Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,

Дар ғамкадаи замона ғамхори нест.

Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ,

Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.

 

Китоб рафиқи беғароз, дӯсти беҳтарин, ҳамсӯҳбати ҳамадон, ҳамрози хомушу пурбаён ва маслиҳатгару насиҳатгари китобдӯстон буда мутолиаи бевоситаи он ба ҳаёти ҳар як мутолиакунанда аҳамияти басо бузург дорад.

Чашми хиради мо боз мешавад ва дунёро рангин назора мекунем, ҳангоми хондан ва мутолиа намудани китоби шавқовару ҳикматдор.

Адабиёти классику форси тоҷик бисёр ҳам ғанӣ ва бой аст. Ҳамаи он китобҳое, ки аз давраи А. Рӯдакӣ то имрӯз ба табъ расидаанд хоҳ ба тариқи назм ва хоҳ ба тариқи наср навишта шуда бошанд пур аз мавзӯҳои панду ҳикмат, инсондӯстӣ, ватанпарастӣ, мазаммати қувваи бадӣ, орзуи ҷамъияти обод, сулҳу оромӣ, дӯстӣ, ҳақпарастӣ ва ғайраҳоро дар бар мегиранд.

Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сардафтари адабиёти форсу тоҷик мегӯяд:

Инҷаҳонро нигар ба чашми хирад,

Не бод-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.

Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ,

Киштие соз то бадон бигзарӣ.

Барои чашми хирадамонро боз намудан мо бояд ҳатман ба китоб рӯй оварем ба мутолиаи китоб машғул шавем бо ин амали худ ба кору фаъолияту зиндагии худ лаззату маззаи дигаре ворид созем.

Аниси кунҷи танҳои китоб аст,

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.

Китоб ҳамрози беминнат ва ҳамсӯҳбати ҳамадон буда мутолиаи китоб инсонро аз бехиради ба доноӣ аз торикӣ ба равшанӣ аз ноумеди ба сӯи умед мебарад.

Мутолиа намудани китоб новобаста аз чигунагии он хоҳ дарсӣ бошад хоҳ бадеӣ ё ин ки илмӣ ба хонанда аҳамияти басо калон дорад, ба рӯҳу равон тавон бахшида нутқро бурро месозад, фикрронии хонандаро мукаммал сохта, суханрониашро равон мекунад.

Пешвои муаззами миллат, асосгузори сулҳу ваҳдати миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таи чанд соли охир озмунеро бо номи “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз хазинаи президент ташкил намудаанд, ки дар сар то сари ҷумҳурӣ озмун гузаронида мешавад ва беҳтаринҳо бо мукофотҳои пулли сарфарозонида мешаванд, сарвари давлат бо мавзӯҳои пучу бефоида, даст намезананд, албатта мавзуи китобу китобхонӣ ва аҳамияти мутолиаи китоб мавзуи басо барои ҷомеа зарурӣ ва даркорӣ мебошад, ҳамаи аҳолиро новобаста аз синну солу касбу фаолият ба китобхони даъвату водор намудан амали хайр аст, миннатдории худро ба ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонем барои ташкилу баргузории озмуни “Фурӯғи субҳи донои китоб аст”.

Хондани китоб, ки дар даст медорем ва варақ гардонида ба хондан идома медиҳем аз хондани китоби электронӣ, ки тавассути телефон ё компютер сурат мегирад, маззаву лаззати дигаре дорад.

Хондани китоби хуб хислати инсонро ба кулли дигар месозад, мутолиаи китоб инсонро ба фикр кардан водор месозад, фарқ гузоштан байни ҳодисаву воқеа ва хислату корнамоиҳои қаҳрамононро дар вуҷуди хонанда бедор месозад.

Мо ҷавонон, насли ояндасози миллат бояд ҳамеша ба мутолиаи китоб машғул шуда аз аҳамияти бузурги он бархурдор шавем ва дар ободиву сарсабзӣ ва пешравиву оромии кишвари хеш саҳм гузорем.

 

Сайёд Ашӯров, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд