27.09.1964

Номзади илмҳои химия, дотсент

 

Тав.: шаҳри Хуҷанд, аз хонадони хизматчӣ. Таҳсил: мактаби миёнаи №7 шаҳри Хуҷанд (с.1971-1981). Хатмкардаи факултети табиатшиносию географияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи С.М.Киров (с.1986). Лаборанти калон дар Филиали Институти политехникии Тоҷикистон дар шаҳри Ленинобод  (с.1986 - 1988), муҳандис – тадқиқотчии Институти политехникии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (с.1988-1989), аспиранти Донишкадаи бофандагии шаҳри Москва ба номи А.Н. Косигин (с.1989-1993), муаллими калони кафедраи физика ва химияи Филиали хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (с.1993-1998), дотсенти кафедраи физика ва химия (с. 1998-2007),  мудири кафедраи физика ва химия (с. 2007-2009), декани факултети механикии ФХДТТ ба номи академик М.Осимӣ (с.2009-2010),  мудири кафедраи химия ва илмҳои ғизоии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ (с.2010 - 2012), сардори шуъбаи илм ва инноватсияи ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ (с.2012-2014), и.в. муовини директор оид ба илм ва инноватсия (с. 2014-2014), сардори шуъбаи илм ва инноватсия (с.2014-2018),  аз моҳи январи соли 2018 сардори шуъбаи идораи сифат ва банақшагирии стратегии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Аввалин маротиба усули нави синтези арилтрихлорпиридинҳоро ихтироъ намудааст, моддаҳои синтезкардашуда дар истеҳсолот барои рангкунии маҳсулоти бофандагӣ истифода шудааст.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Зимни ширкат дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни химия соли 2014 шогирди ӯ ба ишғоли ҷойи 3 ноил гардид.

Муаллифи 4 ихтироот, 21 дастур ва маводи таълимӣ, 58 мақолаҳои илмӣ мебошад.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Аъзои ҳақиқии Академияи илмҳои Ню–Йорк аз соли 1994;

Барандаи «Ҷоизаи ҷавонони вилояти Суғд» дар соли 2004;

Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2008;

Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2010.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.