Халқе, ки барои гиромидошти арзишҳои маънавӣ ва ахлоқии хеш талош мекунад, ҳамеша муваффақу комгор ва озоду обод хоҳад буд, зеро нерӯе дар гетӣ тавонотар аз нерӯи тавонои озодӣ нест. Ва саодате баландтар дар ҷаҳон аз саодати халқи озод нест. Мусаллам аст, ки вазъи имрӯзаи глобалӣ ва дар қатори он кишвари мо низ бо ташаббуси якчанд “исломдонон” муташанниҷ гардида истодааст. Раванди исломикунонии бархе аз давлатҳое, ки фирефтаи доми терористон гардида, баъзеи онҳо иҷборан барои исломи гаштани давлат иддао доранд, моро, мардуми Тоҷикистониёнро водор сохт, то аз фарҳангу анъанаҳои неки ниёгон ҳамаҷониба бохабар бошему дар ҳифзу ҳимояи он кӯшем ва нагузорем, ки заҳмати чандинсолаи гузаштагони мо барбод наравад, зеро барои имрӯзиён ҳазорҳо аҷдодони мо ҷоннисорӣ намуда, барои насли оянда миллати тоҷдореро ба ном Тоҷикистон эҳё намудаанд. Дар ҷавоби ҳамин ҷоннисориҳои гузаштагонамон талош намоем то майдонро онҳое, ки мухолифи давлату миллати мо ҳастанд пур куннад.

Инак боз як бозии  рӯбаҳонаи роҳбари Паймони милли Тоҷикистон дар асл ТЭТ ҲНИ Кабиӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид. Баробари ошнои пайдо кардан аз сӯҳбати рӯбарӯи Кабирӣ бо мардуми кишвар, ба ин васваса ва ҳангомасозиҳои ӯ қоил гаштам. То ба дараҷае ботини ин шахс фасод гаштааст, ки мӯҳтавои суханони “аз самими қалб ба мардумони азиз” – аш гуфтааш пучу бемаъно ва дурӯғ асту дигар осоре нест. Ба ҷуз иғвою дасиса андохтан миёни давлату ҳукумат ва мардуми кишвар.

Кабирӣ бо “меҳрубонӣ”- ҳо мардумони азизам гӯён сухан кардааст. Офарин ба ин “лутфу каромат”- е, ки нисбати мардуми кишвар нисор кардааст!

Агар ин қадар мардуму ватанаш азиз ва бародаронаш баробари ҷонаш бошанд, сари мардум зулмро пеша кард ва чаро тарки диёр намуда, ин “бароддаронаш” ро танҳо гузошт. Ҳол он , ки таҳриккунанда ва устоди ин нобакорону хиёнаткорон, ки айни замон зиндони гаштаанд худи ӯ буд. Кабирӣ фирефтаи пули моли хориҷиён шудааст. Дуруст, камтар пуле, ки арзиши ҳеҷ кореро надорад. Ба хотири ҳамин манфиати худ, имрӯз ҳазоронро дарбадару бенаво ва саргардон сохт. Ва ба дуои бади модарони ҷигарбандгумкарда ва кудакони маъсум гирифтор гашт. қайд кардан ҷоиз аст, ки ӯ ба хотири манфиати хоҷагонаш то кунун фаъолият мекунад, на ба хотири онҳое, ки дар зиндонанд.

Бояд тазаккур дод, ки таслим шудани Зайд аз нигоҳи ту барин хиёнаткор иштибоҳ аст. Зайд имрӯз ба хотири он, ки мутаккои ту гашта буд, азоби виҷдон кашида, ҷавоби гуноҳҳои туро медиҳад. Ва кулли мардум ва ҳатто аъзоёне, ки имрӯз озоданду туро ситоиш мекунанд бояд донанд, ки агар ба ҳоли Зайд гирифтор шаванд, онҳо низ ба як гӯшаи фаромӯшӣ мераванд. “Барои бародаронам аз хориҷ истода ягон кор кунам беҳтар, ба ҷои он, ки зиндони гашта, иштибоҳи Зайдро таркор кунам” гуфтани Кабирӣ чун ҳарвақта ба ҷуз як баҳона ва худсафедкунӣ дигар мақсаде нест.

Абдуллоев Б.Б., асистенти кафедраи Автомобилҳо ва доракунии нақлиёт