Самараи истиқлоли миллӣ буд, ки дар баробари рушди ҳамаи соҳаҳо ҷавонон низ бо донишу маърифати худ барои ободии диёр заҳмат кашида меоянд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  мулоқоту вохӯриҳои худ  таъкид менамояд, ки «Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки Истиқлоли воқеӣ ва Ваҳдати миллӣ доштан барои инсон бузургтарин неъмат ва волотарин ормони зиндагист». Воқеан Истиқлолият ва Ваҳдат падидаи бузург аст ва хушбахт миллатест, ки онро ба даст оварда, аз ҳама гуна нокомиву палидӣ пок нигоҳ медорад.

Аммо як зумра нохалафони хоин, ки  аз обу ҳавои Тоҷикистон, нафас гирифтаю гузаштагонашон дар ин хоки пок зиндагӣ намуда, онҳоро ба воя расонидаанд, имрӯз ба пешрафту шукуфоии Тоҷикистон бо чашми ҳасаду бадбинӣ менигаранд ва сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, якдилию якпорчагии халқи тоҷикро дидан намехоҳанд. Тавассути шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ фикру ақидаи муғризонаи худро паҳн месозанд ва мехоҳанд, ки бо ин роҳ ҷавонони кишвари моро раҳгумзада ва фирефтаи дасисаҳои худ созанд.

Дар асл саркардагони  созмони “Паймони миллӣ” ба доми фиреб ва найранги хоҷагони аҷнабии худ афтода, худро назди бегонагон қарздору ғулом кардаанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки ин ҳизби авомфиреби ТЭТ ҲНИ дар фаъолияти беш аз 20 солаи  ба амале даст зад, ки нияташ табадулоти давлатӣ, ба ин восита мардуми озоду осудаи моро ба ташвишу изтироб андохтаанд. Вале тири онҳо хок хурд, чунки Тоҷикистон - Тоҷикистони  солҳои навадум нест, ин давлат артиши миллӣ, амният ва дигар сохторҳои қудратии худро дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сарварӣ ва роҳнамоии асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона ҷомеаи шоиста ташкил намуда, сазовори эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст. Ин аст ки созмони бонуфузтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ – СММ ташаббус ва иқдомҳои глобалии Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд.

Азамҷон Усмонов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд