Декани факултет

Юсупова Гулнора Абдуманоновна

номзади илмҳои иқтисодӣ

Ҷонишини декан оид ба таълим

Ахмедов Фазлиддинхон Валиевич

 

Ҷонишини декан оид ба  тарбия

Алиназарова Мавлуда Абдуҳасановна

Танзимгар

Зокирова Мусабе Исобоевна

Факултети муҳандисӣ – иқтисодӣ соли 2010 таъсис ёфтааст. Факултети муҳандисӣ – иқтисодии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар фаъолияти худ 4 кафедраро  дарбар мегирад, инҳо:

- кафедраи молия ва қарз;  

- кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ;

-кафедраи иқтисодиёт ва идора дар корхона;

- кафедраи математикаи олӣ ва информатика.

Шумораи умумии донишҷӯёни зинаи бакалавриати факултет  735 нафар, 44 нафар  магистрантон, 7 нафар докторантон  буда, аз рӯи чунин ихтисосҳо  таълим мегиранд:

- 1-250103 - иқтисодиёти ҷаҳонӣ;

- 1-250104 – молия ва қарз;

- 1-250107 – иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳо.

Ихтисосҳои зинаи магистратура ва докторантура:

- 1-260201 – бизнес маъмуриятчигӣ;

- 1-250104 – молия ва қарз;

- 1-250107 – иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳо;

- 6D050700 – менеҷмент.

         Миқдори умумии устодони факултет 48 нафарро ташкил медиҳанд, аз онҳо 21 нафар номзадони илм,   4 нафар докторони илм, профессорон.  Зиёда аз 90% устодон дар хориҷаи дур ва наздик, аз он хусус дар Аврупо ва Амрико такимили ихтисос гузаштаанд. Барои гузаштани таҷрибаомӯзӣ ва аз рӯи барномаҳои мубодила ҳар сол зиёда аз 20 нафар донишҷӯён ба мамлакатҳои Хитой, Олмон, Австрия, Испания  ва ға.  сафар мекунанд.

Факултет дорои китобхонаи замонавии рақамӣ, синфхонаи лингафонӣ, синфхонаи компютерӣ, толори варзишӣ  мебошад. Дар синфхонаҳои лингафонӣ ҳангоми омӯхтани забонҳои хориҷӣ донишҷӯён метавонанд худро ба барномаи TOEFL санҷида метавонанд. Дар китобхона ва синфхонаҳо  шабакаи Интернет пайваст мебошад. Ҳамаи синфхонаҳо бо тахтаи электронӣ ва видеопроектор таҷҳизонида шудаанд.

Дар факултет  дастаҳои варзишии баскетбол, волейбол ва футбол ташкил карда шудааст.  

 ДАСТОВАРДҲОИ ФАКУЛТЕТ

Сана

Озмун

Дастовард

Ноябр Иншои беҳтарин дар бораи мавзӯи “Президенти мо – ҳомию роҳнамо”  Ҷойи 1 
Ноябр Мусобиқаи варзиши сабук байни бонувон ва мардон (ш.Хистеварз) вобаста аз намуди варзиш Ҷойҳои 1,2, 3 
Ноябр

Сухани созанда

Китобхони беҳтарин 

Ҷойи 3

 Ҷойи 2 

Декабр Маҳфили «Зарифон ва ҳозирҷавобон»   Ҷойи 1

Донишҷӯёни факултет дар ҳамаи чорабиниҳои шаҳрию вилоятӣ иштироки фаъолона доранд. Онҳо дар Анҷумани байналмиллалии иқтисодии “Суғд – 2018 ” бахшида  ба 10 – солагии ташкилёбии минтақаҳои озоди иқтисодии тоҷик баргузоргардида иштирок намуданд. Дар натиҷаи иштирок ба чунин чорабинӣ  донишҷӯён нисбат ба самти  иқтисодиёти вилоят бо як эҳсосоти дигар ва тасаввуроти касби оянда ба худ  маълумотҳои нав пайдо карданд.

Донишҷӯён бо ҳамроҳии устодон дар  кушодашавии мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба ҳафтаи ҷавонӣ дар варзишгоҳи пӯшидаи 20 – солагии Истиқлолият  фаъолона иштирок намуданд. 

Дар доираи фаъолияти корҳои тарбиявии факултет маҳфили  «Зарифон» (дастаи КВН)  амал мекунад. Дастаи ҳозирҷавобони факултет "Нас не догонят" дар озмуни байнифакултетии донишкада  дар соли таҳсили 2018-2019  сазовори  ҷойи 1 – ум гардида, "Ҷоми зимистона" - ро соҳиб гардид.