Фарҳанг ва маданият дар ҳама давру замон мақоми хосае дошта, маърифати шахсро баланд мебардорад. Ин аст, ки дар ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ чорабиниҳои фарҳангӣ дар сатҳи олӣ баргузор гардида, донишҷӯён бо дарки баланди масъулият дар онҳо ширкат меварзанд.

Соли 2018 барои ҷомеаи донишкада соли бобарор дар ҷодаи фарҳанг гардид. Устодону донишҷӯёни мо дар чорабиниҳои фарҳангии шаҳрӣ, вилоятиву ҷумҳуриявӣ дар сатҳи баланд иштирок намуда, муваффақиятҳои назаррасро соҳибӣ намуданд.

   Ташрифи раиси вилоят ба донишкада

Санаи 3- майи соли 2018 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи чорабиниҳои моҳи ҷавонӣ, ки ба ифтихори Рўзи ҷавонон ҷараён дорад, бо устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ мулоқот намуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сараввал аз намоиши дастовардҳои илмиву истеҳсолии донишкада, ки дар он китобҳои таълифнамудаи олимони донишкада, либосҳои миллии маҳсули дасти тарроҳон, мусаввараҳо, макети биноҳо, лоиҳаҳо ва ихтирооти барномасозон ва энергетикон ба маърази тамошо гузошта шуда буд, боздид намуда, ба дастовардҳои илмӣ-истеҳсолии устодону донишҷӯёни ин муассиса баҳои баланд дод.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ барномаи консертии донишҷӯёни донишкада пешниҳод гардида, либосҳои миллии минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон намоиш дода шуд.  Раиси вилоят инчунин бо гуруҳи донишҷӯён ва профессори Донишгоҳи аграрии Қазоқистон, ки дар доираи барномаи GIZ дар Донишкадаи политехникӣ қарор доранд, суҳбат намуда, аз онҳо даъват намуд, ки барои густариши ҳамкориҳо миёни донишгоҳҳои кишварҳои дӯст - Тоҷикистону Қазоқистон саҳмгузор бошанд.

Донишҷӯён дар Фестивал-озмуни вилоятӣ таҳти унвони “Суруди Модар - Алла” байни ҷавондухтарон бахшида ба Рӯзи Модар ва “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” иштирок намуданд. Донишҷӯи курси 1_740206 Абдуллоева К. маҳорати баланд нишон дода, байни 20 нафар иштирокчиён мақоми сеюмро сазовор гардид. 

Дар соли ҷорӣ 16 нафар донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон соҳиби Стипендияи Раиси вилоят,  2 нафар соҳиби Стипендияи Раиси шаҳр, 5 нафар соҳиби идрорпулии яквақтаи ҲХДТ гардиданд.  7 нафар донишҷӯён дар ҳафтаи худидоракунии МИҲД-и в.Суғд иштирок карда, соҳиби гувоҳнома гардиданд. 

Дастаи ҳозирҷавобони донишкада дар озмуни «Маҳфили хушдилон ва ҳозирҷавобон», ки миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ баргузор гардид, фаъолона ширкат варзида, соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Дар арафаи Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон аз тарафи Раиси вилояти Суғд ба ғолибон Диплом ва мукофотпулиҳо тақдим шуд.

Донишкада дар  Фестивали шаҳрии “Атласу адраси Хуҷанд - 2018” низ фаъолона ширкат варзид. Донишҷӯи курси 3, ихтисоси 500102 Бобоҷонова Н дар озмун истеъдоди баланд нишон дода, соҳиби Шоҳҷоиза ва корманди Парки технологии донишкада Қосимова Р. дар номинатсияи  “Беҳтарин либосҳои кӯдакона” соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Инчунин, дар “Қасри маданияти Арбоб” ҷамъбасти Фестивал-озмуни вилоятии “Атласу адраси Суғд-2018” баргузор гардид, ки донишкадаи политехникӣ дар Фестивал-озмуни мазкур фаъолона ширкат варзида, соҳиби ҷойи аввал гардид.

Аз тарафи Раёсати хадамоти муҳоҷират дар в. Суғд, раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и в. Суғд ва бо ҳамкории ташкилотҳои ҷамъиятии “Чашмаи ҳаёт», «Умед» бахшида ба 18 декабр Рӯзи байналмиллалии муҳоҷират таҳти унвони «Муҳоҷирати бехатар» озмуни иншо ва расми беҳтарин байни донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти олии ш.Хуҷанд ташкил гардид. Дар озмуни иншои беҳтарин ҷойи дуюм насиби донишҷӯйи курси 3, ихтисоси 70.02.01тв Рӯзиева Моҳира ва дар озмуни расми беҳтарин ҷойи дуюм насиби Рахатқулова Сурайё – донишҷӯйи курси 4, ихтисоси 50.01та гардид.

Ҳамзамон, дар доираи нақша-чорабиниҳо бо мақсади баландбардории сатҳи тарбия номгӯи зиёди вохӯриву суҳбатҳо гузаронида шуд. Вохӯриҳо бо намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, вохӯрӣ бо ҷанговарон ва собиқадорон, суҳбатҳо бо намояндагони кумитаи кор бо занон ва оила, мулоқотҳои судманд бо шахсиятҳои барҷаста аз зумраи ононанд.

Маҳз кӯшиш ва ҷидду ҷаҳди устодону донишҷӯён буд, ки донишкада ба чунин дастовардҳо ноил гардид. Аҳли кормандон, ҷомеаи устодон ва донишҷӯён дар оянда низ кӯшиш менамоянд, то дар чорабиниҳои фарҳангӣ фаъолона ширкат варзида, нуфузи донишкадаро байни дигар муассисаҳои олӣ баландтар бардоранд.