Дар донишкада семинари илмии доимо амалкунанда, дар мавзӯи “Методологияи таҳқиқоти илмӣ” аз тарафи  д.и.и., профессори кафедраи назарияи иқтисодиёт ва идора Авезов А.Х. ва  семинари илмӣ  бо номи “Усулҳои аналитикии илмӣ- тадқикотӣ”  аз тарафи д.и.и., профессор кафедраи назарияи иқтисодиёт ва идора Назаров А.А. фаъолият мебарад.

 

Семинари дар доираи барномаи ҳамкории Gesellschaft fϋr Internationale Zusammenarbeit (GIZ) бо ДПДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ташкил шуда, ки аз санаи 24.10.2017 то 27.10.2017 дар шаҳри Бишкек шуда гузашт ва дар он дотсенти кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология, сардори шуъбаи илм ва инноватсия Тошхӯҷаев Н.А. ва н.и.т., мутахассиси шуъбаи таълими Қоидов Ш. иштирок намуданд.

Семинар дар таҳти унвони “Менеҷменти сифати раванди таълим ва намунаи идоракунии маъмурӣ” шуд ва дар он бо эксперт, профессор Ханс-Юрген Линдеманн  дар мавзӯи “Орентатсия ба мақсад дар мактабҳои касбии олӣ – ҳамчун асос, инкишоф барои орентатсияи копитентсияҳо”,“Импулси сифат, ташкил ба ҳаракатҳои мақсад”, “Муқаддимаи кӯтоҳ дар мавзӯи алоқаи баръакс ”, “Алоқаи баръакс ҳамчун олот барои таъмин намудани сифати таълим: мақсад, шакл (90/180/360) ва баҳодиҳӣ” лексияҳо шунида шуда барои пешниҳоди лоиҳа оид ба интихоби мақсади сифат ва натиҷаи он; - матриса, мақсад, критерия ва индикаторҳо; - мақсади даврӣ, нақшаи кор ва графики мақсади ноил гаштани сифат муҳокима гузаронида шуд.

Лаҳзаҳо ҳангоми муҳокимаи лоиҳаҳо аз тарафи гурӯҳидонишгоҳу  донишкадаҳои Тоҷикистон

Семинар дар сатҳи баланд ташкил шуда дар он муҳокимаи мавзӯҳои шуднида шуда ҳаматарафа дида мешуд. Дар ин семинар доктор Ханс-Юрген  Линдеманн  барои фаъолона иштирок кардани ҳар яки мо баҳогузорӣ карда шуд. Дар хотима барои ташкил ва гузаронидани конференсияи байналхалқӣ дар мавзӯи “Баланд бардоштани сифати таълим дар Осиёи Марказӣ” пешниҳод карда шуд. Оиди ин масъала гурӯҳи махсус  нақша сохта  дар семинари оянда барои муҳокима таёйр карда шуд.