ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо қарори мушовараи

Вазорати маорифи Ҷумҳурии

Точикистон аз 27 октябри соли

2006, №32/3 тасдиқ шудааст

 

 

Донишҷӯ шаҳрвандест, ки дар асоси тартиби муқарраршуда ба муассисаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ қабул гардида, дар шуъбаи рӯзона, шабона ва ғоибона бо мақсади ба дараҷаи муайяни таҳсилот ва ихтисос соҳиб шудан таҳсил менамояд.

Донишҷӯ бояд тамоми қувваи созандаи хешро баҳри ҳифзи комёбиҳои даврони истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, муттаҳидӣ, сулҳу осоиш, таҳкими ваҳдати миллӣ ва пешравии минбаъдаи иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёти Тоҷикистони азиз сафарбар намояд.

 

Вазифа ва ӯҳдадориҳои донишҷӯ

  1. Тартиботи дохилии қабулгардидаи муассисаҳои таҳсилоти олии миёна ва олии касбиро риоя намояд.
  2. Талаботи муҳофизат ва гигиенаи меҳнат, бехатарии воситаҳои техникӣ, санитарӣ, истеҳсолӣ ва тадбирҳои зидди сӯхторро, ки дастурамалҳои дахлдор муайян намудаанд, риоя намояд.
  3. Тартибот ва низоми фаъолияти донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро эҳтиом намуда, дар фаъолияти илмӣ ва амалии ҳаррузааш онҳоро ба роҳбарӣ гирад.
  4. Ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ҳатман бо либосҳое ворид шавад, ки намунаашро Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст.
  5. Нисбат ба моликияти муассисаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бино, воситаҳои техникӣ, миз, курсӣ, ҷевон, дастурҳои таълимӣ, китоб, маҷалла, рӯзнома, аёният ва ғайра) эҳтиёткор бошад.
  6. Дар дохили бинои таълимӣ, роҳрав ва толорхои муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ носу сигор накашад, нӯшокиҳои спиртиву маводи мадҳушкунанда истеъмол нанамояд ва бо садои баланд ҳарф назанад.
  7. Дар толору дарсхонаҳо тозагӣ ва тартиботи ҷамъиятиро риоя намояд.
  8. Ба ҷараёни дарс халал нарасонад.
  9. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, инчунин дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо рафтори накӯ ва ахлоқи ҳамидаи худ намунаи ибрат бошад.
  10. Обрӯ, мақом ва манзалати муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро бо фаъолияти пурсамари хеш баланд бардорад.
  11. Ихтисоси интихобкардаашро дӯст дорад ва барои тахкими дониши илмӣ-назариявӣ ва илмӣ-амалии хеш мунтазам саъю кӯшиш намояд.
  12. Дар корҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва чорабиниҳои сиёсии муассисаи таълимӣ, факултет ва кафедра фаъолона саҳм гузорад.
  13. Ба дарс бо лавозимоти хониш: ҷузъдон, дафтар, қалам, ручка ва ғайра ҳозир шавад.
  14. Дар бинои таълимӣ ва хобгоҳ навбатдорӣ карда, талаботи навбатдорро ҳатман риоя намояд.
  15. Узви доимии китобхонаҳо (анъанавиву электронӣ) ва хазинаҳои иттилоотии муассисаҳои таълимӣ бошад.
  16. Даҳ дақиқа пеш аз оғози дарс дар макони дарс ҳозир гардад ва ҳангоми ворид гардидани омӯзгор ӯро рост истода истиқбол намояд.
  17. Эҳтироми омӯзгоронро ба ҷой орад, шаъну шарафи онҳоро ҳимоя кунад ва вазифаву супоришҳои онҳоро сари вақт иҷро намояд.
  18. Калонсолон, ҳамсабақон ва ҳамсолони хешро  эҳтиром  намуда, бо онҳо бо лутфу меҳрубонӣ муносибат кунад. Одоби муошират ва этикаи донишҷӯиро риоя карда, аз арзишҳои баланди маданияти тараққикардаи ҷаҳони пешрафта огоҳ бошад.
  19. Дар машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ ҳатман иштирок намояд.
  20. Машғулиятҳои семинарӣ ва корҳои мустақилонаро дар вақташ тайёр намояд.
  21. Ҳангоми ба дарс бо сабаби узрнок ва ё беморӣ  иштирок накардан, ҳуҷҷати тасдиқкунанда пешниҳод намояд.
  22. Дараҷаи дониш, маҳорат ва малакаи касбии хешро баланд бардошта, қобилияту истеъдодашро сайқал диҳад.
  23. Дар ҳама навъҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ: конференсия, олимпиада, симпозиум ва маҳфилу озмунҳо иштирок кунад ва бо маърӯзаҳо баромад намояд.
  24. Дар саҳифаҳои маҷмӯаҳои илмӣ ва воситаҳои ахбори умум бо гузориш ва мақолаҳои илмӣ-оммавӣ баромад намояд.
  25. Ба варзиши бадан ва қувват бахшидани ҷисм машғул шуд, шиори “тани солиму ақли солим”-ро пешаи зиндагии хеш намояд.
  26. Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ватани азизи худро дӯст дорад.
  27. Шаҳрванди Тоҷикистон будан мояи ифтихораш бошад.
  28. Рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва пули миллиро эҳтиром намояд. Суруди миллиро ҳифз намояд ва бо оҳанг сарояд.
  29. Забони давлатӣ – забони адабии тоҷикиро донад ва пок нигоҳ дорад.
  30. Забонҳои байналмиллалиро аз бар кунад ва баҳри рушду нумӯи забони давлатӣ кӯшиш намояд. На камтар аз се забонро аз худ созад.
  31. Таърихи пурғановати ниёгонро омӯзад ва ба ҳаводиси он дуруст баҳо дода тавонад.
  32. Адабиёт ва фарҳанги тоҷикӣ - форсиро омӯзад ва тарғибгари он бошад. Аз эҷодиёти адибони бузург шоҳбайтҳоро аз бар намояд.
  33. Мероси маънавии миллати хешро омӯзад, мутобиқ ба замон такмил диҳад ва истифода баорад.
  34. Миллати худро дӯст дорад, баҳри ваҳдати миллӣ якпорчагии кишвар ва осудагиву оромиши он кӯшиш ба харҷ диҳад. Худогоҳу худшинос бошад.
  35. Сарватҳои табиии кишварро эҳтиёт намояд.
  36. Ёдгориҳои таърихиро ҳамчун мероси ниёгон муҳофизат намояд.
  37. Фарди солими ҷумҳурӣ бошад ва нисбат ба қонуншиканиҳо оштинопазир бошад.
  38. Арзишҳои умумиинсонӣ ва маънавиро пос дорад. Миллатҳои дигарро (новобаста аз ранги пӯст, забон, дин ва мансубияти ҳизбӣ) ҳурмат кунад ва баҳри таҳкими дӯстиву ҳамкорӣ бо онҳо ҷидду ҷаҳд намояд.
  39. Иззати пиронсолон, зану кӯдакон ва маъюбонро ба ҷо орад ва аз рӯи имкон  ба онҳо  мададрасон бошад.
  40. Комёбиҳои илму техникаи замони муосир ва технологияи иттилоотиро пурра аз бар намояд ва барои такмили пешрафти илмию техникӣ кӯшиш ба харҷ диҳад.
  41. Дониши андӯхтаи хешро баҳри беҳбудии рӯзгори миллат ва пешрафти ҷумҳурии азизи худ – Тоҷикистон самаранок амалӣ намояд.
  42. Нисбат ба пешаи худ масъулиятшинос бошад, барои баланд бардоштани шаъну шарафи миллати тоҷик ва афрохтани парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фазои ҷаҳонӣ кӯшиш ба харҷ диҳад.
  43. Сафири боэътимоди Тоҷикистони азиз ҳангоми сафарҳояш ба хориҷи кишвар бошад.
  44. Ғояҳои асосии давлати сохибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, ки дар мафҳуми ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, арзишҳои умумибашариву умумимиллӣ ифода мешаванд, муқаддас шуморад ва дар пиндор, гуфтор ва рафтори хеш онҳоро амалӣ гардонад.