Бо иштироки  ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Давлатзода Қудрат Қамбар, муовини сардори Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Исвализода дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба номи академик Муҳаммад Осимӣ маросими муаррифии директори нави донишкада баргузор гардид

Нахуст директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода меҳмонон ва ҷомеаи меҳнатии Донишкадаро бо ҷашни Рӯзи Президент ва 31 – солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Профессор Давлатзода Қудрат Қамбар зимни баромади хеш аз фаъолияти бобарори директори Донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода дар фосилаи 8 сол сухан намуда, зикр дошт, ки  Донишкада баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегия  ва барномаҳои давлатӣ  дар самти илму маориф нақши муассир дошта, дар миқёси кишвар яке аз пешрафтатарин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Ин боргоҳи илму маърифат дар фосилаи 13 соли фаъолият махсусан дар омоданамоии кадрҳои соҳибтахасссуси соҳаҳои барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ, энергетика, нақлиёт, сохтмон, меъморӣ, технологияи маҳсулоти хӯрокворӣ, иқтисодиёт ва молия саҳми муносиб гузоштааст. Танҳо дар давоми 6 соли охир теъдоди озмоишгоҳҳо аз 25 адад ба 48 адад расонида шуд.

Сипас Давлатзода Қудрат Қамбар фармоиши роҳбарияти Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон оид ба аз вазифаи директори ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд озод намудани Саидӣ Дилафрӯз Раббизодаро бинобар ба кори дигар гузаштан ва ба ҷои ӯ таъин намудани Саъдуллозода Шаҳриёр Саъдуллоро қироат кард.

Шарҳи ҳоли директори навтаъиншуда ба самъи ҳозирин расонида шуд.

Саъдуллозода Шаҳриёр Саъдулло  зимни суханронӣ барои эътимоду боварии Пешвои муаззами миллат, роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, қайд кард, ки минбаъд низ дар такя бо ҷомеаи аҳлу тифоқи донишкада барои пешрафти сатҳи таълиму тарбия аз тамоми нерӯву имкониятҳо истифода хоҳад кард.

Саидӣ Дилафрӯз Раббизода низ барои дастгириҳои ҳамешагии Роҳбари давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва  аҳли коллективи донишкада миннатдорӣ баён намуда, ба ҳайати нави роҳбарияти донишкада барору комёбиҳо таманно намуд.

Шарҳи ҳоли Саъдуллозода Шаҳриёр Саъдулло 

Саъдуллозода Шаҳриёр Саъдулло 14 марти соли 1988 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо ихтисоси муҳандис-электрик мебошад. Фаъолияти меҳнатии хешро чун  ассистенти кафедраи электротаъминкунии факултети энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ оғоз намуда, солҳои 2011-2013 – муовини декани факултети энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимиро бар дӯш дошт. Солҳои  2013-2016аспиранти Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубии Федератсияи Россия буд. Шурӯъ аз соли 2016 то соли 2019 вазифаи мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимиро бар зима дошт. Солҳои 2019-2021 – муовини аввал, муовини ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ буд. Аз соли 2021 то ҳол вазифаи муовини ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ оид ба робитаҳои байналмилалиро бар зима дошт.

Номзади илмҳои техникӣ, дотсент, барандаи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.