Иҷлосияи ХVI Шўрои Олӣ, ки дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор шуда буд,  ба бунёди Артиши миллии ҶТ асос гузошт. 26 сол муқаддам  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Таъсиси Артиши Милли кишвар дар сиёсати Тоҷикистон дигаргуниро ворид сохт. Саҳм ва хизмати  Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар хосатан дар солҳои вазнини 1993-1997 басо назаррас аст. Бахшида ба ин ҷашни давлатӣ -  26-солагии таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори ДПДТТ чорабинии фарҳангӣ доир гашт. Чорабиниро устоди донишкада Файзиева Ш. бо шеъри тараннуми Ватан кушода гуфта эълон кард. Директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ  Саидӣ Дилафрӯз ҳозиринро бо Иди Артиши Миллӣ табрик намуда, ба онҳо бурдборию комёбиҳоро таманно намуд. Аз зумра, зимни суханронии хеш қайд намуд, ки Артиши миллӣ яке аз сохторҳои асосии амнияти кишвар мебошад. Давоми даврони  истиқлолият Қувваҳои Мусаллаҳ мустаҳкам гардида, имрӯз қувваи бузурги ҳифзи кишварро ташкил медиҳад. Маҳз абармардони шуҷоъву далер ва хизмати шарафмандонаи онҳост, ки имрӯз амнияти мамлакат пурра таъмин гардида, ба сохтори пурқудрат мубаддал гаштааст.

Дар чорабинӣ намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд. Ибодуллозода А. сардори Раёсати илм ва инноватсияи ВМИҶТ, Зокиров А. сардори Раёсати идоракунии сифати таҳсилоти ДМТ ва  Мирзозода Н.  ҷомеаи мардони донишкадаро аз номи Вазорати маориф ва илм табрику таҳниятҳо намуданд. Барои фаъолияти пурсамар,  саҳми бузург дар таълиму тарбияи ҷавонон, дастовардҳои назаррас аз ҷониби Раёсати донишкада ба устодон Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ – либос бо рамзи донишкада супорида шуд. Қайд карда шуд, ки дар се моҳи охир 6 нафар устодони донишкада рисолаи номзадии худро ҳимоя карданд, ки аз онҳо 2 нафар соҳибони унвони докторӣ мебошанд. Ба Аминҷонова М., Қосимов А., Тошхӯҷаева С., Соҳибназаров М. барои унвони номзади илмӣ ва  Ғаниев И., Ӯрунова  барои ҳимояи рисолаи докторӣ туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Қисмати дуввум барномаи фарҳангиро фаро гирифт. Бонувони донишкада баҳри табрики муҳофизони Ватан бо шеъру сурудҳо, наворҳои ҷолиби видеоӣ, рақсу саҳнаҳо, ки худ омода намуданд, ҳунарнамоӣ карданд. Барномаи фарҳангӣ дар сатҳи хеле баланд гузаронида шуда, писанди ҳамагон гардид. Чорабинӣ бо рақсу суруд ҳусни анҷом ёфт.   

Бахшида ба 26-умин солгарди Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ доир гардид. Конференсия дар ҳамкории  кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ бо гурӯҳҳои 1_69.01.01тб, 3_70.02.01тб, 3_44.01.01тб, 3_37.07.01тб, 3_40.01.02та доир гардид. Ҳамчунин, сардори шуъбаи таълим Бобокалонов Ф.,  муовини директор оид ба илм ва инноватсия  Ахмедов У.Х,  мудири кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Бобоева Т, устодон Ғозиева М., Норов И. ширкат доштанд.

Ахмедов У.Х конференсияро оғоз намуда, табрикоти Раёсати донишкадаро ба ҳамагон расонд. Мудири кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Бобоева Т.  доири аз қадим пайдо шудани сипоҳу аслиҳа ва сипоҳсолорону лашкариёни тоҷик нақл кард. Зимни баромади хеш зикр намуд, ки тоҷикон аз қадимулайём ба сипоҳиён эҳтироми хоса доштанд. Лашкаркашони номдори тоҷик ҳамеша дар ҳифзу ҳимояи марзу буми Ватан кӯшиш ба харқ дода, ҳаргиз манфиати халқи дигарро халалдор накардаанд. Дотсенти кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Ғозиева М. бо маъруза таҳти унвони "Истиқлолият ва Артиши миллӣ" баромад намуд. Зимни маърузааш аз таърихи ташаккулёбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҷумҳурӣ сухан ронд. Қайд карда шуд, ки дар таъсисёбии Артиши Миллӣ саҳми СММ, САҲА, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон назаррас аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз соҳиби яроқу аслиҳаҳои замонавӣ, машқгоҳу озмоишгоҳҳои ҳарбӣ мебошад. Навори видеоӣ аз фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш дода шуд. Аз ҷониби устодон қайд карда шуд, ки хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ин шаъну шарафи ҳар як ҷавони барӯманд аст. 

Конференсияи мазкур тарбияи ватандӯстӣ ва хештаншиносии ҷавононро баланд бардошта, дар дили онҳо меҳри хизмат ба Ватанро дучанд намуд.

Дар идомаи чорабиниҳои идона бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 – Солҳои  рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ санаи тибқи нақша-чорабинии МИҲД-и вилоят дар толори ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ фестивал-озмуни донишкадавии “Чакомаи гесӯ” дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Дар чорабинӣ меҳмонони олиқадр, намояндагони МИҲД шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд  - Дадобоева Мунаввара, директори маркази таълимии ш.Хуҷанд,  Маҷидзода Муҳаббат, фаъолзани вилоят, Расулова Истамбону, мутахассиси шуъбаи кор занон ва оилаи МИҲД-и вилоят ширкат варзиданд.  

Фестивал-озмун бо композитсияи адабӣ-мусиқӣ оғоз ёфт, ки аз ҷониби донишҷӯён бо истеъдоди нотакрор намоиш дода шуд.

Баъдан озмун дар ду бахш оғоз шуд. Иштирокчиёни озмун  бо намоиши либоси миллии тоҷикона ва гесӯвони дароз ба чорабинӣ ҳусни дигар бахшиданд. Оид ба гесӯвон навор пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Суруд аз ҷониби донишҷӯ Мубинҷон Зоҳиров писанди ҳамагон гардид, ки тараннумгари зебоии гесӯвон мебошад. Суруди “Хосияти дукокула” аз ҷониби донишҷӯ Баракабоев Ю. ва рақси Ҷӯраева Мижгона бо маҳорати баланд пешкаш гардид.

Аъзои ҳакамон ба сатҳи баргузории фестивал-озмуни “Чакомаи гесӯ”-и донишкада баҳои баланд доданд.

Дар номинатсияи “Гесӯи дароз” чунин натиҷабардорӣ карда шуд: ҷойи 1 - Худойназарова Навбаҳор, донишҷӯи курси 1_40.01.01тБ, ҷойи 2 – Саидова Фараҳноз, донишҷӯи курси 1_50.01.02тБ, ҷойи 3 – Шодибоева Дилфуза, донишҷӯи курси 1_25.01.04тБ.

Дар номинатсияи “Ороиши мӯй”, ки ҳар як иштирокчӣ маҳорати оро додани мӯйи дарозро намоиш дод, бо ороиши беҳтарин Маҳмудова Нозанин, донишҷӯи  1_50.01.02 сазовори ҷойи аввал гардид. Ҷойи дуюм насиби Икромова Шаҳноза, донишҷӯи 1_50.01.02тА гашта,  ҷойи сеюмро Ниёзова Фарангиз, донишҷӯи курси 1_50.01.02 касб намуд.

Фестивал-озмуни “Чакомаи гесӯ” баҳри баландбардории тарбияи маърифатӣ ва хештаншиносӣ мусоидат намуда, то абад дар хотири ҳозирин нақш хоҳад монд.

Бахшида ба Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ  бо қарори раиси вилояти Суғд дар қаламрави вилоят  таҳти унвони “Ҳифзи Ватан қарзи шаҳрвандии мост!” чорабиниҳо баргузор гардид.Ба ин муносибат дар шаҳри Гулистон низ таҳти чунин унвон хонишҳои сиёсӣ барпо шуд. Чорабинии мазкур бо ҳамкории Шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон, таҳти роҳбарии мудири шуъба Мадализода Илҳом Раҳим ва мутахассиси пешбари шуъба Ҷӯраева Мафтунахон баргузор гардид. Хониши сиёсӣ дар 43 муассисаҳои шаҳраку ҷамоатҳои Сирдарё, Адрасмон, Консой, Зарнисор, Исфисор доир гардид. Дар хониши сиёсии Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон, маркази саломатӣ, МТМУ №1, шаҳраки Сирдарё бо маводи ташвиқотӣ  Абдуманнон Одинаев, номзади илмҳои филологӣ, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров,  Хуршед Назаров, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, намояндаи ДПДТТХ ба номи академик М.Осимӣ Қодирова Х. ширкат варзида, баромадҳо намуданд.

Баъди гузаронидани хониши сиёсӣ дар “Кохи Истиқлол”-и шаҳри Гулистон чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 26-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барпо гашт, ки табъи ҳамагонро болида намуд. Сухани табрикотии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷониби намояндаи МИҲД-и вилоят Маҳмадӣ Давлатов ба самъи ҳозирин расонида шуд. Баъдан иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Шарифзода Фирдавс ҳарбиёнро бо Иди Артиши миллӣ табрик намуд. Ба кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ, кормандони ШВКД, собиқадорони меҳнати Вазорати мудофиа барои фаъолияти пурсамар ва хизмати шоиста сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Чорабинии идона, ки аз ҷониби Бахши фарҳанги шаҳр ташкил карда шуд, дар сатҳи баланд доир гардид. Сарояндагону ҳунармандони машҳури вилоят бо сурудҳои саршори ватандӯстиву худшиносӣ руҳияи ҳамагонро баланд бардоштанд.  Рӯзи ахбори омма дар шаҳри Гулистон дар сатҳи баланд гузаронида шуда, хотима ёфт.

 

Варзиш шахсиятро бардаму солим гардонида, руҳияашро низ қавитар мегардонад. Саломатии миллат сарвати бебаҳо асту маҳз варзиш гарави он мебошад. Варзиш ба яке аз соҳаҳои пешрафтаи мамлакат табдил ёфта истодаасту таваҷҷуҳи ҷавонон ба он бештар гардида истодааст.

Дар шаҳри Москави Федератсияи Русия санаи 19.01.2019 мусобиқаи “Всероссийский турнир по понкратион” баргузор гардид. Ифтихори мост, ки варзишгари тоҷик, донишҷӯи факултети муҳандисӣ – иқтисодии донишкадаи мо Рашидов Хуршед, ки ҷоизадори бисёркаратаи ин намуди варзиш аст, дар мусобиқаи мазкур ширкат варзида, байни 19 иштирокчиён дар вазни 84кг сазовори ҷойи сеюм гашт. Санаи 20.01.2019 бошад, дар мусобиқаи “Международный студенческий турнир по грепплингу среди разрядников (между КМС и мастера спорта)” байни  24 варзишгар баргузор гардид. Рашидов Хуршед маҳорати баланди касбӣ нишон дода, сазовори ҷойи дуюм гардид. Санаи 04.01.2019  Хуршедро ба клуби варзишии “ОПЛОТ” ва “АХМАТ”-и шаҳри Москав барои машқ кардан даъват намуданд. Хуршед бо ғолибият ба Ватан баргашта, номбардори Тоҷикистон ва Донишкадаи политехникӣ гардид.

Номбурда ҳамаи муваффақиятҳояшро пайваста аз машқу тамрин дониста, барои ғалабаҳояш ба раёсати донишкада, шахсан ба директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода баҳри дастгирӣ изҳори сипос менамояд.

Рашидов Хуршедро бо ғалабаи навбатӣ табрик намуда, фатҳи қуллаҳои баландро орзумандем.

 

Бо мақсади аз наздик шинос намудани хатмкунандагон бо шарту шароити таълиму тарбия дар  ДПДТТ санаҳои 18-19-уми феврали соли 2019 рӯзҳои ташвиқотию тарғиботӣ эълон гардидааст. Устодону донишҷӯёни донишкада бо хатмкунандагони мактабҳои вилояти Суғд вохӯриҳо гузаронида истодаанд.

Дар доираи нақша-чорабиниҳои МИҲД ва  қарори Раиси вилояти Суғд оид ба вохӯрии хатмкунандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ бо роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят санаи 19-уми феврали соли равон мулоқоти навбатӣ дар Гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар мулоқот беш аз 400 нафар хатмкунандагони шаҳри Хуҷанд ширкат варзиданд. Вохӯриро муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода ҳусни ифтитоҳ бахшид. Ректори ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Ҷамшед Ҷӯразода суханронӣ намуда, бо шароитҳои таҳсил ҳозиринро шинос намуд. Баъдан ректори ДДҲБСТ Муъмин Шарифзода оид ба таҳсил дар донишгоҳ ва имкониятҳо баромад намуд. Сухани навбатӣ ба ректори ДКМТ Фозилзода Мухтор дода шуд, ки ӯ низ ҳамагонро бо шароитҳои донишгоҳ шинос намуд.

Зимни суханронии хеш директори ДПДТТ, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода зикр намуд, ки донишкада дорои тамоми имконият ва шароит барои донишандӯзӣ мебошад. Қайд карда шуд, ки робитаи хориҷии донишкада сол то сол вусъат ёфта истодааст. Саидӣ Дилафрӯз аз  шароити хобгоҳ, лабораторияҳои замонавӣ, синфхонаҳои компютерӣ, раванди таълим ба ҳозирин иттилоъ дод. Аз ҷумла, қайд намуд, ки 50 нафар  донишҷӯёни дар риштаи муҳандисӣ - технологӣ таҳсилдошта ба Олмон сафар намуда, дар самти технологияи маҳсулоти хӯрока, коркарди маҳсулот кишоварзӣ дар ин давлати мутараққӣ  фаъолият бурданд.  Донишкада бо 200 муассисаҳои олии  хориҷӣ ҳамкорӣ дошта, дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас дастёб шудааст. Маҳз вусъати ҳамкориҳои дуҷониба аст, ки баҳри баландбардории сатҳи дониш ва ивази таҷриба устодони донишгоҳҳои Латвия, Литва, Полша ва ғайраҳо ба донишҷӯёни ДПДТТ дарс гуфтаанд. Вохӯрӣ бо суханронии директори ДИС ДТТ Олимӣ Рауф хотима ёфт, ки номбурда низ хатмкунандагонро бо вазъи таълим шинос кард.

Хатмкунандагон ба саволҳои худ, ки вобаста ба раванди таълим дар муассисаҳои олӣ мебошад, ҷавобҳои қаноатманд гирифтанд.

Хатмкунандагони шаҳри Хуҷанд аз ин вохӯрӣ бо шароитҳои донишгоҳу донишкадаҳо маълумот пайдо намуданд. Боварӣ дорем, ки ҳар яке дар интихоби муассисаи олӣ ва касб устувор буда, ояндаи худ ва Ватанро обод мекунад.

Дар партави суханрониҳо ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон соли сеюм аст, ки бо иқдоми раёсати донишкада дар мавзӯи «Идораи сифати таълим дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» конференсияи илмӣ- амалӣ доир мегардад. Бо мақсади баландбардории сатҳу сифати таълим бо истифода аз таҷрибаю малака ва маҳорати корбарии устодону навовару навҷӯ бо истифода аз технологияи муосири таълим конференсия кори худро оғоз кард.

Сараввал муовини директор оид таълим Мақсудов Х.Т. ҳозиринро ба донишкада хайрамақдам гуфта, конференсияро кушода гуфта эълон намуд.

Сухани табрикотии директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз аз ҷониби муовини директор оид ба илм ва инноватсия Ахмедов У.Х. ба ҳозирин пешкаш гардид. Аз ҷумла, дар суханронии мазкур зикр гардид: “Воқеан ҳам пешрафти мамлакат ба омодакунии кадрҳои соҳибтахассус вобастагии амиқ дорад. Агар мо, устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ  ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда, заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем ва самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин намоем, гумон мекунам сифати омодасозии мутахассисони оянда ба маротиб беҳтар мешавад“.  

Маърӯзаи муовини директор оид таълим Мақсудов Х.Т. оид ба “Моделҳо ва алгоритмҳои ҳамоҳангсозии салоҳиятҳои хатмкунанда бо бозори меҳнат” ба саҳми ҳозирин расонида шуда, салоҳиятҳои хатмкунанда, талаботҳои бозори меҳнат, сифати мундариҷаи таълим пурра баррасӣ карда шуд. Зимни маъруза суханони  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардид:  “Сифати омодасозии мутахассисони оянда аз бо стандартҳои ҷаҳонӣ наздик сохтани нишондиҳандаҳои таъмини сифат дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, густариш додани ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ бо субъектҳои бозори меҳнат, беҳтар гардонидани дараҷаи рушди низоми инноватсияи миллӣ ва нишондиҳандаҳои азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиони вобастагӣ дорад”.

Баромади номзади илмҳои иқтисодӣ, профессор Ӯрунов А.А дар мавзӯи “Качество образования и индекс Хирша” пешниҳод гардид. Зимни баромади устод мафҳумҳои “индекси Хирш”, шартҳои асосии таҳсилоти босифат шарҳ дода шуд.

Солиев З.Т дар мавзӯи “Роль гуманитарных наук в формировании технических специалистов” маърӯзаи худро пешкаши ҳамагон гардониданд.

Оид ба “Истифодаи таҷрибаи барномаи GIZ «Таҳсилоти касбӣ дар Осиёи Марказӣ» дар таҳияи барномаҳои таҳсилотии гурӯҳи ихтисосҳои истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ” Тошхӯҷаев Н.А. – сардори шуъбаи идораи сифат ва банақшагирии стратегии ДПДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ баромад намуданд. Маврид ба зикр аст, ки Донишкадаи  политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ  аз соли 2017 ба барномаи - GIZ “Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмиллал”-и Ҷумҳурии Федеративии Олмон  аз рӯи лоиҳаи –«Таҳсилоти касбӣ дар Осиёи Марказӣ»-и ҳамроҳ шудааст.

Бо ҳамин қисмати аввали конференсия хотима ёфта,  бахши дуюми он кори худро бо гуруҳҳои устодону меҳмонон идома дод.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Мулоқоти анъанавии роҳбарони муассисаҳои олии вилоят бо  хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ идома дорад. Ин навбат мулоқоти мазкур дар шаҳри Конибодом баргузор гардид. Дар он қариб 400 нафар хатмкунандагони мактабҳои шаҳри Конибодом ширкат варзиданд. ДПДТТ ба номи академик М.Осимиро сардори шуъбаи идораи сифат ва банақшагирии стратегӣ Тошхӯҷаев Насимҷон ва сардори шуъбаи кор бо сомона ва ВАО, нашрияи “Меҳвари дониш” Абдусабури Абдуваҳҳоб муаррифӣ намуданд. Тошхӯҷаев Н. оид ба дастовардҳои донишкада, вазъи моддиву техникӣ ба хонандагон маълумот дод. Қайд карда шуд, ки шаш сол инҷониб дар донишкада таҳсилоти фосилавӣ ба роҳ монда шудааст. Ҷиҳати дигари фарқкунандаи донишкада ин раванди таълим бо усули сиклӣ аст. Ин имконият медиҳад, ки донишҷӯ як фанро пурра аз худ намуда, донишҳои бадастовардаро дар амал тадбиқ намояд. Донишкада низоми кредитиро ба роҳ мондааст, ки мутобиқ ба стандарҳои ҷаҳонӣ мебошад. Номбурда зимни суханрониаш қайд кард, ки касби инсон бояд дар оянда ифтихори ӯ гардаду манфиатбахши халқ бошад.

Вохӯрӣ бо саволу ҷавоби муҳассилин ҳусни анҷом ёфт. Ба ҳамаи хатмкунандагон нашрияи донишкадавии ДПДТТ "Меҳвари дониш" супорида шуд. Чунин вохӯриҳо дар қаламрави вилоят идома дорад. Аз рафти гузаронидани ташвиқот боз маълумот хоҳем дод.

Дар ҳошияи нақша- чорабинии МИҲД –и вилоят мулоқоти навбатии сарварони муассисаҳои олии вилоят бо хатмкунадагон идома дорад. Дирӯз дар қасри фарҳанги ноҳияи Деваштич бо иштироки беш аз 400 нафар хатмкунадагони ноҳия чунин вохӯрӣ доир гардид.

Чорабиниро муовини раиси ноҳия Ғиёсиддинзода Бунафша ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр дошт, ки дар соли таҳсили 2017 - 2018 аз теъдоди умумии хатмкунандагон, ки 2463 нафарро ташкил медоданд, ҳамагӣ тариқи Маркази миллии  тестӣ 1339 нафар хатмкунанда ҳуҷҷат супорида, аз онҳо 948 нафар дохил шуда, инчунин 21 нафар тариқи квотаи президентӣ ва 26 нафар ба макотиби олии хориҷи кишвар дохил шуданд, ки ин рақам дар умум 41 дарсади хатмкунанадагонро ташкил медиҳад. Ин рақам хушҳолкунанда нест, зеро маҳз сатҳи сифати таълиму тарбия, заҳмати устодон аз чигунагии сифати дохилшавӣ ба муассисаҳои олӣ вобастагии калон дорад. Бинобар ин имрӯз имконияти хубе барои донишҷӯёни оянда фароҳам омадааст, то ба саволҳои худ нисбати интихоби касби интихобкардаашон   посух гиранд.

Сипас, Шарифзода Муъмин, ректори ДДҲБСТ, Фозилзода Мухтор, ректори ДКМТ, Абдурауф Олимӣ, директори ДИС ДТТ, Азизов Абдуҳафиз, ноибректори ДДХ, Насим Тошхӯҷаев, мудири шуъбаи сифат ва банақшагирии стратегии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд тариқи видеоролику слайдҳо муассисаи худро муаррифӣ намуданд.

Аз ҷумла, Насим Тошхӯҷаев зикр дошт, ки дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техники Тоҷикистон аз рӯи 21 ихтисос мутахассисон омода карда мешавад. Донишкада дар омодакунии меъмор ва сохтмончии муваффақ,  барномасоз ва энергетики хуб, моделеер, дизайнер, агротехнологи салоҳиятдор, муҳандиси пешрави соҳаҳои телекоммуникатсия, нақлиёт ва хӯрокворӣ, иқтисодчӣ ва молияшиноси беҳтарин саҳми босазо гузошта, роҳандозии чор ҳадафи стратегиро вазифаи муқаддаси худ мешуморад.  Ба донишҷӯён беҳтарин шароити таълимӣ дар зинаҳои  бакалавриат, магистратура ва PHD бо истифода аз компютеру проекторҳо, тахтаҳои электрониву интернети баландсуръат, китобхонаи замонавии рақамӣ, парки технологиву матбаа, ошхонаву хобгоҳи замонавӣ муҳайё аст.

Баъдан, хатмкунандагон оид ба шароиту имтиёзҳо дар муассисаҳои олии вилоят саволҳо доданд. Зимнан як хатмкунада аз Насим Тошхӯҷаев оиди дурнамои ихтисоси - Технологияи нигаҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми ғизоӣ пурсон шуд. Маълум гардид, ки дар ноҳияи Деваштич ягон корхонаи коркарди маҳсулоти ширӣ ва гӯштӣ мавҷуд нест. Ва ин эродро Раиси вилоят низ зимни маҷлиси фаъолон иброз дошта буд. Насим Тошхӯҷаев қайд кард, ки хатмкунандагони ихтисоси мазкур метавонанд чун муҳандиси коргоҳи стандарти давлатӣ дар самти таъмини назорати сифат ашёҳои хом ва маҳсулотҳои тайёр,  идоракунии равандҳои технологии истеҳсоли маводҳои хӯрокаи аз ашёҳои растанигӣ, истеҳсоли хӯроки истеъмолии омма, маҳсулоти консервонида, равған, орд, нон ва ғайра шаванд. Ҳоло бештари  мутахассисон дар корхонаи пешрафтаи  «Фаровон», «Буона», корхонаи нонбарорӣ, «Оби Зулол», «Зода», «Ширкати 33», коргоҳҳои истеҳсоли равған ва ғайра кор карда истодаанд. 

Бо ҳамин чорабинӣ хотима пазируфт.

Дар партави Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 таҳти №АП – 1729 ва тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Раиси вилояти Суғд бо иштироки беш аз 18 намояндагони васоити ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷӣ санаи 11 феврал нишасти матбуотии директори ДПДДТ дар шаҳри Хуҷанд Саидӣ Дилафрӯз Раббизода доир гардид. Мавсуф доир ба фаъолияти донишкада дар соли 2018 назди ҳозирин гузориш дода, таъкид дошт, ки ташрифи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид ва дастуру ҳидоятҳои  Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода барои баланд гардидани   вазъи таълиму тарбия мусоидат намуд. Маврид ба зикр аст, ки шурӯъ аз соли нави таҳсил дар доираи лоиҳаи “Таҳсилоти олӣ барои низоми озуқаворӣ ва стандартҳо дар Осиёи Марказӣ” – и барномаи Erasmus+ 11 нафар устодон аз давлатҳои Латвия, Литва ва Полша барои донишҷӯёни донишкада, ки дар ихтисоси технологияи маҳсулоти хӯрока ва агротехнологияи таҳсил доранд, дарс мегӯянд. Ҳамчунин намояндагони Донишгоҳи технологии Гуйилини Ҷумҳурии мардумии Чин ба донишкада ташриф оварда, аз ҷараёни таълиму тарбия, пояи моддиву техникӣ наздиктар шиносоӣ пайдо намуданд. Меҳмонон ба шароити таълиму тарбия, истифодаи технологияи муосир дар раванди таълим баҳои баланд дода, изҳори боварӣ  намуданд, ки робитаи мустаҳками ду муассисаи олӣ барои боз ҳам баланд шудани мавқеъ ва мақоми донишкада мусоидат мекунад.  Дар назар аст, ки донишкада бо Донишгоҳи технологии Гуйилини Ҷумҳурии мардумии  Чин  се самт шартнома -  ташкили факултети муҳити зист дар донишкада, ташкили лабораторияҳо, таҳсил ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён, ивази таҷрибаи устодон ба таври муштарак мебандад. Рӯзҳои наздик се устоди донишкада барои таҷрибаомӯзӣ ба ин донишгоҳ мераванд.

Номбурда аз вазъи пояи моддиву техникӣ, густариши равобити хориҷӣ, сохтмони бинои нави лабораторӣ, таъмиру тармими хобгоҳ, бинои маркази бақайдгирӣ, кор бо хатмкунандагон, ғолибият дар олимпиадаву озмуни Ҷоми Академияи илмҳо ва  «Enactus» сухан ронд.

Сипас рӯзноманигорон Ҷовиди Аштӣ, намояндаи расмии нашрияи «Ҷумҳурият» дар вилояти Суғд,  Заррина Ҳоҷихалилова аз нашрияи «Согдийская правда», Робия Розиқова, намояндаи нашрияи «Нилуфар», Уғулой Раҷабова, телевизиони «Ҳафт ситора», Афзал Босолиев, намояндаи телевизиони «Азия» вобаста ба омодасозии мутахассисони соҳаи сохтмон ва меъморӣ, равобит бо муассисаҳои олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, имтиёз барои устодону донишҷӯён, чорабиниҳо ба ифтихори Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, омода кардани сомонаи махсуси сайёҳӣ бо се забон, бо ҷои кор таъмин гардидани хатмкунандагон саволҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Директори донишкада дар фарҷоми нишасти матбуотӣ аз нақшаҳои минбаъдаи ҷомеаи меҳнатии донишкада ҳозиринро ошно намуда,  барои ҳамкории мутақобила ба рӯзноманигорон изҳори сипос намуда, дар ҷодаи қаламфарсоӣ ба онҳо барор хост.

Мутобиқ ба дастури Раиси вилояти Суғд мулоқоти сарварони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар шаҳру навоҳии вилоят идома дорад.

Субҳи санаи  23 январ дар қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳристон бо ҳузури беш аз 400 хатмкунадагони ноҳия вохӯрӣ доир шуда, роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳои вилоят бо истифода аз видеоролику слайдҳо муассисаи худро муаррифӣ намуданд.

Насим Тошхӯҷаев, мудири шуъбаи идораи сифат ва ба нақшагирии стратегии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон зимни маърӯзаи худ зикр дошт, ки донишкада  метавонад ҳамасола то 1000 нафар мутахассисони соҳаҳои энергетика, роҳу нақлиёт, сохтмон, меъморӣ, муҳандисони технологияи маҳсулоти хӯрока, агротехнология, барномарезону иқтисодчиён ва молияшиносонро омода кунад. Сол аз сол пурқувват гардидани пояи моддиву техникӣ, таъсиси озмоишгоҳҳои нав дар натиҷаи ҳамкорӣ бо барномаҳои байналмилалӣ имкон фароҳам овардааст, ки сатҳи сифати дониш боло равад.

Барои нафароне, ки хоҳиши ҳам хондану ҳам кор кардан доранд, соли ҳафтум аст, ки усули таҳсилоти фосилавӣ дар донишкада ҷорӣ гардидааст. Ва сол то сол сафи хоҳишмандони ин намуди таҳсил меафзояд.

Дар хотимаи вохӯрӣ хатмкунандагони ноҳия оид ба имтиёзҳо,  вазъи хобгоҳҳо ба баромадкунандагон саволҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.