Кафедраи технологияи маҳсулоти хӯрока Фаъолияти Кафедраи технологияи маҳсулоти хӯрока бо рушди иқтисодиёти миллӣ бевосита вобаста буда, ба ҳалли муаммоҳои таъмини амнияти озуқаворӣ нигаронида шудааст. .

 

Кафедра мувофиқи зинаҳои таҳсилот мутахассисонро аз рӯи ихтисосҳои зерин тайёр мекунад:

таҳсилот мутахассисонро аз рӯи ихтисосҳои зерин тайёр мекунад:

 

Бакалавриат

1-49 01 01 Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми ғизоӣ

1-49 01 02 Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми ҳайвонот

1-91 01 01 Истеҳсоли маҳсулот ва ташкили хӯроки умумӣ (қабули довталабон аз соли 2021)

 

Магистратура

1-49 01 01 Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми ғизоӣ

1-49 01 02 Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми ҳайвонот

 

Докторантура

6D072700 Технологияи маҳсулоти озуқа

 

Ҳайати устодони кафедра

Тошхӯҷаев Насимҷон Азимович – н.и.х., дотсент, мудири кафедра

Муҳиддинов Анваридин Риёзиддинович – д.и.б., профессор

Камолов Насимҷон Шарифбоевич – д.и. в. омӯзгори калон

Раҳимова Алия Рахимовна – н.и.х., дотсент

Комилова Дилрабо Абдувалиевна – н.и.т., дотсент

Қоидов Шералӣ Муҳамадалиевич – н.и.т., омӯзгори калон

Раҳмонова Ҷамила Абдуҳамидовна – мудири озмоишгоҳи кафедра

Раҳимова Мунзифа Анваровна – омӯзгори калон

Негматуллоева Маҳинбону Негматуллоевна - омӯзгори калон

Ахмедова Мавзуна Насимовна – ассистент

Дӯстматов Абдуҳаким Ҳайдарҷонович – ассистент

 

Дастовардҳои кафедра

Дастовардҳои илмию тадқиқотии кафедра, ки бо рушди иқтисодиёти миллӣ бевосита вобаста буда, ба ҳалли муаммоҳои таъмини амнияти озуқаворӣ нигаронида шудааст, яъне тадқиқи равандҳои технологии истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Аз тарафи олимони донишкада тадқиқот доир ба таҳлили сифати маҳсулоти хӯрока, коркарди технологияҳои истеҳсоли маҳсулоти хӯрока, аз ҷумла хӯроки функсионалӣ бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ ва таҷҳизоти муосир бурда мешаванд. Масалан, коркарди технологияи истеҳсоли маҳсулоти нонӣ ва қаннодӣ бо арзиши биологии баланд, усули истеҳсол ва истифодаи хока аз ҳучи маҳаллӣ барои истеҳсоли шириниҳои шарқӣ, технологияи истеҳсоли маҳсулоти миллии ярмавӣ (истеҳсоли консентрат аз мош), усулҳои нигаҳдории ангур дар муҳити газӣ бо истифода аз мембранаҳои трекӣ ва бо яхкунонӣ вобаста ба намуди обёрӣ ба анҷом расонида шуда, дар истеҳсолоти ватанӣ ҷорӣ карда шудаанд. Натиҷаҳои ин тадқиқот бо нахустпатентҳои ватанӣ ва байналхалқӣ тасдиқ карда шудааанд.

Тадқиқоти дигаре, ки дар доираи лоиҳаи фармоишӣ иҷро карда мешавад, ба рушди чорводорӣ, аз ҷумла қутоспарварӣ бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои синнусолӣ ва тағйирёбии морфо-физико-кимёвии пусти қутосҳои экотипи помирӣ, ки дар минтақаҳои шимоли Тоҷикистон парвариш карда мешаванд, омӯхта шудаанд. Натиҷаҳои ин тадқиқот барои рушди саноати коркарди пуст дар мамлакат хеле муҳим мебошад.

  Дар ин давра як рисолаи докторӣ ҳимоя шуда, 2 рисолаи номзадӣ аз рӯи ихтисоси технологияи маҳсулоти хӯрока ба ҳимоя омода карда шудааст. Дар ин самти тадқиқотӣ 3 конференсияҳои байнлхалқи дар мавзӯи “Муаммоҳои пешрафти устувории истеҳсоли маҳсулоти хӯрока дар Осиёи Марказӣ” (солҳои 2012, 2013, 2019) гузаронида шудааст. Дар ин ҷода фаъолияти пурсамари олимони варзида ба мисли д.и.б., профессор Муҳиддинов А.Р., д.и.в., Камолов Н.Ш., н.и.т.Комилова Д.А., н.и.т.Қоидов Ш.М., н.и.х., дотсент Тошхӯҷаев, н.и.х., дотсент Рахимова А.Р., омӯзгорони калон Раҳмонова Ҷ.А., Раҳимова М.А. қайд намуд.

 

Шарикони рушд

- Erasmus +

- GIZ (Deutsche Gesellschaft fur Internationale Zumsammenarbeit GmbH)

- HECAFS (Higher Education for Central Asia Food Systems and Standards) таҳсилоти олӣ барои низоми озуқаворӣ ва  стандартҳо дар Осиёи марказӣ.

- Филиали Суғдии Институти боғпарварию сабзавотпарварии АИКТ

 

Таҷрибаомӯзӣ

- Филиали Суғдии Институти боғпарварию сабзавотпарварии АИКТ (филиали кафедра)

- Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд

- Стансияи санитарии шаҳрию вилоятӣ

- Лабораторияи бозрасии давлатии тухмии вилояти Суғд

- Тоҷикгосстандарт дар в.Суғд

- ҶСП “Оби Зулол”

- ҶДММ “Яхмоси 33”

- Ширкати “Коррект”

- ҶДММ ”Файзи Расул”

- Комрон-агро-холдинг

 

Мувофиқи нақшаи лоиҳа Татяна Марченко, Рута Галобурда, Ани Блия (Латвия); Алвидас Шарлаускас, Алексанр Нваославский, Гражина Янушлиявишиче (Литва);  Мацей Чованяк, Марчин Немец, Дагмара К. (Полша), ташриф оварда ба донишҷӯён аз фанҳои тахассусӣ ба монанди микробиология, истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ, технологияи истеҳсоли нон, маҳсулоти қаннодӣ ва нонӣ ва ғайра мувофиқи стандартҳои байналмилалии ISO, HACCP ва Global GAP дарс гузаштанд.

 

Лаборатория (Пояи методӣ-техникӣ)

Санаи 21.03.2019с. бо иқдоми Сарвари ДПДТТХ ба номи ак. М. Осимӣ, мӯҳтарама Саидӣ Дилафрӯз Раббизода ифтитоҳи бинои нав бо иштироки Муовини сарвазири Ҷумҳуриявӣ Давлаталӣ Саид, муовини вазир Латофат Назирӣ ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид, ки дар он  9 утоқи лабораторӣ кушода шуд.

Дар назди кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология 9 лаборатория барои таъмини раванди таълим мавҷуд аст.

- озмоишгоҳи сенсорӣ;

- озмоишгоҳи коркард ва нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ;

- озмоишгоҳи химия;

- озмоишгоҳи технологияи маҳсулоти хӯрока;

- озмоишгоҳи микробиология;

- озмоишгоҳи таҳлили сифати маҳсулоти хӯрока.

 

 

Хатмкунандаи зинаи бакалавриат дар кадом вазифа кор ва фаъолият бурда метавонад:

1-49 01 01 Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми ғизоӣ

- технолог;

- муҳандиси стандарти давлатӣ дар самти таъмини назорати сифати ашёи хом ва маҳсулоти тайёр;

- муҳандиси  идоракунии равандҳои технологии истеҳсоли маводи хӯрока аз ашёи растанигӣ, истеҳсоли хӯроки истеъмоли омма, маҳсулоти консервонида, равған, орд, нон ва ғайра;

Хатмкунандаи ихтисоси мазкур бештар дар корхонаҳои давлатӣ ва хусусии шаҳру ноҳияҳои кишвар ба мисоли “Тоҷикстандарт”,  “Буона”, корхонаи нонбарорӣ, “Оби зулол”, “Зода”, “Ширкати 33”, коргоҳҳои истеҳсоли равған ва ғайра кор карда метавонад.

 

1-49 01 02 Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми ҳайвонот

- технолог;

-  муҳандиси стандарти давлатӣ дар самти таъмини назорати аввалаи сифат, маҳсулоти тайёри ширӣ ва гӯштӣ;

- муҳандиси идоракунии равандҳои технологии истеҳсоли маводи хӯрока аз шир ва гӯшт, хӯрокҳои истеъмолии омма, консерваҳои гӯштӣ ва ширӣ;

Хатмкунандаи ихтисоси мазкур бештар дар корхонаҳои давлатӣ ва хусусии шаҳру ноҳияҳои кишвар, ба мисоли «ГОССТАНДАРТ», “Ширкати 33”, “Дӯсти Алишер”, “Коррект”, “Файзи Расул”, “Молочная радость”,  “Саодат”, “Ҷавонӣ” ва ғайра кор карда метавонад.

 

1-91 01 01 Истеҳсоли маҳсулот ва ташкили хӯроки умумӣ

- технолог;

- муҳандиси стандарти давлатӣ ;

- мудири истеҳсолот;

- таббоҳ;

- нозири назорати сифат ва сертификатсия;

- роҳбари коргоҳ;

- муттахассиси соҳаи хӯроки омма;

- технологи хӯроки омма;

- молшинос;

- мудири тарабхона;

- корманти илмии истеҳсолот ва озмоишгоҳҳои назоратӣ - истеҳсолии хӯроки омма

фаолият бурда метавонад

 

БАРНОМАИ ТАҲСИЛОТӢ АЗ РӮИ САМТ (ИХТИСОС) 

Самти таҳсилот: 49 - Саноати хӯрокворӣ

- Гурӯҳи ихтисосҳо: 49 01 – Истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ

- Ихтисос: 1-49 01 01 – Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми ғизоӣ. 

 

Ҳайати кормандон

Мудири кафедра

Тошхӯҷаев Насимҷон Азимович

дотсент, н.и.х.

Мухиддинов Анвариддин Риёзиддинович

Доктори илмҳои биологӣ, профессор

Камолов Насимҷон Шарифбоевич

д.и. в. омӯзгори калон

Раҳимова Алия Раҳимовна

номзади илмҳои химия, дотсент

Комилова Дилрабо Абдувалиевна

дотсент, н.и.т.

Қоидов Шералӣ Муҳамадалиевич 

н.и.т., омӯзгори калон

Раҳмонова Ҷамила Абдуҳамидовна

мудири озмоишгоҳи кафедра

Раҳимова Мунзифа Анваровна

омӯзгори калон

Негматуллоева Маҳинбону Негматуллоевна

 омӯзгори калон

Дӯсматов Абдуҳаким Ҳайдарҷонович

ассистент

Ахмедова Мавзуна Насимовна

ассистент

Атаева Розия Абдуваҳобовна

 котиб-коргузор