21.09.1959

Номзади илмҳои техникӣ

 

Тав.: ноҳияи Нови (ҳозира Спитамен) вилояти Суғд, аз оилаи  зиёӣ. Таҳсил: мактаби миёнаи № 2 ноҳияи Нов (Спитамен, с. 1966-1976). Хатмкардаи  факултети гидромелиоратсияи  Донишкадаи  хоҷагии  қишлоқи   Тоҷикистон  дар  шаҳри  Душанбе.  Ходими  илмии  Филиали тоҷикистонии Пажӯҳишгоҳи  илмӣ-тадқиқотии гидротехника ва мелиоратсияи ба номи  А. Н. Костяков  (с.1983-1991), сармутахассиси  маркази тиҷоратии  Ҷамъияти  саҳомии  деҳқонӣ  дар  назди  агрокомбинати “Хуҷанд”,  ноҳияи Б. Ғафуров (с. 1992-1995), иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи  сохтмони  Филиали  хуҷандии  Донишгоҳи  техникии Тоҷикистон  ба номи  академик  М. С. Осимӣ (с. 1993-2010), омӯзгори калони кафедраи сохтмони Донишкадаи  политехникии  Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  дар  шаҳри  Хуҷанд   ба  номи  академик  М. Осимӣ (с. 2010-2013), декани  факултети  муҳандисӣ -  энергетикӣ (с. 2013-2015), декани факултети муҳандисӣ - технологии  ДПДТТ ба номи академик М. Осимӣ (с. 2015-2019). Аз соли 2019 эксперти шӯрои экспертии донишкада. 

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Дар мавзӯи “Азхудкунии заминҳои калоннишеби фурӯравӣ-лёссӣ” тадқиқоти илмӣ гузаронида, соли 1991 ба гирифтани дараҷаи номзади илмҳои техникӣ ноил гардидааст. Самти таҳқиқоти илмӣ коркарди технологияи бартарафкунии фурӯравии хокҳои зарди фурӯнишин (лёссӣ), шабакаҳои обёрикунӣ дар заминҳои калоннишеби доманакӯҳӣ, тарзи муайянкунии элементҳои техникаи обёрӣ, моделронӣ барои пешгирии ҷаршавии шебҳо дар ҳолати обёрӣ ва сохтмони иншоотро дар бар мегирад. Муаллифи зиёда аз 40 мақолаҳои илмии соҳаҳои сохтмон, меллиоратсия ва иншооти гидротехникӣ мебошад.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Дар тарбия ва омодасозии мутахассисони соҳаи сохтмон ва сохтмони иншооти гидротехникӣ  ҳиссагузор аст. Дар давоми фаъолияти педагогӣ бештар аз 12 маводи таълимӣ, маҷмӯи лексияҳо коркард намудааст.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ифтихорномаи раиси шаҳри Хуҷанд, соли 2013;

Сипосномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2018;

Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2019.

Робита:  Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.