Шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстримистӣ, террористӣ ва дигар намудҳои гурӯҳҳое ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ман аст бояд пешгирӣ намуд. Чора ва тадбирҳое ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон андешида мешаванд чунин самтҳоро дарбар мегирад.

Пеш аз ҳама дар бораи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-ифротӣ, экстремистӣ, радикалӣ аз ҷониби мутахассисон, коршиносон маълумотнома, мақолаву брошюраҳо омода карда шаванд, то ҷавонон дар бораи ин ҳизбу ҳаракатҳо маълумоти мушаххас ва кофӣ дошта бошанд. Дар ин маводҳои тарғиботӣ оид ба омилҳо, заминаҳо ва мақсади таъсис намудани ин ҳизбу ҳаракатҳо, замон ва макони пайдоиши онҳо, ҳадафу мақсадҳои нопоки ин ҳизбу ҳаракатҳо маълумот пешниҳод карда мешавад. Хусусан ин малумотҳоро дар сомонаҳои интернет ҷой намудан ва дастрас намудан ба ҷавонон имконпазир аст. Чизи аз ҳама муҳим -таҳлили барнома, оиннома, марому мақсади ин ҳизбу ҳаракатҳо, онҳо чи мехоҳанд, ҷомеаро ба куҷо мебаранд, заминаи иҷтимоии ин ҳизбу ҳаракатҳо кист, дар байни кадом қишри ҷомеа ҷонибдорони худро доранд, ба кӣ такя мекунанд, маӣлумотҳои пурра дода шудааст ки омӯзгорон метавонанд дар дарсҳои тарбиявӣ сиёсӣ истифода кунанд. Дар ҳамин маълумотҳо  мақсади ҳар як ҳаракатҳо ошкор сохта мақсади аслии онҳо, роҳу услуби корбариашон ва чи тавр ҷавононро ба ҷониби худ ҷалб сохтанашон ҷанбаи хеле муҳим аст пурра мегардонад. Хатари кору фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-ифротӣ барои ҷомеа, аз ҷумла Тоҷикистон, фаъолияти ифротӣ, тақрибкорӣ, моҷароҷӯӣ ва ҷудоиандозии онҳо бо далелу рақамҳои мушаххас собит карда шудааст.

А.талили мавқеи абарқудратҳо ва манфиати онҳо дар минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, ошкор сохтани муборизаи онҳо барои манфиатҳои худ яке аз ҷанбаҳои муҳим аст.

Б.таҳлили мавқеъ, мақсад ва мароми баъзе кишварҳои исломӣ дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ки дар зери шиори дӯстӣ ва ҳамкорӣ ғояҳои бегона ва зарроварро низ роҳандозӣ менамоянд.

В.кори таблиғотӣ-ташвиқотӣ бояд мунтазам, ҳадафнок, нишонрас, собитқадамона, самаранок ва таъсирбахш бошад, набарои маъракаороӣ, мавсимӣ ва барои ҳисобот ба боло.

Г. Ғоя, идеологияро ба мағзи сари инсонҳо, мардум бо ҳар роҳу усули таъсировар, собитқадамона ҷойгир кардан зарур аст, вагарна ҷойи холиро ҳатман ғояи бегона ва ба назар «ҷолиб» ишғол менамояд.

Д.Ҳангоми гузаронидани корҳои таблиғотӣ синну сол, маълумот, шуғл, сатҳи зиндагӣ, гурӯҳи иҷтимоӣ, ба кадом ҳизбу ҳаракатҳои расмӣ, қонунӣ шомил будани онҳо бояд ба инобат гирифта шавад. Зеро тибқи таҳлилҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар синну соли шахсони ба гурӯҳҳои ифротӣ шомилгардида асосан аз 18 то 30 ва аз 30 то 40 сола мебошад, ки инро бояд ҳангоми гузаронидани корҳои тарғиботӣ ба инобат гирифта шудааст.

Ҳамин тариқ, новобаста аз он, ки дар қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шомил шудан ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҷазоҳои ҷиноятӣ дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ муқаррар карда шудааст, шумораи содиркунандагони ҷиноят коҳиш намеёбад. Аз ин рӯ бояд ҷазоҳои ҷиноятӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта бояд пурзӯр карда шавад ва шахсони бо ҷурми ин ҷиноятҳо маҳкумгардида, зери назорати махсуси мақомоти иҷрои ҷазо қарор гиранд.

Имрӯз мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва шомилшавии ноболиғон ва ҷавонон вазифаи дастаҷамъонаи тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандони кишвар ба шумор меравад. Бетарафӣ нисбати ин падидаи номатлуб барои рушди минбаъдаи кишвар халали ҷиддӣ ворид намуда, ба ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ ва бехатарии кишвар таҳдид менамояд.

Дадобоев Абдуназар Иномович омӯзгори калони кафедраи сохтмон

 

    Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон, ки аз таърихи ташкилшавии парламенти касбии мамлакат, яъне аз соли 2000 – ум инҷониб  ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа мегардад ва он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро дар бар мегирад.  Ҳамасола дар Паёми Пешвои миллат дар баробари баррасии масъалаҳои дохилӣ ҳамчунин доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои хориҷии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда мешавад. Дар Паёми навбатии Пешвои миллат низ доир ба самтҳои асосии сиёсати хориҷии мамлакат таваҷӯҳ зоҳир гардида, муҳимтарин паҳлӯҳои сиёсати хориҷии мамлакат мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Чуноне, ки дар Паём ироа гардид, имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда эътироф гардида, эътибор пайдо кардааст. Ба шарофати сиёсати «дарҳои кушода», ки ҷавҳари равобити байналмилалии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, мо тавонистем бо аксари давлатҳои дунё муносибатҳои нек ва ҳамкориҳои судманди гуногунҷанбаро дар соҳаҳои мухталиф ба роҳ монда, тақвият бахшем.

Ҳамчунин Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки мо минбаъд низ ин сиёсатро, бо дарназардошти воқеиятҳои нави байналмилалӣ, идома дода, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ҳамкориҳоямонро бо шарикони стратегӣ ва минтақавию байналмилалӣ ба сатҳи сифатан нав барорем.

Рушду тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва таъмину таҳкими амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз рукнҳои бунёдии сиёсати хориҷии давлати моро ташкил медиҳад.

Дар Паём Пешвои  миллат доир ба вазъи афғонистон таваҷҷӯҳ намуда, таъкид доштанд, ки мусаллам аст, ки амнияту суботи минтақаи мо, қабл аз ҳама, бо вазъи Афғонистон вобастагӣ дорад ва идомаи минбаъдаи муноқишаву низоъ дар Афғонистон метавонад ҳам барои ин кишвар ва ҳам барои минтақа оқибатҳои манфии дарозмуддатро ба бор орад.

Авзои ноороми ин кишвари дӯсту ҳамсоя тайи чил соли охир исбот месозад, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва фақат воситаву фишангҳои сиёсиву дипломатӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ метавонанд калиди ҳалли масоили печидаи он бошанд.

Тоҷикистон кӯшишҳои Ҳукумати Афғонистонро ҷиҳати дарёфти роҳҳои сулҳомези ба эътидол овардани вазъи сиёсиву низомӣ ва таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии он ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунад.

Мо чунин мешуморем, ки тақдири Афғонистон ва роҳи ояндаи онро бояд худи мардуми ин кишвар ҳаллу фасл ва муайян созанд.

Ба ин манзур, мо аз ҳама гуна иқдомоти созандаи роҳандозӣ намудани раванди музокироти сулҳ дар Афғонистон истиқбол менамоем ва умед дорем, ки талошҳои ҷонибҳои алоқаманд дар ин ҷода натиҷаҳои мусбат ба бор хоҳанд овард.

Зимнан, мо боз ҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат намуда, даъват ба амал меорем, ки доир ба масъалаи истиқрори сулҳу оромӣ дар сарзамини азиятдидаи Афғонистон бо масъулияти том мавқеъгирӣ намояд.

Ҷониби Тоҷикистон минбаъд низ саҳми амалии худро дар ин самт хоҳад гузошт.

Дар Паёми навбатии Президенти мамлакат дар самти ҳамкориҳои Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ эътибори махсус дода шуда, таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои муассиру самарабахш ва созандаи худро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, шарикони рушд ва ниҳодҳои бонуфузи молиявие, ки бо онҳо тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамкориҳои судманд дорад, идома хоҳад дод.

Дар идома Пешвои миллат нақши Тоҷикистонро дар ҳалли муаммоҳои глобалии сатҳи ҷаҳонӣ мусбӣ арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки санаи 14 декабри соли ҷорӣ ташаббуси панҷуми кишвари мо аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд, ки он эълон гардидани соли 2025 “Соли ҳифзи пиряхҳо” ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки Тоҷикистон минбаъд низ сиёсати сулҳҷӯёнаро бо тамоми созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои алоҳидаи ҷаҳон тақвият хоҳад дод.

Ҳамин тавр, Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, он роҳи ояндаи ҳамкориҳои хориҷии кишварро муаян месозад.

Воҳидов Аюбҷон Ҷумаевич, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

Мо-устодони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, ки дар фазои сулҳу оромӣ бо истифода аз шароитҳои мусоиди таълимӣ ба шогирдон дарс мегӯем, аз он изҳори ташвиш дорем, ки ҳоло низ дар ҷомеа мисли Муҳаммадиқболи Садриддин нафроне мавҷуданд, ки мехоҳанд ба оромӣ ва пешрафти кишварамон халал ворид созанд. Он гуфтаҳои бӯҳтонангез ва изҳороти бе сару нӯги  ӯву дастандаркоронаш бо истифода аз минбарҳои моҷароҷӯй имрӯз наметавонад иродаи халқи ваҳдатшиори кишварамонро шиканад. 

«Муҳтарам Муҳаммадиқбол», агар Шумо лидери  «пурқувват» мебудеду дар ҷомеа, хоссатан миёни ҳамкешони худ мақом ва мартаба медоштед, имрӯз паноҳандагиро дар кишварҳои Аврупо намегирифтед ва чунин изҳоротҳои нобарҷоро паҳн наменамудед, балки бегуноҳии худро дар Ватан исбот менамудед. Он далелу рақамҳои малулхотир, ки солҳои охир нисбати  шумо ошкор шуд, пештар ҳам давлат ва ҳукумат медонист. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири сулҳи бебозгашт ва таъмини амнияти миллӣ борҳо аз гуноҳҳои ба қавле «кабираи» Шумо ва пайравонатон баромада буданд. Вале душманӣ, ки дар дилу тинататон ҷой буд, боз амалҳои ноҷавонмардонаи солҳои навдумро такрор кардан хостед.

Мо қатъиян аз Шумо ва ҳаммаслаконатон талаб дорем, ки таҳрибкориро бас кунед, обрӯи миллати тоҷдори моро дар арсаи ҷаҳонӣ нарезонед. Ба навиштаҳои муғризонаи худ хотима бахшед. Баръакс, нафарони ҳамсафу кӯрдили худро ҳушдор диҳед, ки халқи шарифи кишвар дигар гумроҳиро ба гӯшаи фаромӯшӣ бурдаанд. Мо якдил ва яктанем ва барои ободиву тинҷии мамлакатамон тифоқона кор мебарем. Ягон душман ҳақ надорад, ки бо қиммати ҷони ҳазорон-ҳазор ҷавонон, оҳу зори модарони дилфигор ва заҳматҳои шабонарӯзи Сарвари давлат  сулҳи ба дастовардаро ба норомӣ бадал кунад. 

 

 

   

Асари “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар баробари сарчашмаи омӯзиши таърих будан ҳамчун китоби муътабар барои ташаккули таърихии адабиёти форсу тоҷик низ хидмат мекунад. Дар ҷараёни нигориши даврони мухталифи таърихӣ муаррихи номвари тоҷик талош намудааст, ки ба таври муфассал роҷеъ ба авзои адабиёт дар ҳамон давра маълумот диҳад. Аз ин рӯ, масъалаҳои таърихи пайдоиши адабиёти тоҷик, оғози адабиёт ва сабабҳои номи адабиёти паҳлавиро гирифтани намунаҳои адабиёти тоисломии тоҷик ҳатто дар мулоҳизоти Бобоҷон Ғафуров таъкид шудааст. Роҷеъ ба ин масъала аз ҷумла дар китоби “Тоҷикон” омадааст: “Вале ёди ин давра дар хотири халқ ба шакли аҷиб маҳфуз мондааст - калимаи “паҳлавон” исми ом шуда, ибораи “ривояти паҳлавӣ”, “суруди замони паҳлавӣ” маънои достону ривояти қадимаро гирифтааст.

Номи адабиёти форсизабони асрҳои III-VII ҳам адабиёти паҳлавӣ шудааст. Таҳқиқи масъалаи пайдоиши адабиёти форсу тоҷик дар китоби “Тоҷикон” ба таври барҷаста мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст, ки он ба замони давлатдории Сомониён пайванд дорад. Академик Бобоҷон Ғафуров асри Сомониёнро давраи нашъунамои адабиёти форсу тоҷик ва оғози шукуфоии он унвон намуда, навиштаанд: “Асри Х ва асрҳои минбаъда аз давраҳои нашъунамои адабиёти классикии тоҷику форс ҳисоб меёбанд. Осори адабиёти бадеӣ (аксаран, асарҳои манзум), асарҳои таърихӣ ва илмӣ, ки дар ин давра ба вуҷуд омаданд, дар ҳаёти мадании мардуми Мовароуннаҳр, Хуросон, Эрони ғарбӣ, Ҳиндустони шимолӣ ва бисёр мамлакатҳои Шарқи Наздик ва Миёна нақши калон бозидаанд. Ба тавассути тарҷумаи русӣ ва забонҳои Аврупои ғарбӣ имрӯз ёдгориҳои адабиёти классики тоҷику форс сарвати мадании бисёр халқҳои ҷаҳон гардидаанд ва ба ганҷинаи умумии дурдонаҳои қиматбаҳое, ки инсоният андӯхтааст, дохил шудаанд.

Масъалаи пайдоиши ин адабиёт ва пайдоишу интишори забони он, бешубҳа, ҳам барои шарқшиносон ва ҳам барои доираи васеи аҳли илму адаб аз масъалаҳои хеле муҳим ҳисоб меёбад. Барои дурусттар фаҳмидани ин масъала, пеш аз ҳама, лозим меояд, ки ба вазъияти таърихию мадании Эрон ва Осиёи Миёна дар асри Х ва асрҳои пешина, ба таърихи забонҳои эронӣ ва осори хаттии мардуми эронизабон муроҷиат кунем.

 Дар ҷараёни баррасиҳои хеш устод Бобоҷон Ғафуров қабл аз таҳқиқи масъалаи пайдоиши адабиёти форсу тоҷик нахуст ба зуҳури адабиёти арабизабон таваҷҷуҳи амиқ зоҳир намуда, зимнан ба мероси адабии нахустин нависандагон ва адибони арабизабон мурҷиат намуда, нақш ва мақоми онҳоро дар пешрафти адабиёти арабизабон ва тарҷумаи осори паҳлавӣ муқаррар сохтааст. Аз ин рӯ, дар робита ба ин мавзуъ навиштааст: “Забони арабӣ – забони табақаи болои хилофат ва дини ҳукмрони он чун аслиҳаи мутамарказонии ҳокимият ва ҳукмронии идеологии истилогарони араб хизмат мекард. Соли 81 (700-701 м.) забони арбӣ забони давлатӣ эълон гардида, ба тадриҷ коргузорӣ ва мукотибаи расмии вилоятҳои таҳти тасарруфи хилофат ба ҳамин забон гузаронида мешавад. Сафолпораҳои алифбои арабӣ сабтшуда, ки аз ҳафриёти археологии Марв ёфт шудаанд ва зоҳиран ба асрҳои VII-VIII тааллуқ доранд, нишон медиҳанд, ки дар Марв такягоҳи маъмурияти хуросонӣ ва мовароуннаҳрии араб ба мақсади тайёр кардани амалдорони арабидон таълими забон ва хати арабиро ҷорӣ карда будаанд.

Мувофиқи маълумоти ал-Ҷаҳшиёрӣ, аз соли 742 донистани забон ва хати арабӣ барои маъмурияти Хуросон ва ҳамчунин Мовароуннаҳр, ки таҳти идораи ҳукумати Хуросон қарор гирифта буд, ҳатмӣ ва маҷбурӣ гардид. Дар баробари ин дар мукотибаи расмӣ на танҳо намояндагони ҳокимияти араб, балки ҳокимони маҳаллӣ ҳам (лоақал ҳангоми алоқа бо маъмурияти араб) аз забони арабӣ истифода мебурданд. Ин иддаоро, масалан, қадимтарин санади арабизабони аз ҳудуди Мовароуннаҳр ёфтшуда – номаи машҳури “шоҳи Суғд, ҳокими Самарқанд” Девоштак ба ҳокими Хуросон (718-719) низ метавонад тасдиқ намояд. Забони арабӣ дар ин давра на танҳо дар мукотибаю коргузорӣ, балки дар адабиёти илмӣ, дар назм ва дигар соҳаҳои маданияти хаттии мардуми эронизабон ҷорӣ карда мешавад. Рисолаҳои илмӣ ва асарҳои сершумори бадеии ба забони арабӣ навиштаи намояндагони вилоятҳои гуногуни Эрон ва Осиёи Миёна, чунончи, Ибн ал-Табарӣ (соли ваф. 923) аз Форс; ал-Хоразмӣ (780-847) ва ал-Берунӣ (973-1048) аз Хоразм; Башшор ибни Бурд (710-784) аз Хуросон; ал-Хураймӣ (асри VIII) аз Суғд; Саолабӣ (961-1038), Наршахӣ (асри Х), Ибни Сино (қариби 980-1037) аз Бухоро ва ғ. маълуму машҳуранд. Саолабӣ дар асари худаш “Ятимат-уд-даҳр” дар бораи 119 шоире, ки дар Хуросон ва Мовароуннаҳр дар замони ҳукмронии Сомониён зиндагӣ карда, ба забони арабӣ шеър эҷод кардаанд, маълумот додаст, албатта, қисми зиёди ин шоирон ба табақаи аъёну ашроф ва доираҳои расмии ҳукмрон мансубанд.

Ин ҳам маълум аст, ки шоир Абӯ Нувос (742-қариб 812), ки худ фарзанди форсдухтар аст ва шеърҳояшро дар дарбори Ҳорунаррашид ба забони арабӣ эҷод кардааст,- мувофиқи маълумоти “Таърихи Систон” дар шеърҳояш калимаҳои форсиро ҳазломезона дохил кардааст” Академик Бобоҷон Ғафуров нақши забони арабиро дар ривоҷи забон ва адабиёти форсу тоҷик низ ба риштаи таҳқиқ кашида, аз ҷумла бар он ишорат намудаанд, ки ҳарчанд ин забон нуфузи зиёде пайдо кард, аммо натавонист, ки забонҳои зиндаи мардуми ин манотиқро аз миён бубарад: “Ба маданияти хаттии мардуми эронизабон дохил шудани забони арабӣ, албатта, забонҳои зиндаи эронии аҳолии Эрон ва Осиёи Миёнаро аз байн бурда натавонист. Забони арабӣ ба сифати забони адабиёти хаттӣ танҳо дар байни қисмати миқдоран ночизи табақаи ашроф, шоирон ва олимони дарбор ривоҷ ёфта буд. Оммаи васеи аҳолии шаҳру деҳкадаҳои Мовароуннаҳр, Хуросон, Систон, Эрони ғарбӣ бошад, ба забони модарӣ суҳбат мекарданд, ба ин забон суруд ва достонҳои қаҳрамони эҷод менамуданд. Забони арабӣ барои онҳо ҳамеша бегона монд, вале бо сабабҳои дар боло овардашуда эҷодиёти бадеии мардуми эронизабон дар асрҳои авали ҳукмронии ислом дар хат инъикос наёфта ва аз ин рӯ, осори хаттии онҳо барои наслҳои оянда боқӣ намондааст.

Дар мавриди ривоҷи адабиёти форсу тоҷик дар давраи Сомониён бошад устод Бобоҷон Ғафуров ба омилҳои аслии ривоҷи он дар ин давра таваҷҷуҳ намуда, зимнан таъкид кардаанд, ки: “Вазъияти сиёсии Осиёи Миёна ҳанӯз дар ибтидои асри IХ барои тараққии адабиёти нави китобии тоҷик, ки бар асоси эҷодиёти даҳонакии халқ қарор гирифта буд, шароити мусоид фароҳам овард, вале ин шароит самараҳои худро дар вақти Сомониён бахшид. Бинобар ҳамин ҳам давраи Сомониён давраи пайдоиши адабиёти классикии тоҷику форс ба шумор меравад. Дар айни замон ин ифодаро чунин бояд фаҳмид, ки замони Сомониён аслан на давраи ба вуҷуд омадани адабиёти нави тоҷику форс, балки фақат давраи расман эътироф гардидан, ба шакли хатти зуҳур ёфтан ва нашъунамои ин адабиёт мебошад”. Таваҷҷуҳи академик Бобоҷон Ғафуров ба ташаккули адабиёти бадеӣ дар аҳди Сомониён низ қобили таваҷҷуҳ мебошад. Аз ҷумла, дар робита ба ин мавзуъ навиштааст, ки: “Хеле вақт аз барпо гардидани давлати Сомониён тоҷикон бо забони модарии худ лафзан асарҳои бадеӣ эҷод мекарданд. Чунин амри воқеӣ, ки дар тамоми давраи ҳукмронии арабҳо анъанаҳои адабии қабл аз ислом аз байн нарафтанд ва халқ образҳои бадеӣ ва сюжетҳои бостониро маҳфуз дошт, яке аз далелҳои нисбат ба асри IХ хеле қадимтар будани таърихи адабиёти тоҷик мебошад”.

Дар маҷмуъ, дар китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров дар баробари зикри давраҳои муайяни таърихи ташаккули халқи тоҷик ба масъалаҳои инкишофи адабиёти форсу тоҷик низ марҳила ба марҳила зикри маълумот рафтааст ва бешак гуфтан мумкин аст, ки агар ҳамаи ин қисматҳои марбут ба адабиёти тоҷикро мо ҷудогона аз дохили китоби “Тоҷикон” берун оварем, як китоби ҷудогонаи таърихи ташаккули адабиёти тоҷик аз оғоз то асри нуздаҳ ҳосил мешавад.

Воҳидов Аюбҷон Ҷумаевич, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Мо дар гузашта аз душманони миллат амсоли Темури Ланг, Чингиз, Искандари мақдунӣ, фашисти лайин борҳо ёд кардаем. Аммо хуб медонем, ки бо дасти худамон ба чунин нафарон роҳ додем, ки миллатро замоне соҳибӣ кунанд. Амали Муҳаммадиқболи Садриддин ва ҳамтоҳои онҳо чунин аст. Онҳо яъне Кабириву Муҳамадиқбол, Илҳом Ёқубову Алим Шерзамонов ва даҳҳои дигар манқуртҳои давр мебошанд, ки ҳаргиз ба худ нахоҳанд омад. Чаро чунки онҳо муттаҳам ҳастанд, коселесони хоҷагоне ҳастанд, ки барояш хоки Ватан, миллат, модар қадр надорад. Агар чунин намебуд ҷоннисориҳои Сарвари  давлат, меҳнати садоқатмандонаи мардуми кишварро дар роҳи ободӣ ва озодиро эҳсос мекарданд. Худ ба чашми ҳақиқат бубинед. Дар як соли охир зиёда аз 500 иншоот барои пешрафти хоҷагии халқ мавриди истифода қарор гирифт. Корҳои зиёди ободонӣ ба субут расонида шуд. Аммо чаро аз пешравӣ сухан нагӯем, чаро ҳамеша камбудиро ҷӯё шавем.

Мардуми соҳибназари тоҷик гумон накунед, ки он ҳама фаъолони шабака, ки Муҳаммадиқболро васф мекунанд, дилсӯзони миллатанд. Онҳо зархаридони душманони миллат, ки ҳар лаҳзаву соат Модар, оила ва Ватани худро мефӯрашанд. Магар нодида гирифтани беш аз 13 маротиба афи сар то сари аз ҷониби Роҳбари давлат аз рӯи камоли одамист на. Гумон мекунем ин нафарон шодии моро мусибати худ ғамгинии моро саодати шодмонии худ медонанд. Аз ин рӯ ҷавонони азиз ҳушёр бошед. Барои ҳифзи миллат бархезед ва бо ҷавоби сазовор барои ин аҳримансифатон диҳед.

 

            То имрӯз яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи пешгирии ҷинояткорӣ мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм мебошад.

            Ба созмонҳои ҷиноии ифротӣ-террористӣ шумораи афзояндаи ҷавонон шомил мешаванд. Маҳз чунин тоифаи аҳолӣ ба мисли ҷавонон яке аз гурӯҳҳои хавфнок дар робита ба шомил шудан ба чунин созмонҳои ҷиноӣ мебошад.

            Кадом омилҳо ба афзоиши ифротгароӣ дар байни ҷавонон таъсир мерасонанд?

            Ба эътиқоди мо омилҳои зерин ба пайдоиши зуҳуроти ифротгароӣ дар байни ҷавонон таъсир мерасонанд:

  • Тағйир додани самтҳои арзиш. ...
  • Шиддати иҷтимоӣ. ...
  • Ҷинояткорӣ кардани ҳаёти ҷамъиятӣ. ...
  • Омили динӣ. ...
  • Миллатчигӣ. ...
  • Муомилоти ғайриқонунии силоҳ. ...
  • Истифодаи Интернет.

            Чаро ҷавонон махсусан ифротгароӣ осеб мебинанд?            Омилҳои ифротгароии ҷавонон аз таъсири волидайн ва дӯстони радикалӣ, инчунин ҳамсолони ҷонибдори ақидаҳои ифротгароӣ ва дигар шахсони бонуфуз аз доираи ботинии шахс, парокандашавӣ дар ҷомеа тавассути ҳолатҳои стресс ва вазъи ноустувори равонӣ,            Кадом хислатҳои ҷавонон онҳоро ба гурӯҳи хатари ифротгароӣ табдил медиҳанд?            Инкори созиш, радикализм ва таҳаммулнопазирӣ, максимализм, беэътиноӣ ба зиндагии худ ва омода будан ба фидокорӣ асоси ҷаҳонбинии ҷавонони ифротгаро гардида, онҳоро бераҳм ва ин категорияи иҷтимоиро ба гурӯҳи хавфнок мегардонад.            Муносибат ба ташаккули ҳаёт - малака.            Дар ин замина рафтори мушкилии як ҷавон акср аз нуктаи назари проблемахои функсионалӣ дида баромада мешавад ва кумак дар расидан ба синну сол ва шахсиро дар назар дорад максадҳо. Аз ин нуктаи назар давраи ибтидоии ифротгароён фаъолият метавонад кӯшиши нишон додани калонсолон бошад рафтор, яъне  як шакли бегонагӣ аз падару модар, ифодаи эътирози ичтимоӣ ва даъват ба арзишҳои муҳити зист, он имкон медиҳад, ки иштирокчӣ шавад лақаби тарзи ҳаёти субмаданӣ.            Бояд қайд кард, ки барои ба ифродгарӣ даст назадани ҷавонон самти тарбияро аз оила, муносибати волидайн байни худ ва фарзандон, рафтори мурабиён дар кӯдакистон, муносибати муаллимон дар макотиби миёна, устодон дар макотиби олӣ, роликҳо ва намоишҳо дар телефизион баланд ва мукаммал бояд кард. Инчунин дониши ҳуқуқии ҷавоноро сайқал додан зарур аст.

Абдушукур Абдураҳимович Назаров

профессор,

доктори илмҳои иқтисодӣ

 

 

Дар урфият мегӯянд, ки гови бешир садои баланд дорад. Дар мо низ ҳикмате ҳаст, ки касе бештар ҳарф мезанад, нодонии худро айён месозад. Муҳаммадиқболи Садриддин, ки шояд худро қаҳрамони “миллӣ” метарошад аз рӯи таърифи чанд нафар ҳамқабилаи худ аз худ рафта мехоҳад сиёсати бобарори Ҳукумат мамлакатро нодида гирад. Бо ин амалаш ӯ худрову думравонашро назди аҳли  ёсайёра, хосса назди ҳаммилатон малулу шарманда мекунад. Охир мавзӯе, ки ӯ дар барномааш ба қавле матраҳ мекунад, пояи воқеӣ надорад. Яъне ба он мавзӯ ҳамчун журналиси омода нест. Рӯзи гузашта дар барномаи “Минбари муҳоҷир” мавзӯеро ба самъи шунавандагон намуд, ки он пур аз туҳмату бӯҳтон аст. Баррасии қонуни авф дар сатҳи нафаре, ки имрӯз аз сиёсати давлат хеле ва хеле дур аст, қобили қабул нест. Чаро Муҳаммадиқбол аз иқдомҳои халқпарваронаи Роҳбари давлат, ки дар масири наздик 32 соли соҳибистиқлолӣ вобаста ба афи шаҳрвандони ҷиноятсодиркарда сухан намегӯяд. Зеро ҳазорон ҳазор нафарони ба озодӣ баромада барои ғамхориву раҳмдилии Пешвои муаззами миллат ихҳори мннатдорӣ кардаанд. Бале оне, ки хиёнат ба давлат, ба мллат мекунад сазовори пӯзиш нест. Аммо бо дастури Роҳбари давлат онҳо низ ба ғамхорӣ фаро гирифта шудаанд. Чаро мо инро нодида гирем. Президент борҳо чунин нафаронро бахшидаанд. Аммо бояд эътироф кард, ки гургзода оқибат гург мемонад.

Бояд аҳли ҷомеа, хосса ҷавононт барномаҳои пучи ин нафари Худозадаро тамошо накунанд. Баръакс ҳар амали ӯро маҳкум созанд. Чун аз дасти онҳо ба ҷузъ аз иғвову дасиса коре намеояд.  

Санаҳои 10 – 13 апрели соли равон тибқи фармоиши роҳбарияти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд даври факултавии озмуни “Илм фурӯғи маърифат” баргузор гардида, наздик ба 200 нафар ба даври донишкадавии озмун роҳхат гирифтанд. Санаи 18 апрел бо ҷалби устодони донишкада аз рӯи 7 номинатсия – математика, физика, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ дар факултети информатика ва энергетика баргузор гардид.

Ғолибони марҳилаи аввал бо донишу фаҳмиш ва идроки худ ба саволҳои устодон вобаста ба мавзӯи дилхоҳ посухҳои мушаххас доданд. Аз натиҷаи озмун гузориш хоҳем дод.

Ёдовар мешавем, ки бо ташаббус ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи озмунҳои «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» озмуни ҷумҳуриявии «Илм- фурӯғи маърифат»  роҳандозӣ шуда, сол ба сол теъдоди иштирокчиён зиёд мегардад. Ҳадафи аслии баргузории озмуни мазкур, пеш аз ҳама, кашф ва дарёфти истеъдодҳои нав, бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб намудани наварасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорон ба шумор меравад.

 

 

Дар намоиши навбатии “Минбари муҳоҷир”, ки тавассути ютубканал  Муҳаммадиқболи  Садриддин бинобар надоштани мавзӯи актуалӣ “ боз ба саҳнасозӣ оғоз намуд. Ӯ ба ҳайси ҳунарманди номуваффақ мехост ба дохили образ даромада аз набудани сенария  бо овардани буҳтонҳо мехост дастовардҳои мардуми тоҷикро дар тӯли ин даҳсолаҳо нодида гирад. Ӯ мунсифона танҳо ба он ашхосе имкони сухан гуфтан медод, ки мақсадҳои нопоки ӯро тарафгирӣ мекунанд ва суханронии дигаронро бо ҳар ҳарфу баҳона қатъ менамуд. Яъне ҳамон фабрикаи ҷавоби худро таъсис дода, онҳоро низ пешакӣ тайёр менамояд, то ба бадномкунии давлат шурӯъ кунанд.

Бо боварии том гуфтан мумкин аст, ки ин ҳама “театрбозӣ”-иро мардуми Тоҷикистон, алалхусус ҷавонон қабул надоранд. Онҳо собитқадамона сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро дастгири мекунад ва ҳеҷ гоҳ фирефтаи ин иғвову дасисаҳои шумо хоинон навхоҳад шуд.

Ба Муҳаммадиқболи беиқбол гуфтанием, ки  Шумо нохалафон  имрӯз дар хориҷи кишвар аз ҳисоби хоҷагони худ зиндагӣ мекунед ва танҳо аз рӯи гуфти онҳо амал мекунед. Барои Шумоён ба ҷузъ шуҳрати пул дигар манфиатҳои миллӣ арзиш надорад.  Яъне ҳаёти Шумо ҳаёти паразитонааст. Шумо хоинон хеҷгоҳ пешравии Тоҷикистонро намехоҳед ва бо ин дасисаҳои номардонатон ҳар гуна барномаву наворҳоро дар шабакаҳои иҷтимои паҳн мекунед.

Мо - ҷавонон ба шумо муроҷиат карданием, ки вақти худро беҳуда барои ноором кардан сарф накунед.

Мардуми бомаърифати  тоҷик ҳеҷ гоҳ ба Шумо хоинон бовар нахоҳад кард.

Мо  ватани худро дӯст медорем, барои тинҷиву оромӣ ва пешравии он саъю талош меварзем.

 

 

Шаби гузашта тариқи шабакаҳои интернетӣ барномаи навбатии иғвоангезона М. Садридин намоиш дода шуд.

Ровии барнома, ки дар асл мақсади нопок дорад, бо овардани факту далелҳои беасос мехост идеяҳои ғаразноки худро ба ҳамагон расонад.

Вале бо боварии комил метавон иброз дошт, ки имрӯз мардуми кишвар ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон итминони комил дорад ва бо иғвову дасисаҳои ин хоинони миллат ҳеҷ гоҳ фирефта нахоҳад шуд.

Хоинони миллат, шумо ки дар кишварҳои хориҷа аз ҳисоби “Спонсор”-ҳои хориҷии худ зиндагӣ доред ва бо мақсади канда нашудани ин сарчашмаи зиндагии худ, барномаҳои иғвоангез ташкил мекунеду мардумро ба иғво даъват менамоед. Шумо аз ояндаи миллат парвое надоред, ба қавле гӯр сӯзаду деги Шумо ҷӯшад. Беҳуда вақти худро барои ноором сохтани ҷомеа бо овардани факту далелҳои беасос сарф накунед.

Мардуми бофарҳангу бомаърифати миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ ба суханҳои иғвогароёнаи шумо бовар нахоҳанд кард.

Имрӯз Тоҷикистон ба як кишвари дар ҳақиқат пешрафта табдил ёфта, камбудиҳо давра ба давра аз байн рафта истодаанд.

Мо ҷавонон ватани худро марҳила ба марҳила такмил медиҳем ва ниёзе ба шумо хоинон надорем.

Барои тайёр кардани мутахассисони касбӣ имрӯз ба таври умум эътироф шудааст, ки фаҳмиши анъанавии таҳсилоти касбии муҳандисӣ ҳамчун азхудкунии миқдори муайяни донишҳо дар асоси таълими фанҳои фундаменталӣ, умумии техникӣ ва махсус нокифоя аст. Зимни омӯзиши муҳити касбию техникии корхонаҳои муосири саноатӣ маълум гардид, ки технологияҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ ба фаъолияти касбии мутахассисони соҳаи техникӣ фаъолона ворид шуда истодаанд, ки ин боиси зарурати фаврии мутахассисоне мегардад, ки на танҳо назарияҳои фундаменталӣ, балки инчунин технологияҳои муосири компютерӣ барои ҳалли мушкилоти касбӣ истифода карда тавонанд. Мавҷуд будани донишҳои назариявӣ ва амалӣ дар хатмкардагони ихтисосҳои техникӣ дар бозори меҳнатӣ ба чунин корманд талабот зиёд мекунад. Бинобар ин, хатмкардаи донишкадаи техникӣ дар давоми солҳои таҳсил бояд дар истифодаи техникаи ҳисоббарор таҷрибаи ҳамаҷониба пайдо кунад, барои истифодаи он дар истеҳсолот аз ҷиҳати равонӣ ва касбӣ омода бошад. Барои омодасозии самаранокии чунин мутахассисоне, ки дар бозори меҳнати зеҳнӣ рақобат карда метавонанд, ҷустуҷӯ ва эҷоди роҳҳои ҳалли ғайрианъанавии педагогӣ, таҳия ва истифодаи равишҳо, ғояҳо ва усулҳои нави таълим, ки метавонанд мундариҷаи таълим ва дараҷаи тайёрии хатмкунандагон, аз чумла, аз фанни физика, ки яке аз фанҳои фундаменталӣ дар  самти техникиро ифода мекунад. Зарурияти ҳалли ин проблема дар замони муосир сол то сол меафзояд.

Мувофиқи барномаҳои таълимии давлатӣ ва стандартҳои  давлатии ихтисосҳои техникӣ, зинаи таҳсилоти рӯзонаи бакалавриат, омӯзонидани фанҳои дақиқ  ба монанди фанҳои физика, математика, химия   муқаррар шудааст, ки дар раванди дарсҳои амалӣ масъалаҳо бо усули истифодабарии методҳои инноватсионӣ ҳал карда мешаванд. Бо истифодаи барномаҳои муосири математематикӣ ба монанди Maple17 ва MathCad  дар раванди ҳалли масъалаи мушкил нисбат ба муодилаи мураккаби физикиро ҳал намудан яке аз методҳои муосир мебошад. Истифодаи чунин методи инноватсионӣ дар раванди таълим ба омузгор ва донишҷӯён имконият медиҳад, ки масъалаҳои мураккаб  бо таври сода ҳал ва  дурустии он бо барномаҳои математикию физикӣ санҷида шавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ , Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи соҳаҳои ҷомеа аҳамияти хосса медиҳанд. Бо назардошти рушди соҳаи саноат, солҳои 2022-2026 солҳои рушди саноат эълон карда шуд. Вобаста ба ин ҳадафи чоруми стратегияи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон эълон гардидааст, ки ба мутахссисони ба талаботи муосири замон ҷавобгӯ ниёзманд аст. Иқтисодиёт ҳамон вақт ба натиҷаҳои назаррас соҳиб мегардад, ки кормандони тараққӣ кардаву донандаи технологияи муосир бошанд ва дар соҳаи саноат фаъолият баранд. Бинобар ин зарурат ба амал меояд, ки дар донишгоҳҳои техникӣ методҳои инноватсиониро дар   раванди  таълими фанҳои дақиқ васеъ истифода баранд.

Қуддусова М , ассистенти кафедраи математикаи олӣ ва физика