Дар остонаи соли нави мелодӣ ҳимояи рисолаҳои номзадии устодони ҷавону ташаббускори донишкада Шоира Саидова, Аҳлиддин Низомиддинов ва Фарҳод Бобокалонов руҳияи идонаи мо-ҷомеаи меҳнатии донишкадаро афзун намуд. Бо ин дастоварди назарраси илмии худ устодон барои боз ҳам баланд шудани шаъну эътибори донишкада дар сатҳи ҷумҳурӣ қадами бузург гузоштанд. Боварии комил дорем, ки онҳо минбаъд низ дониш, малака ва маҳорати худро барои баланд бардоштани сатҳ ва сифати дониш дареғ намедоранд. Устодонро барои ноил шудан ба унвони номзади илм сидқан муборакбод гуфта, барояшон сиҳат саломатӣ, рӯзи хушу рӯзгори босаодатро таманно менамоем. Умед бар он дорем, ки ин музаффарият оғози роҳи бобарор дар ҷодаи фатҳи қуллаҳои дониш мебошад.

Бо мақсади дарёфти соҳибистеъдодҳо аз миёни донишҷӯён ва омодагии ба олимпиадаи ҷумҳуриявӣ мутобиқ ба дастури директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода субҳи имрӯз бо иштироки беш аз 289 нафар донишҷӯёни донишкада олимпиадаи дохилидонишкадавӣ доир гардид. Донишҷӯён аз рӯи фанҳои забони англисӣ, забони русӣ, забони тоҷикӣ, математика, физика, химия, таърих, биология, назарияи иқтисодиёт, информатика дониш ва маҳорати худро санҷиданд. Донишҷӯён ба ғайр аз он, ки бо усули тестӣ донишҳояшонро санҷиданд, ҳамзамон қисме аз онҳо дар навиштани эссе дастёб шуданд. Рафти баргузории олимпиадаро шахсан директори донишкада назорат бурда, дар фароҳамсозии шароит дар аудиторияҳо мусоидат намуд.

Иловаи эзоҳ

 Таҷрибаҳои мамлакатҳои пешрафта дар самти таълиму тарбия собит менамоянд, ки донишҷӯ наметавонад танҳо бо роҳи машғулияти назариявӣ донишашро афзун намояд. Роҳбарияти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо назардошти ҳамин муносибат ва бо  мақсади баланд бардоштани сифати таълим мекӯшад, то пойгоҳи моддиву техникии донишкадаро мустаҳкам намуда, дар раванди машғулиятҳо аз марказҳои омӯзишгоҳу лабораторияҳо фаровон истифода баранд. Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳо танҳо дар як соли охир ба донишкада дар ҳаҷми як миллиону 800 сомонӣ таҷҳизотҳои муосир ворид шуданд, ки ин бешубҳа барои баланд шудани сатҳ ва сифати дониш мусоидат мекунад.

Дар фарҷоми соли 2017 дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҷамъбасти соли ҷавонон бо ширкати устодони ҷавонон, донишҷӯёни фаъол доир гардид.

(Иқтибосҳо аз  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва амниятии Тоҷикистон, ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, эҷоди шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори кишвар ва таъмини бехатарии он муҳим арзёбӣ мегардад.

Барои расидан ба ин ҳадафҳо ва ҳалли масоили вобаста ба об кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ва минтақавӣ чандин ташаббусҳои созандаро пешниҳод кард.

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимиятии давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Соли нави мелодии 2018 ташкили истироҳату фароғат барои сокинону меҳмонони маркази вилоят  шурӯъ аз 15-уми декабр дар майдони “Ситораҳои Хуҷанд” арчаи солинавӣ ороста, барномаҳои фарҳангии идона пешкаши сокинон карда шуд. Дар ин чорабинӣ тибқи нақша аз санаи 15-ум то 21-уми декабр мактабҳои миёнаи шаҳр ва аз санаи 22-ум то 30-уми декабр муассисаҳои олӣ ва коллеҷҳои  маркази вилоят бо барномаҳои рангини худ баромад намуданд.

Субҳи санаи 21 декабр хатмкунандагони шаҳри Конибодом низ дар асоси нақша-чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз мулоқоти озоду самимии сарварони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии вилоят бенасиб намонданд. Наздики 300 нафар толибилмони фаъол бо мақсади шиносоии бештар пайдо намудан аз фаъолияти донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳои вилоят дар маҷлисгоҳи мақомоти шаҳр гирд омаданд.

Бо мақсади ошноии бештар пайдо кардани хатмкунандагон бо ҷараёни таълиму тарбия, вазъи пояи моддиву техникии муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии вилоят бо дастури Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ тайи се сол аст, ки мулоқоти озоду шаффофи сарварони донишгоҳу донишкадаҳо ва миёнаи махсуси вилоят бо хатмкунандагон доир мегардад. Дирӯз дар кохи ба номи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд идомаи ин вохӯриҳо бо устодону шогирдони мактабҳои шаҳри Хуҷанд доир гардид.

Тибқи нақша-чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд субҳи имрӯз дар кохи фарҳанги ноҳияи Ашт бо ширкати беш аз ҳазор нафар хатмкунандагони ноҳия мулоқоти озоду шаффофи роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят доир гардид.

Таъмини амнияти кишвар, сулҳу субот ва истиқлолият қарзи ҳар як фарди ҷомеа ба ҳисоб меравад. Мо хуб медонем, ки истиқлолият бо чӣ қадар ҷоннисорию ҷонфидоӣ ва қурбонӣ ба даст омадааст. Ва гузорем, ки бегонагон онро баосонӣ вайрону кишварро ноором созанд? На!  Рӯз то рӯз ҳувияти миллии мо рушд карда, арзишу қадри истиқлолро шинохта истодаем. Ба шарофати шуҷоату матонати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва меҳнати халқи ватандӯст мо имрӯз ба якчанд  дастовардҳои назаррас ноил гашта, шукргузор аз оромиву осудагии кишвар менамоем. Аммо баъзе нотавонбинон ва душманони хориҷӣ мардум ва хусусан ҷавонони моро гумроҳ карда, силоҳбадаст менамоянд ва ҳаёти онҳоро талху торик месозанд.

Дар мулоқоти анъанавии сарварони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ бо хатмкунандагони шаҳри Истиқлол наздики 500 нафар мактабиёни шаҳр- хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11 гирд омададанд.

Муовини аввали раиси шаҳр Аминҷон Шарифзода чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд кард, аз рӯи маълумоти Маркази миллии тестӣ фоизнокии шумораи дохилшавандагон ба муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ аз шаҳри Истиқлол  соли равон мувофиқи шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷойи чорум аст. Ин нишонаи он аст, ки дараҷаи дониш ва малакаи мактабиёни шаҳр дар қиёс ба солҳои пешин рӯ ба боло ниҳодааст.