Боре Пешвои муаззами миллат дар ироаи Паёми хеш афзуда буданд, ки: «Қариб даҳ соли истиқлолият тамоми нерӯ ва талошҳои Ҳукумати кишвар барои барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ ва рукнҳои давлатдорӣ, пеш аз ҳама, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, ба Ватан баргардонидани беш аз як миллион нафар фирориён, барқарорсозии баъдиҷангӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ равона гардид.»

Бале ҳама мо аз таърихи гузаштаи худ огаҳем ва хуб медонем. Ки  мардуми шарифи Тоҷикистон рӯ ба рӯ бо оқибатҳои даҳшатнок ва зарбаҳои ҷонкоҳи ҷанги шаҳрванди гашат, чанд соли рушди худро талаф дода буд. Аммо хушбахтона ба хотири мардуми меҳнатқарину ватандӯсти кишварвамон мо бар зидди душманонамон мубориза бурда, барои ояндаи миллатамон талош намудем.

Бояд гуфт, ки ҳамаи ин ҳодиса ва ҷнгҳои таҳмили аз ҷониби доираҳои муайян ва бадхоҳони миллати тоҷик бо мақсади ба сари мардуми мо санг рехтан ваба ин васила ҷори соҳтани мазҳабу фарҳанги бегона ва омезиши он бол дину мазҳаби давлатҳои арабу гарб чунин нобасомониҳоро ташкил карда буданд. Мутаасифона дар талотуми ин ҷанг давлати мо талафоти ҷонии зиёде дид. Ҳайфо, ки ҷавонону калонсолон қурбонии бозии он тамаъхӯрон гаштанд. Охир ин беандешогону бехудоён боре фикр накарданд, ки ҳамаи онҳо фарзанд буданд, падар буданду модару ёру бародар буданд.

Аз тарафи дигар Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кишвари моро аз роҳи рушду такомули миллив уфарҳанги қариб даҳсолаҳо ақиб гузошт ва мардумони тоҷикро маҷбур бьа он сохт, ки ин вайрониҳородубора барои ба сомон даровардан оғоз намоянд.аслан беҳуда дар урфият намегуянд, ки кӯранмакон намакро ҳурда ба намакдон пуф кардаанд. Айнан наҳзатиҳо ва дигар ташкилоту гурӯҳҳои ифротгар сабаби ҳамаи ин муташанниҷиву бесариҳо гаштанд, ки марудмони бечораи миллати тоҷик то ҳатто ба марзи афғон гузашта, барояшон паноҳгоҳ ҷуста буданд.

Маҳз ба тафайли ҷоннисориҳо ва ҷонбозиҳои Пешвои миллат, ҳамаи оқибатҳои ин ҷанги хонумонсӯз бартараф ва ҳамаи фирориёну парешонгаштагон дубора ба Ватан баргардонида шуданд. Ҳамаи онҳо ҳатто дар давлати ҳамсоя низ дар чуинн нобасомониҳо дучор шуда, озобу машаққатҳои зиёде кашидааанд. Боре тариқи оинаи нилгун шоҳиди маърузаи пирамарде шудам, к ибо оби дида иброз мекард: «Вақте тавассути расонаҳо эълони соҳибистиқлолии ватанамон, Ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳро расонаи намуданд, шодиҳои пиру барноро ҳадду канор надошт.» бале дар ҳақӣқат ба даст овардани Истиқлолият ин орзуи пиру ҷавони миллати тоҷик буд. Ҳоло бошад ҳамаи он шаҳрвандон дар Ватани худ таҳти фазои осмони беғубору софи кишварвашон бидуни хавотири сарҷамъ бо аҳли оила умр ба сар мебаранд.

Хушдил Бобоҷонов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд