Сомонаи kbtut.tj моҳи сентябри соли 2012 таъсис ёфтааст.

То имрӯз беш аз 1000 навиду гузоришҳо дар сомона нашр шудаанд.

Дар 10 моҳи соли равон наздики 280 хабару гузоришҳо дар ин сомоно ҷой дода шудаанд, ки дар қиёс ба соли пешин беш аз 50 навид зиёд аст. 

Шумораи ба сомона воридшудагон аз 500 ҳазор нафар гузаштааст.

Шумораи бештари воридшудагон, ба ғайр аз Тоҷикистон ҳамзамон аз Русия, Амрико, Англия,  Ӯзбекистон, Испания, Германия, Фаронса, Чин ва Чехия  мебошанд.

Нашрияи «Меҳвари дониш» моҳи октябри соли 2012 ва такроран соли 2016 таҳти рақами 0327\рз аз ҷониби Вазорати фарҳанг ба қайд гирифта шудааст.  

То имрӯз 82  шумораи он ба дасти хонандагон расидааст.

Теъдоди обуначиён соли 2013- 1600, 2014- 1850, 2015- 2000, 2016- 2350 ва дар соли 2017 ба 2800 адад расидааст.

Дар соли рафта истода  15 шумора ба нашр расид.

Дар давраи ҳисоботӣ ду маротиба нишасти матбуотии директори донишкада бо беш аз 16 расонаҳои вилоятиву хориҷӣ доир шуд.

50 мақолаҳо доир ба Донишкада дар матбуотии даврии «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Омӯзгор» «Минбари халқ», «Сухани халқ», «Шафақ», «Ҳақиқати Суғд, «Тирози ҷаҳон», «Согдийская правда», «Саломат бошед!» нашр шуд.

 30  гузоришҳо аз рафти баргузории конфренсияҳо ва семинару дигар чорабиниҳо дар шабакаҳои телевизионии « Тоҷикистон», «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Суғд», «СМ-1», «Диёр», «Танин», «Азия» радиоҳои  вилоят, «Пайванд»,  «Тироз», «Шаҳри ман» инъкос гардиданд.

 Алҳол дар назди шӯъба журнали илмии «Паёми ДПДТТ» таъсис ва нахустшумораи он рӯзҳои наздик ба табъ мерасанд.

 Тариқи тендер 152 китобҳои дастурӣ- таълимии устодон аз ҷониби табъу нашри донишкада ба чоп омода гардид.