Шинохти ҳар як миллат аз рӯйи урфу анъанот ва фарҳангаш вобаста аст. Либос ва либоспӯшӣ яке аз унсурҳои шинохти фарҳангу маданияти миллист. Дар ин самт барои муаррифии миллат бонувон нақши виҷа доранд ва ин виҷагӣ миёни занони кишварҳои шарқ бештар густурда аст. Дар кишвари мо либоси миллии занону духтарон куртаи атлас маҳсуб меёбад, аммо боз занону духтарони маҳалҳои мухталифи Тоҷикистон либосҳои хоси худро доранд, ки аз урфу одат ва анъанаҳои виҷаи минтақа маншаъ гирифтаанд ва хеле зебою шинам ва дилпазир ҳам ҳастанд.

Аммо аз рӯи нуқтаи назари коршинос Абдуманон Шералиев ва ҳуқуқшинос Файзинисо Воҳидова ин мавзӯъ тамоман дар дигар ҷанба матраҳ гардидааст. Ба гуфтаи коршинос Абдуманнон Шералиев қабули қонун бобати вуруду зинону духтарон дар корхонаҳои давлатӣ бо ҳиҷобу рӯисарӣ зиддиконститутсионӣ ва зиддидинӣ мебошад. Бинобар хоҳишу талаби “ҳуқуқшинос” – и ҳуқуқдон Файзинисо Воҳидова бошад, мардум бояд рӯ ба либоси давлати Эрон оранд. Вагарна пас чаро ин ҳуқуқшинос арзишҳои олии кишварро ба назар ногирифта, майл ба давлатдории кунунии давлати Эрон кардааст. Мусаллам аст, ки бинобар набдуани волоияти қонун ва пойморлкунии ҳуқуқи занону духтарон дар Эрон қариб 50 дар сади занон аз вазъият шикоят дорад ва аз он норозиги баён мекунанд.

Ин коршиносу ҳуқуқшинос, маълум аст, ки пойбанди андешаҳои ифротии наҳзатиҳо гардидаанд. Охир ин наҳзатиҳоро ҳам ҳамон хоҷагони Эронтабор идора карда истодааст – ку? Пас Файзинисо Воҳидова низ пайравии худро ба он хотир баён доштааст, ки ҷонибдори ҳамин наҳзатиҳое, ки барои аз баён бурдани арзишҳои милли кишвари мо саҳм гирифтаанд.

Мо ҳама хуб медонем, ки ин наҳзатиҳо ҳанӯз аз замони Истиқлолияти давлатиамон оромии кишварро бо ҳар роҳу восита халалдор месозанд. Бо Баста шудани фаъолияти ин азҳоб мардум нафаси озод гирифтааст. Зеро дар охир маълум гардид, ки ТЭТ ҲНИТ созмони террористӣ ва экстремистӣ буда, миёни мардум беобрӯ гардид. Шармандагии солҳои навадуми асри бист басанда набуд, ки ТЭТ ҲНИТ ба «иқдом»-и навбатӣ - омода кардани кудатои сиёсӣ-низомӣ, зарба ба арзишҳои миллии кишвар, ноором сохтани вазъият ва таблищи фарҳанги бегонаю гурӯҳҳои иртиҷои даст зада, дар фазои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва мадании ҷумҳурӣ батамом шарманда ва ради маърака шуд. Амалҳои террористии содирнамудаи сарони ин ҳизб ошкор намуд, ки ҳадафи асосии онҳо бо ҳар роҳе набошад, бо ивази хуни фарзандони ин миллат ба даст даровардани ҳокимияти сиёсӣ дар кишвар мебошад.

Бо тараққиёти илму техника ва пешрафти фарҳангу тамаддун дар ҷомеаи мо падидаҳои нав ба майдон меоянд, ки бархе аз онҳо бо арзи вуҷудашон дар баробари манфиатҳои маънавӣ, инчунин роҳҳои ифроту тафритро тай менамоянд. Масъалаи либоси занон, ки ҷузъе аз фарҳанги миллати тоҷикро дар бар мегирад, солҳои охир ба зуҳуроти нав рӯ ба рӯ шудааст. Агар гӯем, ки ин хоҳарон роҳи исломро пеш гирифтаанд, пас чаро маҳз либоси сиёҳи мотамиро интихоб намудаанд? Ё ин ки он ҳиҷобпӯшони мӯдпараст, ки бо зебу зинат додани чашму абру ва лабу гунаҳояшон театрҳои ҷопониро ба ёд меоранд, магар аз он бехабаранд, ки ислом ороиш карданро барои ғайр манъ намудааст? Агар ҳам кунанд, танҳо барои шавҳарҳояшон ҳақ доранд. Либосе, ки дар он андоми зан намоён аст, комилан мамнӯъ мебошад. Тибқи қонунҳои ислом, ҳангоми аз хона берун шудан, зан бояд либосеро ба бар намояд, ки бинанда аҷуз ё ҷавон будани ӯро фарқ накунад. Мутаассифона, либоспӯшии хоҳарони исломии мо танҳо зоҳирпарастист. Аз либоси онҳо андозаи миён ва ҳатто ронҳои онҳоро муайян намудан мумкин аст.

Ба тарғибгарони ин навъи либоспӯшӣ гуфтанием, ки барои дар роҳи ҳақ будан аввал қалбҳоро бояд пок карду пок нигаҳ дошт. Нозукиҳову муқаддасотро бояд омӯхт, на ин ки ҳиҷобро реклама кард.

Бояд мо либоси миллии худамонро минбаъд талқин кунем, то оламиён донанд, ки мо тоҷикем.

Зариф Довудов, устоди ДПДТТ, номзади илмҳои физика ва математика