Тоҷикистон ҳамчун як кишвари соҳиби Истиқлолияти давлатӣ имрӯз дар тамоми олам мавқеъи хоси худро ғасб намудааст.  Бояд қайд намуд, ки кишвари моро имрӯз дар тамоми олам мешиносанду эътироф мекунанд. Зеро миллате, ки сӣ сол қабл аз дасти хоинону ифротгарон маввриди нотиҷӣ қарор гирифта буд, имрӯз он ҳамчун як миллати соҳибтамаддун миёни кишварҳои олам муаррифӣ гардидааст. Аммо ин ҳама шукӯҳу музаффариятҳо, мутаасифона барои иддае аз худхоҳону мансабталошон дастоварди ночизе менамояд. Ҳол он, ки аксарияти мардуми рӯи олам дар чунин кишвари осуда зиндагӣ карданро мехоҳанд.

Мусаллам аст, ки ҳар як қавму миллат дар худ гурӯҳи махсуси мухолифро дошту ин анъана то куннун аз ҷониби қабилае мерос истодааст. Зеро бадбину нохалаф ҳамеша кирдорҳои ношоистаи худро дар кадом ҳолате набошад амалӣ намуда, боиси бадбахтии мардумон мегарданд. Хатари амалҳои ифротгароёнаи онҳо то ба дараҷае мардумони оламро дар ҳолати бадӣ равонию иҷтимоӣ гузоштааст, ки сабаби асосии нобасомониҳо гардидааст. Мо бояд бо ҳамдилию якзабонӣ пеши роҳи чунин ифротгаронро гирифта, барои несту нобуд сохтани қувваи душманони миллатамон талош намоем, зеро бетарафии мо низ фардро метавонад ба сари мо бадбахти биёрад. Маҳз ба ҳамин хотир аз хатари чунин бадкинон бояд ҳазар намуд ва миллатро бодяд эмин дошт.

Ватанро дӯст доштану гиромӣ ва шуморидани арзишҳои миллӣ ва маънавии онро пос доштан яке аз оин ва қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост. Барои ҳамин аз тамоми ҳамватанони худ эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ҷиҳати баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва маънавиёти ҷомеа талош намуда, баҳри пойдории сулҳу субот дар кишварамон талош варзанд. Бовар кунед, ҷавонон, ки бидуни мок асе дар ғами ободӣ ва оядаи дурахшони ин миллат нест. Пас моро зарур аст, ки беш аз пеш кӯшиши устувории пояҳои мустақилиятро дар Тоҷикистон чораандешӣ кунем.

 

Расулов О.Р., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

«Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутаммаддини тољик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар љомеаи љаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад».

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ  ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад.

Эмомалӣ Рахмон масъулияти олии созандагиро ба зимма гирифта, тавонист манфиати умумимиллиро аз манфиатҳои шахсӣ, гурўҳи ва маҳаллию минтақавӣ боло гузорад. Бо шарофати сиёсатӣ хирадмандонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми чудонашавандаи ҷомеаи ҷахонӣ, эҳтироми озоди, ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ва ба мақсади демократикунонии ҷомеа, бунёди давлати соҳибихтиёр, хуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона Конститутсияи нави мамлакатро бори нахуст дар таърихи давлатдории навин бо рохи раъйпурсии умумихалқи қабул намуд,ки дар он хама дастовардҳои башарият дар бобати озодии инсон, хуқуқи шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, хуқуқбунёд ва дунявӣ дарк шудаанд.

Сарвари давлат изҳор дошт, ки мо вазифадорем, аввал амнияти давлатамонро таъмин намоем, артишро созмон дода, милиса, кумитаи амнияти милли, дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро мустаҳкам намоем, зеро давлате, ки худашро муҳофизат ва ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандонашро таъмин карда наметавонад, аслан арзише надорад.

Ҳамин тавр, хизмати таърихии Эмомалӣ Рахмон дар тахкими ҳоқимияти давлатӣ ва Истиқлолияти миллӣ аз он иборат аст, ки маҳз ў ихтиёри давлатдориро даст оварда, пеши роҳи хатари нобудии онро гирифт, оташи ҷанги дохилиро хомўш намуд, сохтори фалачгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи хуқуқро барқарор сохт.

Дар марҳилаи нави бунёди давлати ҷавони Тоҷикистон тақдири баланди миллати куҳандиёри тоҷик дар симои шахсияти беназири таърихи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори вахдатофариро ато кард ва маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаро ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонид.

 

Расулов О.Р.,  устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд 

То имрӯз яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи пешгирии ҷинояткорӣ мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм мебошад.

            Ба созмонҳои ҷиноии ифротӣ-террористӣ шумораи афзояндаи ҷавонон шомил мешаванд. Маҳз чунин тоифаи аҳолӣ ба мисли ҷавонон яке аз гурӯҳҳои хавфнок дар робита ба шомил шудан ба чунин созмонҳои ҷиноӣ мебошад.

            Кадом омилҳо ба афзоиши ифротгароӣ дар байни ҷавонон таъсир мерасонанд?

            Ба эътиқоди мо омилҳои зерин ба пайдоиши зуҳуроти ифротгароӣ дар байни ҷавонон таъсир мерасонанд:

  • Тағйир додани самтҳои арзиш. ...
  • Шиддати иҷтимоӣ. ...
  • Ҷинояткорӣ кардани ҳаёти ҷамъиятӣ. ...
  • Омили динӣ. ...
  • Миллатчигӣ. ...
  • Муомилоти ғайриқонунии силоҳ. ...
  • Истифодаи Интернет.

            Чаро ҷавонон махсусан ифротгароӣ осеб мебинанд?            Омилҳои ифротгароии ҷавонон аз таъсири волидайн ва дӯстони радикалӣ, инчунин ҳамсолони ҷонибдори ақидаҳои ифротгароӣ ва дигар шахсони бонуфуз аз доираи ботинии шахс, парокандашавӣ дар ҷомеа тавассути ҳолатҳои стресс ва вазъи ноустувори равонӣ,            Кадом хислатҳои ҷавонон онҳоро ба гурӯҳи хатари ифротгароӣ табдил медиҳанд?            Инкори созиш, радикализм ва таҳаммулнопазирӣ, максимализм, беэътиноӣ ба зиндагии худ ва омода будан ба фидокорӣ асоси ҷаҳонбинии ҷавонони ифротгаро гардида, онҳоро бераҳм ва ин категорияи иҷтимоиро ба гурӯҳи хавфнок мегардонад.            Муносибат ба ташаккули ҳаёт - малака.            Дар ин замина рафтори мушкилии як ҷавон акср аз нуктаи назари проблемахои функсионалӣ дида баромада мешавад ва кумак дар расидан ба синну сол ва шахсиро дар назар дорад максадҳо. Аз ин нуктаи назар давраи ибтидоии ифротгароён фаъолият метавонад кӯшиши нишон додани калонсолон бошад рафтор, яъне  як шакли бегонагӣ аз падару модар, ифодаи эътирози ичтимоӣ ва даъват ба арзишҳои муҳити зист, он имкон медиҳад, ки иштирокчӣ шавад лақаби тарзи ҳаёти субмаданӣ.            Бояд қайд кард, ки барои ба ифродгарӣ даст назадани ҷавонон самти тарбияро аз оила, муносибати волидайн байни худ ва фарзандон, рафтори мурабиён дар кӯдакистон, муносибати муаллимон дар макотиби миёна, устодон дар макотиби олӣ, роликҳо ва намоишҳо дар телефизион баланд ва мукаммал бояд кард. Инчунин дониши ҳуқуқии ҷавоноро сайқал додан зарур аст.

Абдушукур Абдураҳимович Назаров

профессор,

доктори илмҳои иқтисодӣ

 

 

Терроризм ва экстремизм солҳои охир ба хатари глобалӣ табдил ёфта истодааст. Зеро ин равия ҷаҳони муосирро ба ташвиш оварда  истодааст. Вусъатёвии ин омил бо фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгарӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Мақсади асоси ин равия дар ноором сохтани вазъият дар ҷомеъа ба шумор меравад, ки онҳо бо ин мақсад борои даъват ба низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, алхусус, ҷавононро ба созмонҳои манъшуда тариқи шабакаҳои интернетӣ даъват менамоянд. Ин қобили дурус нест, зеро мақсади онҳо ин ба харбазорҳо табдил додани давлат ва аз байн бурдани ҳукумат ба шумор меравд. Бинобар он онҳо бо ҳар гуна равияҳои  диниро асосгузор карда, фикру ғояҳои сокинони мамлакатҳоро вайрон менамоянд.

Терроризм ва экстремизм пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ  ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Осиёи Марказӣ баръало зоҳир шуд, ки то ҳол бо сухану ваъдаҳо ноҷолиби худ авҷ ёфта истодааст, ки бо рафторҳои беҳадафонаи худ ба амнияти инсоният , сулҳу субот ва истиқлолияти давлатии кишварҳоро, зери хатар мегузорад. Ғояи асосии онҳо ин ноором кардани вазъи сиёсиву иҷтимоии давлат ва ҷомеа, дигаргун намудани сохтори конститутсионии кишвар, маҳв кардани арзишҳои умумибашарӣ ва урфу одатҳои миллӣ буда, баҳри расидан ба мақсадҳои ниҳоии худ онҳо зери ниқоби дини мубини ислом ба ҷиноятҳои ванин даст мезананд.

   Бинобар он ягон сокинони давлат баҳаргуна сомонаҳо ворид нагарданд ва ба чунин равияҳои фирефтаи ин равия бовар накунан, то ки ба худ ва дигар сокинон таъсири экстремистиро нарсонанд.

Сафи пеши ин гурӯҳҳо “ Ансуруллоҳ”, “Ҳаракати Исломии Туркмстон”, “ Ҷабҳат-ун-Нусра”, “Давлат-ул-Ислом”, “Ҷамоати таблиғ”, “Ҳизб-ут-Таҳрир”, равияи “Салафия”, “ Ҳизби Наҳсати Исломӣ” ва ғайраҳо мебошанд, ки бо ҳар роҳу васила ба ташвиқу тарғиби ғояҳои ба мардуми мо кӯшиш карда истодаанд.  Бинобар он ба чунин равияҳои ифротӣ  ҳамрох нахоҳем гашт. Зеро Тоҷикистони азизамон имрӯз осмони софу беғубор ва сарзамини биҳиштосо дорад.  Мардуми он шукрона бо дили пуру хотири ҷамъ сӯи коргоҳҳо ва дабистону донишгоҳҳо  бо шукру ифтихор мешитобанд.  Шаҳру деҳотҳои он зебову манзароҳояш ба чашм гуворо мебошанд, ки рӯз аз рӯз онҳо бунёду обод гашта, мунтаззам инкишоф ёфта истодаанд. Дар ҳар як хонадони мамлакт хушбахтию осоиштагӣ пойдор аст, ки ин беҳтарин ганҷ дар ин дунё ба шумор меравад. 

Аз ин рӯ зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон ба ин равияҳои ифротгарӣ, иштироки онҳоро дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи дигар давлатҳо пешгирӣ намоем.  Тадбирҳои судманде андешем, ки дар қатори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тамоми қувваҳои солими ҷомеа ва ҳар яу фарди ватандӯсту соҳибмаърифат ба муқобили ин зуҳурот хатарнок сафарбар гарданд.

Акбарова Н. А.ассистенти кафедрам молия ва қарз         

 

Дар ҳақиқат об яке аз муъҷизаҳои беназири табиат мебошад, зеро ба рукнҳое мансуб аст, ки боиси побарҷо мондани тамоми мавҷудоти олам ба шумор меравад. Бартарии сайёраи аҳли башар нисбат ба дигар сайёраҳо аз он иборат аст, ки Замин гаҳвораи тамаддуни мо инсонҳо дорои чунин ганҷи беҳамтои атокардаи Худованд об аст ва он сарчашмаи аслии зиндагӣ барои тамоми махлуқот ба ҳисоб меравад. Роҷеъ ба масъалаи мазкур ниёгони мо низ осори зиёде ба мерос мондаанд. Аз ин лиҳоз, дар минбари сатҳи ҷаҳонии Созмони миллали муттаҳид оид ба соли 2003 эълон шудани “Соли оби тоза”, солҳои 2005-2015 эълон шудани Даҳсолаи байналмиллалии “Об барои ҳаёт”, Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028” ва дар соли 2023 аз тарафи Маҷмааи 77-уми Созмони Миллали Муттаҳид пазируфта шудани пешниҳоди Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон эълон шудани соли 2025 “Соли ҳифзи пиряхҳо” ва 21-уми март эълон шудани рӯзи байналмиллалии “Ҳифзи пиряхҳо” бархурди дардҳои инсоният мебошад, зеро ҳифзи пиряхҳо манбаи асосии таъмин ва беҳдошти оби ошомидани дар кулли сайёра мебошад.

Ҳастанд давлатҳое, ки аз камчинии оби ошомидани танқисӣ мекашанд. Қайд намудан ба маврид аст, ки Тоҷикистони биҳиштосо ва бемисли мо, ки дорои чунин тӯҳфаи Офаридгор аст, имрӯз дар миқёси Осиёи Миёна оид ба фаровонии оби ошомидани мавқеи хоса дорад. Хусусан дар замони муосир, ки зери таъсири амалҳои инсон табиат ва иқлими сайёра ба хатарҳои экологӣ ру ба ру мебошад, пешниҳоди Пешвои миллат саривақти ва бонги изтироби шахси дурандешу дилсузи сайёра арзёбӣ мешавад. Тазаккур бояд дод, ки зимни масоили дар боло зикр гардида Алломаи Машриқзамин Абуали ибни Сино нигоштаҳои зиёде ба мерос гузоштаанд.

Абуали ибни Синоро аз китоби “Қонуни тиб” роҷеъ ба масоили шинохти об қайд намудааст, ки “Беҳтарини обҳо оби чашмасорон бошад, вале на ҳар гуна чашма, балки оби чашмаҳое, ки аз замини дорои гили холис берун оянд ва ҳеҷ як аз ҳолатҳову кайфиятҳои бегона бар хоки он чой ғолиб набошад. Ё оби чашмаҳое бошад, ки аз санг берун оянд, зеро ин беҳтар буда, уфунати замини напазируфта бошад. Бидон ки обҳои аз роҳи гили раванда беҳтар аз обҳое бошад, ки аз болои сангҳо равон бошанд, зеро гил обро пок созад ва чизҳои бегонаи бо он омехтаро ба худ гирифта, онро равшан кунад. Санг бошад чунин коре нахоҳад кард.

Лекин гиле , ки гузаргоҳи об аст, бояд гили пок бошад , на шура ва ғайри он. Сипас обе беҳтар бошад , ки ру ба сӯи шимол равон аст. Оби ру ба сӯи мағриб ва ҷануб дошта бад аст, хусусан ҳангоми вазидани боди ҷануб бад аст. Дар мавзӯи санҷидани ҳоли об чунин баён гардидааст: “Бидон, ки андар санҷидани ҳоли об вазн яке аз дастуроти натиҷабахш аст. Зеро оби сабуктар андар бештари ҳолатҳо беҳтарин об бошад. Вазн гоҳе бо паймонаҳо санчида шавад ва гоҳе бадин тариқ , ки ду пора латтаро ва ё ду пора пахтаро, ки вазни ҳар ду баробар бошад, андар ду оби гуногун тар намоянд ва сипас ба дараҷаи расо онҳоро хушк кунанд. Баъд, онҳоро бар кашанд, пас обе, ки пахтаи он сабуктар аст, беҳтар бошад”.

Дар мавриди истеъмоли об фоида ва зарари он ба саломати инсон чунин омадааст: “Оби ба миқдори муътадил сард созгортарини обҳо барои тандурустон бувад , вале асабро ва худованди омосҳои андомҳои даруниро зиён дорад. Вай аз ҷумла чизе бошад, ки иштиҳо биангезад ва меъдаро қавӣ созад. Аммо оби гарм гувориданро табаҳ кунад, таомро бар сари меъда бигардонад ва ташнагиро зуд нашканад. Дар китоби мазкур роҷеъ ба сифат, хусусиятҳои табобати ва нафъу зарари об бисёр дастурҳои хуби ба дард бархурдоре дарҷ гардидаанд ,ки омӯзгорони фанҳои химия, география, экология ва роҳбарони синфҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умуми метавонанд ҳамчун абёти иловагӣ ҳангоми дарсҳо истифода намоянд то, ки хонандагон ба ҳифзи пиряхҳо аз гармшавии иқлим зери таъсири газҳои гармхонаи ва партовҳои корхонаҳои азими саноатӣ, ки боиси ифлосии обу иқлим мегарданд ва баҳри беҳдошти он саҳмгузор бошанд. Инчунин, истифода аз китоби мазкур савияи дониши хонандагонро баланд бардошта нигоҳи онҳоро ба табиат ва об созгор месозад.

Каримов Ибодқул, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд 

 

Ҳангоме ки калимаи Ватанро кас ба забон мегирад, онро ҳиссиёти аҷибе фаро мегирад. Зеро Ватан ин модар ва сарзамини зиндагонии мост. Ҳифзи он вазифаи имониву ҷонии ҳар яки мо буда, ин меҳани муқаддасро бояд беш аз ҳарвақта дӯст дорему муҳофизат намоем.

Ватани азизу муқаддаси мо – ин Тоҷикистон мебошад, ки он дар арсаи ҷаҳон ба кӯҳҳои пурганҷу осмонбӯсаш, бо чашмаҳои шифобахшу мусаффояш, бо замини ҳосилхезу тамаддуни оламгираш маъруф гаштааст.

Имрӯз миллати тоҷик дар шукронаи  обу хок ва сарзамини ҳамин Ватан аст, ки зиндагонии орому осоиштаро доро мебошад, ки он бевосита аз Истиқлолияти давлатӣ вобаста аст. Зеро истиқлолият кишвари зебои Тоҷикистонро ободтару зеботар намуд. Барои ҷавонон имкониятҳои васеъ дод, то илм омӯзанду соҳиби касб шаванд. Ватанро обод кунанду ояндаи рахшони насли ин миллатро муҳайё созанд, ки ин боиси ифтихорист.

Айни замон дар тамоми дунё шахсоне вомехӯранд, ки бо падидаҳои номатлуби терроризмӣ тамоми ҷаҳонро ба такон овардааст, ки ин гуна амалҳо на танҳо барои кишварҳои алоҳида ё минтақаҳои муайян, балки барои тамоми сайёра ва ҷомеаи осоишта хатари бузург доранд.

Дар ҷаҳони имрӯза якчанд созмону ҳаракатҳои дорои характери террористӣ фаъолият менамоянд. Ҳадафи онҳо дар ғайриқонунӣ бесубот намудани ҷомеа ва сарнагун кардани давлат ба ҳисоб меравад. Онҳо мехоҳанд,ки сарзамини ободгашта ба харобазориҳо мубаддал гардаду сулҳу суботаз байн равад.  Заминаҳо ва омилҳои ба вуҷудоии терроризм гуногун буда, баъзан онҳо дар дохили як кишвари муайян зуҳур мекунанд ва гоҳе барои ривоҷи онҳо аз хориҷ кӯмаки молиявӣ расонида мешавад.  Барои анҷом додани амалҳои носолими худ онҳо аз нерӯи ҷавонон истифода карда, онҳоро бо ҳар роҳу восита  ба дами худ меафкананд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси таҳдидҳои афзояндаи гурӯҳҳои ифротӣ ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ бо пайгирӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа, муборизаро дар ин самт пурзӯр менамояд.  То ки ин амалҳои номатлуби терроризмӣ аз байн бурда шаванд.

Аслан, омилҳо ва сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба ин равия вобаста аст ба муҳоҷирати меҳнатӣ, хусумати мазҳабӣ ва ё динӣ, коста гардидани вазъи иқтисодӣ, бекорӣ, муҳити носолими оилавӣ, пайдо накардани мавқеи худ дар ҷомеа ва ғайраҳо зоҳир мегардад. Бинобар ин  гурӯҳҳои террористи аз ин омилҳо истифода бурда ғояи ҷавононро дигаргун намуда, онҳоро зидди қонун ва сиёсати мамалкат равон месозанд.

Аз ин лиҳоз бояд ҳар як ҷавонон ва сокинони мамлакат бояд ҳушёриӣ ва зиракии худро аз даст надиҳанд. Ба ҳаргуна суханҳои фирефтаи ифротгарӣ аҳамият надиҳанд. Худ ва аҳли дустонро аз чунин амалҳои  носолим эмин нигоҳ дранд. Барои ободӣ ва сулҳу соботи кишвар меҳру муҳаббати худро равон намоянд. Зеро имрӯз шукрона бояд кард ки Тоҷикистони азизамон осмони софу беғубор, зиндагии орому осоишта дорад. зеро сулҳу Ваҳдат беҳтарин неъмати ҳаёти инсон, орзуву ормони модарон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон ва ҳастии инсон дар замину замон аст.

 Акбарова Н. А., ассистенти кафедраи моли ва қарз

       Терроризму экстремизм яке аз омилҳои хатарнок ва даҳшатовари ҷомеа мебошад, ин он имрӯзҳо кулли аҳолии сайёраро ба таҳлука андохтааст. Ин падидаи номатлуб сабабгори бадбахтии инсоният буда, пайравони ташкилотҳои террористиву экстремистӣ миллионҳо кӯдакро бесаробон гузоштанд, хонаҳоро вайрон карданд ва то ҳол ба тақдири ояндаи насли инсон таъсири бениҳоят манфӣ расонида истодаанд. Хавфу хатари гурӯҳҳои ифротгароро ба инобат гирифта, метавон тазаккур дод, ки имрӯзҳо терроризм яке аз масъалаҳои муҳимтарин ба ҳисоб рафта, ҷомеаи ҷаҳониро водор месозад, ки барои ҳалли ин мушкилии мудҳиши глобалӣ бо ҳамдигар муттаҳид шуда, дар якҷоягӣ фаъолият намоянд. Бо дарназардошти оқибатҳои даҳшатовари ин зуҳуроти номатлуб Президенти кишварамон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб дар ҳама баромадҳояшон муҳимияти ин масъаларо махсус қайд менамоянд: “Терроризм ва ифротгароӣ бо ҳамлаи оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаҳои ҷиддитарини инсоният дар қарни XXI табдил ёфтааст. Бинобар он зарур аст, ки фаъолияти тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятиро барои таъмини боэътимоди сулҳу субот, ҳаёти осоишта ва амнияти кишварамон равона созем”.

         Яке аз мақсадҳои асосии гурӯҳҳои ифротгаро бо роҳи куштору хунрезӣ ва ваҳшоният ҷомеаро ба худ тобеъ намуда, ҷаҳони тақсимшударо аз нав тақсим намудан аст. Пайравони ташкилотҳои террористӣ, ки мутаасифона қариб дар ҳамаи давлатҳои дунё фаъолият мебаранд, барои расидан ба мақсадҳои касифи худ ҳамеша роҳҳои зӯроварӣ, куштор, таҳдид ва хунрезиро ба кор мебаранд. Дар таърихи навини инсоният вомехӯранд воқеаҳои мудҳише, ки пайравони гурӯҳҳои ифротгаро ба мардум зарари бениҳоят калон расонида, тамоман аз чаҳорчӯбаи ахлоқи инсонӣ баромадаанд. Вақте ҳамаи ин ҳодисаҳоро таҳлил мекунем, маълум мегардад, ки решаи ҳамаи ин иғвогариву бесарусомониҳо дар ҷоҳиливу бесаводист, зеро инсони бомаърифат ҳаргиз ба гурӯҳи террористӣ, ки мақсадаш фақат куштор аст, шомил намешавад, як инсони соҳибмаърифат ҳеҷ гоҳ боиси бадбахтии инсони дигар нахоҳад шуд.

         Ташкилотҳои террористиву экстремистӣ барои расидан ба мақсадҳои нопоку разилонаи худ дини мубини исломро ҳамчун ниқоб истифода бурда, номи поку беолоиши онро дар ҷомеа доғдор месозанд. Ин ҷоҳилону гумроҳон ҳангоми амалӣ намудани кирдорҳои ваҳшатбор намедонанд, ки бо кадом мақсад боиси бадбахтиҳои зиёд мешаванд, ҳам  худро ва ҳам ҷони ҳазорон одамони бегуноҳро қурбон мекунанд. Мусаллам аст, ки дар ягон оят ва ҳадисҳои исломӣ оиди куштору хунрезӣ ва ваҳшоният сухане наёмадааст. Баръакс дини мубини ислом кулли мусулмонони дунёро ба муттаҳидӣ, якдилӣ ва ваҳдату ягонагӣ даъват намуда, чунин таълимот медиҳад, ки новобаста аз забон, наслу нажод ва вазъи иҷтимоӣ мусулмонон бояд бо ҳамдигар ҳамчун бародар ғамхору меҳрубон бошанд. Дар ин бора низ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бомаврид қайд намудаанд, ки террорист ватан, миллат, забон, дину мазҳаб надорад ва душмани Худову бандаҳои Ӯст. Пешвои миллат дар ҳама баромадҳои худ ташкилотҳои террористиву экстремистиро маҳкум намуда, бар он ақидаанд, ки омехта намудани ин зуҳуротҳои нангин бо дини мубини ислом кори нодуруст аст. Чи тавре ки шоир фармудааст:

                                   Ислом ба зоти худ надорад айбе,

                                   Ҳар айб, ки ҳаст дар мусулмонии мост.

 

Мо- ҷавонони Тоҷикистон ҳамун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар пайравии сарвари оқилу хирадманди хеш бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, бо терроризму экстремизм муборизаи беамон барем ва барои ҳифзи сулҳу ваҳдат ва амнияти кишвари маҳбубамон ҷаҳду талош варзем. Ҳамеша кӯшиш намоем, ки насли ояндаи миллат дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва ватанпарастӣ тарбия ёфта фирефтаву гумроҳи ташкилотҳои ифротгаро нагарданд.

Каримов Ибодқул, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд 

Назару интизорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҷавонон бисёр нек ва баланД мебошад. Бинобар он Ҳукумати мамлакат барои дастгирии ҷавонон дар раванди илму фарҳанг ва маданияти комил  бисёр ғояҳои бузург пешниҳод карда истодааст. Зеро  ҷавонон ояндаи миллат ва пойдевори давлати азизамон мебошанд, ки тавассути меҳру муҳаббат ва нишондодҳои бузурги кирдорҳои онҳо  мамлакати  азизамон ба пеш меравад.

Инчунин  Президенти кишвар ҳангоми ҷаласаи нахустани шӯрои мазкур мақому рисолати ҷавононро дар давлати миллӣ чунин таъриф намуданд: “Аз баракати истиқлолияти  давлатӣ имрӯз дидгоҳ ва ҷаҳонбинии ҷавонон ба куллӣ тағйир ёфта, сатҳи одобу маърифат ва муносибати онҳо ба зиндагӣ ва иштирокаҳшон дар корҳои давлативу ҷамъиятӣ бомаротиб беҳтар шудааст. Онҳо нисбат ба ҷавонони охири асри гузашта ба масъалаҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ назари ниҳоят фаррох доранд”.  Ин гуфтаҳои Ҷаноби олӣ бениҳоят бузург буда, ҳиссиёт ва муҳаббати  ҳар як ҷавононро баланд мегардонад.

Айни замон бо сад афсӯс сомонаҳое, мавҷуданд, ки бо ваъдаю суханҳои фирефтаи худ фикру ахлоқи ҷавонони имрӯзаро вайрон карда истодаанд. Ба монанди  Bomdod.com , ки яке аз қабили чунин сомонаҳо мебошад.  Имрӯзҳо ки дар арсаи ҷаҳон телекоммуникатсия хеле авҷ ёфта истодааст, бинобар он бисёр ҷавонон ба иентернет бисёр вақти худро гузаронида, ба чунин сомонаҳо ворид гашта истодаанд. Сухану ваъдоҳои ноҷолиб ва фирефтаи ин сомонаҳоро гӯш карда истодаанд, ки ин боиси ифтихор нест. Зеро мақсади  онҳо бо ин суханҳо дурӯғи худ дар он зоҳир мегардад, ки  сулҳу суботро аз кишвари азизамон мағлуб намуда, давлатамонро ба давлатҳои харобазор табдил диҳанд. 

Бо ин мушкилиҳо, яъне чунин сомонаҳо имрӯзҳо тамоми дунё дар ҷунбиш мебошад, зеро чунин сомонаҳо дар тамоми мамлакатҳои дунё фикру ахлоқи ҳамидаи шаҳрвандонро вайрон намуда истодааст, ки ин вайрониҳо сулҳу суботи бисёре аз мамлакатро мағлуб намуда, давлатро ба харобазорҳо табдил дода истодааст. Бинобар ин ҳар як ҷавонон ба ин гуна сомонаҳо ба монанди Bomdod.com  ворид нагарданд ва ба ягон суханҳои дурӯғи онҳо аҳамият надиҳанд. Худ ва ёру наздиконро аз чунин сомонаҳо эмин нигоҳ доранд. Зеро маърифати дурустии онҳо метавон боз ҳам дар самтҳои гуногуни ҳаёти кишвар, аз ҷумла, дар соҳаи варзиш, илм, ихтирооту навоварии техникӣ  давлати азизамон ба муваффақиятҳои бештар ноил гардад. Инчунин ҳар як ҷавонон бояд дар ёд дошта бошанд,  ки бо ташабусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссси арзишманд мегузоранд. 

 

    Акбарова Н. А.., Ассистенти кафедраи моли ва қарз         

 

 

 

 

 

 Дар баромадҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор карданд, ки   террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст. Ингуна нерӯҳо аз номи Ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги волои Исломро пиёда месозанд.

         Гурӯҳҳои бадхоҳ барои амалӣ сохтани нақшаҳои бадашон аз дини ислом сӯистифода менамоянд, то ба нияту ғаразҳои худ ноил шаванд. Чунин намунаро мо дар амалҳои ташкилоти террористии ҲНИТ алакай мушоҳида намудем ва хулосаҳои худро дорем. Дар асл ҳар иғвоангез ва гурӯҳҳои иртиҷоӣ мехоҳанд дар кишвар нооромӣ ҷорӣ созад, зеро бадхоҳ ва душман тараққӣ, сулҳу субот ва оромии ҷомеаро намехоҳад.  

Терроризму экстремизм моли ягон дин ва ё миллат нест. Ин инсонҳоянд, ки аз ноогаҳиву гумроҳӣ ва ё аз рӯи ин ё он сабаб ё манфиат ифротгаро мешаванд. Дини мубини Ислом ҳеҷ яке пайравонашро ба ифроту тафрит даъват накарда буд ва намекунад. Бешак, дини мубини Ислом ҳар гуна хушунат ва ифротгароиро, сарфи назар аз он ки ифроти сӯистифодашуда аз дин бошад ё ғайридинӣ, маҳкум менамояд. Ин дин ҳамеша пайравони худро ба эътидол ва миёнаравӣ даъват менамояд.

Имрўз терроризм ва ифротгароии муосир бо худ хислати оммавиро соҳиб гашта, дар он мутаассифона на танҳо гурӯҳҳои сиёсӣ, балки иттиҳодияҳои миллӣ ва динӣ, ки дар асоси манфиатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ташкил шудаанд,  низ ҷалб карда шуда истодаанд, ки ба сулҳу субот ва ба амнияту осудагӣ аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар меоварад. Терроризм имрӯз чун силоҳи асосии расидан ба манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодии гурўҳу иттиҳодияҳо мубаддал гашта, террорист ва ифротгар ҳамчун ашхоси иҷрокунанда ва воситаи расидан ба мақсадҳои ғаразноки онҳо табдил гаштааст. Вале ин ҳама наметавонад асоси пешрафти фаъолият ва ҳукмронии даҳшатангезонаи ин ниҳодҳо бошад, зеро то ба ин замон таърих гувоҳ аст, ки ягон шахс, гурӯҳ, ҳизб, ҳаракат ва инчунин,  соҳибдавлате агарчанде соҳиби тамоми иқтидор бошад ҳам, бо зӯрӣ, бимдиҳӣ ва куштору ғорат натавонистааст пояҳои давлатдориро, сулҳу субот ва амнияти дар ҷомеа таъмин бударо вайрон намояд.

         Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як шаҳрванд ҳимояи Ватани худ чи дар хона, чи дар сарҳад, чи дар деҳа ва ғайраҳо мебошад. Пас, мебояд, ҳар яки мо ҳимояи Ватанро тариқи фаҳмндадиҳӣ, огоҳонидани мардум ва макру ҳилаи душманон, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи баланди ватанпарварӣ ба роҳ монем.

 

Исмоилова С.К., ассистенти кафедраи МО ва Ф

ДПДТТХ ба номи М.С.Осимӣ.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

           Оре , ҳақ бар ҷониби гуфтаҳои шоир, Ватан – ин сарзамини ҷовидонӣ ва нурафшони ҳар як зодааш аст, ки баҳри ҳар як  зодагони худ аз ҳама ҷои поку биҳиштосор ба ҳисоб меравад. Ин маконест,  ки обу ҳавояш дар димоғ, нону хокаш дар дил то абад боқи бимонад.  Ватан – ин сарнавишти қисмати ҳар як инсон аст. Зеро агар модари аслии ҳар як шахс ӯро ба дунё оварда бошад, пас Ватан баҳрамон дасти навозишкорона гузошта, баро идомаи зиндагии рангин оғӯш кушодааст. Ин макони муқаддасест, ки ҳар яки инсон дар инҷо чашм кушода, нахустин қадами худро дар ин макон гузоштааст. Бинобар он дар тамоми олам баробари якчанд муқаддасот нақш ва мақоми Ватанро баланд медонанд.

Ватани азизу меҳрубони мо, сарзамини шоирону бузургони дунё- ин Тоҷикистон мебошад, ки дар арсаи ҷаҳон бо миллати бофарҳангу ниёгони шоиста машҳур аст. Тоҷикистон сарзамини сулҳу ободӣ ва илму фарҳангест, ки ҳамун давлати соҳибистиқлол мунтазам рушд ёфта истодааст. Ин маконест, ки   ҳар як пораи замини он меҳрофарину дилнишин, бузургмардуму дилфиреб аст, ки меҳри бузурги ин сарзамин барои ҳар як зодааш дар дилу ҷон аст.  Ин сарзамини ниёгони макони бузургони хирад, оқилону фарзонагон ва шӯҳратмандон, ки оламиён васфашон мекунанд, ба ҳисоб меравад

Тоҷикистони азиз бад аз он ки соҳибистиқлол гардид ба тамоми ба тамоми ганҷинаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ мушарраф гардид. Аз ин хотир, ҳар як фарди тоҷику Тоҷикистонро зарур аст, ки барои ҳифзи арзишҳо ва манфиатҳои миллиӣ саъю кӯшиш бикунанд, ба Ватан содиқона хизмат намоянд.ба дастовардҳои пешравӣ нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалт Раҳсон дар пойдории Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва бунёди ҷомеаи демократии адолатпарвар хеле бузург аст. Бо заҳматҳои шабонарӯзӣ ва талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд иқтисодиёти кишвар бо суръати баланд рушд ёфта, сатҳи зиндагии мардум беҳ гардид.

 Зеро дар таърихи навта ини миллати тоҷик нақш ва мақоми Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст.  Ӯ чун фарзанди барӯманд ва ғамхори  миллат далати худро саҳми арзанда гузоштааст. Давраи роҳбарии муҳтарам Эмоммалӣ Раҳмон , ки бахти миллати тоҷик , зиёда аз чоряк  асрро дар бар мегирад, замони гул-гулшукуфии асосҳои бунёдии давлати миллии тоҷикон мебошад.  Агар асри 10 дар замони салтанати Сомониён давраи тиллоии тараққиёти илм ва адаӣиёту фарҳанг ёдоварӣ шавад, пас замони роҳбарии Пешвои миллат  яке аз замони беҳтарин ва боломақоитарини миллати тоҷик ба шумор меравад. Зеро миллати тоҷик бо сулҳу субот, илм , фарҳанг ва маданияти баланди инсонӣ сазовор гаштааст.

Акбарова Н.А.

Ассистенти кафедраи молия ва қарз

ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ

 

 

Дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ, ки имрӯз мамлакатҳои љаҳонро фаро гирифтааст, боиси пайдоши падидаҳои номатлуби замон, амсоли терроризм, экстремизм ва сепаратизм гардида равобити байналмилалии кишварҳоро ноором сохта, ба амнияти онҳо таҳдидҳо эљож менамояд. Нигаҳдории осудагиву суботи сиёсӣ, ваҳдат ва якпорчагии Тоҷикистони маҳбуб, аз вазоифи аввалиндараҷаи Ҳукумату роҳбарияти мамлакат маҳсуб ёфта, ҷомеаи шаҳрвандии моро водор менамояд, ки дар ин масъала бетараф набошанд.

Терроризм ва экстремизм вожаҳои нав набуда, дар тӯли таърихи инсоният арзи ҳастӣ намуда, фаъолияти онҳо дар аксари ҳол бо иҷрои супоришоти фармоишгарони сиёсӣ ва гурӯҳҳои алоҳида ба тарсонидан ва куштори чеҳраҳои намоёни замони хеш равона карда шуда буд ва дар акси ҳол, дар замони муосир он хусусияти гурӯҳиро ба худ касб намуд, ки асосан бо воситаи зӯроварии гурӯҳҳо ва ҳизбҳои манфиатҷӯ муқобили давлат - ҳамчун субъекти сиёсӣ, баромад намуда, аз дигар тараф, хатари таҳдиду зӯровариро нисбати аҳолии осоишта ба амал мебарорад.

Пӯшида нест, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо вазъият дар баъзе манотиқи курраи замин, алалхусус, мамлакатҳои мусалмоннишин ба таври куллӣ тағйир ёфта, ҷангу хунрезиҳо мушоҳида карда мешавад ва ба ҳамагон маълум аст, ки ин гурӯҳҳои террористӣ барои анҷоми аъмоли ваҳшиёнаи хеш ба мазҳабу дин такя мекунанд, вале куштору ғоратгарӣ, ваҳшоният, хунрезӣ, одамрабоӣ ва хатарэҷодкунӣ нисбати аҳолии осоишта бо арзишҳои динӣ, бавижа дини мубини Ислом алоқамандие надоранд.

Дарки мафҳумҳои дар боло зикршуда аст, ки Роҳбари муаззами кишварамон аз аксар минбарҳои баланди байналмилалӣ ва инчунин, Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии кишвар терроризм ва экстремизмро маҳкум намуда, аз дину мазҳаб, ватан ва миллат надоштани он таъкид мекунанд.

 Дар таблиғи ақидаҳои террористӣ ва экстремистӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақаҳои гуногуни кураи замин манфиатдоранд ва ин андешаҳоро миёни ҷомеаи осоишта, алалхусус, ҷавонон таблиғ ва интишор менамоянд. Дар айни ҳол гурӯҳҳои террористии ба ном “Давлати исломӣ”, “Ҳизбуттаҳрир”, “Ҳизбуллоҳ”, “Ал-қоида”, “Боко-Ҳарам”, “Толибон” ва инчуин ҲНИ низ барои анҷомдиҳии ғаразҳоии сиёсӣ ва ақидаҳои ифротии худ фаъолият доранд.

Ин ҳолатҳо асосан дар Шарқи Наздик, Осиё, Русия, Африқои Шимолӣ, баъзе манотиқи Аврупо ва Афғонистони ҳамсоякишвари мо ба назар мерасанд, ки ин баёнгари ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир мубаддал гаштани ин зуҳуроти номатлуб мебошад.

Терроризм ва экстремизми муосир дар даҳсолаҳои охир бо прогресси илмӣ ҳамқадам ва дорои яроқу аслиҳаҳои гуногуннамуди қатли ом гашта, ҳатто дар ихтиёр васоити ахбори омма ва тарзҳои интиқоли иттиллот, инчунин механизми муосири таблиғотиро низ ба даст овардидааст.

Терроризм ва экстремизми муосир бо худ хислати оммавиро соҳиб гашта, дар он мутаассифона на танҳо гурӯҳҳои сиёсӣ, балки иттиҳодияҳои миллӣ ва динӣ, ки дар асоси манфиатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ташкил шудаанд,  низ ҷалб карда шуда истодаанд, зеро терроризм имрӯз чун силоҳи асосии расидан ба манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодии онҳо мубаддал гашта, террорист ва экстремист ҳамчун ашхоси иҷрокунанда ва воситаи расидан ба мақсадҳои ғаразноки онҳо табдил гаштааст. Вале ин ҳама наметавонад асоси пешрафти фаъолият ва ҳукмронии даҳшатангезонаи ин ниҳодҳо бошад, зеро то ба ин замон таърих гувоҳ аст, ки ягон шахс, гурӯҳ, ҳизб, ҳаракат ва инчунин,  соҳибдавлате агарчанде соҳиби тамоми иқтидор бошад ҳам, бо зӯрӣ, бимдиҳӣ ва куштору ғорат наметавонад пояҳои давлатдории хешро мустаҳкам гардонад, балки ин амал боиси шикаст, хорӣ ва залилии он гардида метавонад.

Дар ин росто, боз ҳам аз суханони қотеъ ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мубориза бо терроризм ва экстримизм фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд ва истифодаи “сиёсати дугона” нисбат ба терроризм ва экстримизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад - гӯён таъкид месозанд, хело бомаврид буда, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналхалқӣ, ки мубориза бо терроризм ва экстремизмро маҳаки кори хеш қарор додаанд, заминаи муҳим ва ҳушдори бамаврид маҳсуб меёбад.

 

Исмоилова С.К.,  ассистенти кафедраи МО ва Ф

ДПДТТХ ба номи М.С.Осимӣ.