Шумо ИДЕЯИ ХУБ доред?

Аммо Шумо чӣ тавр ҷорӣ намудани онро намедонед?

ИМКОНИЯТИ ОҒОЗ НАМУДАНИ КОРИ ХУДРО АЗ ДАСТ НАДИҲЕД!

БА ДИҚҚАТИ

донишҷӯён, магистрантон ва омӯзгорони ҷавон!

Маркази Мартаба озмуни идеяҳои нави бизнесро, ки ғолибони он метавонанд лоиҳаи худро  амалӣ созанд, эълон менамояд.

 

 Мақсадҳои асосии озмун  – ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкорӣ ва инноватсионии донишҷӯён, магистрантон ва омӯзгорони ҷавон, инчунин, ташаккули пояи бизнес-идеяҳо ва лоиҳаҳои инноватсионӣ барои ҷорӣ намудани минбаъдаи онҳо.

Вазифаи асосии озмун –  вусъат додани фаъолияти корӣ ва дастгирии ташаббусҳо оид ба коркард  ва ҷорӣ намудани бизнес-идеяҳои ояндадор ва лоиҳаҳои инноватсионӣ.

Дар озмун бизнес-идеяҳои инноватсионӣ, ки ба масъалаҳои ҳалталаб оид ба истеҳсол ва коркарди маҳсулотҳо ва молҳои нав; ба офариниши системаҳои автоматизатсияшуда, манбаъҳои энергияи барқароршаванда, технологияҳои энергия ва захирасарфакунанда равона шудаанд,  метавонанд ширкат варзанд.      

Меъёрҳои баҳодиҳии бизнес-идеяҳо:

  • - инноватсионӣ ва актуалӣ будан;
  • - имконияти ба амаловарӣ (имконияти офариниши ҷойҳои кории нав, даромади тахминӣ, харҷҳо ва ғайра),
  • - талабот ба маҳсулот ва рақобатпазирӣ;
  • - набудани маҳсулоти ба пешниҳодшуда монанд ё бартарӣ аз маҳсулотҳои монанд.

 Ба ғолибони озмун барои ба амал овардани лоиҳаҳои худ дар пояи парки технологии донишкада ё ташкили пояи нав имконият дода мешавад, инчунин имконияти гирифтани маблағгузории ибтидоӣ пешбинӣ шудааст.

Лоиҳаҳои хубтарин бо мукофотҳои арзанда сарфароз карда мешаванд.

 Озмун дар 3 марҳила мегузарад:

Марҳилаи 1 – додани аризаҳо ва интихоби пешакӣ;

Марҳилаи 2 –барои коркарди идеяҳои худ бо экспертон – мутахассисони пуртаҷриба имконият дода мешавад;

Марҳилаи 3 – пешниҳоди лоиҳаҳо ва интихоби ғолибон.

 

ДОДАНИ АРИЗАҲО БАРОИ ИШТИРОК ТО   15 октябри  с.2018

*Иконияти аризадиҳии коллективӣ (гурӯҳӣ) ҳаст.

Шакли аризаро аз инҷо гиред  ва ба почтаи Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ирсол намоед, ё ин ки ба утоқи 305, бинои асосӣ (ошёнаи 3)   - Маркази Мартаба дастрас намоед.

 Гирифтани ариза