Чи хеле ки, ба ҳамагон маълум аст, имрӯз шабакаи ҷаҳонии «Интернет» ба яке аз манбаъҳои асосии иттилоотӣ табдил ёфтааст. Аммо на ҳама маълумот фоидаовар буд метавонад. «Шабакаҳои иҷтимоӣ», ки доираи васеи аудитория доранд, дар миёни пайравони ифротгароӣ ҳамчун минбари таблиғи афкори худ маҳбубият пайдо кардаанд.

Экстремизм дар шабакаҳои интернетӣ пеш аз ҳама таблиғот аст. Дар он маҷмӯи ҳадафҳо ва арзишҳое, ки ифротгарон эътироф мекунанд, тарғиб, «пешравӣ» ва «ногузирии» онҳо исбот ва мухолифону норозиён маҳкум карда мешаванд. Агар ташкилот як зерфарҳанги муайянро эътироф кунад, пас дар он дар бораи тарзи рафтор, либос, намуди зоҳирӣ ва ғайра маслиҳат дода шуданаш мумкин аст.  «Маслихат» ва «машваратҳо» ҳам дар бораи ҳаёти ҳарруза — чӣ бояд кард ва чиро набояд кард, чӣ тавр “дуруст”- ро дуруст иҷро кардан лозим аст, дода мешаванд. Баъди он ба «ҳамроҳ шудан» ва иштирок намудан дар «мубориза» - дар ин ё он шакл даъват менамоянд. Вақтҳои охир дар шабакаҳои интернетӣ бештар «барномаҳои тарбиявӣ» оид ба муносибатҳо бо органҳои ҳифзи ҳуқуқ, ки характери «таълимоти ҳуқуқӣ» дорад, пайдо мешаванд. Ин кор, чун қоида, тавассути сайтҳои интернетии ҳаракату созмонҳои дахлдор ва ҳамчунин дар ҳамоишҳои ҷамъиятию сиёсӣ, дар блогосфера, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дар кадоме гурӯҳҳои гуногуни ифротгароӣ бештар ташкил карда мешаванд, сурат мегирад.

Таблиғоти интернетии ифротгарӣ чӣ хатар дорад? Пеш аз ҳама, аз будаш беҳтар тавсиф кардани он чизе, ки онҳо "эътирози фаъол" мешуморанд - чунин " хаёлпарастӣ" энергияро ба самти харобиовар равона мекунад. Ин махсусан ба ҷавононе дахл дорад, ки аксар вақт пур аз эътирози дохилӣ мебошанд - хусусан агар на ҳама чиз дар давлат хуб бошад.

Дар зери таъсири чунин таблиғот шахсиятҳои ташаккулёфтаистода ба инкор кардани арзишҳои аз ҷониби умум пазируфташуда саркарда, рафтори зиддиҷамъиятӣ  мекунанд ва ба ҷои таҳсил ва такмили ихтисос чунон гумроҳ мешаванд, ки аз авбошии муқаррарӣ фарқ кардан душвор аст.

 «Маводи экстремистӣ» чӣ гуна шуда метавонад? Албатта, танҳо суди олӣ метавонад ин ё он матнро ифротгароӣ эътироф кунад, аммо бояд ҳама аломатҳои ифротгароиро дониста, онро  ёфта тавонистанаш лозим аст.

Инак, «маводи экстремистӣ» метавонад чунин маълумотро дар бар гирад:

  • барангехтани кинаю адовати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ ё динӣ (даъват ба куштор, лату кӯб ё бадарға кардани ашхоси миллат ё дини дигар);
  • таблиғи истисноӣ, бартарӣ ё паст будани шахс аз руи мансубияти иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забонӣ;
  • даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти террористӣ ё сафедкунии оммавии терроризм, аз ҷумла бо истифода аз воситаҳои ахбори омма (дар ин ҷо изҳороти шахс (сарчашма) дар бораи дуруст эътироф шудани идеология ва амалияи терроризм, зарурати дастгирӣ ва тақлид, фаҳмида мешавад);
  • таблиғ ва намоиши оммавии хусусият ва ё рамзҳои ташкилотҳои экстремистӣ;
  • даъвати бо зӯрӣ тағйир додани низоми давлатӣ (яъне даъват ба инқилоб, шӯриш, итоат накардан ба ҳокимияти қонунӣ интихобшуда).

Агар дар матне, ки хонда мешавад, ҳадди аққал яке аз аломатҳои номбаршуда мавҷуд бошад, хонанда ба ин матн бояд эҳтиёткорона муносибат кунад.

Ҳамин тавр, барои муқовимат ба паҳншавии ақидаҳои ифротгароӣ танҳо талошҳои мақомоти давлатӣ кофӣ нест ва ҳатто барои бахши русизабони он ҳам тамоми Интернетро пайгирӣ кардан ғайриимкон аст.Бинобар ин ҳар як фарди солимфикр фаҳмиданаш зарур аст, ки рафтори беақлона ва пайравӣ кардан ба «махлуқи одамизод», ки мақсади асосии он зуроварию харобкорӣ аст, ба чӣ оварда мерасонад.

Қосимова М.Ҳ. омӯзгори калони кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент