Миллати афғон яке аз миллатҳои ҷабрдидаи солҳои тӯлонӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо низ дар сарзамини Афғонистон нооромӣ бо айби гурӯҳи Толибон идома дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз мулоқоташон бо сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Имронхон масъалаи ин мулки ҷангзадаро баррасӣ карда, баён доштанд, ки халқи афғон ҳуқуқи зиндагии шоистаро доранд ва бояд ба сари ҳокимият дигар миллату халқиятҳо низ оянд.

Бояд тазаккур дод, ки Тоҷикистон ҳама гуна намуди беқонунӣ, зуҳуроти куштор, ғоратгарӣ ва таъқибу зулмро алайҳи мардуми Афғонистон махсусан тоҷикон, ӯзбекон ва дигар аққалиятҳои миллӣ қатъиян маҳкум карда бетараф нест. Афғонистони ҷабрдида ва ин миллати ба мо дӯсту бародар набояд дигарбора ба гирдоби ҷангҳои хунини таҳмилӣ кашида шавад. Бояд қайд намуд, ки мубориза ба терроризму ифротгароӣ ва хар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мухталиф масъалаҳои доғи ҷомеа маҳсуб ёфта, алайҳи ин вабои аср дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо низ тадбирҳо андешида мешавад. Яке аз сабабҳои асосии ҷангу ҷидол, ки вазъияти имрӯзаи Афғонистонро дар бар гирифтааст, ҳар гуна ҳизбу гурӯҳҳо ба шумор мераванд. Ва бояд таъкид намуд, ки ҷавонони имрӯзи кишвар бедору зирак шаванд ва ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил нашаванд.

 

Амиртемур Ваҳҳобов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд