Маркази мартаба бо ҳамдастии лоиҳаи UNIWORKи (544126-TEMPUS-1-2013-1-ES-TEMPUS-JPHES http://www.uniwork-project.eu/) барномаи Tempus-и Иттиҳоди Аврупо.(http://eacea.ec.europa.eu/tempus/). Аз санаи 01.09.2015 бо фармони директори ДПДТТХ Маркази мартаба хамчун сохтори Донишкада фаъолият мебарад. Маркази мартабаи ДПДТТХ қисми сохторӣ ба шумор рафта, фаъолияти маорифпарварӣ, тадбирҳои интихоби касбу ҳунар, таълимиро дар асоси барномаҳо ва технологияҳои пешрафтаи бизнес- таълим бурда, бо кортаъминкунии хатмкунандагон ва мутобиқшавии онҳоро дар фаъолияти амалӣ дастгирӣ мекунад. Вазифаи Маркази мартабаи ДПДТТХ ин ташаккули ҳавасмандии хатмкунандагон ва донишҷӯёни ДПДТТХ ба нақшагирӣ ва сохтани мартаба, мадад дар мутобиқшавӣ ба бозори муосир ва баамалории қобилияти пурраи касбии худ, қонеъ гардонидани талаботи роҳбарон ва мутахассисони муассисаҳо, ташкилот ва шахсони воқеӣ, мактаббачагон, довталабон, донишҷӯён дар гирифтани донишҳои нав, интихоби касб барои ташаккули иқтисодиёт ва бизнес мусоидат мекунад.

Мақсади Маркази мартабаи ДПДТТХ - баланд намудани самаранокӣ ва дастрасӣ дар бозори хизматҳои таълимотӣ аз ҳисоби истифодабарии усулҳои пешрафта ва технологияҳои таълим дар раванди омӯзиш, интихоби касб ва азхудкунии савияҳои амалӣ дар барномаҳои таълимӣ ба шумор меравад.

 

Санаи  23 сентябри соли 2015  барои соли хониши  2015-2016 нақшаи кории шуъбаи робитаҳои хориҷӣ ва маркази мартаба тасдиқ шудаастДар айни ҳол  низомномаи маркази мартаба ва низомномаи ташкил ва гузаронидани ҳама намуд таҷрибаомузӣ ташкил ва тасдиқ карда шудааст . Дар доираи иҷроиши нақшаи кории маркази мартаба корҳои зерин гузаронида шуда истодааст:  назорат ва санҷиши маълумоти ҳолномаҳои (CV) донишҷӯён,  бастани шартномаҳо бо ташкилот ва корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ташкили вохӯриҳо, сӯҳбатҳои намояндагони бозори меҳнат бо донишҷӯён, воридкунии маълумот оиди ҷойҳои кории холӣ ба Системаи Иттилоотӣ Идоракунии Донишкада ва инчунин дар саҳифаи Донишкада дар шабакаи интернет, пешниҳод барои ташкили ҷойҳои нави корӣ дар ташкилот ва корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкории зич бо мудирони кафедраҳо барои ҷорикунии талаботи корфармо дар ҷараёни таҳсил, иштирок дар аввалин форуми миллӣ таҳти унвони “Шуғлият ва фаъолияти соҳибкории ҷавонон” дар  шаҳри Душанбе, сохтани нақшаи  ташкили озмуни Идеяҳои Нави Бизнес байни донишҷӯён. Ташкили саҳифаи  маркази мартаба дар шабакаи Интернет, гузаронидани Озмуни Идеяҳои Нави Бизнес байни донишҷӯён,  гузаронидани ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар донишкада,  Доир ба нақшаи корӣ  санаи 23.04.2016 Маркази мартабаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар ш.Хуҷанд, бо мақсади бо кор таъмин кардани донишҷӯён гузаронидани ярмаркаи  “Интихоби мутахассисони арзанда”-ро, ки таъсисёбии муносибати ҳамкоронаи Донишкадаро бо кортаъминкунандагон барои ҳадафҳои минбаъдаи стратегӣ аз рӯйи тайёркунии мақсадноки мутахассисон барои соҳаҳои саноат ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавассути гузаронидани омӯзиш ва таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ мувофиқи ихтисоси интихобкарда, шинос намудани донишҷӯёни бо ҷустуҷӯйи ҷойи корӣ машғулбудагон бо рӯйхати ҷойҳои кории холии пешниҳодшуда, пешниҳод кардани маълумоти пурра оид ба корхонаҳои вилояти Суғд, оид ба имкониятҳои бо кортаъминшавӣ, азнавомӯзишӣ дар асоси ҷойҳои холии корӣ ва таълимиро дар назар дорад, ба нақша гирифтааст.

 

 


Барои ҳамаи категорияҳои донишҷӯён гузаштани таҷрибаомӯзӣ ҳатмист. Ҳаҷм ва мазмуни  аниқи  тамоми давраҳои таҷрибаомӯзиро барномаи он муайян мекунад: Барномаи таҷрибаомӯзӣ ин ҳуҷҷати меъёрӣ моддиест, ки мазмуни таълими фаъолияти касбӣ-амалии донишҷӯёнро дар шароити ҳақиқии истеҳсолот муайян мекунад. Мақсади барнома идораи протссеси тайёрии касбӣ-амалии донишҷӯён бевосита дар истеҳсолот ба ҳисоб меравад. Барномаи таҷрибаомӯзӣ бояд нуқтаҳои зеринро ба назар гирад: - гирифтани иҷозатнома ва рӯзнома аз шӯъбаи таҷрибаомӯзӣ; - дар асоси иҷозатнома ва шартнома донишҷӯ дар корхона ҷойи корӣ ва роҳбари таҷрибаомӯзиро интихоб менамояд; - ҳар рӯзи корро ба рӯзнома навишта имзои роҳбари корхонаро ҳам мегирад; - мазмун ва мӯҳлати иҷро намудани вазифаҳои алоҳидаи ҳар як донишҷӯ; - иштироки донишҷӯён  дар навовариҳо  ва ихтироотҳо  дар корхонаҳо; - гузаронидани дарсҳои аудиторӣ барои донишҷӯёни таҷрибаомӯз; - тартиб ва мӯҳлати  тайёрӣ ва ҳимояи ҳисоботҳо оид ба натиҷаи таҷрибаомӯзӣ; Барномаи таҷрибаомӯзӣ аз элементҳои таркибии зерин иборат аст: - варақаи унвон; - шарҳи мухтасари таҷрибаомӯзӣ; - нақшаи тақвимии таҷрибаомӯзӣ; - вазифаҳои умумӣ ва алоҳида; - замимаҳо; -рӯйхати адабиётҳои истифодабурдашавнда барои таҷрибаомӯзон. Дар элементи шарҳи мухтасари таҷрибаомӯзӣ эзоҳдиҳии мухтасари мазмуни таҷрибаомӯзӣ, хусусиятҳои вазифаҳои умумӣ ва алоҳида оварда мешаванд. Мундариҷаи барномаи таҷрибаомӯзӣ рақамҳои тартибӣ, номгӯи элементҳои таркибӣ ва рақами саҳифаҳоест, ки аз он элементи таркибӣ сар мешавад, дар бар мегирад. Вазифаҳои таҷрибаомӯзӣ аз номгӯи вазифаҳои махсусе, ки мазмун ва мундариҷаи таҷрибаомӯзиро  муайян мекунад, иборат аст. Ба ҳар як вазифа  рақам гузошта мешавад. Таркиб ва мазмуни вазифаҳои таҷрибаомӯзӣ аз рӯи намуди он муайян карда мешаванд. Замима, тавсияҳои методиро оид ба иҷрокунии вазифаҳои таҷрибаомӯзӣ ва таҳияи ҳисоботи ниҳоии таҷрибаомӯзӣ дарбар мегирад. Донишҷӯён аз рӯи натиҷаи азхудкунии барномаи таҷрибаомӯзӣ ба кафедраи тахассусӣ ҳисоботи хаттӣ пешниҳод намуда онро ҳимоя менамояд.


 

 Роҳбарони таҷрибаомӯзии аз тарафи донишкада таъин гардида ӯҳдадоранд: - то саршавии таҷрибаомӯзӣ ба корхона рафта, қабули донишҷӯёни таҷрибаомӯзро ташкил кунанд; - ҳамаи намудҳои корҳои ташкилиро (гузаронидани ҷамъомад, дартурамалдиҳӣ оид ба тартиби гузаронидани таҷрибаомӯзӣ, муҳити меҳнат ва техникаи бехатарӣ ваҳоказо) иҷро мекунанд. - бо сифати баланд гузоштани таҷрибаомӯзӣ ва ба мазмуни барномаи асосии таълимӣ ва барномаи таҷрибаомӯзӣ мувофиқат намудани онро таъмин менамоянд; - риоя намудани мӯҳлати таҷрибаомӯзӣ ва мазмуни онро назорат мебаранд; - аз тарафи корхона таъмин намудани донишҷӯёни таҷрибаомӯзро бо шароити мӯътадили меҳнат ва шароити маишӣ назорат мебарад. Ба донишҷӯён додани дастурамалҳоро оид ба ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ низ назорат бурда, якҷоя бо роҳбари таҷрибаомӯзӣ аз корхона, масъул аз тарафи донишҷӯён  риоя намудани теникаи бехатарӣ ба ҳисоб мераванд; - ҳисоботҳои донишҷӯёнро оид ба таҷрибаомӯзӣ  дида мебарояд, ба корҳои онҳо тақриз  медиҳад ва ба мудири кафедра ҳисоботӣ хаттӣ оид ба натиҷаҳои таҷрибаомӯзӣ, пешниҳод менамоянд; - дар комиссияи имтиҳони ҳимояи натиҷаи таҷрибаомӯзӣ ва дар тайёр намудани конфронси донишҷӯён аз рӯи  натиҷаи  таҷрибаомӯзӣ иштирок мекунанд; - корро дар алоқаи зич бо роҳбари таҷрибаомӯзӣ  аз корхона бурда, бо ӯ якҷоя барномаи кории гузаронидани таҷрибаомӯзиро  таҳия менамояд; - мавзӯъҳои вазифаҳои инфиродиро тартиб дода, ба донишҷӯён ҳангоми иҷро намудани ин вазифаҳо  ва барои ҷамъ оаврдани  маводҳо барои иҷрои кори (лоиҳа ) курсӣ ё дипломӣ кӯмаки методӣ мерасонад. 4.15. Ӯҳдадорӣ барои гузаронидани таҷрибаомӯзӣ дар ташкилотҳо бо фармони роҳбари он ба зиммаи яке аз кормандони роҳбарикунанда ё кормандони баландихтисоси ин ташкилот гузошта шавад. - таҷрибаомӯзӣ дар давоми таътили зимистона ва ё таътили тобистона аз рӯи имконият гузаронида шавад.

Сардори Маркази мартаба: Мирхолиқов Х. Еmail: сЭтот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.  

Мутахассиси Маркази мартаба: Набиев Дилшод Бахтиёрович Телефон: (92) 827-07-77 email: сЭтот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.  

 Мутахассиси Маркази мартаба: Рустамова Шаҳноза Абдушариповна  

 Шӯъбаи маркази мартаба Бинои маъмурӣ- ҳуҷраи 305 Донишкадаи политехникии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Кӯчаи Ленин-226, 735700, Хуҷанд, Тоҷикистон

Телефон: +99292 8270777

Почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Лоиҳаи UNIWORK (544126-TEMPUS-1-2013-1-ES-TEMPUS-JPHES UniWork-project)

Барномаи Tempus-и Иттиҳоди Аврупо. (TEMPUS)