Дини мубини ислом аз ҳамон вақте ки миёни омма роиҷ шуд, то кунун душманони зиёде дошту дорад ва бадбахтиаш он аст, ки душманон дар либоси исломӣ бар зиди дини мубини ислом мубориза мебаран.Азбаски ин дин ваҳдат, адолат, садоқат, назофат ва саломатии руҳу танро талқин менамуд, муътақидони зиёдро пайдо кард. Аммо хусумат дар вуҷуди як гурӯҳ мардуми ҷоҳил ва золим ниҳон буду неш задан мехостанд. Диданд, ки муқобилат бефоида аст, дар ниқоби дин таблиғи ниятҳои нопок ва ғаразноки хешро оғоз карданд. Имрӯзҳо ин мазҳабҳои номатлуб чун «Ҳизб-ут-таҳрир», «Салафия», «Бародарон» ва ғайра байни мардум маълуманду  сад афсӯс, ки аксари ҷавонон ба он гаравида мешаванд. Хусусан, ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистии ташкилоти Ҳизби наҳзати ислом боиси маҳкум аст. Зеро эшон дар ниқоби дин ҳадафҳои хусуматомезу таҳрифгаронаашонро мехостанд амалӣ созанд. Ҷавононе ки асли дин ва таърихи онро намедонистанд, бо якчанд суҳбат пайрави онҳо мешуданд. Охир, «Ад-дину назифатун» гуфта мешавад, ки маънояш дин покизагист. Шахси муъмин набояд ҷангу ҷидолу хусумат варзад, ё хуни бародари худро резад, оромӣ ва осудагиро халалдор намояд, ки ин ҳама ҳаром аст. Дар ҳама кутуби муқаддас ва ниёкон ҳурмати ҳокими давр таъкид мегардад. Сарвари кишвар сояи Худоро дар замин монад ва итоату ҳимояти сиёсати ӯ шарти аввалин аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамон лаҳзаи ба арсаи сиёсат қадам заданашон бо як ҷонфидоии ҷавонмардона баҳри оромӣ ва ваҳдат кӯшиданд. Бо сарварии эшон ба чандин дастоварди бузург ноил шудем, Тоҷикистон қомат рост кард, шукуфон гашт, қалбҳои мардум шоду умед ба ояндаи нек пайдо гардид. Акнун намехоҳем, ки ин оромии бо хуни дил бунёдкарда халалдор шавад. Мазҳабгарӣ ва тафриқаандозӣ аз азал падидаи зараровар маҳсуб ёфта, ҳанӯз паёмбари ислом умматони хешро ҳушдор мекарданд, ки дар ҷамъият ақидаҳои нодуруст ва бе асноди худро паҳн накунанд ва пароканда насозанд. Дар яке аз аҳодиси Муҳаммад (а) омадааст: «Мехоҳед ки шуморо аз амали беҳтар аз рӯза ва беҳтар аз эҳсон ва намоз огоҳ намоям? Эҷоди сулҳ байни ду  тан». Агар ки чунин аст, чаро байни ҷомеа тафриқаву  ҷудоӣ меандозанд, магар Қуръон ва аҳодиси паёмбар дастури эшон нест? Пас, ин тоифа мардум душмани ислом ҳастанд ва набояд муъмин хонда шаванд.

Худ қазоват кунед, ки аз замони истиқлолият то имрӯз бо ибтикори Сарвари кишвар чи қадар ободкориҳо  дар самти иқтисоду сиёсату фарҳанг ба субут расиданд. Соли 2009 -  Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон гардидан ва чоп гардидани тарҷумаи Қуръони карим ва якчанд китобҳои судманд аз ҳадяҳои бузурги Президенти кишвар ба аҳли кишвар ва тамоми мусулмонон мебошад. Бояд ҳамаи мо баҳри амалӣ гаштани ҳадафҳои неки стратегии кишвар қувваи худро равона кунем, нагузорем, ки ваҳдату ягонагии мамлакат вайрон гардад.

Рисолати муҳими мо - зиёиён, пеш аз ҳама  на балки тарбияи мутахассисони кордон, инчунин дар сиришти толибилмон ҷо намудани ғояҳои инсондӯстӣ, меҳнатқаринӣ, меҳанпарварӣ мебошад. Танҳо сипари дониш ва маърифати баланду ҳуввияти миллӣ метавонад аз ҳар гуна  ҳуҷумҳои ғаразнок ҷавононро нигаҳ дорад. Пас, биёед,  кӯшем то  баҳор оварем ва сармои аҳзоби ғараздорро ба дуриҳо андозем ва даст ба кори неку солимии ҷомеа пайкор биварзем.

Абдуқаҳҳор Бӯриев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд