Ба ифтихори 140- солагии зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ  дар маҷлисгоҳи хурди донишкада маҳфили навбатии адабӣ таҳти унвони «Ахтари тобноки адаб» доир гардид. Дар маҳфил устодон ва шогирдони донишкада ширкат доштанд.

Мудири кафедраи умумитаълимии донишкада, номзади илмҳои филологӣ Таиба Бобоева чорабиниро оғоз намуда, зикр дошт, ки   таърихи қарни ХХ-и тоҷикро бидуни зикри номи устод Садридин  Айнӣ ва асарҳои ӯ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ӯ дар тӯли умри босамару ибратбахши худ тавонист миллати бошарафу наҷиби хешро ба оламиён ба таври барҷаста муаррифӣ намояд. Мавсуф на фақат бо далелҳои раднопазир мавҷудияти  миллати муаззамеро бо номи тоҷик дар минтақи Осиёи Марказӣ собит намуд, балки нишон дод, ки халқи тоҷик ва адабиёти он аз даврони бостон ибтидо гирифта, дар тӯли асрҳо шебу фарози зиёдеро аз сар гузаронидааст.

Хайринисо Темирова, номзади илмҳои педагогӣ  аз зиндагинома, кор ва эҷоди Садриддин Айнӣ нақлҳои ҷолиб намуда, зикр дошт, ки руҳи шикастнопазир, масъулияти баланд, азхудгузаштанҳо, меҳнатдӯстии Садриддин Айнӣ бояд ба ҷавонон дарси ибрат шавад. Зеро овони кӯдакӣ ва ҷавонии ин нависандаи забардасти тоҷик ба давраҳои ниҳоят мушкили давлатсозии тоҷикон рост омадааст. Бо вуҷуди рӯзгори сахт ва вазъи ноороми ҷомеа  ӯ ҳамчун тӯдакаш барои миллати тоҷик хизмати бузурге кардааст.

Устоди донишкада Шафоат Файзиева бо мисолҳои возеҳ Айниро ҳамчун адабиётшинос, муаррих, шоир, публитсист, рӯзноманигор, ходими давлатӣ ба ҳозирин муаррифӣ намуд. Зикр шуд, ки таълифи китобҳои «Намунаи адабиёти тоҷик», «Исёни Муқаннаъ», «Темурмалик» ва даҳҳои дигар собит намуд, ки мо барандагони тамаддун ҳастем.

Чанде аз шогирдон зимни маърӯза аз сатҳи баланд доир шудани маҳфил ибрози ақида намуда, ваъда доданд, ки осори гаронмояи устод Айниро минбаъд низ мутоила мекунанд.