Мудири кафедраи забони давлатӣ

ва ҷомеашиносӣ

Бобоева Таиба Раҳматовна 

 

Кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ аз моҳи феврали соли 2017 ҳамчун ҷузъи таркибии факултети сохтмон ва нақлиёт фаъолият мебарад. Мудири кафедра номзади илмҳои филология Бобоева Т.Р. мебошад.

Фанҳои таълимии кафедра: забони тоҷикӣ, таърихи халқи тоҷик, фарҳангшиносӣ, фалсафа, ҳуқуқ, мантиқ, диншиносӣ, психологияи касбӣ, ҳуқуқ аз рӯйи ихтисос, этикаи касбӣ, этика ва эстетика, сотсиология, тарбияи ҷисмонӣ бо барномаи таълимӣ-силлабус, маводи таълимӣ, ки дар ҷаласаҳои кафедра мавриди муҳокима қарор гирифта, дар шӯрои илмӣ-методӣ тасдиқ гардидааст, таъмин мебошад. Матни лексия барои дарсҳои лексионӣ, маҷмӯи машқҳо барои дарсҳои амалӣ, маводи имтиҳони марҳилавӣ ва тестҳои имтиҳони ниҳоӣ ҳам ба тариқи чопӣ ва ҳам электронӣ мавҷуд буда, дастраси донишҷӯён гардидааст.

Кабинетҳои таълимӣ  ва се толори лексионии ба кафедра вобаста бо васоити муосири техникӣ: ноутбук, видеопроектор, тахтаи электронӣ, лавҳаву овезаҳои мавзӯӣ муҷаҳҳаз мебошанд.

 

КОРҲОИ ИЛМӢ-МЕТОДИИ КАФЕДРА

Корҳои таълимӣ-методӣ дар кафедра  дар мувофиқат бо барномаи корӣ ва нақшаҳо иҷро  мегарданд. Дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2018-2019 дар кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносии факултети сохтмон ва нақлиёт аз рӯйи 14 номгӯйи фан дарс ташкил карда шуд:

  1. Забони тоҷикӣ
  2. Фарҳангшиносӣ
  3. Таърихи халқи тоҷик
  4. Фалсафа
  5. Сиёсатшиносӣ
  6. Сотсиология
  7. Этики касбӣ
  8. Этика ва эстетика
  9. Психологияи касбӣ
  10. Ҳуқуқ аз рӯйи ихтисос
  11. Ҳуқуқ
  12. Мантиқ
  13. Диншиносӣ
  14.  Тарбияи ҷисмонӣ

         Ҳамаи фанҳо бо барномаҳои корӣ таъмин буда, дар асоси онҳо машғулиятҳо ташкил гардиданд. Дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2018-2019 устодони кафедра аз рӯйи барномаҳои кории тасдиқшудаи соли 2014, 2015, 2016, 2017 ва 2018 дарс гузаштанд. Аз ҷониби омӯзгорон оид ба фанҳои таълимии кафедра аз рӯйи барномаҳои пешниҳодшудаи Вазорати маориф ва илми ҶТ 23 барномаҳои таълимӣ (силлабусҳо) таҳия гардиданд.

Дар соли таҳсили 2018-2019 аз ҷониби устодони кафедра дастурҳои таълимӣ-методӣ, маводи имтиҳонӣ, матни лексияҳо тартиб дода шуданд, ки 15-торо ташкил медиҳанд. Интишороти устодони кафедра аз 3 монография, 57 дастур ва маводи таълимӣ, 235 мақолаҳои илмӣ иборат аст.

Рӯзи 23. 04. 2019 дар факултети информатика ва энергетика бо иштироки устодони кафедраи иқтисодиёти соҳавӣ семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Мудири кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Бобоева Таиба доир ба қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва мушкилоти имлоии ҳиссаҳои нутқ маълумот дода, ба саволҳои сершумори устодон посух дод.

ИШТИРОКИ КАФЕДРА ДАР КОНФРОНСУ СЕМИНАРҲО

Дар нақшаи кормандони кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ мавзўи таҳқиқоти илмӣ ба масъалаи “Муаммоҳои забонӣ ва таърихӣ дар замони муосир” бахшида шудааст, ки устодони кафедра дар давоми нимсола дар атрофи масъалаи мазкур мақолаҳои тадқиқотӣ таҳия намуданд ва дар чандин конференсия, мизи мудаввар ва маҳфилҳои адабӣ баромад намуданд.

Рӯзи 6 сентябр ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 6 сентябр дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон конференсияи илмӣ – адабӣ доир гардид. Номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи ватан ва археологияи ДДХ ба номи академик Б. ­Ғафуров Шавкат Шарипов дар мавзӯи «Истиқлолият: моҳият ва ҳадафҳои олии он» маърӯза намуда, афзуд, ки истиқлолияти давлатӣ аз бузургтарин  дастоварди миллати тоҷик аст. Маҳз соҳибдавлатии мост, ки комёбиҳои рӯзафзун насибамон мегардад ва моро ҳамбастагиву ҳамдилӣ ва сулҳу салоҳ ҳамқадам аст. Муътабар Ғозиева, номзади илмҳои таърих, устоди кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ дар мавзӯи «Истиқлолият неъмати бебаҳост» сухан ронда, гуфт, ки маҳз ба шарофати истиқлолият имрӯз миллати тоҷикро чун меросбарони фарҳанги қадима мешиносанд. Дар тӯли беш аз 27 соли соҳибистиқлолӣ соҳаҳои маориф, фарҳанг ва тандурустӣ рушд намуда, муҳимтар аз ҳама, сатҳи худшиносии шаҳрвандон боло рафт.

21 сентябри соли равон дар маҷлисгоҳи донишкада бахшида ба Рӯзи Рудакӣ ҷамъомади бошукӯҳ таҳти унвони “Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯ” доир гардид. Маҳфили адабӣ бо доираи васеи устодон ва донишҷӯёни донишкада ва намояндагони воситаи ахбори омма баргузор гардид. Дар толор намоиши асарҳои устод Рӯдакӣ ташкил карда шуд. Чорабинӣ бо хондани шеърҳо аз ҷониби донишҷӯён оғоз гардид. Баъдан омӯзгори кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Файзиева Ш. оид ба осор ва рӯзгори Одамушшуаро суханронӣ намуд. Маърӯза доир ба фаъолияти адабии пири хирад аз ҷониби  омӯзгори кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Нозирова М. сурат гирифт. Қайд карда шуд, ки дар асари “Чеҳраҳои мондагор”-  и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ на танҳо ҳамчун сардафтари адабиёти классикии тоҷик, Одамушшуаро, қофиласолори назм, балки ҳамчун пири маънӣ, рамзи бедориву худшиносӣ, рамзи ҷовидонии адабиёт оварда шудааст. Маърӯзаи мудири кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ, номзади илмҳои филологӣ Бобоева Т.Р таҳти унвони “Ҳазордастони шеъри Аҷам”  аз ҷониби ҳозирин хеле хуб пазируфта шуд.

28 сентябри соли равон дар маҷлисгоҳи донишкада бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мизи мудаввар таҳти унвони “Ҷалолиддини Румӣ-адиби ҷаҳонбин ва инсонпарвар” бо иштироки устодон ва донишҷӯёни донишкада баргузор гардид.

Мудири кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ, номзади илмҳои филологӣ Бобоева Т.Р. маҳфили илмӣ-адабиро ифтитоҳ бахшида, доир ба ҳаёту эҷодиёт ва шуҳрати ҷаҳонии шеъри Мавлоно маърӯза намуд. Қайд гардид, ки Ҷалолиддини Румӣ аз бузургтарин суханварони адабиёти форсу тоҷик ба ҳисоб меравад, ки бо назария, эъҷозу эҷодаш дар асри XIII такони бузурге ба адабиёт ворид кардааст. Баъди Саноиву Аттор Мавлавиро дар тасаввуф ва ирфон муқаддам медонанд. “Маснавии маънавӣ” бузургтарин асари адабиёти форсу тоҷик ба ҳисоб рафта, тамоми андешаҳои фалсафию ирфонии Румиро инъикос мекунад. Ин асар, ки аз 6 дафтар иборат аст, дар асоси фалсафаи Қуръон, аҳодиси набавӣ, бозҷуст ва мушоҳидаҳои худи Мавлавӣ ба қалам омадааст. Баъдан омӯзгори кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Файзиева Ш.М. қисмате аз ҳикоёти ҳикматомези “Маснавии маънавӣ”-и Мавлавиро шарҳу тавзеҳ намуд. Қироати ашъори Ҷалолиддини Балхӣ аз ҷониби донишҷӯён ба маҳфил ҳусни тоза зам намуд.

05 октябри соли 2018 ба муносибати Рӯзи забони давлатии ҶТ бо иштироки нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддини Хоҷазод ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сармуҳаррири нашрияҳои “Нилуфар” ва “Саломат бошед!”, нависандаи ҳаҷвнигор Додохони Эгамзод ва устодону шогирдони донишкада чорабинии тантанавӣ доир карда шуд.

Омӯзгори кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Шафоат Файзиева чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшид. Нависанда Муҳиддини Хоҷазод дар баромадаш зикр намуд, ки масъалаи бо забони тоҷикӣ сурат гирифтани коргузорӣ дар ҳудуди кишвар  тақозо менамояд, ки забони тоҷикиро хуб донем. Ба таври зарурӣ донистани забон маданияти умумии омӯзандагонро баланд бардошта, сабаби рушди фаъолияти маънавии онҳо мегардад. Донистан ва омӯхтани забони тоҷикӣ дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти касбӣ аз рукнҳои асосию муҳимми айём ҳисоб меёбад. Нависандаи ҳаҷвнигор Додохони Эгамзод аз қадру манзалати забон дар хаёти ҳаррӯза сухан ронда, доир ба хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд. Гуфта шуд, ки маҳз хиради воло, дониши баланд ва хислати дурандешонаи Сарвари давлат буд, ки мо ба чунин рӯзи саодат расидем.

Рӯзи 5 ноябр ба ифтихори 24-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи донишкада чорабинӣ таҳти унвони «Конститутсия - бахтномаи миллат» доир гардид.

Чорабиниро мудири кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ, номзади илмҳои филологӣ Таиба Бобоева ҳусни оғоз бахшида, зикр дошт, ки  таърихшиносону муҳаққиқон бар онанд, ки ниёгони барӯманди мо ҳеҷ гоҳ нисбати тақдиру сарнавишти худ, ҳуқуқу озодиҳои инсон бетараф набуданд.  Аввалин конститутсия ё худ эъломияро онҳо офаридаанд ва муаллифи эъломияи аввалин оид ба ҳуқуқҳои башар намояндаи сулолаи Ҳахоманишиён Куруши Кабир аст.

Муовини директор оид ба илм ва инноватсия  Холматов Т.Ё. паёми шодбошии директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизодаро ба самъи ҳозирин расонид. Устоди ДДҲБСТ Латипов Суннатулло ва устоди кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносии ДПДТТ Муътабар Ғозиева зимни баромадҳои худ таъкид доштанд, ки  дар Тоҷикистон аз соли 1929 то ба имрӯз 5 маротиба, яъне дар солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 Конститутсияҳои гуногун қабул гардида, Конститутсияи нави амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Конститутсияҳои гузашта куллан фарқ дорад. Меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд ва ба стандартҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ комилан ҷавобгӯ мебошанд.

Рӯзи 05.11.2018 бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хобгоҳи донишкада чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид, ки дар он омӯзгори калони кафедра Хайринисо Темирова дар мавзӯи “Конститутсия - шиносномаи миллат” баромад намуда, доир ба хусусиятҳои ҷомеаи ҳуқуқбунёд суханронӣ намуд. Мавсуф зикр намуд, ки тамоми дастовардҳои ноилшудаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо қабули Конститутсия вобастагӣ дорад. Зеро таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди бомароми тамоми соҳаҳо аз кафолати конститутсионӣ сарчашма мегиранд.

Рӯзи 13 ноябр бо мақсади сазовор истиқбол намудани ифтитоҳи чархи якуми нерӯгоҳи барқи обии  “Роғун”  бо ташаббуси раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар маҷлисгоҳи донишкада конференсияи илмӣ-амалии вилоятӣ таҳти унвони “НБО Роғун умри Норакро сад соли дигар дароз мекунад” доир гардид. Дар конференсия омӯзгори калони кафедра, номзади илми таърих Ғозиева М.С. дар мавзӯи “Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар омӯзиши фанни таърихи халқи тоҷик” суханронӣ намуд.

Рӯзи 23 ноябри соли равон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори донишкада конференсияи илмӣ - фарҳангӣ бо иштироки устодон ва донишҷӯён баргузор гардид. Маърӯзаи устоди кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Исматулло Норов оид ба таърихи парчам шунида шуд.  Қайд гардид, ки тоҷикон аз қадим соҳибдавлату соҳибпарчам буданд ва куҳантарин парчами тоҷикон бо номи "Дирафши ковиёнӣ" ё "Ахтари ковиёнӣ" шинохта шудааст. Навори ҷолиб оид ба қабул гардидани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш дода шуд, ки аҳамияти таърихиву фарҳангӣ дорад. 

Абдуллохоҷа Темирхоҷаев дар маърӯзаи худ  оид ба намуди парчамҳои замони соҳибистиқлолӣ маълумот дода, қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми  худ ба муносибати Рӯзи Парчам соли 2010-ум рангҳои парчами миллиро «ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» дониста, гуфта буданд: "Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни Парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад".

5 марти соли равон дар толори донишкада  китоби тозанашри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Уфуқҳои Истиқлол” ба доираи васеи устодону донишҷӯён муаррифӣ гардид.  Мудири кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ, номзади илмҳои филологӣ Бобоева Таиба оид ба мазмуну муҳтавои китоб маълумоти муфассал дод.  Мавсуф зимни суханронӣ қайд намуд, ки дар китоби арзишманд - “Уфуқҳои Истиқлол” оид ба тамоми дастовардҳои даврони истиқлолият, бурду бохт ва комёбиҳо, марҳилаи эҳё ва азнавбарқарорсозии давлати тоҷикон, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ сухан меравад. Бобоева Т. панҷ боби китоби тозанашрро ба ҳозирин баён намуд. Бобҳои “Уфуқҳои Истиқлол” – “Истиқлолияти давлатӣ-марҳалаи эҳё ва барқарорсозии давлати миллии тоҷикон”, “Рушди иқтисодии Тоҷикистон ва дурнамои стратегии он”, “Сиёсати иҷтимоӣ ва натиҷаҳои умедбахши он”, “Ваҳдати миллӣ ва суботи иҷтимоӣ дар меҳвари сиёсати дохилии давлат”, “Манфиатҳои миллӣ ва сиёсати хориҷӣ: мақоми Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир” мебошанд, ки ҳар яке масъалаҳои муҳими давлатдорӣ ва сиёсати хирадмандонаро фарогир ҳастанд. Ҳамчунин, дар китоб омадааст: “Муҳимтарин дастоварду комёбие, ки мо дар 25 соли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон касб намудем, аз хатари нестӣ наҷот ёфтани давлатдории миллии тоҷикон мебошад. Мо ин нуктаро борҳо ёдрас кардаем, вале ин ҷо бори дигар таъкид месозем, ки бе ягон шакку шубҳа, наҷоти давлатдории миллӣ масъалаи меҳварии таърихи дирӯзу имрӯзи мо ба шумор меравад”.

Рӯзи 25. 04. 2019 бахшида ба эълон гардидани соли 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва Рӯзи илми тоҷик дар донишкада конференсияи илмӣ-амалии омӯзгорон, муҳаққиқони ҷавон, докторантони PhD, магистрантон ва донишҷӯён гузаронида шуд. Панҷ нафар устодони кафедра дар бахши 6 “Масъалаҳои мубрами забон ва фанҳои ҷомеашиносӣ” бо мақолаҳои пурмуҳтавои илмӣ баромад намуданд.

ДАСТОВАРДҲО

Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти кафедра ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ вобаста ба санаҳои таърихӣ ва ҷашнвораҳои миллӣ маҳсуб мегардад. Устодони кафедра дар чорабиниҳои сиёсиву маърифатии шаҳриву вилоятӣ ширкат варзида, дар тарғиби ғояҳои олии миллӣ ва тақвияти ҳисси ватандӯстии ҷомеа ҳиссагузор ҳастанд.       

Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯён озмуни “Иншои беҳтарин” дар мавзӯи “Президенти мо - ҳомию раҳнамо” доир гардид, ки аз ҷониби донишҷӯёни факултетҳои донишкада 37 нафар дар озмун ширкат варзиданд. Дар натиҷа, иншои эҷодкардаи донишҷӯёни зерин беҳтарин ҳисобида шуда, мавриди қадршиносӣ қарор гирифт: Турсунова Дилфуза – курси 1, ихтисоси 50 01 02 тб, Мамадалиев Фарҳод – курси 1, ихтисоси 70 02 01 тг, Солиева Муқаддам - курси 2, ихтисоси 25 01 07 тб.

Рӯзи 30 ноябри соли ҷорӣ даври ниҳоӣ ва ҷамъбастии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гузаронида шуд. Озмун дар асоси Тартиби баргузории озмуни хониши китоби бадеӣ таҳти унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки бо фармоиши вазири маориф ба илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01. 03. 2018, № 1008 тасдиқ шудааст, ташкил гардид. Дар озмун ғолибони даври якум ширкат варзиданд.

 Рӯзи 30 ноябри соли ҷорӣ даври ниҳоӣ ва ҷамъбастии озмуни «Сухани созанда» гузаронида шуд. Озмун дар асоси Тартиби баргузории озмуни қироати шеър таҳти унвони «Сухани созанда» байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки бо фармоиши вазири маориф ба илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30. 03. 2013, № 1265 тасдиқ шудааст, ташкил гардид. Дар озмун ғолибони даври якум ширкат варзиданд. Зимни ҷамъбасти озмун чунин натиҷа ба даст омад:

Ҷойи 1 – Нозимова Сайфурахон (2 - 500101та);

Ҷойи 2 - Ҷӯраев Муҳсинҷон (2 - 430103тв);

Ҷойи 3 – Абдуллоева Каромат (2 - 740206тб);

Ҷойи 3 – Солиева Муқаддам (2 - 250107тб);

Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Иди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯён озмуни “Иншои беҳтарин” дар мавзӯи “Рӯдакӣ - қофиласолори адабиёти классикии форсу тоҷик” эълон гардида буд, ки аз ҷониби донишҷӯёни факултетҳои донишкада 23 нафар дар озмун ширкат варзиданд, ки зимни ҷамъбасти озмун иншои эҷодкардаи донишҷӯёни зерин беҳтарин ҳисобида шуд:

Абдураҳимова Малика – курси1, ихтисоси 25 01 04 тб

Шодибоева Дилфуза - курси1, ихтисоси 25 01 04 тб

Исломов Ислом – курси 4, ихтисоси 40 01 02 тб

Назарзода Ибодулло - курси 1, ихтисоси 43 01 03 тг

Ба ғолибони озмун аз ҷониби раёсати донишкада туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Аз рӯйи фанҳои таълимии кафедра донишҷӯёни донишкада зимни ширкат дар озмунҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ба ишғоли ҷойҳои якум (забон ва адабиёти тоҷик, соли 2013 ва 2014), ҷойи дуюм (забон ва адабиёти тоҷик, соли 2012) ва ҷойи 3 (забон ва адабиёти тоҷик, соли 2017 ва таърихи халқи тоҷик, соли 2012) сазовор гардиданд.