28 октябри соли равон вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати баррасии вазъи иҷрои стратегияву барномаҳои давлатӣ, ҳолати ҳуҷҷатгузорӣ, кадрӣ ва таълимию тарбиявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи васеи корӣ баргузор намуд, ки дар он сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори Вазорати маориф ва илм, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Хуҷанд, сардори раёсати маорифи вилояти Суғд, деканҳои факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва омӯзгорону кормандони донишкадаву донишгоҳҳо иштирок намуданд.
Нахуст вазири маориф ва илм аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки омода намудани мутахассисони баландихтисос яке аз вазифаҳои асосие мебошад, ки Пешвои муаззами миллат дар назди мо гузоштаанд. Аз ин рӯ, ин масъала пайваста мавриди таваҷҷуҳи Вазорати маориф ва илм қарор дорад. Маҳз ба ҳамин хотир мо тасмим гирифтем, ки дар ин ҷаласа вазъи иҷрои стратегия ва барномаҳои давлатӣ, қарорҳои ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм, ҳуҷҷатгузорӣ, вазъи кадрӣ ва таълимию тарбиявии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии воқеъ дар шаҳри Хуҷандро мавриди таҳлилу натиҷагирӣ карор диҳем.
Сипас оид ба масъалаҳои мавриди назар сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илм Наврӯз Мирзозода баромад намуд. Зикр гардид ки таҳлили фаъолияти сесолаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят нишон дод, ки дар ҳама самтҳои фаъолият баробари дастовардҳо баъзе камбудию норасогиҳо дида мешавад, ки ба сифати таҳсилот, сатҳи донишазхудкунии донишҷӯён ва омодасозии кадрҳои баландихтисос таъсири манфии худро мерасонад.
Раҳим Саидзода ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва дар муҳлати муайян ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани маълумотнома оид ба ислоҳи камбудиҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар охир аз ҷониби ҳозирин таклифу пешниҳодҳои судманд ироа гардид.
Ёдовар мешавем, ки қабл аз баргузории ҷаласа вазири маориф ва илм бо дастовардҳои омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд шинос гардид.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон