёда 46446 адад маводи таълимӣ - методӣ ва илмӣ дар форматҳои машҳури pdf, djvu, txt, chm, doc ва ғайра нигоҳ дошта мешавад. Аз ҳамаи компютерҳои дар донишкада буда ба китобхонаи рақамӣ пайваст шудан мумкин аст. Ба ғайр аз ин, аз дилхоҳ компютере, ки дар системаи идоракунии фаъолияти донишкада қайд шудааст, ба китобхонаи рақамӣ пайваст шудан мумкин аст. Саҳифаи воридшавии истифодабаранда чунин мебошад: 

Имкониятҳои китобхонаи рақамӣ:

 Ташкил ва нигоҳ доштани фонди ягонаи маводи таълимию  илмии донишкада;

- ҷустуҷӯи мавод аз рӯйи методҳо ва мавзуъҳои гуногун;

- хондан, гирифтан ва илова намудани маводи таълимию илмӣ;

- дархост намудани китоби нав;

- аз назар гузаронидани феҳрасти китобхонаи ДПДТТ.     

Маълумоти оморӣ, ки дар китобхонаи электронӣ мавҷуд аст, миқдори китобҳо барои фармоиш, миқдори китобҳои электронӣ, миқдори гардиши китобҳо ва миқдори ташрифоварии истифодабарандаро   муайян менамояд. 

     Истифодабаранда баъди ба сомона воридшавӣ метавонад китобро сабт кунад, хонад, ба китобҳои дӯстдошта ворид кунад. 

Китобхонаи электронӣ имкониятҳои зиёди ҷустуҷӯи китобҳоро дорост. Истифодабаранда метавонад аз рӯи муаллиф, номи китоб, нашриёт, фан ва ё ихтисоси худ китоби лозимаро ба тезӣ дастрас намояд. 

 Ҳамаи китобҳое, ки дар китобхонаи электронӣ мавҷуд аст, аз рӯи категория гурӯҳбандӣ карда шудааст. Ҳангоми интихобикатегорияи лозима миқдор ва номгӯи китобҳо пешкаши истифодабаранда мегардад. 

Маъмурияти донишкада баҳри афзоиши шумораи адабиёти нави китобхона саҳми калон мегузорад. Бояд махсус қайд кард, ки бо ташаббуси маъмурияти донишкада соли охир ба китобхонаҳои донишкада китобҳои нав аз рӯйи ихтисосҳои мухталиф ворид гардиданд. То моҳи майи соли 2018 24 номгӯи китобҳо ба миқдори 636 адад ба фонди китобхона ворид гардидааст.