Иқтибос аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба лоиҳаи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»

 

Таърих гувоҳ аст, ки аз қадимулайём мардуми соҳибтамаддуни мо ба тарбияи фарзанд аҳамияти хоса зоҳир намуда, барои дар рўҳияи ватандўстиву хештаншиносӣ, донишандўзиву маърифатпарварӣ, ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ва нангу номус ба воя расонидани фарзандони худ ҳамеша кўшиш мекарданд. Дар тўли садсолаҳо хонаводаи тоҷик ҳазорон фарзандони фарзонаро ба дунё овардаву ба камол расонидааст, ки онҳо барои халқи худ ва тамаддуни башар хизматҳои зиёди таърихиро ба анҷом расонидаанд. Дар баробари омўзиши саҳифаҳои арзишманди таърихи аҷдоди номдорамон имрўз диққат додан ба омилҳое, ки онҳоро ба пирўзию сарбаландӣ расонидаанд, амри зарурӣ мебошад. Зеро маҳз таҳкими оила, таълиму тарбияи наслҳои солиму соҳибмаърифат яке аз воситаҳои рушди ҷомеа, мустаҳкамии қудрати давлат ва побарҷойии тамаддунҳо ба шумор меравад. Ҳамаи дастовардҳо ва корномаҳои мардонагиву қаҳрамонии фарзандони халқи тоҷик, бешубҳа, натиҷа ва самараи заҳмати шабонарўзии падару модарони азизи мо мебошанд. Чунки ҳамчун инсони комил ба воя расонидани фарзанд ва тарбияи дурусти ў ҳеҷ гоҳ бе меҳру муҳаббат ва дастгириву садоқати падару модар имкон надорад.

Аз ин лиҳоз, падару модарони арҷманд бояд рисолати муқаддаси худ – тарбияи поктинативу зебоипарастӣ, башардўстиву инсонпарварӣ ва заҳматкашиву ободкориро дар замири фарзандон идома дода, насли навраси кишвари соҳибистиқлоламонро дар рўҳияи ифтихори бузурги ватандорӣ ба камол расонанд, то онҳо тавонанд парчами давлатамонро дилпурона ба сўи уфуқҳои ояндаи ободу осуда баранд. Дар баробари ин, эҳтиром намудани падару модар ва расидан ба қадри заҳмати онҳо қарзи фарзандии ҳар як инсони бонангу номус мебошад.

 

МУФАССАЛ: ҚОНУН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР