Хобгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон давоми ду соли охир пурра аз таъмири куллӣ бароварда шуда, дар соли таҳсили равон 436 нафар донишҷӯён аз вилоятҳои мухтори Бадахшони Кӯҳӣ, Хатлон,  шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ, ҳамчунин аз Ҷумҳурии  Афғонистон, Туркманистон, Қирғизистон дар он зиндагӣ намуданд. Аз шумори умумии бошандагони хобгоҳ 70 нафарро духтарон ташкил мекунад. Қобили зикр аст, ки 11 нафар устодони донишкада низ ҳамроҳи оилаашон дар хобгоҳ истиқомат мекунанд. Хобгоҳ дорои 4 меҳмонхона,  8 ошхона,  30 нуқтаҳои шустушӯӣ, 3 китобхона,  қироатхона барои 60 нафар мебошад.

Лозим ба зикр аст, ки қабати якуми  бино низ пурра омодаи қабул буда, соли таҳсили хониши нав ба фаъолият шурӯъ мекунад. Моҳи сентябри соли гузашта бо иқдоми Раёсати донишкада кати хоб, рахти хоб, мизи курси, либосмонак, китобмонак, пойафзолмонак ва дигар асбобҳои барои донишҷӯ лозима харидорӣ карда шуданд.

Айни замон сохтмони нуқтаи шустушӯйи бо талаботи муосир мавриди истифода қарор гирифт, ки дар як вақт зиёда аз 10 нафар метавонанд аз он истифода баранд.

 

Вазифаи сарварии хобгоҳ бар дӯши Шоҳраҳмат Ойматов буда, дар ин ҷо чорабиниҳои мухталиф доир карда мешаванд. Вохӯриҳои мунтазами устодон бо донишҷӯён, иҷроиши талаботи зисту зиндагонӣ дар хобгоҳ  имконият медиҳад, ки фазои хуб  бошад.

Шурӯъ аз соли нави хониш теъдоди бошандагони хобгоҳ то ба 600 ҷой меафзояд.