Дар плениуми ғайринавбатии Кумитаи иттифоқи касабаи донишкада, ки бо иштироки Мӯсобек Мироватов, раиси кумитаи иттифоқи касабаи коркунони соҳаи маориф, Абдуғаффор Ғаниев, раиси комиссияи назоратии кумитаи иттифоқи касабаи коркунони соҳаи маориф,  Фаррух Аминов, муовини директор оид ба тарбияи донишкада ва аъзоёни иттифоқи касабаи донишкада доир гардид 4- масъала- ҳисоботи фаъолияти яксолинаи кумитаи иттифоқи касабаи донишкада, ҳисоботи комиссияи бехатарии донишкада, ҳисоботи комиссяи тафтишотии кумита ва масъалаҳои ҷорӣ дида баромада шуд.

Раиси кумитаи иттифоқи касабаи донишкада Файзулло Ҷалилов зимни гузориш таъкид дошт, ки дар донишкада вобаста ба шароити таълиму тадриси устодон, бо фароғат ҷалб шудани онҳо тадбирҳои амалию судманд таҳти роҳбарии директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода андешида мешавад. Ҳамасола устодон дар осоишгоҳҳо ба истироҳат ҷалб гардида, инчунин мувофиқи анъана дар мавсими гармо устодон бо роҳбарии Раёсати донишкада ба мавзеҳои сайёҳӣ барои истироҳат мераванд. Махсусан барои устодоне, ки солҳои сол меҳнати софдилона кардаанду ҷашни зодрӯз доштанд, дар доираи қонунгузории кишвар онҳо қадршиносӣ шуданд. Гузашта аз ин барои донишҷӯён дар хобгоҳи донишкада беҳтарин шароит муҳайё шуда, онҳо фориғ аз машғулиятҳо дар китобхонаи донишкада ва хобгоҳ донишашонро тақвият бахшида, дар толори варзишӣ ва дар майдончаи футбол машқу тамрин мекунанд.

Соли равон чун солҳои пешин вобаста ба омодагӣ ба фасли зимистон бо пуштибонии роҳбарияти донишкада беш аз 290 тонна ангишт харидорӣ шуда, ҳоло ҳам устодон ва ҳам шогирдон дар синфхонаҳои гарму барҳаво машғули кору дарсомӯзианд.

Аъзамҷон Ҳакимов, раиси комиссияи муҳофизати меҳнат ва техникаи бехатарӣ ва Савфатхон Темуров, раиси коммисияи тафтишотӣ дар бораи фаъолияти кори комиссияҳо маълумот доданд.

Сипас Мусобек Мироватов зимни баромади хеш  фаъолияти кории кумитаи иттифоқи касабаи Донишкадаро ба риштаи таҳлил кашида, дар маҷмӯъ фаъолияти донишкадаро дар самти ҳифзу ҳуқуқҳои кормандон нек арзёбӣ намуд. Аммо ба андешаи ӯ бояд минбаъд устодон бештар фарзандону набергони худро дар мавсими таътили тобистона ба лагерҳо фарогир кунанд. Зеро дар ин самт дар донишкада корҳо суст ҷараён дорад. Ӯ пояи моддиву техникии донишкадаро васф карда, баён дошт, ки бо ин гуна шароити хуб бояд сатҳи илму дониш боз ҳам болотар равад.

Сипас, бинобар ба нафақа рафтани Файзулло Ҷалилов бо овоздиҳии аъзои кормандони иттифоқи касаба Бобоҷонова Назира Инъомҷоновна раиси кумитаи иттифоқи касабаи донишкада интихоб гардид.

Нисбати масъалаҳои матраҳшуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Мусобек Мироватов хизматҳои хуби Файзулло Ҷалиловро ёдовар шуда, ба ӯ барои хизмати содиқонааш аз номи Кумитаи иттифоқи касабаи коркунони маорифи вилоят бо тӯҳфаи хотиравӣ кадрдонӣ намуда, ба Назира Бобоҷонова барои фаъолияти босамар барор хост.

 

Донӣ, ки донишгоҳ шамси оламест,

Арзандатарин макони ҳар одамест.

Хоҳӣ, ки бидони қадри донишгоҳи мо,

Вазифа бар дӯши ту омадану хонданест.

 

Дар Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ вохӯрии гуруҳи тарғиботӣ, ки аз Маҳмадалӣ Ватанзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нурулло Оқилзода вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Назира Ғаффорӣ муовини раиси вилояти Суғд, Ғайрат Азиззода раиси ноҳияи Мастчоҳ ва Дилафрӯз Саидӣ директори Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд таркиб ёфта буд, баргузор гардид.

Нахуст раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода меҳмононро муаррифӣ намуда, доир ба ҳадафу вазифаҳои гуруҳи тарғиботӣ маълумот дод. Таъкид гардид, ки ба аҳолӣ фаҳмонидани нуктаҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва шарҳу тавзеҳи масоили дар он зикргардида муҳимтарин ҳадафи гуруҳи тарғиботӣ мебошад.

Сипас Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба муҳимтарин масоили дар Паёми Пешвои миллат зикршуда ибрози андеша намуда, таъкид кард, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки амиқи вазъи ҷаҳони муосир ва боназардошти рушди ҳамаи соҳаҳои кишвар дар Паёми хеш асосҳои пешрафти мамлакатро дар давраҳои минбаъда нишон дода, ҳамаи моро ба ободкорию созандагӣ, омӯзиши илму дониш, таъсиси корхонаҳои хурду бузург ва саҳм гузоштан дар рушди Тоҷикистони азиз даъват мекунанд.

Сипас Нурулло Оқилзода вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Назира Ғаффорӣ муовини раиси вилояти Суғд ва Дилафрӯз Саидӣ директори Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд низ оид ба ҷанбаҳои пурмуҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар намуда, бо иттифоқ дастурҳои дар он дарҷгардидаро муҳимтарин заминагузори ояндаи беҳтар донистанд.

 

 

Дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба инкишофи соҳаи хӯрокворӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти босифати ватанӣ аҳамияти махсус дода шудааст. Дар ин раванд зикр бояд дошт, ки тайёр кардани мутахассисони соҳаи хӯрокворӣ дар кишварамон асосан дар даврони соҳибистиқлолӣ роҳандозӣ гашта, дар гузашта ин гуна кадрҳо дар ҷумҳуриҳои ҳамсоя омода карда мешуданд.

 

Дар тӯйхонаи "Шукрона" -и Ҷамоати деҳоти Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳ мулоқоти таблиғотчиён бо сокинони ҷамоати мазкур баргузор гардид.
Раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода зимни ифтитоҳи ҷаласаи вобаста ва муаррифии меҳмонон доир ба аҳамияти бузурги Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти мардуми кишвар сухан гуфта, иброз дошт, ки шаҳрвандони мамлакат ҳар сол Паёми Пешвои миллатро бо умеду бовариҳои зиёд интизор мешаванд, ки нишонаи эътимоди бузург ба сиёсати хирадмандонаи Роҳбарияти олии ҳукумат ва фардои беҳтар аз дирӯз мебошад.
Маҳмадалӣ Ватанзода Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни маърузаи пурмуҳтавои худ оид ба муҳимтарин масоили нерӯбахше, ки дар Паёми Пешвои миллат дарҷ гардидаанд, ибрози назар карда, таъкид намуд, ки сиёсати хирдмандонаву пешбарандаи Сарвари давлат дар Паёми эшон ба таври комил таҷассум ёфтааст. Чуноне ки гуфта шуд, зиёд намудани музди маоши кормандони буҷавӣ, стипендия ва нафақа аз ҷумлаи ғамхориҳои ҳамешагии Президенти мамлакат мебошад.
Нурулло Оқилзода вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пешрафти соҳаи маорифи мамлакат ва инъикоси мушаххасоти ин соҳа дар Паёми навбатии Пешвои миллат ибрози андеша намуд.
Дилафрӯз Саидӣ директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи устод Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ва ҳамчунин роҳбари гуруҳи тарғиботии ноҳияи Мастчоҳ доир ба вазифагузориҳои Паёми Президенти мамлакат назди мақомоти давлатӣ сухан гуфта, изҳор дошт, ки амалӣ намудани ҳамаи нуктаҳои Паём роҳи моро ба ояндаи беҳтару зебо наздиктар мекунад.
Назира Ғаффорӣ муовини раиси вилояти Суғд зимни баромади пурмуҳтаво Паёми навбатии Пешвои миллатро ҳуҷҷати муҳимтарини созандагию ободкорӣ ва қутбнамои рушди устувор донист.
Дар охири вохӯрӣ раиси ноҳия Ғайрат Азиззода доир ба тадобири Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ дар "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" маълумот дода, ба меҳмонон барои суҳбати муфиду хотирмон изҳори сипос намуд.

 

Соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид.

Ба ин муносибат тибқи дастури иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҳунарҳои дастии мардуми Хуҷандшаҳр таҳти унвони «Ҳунар-беҳ аз симу зар! Доир гардид.  

Дар остонаи соли нави мелодӣ ҳимояи рисолаҳои номзадии устодони ҷавону ташаббускори донишкада Шоира Саидова, Аҳлиддин Низомиддинов ва Фарҳод Бобокалонов руҳияи идонаи мо-ҷомеаи меҳнатии донишкадаро афзун намуд. Бо ин дастоварди назарраси илмии худ устодон барои боз ҳам баланд шудани шаъну эътибори донишкада дар сатҳи ҷумҳурӣ қадами бузург гузоштанд. Боварии комил дорем, ки онҳо минбаъд низ дониш, малака ва маҳорати худро барои баланд бардоштани сатҳ ва сифати дониш дареғ намедоранд. Устодонро барои ноил шудан ба унвони номзади илм сидқан муборакбод гуфта, барояшон сиҳат саломатӣ, рӯзи хушу рӯзгори босаодатро таманно менамоем. Умед бар он дорем, ки ин музаффарият оғози роҳи бобарор дар ҷодаи фатҳи қуллаҳои дониш мебошад.

 

Соли дуюм аст, ки бо иқдоми Раёсати Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Сифати таълим дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» конференсияи илмӣ- амалӣ доир мегардад.

Дар кори конференсия муовинони сарварони як қатор мактабҳои олии вилоят, олимону донишҷӯён ширкат доштанд.

Конференсияро муовини директори донишкада оид ба таълим номзади илмҳои физика ва математика Хуршед Мақсудов ҳусни ифтитоҳ бахшида, салому паёми директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизодаро ба ҳозирин расонид. Номбурда дар баромадаш  аз ҷумла қайд намуд, ки ҳадаф аз баргузори конференсияи имрӯза баланд бардоштани сифати таълим бо истифода аз таҷрибаю малака ва маҳорати корбарии устодону навовару навҷӯ дар такя аз технологияи муосири таълим мебошад. Конференсия дар партави Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Маҷлиси Тоҷикистон рӯи кор омадааст. Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат махсусан қайд намуданд, ки  “Мувофиқи назарсанҷие, ки созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ доир ба кишварҳои рӯ ба инкишоф анҷом додаанд, соли 2017 Тоҷикистон аз рӯи 4 нишондиҳанда: дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлати ҷаҳон ҷойи 54-умро соҳиб шудааст. Аз рӯи ин таҳлил Тоҷикистон дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд.” Барои ноил шудан ба ин дастовард хизмати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳуриии Тоҷикистон ва ҳамаи муассисаҳои таълимии кишварамон бузург аст. Пешвои муаззами миллат боз қайд намуданд, ки “Албатта, ин дастоварди хуб аст, аммо мо набояд бо ин нишондиҳанда қонеъ шуда, таваҷҷуҳро ба ин соҳаи ҳаётан муҳим кам намоем. Баръакс, моро зарур аст, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда, заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем ва самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин намоем. Зеро сифати омодасозии мутахассисони оянда аз бо стандартҳои ҷаҳонӣ наздик сохтани нишондиҳандаҳои таъмини сифат дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, густариш додани ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ бо субъектҳои бозори меҳнат, беҳтар гардонидани дараҷаи рушди низоми инноватсияи миллӣ ва нишондиҳандаҳои азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиони вобастагӣ дошта, имкон медиҳад, ки мо дар соҳаи маориф ба натиҷаҳои боз ҳам бештар ноил гардем».

Хуршед Худойбердиев, мудири кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотии донишкада дар мавзӯи «Равандҳои ташвиқот ва таблиғот барои ҳавасмандгардонии довталабон» баромад намуда, таъкид дошт, ки муаррифии шоистаи муассисаи олӣ тавассути воситаҳои таблиғотӣ амсоли телевизион, радио, расонаҳои чопӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳамчунин робитаи мустаҳкам бо хатмкунандагоне, ки дар пешрафтатарин муассисаю ташкилотҳо кор мекунанд, имкон медиҳад то сафи довталабон ба ин ё он муассисаи олӣ зиёд шавад. Донишкада маҳз аз усули чунин корбарӣ истифода мебарад ва то ҷое муваффақ ҳам гардидааст. Соли гузашта нақшаи қабули довталабон тариқи Маркази миллии тестӣ пурра иҷро гардид. Дар ҷодаи ба истолоҳ «бренд»- и донишкада саҳми Маркази мартаба калон аст. Зеро баргузории ярмаркаи «Интихоби мутахассиси арзанда» имкон фароҳам овард, ки хатмкунандагон бо кори хуби муздаш баланд таъмин гарданд ва ин ба мутахассисони оянда таъсири ногузир гузошт. 

Дилрабо Комилова, мудири кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология дар мавзӯи «Нақшаи кори тадқиқотӣ дар баландбардори сифати таълим» гузориш дода, афзуд ки дар донишкада сол аз сол сифати қабул беҳтар шуда истодааст. Акнун донишгоҳу донишкадаҳоро зарур аст, ки мутобиқи дархосту умеди донишҷӯёни нав сатҳи таълимро баланд бардошта, сифати онро беҳтар кунанд ва тарзи дарсгузарониву имтиҳонгириро ба қобилияти аксари донишҷӯён мутобиқ кунанд, то ин ки сифати таҳсил беҳтар шавад. Ин тадбирҳо имконият медиҳад, ки сифати хатм беҳтар шавад ва онҳо ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ шаванд. Дар кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология барои баланд бардоштани самаранокии сифати таълим аз беҳтарин усулҳои таълимӣ корбурд мекунанд. Дар доираи лоиҳаҳои “Таҳсилоти олӣ барои низоми озуқаворӣ ва стандартҳо дар Осиёи Марказӣ” ва “Таҳсилоти касбӣ дар Осиёи Марказӣ” –и Иттиҳоди Аврупо ҳам устодон ва ҳам донишҷӯён дар пешрафтарин муассисаҳои таҳсилоти олии Қирғизистон, Қазоқистон ва Латвия таҷрибаи ғанӣ андӯхтанд.

Яке аз муҳимтарин масъалаҳое, ки дар Паёми имсола ба он таъкиди ҷиддӣ гаштааст, зарурати таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат ва пешгирии қатъии воридот ва фурўши маҳсулоти барои мардум зараррасон мебошад. Ин дастурҳои ғамхоронаи Пешвои миллат дар ҳаққи аҳолӣ аллакай татбиқи худро ёфта истода, раванди назорати қатъӣ ва танзими меъёрии бозори воридот ва фурўши маҳсулти истеъмолӣ оғоз гаштааст. Фикр мекунам дар самти истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ҳамкории ширкатҳои истеҳсолӣ бо донишкадаи мо бар фоидаи кори онҳо аст. Зеро он озмоишгоҳо, лабораторияҳои сенсории донишкада имкон фароҳам меорад, ки молики мол ба аҳолӣ маҳсулоти баландсифатро пешкаш намояд. Сулҳия Баҳодурова, мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ  ва идора зимни маърӯзаи хеш гуфт, ки барои беҳтар намудани сифати таълим дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурӣ чораву тадбирҳои муассир меандешад. Яке аз ҳадафҳои асосии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз тарбияи кадрҳои баландихтисос ва тарбияи ҷавонони эҷодкору навовар мебошад.

Заррина Акрамова, сардори шуъбаи идораи сифат ва банақшагирии стратегӣ оиди мавзӯи «Ҷорикунии элементҳои низоми идораи сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (дар мисоли ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд)» гузориш дода, зикр намуд, ки барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия моро зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус, дар зинаи таҳсилоти касбӣ, на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосирро тарбия намоем. Яке аз ҳадафҳои стратегии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ идоракунии самараноки равандҳо, коркард, ҷорикунӣ ва мукаммалгардонии низоми идораи сифат (НИС) мувофиқи талаботҳои стандарти миллии  ИСО 9001- 2008,, стандарти байналхалқии ISO 9001:2015, стандартҳо ва директивҳо  ENQA, Фонди аврупоии кафолати сифат e-learning (EFQUEL) мебошад.

Хуршед Мақсудов зимни маърӯзаи худ дар мавзӯи  «Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз талабот ба фан то талабот ба хатмкунандагон» қайд кард, ки таҳсилоти муҳандисӣ аз донишҷӯ талаб мекунад, ки на танҳо ҳаҷми муайяни донишро азхуд кунад, балки малакаи корфармоии ин донишро дар амал соҳиб шавад.

Дигар хусусияти фарқкунанда ин тез – тез навшавии мазмуну мундариҷаи фанҳои тахассусӣ вобаста ба рушди соҳа мебошад.  Дар шароти имрӯза бозори талаботи меҳнат хатмкунанда бояд пеш аз ҳама мутахассиси соҳаи худ бошад, дониши зарурии иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ дошта бошад, забонҳои хориҷиро донад, принсипҳои гузаронидани корҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва конструкториро донад, ба дониш оид ба принсипҳои тиҷораткунонии натиҷаҳо соҳиб бошад, малакаи ҳалли масъалаҳои ғайристандартӣ ва қабули чунин қарорҳо дошта бошад.

 Бо ҳамин қисми аввали конференсия анҷом ёфта, дар қисмати дуюми конференсия муаллифони мақолаҳои илмӣ дар ҷаласаи планерӣ навиштаҳои худро асоснок карданд.

 

Бо мақсади дарёфти соҳибистеъдодҳо аз миёни донишҷӯён ва омодагии ба олимпиадаи ҷумҳуриявӣ мутобиқ ба дастури директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода субҳи имрӯз бо иштироки беш аз 289 нафар донишҷӯёни донишкада олимпиадаи дохилидонишкадавӣ доир гардид. Донишҷӯён аз рӯи фанҳои забони англисӣ, забони русӣ, забони тоҷикӣ, математика, физика, химия, таърих, биология, назарияи иқтисодиёт, информатика дониш ва маҳорати худро санҷиданд. Донишҷӯён ба ғайр аз он, ки бо усули тестӣ донишҳояшонро санҷиданд, ҳамзамон қисме аз онҳо дар навиштани эссе дастёб шуданд. Рафти баргузории олимпиадаро шахсан директори донишкада назорат бурда, дар фароҳамсозии шароит дар аудиторияҳо мусоидат намуд.

Иловаи эзоҳ

 

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи бандҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров, раиси ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва Гулбаҳор Назирӣ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Саодат Аминҷонова, муовини раиси шаҳри Хуҷанд  Раъно Ҳошимзода  ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар бо ҷомеаи устодону шогирдони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мулоқот анҷом доданд.

Раъно Ҳошимзода, Паёми навбатии Пешвои миллатро дастури раҳнамоӣ барои кулли соҳаҳо арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки омӯзиши нуктаҳои ин барномаи амал метавонад дастовардҳоро афзун намояд.

Абдуҳалим Ғаффоров зимни баромади хеш аз хатарҳои ҷаҳони муосир ёдовар шуда, таъкид намуд, ки танҳо ҳушёрии сиёсӣ, бетараф набудан ба рӯйдоҳои сиёсӣ, иттифоқ будану дӯст доштани Ватан метавонад миллатро атрофии ғояҳои инсондӯстонаи Сарвари давлат муттаҳид созад. Ҳоло ҷомеаи ҷаҳонӣ фаротар аз гирдобҳои сиёсӣ бояд мушкилии аз он ҳам сангинтар ҳифзу нигаҳдошти неъмати бебаҳои табиат- обро бояд андешад, зеро ҳамарӯза аз норасогии оби ошомиданӣ дар миқёси ҷаҳон 40 ҳазор нафар мефавтанд. Номбурда аз дастгириҳои давлат ва Ҳукумат дар мавриди маориф ва тандурустӣ ёдовар шуда, гуфт, ки бунёди беш аз ҳазор муассисаҳои таҳсилоти миёна, ба меъёри ҷаҳонӣ мутобиқ намудани хизматрасониҳои тиббӣ аз дастовардҳои замони истиқлол маҳсуб мешавад.

Дар баромади Гулбаҳор Назирӣ қайд шуд, ки мамлакат дар остонаи расидан ба ҳадафҳои стратегӣ буда, мамлакат аз давлатсозӣ ба давлатдории воқеӣ гузаштааст. Сол то сол беҳбудӣ ёфтани дастрасии сокинон ба нерӯи барқ, равуои осони шаҳрвандон ба гушаҳои диёр тавассути роҳҳои обод, баланд шудани сатҳи некӯаҳволии халқ боис шуда,  ки имрӯз мамлакат рӯ ба созандагию бунёдкорӣ ниҳад. Дастгирии соҳибкорон ва эълон шудани мараторий,  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ояндаи наздик сатҳи иқтисодии моро ба маротиб боло мебардорад. Дар ин росто бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулоти ватанӣ барои боз ҳам хубтар содирот шудани ашёи пурраи ватанӣ мусоидат хоҳад кард.

Саодат Аминҷонова дар баромади худ аз рушди соҳаи дорусозии кишвар, ки мавзӯи меҳварии  Паём маҳсуб мешавад, ёдовар шуда, гуфт, ки воқеан ҳам бояд соҳа рушд ёбад, зеро доруҳои пастсифате, ки имрӯз ворид мешаванд, барои генофонди миллаи хатари ҷиддие дар пай хоҳад дошт.

Маликисломӣ Наим Мунаввар дар баромади хеш қайд кард, ки баромади пурмуҳтавои Сарвари давлат натиҷаи дидаю мушоҳидаҳои худи Сарвари давлат маҳсуб шуда,  бояд ҳар як дастури роҳнамои миллат дар ҷомеа амалӣ гарданд. Махсусан зикри воридоти пастсифати гӯшти мурғ, ки ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ дорад, бояд аз байн бардошта шавад ва дар ин ҷода таъсиси коргоҳҳои паррандапарварӣ дар ояндаи наздик талаботро ба маҳсулоти худӣ пурра таъмин месозад.

Устоди донишкада Акбар Акбаров ва муовини директор оид ба таълими донишкада Хуршед Мақсудов дар баромадҳои хеш қайд карданд, ки оид ба иҷроиши бандҳои Паём нақша-чорабиниҳо тартиб дода шуда, давоми сол баҳри амалигашти он ҷомеаи меҳнатии донишкада кӯшиш хоҳанд кард.  

        

 

Дар фарҷоми соли 2017 дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҷамъбасти соли ҷавонон бо ширкати устодони ҷавонон, донишҷӯёни фаъол доир гардид.