Устодони гиромӣ,

Шогирдони азиз!

 Барои мардуми шарифи Тоҷикистон моҳи ноябр чун моҳи муборак ва саодату шодмонӣ дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ёд карда мешавад. Зеро 31 сол муқаддам маҳз дар ҳамин моҳ миллати тоҷик пас аз нобасомониҳо ба рӯзи саодат расид. Дар қасри таърихии Арбоб пас аз интихоби роҳбари ояндаи кишвар, шахсияти мондагори таърихӣ - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарафҳои муқобил ба ҳам омаданд, роҳи ояндаи кишвар дурахшону зиндагӣ ба маҷрои орому осудагӣ баргашт.

 Дар ин иҷлосияи таърихӣ дар баробари дигар масъалаҳои муҳими давлатдории навини тоҷикон ҳамчунин парчами давлатӣ қабул гардид, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.

Иҷозат фармоед, қабл аз ҳама  Шуморо аз номи раёсат бо ҷашни зебои умумимиллӣ -  Рӯзи Парчами  Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик ва муборакбод намоям.

Ин ҷашни муборак ҳамчун рӯзи ид мақоми қонунӣ гирифта, соли равон бори 14 - ум дар сатҳи баланд бошукӯҳ ва шаҳомати калон  таҷлил мегардад.  Мақсад аз таҷлили шукӯҳманди Рӯзи Парчами  Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиром ва қадршиносӣ ба яке аз рамзҳои асосии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муқаддасот  мебошад.

Дар баробари Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ ва забони модарӣ Парчами давлатӣ низ барои мардуми мо муқаддас аст. Парчамро метавон сари баланди халқ номид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Оли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар табрикоташон ба муносибати Рӯзи Парчами  Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши барҷастаи ин рамзи муҳими давлатиро дар таҳкими сулҳу субот, дӯстию якдилӣ ва Ваҳдати халқи азизамон зикр намуда, барҳақ қайд карда буданд:

«Итминони комил дорам, ки Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун таҷассуми умеду ормонҳои мо ҳамеша парафшон хоҳад буд ва зери сояи он мо дар роҳи ободии Ватани азизамон ба дастовардҳои рӯзафзун ноил хоҳем шуд.»

Парчам ифтихор ва сарбаландии миллат аст. Парчамдорӣ барои мардуми мо суннати нав нест. Зеро миллати тоҷик дорои фарҳанги қадимаи давлатдорӣ буда, дар гузаштаи таърих борҳо давлатҳои бузурги худро бо тамоми рукнҳояш арзи ҳастӣ бахшидаст, ки Дирафши Ковиёнӣ ҳамчун яке аз рамзҳои давлатӣ дар ин миён нақш ва мавқеи хосса дошт ва он дар ливои Президенти кишвар имрӯз ҳамчун рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлати миллии мо тасвир ёфтааст.

Бигзор, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бар сари миллати тоҷик ва давлати тоҷикон то ҷовидон парафшон бошад ва моро ба сӯи ояндаи ободу осуда раҳнамоӣ созад!